Научная статья на тему 'МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ 20УМИ АСРИ ХХ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ УМУМ'

МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ 20УМИ АСРИ ХХ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ УМУМ Текст научной статьи по специальности «Прочие гуманитарные науки»

CC BY
373
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
средства массовой информации / периодическая печать / таджикская газета / формирование общественного мнения / Центральная Азия / образование / культурная революция.

Аннотация научной статьи по прочим гуманитарным наукам, автор научной работы — Хайрзода Рамазон Ашуралӣ, Сангинов Мусо Маҳмадович, Мирзомуродов Саидумар Баротович

В данной статье авторы уделил внимание журналистике, которая является одним из основных средств реализации основных идей и играет важную роль в решении насущных проблем общества. Это связано с тем, что средства массовой информации были и остаются центральным звеном организации и преобразования любых социальных и политических изменений. Таковыми они были и в истории становления Таджикистана. В средине 20-х – начале 30-х годов, после образования автономии, а затем и Таджикской ССР, первоочередной задачей партийно-государственного руководства страны было осуществление культурной революции, охватившей культурную революцию. Таджикская журналистика, находившаяся на этапе своего становления, находилась в эпицентре этой культурной революции и мобилизовала всю свою энергию, чтобы сыграть решающую роль в отражении всех изменений страны на данном этапе ее развития.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ 20УМИ АСРИ ХХ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ УМУМ»

ЖУРНАЛИСТИКА

МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОЧ.ИК ДАР СОЛХОИ 20- УМИ АСРИ ХХ ВА НАЦШИ ОН

ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ УМУМ

ХАЙРЗОДА РАМАЗОН АШУРАЛЙ

Бохтарский государственный университет им. Носира Хусрава, Республика Таджикистан, ассистент кафедры журналистики.

САНГИНОВ МУСО МАХМАДОВИЧ

Бохтарский государственный университет им. Носира Хусрава, Республика

Таджикистан, предподаватель кафедры всеобщей истории и культурологии.

МИРЗОМУРОДОВ САИДУМАР БАРОТОВИЧ

Бохтарский государственный университет им. Носира Хусрава, Республика Таджикистан, ассистент кафедры журналистики.

Аннотация В данной статье авторы уделил внимание журналистике, которая является одним из основных средств реализации основных идей и играет важную роль в решении насущных проблем общества. Это связано с тем, что средства массовой информации были и остаются центральным звеном организации и преобразования любых социальных и политических изменений. Таковыми они были и в истории становления Таджикистана.

В средине 20-х - начале 30-х годов, после образования автономии, а затем и Таджикской ССР, первоочередной задачей партийно-государственного руководства страны было осуществление культурной революции, охватившей культурную революцию. Таджикская журналистика, находившаяся на этапе своего становления, находилась в эпицентре этой культурной революции и мобилизовала всю свою энергию, чтобы сыграть решающую роль в отражении всех изменений страны на данном этапе ее развития.

Ключевые слова: средства массовой информации, периодическая печать, таджикская газета, формирование общественного мнения, Центральная Азия, образование, культурная революция.

Омузиш, ташаккул ва рушди матбуоти даврии х,ар як кишвар аз омузиши нашриях,ои алохдда огоз мешавад. Дар журналистикаи точик ин масъала мух,им аст, зеро то имруз таърихи журналистикаи миллии точик пурра омухта нашудааст. Бояд гуфт, ки дар марх,алаи кунунии рушди чомеа, ки Чумхурии Точикистон аллакай сох,ибисти;лол гаштааст, давраи гузаштаи таърихи матбуоти точик дар садаи ХХ бояд бо дидгох,х,ои нав мавриди омузиш ;арор гирифта шавад, зеро идеологияи давраи советй имкон намедод, ки ин ё он проблема объективона ва муфассал омухта шавад.

Нахустин рузномаи точикй 11 марти 1912 дар Бухоро бо номи «Бухорои шариф» (дар матбааи шах,ри Когон) аз чоп баромад. Пайдоиши нашриях,ои чадидй ба забонх,ои мардуми Осиёи Миёна, аз чумла рузномаи «Бухорои шариф»-ро аксари мух,а;к;ик;они замони Шуравй ба таъсири Ин;илоби якуми Русия (1905) марбут донистаанд, ки ин унвон чандон ба х,а;ик;ат рост намеояд. Зеро дар пажухдш ва натичагирих,ои мух,а;к;ик;они даврони Шуравй аз чанбах,ои во;еиву таърихй омилх,ои идеологй бештар бартарй пайдо кардаанд. Албатта, таъсири равандх,ои сиёсию ичтимой ва фарх,ангии Русияро ба чараёни маорифпарварии Осиёи Миёна наметавон нодида гирифт. Ва ин х,ам дар х,оле будааст, ки таъсиргузории публитсистикаи форсии хоричию туркй ба раванди ташаккули матбуоти чадидии точикй аксаран тавассути сарзамини рус ва идораву намояндагих,ои Русияи подшох,й сурат мегирифт. Аммо пажух,ишх,ои охир (Набавй А.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

«Бухорои шариф» сарогози матбуоти миллии точикй) акидаеро, ки Инкилоби якуми Русия омили асосии пайдоиши матбуоти чадидия дар Осиёи Марказй аст, рад мекунанд.

Зеро то нашри рузномаи «Бухорои шариф» бархе аз равшанфикрону маорифпарварони Бухоро бахри ба майдон овардани нашрияхо кушишхо карда буданд, вале бо сабабхои гуногун ин амал муяссар намешуд. Баъдан ду шахсияти маъруфи он давра - точири бухорой Мирзо Мухдддин Мансурзода (Мансуров) ва адиби бухорой Мирзосироч (маъруф бо номи доктор Собир) барои таъсиси рузномае бо забони ахли Бухоро агарчи имконоти молй доштанд, вале барои таъсису нашри чунин рузнома ичозати амири Бухоро ва хам (сафоратхона)-и Русияи подшохй дар Бухоро лозим буд. Нихоят онхо бо ёрии мудири матбаа Левини яхудй ба таъсиси рузномаи «Бухорои шариф» муваффак шуданд[1,с.125-129].

Ба туфайли интишори рузномаи «Бухорои шариф» дар Осиёи Миёна рузномахои точикй ва фарогири сахифахои точикй ба сахна омаданд. Рузномаи «Садои Туркистон» ба хайси нашрияи адабй, и;тисодй, фаннию адабй аз апрели 1914 зери тахрири Убайдуллохоча Асадуллохочаев бо фосилаи хафтае ду бор ба чоп шуруъ карда, то 66 шумора ба табъ расид. Рузномаи «Садои Фаргона» (3 апрели 1914-1916; ношир ва мухаррираш Обидчон Махмудов) ба забонхои туркию форсй хафтае се бор дар шахрхои Куканду Маргелон; рузномаи «Рузномаи моварои бахри Хазар» (14 декабри 1914 -феврали 1917) дар Аш;обод ба забонхои форсию туркманй чоп шудааст. «Шуълаи ин;илоб» (10 апрели 1919 - 8 декабри 1921) аввалин рузнома (хафтанома)-и шуравии точикй буд, ки дар хачми 8 сахифа хамагй 91 шумора ба табъ расид. «Кутулиш» (28 июни 1920 - 13 августи 1920, ба забонхои точикию узбекй), «Учкун» (15 апрели 1920, хамагй 8 шумора, ба забонхои точикию узбекй), «Бухоро ахбори» (ношири афкори хукумати муваккатии ин;илобии Бухоро, ба забонхои узбекию точикй), «Рушной» (декабри 1921 - июни 1922, ба точикии лахни яхудй ва хатти арабй) аз рузномахои шуравй буданд, ки асосан дар худуди шахрхои Тошканд ва Бухорову Самарканд табъу нашр мешуданд. Соли 1924 дар кишвари Туркистон 46 рузнома аз чоп баромад[2,с.193-199].

Соли 1921 дар таърихи Осиёи Миёна бо он хусусияти худ фар; мекунад, ки агар аз як тараф, Хокимияти Советй дар Туркистон мустахкам шуда, босмачиёни Фаргона ва Самарканд асосан торумор шуда бошанд, аз тарафи дигар дар худуди Бухоро баркароркунии хокимияти советй огоз ёфт. Куввахои аксулинкилобй ва босмачиён, ки ба онхо Иброхимбеку Анварпошо сарварй мекарданд, дар Бухорои Шаркй чамъ омаданд.

Ягона газетаи точикй дар ин сол «Шуълаи инкилоб» буд, вай бо тамоми хастй ба мукобили душманони Хокимияти Шуравй мубориза бурда, аввалин муваффакиятхои сохти навро таргибу ташвик менамуд. Он рузномаи аз хар чихат мукаммал буд. Дар сахифахои он хабару макола ва хисоботу мусохибахои тезу тунд дарч мешуданд. Дар гушаи хачвиаш «Тозиёна» бошад, Намунахои аввалини фелйетону памфлетхо ба табъ мерасиданд.

Дар нимаи сол дар Тошканд аввалин мачлиси машваратии занони мусулмони Туркистон баргузор гардид. Ба ин анчуман аз тамоми гушаю канори республика занону духтарони фаъол чамъ омаданд. Бо карори КМ ПК Туркистон мохи июл як шумораи мачаллаи «Занони Туркистон» ба се забон — точикй, русй ва узбекй нашр шуд, ки микдори хар кадоми он 1000 нусха буд. Журнал хуччатхои анчумани занон, мурочиати онхоро ба дохии махбуб В. И. Ленин чоп кард. Дар сахифахои он аз хаёти занони озодшуда як силсила хабару маколахо ба табъ расиданд. Шурои занони КМ ПК Туркистон ният дошт, ки мачаллаи «Занони Туркистон»- ро ба органи доимии худ табдил дихад. Вале ин ният амалй нашуд. Аз сабаби набудани кормандони матбуот, душворихои зиёди техникй, нашри минбаъдаи он имконнопазир гардид[3,с.67-71].

Аз матбуоте, ки соли 1921 нашр шудааст, журнали «Ситораи Шар;» («Звезда Востока»)-ро номбар накардан мумкин нест. Вай х,амчун нишона, рамзи х,амкории интернасионалии мех,наткашони Осиёи Миёна ах,амияти хоса дорад.

Минбаъд дар х,удуди таъиншудаи Точикистон (Бухорои Шар;й) раванди тавсиаи нашриях,о бо амалиёти Артиши Сурх дар мубориза алайх,и х,аракати зидди ишголгарии босмачиён рабт мегирад. Чун х,аракати босмачигарй охирх,ои соли 1922 аз водии Фаргона ба Бухорои Шар;й кучид, нашру пахши чаридах,ои Округи х,арбии Туркистон дар Душанбе ва атрофи он душвор шуд ва идораи сиёсии чабх,аи х,оким дар пайи нашри рузнома дар ин минта;а гардид. Дар огози кор «Бюллетенх,ои ахборй»-и чопй дар х,ачми 30-34 сах,ифа барои кормандони сиёсии чабх,а фиристода мешуданд.

25 августи соли 1924 дар шах,ри Самарканд дар х,ачми чах,ор сах,ифа бо х,уруфи арабй рузномаи «Овози точик» интишор ёфт. Мух,аррири он Абдул;аюми Курбй ва котиби масъулаш Сайидризо Ализода буданд. Аз шуморах,ои аввал дар он устод Садриддин Айнй, Рах,им Хошим, Фахриддини Рочй ва дигар зиёиёни пеш;адами точик х,амкорй карданд. Шуморах,ои нахустини рузнома бо номи «Овози точики камбагал» чун органи комитети партиявии вилояти Самарканд нашр шуданд. Аз дах,уми декабри соли 1924 рузнома бо номи «Овози точик» х,амчун ношири афкори бюрои ташкилии Партияи Коммунистии Узбекистан дар Точикистон ва Кумитаи ин;илобии РАСС Точикистон интишор ёфтанд.

«Овози точик» газетаест, ки дар арафаи та;симоти миллии Осиёи Миёна дар Самарканд таъсис ёфт. Шумораи аввалин «Овози точики камбагал» ном дошт ва он 25 августи соли 1924 чоп шудааст.

Таърихи баромади рузнома ба давраи та;сими х,удуди миллии чумх,урих,ои Осиёи Миёна рост омад, ки ин бесабаб набуд. Хал;и точик, ки пас аз нашрияи х,афтаинаи «Шуълаи ин;илоб» (8.12.1921) бе матбуоти даврй монда буд, борх,о ба ма;сади ба забони точикй баровардани газета ба х,укуматх,ои Туркистону Бухоро мурочиат намуд. Аммо бо сабаби душвбрих,ои моддй ва баъзе сабабх,ои дигар муддати мадиде ичрои ин кор таъхир ёфт. Них,оят бах,ори соли 1924 х,укумати Туркистон 3 х,азор сум ва х,укумати Бухоро 2 х,азор сум бо нияти ташкили рузномаи точикй чудо карданд. Сайидризо Ализода, ки дар кори матбуот малакаи муайяне дошт, аз пайи тахту мух,айё сохтани вазъи зарурй шуд. Барои кор шахсони болаё;ат ва эчодкорро таклиф намуд. Бах,ри ташкил намудани обуна чорах,о андешид. Дар ин бобат ба вай махсусан Шириншох, Шох,темур, Нусратулло Махсум ва Нисормух,аммадов барин коммунистони кордон кумак расониданд[4,с. 283284].

Них,оят шумораи аввалини рузнома чоп шуд. «Хал;и точик забон баровард» -навишта буд дар х,амон шумора устод Айнй дар сарма;олаи шумораи аввал ташкили рузномаи точикй х,амчун ба амал омадани сиёсати миллии партиявй ;аламдод карда мешуд.

Дар во;еъ, дар тамоми давраи мавчудияташ рузнома ба ин ният саъй намудааст. Вай ба оммаи мех,наткаш ма;саду мароми Хокимияти Советиро фах,монида, онх,оро барои дастгирй ва мустах,кам намуданаш сафарбар мекард. Рузнома барои ташкили мактаби советй, барои маданияти сотсиалистй мубориза мебурд[5,с. 24-29].

Бо рузномаи «Овози точик» маъруфтарин адибону олимони точик - С. Айнй, А. Лох,утй, Б. Гафуров, Ч,. Икромй, С.Улугзода х,амкорй кардаанд. С. Айнй дар ;атори муассисон ба х,айати тахририяи «Овози точик» дохил буд. Аввалин мух,аррири «Овози точик» Абдул;айюми Курбй ва котиби масъул Сайидризо Ализода буданд. F айр аз ин дар редаксия Нисормух,аммади Аффон, Фахриддини Рочй, Маъруф Расулй, Н. Бектош, Х,очй Муин, Козимзода ва дигарон кор мекарданд. Солх,ои минбаъда дар «Овози точик» ва иловах,ои вай («Мушфи;й», «Рах,намои мухбирон», «Саводи мех,нат») Хамза,

Бахриддин Азизй, Шарофиддин Садрулин, Мухамадчон Хасанй, Махмуд Васфй ва дигарон хамкорй кардаанд[6 с.17-19].

«Овози точик» модари матбуоти точик хам гардид. Дар солхои 1926 - 1927 хамчун иловаи он рузномахои «Рахнамои мухбирон», «Саводи мехнат» ва мачаллаи «Мулло Мушфикй» баромаданд. Олими машхур Бобочон F афуров, адибхои овозадор Абдусалом Дехотй, Пайрав Сулаймонй, Хабиб Юсуфй, Бахриддин Азизй, адабиётшиносон Рахим Хошим, Туракул Зехнй, хачвнигорон Набй Фахрй ва Курбон Бахлулзода мактаби тачрибаи худро дар хамин рузнома гузаштанд.

Ташкилёбии Республикаи Точикистон барои инкишофи маорифу маданияти миллй низ шароит фарохам овард. Мисоли равшани ин тавлид ва ташаккули матбуоти партиявию советии Точикистон буд.

Аввалин газета 12 августи соли 1924 дар Душанбе бо номи «Овози Шарк», зери тахрири Юсуф Фаттох чоп шудааст. Ин нахустин намунаи матбуоти точик буд, ки дар Бухорои шаркй чоп шудааст. Вай газетаи харбие буд ва онро аввалхо ПК Бухоро ва дертар хукумати РАСС Точикистон нашр мекард. Максад аз нашри он тарбияи хисси ватанпарварй дар дили Аскарони Сурхи миллй буд. Бегумон «Овози Шарк» ба мукобили дастахои горатгаронаи босмачиён мубориза бурда, ба ин восита барои пойдор ва мустахкам шудани Хокимияти Советй дар сарзамини точик хиссаи арзанда гузошт. Кобили кайд аст, ки «Овози Шарк» хам аз чихати сохт ва хам аз чихати хачм аз матбуоти имруза ба куллй фарк дошт. Вай, ки дар мошини «Американка» мебаромад, ба варакае монандй дошт[7,с.17-19]..

19 августи соли 1924 ташкилоти партиявии вилояти Самарканд дар хусуси нашри газетаи нави точикй карор кабул мекунад. Барои чопи ин газета хукуматхои Туркистону Бухоро, инчунин комичроияи вилояти Фаргона ба микдори зарурй пул чудо мекунанд. Номи газета «Овози точик» тасдик ва хайати тахририя — А. Курбй, С. Айнй, С. Ализода таъин мешаванд.

Нашри «Овози точик» ходисаи дорои ахамияти калони сиёсиву ичтимой, боиси хурсандиву сарфарозии мехнаткашони точик буд. Ин маъниро ифода карда, дар шумораи дувуми газета С. Айнй бо номи «Овози точик» шеъре дарч намуд:

Ба парда то ба чандин рози точик!

Биё бинишин, шунав овози точик.

Пас аз чанде ба хомушй гундан

Баромад окибат «Овози точик».

«Овози Шарк» ва «Овози точик» аз бахори бехазони матбуоти точик дарак медоданд.

Ташкилшавии Ч,умхурии худмухтори Точикистон (соли 1924) боиси инкишофи матбуот, дертар дифференсиатсияи он гардид. Тавлиди журнали «Рохбари дониш» (аз солхои сиюм ба ду таксим шуд ва имруз бо номхои «Садои Шарк» ва «Мактаби советй» мебарояд) низ ба хамин давра рост меояд[9,с.11-16].

Шумораи аввалини ин журнал бо номи «Дониш-биниш» мохи августи соли 1927 дар Самарканд нашр шудааст.

«Рохбари дониш» то соли 1930 ба микдори 1300 нусха нашр мешуд. Нимаи мактабхо аз хисоби вазорати маориф бепул якнусхагй аз ин журнал гирифтанд. Аммо хонандагони вай факат дар Точикистон набуданд. Дар шахрхои мамлакат редаксия намояндагони худро дошт. Дар Москва намояндаи редаксия А.Лохутй буду дар Боку Абдухолик Хакимов «Рохбари дониш» дар Эрону Афгонистон ва Хиндустон низ хонандагони доимии худро дошт[8,с.21-22].

Ба ин маънй, вай на факат дар таъсису равнаки маорифу маданияти Точикистони советй фаъолона иштирок намуд, балки инчунин аввалии таргиботчии ин дигаргунихои бемислу монанди сотсиалистй хам буд.

Рузномахои «Красный Каратегин» (декабри 1923, ба таври мошиннавис, мохе як бор), «По басмачу!» (13 декабри 1923 - бахори 1926, ношири афкори идораи сиёсии корпуси 13-уми тирандози болшевикхо), «Овози Шарк» (точикй, 12 августи 1924 - марти 1925) аз чумлаи рузномахое буданд, ки дар баробари тарбияи сиёсию харбии аскарон, инчунин таргиби хокимияти сотсиалистии шуравиро хадафи асосй карор дода буданд.

15 апрели 1925 дар шахри Душанбе шумораи аввалини рузнома «Иди точик» (аз шумораи 2 - «Бедории точик»), зери тахрири Аббос Алиев дар хачми 16 сахифаи шакли А-4, бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Номи «Бедории точик» аз 8 октябри 1928 ба «Точикистони сурх» (аз 1 январи 1955 ба «Точикистони советй», соли 1990 ба «Точикистони шуравй», пас аз сохибистиклолии Точикистон ба «Ч,умхурият») табдил шуд.

Дар ин солхо ташвик ба сафхои Артиши Сурх, мубориза ба мукобили босмачиён, ба мардум фахмонидани мохият ва мустахкам намудани сохторхои Шуравй, ташкил намудани мактабхои нав, махви бесаводй, даъват ба чорй намудани тарзи хаёти нав мавзуъхои асосии рузномаи «Точикистони сурх»-ро ташкил медоданд. Аз чумла навиштахои рохбарони он замони чумхурй ба мисли Нусратуллох Махсум, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур дар ин нашрия фарогири хамин масъалахо буданд.

Матбуот дар хама давру замон руйдодхои таърихй, фархангй ва сиёсиро намоиш медихад, ташкилотчии хаёти чамъиятй мебошад. Чдмъият бе матбуот пеш рафта ва тараккй карда наметавонад. Матбуот дар хар як давраи таърихй вазъи ичтимой-сиёсии замон, гуногунрангии афкору андешахоро инъикос намуда, бахусус дар ибтидои садаи ХХ, ки вокеахои сарнавиштсоз барои халки точик ба вукуъ пайвастанд, андешахои нав пешниход мекард[9 с.45-55].

F алабаи Инкилоби Октябр дар солномаи халки точик пешакй муайян карда шуда буд. Махз ба шарофати вай халки мо сохиби чумхури шуд ва ба рохи бебозгашти рушди сиёсй, иктисодй ва фархангй дохил шуд. Бо амри такдир Точикистон ба чахони нав, ба идеологияи нав, ба давраи сотсиализм ворид шуд. Рузномахое, ки дар он давра пайдо шуданд, барои ташкили мактабу маорифи точик, нашри китобхои дарсй, соддагии забони адабии точик устуворона мубориза мебурданд.

Хамин тавр, дар мамлакати мо матбуоти даврй ба вучуд омад, ки он хамчун оина тамоми протсессхои хаёти чамъият, такдири халк, тараккиёти иктисодиёт ва маданияти мамлакатро инъикос мекард.

Дар баробари ин як идда равшанфикрону маорифпарварони огози садаи бистумро вазъи илму маориф ва адабу фарханги точик сахт ба ташвиш оварда буд, ки дар нигоштахои хеш оид ба ин масъала ибрози андеша мекарданд. Ба мардум мунтазам аз боби вазъи мураккаби замон ва окибати беэътиноиву камсайъиашон харф мезаданд, ки дар афкору андешаашон дигаргуние ба вучуд биёяд ва нисбат ба такдири худ бетараф набошанд.

АДАБИЁТ

1. Азимов А. История становления таджикской печати двадцатых годов (на примере газеты «Овози точик» и ее приложений): Диссертация на соиск. канд. истор. наук: 07.00.02/Азимов Аъзамджон Холматович. - Душанбе, 1994.- 175 с.

2. Авзалов Х.С. Школа и педагогическая мысль в Иране в конце XIX -начале XX в. Душанбе: Ирфон, 1992. - 232 с.

3. Азимов А. Воцеати зиндагй ва матбуоти точик. - Душанбе: Сино, 2000. -185 с.

4. Расулиён К. Маориф ва матбуоти точик дар ибтидои асри ХХ.- Душанбе,-2011. 104 с.

5. Расулиён К. Аз «Бухорои шариф». то «Иди точикон».- Душанбе: Пайк, 2003.

6. Усмонов И. К. Журналистика. - Душанбе: Империал Групп, 2005.-483 с.

7. Усмонов И. К. Рузномаро донистан мехох,ам.- Душанбе: Маориф, 1986.-45с.

8. Шукуром М. Очерки таърихии ташаккули маданияти сотсиалистии точик ( 1917-1929 ). Душанбе: Ирфон, 1969.-182с.

9. Чураев М. "Овози точик" ва ва худогох,ии миллй. - Душанбе: Кайх,он, 2008.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.