Научная статья на тему 'MIR SAYID ALI HAMADANI IN THE POINT OF VIEW OF HENRY CORBIN'

MIR SAYID ALI HAMADANI IN THE POINT OF VIEW OF HENRY CORBIN Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
19
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ХАМАДАНИ / ФИЛОСОФИЯ / ТВОРЕНИЕ / ПАНТЕИЗМ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Султонов Сокибой Аслонбойевич

В данной статье речь идет об исследованиях видного французского философа и востоковеда Анри Корбэна, о жизни и учении известного исламского мыслителя Мир Сайида Али Хамадани. Автор статьи в основном рассматривает некоторые идеи Хамадани о проблеме бытия и творения в исследованиях Анри Корбэна. Высказывается мнение о сходстве и отличии учения Хамадани с учениями других мыслителей и суфий. Определяется, что учение Хамадани было в центре внимания Анри Корбэна. Корбэн в своих двух книгах «История исламской философии» и «Человек света в иранском суфизме» рассматривает учение Хамадани. Следует констатировать, что учение Хамадани как и учения других суфиев является пантеистическим и такая идея придерживается Анри Корбэном.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

МИР САЙИДА АЛИ ХАМАДАНИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ АНРИ КОРБЭНА

In this article the matter is about researches of the prominent French philosopher and the orientalist Henry Corbin about the life and the doctrine of famous Islamic thinker Mir Sayid Ali Hamadani. The author of article considers some ideas of Hamadani about a problem of life and creation in Henry Corbin's researches. In the course of studying is shown similarity and difference Hamadani's doctrine with doctrines other thinkers and sufiys. It is defined that Hamadani's doctrine was in the centre of attention of Henry Corbin. Corbin in two books "History of Islamic Philosophy" and "Person of Light in the Iranian Sufism" considers Hamadani's doctrine. On the basis of facts is defined that Hamadani's doctrine as well as doctrines of others Sufis is pantheistical and Corbin supports such idea.

Текст научной работы на тему «MIR SAYID ALI HAMADANI IN THE POINT OF VIEW OF HENRY CORBIN»

ИЗУЧЕНИЕ ТВОРЧЕСТВА МАВЛАВИ В РАБОТАХ ЭВА-ДУ-ВИТРЕЙ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ

ШОКИРА МУХТОРА

Эта статья посвящена изучению трудов и переводов французского учёного и переводчика, госпожи Эва-ду Витрей Меерович, посвяенных творчеству великого персидско-таджикского поэта Джалалиддина Руми с точки зрения таджикского учёного Шокира Мухтора.

Ключевые слова: Джалалиддин Руми, перевод, персидская литература, поэт, запад и восток.

THE STUDY OF MAVLAVI OF THE EVA-DU VITREI'S CREATIVE WORK IN TERMS OF

SKOKIR MUKHTOR

This article is dedicated to the works and translations of French scientist and interpreter, Mrs. Eva-du Vitrei Meyerovich, who did the poems of famous Persian-Tajik poet Jalaladdin Rumi. с точки зрения таджикского учёного Шокира Мухтора

Keywords: Jalaluddin Rumi, translation, Persian literature, poet, east and west.

Сведения об авторах: Курбонов Маджид, кандидат филологических наук, доцент кафедры теории и истории таджикской литературы Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: abdumajid63@mail.ru

Джаннатмир Суфиё, аспирант кафедры теории и истории таджикской литературы Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: soilya.waziry@yahoo.com

About authors: Kurbonov Majid, PhD in Philology, Associate Professor of the chair of theory and history of Tajik literature, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Jannatmir Sufiyo, post-graduate student of the chair of theory and history of Tajik literature, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

МИР САЙИД АЛИИ ХДМАДОНИ ДАР ШИНОХТИ АНРИ КОРБЭН

Султонов С. А.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Боиси хушбахтист, ки аксар мутафаккирони адабиёту фалсафаи классики форсу точик шухрати чахонй доранд. Абубакри Розию Форобй, Ибни Синою Берунй, Носири Хусраву Мавлонои Рум ва даххо нафарони дигар дар тамоми гушаю канори олам сохиби малому мартабаи хосанд. Хусусан, дар Фаронса шухрати мутафаккирони олами ислом, ки кдсмати зиёдашон аз насли форсу точиканд, назаррас аст. Ду омили асосй боиси шухратманд гардидани донишмандони мо дар Фаронса гардидааст:

1. Тарчумахои пай дар пай ва интишороти зиёди осори мутафаккирони ин сарзамин;

2. Тадк;ик;оту пажухишхои илмй оид ба осори мутафаккирони номбурда, ки мусташрик;они фаронсавй анчом додаанд. Бинобар ин омузиши илмии малому мартабаи мутафаккирони мо аз нигохи донишмандони хоричй ахамияти калонй илмию фархангй дорад.

Бояд гуфт, ки шарк;шиносй хамчун илм дар асри XIX дар Фаронса рушд карда, шарк;шиносони фаронсавй ба осори аксар донишмандони форсу точик таваччух зохир намуда, асархои тадк;ик;отй анчом додаанд. Тарчумаи осори мутафаккирони мо ба забонхои аврупой нисбат ба тадк;ик;отхо собикди бештар дорад, яъне тарчумахо аз забони арабию форсй ба забони лотинй ва дигар забонхои гарбй аз охири асри XI сар карда то имруз идома доранд.

Аз нимаи асри XX сар карда, дар Аврупо, хосатан дар Фаронса, анъанаи начибе пеш гирифта шуд, ки боиси дубора зинда гардидани донишмандону мутафаккирони на факдт Фаронса, балки тамоми чахон гардид. Созмони чахонии ЮНЕСКО бунёд гардид ва то имруз мутафаккирони форсу точик ба навбат бо кдрори ин созмони бонуфузи чахонй дар сатхи байналмиллалй чашн гирифта мешаванд. Бо кдрори ЮНЕСКО чашн гирифтани бузургон фазилати калон дорад. Фазилаташ дар он аст, ки донишманде ё мутафаккире, ки дар замони худ барои тамоми башарият хидмат карда, баъдхо аз ёдхо зудуда шудааст ва ё дар сатхи олами имруза ношинохта мондааст, ба оламиён шиносонида мешавад.

Шахсиятxои донишманди мо ба мyаppифй каpданy васфy тавсиф ниёз надоpанд, вале бо каpоpи ЮНЕСКО чашн гиpифтани солгаpди онxо боиси аpчгyзоpй ба ощо мегаpдад. Даp xошияи каpоpxои ин созмон коpxои зиёд анчом дода мешавад. Осоpи мyтафаккиpон таpчyма, нашp ва асаpxои мyхталифи пажyxишй оид ба онxо анчом мепазиpад ва ба ин васила гушае аз илми мо, ки чузъи чyдонопазиpи илми башаpият аст, обод мегаpдад ва мyxимтаp аз xама, бо ин pоx xyвият ва худшиносии миллй таквият меёбад, кишваp обод мешавад.

Созмони чаxонии ЮНЕСКО даp шаxpи Паpиж каpоp доpад ва мантикист, ки xаp каpоpе кабyл каpда мешавад, пеш аз xама ба маpдyми Паpиж, баъдан Фаpонса ва сониян ба дигаp кишваpxои олам дастpас мегаpдад. То имpyз бyзypгони адабиётy фалсафаи мо чун Рyдакию Фиpдавсй, Ибни Синою Мавлоно Румию Ч,омй ва дигаpон бо каpоpxои ЮНЕСКО даp сатxи чаxонй чашн гиpифта шуданд ва оид ба xаp кадоме аз ощо чилд-чилд асаpxои тадкикотй таxия ва нашp гаpдидааст. Инак бо каpоpи ин созмони номдоpи чаxонй чашни 700 - солагии донишманди маъpyфи олами ислом Миp Сайид Алии Дамадонй имсол чашн гиpифта мешавад. Бояд гуфт, ки xаpчанд Миp Сайид Алии Дамадонй яке аз донишмандони камназиpи олами ислом аст, вале тадкикотxои илмй оид ба осоpи вай ниxоят каманд. Нисбат ба мyтафаккиpоне, ки даp боло номбаp намудем, таpчyма ва таxкики осоpи Дамадонй даp Фаpонса ва дигаp кишваpxои Fаpбй хеле кам ба мyшоxида меpасад. Умед аст, ки бо шаpофати чашни 700 -солагии ин донишманди маъpyф аз чониби ЮНЕСКО мутахассисони олам бештаp ба Дамадонй py оваpда, пажyxишxо оид ба осоpи вай, xам даp Шаpк ва xам даp Fаpб даp сатxи заpypй анчом дода хоxад шуд.

^абл аз он ки Дамадониpо даp шинохти Aнpи Коpбэн - мyсташpик ва файласуфи Фаpонса мавpиди омузиш каpоp диxем, мехоxем нахуст хулосаи суханоне, ки оид ба Дамадонй даp сессияи 192-юми каpоpи ЮНЕСКО аз 09 сентябpи соли 2013 кайд гаpдидааст, аз забони фpансавй бо таpчyмаи таxтyллафз айнан пешкаши хонандагон намоем:

"700-умин солгаpди мавлуди Миp Сайид Алии Дамадонй (1314-1385), шоиpи суФй (Ч,yмxypии Исломии Эpон ва Точикистон бо дастгиpии Диндустон ва Покистон). Мутаваллиди яке аз хонадощои олимакоми Дамадон буда... анкаpиб тамоми олами ислом ва фаpотаp аз онpо сайp каpдааст. Дамадонй яке аз шахсиятxои асосии таъpих буда, фаpxанги Кашмиp, xам аз назаpи санъати меъмоpй (бо мyттаxидсозии санъати меъмоpии Осиёи Миёна ва Кашмиp) ва xам аз назаpи такомули санъати косибй, баъдан иктисодиёти минтака зеpи нуфузи он ташаккул ёфтааст. Маxоpат ва коpдоние, ки y даp Кашмиp коpбаст намудааст, бешак ба саноат pоx кушод. Дамадонии мистик ва ислоxотгаpи чамъиятй xамчyнин аз аxли калам буд. Мавсуф та^ибан сад pисола ба забощои аpабию фоpсй вобаста ба масоили суфизм, ахлок ва Fайpа эчод каpдааст. Aсаpи "Захиpат-yл-мyлyк" бо бисёp забонxо ба табъ pасидааст. Зиндагии Дамадонй даp шаxpи Куло6и вилояти Хатлони Точикистон ба поён pасидааст, ки имpyз xам теъдоди зиёди маpдyмон он чо ба зиёpаташ меоянд. Маъpакаи пешниxодгаpдида даp мавзyи "Миp Сайид Алии Дамадонй ва тамаддуни сyлx" бисёp ба мавpид аст. Тачлили чашн даp якчоягй аз чониби кишваpxои узв (Ч,yмxypии Исломии Эpон ва Точикистон) бо дастгиpии Диндустону Покистон пешнщод гаpдидааст" [4].

Тавpе мебинем, созмони ЮНЕСКО даp симои Алии Дамадонй тащо як суфии хушку холиpо намебинад, балки яке аз шахсиятxои асосии таъpихи башаpият, ислоxотгаpи чамъиятй, шахсияти сyлxy ваxдатпаpваpеpо мебинад, ки зеpи таъсиpаш санъату фаpxанги Кашмиp ташаккул ёфта, ба шаpофаташ Осиёи Миёна ва Диндустон ба xам пайвастагй пайдо каpда, xyнаpy саноат py ба пешpафт оваpдааст.

Тавpе даp боло ишоpа намудем, таxкикотxо оид ба Дамадонй даp Фаpонса хеле каманд, бо вучуди ин баpхе аз мyxаккикони фаpонсавй Дамадониpо даp таxкикоти худ ёд каpдаанд. Aндешаxои файласуф ва шаpкшиноси маъpyфи фаpонсавй Aнpи Коpбэн даp хусуси Дамадонй аз аxамият холй нестанд. Коpбэн Миp Сайид Алии Дамадониpо асосан даp ду асаpи худ "Таъpихи фалсафаи исломй" ва даp асаpи дигаpаш "Инсони нyp даp тасаввуфи эpонй" ёд каpдааст. Даp асаpи аввала Коpбэн саxифаи алоxидаеpо ба Алии Дамадонй бахшида, даp баpобаpи матpаx намудани андешаxои Алии Дамадонй оид ба xаётy фаъолияти мyтафаккиp низ маълумоти мyхтасаp медщад. Даp асаpи дуюм бошад даp pафти мyxокимаpониxо даp хусуси фалсафа ва теологияи Начмиддини Кyбpо аз Алии Дамадонй, ки пайpави чаpаёни Кyбpовия буд, ёд каpдааст.

Ба кавли Корбэн Сайид Алии Дамадонй яке аз симохои бузурги равияи Кубровия буда, аз унвонаш Сайид маълум аст, ки аз шачараи авлодии Пайгамбар (тавассути Имоми 1У-ум Алй Зайнулобиддин) будааст ва тавре номаш ишора мекунад мазкур аз ахли Дамадон, Экбатони кадима буда, дар он чо соли 714/1314 таваллуд шудааст [5, с. 414-415]. Вобаста ба хамин масъала донишманди шинохта ва мутахассиси зиндагию осори Дамадонй Мохирхучаи Султонзода дар асоси далелхо таваллуди Дамадониро 12 мохи рачаби соли 714 хичрй, мутобик ба 22 октябри 1314 мелодй дар шахри Дамадони Эрон дар оилаи хоким медонад. Ба кавли мухаккики точик падари Дамадонй ба 17 восита ба халифа Алй ибни Абутолиб ва модараш ба 17 восита ба пайгамбар Мухаммад мерасидааст [1, с. 5-16].

Ба таъкиди Корбэн Дамадонй хануз дар синни дувоздахсолагй ба чараёни суфия гаравида, минбаъд умри худро дар мухочирату сафароти дуру дароз гузаронидааст [5, с. 414-415]. Оид ба ин масъала низ Султонзода М. таваччух карда менависад, ки Алии Дамадонй дар 12-солагй таваччухи махсусе ба тасаввуф намудааст ва ба хамин васила пайраву шогирди суфии машхури давр Шарафуддин Махмуди Маздаконии Розй мегардад. Сипас Алии Дамадонй дар назди шайхи дигар Алии Дустй омузиши тасаввуфро идома медихад. Асосан устодони Алии Дамадонй пайравони силсилаи кубровияи тасаввуф буданд, ки асосгузори он шайх Начмуддини Кубро аст. Илова бар ин, онхо таваччухи зиёде ба футувват доштаанд. Алии Дамадонй ду сол дар назди Алии Дустй таълим мегирад ва баъди вафоти у боз ба назди шайх Махмуди Маздаконй бармегардад. Устодаш вайро ба сайру саёхат хидоят менамояд. Ба хамин минвол сайру саёхати тулонй, яъне 21-солаи Алии Дамадонй огоз мегардад. Дар тули ин сафархо дар аксар кишвархои олами ислом умр ба сар мебарад. Дар яке аз ин мусофиратхо вай бо шайх Абулмаёмин Начмуддин Мухаммад ибни Мухаммад Азконй мулокот менамояд. Гуё Алии Дамадонй ба хидояти ин шайх хам футувватро кабул менамояд ва хам ба издивоч розй мешавад [1, с. 5-16].

Ба назари Корбэн Дамадонй дар охирхои умр, соли 1380 ба шахри Кашмир, ки тахти хукмфармоии ^утбиддини Диндол, чорумин сарвари сулолаи нахустини исломй карор дошт, сафар кард. Дар он чо шаш сол икомат ихтиёр карда, ба таргиби суфизми ташайюъ шугл варзид ва хангоми бозгашт ба Форс (Эрони имруза -С.С.), дар шахри Поклй (дар марзи Динду Афгонистон) дар рох фавт кард. Писараш Мир Махмуди Дамадонй дувоздах сол дар Кашмир зиста, дар он чо асари рухонии падарашро ба итмом расонд [5, с. 414-415].

Вобаста ба сафари Алии Дамадонй мухаккик Султонзода М. дар такя ба маълумоти Дофиз Карбалой менависад, ки Алии Дамадонй баъди мулокоташ бо Амир Темур соли 1372 ба у чунин изхори акида кардааст: "Маъмурам, ки ба Кашмир равам ва ахли он диёрро ба ислом далолат кунам. Шояд, ки ба ислом мушарраф гарданд. Бинобар ин рузе чанд дар Хатлон маскан гузидаам" [1, с. 5-16]. Аз ин маълумот бармеояд, ки Алии Дамадонй каблтар аз гуфтахои Корбэн ба Кашмир сафар карда будааст. Яъне на дар соли 1380, балки пештар аз он.

Ба назари Султонзода М. солхои охири хаёти Шохи Дамадон (яъне Алии Дамадонй -С.С.) дар Кашмир гузаштааст. Вай мувофики гуфтаву навиштахои Чдъфари Бадахшй ва Дайдари Бадахшй соли 1384 азми бозгашт менамояд ва дар вакти сафар дар Пахклй бемор мешавад ва хамон чо вафот мекунад. Махалли вафоти уро Кабравсавод, Кобул, Макулоб, Похлй, Кунар, Мовароуннахр, Дазора, Кофиристон, Дамадон ва гайра гуфтаанд. Ба акидаи Султонзода М. Алии Дамадонй 6-уми мохи зулхиччаи соли 786 мутобики 19 январи соли 1384 хангоми сафар дар махалли Кабравсаводи Похлй (Пахклй)-и Покистон вафот кардааст ва часадашро мувофики васияташ шогирдону муридон ба Хатлон оварда дафн кардаанд.

Барои муътамадтар гардидани маълумотхои дар боло овардашуда аз "Нафахот-ул-унс"-и Абдурахмони Ч,омй оид ба Алии Дамадонй маълумоти зерро меорем: "Амир Саид Алй ибни Мухаммад ал-Дамадонй. ...Вайро дар улуми ахли ботин мусаннифоти машхур аст, чун китоби "Асрор-ун-нукта" ва "Шархи асмои Аллох" ва "Шархи "Фусус-ул-хикам" ва "Шархи касидаи" "Хамрияи форизия" ва гайри он. Вай муриди Шайх Шарафуддин Махмуд ибни Абдуллох ал-Муздаконй буд, аммо насаби тарикат пеши сохибуссир байнулактоб Такиуддин Алй Дустй кард. Ва чун Шайх Такиуддин Алй аз дунё бирафт, боз ручуи Шайх Шарафуддин Махмуд кард ва гуфт: Фармон чист? Вай таваччух кард ва гуфт: Фармон он аст, ки дар аксои билоди олам бигардй. Се навбат рубъи маскунро сайр кард ва сухбати хазору чахорсад валиро дарёфт ва чахорсадро дар

як мачлис даpёфт. Содиси зyлxиччаи санаи ситта ва самонин ва сабъамиа (шашуми зyлxиччаи соли 786) наздик ба вилояти Кибpyсавод фавт шуд ва аз он чо ба Хатлонаш накл каpданд" [3, с. 552].

Бояд кайд каpд, ки маълумоти аз чониби М.Султонзода оид ба соли фавти Алии Дамадонй додашуда, ба маълумоти Коpбэн ихтилоф доpад. М. Султонзода ба ин боваp аст, ки Алии Дамадонй 6-уми моxи зyлxиччаи соли 786 мутобики 19 янваpи соли 1384 xангоми сафаp даp маxалли Кабpавсаводи Похлии Покистон вафот каpдааст. Коpбэн бошад, соли вафоти мyтафаккиppо баpобаp ба соли 1385 медонад. Даp ин хусус маълyмотxои тасдикнамудаи ЮНЕСКО низ на соли 1384, балки баpобаp ба соли 1385 солшyмоpии милодй аст.

Коpбэн оид ба чанд нукта ва усули андешаи мyтафаккиp маълумот додааст. Ба акидаи шаpкщиноси фаpонсавй ин нyктаxо аз далоили илоxиёт (метафизика)-и як pисолаи "Накди хоб" маншаъ мегиpанд. Коpбэн таъкид менамояд, ки ин масъалаpо Фpитз Mейеp бештаp мавpиди омузиш каpоp додааст. Бинобаp акидаи y Алии Дамадонй даp pисолаи "Накди хоб" оид ба се шакли зyxypи xастй сухан меpонад: шакли мутлак, шакли мукобил, шакли нисбй. Шакли аввали xастй [аз назаpи Алии Дамадонй -С.С.] даp шинохти Коpбэн баpои инсон дастноpас ва xиснашаванда буда, тавассути ишоpаи номуайяне даp ояти кypъонии сypаи ^p (24/35) ва даp xамоxангй ба оламшиносй (космология)-и маздоясной ва моxияти худи Нyp мyкаppаp гаpдидааст. Шакли дуюм низ баpои инсон xиснашаванда аст, зеpо xастй даp он, самти мутакобили хyдpо мегиpад, яъне даpачаест, ки даp он нест мегаpдад. Ин даpачаи вучуди шайъй надоштан, Fайpи мавчуд будан, тавассути Зулмати мутлак муайян мегаpдад. Миёни ин ду шакл pyз ва pyшной каpоp гиpифтааст, ки даp он Нyp ва Зулмат якчоя шуда, вакте ки даpачаи кувваи дyтаpафаашон маxдyд гаpдид, аз он чизе падид меояд, ки баpои инсон дидаю xисшаванда аст. Шакли сеюм даp зyxypи сегонаи xастй, xастии нисбй ва шакли аёни Худованд аст [5, с. 414-415].

Аммо худи мyтафаккиp зyxypи xастиpо на даp се шакл, балки даp панч шакл нишон додааст. Мутобики таълимоти суфиёнаи Дамадонй баpои аз xолати Fайpидидоpй, номаxсyсй ба шакли моддй ва даppокй табдил гаштани xастии ягона вай бояд силсилаи маpотиби таназзyлpо тай намояд. Тавpе менависад: "Олами куллияи xазоpоти таназзулот панч аст: аввал Fайби мутлак, ки он олами аъёни собита аст. Баъд аз он олами чабаpyт ва дигаp олами малакут ва дигаp олами малак ва дигаp олами инсони комил" [2, с. 52].

Даp масъалаи офаpиниш Шоxи Дамадон масъалаи xастиpо аз нуктаи назаpи таълимоти ваxдати вучуд xал каpдааст. Myтафаккиp даp "Рисолаи вучудия" менависад: "Назди аxли кашфу шyxyд вучуди мутлак яке беш нест ва он вучудест, ки вучуди чамеи мавчудот бад-он xазpат мyнтаxо мешавад ва он xазpат мyнтаxои xама аст" [2, с. 50].

Султонзода М. таълимоти Дамадониpо оид ба xастй шаpx дода менависад, ки байни худованду олам ваxдати чавxаpй вучуд доpад, зеpо ба акидаи мyтафаккиp Fайpи xастии Худо дигаp чизе вучуд надоpад, ин олами моддй аксу сояи уянд. Азбаски xама чиз мутобики чаpаёни сyдyp аз y зоxиp мешавад, пас xама аз уст [1, с. 5-16]. Дамадонй даp "Рисолаи вучудия"-и худ менависад:

Эй он, ки xyдyсy кидамат уст xама, Саpмояи шодиву Fамат уст xама. Ту дида надоpй, ки ба худ даpнигаpй, Ваpна зи саpат то кадамат уст xама [2, с. 53].

Тавpе мебинем, андешаxои Алии Дамадонй бозгуи онанд, ки мyтафаккиp масъалаи xастиpо аз назаpи ваxдати вучуд xал намояд xам, вале ба таълимоти вай таъсиpи мактаби машшоия кам нест. Ба кавли Султонзода М. Алии Дамадонй олами моддиpо аксу сояи Худованд медонад, ки ин андеша бешак олами идеаxои Aфлотyнpо ба ёд меоpад. Аз ин нуктаи назаp xак ба чониби мyxаккик Султонзода М. аст, ки нигоштааст: "Даp ташаккули чаxонбинии Алии Дамадонй ва таpбияи y накши устодони зикpшyдааш хеле калон буда, саpчашмаи дигаpи FOявии ташаккули мафкypаи y таълимоти мyтафаккиpони номии таъpихи афкоpи фалсафии халкxои фоpсy точик ва аpаб амсоли Mансypи Даллоч, Ибни Apабй, Саной, Aттоp, Чдлолиддини Румй, Aбyxомид Fазолй ва аxли машшоия Абуалии Сино мебошанд" [1, с. 5-16].

Коpбэн даp асаpи худ "Инсони нyp даp тасаввуфи эpонй" Алии Дамадониpо суфии бyзypг номида, даp такя ба Фpитс Mейеp менависад, ки ба кавли Дамадонй Ш^к моxияти олами Fайб аст, яъне Шаpк олами фавкyлэxсосест, ки он чойгоxи ашхоси

Комил аст. Ин Шарк мохияти олами ноаёнест, ки сарчашмаи судур (эманатсия)-и хастй то ба гарби олами чисмхо тарики хашт дарача идома меёбад ва дар он кавкабхои Чабаруту Малакут карор доранд [6, с. 91].

Ба назари Корбэн, ки бештар ба Фритс Мейер такя менамояд, Дамадонй суфизмро дар хоки Динд таргиб намуда, андешааш он аст, ки инсон нусхаи Куръони бузург буда, Куръони бузург худ коинот аст. Ва ин Куръони кайхонй иборат аст: аз сурахо, оятхо, калимахо, харфхо, аломатхои талаффуз ва дорои чихатхои ошкор ва махфй аст. Дар як кисмати инсон, ки соф шуд, нусхаи берунии он ки ба у хамчинс аст,1 дар он акси худро меёбад, зеро ягон чиз наметавонад дида шавад, ба чуз тавассути мушобехи худ. Вакте, ки табиати ботинй соф шуд, нубуг ва кобилият зухур мекунад ва дар он хар чи ки дар олами макрокосмос мушобехи уст, пеши назар меояд [6, с. 106-107]. Ба хамин монанд нафс, калб, рух, фавк-уш-шуур то иксири пурасрор (иксир - нушокии муъчизанок -С.С.) макони ботиние, ки он чо аърози илохй фош мегарданд ва он гох гуфта мешавад: "Ман чашми уям, ман нигохи уям" [6, с. 106-107]. Аз ин гуфтахо маълум мегардад, ки таълимоти суфиёнаи Алии Дамадонй ба таълимоти дигар суфиёни пантеист сахт монанд буда, хусусан таълимоти Мансури Даллочро, ки "Анал Дак" мегуфт, ба хотир меорад.

Хулоса, Корбэн бо якчанд акидае, ки оид ба таълимоти Алии Дамадонй додааст, Алии Дамадониро ба доирахои илмии Фаронса шинос намуда, аз тарафи дигар тавонистааст як гушаи норавшани хаёт ва андешаи орифи маъруфи диёри мо Мир Сайид Алии Дамадониро равшан гардонад.

Адабиёт:

1. Султонзода М. Дикмати ирфонии Алии Дамадонй//Мир Сайид Алии Дамадонй. Шохи Дамадон. - Осори мунтахаб. -Ч,. 2. -Душанбе: Ирфон, 1995. - с. 5-16

2. Дамадонй Мир Сайид Алй. Шохи Дамадон. - Осори мунтахаб. Ч. 2. -Душанбе: Ирфон, 1995. - 238 с.

3. Чомй Мавлоно Нуриддин Абдуррахмон. Нафахот-ул-унс мин хазарот-ил-кудс. Тахиягарони матн, муаллифони мукаддима ва фехристхо: М. Окилова, Б. Мирсаидов. -Душанбе, 2013. - 865 с.

4. Conseil exécutif. 192 ex/32.inf. Paris, le 9 septembre 2013. Anglais et français seulement. Propositions relatives à la célébration des anniversaires auxquels l'UNESCO pourrait être associée en 2014-2015, et recours présentés par les états membres à ce sujet. http://unesdoc.unesco.org/images/0022/002229/222985F.pdf

5. Henry Corbin. Histoire de la philosophie islamique. -Paris: Gallimard, 1986. -p. 414-415

6. Henry Corbin. L'homme de lumière dans le soufisme iranien. -Paris: Editions Présence, 1971. -231 p.

МИР САЙИДА АЛИ ХАМАДАНИ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ АНРИ КОРБЭНА

В данной статье речь идет об исследованиях видного французского философа и востоковеда Анри Корбэна, о жизни и учении известного исламского мыслителя Мир Сайида Али Хамадани. Автор статьи в основном рассматривает некоторые идеи Хамадани о проблеме бытия и творения в исследованиях Анри Корбэна. Высказывается мнение о сходстве и отличии учения Хамадани с учениями других мыслителей и суфий. Определяется, что учение Хамадани было в центре внимания Анри Корбэна. Корбэн в своих двух книгах «История исламской философии» и «Человек света в иранском суфизме» рассматривает учение Хамадани. Следует констатировать, что учение Хамадани как и учения других суфиев является пантеистическим и такая идея придерживается Анри Корбэном.

Ключевые слова: Хамадани, Корбэн, философия, творение, пантеизм.

MIR SAYID ALI HAMADANI IN THE POINT OF VIEW OF HENRY CORBIN

In this article the matter is about researches of the prominent French philosopher and the orientalist Henry Corbin about the life and the doctrine of famous Islamic thinker Mir Sayid Ali Hamadani. The author of article considers some ideas of Hamadani about a problem of life and creation in Henry Corbin's researches. In the course of studying is shown similarity and difference Hamadani's doctrine with doctrines other thinkers and sufiys. It is defined that Hamadani's doctrine was in the centre of attention of Henry Corbin. Corbin in two books "History of Islamic Philosophy"

1 Яъне харчи дар кайхон аст, дар ботини инсон хаст (-С.С.)

199

and "Person of Light in the Iranian Sufism" considers Hamadani's doctrine. On the basis of facts is defined that Hamadani's doctrine as well as doctrines of others Sufis is pantheistical and Corbin supports such idea.

Keywords: Hamadani, Corbin, philosophy, creation, pantheism.

Сведения об авторе: Султонов Сокибой Аслонбойевич, кандидат философских наук, доцент кафедры философии, декан факультета романо-германских языков Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни, e-mail: sultonzoda83@mail.ru

АЬо^ author: Sultonov Sokiboy Aslonboyevich, PhD of philosophic sciences, docent of the department of philosophy, the dean of faculty of Roman and German languages, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

ТАБАЦАБАНДИИ МАВЗУИИ ДИКОЯТ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСИ

Турсунов F. А.

Донишкадаи давлатии забонхои Тоцикистон ба номи С. Улугзода

Дикоят чун истилохи адабй бори аввал дар «Тафсири Табарй» истифода шудааст. Вале гумон меравад, ки хикоят пеш аз он хам маъруф будааст. Агар даврони Оли Сомонро ба хотир биёрем, ба кавли баъзе адабиётшиносон кучаву бозорхои шахрхои калонтарини Осиёи Марказй аз ровиёну нокилони осор пур буданд. Онхо байни мардум ривоятхо ваъз мегуфтанд, барои тасдики суханхои гуфтаи хеш аз зиндагии анбиёву авлиё ва шохони маъруф наклхо меоварданд. Гумон меравад, ки бештар оид ба зиндагии пешвоёни дину мазхаб хикоят мекарданд. Ба адабиёти хаттй дохил шудани истилох шояд аз хамин чихат аст, ки ин истилох бори аввал тобиши мазхабй доштааст, чунки дар асархои пеш аз «Тафсири Табарй» навишташуда, масалан «Таърихи Табарй» ин истилох дида намешавад, харчанд «Таърихи Табарй» хам аз хикоятхо иборат аст.

Дар «Тафсири Табарй» хикоят барои таквияти ягон фикр оварда мешавад. Чунин тарзи тасвир баъдан дар китобхои дигар мавриди истифода карор гирифт ва як сабки нигориши хикоят ба миён омад.

Вале хикоят таърихи кадима дорад ва ба давраи пеш аз ислом мерасад. Феълан матнхои пахлавй ва сугдй нисбатан пурра нашр шудаанд ва кисме аз онхо бо забонхои дигар тарчума шудаанд, вале ин матнхо то имруз мавриди тадкик карор нагирифтаанд. Дол он ки дар адабиёти пахлавй ва сугдй хикоятнависй рушди баланде дошта будааст ва дар такомули хикоятнависии порсй таъсири муайяне гузоштааст.

Бертелс Е.Э. дар сарсухани «^обуснома» (Москва, 1958) кайд намудааст, ки дар давраи кадим, гузашта аз китобхои «Худойнома», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Рустаму Исфандиёр», «Бахроми Чубина», даххо асархои пахлавонй, монанди «Вис ва Ромин», «Рузбех», «Китоби Пайкор», «Дориюш ва бути тиллой», «Бахром ва Нарсй», «Мушкдона ва маликаи занон» бисёр кисса ва хикоятхои ахлокй, ишкй ва саргузаштй маълум будаанд.

Дар он даврахо ровигй хеле инкишоф ёфта будааст. Ровиён дар баробари осори динй хикояту кисса ва масалхои ачоиб накл менамудаанд. И.С. Брагинский нигоштааст, ки ин гуна хикоятхо дар бозор ва чойхои серодам накл карда мешуданд ва бо он хунармандон ва мардуми оддй хастагиро дур месохтанд [2, c. 213].

Бештари хикоят ва киссахое, ки дар инкишофи насри асрхои миёна накши бузург бозидаанд, осори тарчумавй мебошанд. Дар даврахои мулукуттавоиф ва Сосониён таъсири адабиёти Динд бештар хис карда мешавад. Осори тарчумавии хиндй ба гуруххои буддой ва адабиёти бадей чудо мешаванд. Осори динии буддой, ба кавле чатакахо, ба хусусиятхои шаклии худ ба адабиёти шифохй таъсир кардааст. Чдтакахо, ки аз саргузаштхои хаёлии Буддо иборат буданд, барои ривоят кардан ё хикоят гуфтан мувофик буданд ва чанде аз онхо ба забонхои мардуми Мовароуннахр тарчума шуда буданд. Масалан, «Весантра чатака».

Агар илова намоем, ки хикоятхое ба мисли «Дазор афсона», «Худойнома», «Синдбоднома» ва амсоли инхо, ки аз пахлавй ба арабй ва баъдан аз арабй ба дарй тарчума шуда буданд, накши боризе дар инкишофи хикоятхои дарй бозидаанд, хато нахохем кард.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.