Научная статья на тему 'МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ СОЛИМИ ҲАЁТИ МАКТАББАЧАГОН'

МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ СОЛИМИ ҲАЁТИ МАКТАББАЧАГОН Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
тарзи солими ҳаёт / ташаккул / рушд / мактаббачагон / омузгор / кудаки солим / муҳити солим / бозиҳои миллӣ / адабиети даҳонии халк / технологияи педагогӣ / здоровый образ жизни / формирование / развитие / школьники / педагог / здоровый ребенок / здоровая окружающая среда / национальные игры / устная литература народа / педагогическая технология

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Каримова Замира Абдуғафуровна

Масъалаҳои амалигардонии технологияи баланд бардоштани самаранокии ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон, таҳлили моҳият ва мундариҷаи он баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки дар марҳалаи муосир таваҷҷуҳи ҷомеа бояд ба ташаккулу ташвиқи воситаҳои тарзи солими ҳаёт равона гардад, ки бештар на ба омилҳои тиббӣ, балки фарҳангӣ, иљтимої ва экологї асос меёбанд. Наќши муњимро дар ин раванд бояд муассисањои таълимї бояд иҷро кунанд. Саломатӣ дар низоми тањсилот њамчун маќсад, мундариља ва натиљаи раванди педагогї баррасї карда шавад. Аз ин лињоз, дар маќола оиди технологияи самараноки ташаккули тарзи солими њаёт маълумот дода шуда, ќайд шудааст, ки натиҷањои озмоиши муқарраркунанда дар тарҳрезии барномаи мақсадноки озмоиши ташаккулдиҳанда ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ хизмат карданд, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагон равона гардидааст. Бинобар ин, мақсади асосии озмоиши ташаккулдиҳанда аз санҷидани методикаи коркардшуда ва натиҷабахшии он иборат буд.Хулоса карда шудааст, ки бо назардошти ин маќсад вазифањои зерини озмоиши ташаккулдињанда дар асоси барномаи «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» муайян карда шуданд: коркард ва ҷорӣ намудани низоми тадбирҳо, ошкор кардани шаклу методҳои самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон; муайян намудани сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон баъди озмоиши ташаккулдиҳанда якҷоя бо ошкор кардани динамикаи сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

СУЩНОСТЬ И СОДЕРЖАНИЕ ТЕХНОЛОГИИ ПОВЫШЕНИЯ ЭФФЕКТИВНОСТИ ФОРМИРОВАНИЯ ЗДОРОВОГО ОБРАЗА ЖИЗНИ ШКОЛЬНИКОВ

Рассматриваются вопросы внедрения технологии повышения эффективности формирования здорового образа жизни школьников, анализируется ее сущность и содержание. Отмечено, что на современном этапе внимание общества должно быть направлено на формирование и популяризацию средств здорового образа жизни, которые в большей степени базируются на культурных, социальных и экологических факторах, а не на медицинских. Важную роль в этом процессе должны сыграть образовательные учреждения. Здоровье в системе образования следует рассматривать как цель, содержание и результат педагогического процесса. С этой точки зрения в статье представлена информация об эффективной технологии формирования здорового образа жизни, а также отмечено, что результаты формирующего этапа послужили отправной точкой при разработке целевой программы формирующего этапа, которая направлена на обеспечение здорового образа жизни школьников. Поэтому основной целью формирующего этапа была проверка разработанной технологии и ее эффективности. Сделан вывод, что с этой целью на основе программы «Мы поддерживаем здоровый образ жизни» определены следующие задачи эксперимента: разработка и реализация системы мероприятий, выявление эффективных форм и методов формирования здорового образа жизни школьников; определение уровня сформированности здорового образа жизни школьников после тестирования вместе с выявлением динамики уровня сформированности здорового образа жизни школьников.

Текст научной работы на тему «МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ СОЛИМИ ҲАЁТИ МАКТАББАЧАГОН»

ТДУ 371.9

DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-95-101

МОҲИЯТ ВА МУНДАРИҶАИ ТЕХНОЛОГИЯИ Б А ЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ СОЛИМИ ҲАЁТИ МАКТАББАЧАГОН СУЩНОСТЬ И СОДЕРЖАНИЕ ТЕХНОЛОГИИ ПОВЫШЕНИЯ ЭФФЕКТИВНОСТИ ФОРМИРОВАНИЯ ЗДОРОВОГО ОБРАЗА ЖИЗНИ ШКОЛЬНИКОВ THE ESSENCE AND CONTENT OF TECHNOLOGY FOR INCREASING THE EFFECTIVENESS OF CREATING A HEALTHY LIFESTYLE FOR SCHOOLCHILDREN

Каримова Замира Абдугафуровна, унвощӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Каримова Замира Абдугафуровна, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики ГОУ «ХГУ имени Б.Гафурова” (Таджикистан, Худжанд)

Karimova Zamira Abdugafurovna, research worker of Department of Social and Professional Pedagogy, SEI “KSU named after acad. Bobojon Gafurov (Tajikistan, Khujand),

E-mail: zamira.karimova@mail.ru

Вожаҳои калидӣ: тарзи солими ҳаёт, ташаккул, рушд, мактаббачагон, омузгор, кудаки солим, муҳити солим, бозиҳои миллӣ, адабиети даҳонии халқ,технологияи педагогӣ

Масъалаҳои амалигардонии технологияи баланд бардоштани самаранокии ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон, таҳлили моҳият ва мундариҷаи он баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки дар марҳалаи муосир таваҷҷуҳи ҷомеа бояд ба ташаккулу ташвиқи воситаҳои тарзи солими ҳаёт равона гардад, ки бештар на ба омилҳои тиббӣ, балки фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ асос меёбанд. Нақши муҳимро дар ин раванд бояд муассисаҳои таълимӣ бояд иҷро кунанд. Саломатӣ дар низоми таҳсилот ҳамчун мақсад, мундариҷа ва натиҷаи раванди педагогӣ баррасӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз, дар мақола оиди технологияи самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёт маълумот дода шуда, қайд шудааст, ки натиҷаҳои озмоиши муқарраркунанда дар тарҳрезии барномаи мақсадноки озмоиши ташаккулдщанда ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ хизмат карданд, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагон равона гардидааст. Бинобар ин, мацсади асосии озмоиши ташаккулдиҳанда аз санҷидани методикаи коркардшуда ва натиҷабахшии он иборат буд.Хулоса карда шудааст, ки бо назардошти ин мацсад вазифаҳои зерини озмоиши ташаккулдщанда дар асоси барномаи «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» муайян карда шуданд: коркард ва ҷорӣ намудани низоми тадбирҳо, ошкор кардани шаклу методҳои самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон; муайян намудани сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон баъди озмоиши ташаккулдщанда якҷоя бо ошкор кардани динамикаи сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон.

Ключевые слова: здоровый образ жизни, формирование, развитие, школьники, педагог, здоровый ребенок, здоровая окружающая среда, национальные игры, устная литература народа, педагогическая технология

Рассматриваются вопросы внедрения технологии повышения эффективности формирования здорового образа жизни школьников, анализируется ее сущность и содержание. Отмечено, что на современном этапе внимание общества должно быть направлено на формирование и популяризацию средств здорового образа жизни, которые в большей степени базируются на культурных, социальных и экологических факторах, а не на медицинских. Важную роль в этом процессе должны сыграть образовательные учреждения. Здоровье в системе образования следует рассматривать как цель, содержание и результат педагогического процесса. С этой точки зрения в статье представлена информация об эффективной технологии формирования здорового образа жизни, а также отмечено, что результаты формирующего этапа послужили отправной точкой при разработке целевой программы формирующего этапа, которая направлена на обеспечение здорового образа жизни школьников. Поэтому основной целью формирующего этапа была проверка разработанной технологии и ее эффективности. Сделан вывод, что с этой целью на основе программы «Мы поддерживаем здоровый образ жизни» определены следующие задачи эксперимента: разработка и реализация системы мероприятий, выявление эффективных форм и методов формирования здорового образа жизни школьников; определение уровня сформированности здорового образа жизни школьников после тестирования вместе с выявлением динамики уровня сформированности здорового образа жизни школьников.

Key words: healthy lifestyle, formation, development, schoolchildren, teacher, healthy child, healthy environment, national games, oral literature of the people, pedagogical technology

The article examines the issues of introducing technology to increase the efficiency of creating a healthy lifestyle for schoolchildren, analyzing its essence and content. It is noted that at the present stage, society’s attention should be directed to the formation and popularization of healthy lifestyles, which are largely based on cultural, social and environmental factors, rather than medical ones. Educational institutions have an important role to play in this process. Health in the education system should be considered as the goal, content and result of the pedagogical process. From this point of view, the article provides information about an effective technology for creating a healthy lifestyle, and also notes that the results of the formative stage served as the starting point for the development of a target program for the formative stage, which is aimed at creating a healthy lifestyle for schoolchildren. Therefore, the main goal of the formative stage was to test the developed technology and its effectiveness. It is concluded that for this purpose, based on the “We support a healthy lifestyle” program, the following tasks of the formative experiment have been identified: development and implementation of a system of activities, identification of effective forms and methods of creating a healthy lifestyle for schoolchildren; determining the level of formation of a healthy lifestyle of schoolchildren after formative testing, together with identifying the dynamics of the level offormation of a healthy lifestyle of schoolchildren.

Дар олами муосир саломатии шахсият яке аз арзишҳои беназири ҷамъият маҳсуб меёбад. Саломатй сармояест, ки бидуни он инсон дар ҳаёти касбӣ ва иҷтимоӣ мукаммал иштирок карда наметавонад. Ба ақидаи олимон, саломатии мо 50% ба тарзи ҳаёт, 20% ба ирсият, 20% ба муҳит ва танҳо 10% ба омилҳои тиббӣ вобаста аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (2013) қайд гардидааст, ки яке аз вазифаҳои афзалиятноки низоми таҳсилот рушди имконияти эҷодӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шахсият, ташаккули асосҳои устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим, ганӣ гардонидани зеҳн тавассути фароҳам овардани шароит барои рушди шахсият мебошад [1]. Зимнан таъкид шудааст, ки дар муассисаҳои маориф бояд иҷрои тадбирҳои зарурӣ оид ба пешгирии бемориҳо, мустаҳкам кардани саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, таҳрики тарзи солими ҳаёти муҳассилин, тарбиятгирандагон бояд таъмин карда шавад.

Бинобар ин, ивазкунии парадигмаи солимгардонӣ, худи дидгоҳ ба ҳалли муаммоҳои бо саломатӣ алоқаманд заруранд. Таваҷҷуҳи ҷомеа бояд ба ташаккулу ташвиқи воситаҳои тарзи солими ҳаёт равона гардад, ки бештар на ба омилҳои тиббӣ, балки фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ асос меёбанд. Нақши муҳимро дар ин раванд бояд муассисаҳои таълимӣ, бояд иҷро кунанд. Саломатӣ дар низоми таҳсилот ҳамчун мақсад, мундариҷа ва натиҷаи раванди педагогӣ баррасӣ карда шавад. Бинобар ин, дар коркарди стратегия ва тактикаи рушди муассисаи таълимӣ саломатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти педагогӣ ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз аз тарафи мо доир ба баланд бардоштани самаранокии ташаккули тарзи солими ҳаёти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ оид ба муайян кардани моҳият ва мундариҷаи технологияи баланд бардоштани самаранокии ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон гузаронида шуданд.

Натиҷаҳои озмоиши муқарраркунанда дар тарҳрезии барномаи мақсадноки озмоиши ташаккулдиҳанда ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ хизмат карданд, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагон равона гардидааст.Бинобар ин, мақсади асосии озмоиши ташаккулдиҳанда аз санҷидани методикаи коркардшуда ва натиҷабахшии он иборат буд. Бо назардошти ин мақсад вазифаҳои озмоиши ташаккулдиҳанда муайян карда шуданд: коркард ва ҷорӣ намудани низоми тадбирҳо, ошкор кардани шаклу методҳои самараноки ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон; муайян намудани сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон баъди озмоиши ташаккулдиҳанда якҷоя бо ошкор кардани динамикаи сатҳи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон. Марҳалаи ташаккулдиҳандаи кори озмоишӣ аз санҷиши барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ оид ба курси «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» иборат буд.

Аз тарафи мо барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ оид ба курси «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт», коркард карда шуд, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон дар раванди фаъолияти беруназсинфӣ ҳамчун соҳаи махсуси ҳаёти эҷодии ҳар як мактаббача равона гардидааст. Дар ин маврид мафҳуми «фаъолияти беруназсинфӣ» низоми машгулиятҳо ва муоширати хонандагонро дар мактаб баъди дарсҳо фаро мегирад. Фаъолияти беруназсинфиро мо ҳамчун қисми таркибии раванди томи таълиму тарбия дар мактаб ва яке аз шаклҳои муҳими ташкили фаъолияте баррасӣ менамоем, ки ба ташаккули тарзи солими ҳаёт дар вақти фориг аз дарс нигаронида шудааст. Г уногунии ҳаддалимкони фаъолияте, ки ба тарзи солими ҳаёт нигаронида шудааст, гайрирасмӣ будани иштирок дар он, самтгирӣ ба шавқу рагбат ва қобилияти хонандагон принсипҳои муҳимтарини ташкили он мебошанд. Маҳз фаъолияти беруназсинфӣ зимни ташкили дурусти он дар ҳар як мактаббача тасаввуроти навро

дар бораи худаш, имконияти татбиқ ва собит кардани худ, аз сар гузаронидани эҳсоси комёбй, ҳис кардани фоидаоварии худ, боварӣ ба нерӯҳои худро фароҳам меорад, ки дар ниҳояти кор, сабабгори ташаккули роҳи инфиродии тарзи солими ҳаёт дар мактаббача гардида, худтарбиякунии тарзи солими ҳаётро фаъол мегардонад, барои ҷалб кардани мактаббачагон ба фаъолияте мусоидат менамояд, ки ба омӯзишу таҳқиқи муаммоҳои бо тарзи солими ҳаёт алоқаманд равона шудааст.

Барномаи машгулиятҳои беруназсинфии «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» низоми томи ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагонро дар раванди фаъолияти беруназсинфӣ бо назардошти сатҳи муайяни инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти асосии онҳо амалӣ менамояд, ки хоси ҳар як синнусоли мактабӣ мебошад. Барномаи коркардшуда ташаккули унсурҳои бо ҳам алоқаманди тарзи солими ҳаётро таъмин менамояд: саводнокӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, идроки тарзи солими ҳаёт ва рафторе, ки ба он мувофиқ аст. Ба гайр аз ин, барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ коркард шуда, ба ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон бо воситаҳои педагогикаи халқии тоҷик: эҷодиёти шифоҳии халқ, бозиҳои мардумии тоҷик, анъанаҳо, расму оинҳо нигаронида шудааст.

Мақсадҳои барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ оид ба курси «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» инҳоянд: фароҳам овардани ангезаи тарзи солими ҳаёт; ташаккули воситаи инфиродии худтакмилдиҳии ҷисмонӣ, худтанзимкунии равонӣ ва рафтори ҷинсӣ; таълими методҳои худшиносӣ, худназорат ва барномарезии фаъолияти худ оид ба мустаҳкам кардани саломатӣ; парваридани шавқу рагбат ба анъанаву оинҳои халқ, эҷодиёти шифоҳии халқ, ки хусусиятҳои тарбияи тарзи солими ҳаётро дар насли наврас дар оила ошкор мекунанд; ҷалб кардан ба фаъолияти таҳқиқотӣ дар соҳаи ташаккули тарзи солими ҳаёт ва тарбияи инсони солим.

Бо назардошти мақсадҳои барнома вазифаҳои машгулиятҳои беруназсинфӣ оид ба курси «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» муайян карда шуданд: ташаккули асосҳои рафтори гигиенӣ; таъмини худинкишофдиҳии ҷисмонӣ ва равонӣ; тарбия кардани муносибати манфӣ нисбати одатҳои зараровар (тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, маводи мухаддир); дар мактаббачагон парваридани эҳсосоти масъулияти шахсӣ барои рушди дурусти организм дар заминаи гизои солим; ба мактаббачагон омӯзонидани коркард ва риояи реҷаи инфиродии рӯз бо ошкор кардани аҳамияти он барои саломатии инсон; шинос кардани наврасон бо қонунияти физиологӣ ва психологӣ, хусусиятҳои балогати ҷинсии писарон ва духтарон; ба наврасону хонандагони синфҳои боло фаҳмонидани асосҳои биологӣ, психологӣ ва иҷтимоии ҳисси меҳру муҳаббати инсонӣ.

Мундариҷаи барнома аз 7 қисм иборат аст:

1. Худ ва дигаронро бишинос.

2. Реҷаи рӯз.

3. Ғизои солим.

4. Г игиенаи бадан.

5. Пешгирии тамокукашӣ, майпарастӣ, токсикомания ва нашъамандӣ.

6. Рушди ҷисмонӣ ва обутоби организм.

7. Фарҳангу солимии ҷинсӣ.

Қисми якуми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Худ ва дигаронро бишинос» чунин вазифаҳоро ба миён гузошт: шинос кардани мактаббачагон бо сохту амалкарди организми инсон; ба мактаббачагон ёрӣ расонидан барои татбиқу дарки худ дар зуҳуроти гуногун, ҳис кардани худ, сифатҳо, имконияту таассуроти худ; ошкор кардани хусусиятҳои тарбияи бачагон дар оилаи тоҷик. Дар ин қисм ба чунин ҷанбаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад: малакаҳои ҳамкорӣ ва гамхорӣ нисбат ба саломатӣ; худрефлексия, ки дарки ҷиҳатҳои мусбӣ ва норасоиҳоро имкон дода, бо фаҳмиши амиқи атрофиён ва муносибат ба саломатии инсон ҳамчун арзиши бузургтарини ҳаёт зич алоқаманд аст; маҳорати идора кардани руҳияи шахсӣ ва атрофиён; қобилияти мустақилона, бидуни зарар ба саломатӣ баромадан аз вазъияти низоъ, бо зоҳир кардани муносибатҳои неки инсонӣ дар заминаи принсипи «Одам ба одам - дӯст».

Қисми дуюми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Реҷаи рӯз» ба амалисозии вазифаҳои зерин равона гардид: ба мактабачагон омӯзонидани коркарду риояи реҷаи инфиродии рӯз бо ошкор кардани аҳамияти риояи он барои саломатии инсон тавассути иқтибоси зарбулмасалу мақолҳо; ташаккул додани одати тарҳрезии ҳаёти худ дар мувофиқат бо реҷаи ба синну солашон мувофиқ, ки коршоямии сатҳаш баландро дар машгулиятҳои таълимӣ таъмин намуда,

хасташавиро пешгирӣ мекунад. Ин масъаларо бо ташкили реҷаи оқилонаи мактаббача дар хона бомуваффақият ҳал метавон кард: иҷрои вазифаи хонагӣ, кори буруназсинфӣ ва

беруназмактабӣ, машгулият дар мутобиқ бо қобилияти худ, хоб, реҷаи ҳаракат, гизои солим, обутобдиҳӣ ва гигиенаи шахсӣ.

Вазифаҳои қисми сеюми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Ғизои солим» аз инҳо иборатанд: дар мактаббачагон ташаккул додани тасаввурот оид ба таъсири гизо ба саломатии инсон; ошкор намудани мазмуни зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ дар бораи гизохӯрии солим ва дуруст; ҳосил намудани қобилияти фарқ кардани маҳсулоти гизоии асосӣ ва кам истеъмолшаванда аз рӯйи арзиши гизоӣ ва энергетикии онҳо; омӯзонидани риояи қоидаҳои гигиена дар раванди нигоҳдорӣ, омодакунӣ ва истеъмоли гизо. Ҳамчунин дар мактаббачагон ҳосил намудани малакаҳо ва одатҳои зерин муҳим аст: мустақилона тайёр кардани хӯрокҳои миллии одӣ бо назардошти арзиши гизоии маҳсулоти таркиби онҳо; риояи қоидаҳои гигиена ва техникаи бехатарӣ; риояи қоидаҳои одии этикет; бошуурона аз таркиби гизо ихтисор кардани маҳсулоти номатлуб; фаҳмидани зарурати гизохӯрии мунтазам.

Қисми чоруми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Гигиенаи бадан» ба ҳалли чунин вазифаҳо нигаронида шуд: дар мактаббачагон ҳосил намудани эҳсоси зарурати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бо ошкор намудани зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ дар бораи аҳамияти риояи гигиенаи шахсӣ барои саломатии инсон; бо назардошти балогати ҷинсӣ зоҳир кардани таваҷҷуҳи махсус ба гигиенаи узвҳои таносул; ташаккул додани маҷмӯи малакаҳои манфиатбахши дақиқкорӣ ва озодагӣ, ки пеш аз ҳама, ба ҳифзу мустаҳкамкунии саломатии мактаббачагон нигаронида шудааст.

Қисми панҷуми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Пешгирии тамокукашӣ, майпарастӣ, токсикомания ва нашъамандӣ» ба ҳалли чунин вазифаҳо равона гардидааст: шиносоӣ бо гуфторҳои мутафаккирони тоҷик дар бораи зарари тамоку, машрубот ба саломатии инсон; дар мактаббача ташаккул додани малакаҳои худмуҳофизат (тасодуфан нахӯрдани доруи номаълум; тамокукашӣ, эҳтиёт шудан аз муомила бо нашъаманд, майпараст); напазируфтани эмотсионалии шаклҳои «нашъамандона»-и рафтор ва нишон додани намунаи нақши мусбат; ташаккули мавқеи фаъолонаи ҳаётии худ, ки ташаккули доираи шавқу рагбатҳоро имкон медиҳад; тарҳрезии муносибатҳои мусбат бо одамон бидуни воситаҳои ботили муошират, аз ҷумла, сигор, қадаҳ; маҳорати ҳимояи нуқтаи назари худ дар ҳама гуна вазъият.

Қисми шашуми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Рушди ҷисмонӣ ва обутоби организм» ба ташаккули ангезаи бошуурона, эҳтиёҷ ба иҷрои машқҳои асосии ҷисмонӣ дар заминаи бозиҳои мардумии серҳаракат, ки суботкорӣ, ирода, мақсаднокӣ, ҷасорат, худидоракунӣ, қобилияти худбаҳодиҳиро рушд намула, ба ҳифзу мустаҳкамкунии саломатии мактаббачагон мусоидат мекунанд. Дар ин фасл ба обутобдиҳӣ аҳамияти махсус дода шудааст, ки яке аз воситаҳои баланд бардоштани коршоямӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сатҳи муқовимати организм ба бемориҳо мебошад. Вазифаи ин фасл дар мактаббачагон ташаккул додани дарки зарурати истифодаи омилҳои табиӣ (офтоб, ҳаво, об) ва хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон дар мустаҳкамкунии саломатии худ буд.

Қисми ҳафтуми барномаи машгулиятҳои беруназсинфӣ «Фарҳангу саломатии ҷинсӣ» чунин вазифаҳоро ба миён гузошт: шинос кардани наврасон ва хонандагони синфҳои боло бо қонунияти физиологӣ ва психологӣ, хусусиятҳои балогати ҷинсӣ; ташаккули донишҳои зарурӣ оид ба бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунанд, бо равона кардани диққат ба тамоюлҳои манфие, ки алоқаи ҷинсии барвақт ба миён меорад ва натиҷаи густариши ақидаҳои либералӣ оид ба муносибатҳои ҷинсӣ байни ҷавонон мебошад; ташаккул намудани тасаввурот оид ба дӯстӣ ва муҳаббат тавассути шинос кардани мактаббачагон бо гуфторҳои мутафаккирон, шоирон ва нависандагони тоҷик.

Барномаи коркардшудаи машгулиятҳои беруназсинфӣ оид ба курси «Мо тарафдори тарзи солими ҳаёт» имкон медиҳад, ки роҳҳои асосии ташаккули тарзи солими ҳаёт дар шаклу методҳо, воситаҳои гуногуни фаъолияти тарбиявӣ муайян карда шаванд, ки ба ташаккули самараноки тарзи солими ҳаёти мактаббачагон мусоидат мекунанд. Зимнан дар назар бояд дошт, ки маҳз педагогикаи халқи тоҷик тасаввуроти дар давоми асрҳо шаклгирифтаи инсонро дар бораи арзишҳои абадӣ - саломатӣ, хушахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯаҳволӣ, ташаббускорӣ, оиладорӣ инъикос менамояд.

Дар ташаккули тарзи солими ҳаёти насли наврас мувофиқи анъанаҳои тоҷикон оила мавқеи назаррас дорад. Оила шарти муҳими муошират, рӯзгордорӣ, инкишофи фарҳангӣ ва фарогирандаи вақти асосии фарогати калонсолону бачагон мебошад. Имрӯз тариқи бартараф кардани ҷозибаи марҳалаи қаблӣ ва пайдо кардани тафаккури нав мо мебинем, ки бисёр чизҳои

гузашта аз даст дода шуданд. Бинобар ин, ба қисми машгулиятҳои беруназсинфй «Худ ва д игаронро бишинос» мавзӯи «Тарбияи тарзи солими ҳаёти бачагон дар оилаи тоҷик» ворид карда шуд, ки чунин самтҳои асосиро дарбар гирифт: шаклҳои рафторе, ки қоидаҳои ахлоқ, муносибати эҳтиромонаро нисбати ниёгон, волидайн, хешовандон, атрофиён ба миён меоранд: хушмуомилагӣ, меҳмондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ёрии байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва ботамкинӣ ҳангоми низоъҳо, дурусткорӣ; сифатҳои хоси духтарон ва писарон; дар бачагон ташаккул додани эҳтиёҷ ва маҳорати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба аъзои оилаи худ; иҷрои реҷаи ҳаёти оила; ба тартиб даровардани ҷойи кории худ; риояи гигиенаи манзил ва г..

Дар байни халқи мо шаклҳои маъмулу хоси муносибатҳо байни одамон, одоби хӯрокхӯрӣ, тартибу воситаҳои тайёр кардани он, вақти истеъмол, одатҳои гигиенӣ ва эстетикаи рӯзгордорӣ вуҷуд доранд. Ин воситаҳои ҳифзу мустаҳкамкунии саломатии насли наврас дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, аз насл ба насл тариқи эҷодиёти шифоҳии халқ, анъанаву оинҳо, бозиҳои миллӣ интиқол ёфтаанд. Ба гайр аз ин, ба тарбияи тарзи солими ҳаёти насли наврас шароити географӣ ва иқлимии Тоҷикистон таъсир расонида, бешубҳа, дар интихоби шаклҳо, методу воситаҳои кори тарбиявӣ нақш мегузоранд.

Шаклу методҳои педагогии ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагон байни ҳамдигар алоқаманданд, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат, ки методҳо дар шароити шаклҳои муайяни тарбия ҳамон воситаҳои фаъолияти якҷояи мактаббачагону педагогҳо мебошанд, ки ба туфайли онҳо шакл ва маънову мазмун пайдо карда, бо ёрии онҳо мактаббачагон на танҳо донишҳоро азхуд мекунанд, балки воситаву шаклҳои ба мақсад мувофиқи рафторро меомӯзанд. Ҳамин тавр, ташаккулу рушди тарбияи тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагони Тоҷикистон бояд бо таърихи бисёрасра, ҳаёт, рӯзгор ва фарҳанги халқамон зич алоқаманд бошанд.

Аз ин ҷо, дар раванди кори беруназсинфӣ оид ба ташаккули тарзи солими ҳаёти мактаббачагони хурдсол мо шаклу методҳои самаранокро муайян кардем: методи шифоҳӣ, методи бозӣ (дидактикӣ, сужетдор, нақшдор), иншои афсонаҳо дар бораи тарзи солими ҳаёт, машқҳои махсус, тестгирӣ, анкетагирӣ, идҳои варзиш (дар заминаи бозиҳои серҳаракат), «Саёҳат ба кишвари тарзи солими ҳаёт».

Дар бачагони синни хурди мактабӣ эҳтиёҷоти мураккаби биологӣ барои худинкишофдиҳӣ ва худшиносӣ, бозӣ ва тақлид афзалият дошта, бо назардошти ин навъҳои асосии фаъолият барои онҳо бозиҳои гуногун, эҷодиёти дастӣ ва лафзӣ мебошанд, зимнан шарти ҳатмӣ он аст, ки ба бачагон озодии интихоби воситаҳои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ дар ин навъҳои фаъолият фароҳам оварда шавад. Яъне тамоми мундариҷаи кори тарбиявии тарзи солими ҳаёти мактаббачаи хурдсол бояд барои ӯ воситаи ноилшавӣ ба мақсадҳои бозӣ ва эҷодии худ гардад. Дар ин ҳолат фарогирии гайриихтиёри малакаҳои асосии фаъолияте таъмин мегардад, ки ба тарзи солими ҳаёт, ташаккули донишҳои зарурии ибтидоӣ оид ба тарзи солими ҳаёт нигаронида шудааст.

Машгулиятҳои фаъолона ва гуногуни беруназсинфӣ, ки дар шакли бозӣ гузаронида мешаванд, қобилияти худидоракунии мактаббачаи хурдсолро бо бартараф кардани хусусиятҳои синнусолӣ имкон медиҳад. Тавассути шакли бозии фаъолият мактаббачагони хурдсол донишҳоро оид ба тарзи солими ҳаёт тезтар ва мустаҳкам азхуд мекунанд, дар онҳо муносибати мусбат ба тарзи солими ҳаёт шакл мегирад. Ба инкишофи сифатҳои мактаббачагон, мисли пурқувватӣ, чолокӣ, пуртоқатӣ, ҷасорат, тамкинӣ, суботкорӣ ба андозаи назаррас бозиҳои миллии серҳаракат («гуштингири», «чиллаку лоф», «тездавак», «ҳисобкунак» ва гайра) мусоидат мекунанд. Тавассути бозиҳои халқии миллӣ хонандагони хурдсол бо анъанаву оинҳои халқӣ шинос мешаванд, сурудҳо, зарбулмасалу мақолҳоеро азхуд мекунанд, ки бо саломатӣ ва тарзи солими ҳаёт алоқаманданд. Бозиҳои халқӣ яке аз воситаҳои самараноки инкишофу ганӣ гардонидани нутқи бачагон мебошанд. Дар ҳар як бозӣ амале анҷом дода мешавад, ки кӯдак сухан меронад. Масалан, зимни гузаронидани машгулиятҳои беруназсинфӣ «Худ ва дигаронро бишинос» мо бозии лафзии «Ҳисобкунак»-ро истифода бурдем, ки хонандаи хурдсолро бо рӯзгору маишати тоҷикон шинос карда, дар бораи олами атроф тасаввурот медиҳад, барои ба хотир гирифтани номҳои узвҳои бадан ёрӣ мерасонад. Дар раванди бозӣ ба хотир гирифтани мафҳумҳои нав оид ба тарзи солими ҳаёт, фарогирии маҳорати тарзи солими ҳаёт бештар самаранок сурат мегирад, зеро дар ин маврид тамоми таҳлилкунандаҳо - биноӣ, шунавоӣ, моторӣ-ҳаракатӣ, ломисавӣ иштирок мекунанд.

Дар силсилаи машгулиятҳои беруназсинфӣ бозиҳои нақшдор, сужетдор ва дидактикӣ (дар заминаи афсонаҳои тоҷикӣ, мисли «Гурги нодон ва хурӯсаки далер», «Рӯбоҳ ва Лаклак», «Рӯбоҳи маккор», «Кали зирак» ва г.) васеъ истифода шуданд. Унсурҳои асосии бозии нақшдор

вазъияти тахайюлӣ, сужетӣ, нақшофарӣ буданд. Зимни банақшагирии чунин бозӣ вазифаи он бояд муайян карда шавад, ки ба тарзи солими ҳаёт нигаронида шудааст, низое ошкор гардад, ки заминаи сужетро ташкил дода, онро равона месозад. Дар раванди бозии сужетию нақшофарӣ хонандаи хурдсол тасаввуроту фаҳмиши худро дар бораи тарзи солими ҳаёт ҷамъбаст ва васеъ намуда, амиқ мегардонад. Ин ҳар як иштирокчии онро дар шароити кори мустақилона ворид намуда, ба ин васила, имкон медиҳад, ки онҳо малакаҳои муташаккилии ҳақиқӣ ва ҷустуҷӯи эҷодии воситаи инфиродии тарзи солими ҳаётро зоҳир намоянд. Бозиҳои дидактикӣ ба сафарбар кардани тамоми донишҳои мактаббачаи хурдсол оид ба тарзи солими ҳаёт, тез қабул кардани қарорҳо дар вазъияти гайримуқаррарӣ, мутаноқиз, зоҳир кардани зиракӣ ва дар натиҷа бурд кардан мусоидат мекунанд.

Мушоҳидаи фаъолияти мактаббачагон дар машгулиятҳои беруназсинфӣ, истифодаи шаклу методҳои гуногуни ташаккули тарзи солими ҳаёт дар мактаббачагон бо назардошти муҳити психологию педагогии ташкили ин раванд, натиҷаҳои анкетагирӣ, тестгирӣ, худтаҳлилкунии тарзи солими ҳаёт ба мо барои гузаронидани ташхиси натиҷаҳои машгулиятҳои беруназсинфӣ, сатҳи аз ҷониби хонандагон азхудкунии маводи назариявӣ, ташаккулёбии маҳорату малакаҳо, идроки тарзи солими ҳаёт ва рафтори ба он мувофиқ ва гузаришро ба марҳалаи дигари озмоиши ташаккулдиҳанда имкон дод.

ПАЙНАВИШТ:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».- Душанбе,2013.

2. Маҷидова, Б. Истифодаи зарбулмасал ва мақолҳо дар таълим ва тарбияи кӯдакон /Б.Маҷидова А., Иматова Л.-Душанбе1999.-37с.

3. Мустафоқулов, Т. Асосҳои психологияи педагогй ва синнусолӣ /Т.Мустафоқулов, М.Назруллоева.-Кӯлоб,1993.-192с.

4. Намозов, Т.Б. Формирование здорового образа жизни у учащихся старших классов в условиях семьи и школы в период независимости/Т.Б.Намозов.-Душанбе: Ирфон, 2019.- 100с.

5. Нестерова, Л.В. Воспитание представлений о здоровом образе жизни у школьников в условиях сельского района. Дис. ... канд. пед. наук/Л.В.Нестерова. -Шуя., 2000.-121с.

6. Партовов, Ф. Педагогические условия формирования основ здорового образа жизни у воспитанников интерната: дисс. на соискание учёной степени канд.пед.наук /Ф.Партовов.-Душанбе, 2010.-175с.

7. Педагогика здоровья. Программа и методическое руководство для учителей начальных классов/ Под редакцией В.Н.Касаткина.-М.: Линка- пресс, 1998.-336 с.

8. Региональная программа пропаганды здорового образа жизни. Разработка программы Сьюзан Шапиро. - Душанбе, 1994.

9. Сафаров, Ш.А. Педагогические основы формирования здорового образа жизни младших школьников средствами таджикских национальных подвижных игр: диссертация на соискание ученой степени канд.пед.наук/Ш.А.Сафаров.-Душанбе, 2008.-163с.

10. Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030.-Душанбе,Ирфон. 2020.

11. Тарбияи қудаки солим. Мураттибон Турғунова З.К., Мансурова В.Ш.. Дастури методй барои кормандони муассисаҳои томактабй ва падару модарон. -Душанбе, 2008.-80с.

12. Тарзи ҳаёти солим. Дастур барои омӯзгорони синфҳои 7-9-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумй.-Душанбе, 2008.-192с.

REFERENCES:

1. Law of the Republic of Tajikistan "On Education”. - Dushanbe, 2013.

2. Majidova B. The use of proverbs and proverbs in education and upbringing of children / B. Majidova A., Imatova L. - Dushanbe 1999.-37p.

3. Mustafakulov T. Basics of pedagogical and age psychology / T. Mustafokulov, M. Nazrullova.-Kulob, 1993.-192 p.

4. Namozov TB. Formation of a healthy lifestyle of senior students in family and school conditions in the period of independence /T.B. Namozov.-Dushanbe: Irfon, 2019.- 100 p.

5. Nesterova L.V. Raising ideas about a healthy lifestyle among schoolchildren in a rural area. dis. ...cand. ped. Sci. -Shuya., 2000.-121 p.

6. Partov F. Pedagogical conditions for the formation of the foundations of a healthy lifestyle among boarding school students: diss. for the academic degree of Candidate of Pedagogical Sciences / F. Partov.-D., 2010.-175 p.

7. Pedagogy of health. Program and methodological guide for primary school teachers./ Edited by V.N. Kasatkin.-M.: Linka-press, 1998.-336 p.

8. Regional program for promoting a healthy lifestyle. Program development by Susan Shapiro. -Dushanbe, 1994.

9. Safarov Sh.A. Pedagogical foundations for the formation of a healthy lifestyle for primary schoolchildren using Tajik national outdoor games: dissertation for the academic degree of Candidate of Pedagogical Sciences/Sh.A.Safarov.-Dushanbe, 2008.-163p.

10. National strategy of education development in the Republic of Tajikistan until 2030. - Dushanbe, Irfan. 2020.

11. Raising a healthy child. Authors: Turgunova Z.K., Mansurova V.Sh. Methodical guide for employees of preschool institutions and parents. -Monday, 2008.-80 p.

12. Healthy lifestyle. Manual for teachers of 7-9 grades of general secondary schools.-Dushanbe, 2008.192p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.