Научная статья на тему 'Мировоззрение и философский мир Сухраварди'

Мировоззрение и философский мир Сухраварди Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
195
69
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШАЙХИ ИШРОқ / СӯҳРАВАРДӣ / ИРФОН / СЮЖА / РАМЗ / МАЪНӣ / ЦАНБАҳОИ АДАБӣ / қИССА / СУХРАВАРДИ / СИМВОЛ / СЮЖЕТ / РАЗУМ / СКАЗАНИЕ / МИСТИКА / МИСТИЧЕСКИЙ / ВОЗЗРЕНИЕ / ЛИТЕРАТУРА / СУФИЙ / SUHRAVARDI / SYMBOL / PLOT / INTELLECT / TALE / MYSTICISM / MYSTICAL / OUTLOOK / LITERATURE / SUFIY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Исмоилова Мутриба Охунджановна

Статья посвящена исследованию мистических воззрений известного представителя персидско-таджикской литературы Шахабуддина Сухраварди в его суфийских трактатах и анализу композиционных и художественных особенностей, в частности символики этих трактатов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE AUTLOOH AND PHILOSOPHICAL WORLD OF SUHRAVARDI

The article studies the mystical views of Shahabuddin Suhravardi, well-known representative of Persian and Tajik Sufiy literature, and enlightened by him in his treatises. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of it and usage of symbolic significance treatises.

Текст научной работы на тему «Мировоззрение и философский мир Сухраварди»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

УДК 8И М.О.ИСМОИЛОВА

АФКОРИ ИРФОНЙ ВА ҶАҲОНИ АНДЕШАИ СУҲРАВАРДЙ

Вожаҳои калидӣ: Шайхи Ишроц, Сӯҳравардӣ, ирфон, ирфонӣ,сюжа, рамз, маънӣ, ҷанбаҳои адабй, цисса

Дар таърихи адабиёти тоҷик Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ бо таълифи китобу рисолаҳои арзишманди фалсафӣ ва ирфонӣ мақоми хос дорад. Тарзи нигориш ва мулоҳизаҳои ин мутафаккир аз усули анъанавии адабии роиҷ дар замони ӯ тафовут дорад. Аз ин рӯ, барои дарки ҳамаҷонибаи ҳунари нависандагӣ, сабки баён, мазмуну мундариҷаи осори вай фаҳмидани асосҳои афкори ирфонӣ ва ҷаҳони андешаи ӯ муҳим аст.

Ба фикри мо, барои муайян кардани афкори ирфонӣ ва ҷаҳоншиносии Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ шарҳи муҳимтарин ҷанбаҳои муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии замони зиндагӣ, инчунин маслаку мазҳаби ӯ шарти аввалин аст.

Ин орифу файласуфи барои таъриху адабиёти мо аз чанд ҷиҳат истисноӣ дар замони басо мураккаб умр ба сар бурдааст. Нооромии замони Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ асосан дар ду нукта ифода меёбад. Якум, ихтилофи шадид миёни намояндагони аҳли суннат ва ҷамоат бо аҳли ташайюъ, кӯшишҳо барои аз байн бурдани давлати Фотимиёни Миср ва дувум, шурӯи ҷангҳои салибӣ ва зуҳури низоъ байни мусалмонону масеҳиён.

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ асосан дар муҳити сиёсии Салҷуқиён сукунат дошт ва ҳарчанд дар даврони истиқомату омӯзиши ӯ дар мадрасаи Ҳаловияи Димишқ ҳокимони маҳаллӣ раҳбарии сиёсиро бар ӯҳда дошта бошанд ҳам, вале маҷмӯан тобеи давлатӣ Салҷуқӣ буданд.

Дар шаҳри Димишқ Салоҳуддини Айюбӣ- муассиси давлати Айюбиён дар Мисру Шом, шимоли Ироқ ва Ҳиҷозу Яман роҳбарӣ мекард. Ӯ дар Димишқ лақаби «Салоҳуддин» ва баъдан дар Миср «Маликунносир»-ро гирифт. Хидмати ӯ дар таърихи ислом ин буд, ки пайваста бо салибиён муҳориба бурда, аксар сарзаминҳои Байтулмуқаддас ва шаҳри Қудсро аз фарангиён озод мекард. Ҳарчанд ин амал боиси шуруи ҷанги сеюми салибӣ гардида бошад ҳам, вале ӯ пояи ҳукумати Айюбиёнро устувор кард. Салоҳуддини Айюбӣ худ ҳофизи Қуръон ва донандаи хуби илми дину таърих бошад ҳам, аз таассуби динӣ ва мухолифату саркӯбии шиаҳо холӣ набуд. Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар чунин муҳити фарҳангиву сиёсии Айюбиён ба омӯзиши илм машгул шуд ва маҳз дар ин сарзамин бо ҷаҳонбинии фалсафию ҳикамии Эрону Юнони бостон ва дигар таълимоти мухталифи диниву мазҳабӣ иттилои фаровон ба даст овард. Ҳарчанд Суҳравардӣ мисли сӯфиёну қаландарон дар сафари ҳамешагӣ буду бо ранҷу фоқа ва гуруснагиву бехобиҳои зиёд умр ба сар мебурд, борҳо мавриди лутфу марҳамат ва ҳамнишинии писари Салоҳуддини Айюбӣ ҳокими ҷавону ҳушманди шаҳри Ҳалаб Малик Зоҳир қарор гирифта буд.

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардиро ҳамзамононаш ҳамчун пайрави мазҳаби аҳли суннат мешинохтанд. Аз ин хотир, аз назари мазҳаб вай бо мафкураи ҳоким дар қаламрави Айюбиён ҳеҷ ихтилофе надошт. Шофеъимазҳаб будани Шайхи Ишроқро маълумоти шогирдаш Шамсиддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Шаҳрзурӣ муайян намояд ҳам, вале муҳаққиқи муосири эронӣ Козим Муҳаммадӣ ин сухани муриди Суҳравардиро нодида гирифта, ӯро пойбанди тариқати алавӣ ва шиа мешуморад (1, 95; 6, 38).

Азбаски Суҳравардӣ дар гуфтору асарҳояш аз муҳаббату иродати хеш бо ҳикмати бостонии нуру зулмат сухан гуфта, равшаниро асоси офариниш мешуморад, уламову қозиён ӯро аз сари таассубу ҷаҳл маҷусу монавӣ гӯён туҳмат мезаданд ва гоҳо зардуштӣ меномиданд. Шайхи Ишроқ бо корбурди корбурди оёти қуръонӣ, эҳтироми пайваста ба рисолати Ҳазрати Муҳаммад ва аҳодиси набавӣ собит менамуд, ки ӯ мусалмони покдин аст ва дар ҳар сухан ба аркони исломӣ такя дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар рисолаҳои хурди рамзиву ирфонии худ Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ аз касоне, ки зимнан бо андешаву афкори ӯ ихтилоф доранд, пайваста изҳори норизоӣ менамояд. Ӯ ба такрор онҳоро «ноаҳл» мехонад ва гоҳо худ дар ҳайрат меафтад, ки чӣ гуна ноаҳлон дар зиндагӣ ва сулуки рӯҳонии ӯ пайдо мешаванд.

Аз ҷумла, дар «Фӣ ҳолати туфулият» дар аснои муколама бо шайх мегӯяд:

Чун мазҳабу эътицоди пок аст маро,

Аз таънаи ноаҳл чӣ бок аст маро?

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар саросари осори худ бо такриму тамҷиди фаровон аз Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ ёд мекунад. Дар баъзе нусхаҳои таълифоташ истифодаи оёти қуръонӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Аз ҷумла, Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар бораи корбасти оёти Қуръони маҷид дар осораш чунин менигорад: «Бар асоси мабонии фалсафӣ барои матлаби бурҳон иқома кардам. Сипас ба оёти қуръонӣ истишҳод ҷустаам, усули куллиро як-як исбот кардам ва ба дунбол оя-оя гувоҳӣ овардам» (4, 38).

Манзури ӯ аз қабул ва интишори покиву нур аслан гиромидошти таълимоти тамоми адён аст.

Дар таърихи илми ҷаҳон Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ асосан бо ҳикмати ишроқ маъруф аст. Маънии калимаи ишроқ дурахшидан, равшан шудан аст. Мувофиқи таълимоти Ишроқ олам аз ду қисм равшанӣ (нур) ва торикӣ (зулмот) иборат аст.

Суҳравардӣ мегӯяд: «Дар Эрони бостон уммате буд, ки аз тарафи Худованд идора мегардид. Ба василаи Худованд буд, ки ҳакимони баландмартабае, ки бо маҷусон ба куллӣ тафовут доштанд, роҳнамоӣ мешуданд. Ман усули олии ақоиди ононро, ки асли нур буд ва таҷрибаи Афлотуну аслофаш низ онро ба марҳилаи шуҳуд расонида буд, дар китоби худ мавсум ба «Ҳикмат-ул-ишроқ» эҳё кардаам. Ва дар ин кор ҳеч кас аз ман пешӣ нагирифтааст » (3, 164).

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ бо талқини фаровон аз фалсафаи нури зардуштӣ бунёдгузори ҷараёни ишроқия гардид. Ишроқия яке аз ҷараёнҳои фалсафию ирфонии Шарқ буд, ки асоси таълимоташ аз ишроқу нур иборат аст. Манбаи асосии ишроқия эътиқодоти тоисломии халқҳои шарқ, хусусан таълимоти зардуштия дар бораи қувваҳои ба ҳам зидди олам - олами нуронӣ ва зулмонӣ аст. Албатта, дар баробари ойини зардуштӣ ба ташаккули фалсафаи ишроқ унсурҳои фалсафаи ҳинд, маздакия, анъанаи ҳермесӣ, гноститсизм ва гайра таъсир расонидаанд.

Суҳравардӣ асоси ҳастиро тибқи ҷаҳоншиносии ишроқии худ ба нуруланвор вобаста медонад. Вай бар ин назар аст, ки нур сабаби ҳастии нур аст ва ҳар чизе, ки аз файзу таҷаллии он ҳосил мешавад, зулмат аст.

Офарандаи маслаки ишроқия нурро огози ҳаракат мепиндорад. Вай мегӯяд, ки дар асоси силсилаи маротиби нузули нури муҷаррад олами моддӣ пайдо мешавад. Дар таълимоти ин фалсафа олами моддӣ аз фалакулафлок шуруъ шуда, дар чаҳор унсур ба охир мерасад. Намояндаи нур дар осмон Офтоб, дар Замин оташ ва дар инсон нафси ӯ аст. Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар афкори ишроқияи худ менависад, ки олами кавну фасод ҷамодоту набототу ҳайвонот дар натиҷаи пайвастагии моддаҳо пайдо шуда, ҳамвора ба сӯи камолот ҳаракат мекунанд. Қувваи ҳаракатдиҳандаи инсон ба камолоти маънавию ақлонӣ нафси нотиқа мебошад, ки моҳиятан тамоми сифату хусусиятҳои нафси наботию ҳайвониро молик аст.

Талқину таҳқиқи ҳикмати ишроқ дар он нукта мушаххастар мегардад, ки бино ба фармудаи Суҳравардӣ ҷаҳон аз нур офарида шудааст. Нури аввалин «нур-ул-анвор» ном дорад, ки кулли олами ҳастӣ пораҳое аз он нуранд.

Аз ин нур-ул-анвор қудрати қоҳира ё «анвори қоҳира» (яъне нурҳои пирӯз) бар тамоми нурҳои офаридашуда медурахшанд ва пирӯз мешаванд.

Ҳамчунин Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ ҳолатҳои гуногуни равонии инсон, амсоли муҳаббату газаб, ҳаракат, шаҳват, шавқу завқ ва гайраро ба нур иттисол мебахшад.

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар назарияи маърифатии хеш мегӯяд, ки то расидан ба ниҳояти дарки ишроқия ду марҳала ё ду навъи фаҳмиш вуҷуд дорад, ки инҳо ҳикмати баҳсӣ ва ҳикмати завқӣ мебошанд.

Дар таълимоти ишроқия гуфта мешавад, ки дониши ақлӣ зинаест, ки барои дониши кашфию завқӣ ёрӣ мерасонад ва тариқи аз одами моддӣ ба олами муҷарради бемакону замони вуҷуд расидану дарк намудан созгор меояд. Аз ин фаҳмиш бармеояд, ки «ишроқия дарки олами моддӣ ё худ зулмониро ба воситаи ақлу ҳис имконпазир медонад. Вале зимни маърифати олами улвӣ фаъолияти қалбро дар мадди аввал гузошта, қайд мекунад, ки «нафс бо пайванди маърифату фазилат» аз олами зулмонӣ раҳида, зина ба зина аз олами суратҳои барзахӣ гузашта, ба олами нур ворид мешавад ва нуруланворро дарк мекунад. Ин ақидаи онҳо ба назарияи ваҳдати вуҷуди сӯфия комилан мувофиқ аст» (5, 369).

Муҳаққиқи фаронсавӣ Ҳонре Корбен доманаи ҷаҳоншиносии Шайх Шиҳобуддини Суҳравардиро хеле густурда мавриди баррасӣ қарор медиҳад: «Метавон гуфт, ки низоми фикрӣ ва шакли руҳонияти ҳакими ишроқ бар асоси ин мафҳум (хурра- нури ҷалол) аст, ки бар ҳикмати Зардушт низ ҳоким аст. Суҳравардӣ ин нури ҷалол, яъне хурра ё хуранаро нуре медонад, ки аз они паямбарон аст ва бино бар ин дорои ҳамон нақши моварои табии «нури муҳаммадӣ» аст» (2, 24).

Илова бар он чи гуфтем, осори ишроқии Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ ду ҷанбаи дигар дорад. Ҷанбаи аввалин он аст, ки Шайхи Ишроқ ҳикмати завқии хешро бо ҳикмате бо номи

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

«Хусравонӣ» марбут месозад. Мутафаккир бо огоҳӣ аз фарҳанги қадимаи баъдизардуштӣ, мутолиаи китобу сарчашмаҳои нодир ва сафарҳои пайдарпай дарёфт, ки асосҳои мафҳуми ишроқияро ҳакимону фарзонагони сарзамини Порс аст, ба монанди Ҷомосбу Фаршодшвар ва Бузари Ҷумҳур ва дигар бунёд кардаанд. Фаҳмиши дурусти ҳикмати нуру зулмат, ки аз андешаҳои ҷаҳономӯзонаи бузургони форсӣ бармеояд, ҳеҷ гоҳ бо қоидаи маҷусони кофир мувофиқ нест ва мониёни мулҳид иртиботе надорад.

Ин ҷанбаи консепсияи ишроқии ӯ бо ҷаҳоншиносии устуравию илмии юнонӣ пайванд мегирад. Равшан мешавад, ки ӯ ба таълимоту орои худоёни бостонии Юнон Ҳермес, Акслепий ва олимону донишмандони ин сарзамин, чун Эмпедокл, Суқрот, Пифагор ва Афлотун аз наздик ошност.

Ин санадро муаллифони китоби «Таърихи халқи тоҷик» ба ин равиш бозтоб додаанд: «Суҳравардӣ агарчи Афлотунро асосгузори фалсафаи ишроқ медонад, вале боз ҳам таъкид кардааст, ки муассиси асосии фалсафаи ишроқ Зардушт аст. Ӯ бад-ин масъала равшанӣ андохта, таъкид мекунад, ки фалсафаи ишроқ аз Эронзамин ба воситаи Фисогурс (Пифагор), ки шогирди Зардушт будааст, ба Юнон ва он ҷониб рафтааст» (7, 164).

Дуюм, дар заминаи таълимоти хеш ба масъалаи марказии сиёсат - интихоби сарвари ҳаким дахолат намуда, онро ҷузъи ҳикмати ишроқии хеш медонад. Ин муҳаққиқи барҷаста омӯзишу дарки фалсафаро ба тамоми табақаҳои бонуфузи ҷамъияти исломӣ талқин мекард. Вай тақозо менамуд, ки роҳбарони давлат, яъне табақаҳои ҳукмрон ҳангоми адо кардани вазифа дониши комили ҳикмати ҳам завқӣ ва ҳам баҳсӣ дошта бошанд.

Суҳравардӣ шарти асосии хилофати худованд бар рӯи заминро чунин тавсиф мекунад: «Мурод аз ин раёсат иборат аз султаи зоҳирии сиёсӣ нест, балки мурод аз он ҳамон истеҳқоқи ҳакими комил барои имомату пешвоӣ гоиби комил ва мақоми пешвоии ӯ мавриди тасдиқи оммаи мардум қарор мегирад монанди пайгамбарон ва баъзе подшоҳони фарзона ва додгар ҳамчун Каюмарсу Фаридун ва Кайхусрав, ки каёни хура шомили ҳоли онҳо гардида буд. Ва гоҳе низ хафӣ ва аз анзори ҷумҳури мардум ниҳон хоҳанд буд ва дар ин сурат ҳарчанд ки вуҷуди ӯ дар гояти хумул (гумномӣ) ва қадри ӯ дар пеши оммаи мардум ниҳон хоҳад монд, вале бояд донист, ки боз ҳам раёсати маънавӣ бо онҳост» (3, 169).

Дар ин ҷо низ равшан мешавад, ки дар канори омӯзиши фаровон аз китобҳои диниву илмии гузаштагону ҳамзамонон Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ ба моҳияти таърихи устуравии эронӣ эътиқод дорад. Дар намунаи боло, ки ӯ ба ҳукумати Каюмарсу Фаридун ва Кайхусрав ишора менамояд, сабабҳои махсус дорад. Масалан, дар сарчашмаҳои гуногун оид ба ҳукумати тӯлонӣ доштани Кайхусрав, ки гуё 60 ё ҳатто 100 сол бо адлу дод ҳукмронӣ карда буд, ёд мешавад.

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ барои сохтани ҷомеаи воқеан одилонаву ормонӣ интихоби сарварони сиёсии донишманду покдину покманишро шарти зарурӣ мешуморад. Бино ба таълимоти ӯ подшоҳи ҳақиқӣ ҳамон касест, ки соҳиби илму ҳикмати осмонӣ бошад ва умури дунявиро дар заминаи амрҳои илоҳӣ ба субут расонад.

Дар сарчашмаҳои илмиву адабӣ ба ин матлаб бисёр ишора шудааст, ки Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ афкору ҷаҳоншиносии хоси худро тавассути шеърҳое, ки ба қалами вай мансуб доштанд, низ баён кардааст.

Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ, ҳамчунон ки бештари муҳаққиқони гузаштаву имрӯза мегӯянд, чунин мақсад дошт, ки ҳикмати Зардушт ва Афлотунро муттаҳид созад ва намуди исломӣ бубахшад.

Олими тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ин масъаларо чунин тавзеҳ медиҳад: «Иддае аз муҳаққиқин бар инанд, ки чуноне ки Ғаззолӣ тасаввуфро бо ислом омехт, ҳамчунони дигар Суҳравардӣ тавонист, ки фалсафаро бо ислом биомезад» (3, 168).

Хулоса, Шайх Шиҳобуддини Суҳравардӣ дар таърихи ирфону фалсафа ва адабиёти форсу тоҷик бо ҷаҳонбинии хоси худ аз дигар мутафаккирону файласуфон ва адибон тафовут дорад. Ӯ ба василаи осори хеш ҳикмати ишроқиро талқин карда, барои на танҳо покии руҳи инсонҳо, инчунин таъмини адолату осудагӣ дар рӯи замин ва ташвиқи галабаи нур ба тамоми падидаҳои олами ҳастӣ консепсияи хоси худро баён намуд. Вай итминон дошт, ки танҳо нуру покӣ метавонанд бар тамоми қувваҳои мавҷуд дар олам галаба намоянд, зеро нур дар афкори ирфонии Суҳравардӣ рамзи покӣ, шукуфоӣ, пешрафт, талош барои зистану офаридан аст. Бо шинохти ҳақиқати нуру равшанӣ инсон метавонад ҳам ба поксозии олами ботинӣ ва ҳам ба назофати дунёи моддӣ муваффақ гардад.

ПАИНАВИШТ:

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

1.Зарринкуб, Абдулҳусайн. Ҷустуҷу дар тасаввуфи Эрон / З.Абдулҳусайн.-Душанбе: Ирфон, 1992.

- 396 с.

2. Козим, Муҳаммадии Вояқонӣ. Суҳравардӣ- муфассири ояи нур / М.В.Қозим. - Теҳрон: Наҷми Кубро, 1385. - 248 с.

3. Корбен, Ҳ. Мақолот:маҷмуае аз мақолот ба забони форсӣ.Гирдоварӣ ва тадвини Муҳаммадамини Шоҳшуҷоӣ. Зери назари Ш.Позукӣ/Ҳ.Корбен.-Теҳрон: Ҳақиқат, 1384.- 447 с.

4. Неъматов, Н.Таърихи халқи тоҷик(китоби 2, муъҷизаи классикии тоҷикон)/Н.Неъматов,

H. Амиршоҳӣ ,А.Мирбобоев, Ҳ.Пирумшоев-Душанбе:Сарпараст ва Ношир, 2008.- 814 с.

5. Позукӣ, Шаҳром. Маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши «Ирфон, ислом, Эрон ва инсони муосир-накӯдошти Шайх Шиҳобуддин Суҳравардӣ».-Теҳрон: Ҳақиқат.- 1385.- 16+ 615+ 57 с.

6. Суҳравардӣ, Шиҳобуддин Яҳё ибни Ҳабаш. Қиссаҳои шайхи ишроқ. Вероиши матн (мусаҳҳеҳ) Ҷаъфар Мударриси Содиқӣ.- Теҳрон: нашри марказ, 1375. - 38+ 110 с.

7. Суҳравардӣ, Шиҳобиддин Яҳё ибни Ҳабаш. Ҳикмат-ул-ишроқ. Тарҷума ва шарҳи Саидҷаъфар Саҷҷодӣ. Теҳрон:- Донишгоҳи Теҳрон, 1377.- 58- 220 с.

REFERENCES:

I. Zarrinkub Abdulhusain. The study Sufism in Iran.- Dushanbe; Irfon, 1992.- 396p.

2. Kozim, Muhammad Voyaqoni. Suhravardi, an interpreter of the Message of light/ H.B.Kosim/:Najmi Kubro, 1385.--248p.

3. Corbin H. Articles:Collection of articles in Persian Language. Collected and typed by Muhammadamini Shohshujoi. under the supervision of Sh.Pozuki.- Tehran: Haqiqat, 1384.-447p.

4. Ne’matov N., Amirshohi N., Mirboboev A., Pirumshoev H.- the History of Tajik people (the second book, Tajik’s classic writers )- Dushanbe: Sarparast and Noshir, 2008- 814p.

5. Pozuki, Shahrom. Collection of articles of conference “Education, islam, Iran and modern People-in honour of Shabobuddini Suhravardi” (under the supervision of Shahrom Pozuki) - Tehran: Haqiqat.- 1385.16+615+57p.

6. Suhravardi, Shahobuddin Yahyo ibni Habash. The Tales of Sheikh of ishroq. Corrected by of Ja’far Mudarrisi Sodiqi.- Tehran: Markaz, 1375. -38+110p

7. Suhravardi, Shahobuddin Yahyo ibni Habash. Kitab hikmat al-ishraq (The Philosophy of Illumination) translated and explained by Saidja’far Sajjodi. Tehran: - Tehran University, 1377. -58+220p.

Мировоззрение и философский мир Сухраварди

М. О.Исмоилова

Ключевые слова: Сухраварди, символ, сюжет, разум, сказание, мистика, мистический, воззрение, литература, суфий

Статья посвящена исследованию мистических воззрений известного представителя персидскотаджикской литературы Шахабуддина Сухраварди в его суфийских трактатах и анализу композиционных и художественных особенностей, в частности символики этих трактатов.

The autlooh and philosophical world of Suhravardi

M.O. Ismoilova

Key words: Suhravardi, symbol, plot, intellect, tale, mysticism, mystical, outlook, literature, sufiy The article studies the mystical views of Shahabuddin Suhravardi, well-known representative of Persian and Tajik Sufiy literature, and enlightened by him in his treatises. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of it and usage of symbolic significance treatises.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Исмоилова Мутриба Охунцоновна, сармуаллимаи кафедраи забонҳои хориции ДИС ДДТТ (Ҷумҳурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected]

Сведения об авторе:

Исмоилова Мутриба Охунджановна, старший преподаватель кафедры иностранных языков Института экономики и торговли, Таджикского государственного университета коммерции (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: [email protected]

Information about the author:

Ismoilova Mutriba Ohunjanovna, senior teacher of Foreign Languages Department of Institute of Economy and Trade, Tajik State University of Commerce(Republic of Tajikistan, Khujand),E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.