Научная статья на тему 'МАТЕРИАЛЬНОЕ И БЫТОВОЕ ПРЕДПРИЯТИЕ ВОЕННЫХ УСЛУГ В БУХАРСКОМ ЭМИРАТЕ'

МАТЕРИАЛЬНОЕ И БЫТОВОЕ ПРЕДПРИЯТИЕ ВОЕННЫХ УСЛУГ В БУХАРСКОМ ЭМИРАТЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
35
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОЛДАТЫ / КАЗАРМЫ / ВОИНСКИЕ ЧАСТИ / ВОИНСКИЕ УСТАВЫ / СУББОТНИКИ / ВОИНСКИЕ ОКЛАДЫ / БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Султонзода Бехзод Султони

В статье исследуется материальная и социальная жизнь военных Бухарского эмирата в конце XIX - начале XX веков, информация о которой получена из архивов Бухарского эмира.В этом контексте отражается положение армии, военное положение солдат, форма командиров, формирование новых воинских частей, выплата заработной платы и расходы воинских частей Бухарского эмирата.Также проанализирован уровень реализации воинской дисциплины, тактики и военной стратегии воинов в период правления мангитских эмиров.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MATERIAL AND LIVING SUPPLIES OF MILITARY SERVICES IN BUKHARA EMIRATE

The article examines the material and social life of the military of the Emirate of Bukhara in the late XIX - early XX centuries, information about which is obtained from the archives of the Emir of Bukhara. In this context, the situation of the army, the military status of soldiers, the form of commanders, the formation of new military units, the payment of salaries and expenses of military units of the Emirate of Bukhara is reflected. The level of implementation of military discipline, tactics and military strategy of soldiers during the reign of the Mangit emirs is also analyzed.

Текст научной работы на тему «МАТЕРИАЛЬНОЕ И БЫТОВОЕ ПРЕДПРИЯТИЕ ВОЕННЫХ УСЛУГ В БУХАРСКОМ ЭМИРАТЕ»

this process. Support for the authorities and consistent goals by the masses in this redistribution is implemented by long-term plans and a good management system on the part of states.

The media, in turn, are used in a specific way to realize the interests of certain specific groups, and bring the desired results to the interested forces.

Today the dissemination of information in the politics of states is one of the main aspects of political activity. The attack on the thoughts and public opinion of the world community through information is considered the first plan of information warfare, and as you know, this is a very broad and long-term process that requires extensive and comprehensive analysis.

Key words: mass media, public opinion, influence, formation of opinions, information wars, powers, interests, Internet, radio, television.

Сведения об авторе:

Мавлонов Хуршед Давлаталиевич - докторант Ph.D кафедры телевидение и радиовещание факультета журналистики Таджикского национального университета. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки 17. E-mail: hurshed.0001@mail.ru. Телефон: (+992) 988687608

About the author:

Mavlonov Khurshed Davlatalievich - Tajik National University, Doctoral PhD. of Chair of Journalism. Address: 7340 25, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave. 17. E-mail: hurshed.0001@mail.ruPhone: (+992) 988687608

ТАЪМИНОТИ МОДДЙ ВА МАИШИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ^АРБЙ

дАр аморати бухоро

Султонзода Б. С.

Академиям Вазорати кор^ои дохилии Цум^урии Тоцикистон

Таъминоти моддй ва маишии хизматчиёни харбй дар аморати Бухоро дар замони хукмронии мангишён яке аз муаммохои умдатарини таърихи аморат буда, ин муаммои мавриди бахс аз тарафи олимон чиддан тахкик карда нашудааст.

Дар давраи тобеияти аморати Бухоро ба Россияи подшохй як кушиши ташкили лашкари ба ном «аврупой» шуда буд, ки бештар ба як таклиди сода монанд буду бас. Казармахои ба таври нав ташкил шуда хам, расман ба «аврупой» монанд буданд.

Дастаи нави низомии Бухоро «Терский» дар казармахои Кармина ва дар гузари Чорбоги шахри Бухоро [2, с. 9], казакхои савора дар Х,авзи Мирдустум, Мазори Чашмаи Аюб, гузари Кофиробод [9, с.37], гурухи Шефский дар Ситораи Мохи Хоса [9, с.37] чойгир шуда буданд.

Таъминоти моддй ва маишии хизматчиёни харбй дар аморати Бухоро дар маълумотх,ои бойгонй хам акси худро ёфтааст, ки хулосаи бархе аз олимонро тасди; мекунад:

Гарчанд лашкари Бухоро шакли урупой дошт, машк ва харакатх,ои он ба даврахои асри миёна монанд буд. Машки дастахои харбй ба хамдигар монанд буданд. Сарбозони шанбегй рузхои шанбе, якшанбе ва душанбе; сарбозони сешанбегй рузхои сешанбе, чоршанбе, панчшанбе; Дастахои Терский, Шефский, ва казакхои савора чахор рузи хафта дар машкгох машк мекарданд. Дастаи сархадбонон - элнавкарон бо яроку аслихаи махаллй мусаллах буда, дар бораи машки онхо маълумоте дар даст нест.

Дар бораи вазъи кушун ва полати харбии сарбозони Бухоро аз бойгонихо, ахбороти А.Фитрат, С. Айнй ва дигар муаллифон маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Таъкид намудан лозим аст, ки машкхои ба ном харбй факат дар рузхои обу хавояш мусоид гузаронида мешуд. Рузхои сард ва боронй, хамчунин дарфасли зимистон машкхо гузаронида намешуд [2, с.5].

Барои сарбозони шанбегй дар дохили шахр, охири асри XIX казармахо бино шуда буд. Дар вактхои берун аз хизмат онхо ба корхои хочагии худ машгул буданд. Сарбозони сешанбегй бошад сарбозхона надоштанд ва аз хонахои худ ё туманно ба хизмат хозир шуда, дар саройхо ичора менишастанд ва ба омодагй ва холати туфангу аслихахояшон худашон масъул буданд. Сарбозони сешанбегй дар мавридхои холй аз машк ба «бекорй « , яъне ба умури бемуздй ба ном «подшохй» ё хизмати саркору юзбошиён чалб карда мешуданд. Баъди машк ва адои хизмати «бекорй» ба

capaнчoми маишии xyд ва кopxoи xo4arn мaшFyл шyдa, аз сабаби шхиби кacбy кop нaбyдaн бештар мардишрй хам мекарданд [1, с. 239].

Чи тавре, ки манбаъ иттилooт медихад ин тoифaи capбoзoн хатто дар ^бр^тон^ ба сифати xизмaткop aдoи xизмaт карда, музди шчизе мегирифтанд:» 20 нафар Fyлoмoнaшoн дар мaзopи фoиз aл-aнвop ба xизмaт мyaззaфaнд. 16 нафар дар кopиxoнaи мaзop, 2 нафар дар rnppocxora (фappoшxoнa), 1 нафар миpзoбoшии мaктaбдop, 1 нафар фappoш. Бapoи 16 нафар хар мox 7 танга, бapoи 2 нaфapaшoн 10 танга, бapoи мaктaбдop 7 танга, бapoи фappoш 5 танга мaoш, хамагй дар як coл 1898 танга аз xaзинaи хазрати oлй дoдa мешавад. Сана 1898» [2, с.1].

Сapбoзoни мaзкyp шoяд дар вакт^и беpyн аз xизмaт ба ин rapxo чалб шyдa бoшaнд [2, с. 2].

Hn-Hnoora^ дастрас нишoнгapи oнaнд, ки мaoши харбиён ва capбoзoни [capбoзy acкapoни каторй, албатта] Бyxopo xеле кам бyдaacт. Масалан, тo давраи xyкyмaтдopии Олимxoн бapoи capбoз 14 танга, аз шли 1912 cap карда 20 танга (се ру6л) мoxoнa мaoш медoдaaнд. Хypoк ва capy либoc дoдa нaмешyд. Capy либocи низoмй аз хишби хамин мaoш ба capбoзoн дoдa мешyд. Таъмири тyфaнг ва дигар acnnxapo хам capбoзoн аз хишби xyд бoяд мекарданд.

Capбoзи шанбегй факат хини пocбoнй дар казарма (capбoзxoнa) дар катори дах нафар capбoз аз табаки шавлаи гандумин xypoк меxypд.

Даотая^ низoмии Кавказиён хамчунин, capбoзoни Терски, Шефски, caвopoни казак аз ин ^ида^ иcгиcнo бyдa, 6o capy либoc ва xypoк аз хишби xaзинa таъмин карда мешyдaнд [1, с. 239].

Дoдaни мaoши мyнтaзaм бapoи низoмиён аз давраи xyкyмaтдopии амир Наср^лтох 0F03 шyдa 6уд. Даставвал мaoш ба тарзи нaтypaлй дoдa мешyд. Ин сарфи мaoш аз хишби aндoзxoи тyмaнxoи Занданй ва Киштй амалй мешуд ва бapoи aмaлдopoни харбй хам дар ин тyмaнxo замин чyдo карда шуда буд [8, с. 214].

Capбoзoни oддй дар махалли зиcтaшoн Faйp аз xизмaти аскарй (дар мавриди берун аз xизмaт) ба гари дех^нй хам мaшFyл буданд.

Дар aмopaти Бyxopo тo coли 1856 харбиён чунин мoxoнa дoштaнд: capбoзи oдди 20 танга (4 рубли нукра), дaxбoшй 1,5 тиллo, юзбoшй 6 тиллo (24 рубли нукра), кapoвyлбекй 4,5 тиллo (18 рубли нукра), пaнчoxбoшй 85 танга (17 рубли нукра), пaнчoxбoшии xypд 50 танга (10 рубли нукра) [8,214].

Тyпчибoшй Шoxpyxxoн нoм шакс coлoнa 2000 тиллo мaoш гирифта аз замине, ки дар тумани Бустон дoштaacт 700 тиллo, аз 20 oc^6 ва замини дар ин туман ба ^opa дoдaaш бoз мoxoнa 34 тиллo мегирифтааст. Coлoнa дapoмaди y 12000 pyблpo (1 талшэ дар ин вакт ба 4 рубли Pocc™ бapoбap буд - Б.С.) ташкил кардааст. Зиёда аз ин, аз xaзинaи aмopaт y capy либoc ва бapoи acпxoяш xypoкa гирифтааст. Маълум мешавад, ки дapoмaди coлoнaи тyпчибoшй ба мaoши coлoнaи 250 capбoз бapoбap будааст [2, с. 7].

Дар давраи харакат^и харбй (acocaн дар давраи амир Нacpyллox, ки лaшкapкaшиxoи зиёде карда буд) бapoи capбoзoн «xизмaтoнaи pyзoнa» (рузпулй) дoдa мешуд. Бoз хар рузи чумъа oши пaшoв, дигар pyзxo мoшoбa, бapoи хар як capбoз як дoнa oби нoн дoдa мешуд [2, с.7]. Ба oилaи capбoзи xaшoкшyдa баъзе имгиёзxo ва мадади мoддй рашнида мешуд.

А. Тpoицкaя дар мавриди харакат^и харбй мaблaFи ба capбoзoн дoдa мешyдaгиpo муайян кардааст. Тибки xyлocaи y аз xaзинaи aмopaт бapoи capбoз ва тупчиёни oддй бapoи хар се руз 1 танга, бapoи дaxбoшй бapoи ду руз 1 танга, пaнчoxбoшии xypд pyзoнa 1 танга, пaнчoxбoшии кaшoн pyзoнa 1,5 танга, кapoвyлбегй 2 танга, юзбoшй 4 танга, мусикичиёни харбй (яъне бoлoи бoмчиён, бoлoбoмчиён) дар се руз 1 танга мaoши «рузпулй» дoдa мешудааст [8, с.215].

Бapoи xизмaтчиёни харбй, мaxcycaн бapoи capбoзoни oддй ва миёна мaoш дар сари вакт дoдa намешуд [4, с.39]. Дар аксар руйкард мaoшpo баъд аз му^р^а^ медoдaнд. Дар ин маврид мaoши capбoзoни xaшoк шуда насиби да^^ш^н, пaнчoxбoши ё юзбoшй мешуд. Дар мавриди юришхда харбй мoлy мулки мардуми oддй хам ба тaшoш мерафт. Бapoи Faнимaтxoи харбй аз хишби мoли мардум миёни capбoзoн ва aфcapoн зaдyxypдxoи сангин ба вучуд меoмaд [8, с.217].

Capбoзoн бoлoпyш (кypткa)-xoи якгиpебoнaи cypx, 6o гиpебoни сиёх (калтачаи сафеди гиpебoни cypxpaнг дoштa низ буданд), шapвopи сафед (ё зард аз пусти гусфанд), телпaкxoи пусти гycфaндxoи кapoкyлй дoштaнд.

Тупчиён кафтанхои кабуд бо петлитсахои сурх, аз соли 1880 бошад курткахои сиёх мепушиданд.

Либоси дасгаи чилав аз кафтанной дарози сурх ва телпакхои пусти сугур иборат буд. Дастаи эрониён кафтанхои сабзпушида, миёнбанди чармин ва шоф доштанд. Мусикачиён низ чакманхои сабз дарбар доштанд.

Г.А. Арандаренко сару либоси таркиби фармондехонро хеле гуногунтар нишон медихад. Тибки ахбори у «сарбози катории нав ба хизмат чалбшуда дониши харбиро мустакилона дар давоми се мох, шрифта, бо сару либоси хонагии худ мегашт; дахбошй, ки аз миёни сарбозони каторй таъин мешуд бо курткаи сурхй дар пасаш, китф ва сари синааш хатхои бо риштаи сафед духта мепушид; фармондехони дастаи пешсаф - аламдорон кафтанхои дарози сафед пушида, танхо шоф доранд. Вакти кадамзанй бо шоф онхо хар хел харакатхо нишон дода, дар як саф пеш-пеши дастаи худ равон мешуданд. Ясавулон пеш-пеши даста дар халатхои оддии худ, бо чубдасти дароз ва борики худ рох мегаштанд.

Карнайчй бо камзули кабуди худ, дар китф эполетхои обер-офитсери русро дорад; мусикачиён бошанд дар каноти чапи баталён чой гирифта аз матои кабуд кафтан доранд, телпакхои гушахояш пасти аз пусти гусфанд бударо дар сар карда буданд. Командирони даста дар мавриди назорати даста дар саф, дар мавриди кабулхо дар пеши даста чавлон зада, дар бар кафтанхои якгиребонаи хокистарй, сиёх, чигарй, бо эполетхои штабс-офитсерии рус, бештар бо эполетхои докторй, бо телпакхои хошиябаланди аз пусти гусфанд духташуда, дар шарвархои чармии аз болои пойафзол фаровардашуда ва бо телпакхои аз тарафи худи амир хадяшуда меистоданд.

Командирони баталён дар маврид машк бояд дар либоси бахмалии ранги равшандоштаи остин ва сари синааш зардузй, бе эполетхо, бо шарвори мохутини фаровардашуда, бо телпаки бараш паст ва шофи дар камарбанд овезон; ва нихоят худи тупчибошй, фармондехи тамоми пиёда ва артиллерия бо камзоли зарбофти аз ду тарафи сина шаштои тугмадошта, ду катор ситорахои генаралй, бо эполетхои генералии сохти Бухоро, ки хар сол бо сарулибоси зардузй ва камари тиллой аз тарафи худи амир хадя мегардад истодааст.

Тамоми ин намуди сару либос, аз сарбозон сар карда то худи фармондехи олй баъди мухорибаи Эрчар (1868) чорй шуда, соли 1880 ба нишонахои командирони рота (даста) боз ду ситораи нукрагини генералй, на хамчун рамзи хизматй, балки кадом як чизи номафхум аз тарафи амир чорй карда шуд» [3, с.555].

Баъд аз истилои рус маоши харбиён дар Бухоро ончунон баланд набудааст. Мувофики иттилооти Г. Арандаренко соли 1880 дастаи мусикичиён (болобомчиён) мохе 20 танга, дар вакти юриши харбй рузе 1 танга, солона барои либоси харби 7 рубл мегирифтанд [3, с.556]. Дар давраи тобеият ба Россия кушуни Бухоро бештар зидди баромадхои халкй мубориза мебурд. Чунин баромадхо солхои 1870 - 1874 дар Балчувон, соли 1871 дар Гузор ва ^аршй, соли 1885 дар Кулоб, солхои 1885 - 1886 дар Шеробод, соли 1886 дар Х,исор ва Дехнав, соли 1898 дар Нурота ва дигар худудхо шуда буд. Дар ин холатхо ба харбиён маоши «рузпулй» дода мешуд.

Дар мавриди пахш кардани баромадхои халкй барои сарбоз, мусикичй, тупчй чун мукофот 20 танга (4 рубл), ба харбиёни миёна 8-20 рубл, чехраогосй 60 рубл, каровулбегй 80 рубл, туксабо 100 рубл, удайчй 40 рубл дода мешуд [3, с.357]. Сарбозе, ки аз сабаби нарасидани маркаб бо асп ё шутури худ ба хизмат хозир мешуд барои хар 8 фарсах рохи паймудааш 20 тин мегирифт [8, с. 212217].

Мувофики иттилоотхои дастрас дар хар кадом 27 бекигарии аморат дастахои низомии «элнавкарон» мавчуд буда, шумораи сарбозони хар як даста ба 150 нафар мерасид. Дар замони амир Насруллох барои сарбози оддй ва барои хар кадом 21 нафари сохибунвон 60-100 тангагй маош ва замини «танхо» , хамчунин осиёбхо ва чуйхои обёрй чун маош дода мешуд [2, с.14].

Дар давраи хукуматдории амир Олимхон дастахои нави низомии араббачагон, шербачагон ва дастаи афшнхо ташкил шуда, онхо хам мохе 35 танга, дар арафаи иди бурбон ва ид ал-фитр 20 тангагй «худой пулй» мегирифтанд. Ба онхо хурок, ярок ва аслиха, сару либос ва харочоти сарбозхона дода мешуд [2, с. 8].

Солхои 1918 - 1920 маоши рузона барои харбиён дар остонаи хавфи хучуми хукумати шуравии Туркистон ба аморат аз тарафи амир Олимхон аз сари нав чорй мегардад [2, с.19].

Чи тавре, ки дар боло зикр шуд хини додани маош ва хаки хизмат ба хатогихо ва фиреб рох медоданд. Macaлaн, барои сарбозони халок шуда, фавтида ё фироркарда хам (то хабардор шудан аз онхо) аз хазина маош дода мешyд. Х,амчунин, сарбозони нав ба хизмат чалб шyдa мyддaти мадид бе маош мемонданд. Дар мавриди аз назар гузаронидан ё тафтиш руйкардхои зидди конунй фош мегардид [2, с. 6; 2, с.8] .

Изофа бар ин, сарфу харочоти базму зиёфатхо, тантанаи муборакбодй барои гирифтани амал, унвон ва мансабхои харбй асосан аз хисоби худи сарбозон мешудааст. Руйхати ин харч ба хукумат расонида шавад хам, одатан дар ивази он чизе пурсида намешуд:

«Арзадошти Панчохбек чехрaoFa: - Myхaммaд Ёкуб мирохур бо мархамати чанобашон ба ин Fyлoмoн саркарда шуданд. Барои муборакбодй мирохур, туксабо ва саркардахо омада ширини ва нон хурда рафтанд. Ба онхо: каллаканд, барои эшикoFaбoшй канди кoFaзкaбyд ва навот, ба туксабоён ва мирохурон хам канди кoFaзкaбyд дода шуд. Барояшон яктогй чомаи шохй, салла ва кулох аз давлати Шумо дода, дар хаки чанобашон дуо гирифта шуд, сана 1914 [2, с. 14].

Дар вилоятх,ои дури аморат дар вакти ошубхои халкй маоши сарбозон бо иловаи «рузпулй» ба 35 - 45 танга мерасид. [2, с.57].

Бо чунин мазмун хуччатх,о нисбати хизматчиёни харбии дар ^аршй, Бойсун, Шеробод чойгир шуда хам, дар бойгонй дучор меоянд.

Дар бойгонии ^ушбегии амири Бухоро барои харчи як хафтаинаи 200 нафар сарбозони дастаи харбии Терский руйхати хурокворихо оварда мешавад. Ин маълумотхоро дар зер меоварем: Сарфу харчи 7 руза аз рузи шанбе то рузи чумъа:

Шанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк (чоряк-як чоряк чор нима ё ба 5 фунт баробар буд) орд - 8 танга, 7 чоряк биринч - 10,5 танга, 7 чоряк гушт - 11 танга, хезум - 4,5 танга, чамъ: 93 танга.

Якшанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк орд - 8 танга, 7 чоряк биринч - 10,5 танга, 7 чоряк гушт - 12 танга, шaлFaм - 4,5 танга, чамъ: 94 танга.

Душанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк орд - 8,5 танга, 7 чоряк биринч - 10,5 танга, 7 чоряк гушт - 13 танга, хезум - 4,5 танга, чамъ: 94 танга

Сешанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк орд - 8,5 танга, 7 чоряк биринч - 10,5 танга, 7 чоряк гушт - 13,5 танга, хезум - 4,5 танга, чамъ: 96 танга

Чоршанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк орд - 8,5 танга, 7 чоряк биринч -10,5 танга, 7 чоряк гушт - 13,5 танга, хезум - 4 танга, чамъ: 95,5 танга

Панчшанбе: нон - 46 танга, 3,5 ман мош - 13 танга, 7 чоряк орд - 8,5 танга, 7 чоряк биринч -10,5 танга, 7 чоряк гушт - 13,5 танга, хезум - 4 танга, чамъ: 95,5 танга

Чумъа: биринч - 60 танга, 17,5 чоряк гушт - 36,6 танга, 5,5 чоряк рaвFaн - 47 танга, нон - 46 танга, зира 8,5 танга, хезум - 4 танга, чамъ: 202 танга. Х,амагй дар як хафта 771 танга [10, с. 162-163].

Аз ахбори дар боло зикргардида маълум мешавад, ки дар аввали асри ХХ дар Бухоро таъминоти харбии сарбозон ба як тартиб даромада будааст. Хуроки сарбозон аз хисоби мева ва сабзавоту ширинихое, ки аз ду тумани дар боло зикр шуда ба ивази андозхо гирифта мешуд таъмин мегашт. Номгуи ин мевачоту сабзавот дар ин руйхат набошад хам, онхо ба сарбозони пойтахт расонида мешудааст. Дар ин бора иттилооти дигари бойгонии кушбегии амири Бухоро далолат мекунад [2, с.350].

Хуччатхои хеле зиёд перомуни сарфу харочотхои кисмхои харбии аморати Бухоро дар солхои 1282 - 1337 хичрй (мил. 1865 - 1918) дар бойгонии марказии РУз махфуз аст. Ин маълумотхо доир ба таъминоти модии лашкари аморат хеле равшан ва комил аст.

Maълyмaги ин мачмуа нишон дод, ки солхои 1865 - 1880 пардохти маоши харбиён ба таъхир афтодааст (ин холат солхои 1905 - 1907, 1914 - 1917 хам такрор ёфтааст), солхои 1880- 1905, 1908 -1914 бошад маоши харбиёни Бухоро дар вакташ дода шудааст. Ин холат нишонгари онанд, ки парохти маош аз вазъи сиёсй ва иктисодии на факат аморат, балки вазъи сиёсии Россия хам иртибот доштааст.

Mаcалан, аз як хуччати аз соли 1882, мохи шаъбон буда, маълум шуд, ки барои 4525 нафар сарбоз 22,5 тангагй маош дода шудааст [2, с.14].

Бар замми ин, маълумоти бойгонй нишон медихад, ки теъдоди гуруххо ва дастахои харбй як хел набуда, он ба тартиб оварда нашудааст. Х,оло он, ки унвони харбии бештари саркардахо туксабо буда, сарбозони зери амри онхо аз 75 нафар то 648 нафар будааст.

Баъди ду инк;илоби соли 1917 дар Россия ба амал омада, аморати Бухоро чун давлати мустакил барои мустахкам кардани кудрати харбиаш хеле саъю харакат ва маблащои зиёдеро ба харч дод. Амир ва хукумати у барои амнияти мардуми аморат хам кушид, ки муваффакиятеро ба даст оварад, аммо ношудии амир ва амалдорони у, хоинии чавонбухороиён ва дахолати хукумати шуравй ва болшевикон, дер мондан аз чараёнхои такдирпазири таърихй, сиёсй ва иктисодй, тартиботи демократй, аз хама асосиаш аз ислохотхои харбй такдири аморатро халлу фасл карда буд. Болосохти заиф ва номувофи; бунёди кадимй ва асримиёнагй, ороста бо тааассуб ва хурофотро химоя карда наметавонист. Сарфу харочоти рузафзуни харбй вазнин ва зиёд шудани андозу гирифтанихои гайриконуниро хам афзуда, сабаби боло рафтани норозигии мардум гашта буд.

Х,амин тарик, аз гуфтахои боло ба чунин ба хулоса омадан мумкин аст, ки харбиён дар аморати Бухоро асосан барои таъмин кардани эхтиёчоти моддии худ ба хизмати аскарй медаромадаанд. Х,исси ватанпарварй, садокат ва химояи ватан барои онхо бегона буда аз тарафи амалдорони харбй барои баланд бурдани махорати касбии харбй ва хисси ватанпарварй ташвикот ва таргибот бурда намешуд.

Тартиб ва танзими низомй, тактика ва стратегияи харбй мавчуд набуд (баъзан ичозати амалиёти як хафта дар пеш истода хам, аз кушбегй бо ариза пурсида мешуд) ва машкхои харбй ба тарзи бояду шояд ва хеле содда амалй мегашт. Маоши харбиён хам мунтазам ва аз руи тартиб набуд васарбозон чун кувваи арзони корй истифода бурда мешуд.

Баъд аз истикрори протекторати Россия бар аморати Бухоро кушун асосан барои пахш кардани баромадхои халкй истифода мешуд.

АДАБИЁТ

1. Айнй С. Дохунда. - Душанбе: Ирфон, 1984. - 432 с.

2. БМД РУз. Фонди И-126, И-2, И-3 руйхат 1, делои 1566, вараки 14.

3. Арандаренко Г. Досуги в Туркестане. - СПб.: тип. М.М. Стасюлевича, 1889. - С.361-364.

4. Лыко М. Очерк военных действий 1868 года в Зерявшанской долине // Военный сборник, 1871 № 5-8. - С.38.

5. Масальский В. Бухара. // Энциклопедический словарь. Т^. - Спб., 1891.- С. 106.

6. Матвеев. Поездка по Бухарским и Афганским владениям в 1877 г. - СПб., 1883.- С. 40.

7. Стремоухов Н. Поездка в Бухару//Русский вестник, Т. VI, 1875.- С.650.

8. Троицкая А. Л. Военное дело в Бухаре в первой половине XIX века.(по материалам Государственной Публичной Библиотеки им. Е. М. Салтыкова - Щедрина) // Труды АН Тадж. ССР. Т. 17 Душанбе, 1953.- С. 214.

9. Фитрат А. Давраи хукмронии Амир Олимхон.- Душанбе, 1991; - 63 с.

10.Шукриллаев Ю. Бухоро амирлигида кушин ва харбий иш [1756-1920]. - Тошкент, 2006. -170 с.

МАТЕРИАЛЬНОЕ И БЫТОВОЕ ПРЕДПРИЯТИЕ ВОЕННЫХ УСЛУГ В

БУХАРСКОМ ЭМИРАТЕ

В статье исследуется материальная и социальная жизнь военных Бухарского эмирата в конце XIX - начале XX веков, информация о которой получена из архивов Бухарского эмира.

В этом контексте отражается положение армии, военное положение солдат, форма командиров, формирование новых воинских частей, выплата заработной платы и расходы воинских частей Бухарского эмирата.

Также проанализирован уровень реализации воинской дисциплины, тактики и военной стратегии воинов в период правления мангитских эмиров.

Ключевые слова: Солдаты, казармы, воинские части, воинские уставы, субботники, воинские оклады, Бухарский эмират.

MATERIAL AND LIVING SUPPLIES OF MILITARY SERVICES IN BUKHARA EMIRATE

The article examines the material and social life of the military of the Emirate of Bukhara in the late XIX - early XX centuries, information about which is obtainedfrom the archives of the Emir of Bukhara.

In this context, the situation of the army, the military status of soldiers, the form of commanders, the formation of new military units, the payment of salaries and expenses of military units of the Emirate of Bukhara is reflected.

The level of implementation of military discipline, tactics and military strategy of soldiers during the reign of the Mangit emirs is also analyzed.

Keywords: Soldiers, barracks, military units, military rules, Saturday soldiers, military salaries, Bukhara emirate.

Сведения об автора:

Султонзода Бехзод Султони — старший преподаватель-методист факультета №4 Академии МВД Республики Таджикистан, капитан милитсии

About the author:

Sultonzoda Behzod Sultoni - senior teacher-methodologist of the faculty No. 4 Of the Academy of the Ministry of internal Affairs of the Republic of Tajikistan, captain of the militia

ИНЪИКОСИ РУСУМИ ДАВЛАТДОРИИ СОСОНИЁН ДАР «НАСИХАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУ^АММАД ГАЗОЛЙ

Бурхонов С.С

Донишгощ давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров

Халкхои эронизабони ахди кадим дорои хонадонхои хукуматгир ва давлатхое буданд, ки бе муболига аз кудратмандтарин императорихои даврони хеш ба хисоб рафта, то андозае ба раванди таърихи башарият таъсир расонидаанд. Аз кабили чунин сулолахо ва давлатхои пуриктидор Пешдодиён, Каёниён, Х,ахоманишиён, Ашкониён ва Сосониёнро номбар кардан мумкин аст.

Дар радифи давлатхои номбурда императории Сосонй мавкеи хоссаеро дорост. Зеро хонадони Сосонй дар тули наздик 430 сол дар каламрави хело фарох хукмронй карда, бо абаркудратхои замона аз кабили императорихои Риму Византия, Х,айтолиёну ^ушониён, Х,оконатхои Турку Хазар гохе бо мадорову гохе бо шамшер якчоя кисмати аз лихози тамаддун пешрафтаи чахонро идора менамуд.

Пас сабабхои чунин дуру дароз ва бомуваффакона хукмронии Сосониён дар чист? Чй гуна эшон тавонистанд, ки зиёда аз чахор аср яке аз куввахои кутбнамои замони хеш бокй бимонанд?

Ч,авобро ба ин саволхо то андозае дар осори пахлавй, ки он бешакк таргибкунандаи сиёсати пешгирифтаи подшохони Сосонй ва таъриху фарханги халкхои эронитабор мебошад, таърихномахои муаллифони румй, сурёнй ва армании хамон замон пайдо кардан мумкин аст.

Оид ба хукмронии Сосониён аз рисолахои таърихию адабии курунивустоии арабу форс низ метавон маълумоти фарвон ба даст овард. Дар ин чода андарзномахо, ки дар хамон замон хеле маъмул гардида буданд истисно нестанд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Аз зумраи онхо рисолаи Имом Абухомид Мухммад ал-Газолй «Насихат-ул-мулук»-ро ном бурдан мумкин аст. Мухаммади Газолй дар замони нашъунамо ва ибтидои таназзули давлати абаркудрати Салчукиён зиндагй карда, аз вазъи давлату русуми давлатдории салчукиён ва ахволи мардум ба хубй огахй дошт. Бар замми он Газолй сазовори лакабхои ифтихории «Зайну-д-дин» ва «ХХуччат-ул-ислом» гардида, дар назди хокимони салчуки низ сазовори обруи этибор гардида буд. Макому мартабаи у то дарачае расида буд, ки беибо ба подшохон андарз мегуфт, то онхоро ба рохи рост равона созаду ба василаи хукмронии боадолатонаи онхо ахволи мардумро бехтар гардонад. Чун ахли ин хонавода ба монанди баъзе аз дигар сулолахои туркзабони замона дорои аслу насаби шохй набуданд ва намегавонисганд такя ба тачрибаи мулкдории ачдоди хеш бикунанд, лочарам Газолй дар «Насихат-ул-мулук»-у дигар рисолахояш ва хомии у Низомулмулк дар «Сиёсатнома» аз хаёти хулафои араб, хоссатан хулафои рошиддин мисолхо овардаанду давлатдории хонадонхои тоисломй ва мусалмони эронитабор, асосан Сосониён ва Сомониёнро намунаи ибрат арзёбй намудаанд.

Дар «Насихат-ул-мулук», ки ба султон Мухаммад бни Маликшохи салчукй фиристода шудааст, дар катори масъалахои гуногуни ахлокию сиёсй назари Газолй ба мухимтарин рукнхои давлатдорй, хоссатан давлатдории Соониён баён карда шудаанд. Аз ин нуктаи назар карор додем, ки ахбори «Насихат-ул-мулук»-ро оид ба русуми давлатдории хонадони Сосониён мавриди мухокима карор

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.