Научная статья на тему 'МАСОИЛИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР АФКОРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК'

МАСОИЛИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР АФКОРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
36
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАСЪАЛАИ ЗАНОН / МУТАФАККИРОН / РАВШАНФИКРОН / ШОИРОН / НАВИСАНДАГОН / НАВОЗАНДАГОН / МАОРИФПАРВАРОН / МАОРИФ / ҷАДИДОН / МАВқЕИ ЗАНОН / НАқШ / МАқОМ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Амриддинзода Зубайда Амриддин, Муродов Сунатулло Маҳмадраҷабович

Дар мақола раванди ташаккули пайдарпайи масъалаи занон дар рушди таърихии он баррасӣ шудааст. Саҳми афкори сиёсӣ, равшанфикрони форсу тоҷик дар равшанӣ андохтан ба масъалаи нақш ва ҷойгоҳ, мақом ва мавқеи занон дар ҷомеа ва оила муайян карда шудааст. Дар мақола ба тағйироти тадриҷии назар ва ақидаҳои мутафаккирони ҷамъиятию сиёск нисбат ба мавқеи занон дар масири таърих равшанк андохта шудааст. Қайд мегардад, ки масъалаи манзалати зан-модар, дӯстдошта, ҳамсар ва тарбиятгари насли наврас дар осори мутафаккирони бузург, олимон, дар мероси бебаҳои шоирони барҷаста инъикос ёфтааст. Нақши зан дар оила ва ҷомеа, хидматҳои беназири дар назди инсоният дар эҷодиёти шоирону нависандагони нобиға, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ, Ибни Сино ва ғайра таъкид шудааст. Дурдонаҳои мусиқии таҷаддудхоҳон ва бунёдгузорони мусиқии тоҷику форс, назариётчиён ва навозандагон - Борбади Марвазӣ, Муҳаммади Нишопурӣ ва бисёр дигарон ба занон бахшида шудаанд. Дар эҷодиёт ва фаъолияти худ маорифпарварони барҷастаи тоҷик - А.Дониш, Ш.Шоҳин, М.Ҳайрат, Т.Асирӣ, А.Савдо, Р.Возеҳ, С.Айнӣ ба масъалаи тарбияи занон, омӯзиши мавқеи бонувон дар ҷомеа ва оила эътибор додаанд. Муаллиф қайд мекунад, ки дар муайян намудани ҷойгоҳ ва мақоми занон дар ҷомеаи феодалӣ-патриархалӣ саҳми муайяне аз ҷониби намояндагони барҷастаи ҳаракати ҷадидия - М.Беҳбудӣ, А.Фитрат, А.Ҳамдӣ ва дигарон гузошта шудааст. Аксари онҳо оид ба беҳуқуқк ва вазъи мураккаби ғуломворонаи оммаи занон, дастнорасии онҳо ба манбаъҳои фарҳангӣ ва маънавӣ сухан мекарданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по языкознанию и литературоведению , автор научной работы — Амриддинзода Зубайда Амриддин, Муродов Сунатулло Маҳмадраҷабович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONCEPTUAL AND METHODOLOGICAL ISSUES OF A WOMAN'S PLACE IN SOCIO-POLITICAL AND CULTURAL THOUGHT OF THE TAJIK PEOPLE

The article examines the process of consistent formation of the women's issue in its historical development. The author reveals the system of views, social Outlook on the role and place, status and position of women in society and the family. The article highlights the gradual change in the views and approaches of socio-political thinkers to the problem of women. It is noted that the attitude to a woman-mother, lover, spouse and teacher of the younger generation is reflected in the works of great thinkers, scientists, in the priceless legacy of outstanding poets. The article says that the role of women in the family and society, her services to humanity are highlighted in the works of brilliant poets and writers such as Rudaki, Firdausi, Saadi, Gafiz, Khayam, Jami, Donish, Aini, Avicenna and many others. Brilliant musical works of the founders of Tajik-Persian music, theorists and musicians - Borbad Mervezi, Muhammad Nishopuri and many others are dedicated to women. In their work and activities, prominent Tajik educators-A...The article examines the process of consistent formation of the women's issue in its historical development. The author reveals the system of views, social Outlook on the role and place, status and position of women in society and the family. The article highlights the gradual change in the views and approaches of socio-political thinkers to the problem of women. It is noted that the attitude to a woman-mother, lover, spouse and teacher of the younger generation is reflected in the works of great thinkers, scientists, in the priceless legacy of outstanding poets. The article says that the role of women in the family and society, her services to humanity are highlighted in the works of brilliant poets and writers such as Rudaki, Firdausi, Saadi, Gafiz, Khayam, Jami, Donish, Aini, Avicenna and many others. Brilliant musical works of the founders of Tajik-Persian music, theorists and musicians - Borbad Mervezi, Muhammad Nishopuri and many others are dedicated to women. In their work and activities, prominent Tajik educators-A. Donish, sh. Shokhin, M. khairat, T. Asiri, A. Savdo, R. Vozeh, S. Aini and others, paid attention to the issue of women's education, the study of the position of the female masses in society. The author notes that a contribution in identifying the locations and status of women in a feudalPatriarchal society has made jadids - behboodi M., A. Fitrat, A. Hamdi and others, many of whom resented the injustice, the oppression of the female masses, chained them to the home, lack of access to sources of cultural and spiritual wealth.

Текст научной работы на тему «МАСОИЛИ КОНСЕПТУАЛӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР АФКОРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК»

ТДУ GG5.15 (575.3)

МАСОИЛИ КОНСЕПТУАЛЙ ВА МЕТОДОЛОГИИ ЧОЙГО^И ЗАН ДАР АФКОРИ ЧДМЪИЯТИЮ СИЁСЙ ВА ФАР^АНГИИ ХАЛЦИ ТО^ИК

Амриддинзода З. А., Муродов С. М.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Дар тули асрхои зиёд раванди ташаккули масъалаи зан дар рушди таърихии он пайваста сурат гирифта, бо таFЙирпазирии чомеаи инсонй комилан алокаманд буд. Ин раванди таFЙирёбанда, аввалан зери таъсири бевоситаи низоми эътикодхо, акидаву муносибатхо нисбат ба масъалаи накш ва макоми зан дар чомеа ва оила, ки дар мачмуъ ба арзишхои маънавию фархангиву ичтимой ки онро исломи расмй рохандозй мекард, такя менамуд, ташаккул меёфт, баъдан аз хусусиятхои хоси хар як давраи таърихй сарчашма мегирифт.

Бахсхое, ки дар атрофи масъалаи зан ва роххои халли он давра ба давра ва зина ба зина ба вукуъ мепайвастанд: нахуст, боиси тадричан таFЙир ёфтани афкори чамъиятиву сиёсй ва фархангй рочеъ ба масъалаи мавкеъ ва накши зан дар чомеаву оила ва дарки бештару амики он гардиданд; баъдан ба баррасй ва омузишу тахкики масъала аз мавкеъхои сиёсй, хукукй, шахрвандй, ичтимоию иктисодй, ахлокй ва равонй мусоидат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар мехвари эчодиёти мутафаккирони забардасти форсу точик мубрамтарин ва умдатарин масъалахои рузгор, вазъ, мавкеи амалии зан-модар, зан-тарбиятгар, зан-махбуба дар чомеа ва оила мавриди баррасй карор гирифтааст. Вокеан, дар осори бебахои мутафаккирону назариячиён, равшанфикрону тахлилгарон, нуктаи назар оид ба масъалаи накш ва хидматхои арзандаи занон дар мархилахои тулонии тошуравй дар:

1) назди кулли башарият;

2) ташаккули ахлокию маънавй ва хаматарафаи насли наврас;

3) тарFиби F0яx,0и ватанпарастй, хештаншиносй, инсондустй ва мехнатдустй пурарзишанд.

Масалан, тахкики мероси пyрFановат ва пахлухои эчоди гуногунсохаи олим, файласуф, назариячй, табиб, мутаффакири забардаст Абуали ибни Сино, ки ба илму фарханги чахонй хиссаи зиёд гузоштааст, имконият медихад, ки натанхо ба хидмати ин алломаи Машрикзамин дар пешрафти андешахои инсонпарварона ва садокат ба арзишхои умумиинсонй, умуман афкори чамъиятиву фархангй, балки ба чихатхои мухимми осори эшон дар тамоми чабхахое, ки бо масъалаи зан вобаста аст, бахои холисона дихем. Шайхурраис дар сохаи мероси илмию фархангй хизмати арзанда намудааст. Осори ситораи арсаи илму маърифат аз чихати методологй, мохият, мазмун ва мухтавоаш сазовори омузиш ва пайравй буда, дар таълимоташ нуктахои мухими назариявй инчунин рочеъ ба масъалаи зан баён гардидааст, ки он чолиби диккат мебошад. Чихати мухимро дар фалсафаи Ибни Сино акидаи зарурияти баланд бардоштани сахми зан дар тарбияи инсони комил ва рухану чисман солим, накши бонувон дар ташаккули одоби хонаводагию чамъиятй, баланд бардоштани маърифатнокии фарзандон ишF0л менамояд. Бояд тазаккур дод, ки хаким дар чодаи тахкими саломатии модарон ва кудакон низ хизмати босазо намудааст. Мутафаккири барчастаи Шарк хамчун гуманисти асил самти ичтимой акидатии фаъолияташро равнак дода, бо далелу бурхони муътамаду раднопазир рочеъ ба зарурати арзёбии объективии мавкеи зан дар чомеа ва оила ибрози назар намудааст [1].

Яке аз шахсияти бузург дар вучуди мухити сиёсй, забонй, илмй ва фархангии точику форс-шоири барчаста, файласуф ва мусикишинос Мавлоно Абдурахмони Ч,омй мебошад, ки дар мавриди тараннуми фазилатхо ва хиради занон низ накши бебахо гузоштааст. Дар катори муфаккирони барчастаи Шарк ин нобетаи айём дар доираи тахкикоташ такя ба ходисаву падидахое, ки дар хаёт ва фаъолияти занон ба вукуъ омада, бад-ин васила мавкеи онхоро дар чахорчубаи равандхои сиёсиву иктисодй, ичтимоиву фарханги замонаш муайян мекарданд, диккати махсус зохир кардааст. Дар байни силсилаи осори ин бузурги илму адаб далелхои мушаххас оид ба накши занони порсо дар рушди фархангу маънавиёт, тарбияи чомеа оварда шудаанд. Аз чумла, мутафаккир ба аклу заковати яке аз бузургони олами маънавиёт,

намояндаи мактаби тасаввуфии Басрй, кахрамони ривоятхои сершумори исломй, зани зохиду порсо - Робияи Адавияро хамчун намунаи барчастаи инсони комил ситоиш карда, муносибати эшонро, ки нисбат ба таълим ва фарханг дошт, таблиг мекунад [12, с. 122-123].

Назариячиён, асосгузорони мусикии форсу точик Борбади Марвазй, Мухаммади Нишопурй, Амир Хусрави Дехлавй, Сайфиддини Абулмуъмин, Абдукодири Гуянда, Хоча Ризвоншох, Махмуд Хусайнй ба зан осори мусикавии дурахшони хешро бахшидаанд [14, с. 3-12]. Тахкики мероси назариявии нобигахои замон, ки аслан хусусиятхои методологй доранд, имкон медихад, ки ду самти мухими фаъолияти эшонро дар мавриди инъикоси симову мавкеи зани Шарк равшанй андозем. Якум, бузургони илму фарханг ба воситаи осори хеш хислатхои неку начиби чинси латифро таблиг менамуданд. Дуюм, мутафаккирон бо дар назардошти вазъи таърихй то хадди имкон анъанахои кавии ташаккулёфтаи замонро нисбат ба зан дар осори хеш инъикос менамуданд.

Мутаассифона, дар осори моддй ва маънавии афкори чамъиятй-фархангии асримиёнагй, ки пайваста гояву орзуи саодатмандиву некрузии занро тараннум гардидааст, амалй намудани дигаргунихои куллй ва тагйиротхои вокеии мусбй дар самти бехдошти вазъи зан дар оила ва чомеа, роххои мушаххаси вокеан баланд бардоштани макоми бонувон пешниход нагардидааст.

Дар коркарди назарияи масъалаи зан хизмати донишмандони машхур, намояндагони барчастаи харакати маорифпарварй: А. Дониш,Ш. Шохин, М. Х,айрат, Т. Асирй, А. Савдо, Р. Возех, С. Айнй ва дигарон [15, с. 210] мавкеи мухимро ишгол мекунад. Зеро, ки бештари эшон дар бораи зарурати дарки мохияти омузиши мушкилоти хаёти занон изхори акида карда, чунин мехисобиданд, ки танхо бонуи бомаърифат метавонад дар рафъи акибмонии фархангй ва иктисодии кишвар сахмгузор бошад. Дар ин радиф андешахову акидахои пешвои барчастаи маорифпарварони точик А. Дониш оид ба масъалаи зан мавкеи хоссае доранд. У муносибати мавчударо нисбат ба занони каламрави Аморати Бухоро сахт махкум карда, бахри тагйири дидгохи чомеа ба масъалаи зан, бехбудии вокей дар вазъ ва хаёти бонувон пешниходхои мушахасс намудааст. А.Дониш [8, с. 51-52] дар асари худ "Рисолаи сиёсй" нуктаи назари нафаронеро, ки рафтори амир Музаффарро дар самти пайваста пурра намудани харамхона ва тез-тез иваз кардани бошандагони он, дар чахорчубаи конуниятхои шариат комилан сафед менамуданд, зери танкид карор дода буд.

Дар омузиш ва равшанй андохтани масъалаи мавкеи зан дар чомеа сахми яке аз шахсиятхои бузург, ^ахрамони Точикистон, нахустин Президенти Академияи илмхои чумхурй, олим, асосгузори адабиёти муосири точик - Садриддин Айнй бузург мебошад. Аллома хануз дар давраи тошуравии фаъолияташ, хамчун иштирокчии фаъоли харакатхои маорифпарварй ва чадидия ба масъалаи дарёфти самтхои самараноки чалби занон ба хаёти чамъиятию сиёсй ва иктисодию фархангии кишвар таваччух зохир менамуд. Аз назари мутафаккир кудрату тавоноии инсон дар илму дониш буда, мехвари тарбия маърифатнокию хирадмандй аст. Аз ин лихоз, афкору акидахои С.Айнй оид ба таълим ва тарбияи занон, хусусан духтарон арзишманданд. У дар китобаш "Духтарча ва ё Холида" оид ба зарурати зохир намудани гамхории махсус дар бехтар намудани раванди чалб ба тахсил ва баландгардонии сифати таълими чавондухтарон ибрози андеша карда буд. «Максади аввалини Холида, - кайд мекунад С.Айнй, - бонуи барчаста шудан ва бо истеъдоди худ ба мардум кумак расонидан аст». Мавриди зикр аст, ки ин китоб хамчун асари дидактикй ва василаи таълимй барои духтарони синфхои ибтидой пешбинй шуда буд [2, с. 1].

Тахкики эчодиёти илмии ^ахрамони Точикистон, академики Академия илмхои чумхурй Б.Е.Еафуров, ба хулосае меорад, ки дар осори аллома низ масъалаи занон чойи махсусро ишгол менамояд. Ба тахкики масъалаи мазкур Б.Е. Гафуров асару маколахои махсуси хешро бахшидааст ва дар сахифахои он вазъу макоми зани точик дар мархилахои гуногуни таърихиро бахо додааст. Хусусан, дар шохасари "Точикон" дар асоси сарчашмахои гуногуни нодир холисона сахми бонувони точик дар идоракунии давлатй, мубориза алайхи ачнабиён, инкишофи фарханг дар мисоли шахбонуи массагетхо Томирис, малика Турконхотун, шоирахои точику форс Робиаи Балхй, Махастии Хучандй, Зебунисо, Дилшод, иштирокчии фаъоли харакати миллй-озодихохии соли 1916 Бисолеха ^одирова ва бисёр дигарон инъикос гардидааст. Дар асархои ба мархилаи Шуравй бахшидаи олими забардаст масъалахои зерин: [7]

- амалй гардидани раванди озодшавии занон;

- тантанаи сиёсати давлати Шуравй дар чодаи ба даст оварда шудани баробархукукии амалии бонувон;

- ташаккули заминаи меъёриву хукукии сиёсати гендерй ва гайра тахкику тахлили худро ёфтаанд.

Х,амин тарик, тахлили осори афкори чамъиятию сиёсии халки точик аз он шаходат медихад, ки:

якум, нобигахои замон дар катори дигар масъалахои мубрам ба проблемаи занон низ диккати чиддй додаанд;

дуюм, намояндагони харакатхои гуногуни сиёсй, аз кабили маорифпарварй, чадидия ва гайра шаклу усулхои мушаххаси халли масъаларо баён ва пешниход кардаанд;

сеюм, мутаассифона, на дар хама асархои илмй-адабии охири асри XIX-аввали асри ХХ роххои амалии озодшавии занон ба таври возех муайян карда шудаанд. Масъалаи дар нимаи дуюми карни XIX ва ибтидои карни ХХ ташаккул ёфтани омилхои таъсирбахши истифодаи самараноки неруи занонро дар муборизаи сиёсй омухта, мухаккик ба хулосае меояд, ки бо рушди муносибатхои сармоядорй мубориза бахри ба доираи таъсири хеш шомил намудани бонувон шиддат гирифт. Дар ин самт харакатхо ва чараёнхои гуногуни чамъиятию сиёсй, хизбхои хукумрон ва пролетарй мустакиман фаъолияти максаднок мебурданд.

Мавриди зикр мекунад, ки дар солхои 70-уми карни Х1Х зери таъсири гояхои сотсиал-демократй, пролетариву инкилобй мубориза барои хукук ва озодихои сиёсии занон, васеъ намудани интироки онхо дар хаёти чамъиятию сиёсй самти афзалиятноки харакати озодихохии занон гардид. Пешвоёни харакат К.Цеткин, Н.Крупская, С.Т.Любимова А.М. Коллонтай, И.Ф. Арманд, [13] ва дигарон байни занон дар ду самт фаъолияти хадафнок анчом доданд:

1) ташкили махфилхои махсуси сиёсй барои бонувон;

2) тахияи курсхои таълимй.

Максад ва вазифахои махфилу курсхо пеш аз хама ба муборизаи синфй шомил намудани занон, баланд бардоштани фарханги сиёсиву умумии онхо, махви бесаводй ва рушди маърифатнокии коргарзанони корхонахои саноатй; фарогирии бонувон бо таълими ибтидоию касбй; тарбияи ахлокй ва маънавии занон иборат буд.

Дар ташаккули назария ва методология масъалаи зан демократхои рус А.И. Гертсен, В.Г. Белинский, Н.Г. Чернишевский, Н.А. Добролюбов [13] ва дигарон сахмгузорй намудаанд. Онхо боисрор таъкид мекарданд, ки рушди чомеа ва пешрафти боэътимоди он аз раванди болоравии макеи зан дар чомеа вобастагии куллй дорад. Дар консепсия, гоя ва дидгохи демократхои рус зарурияти иштироки фаъоли занон дар раванди:

а) муборизаи синфй;

б) ташаккулу тарбияи насли наврас дар заминаи идеалхои чадиди инкилобй;

в) хаёти чамъиятй ва истехсоли неъматхои моддй;

г) истифодаи шаклу усулхои муассири таълими духтарон дар оила ва мактаб ва ташаккули онхо чун субъекти баробархукуки чомеа ва гайра, асоснок карда шудааст. Ба акидаи демократхои рус:

1) раванди ташаккули зан хамчун шахси комил бояд мувофики хусусиятхои табиати инсонии у сурат гирад;

2) тахсилоти мувофики бонувон омили мухими озодсозии оммаи занон мебошад;

3) бе кумаки мушаххас ба даст овардани баробархукукии чинсй ва имкониятхои баробари занон чй дар оила ва чй дар чомеа гайриимкон аст;

4) шарти асосии муваффак гардидани тарбия дар оила мухаббати тарафайн ва гамхории наздикон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки асоси принсипхои чахонбинии гуманистии демократхоро мантики бе амалй гардидани гояи инкилобй, тагйирёбии куллии сохтори ичтимоии давлат:

а) бехтар гардидани вазъи бонувон, баланд шудани накши занон,

б) афзудани иштироки онхо дар сохахои гуногуни хаёти чамъиятй гайриимкон аст, ташкил медод.

Махз омузиши дакики маъхазхои мухталиф ва адабиёти илмй ба муаллиф имкон медихад, ки рочеъ ба масъала дидгоххои илмии зеринро баён намояд:

- дар тули хазорсолахо намояндагони бехтарини чамъияти инсонй оид ба масъалаи зан нуктаи назари хешро иброз намуда, роххо, шаклхо ва усулхои озодсозии бонувонро мечустанд.

- танхо дар асрхои XIX ва ХХ як катор харакатхо, хизбхо ва таълимотхои сиёсй ба вучуд омаданд, ки рохи мушаххаси халли масъалаи занонро пешниход карданд.

-дар ин самт накши асосгузорони коммунизми илмй К.Маркс ва Ф.Энгелс, ки на танхо мохияти масъаларо ошкор намуданд, балки барномаи мушаххаси халли онро тахия карда буданд, хеле бузург аст [16, с. 60].

Ба акидаи муаррихбону дар асоси таълимоти марксистй бори аввал дар каламрави собик ИШИС стратегияи возехи раванди озодсозии вокеии занон муайян карда шуд. Мохияти он аз мантикхои зерин бармеомад:

- халли масъалаи занон тавассути пирузии инкилоби сотсиалистй ва баркарор гардидани диктатураи пролетариат;

- ба даст овардани баробархукукии комили занон тавассути Конститутсия мамлакат;

- ташаккули асосхои меъёриву хукукии масъала, бо максади таъмини мустакилияти иктисодй ва хукукхои сиёсии занон;

- мухайё намудани шароити мусоид барои зисти бофарогати модарон ва кудакон;

- саросар гузаронидани махви бесаводй ва аз хисоби занон тайёр кардани кадрхои баландихтисос барои хочагии халк;

- мунтазам ба идоракунии давлатй чалб намудани бонувони мамлакат иборат буд.

Тахкики мероси афкори чамъиятию сиёсй ба хулосае меорад, ки дар нимаи дуюми

карни XIX-ибтидои карни XX масъалаи занон дар асархои мутафаккирон ва назариётшиносони Шарку Гарб инъикос ёфта, аксарияти онхо нуктаи назари хешро оид ба тантанаи масъала дар амал иброз намуданд. Инчунин, харакатхо ва хизбхои гуногуни чамъиятиву сиёсй мавкеи худро дар раванди татбики баробарии чинсй муайян карда буданд. Аммо халли амалии масъалаи зан танхо ба шарофати сиёсати Давлати Шуравй оид ба озодии вокеии занон, аз чумла занони точик, афзунгардонии иштироки фаъоли онхо дар хаёти чамъиятиву сиёсй, иктисодй ва фархангии мамлакат имконпазир гардид.

Масъалаи мавкеи вокеии бонувон дар мархилаи таърихии тошуравй то андозае дар асархои олимони пешазинкилобии рус ва мухаккикони Шуравй: В.В. Бартолд [4], А.А. Бобринский [5, с. 52-53], А.А. Семёнов [19, с. 176], М.С. Андреев [3, с. 122], Остроумов Н.П. [15, с. 6-7], Варыгин М.А. [6, с. 26-27], Наливкин В., Наливкина М. [11, с. 244] ва дигарон инъикос ёфтааст. Ба андешаи мухаккик арзиши асархои эшон пеш аз хама дар он аст, ки онхо дар асоси маводи экспедитсияхо ва маъхазхои нодир навишта шудаанд. Масъалаи мазкур дар бобу зербобхои асархои монографй, рисолахои номзадй ва доктории олимони Осиёи Марказй ва Русия: В.Л. Билшай, Б.П. Полвонова, Р.Х. Аминова, Ж.С. Тотибекова, Х.С. Шукурова, П.М. Чирков, Р.А. Набиева ва дигарон низ инъикос ёфтааст [13]. Дар чумхурй брошюрахои сершумори маъмул нашр шудаанд, ки муаллифони онхо собик ходимони хизбй, шуравй ва комсомолй мебошанд. Дар ин брошюрахо баъзе далелхо ва ракамхои марбут ба мавкеи пеш аз инкилобии занони точик оварда шудаанд. Мутаассифона, бештари асархо дар асоси принсипхои синфият ва хизбият тахия гардидаанд. Дар робита бо чашнгирии Рузи байналмилалии занон - 8 март хамасола дар матбуоти даврии чумхурй маколахои зиёде нашр мегардиданд, ки дар онхо, одатан, вазъи сангин ва токатфарсои занони то шуравй инъикос мешуд.

Адабиёти илмие, ки ба масъалаи мавкеи занони точик дар давраи тоинкилобй бахшидашудааст шартан ба ду гурух чудо кардан мумкин аст:

1) брошюрахои махсус, маколахое, ки бевосита ба масъалаи занон бахшида шудаанд;

2) асархо оид ба таърихи Точикистон, ки чанбахои муайяни ин масъаларо ошкор месозанд.

Дар адабиёти таърихй асосан тарафхои зерини масъала то андозае равшан гардидааст: мавкеи зан дар оила, зухуроти бисёрзанй, калин, чойгохи занон дар сохаи фарханг, иштироки занон дар харакатхои инкилобй ва гайра.

Тахлили мероси афкори чамъиятй-сиёсй ва мухаккикон ба хулосае меорад, ки масъалаи вазъи занони точик дар давраи тоинкилобй дар асархои илмй, илмй-оммавй ва бадей ба кадри имкон тахкик гардида бошад хам, дар давраи муосир ба омузиши амик аз диди нав тахлил ва чамъбасти чиддй ниёз дорад.

Тахлил ва омузиши мероси пургановати афкори чамъиятию сиёсй ва фархангии халки точик, имкон медихад, ки ба сахми бебахои эшон дар: якум, тахия ва коркарди консепсияи илмй ва методологии масъала; дуюм, ифодаи амики нуктаи назар оид ба накши занон дар чомеа ва тамаддуни инсонй равшанй андозем.

Адабиёт

1. Абуали ибн Сино. Авиценна. Канон врачебной науки: В 10 т. - Ташкент, 1996. - 883 с.

2. Айни С. Холида. Жизнь Садриддина Айни (краткий хронологический очерк). - Душанбе: Дониш, 1982. -120 с.

3. Андреев М.С. Таджики долиныХуф (Верховья Аму-дарьи) Выпуск 1-11 - Сталинабад, 1953. - 250 с.

4. Бартолд В.В. Задачи руского востоковедения в Туркестане. - Петроград, 1915. - 18 с.

5. Бобринский А.А. Горцы верховьев Пянджа (Ваханцы и Ишкашимцы). - М., 1908. - 214 с.

6. Варыгин М.А. Опыт описания Бухарского бегства //Известия Императорского Русского географического общества. Том LII, выпуск Х. Краткий исторический очерк, 1916. - 46 с.

7. Гафуров Б.Г. Тоцикон: Таърихи цадимтарин, цадим, асруои миёна ва давраи нав. - Душанбе: Дониш, 2008. - 870 с.

8. Дониш А. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития. - Душанбе: Сарват, 1992. -98 с.

9. Наливкин В., Наливкина М. Очерк быта женщин туземного оседлого населения Ферганы: - Казань, 1886. - 245 с.

10. Зикриёева М. Ф. Таърихнигории масъалаи занони Тоцикистон. - Душанбе, 2001.

11. Олимов К. Исследования по суфизму / К. Олимов. - Душанбе: Шарки Озод, 1999. - 191 с.

12. Остроумов Н.П. Сарты. Этнографические материалы. Выпуск третий. Пословицы и загадки сартов.-Ташкент: Каменские, 1895. - 188 с.

13. Раджабов А. Афкори мусиции тоцик дар асруои XII-XV (Таджикская музыкальная мысль вXII-XVвв.).

- Душанбе: Дониш, 1989. - 234 с.

14. Раджабов 3. Из истории общественно-политической мысли таджикского народа во второй половине XIX и в начале XX вв. - Сталинабад: Таджикгосиздат, 1957. - 459 с.

15. Семёнов А.А. Этнографические очерки Зеравшанских гор, Каратегина и Дарваза. -М., 1903. - 129 с.

16. Энгельс Ф. Происхождение семьи, частной собственности и государства. - М.: Госполитиздат, 1963.

- 81 с.

МАСОИЛИ КОНСЕПТУАЛЙ ВА МЕТОДОЛОГИИ ЧОЙГОХД ЗАН ДАР АФКОРИ ^АМЪИЯТИЮ СИЁСЙ ВА ФАРХДНГИИ ХАЛЦИ ТО^ИК

Дар макола раванди ташаккули пайдарпайи масъалаи занон дар рушди таърихии он баррасй шудааст. Сахми афкори сиёсй, равшанфикрони форсу точик дар равшанй андохтан ба масъалаи накш ва чойгох, маком ва мавкеи занон дар чомеа ва оила муайян карда шудааст. Дар макола ба тагйироти тадричии назар ва акидахои мутафаккирони чамъиятию сиёск нисбат ба мавкеи занон дар масири таърих равшанк андохта шудааст. Кайд мегардад, ки масъалаи манзалати зан-модар, дустдошта, хамсар ва тарбиятгари насли наврас дар осори мутафаккирони бузург, олимон, дар мероси бебахои шоирони барчаста инъикос ёфтааст. Накши зан дар оила ва чомеа, хидматхои беназири у дар назди инсоният дар эчодиёти шоирону нависандагони нобига, чун Рудакй, Фирдавсй, Саъдй, Х,офиз, Хайём, Ч,омй, Дониш, Айнй, Ибни Сино ва гайра таъкид шудааст. Дурдонахои мусикии тачаддудхохон ва бунёдгузорони мусикии точику форс, назариётчиён ва навозандагон - Борбади Марвазй, Мухаммади Нишопурй ва бисёр дигарон ба занон бахшида шудаанд. Дар эчодиёт ва фаъолияти худ маорифпарварони барчастаи точик - А.Дониш, Ш.Шохин, М.Х,айрат, Т.Асирй, А.Савдо, Р.Возех, С.Айнй ба масъалаи тарбияи занон, омузиши мавкеи бонувон дар чомеа ва оила эътибор додаанд. Муаллиф кайд мекунад, ки дар муайян намудани чойгох ва макоми занон дар чомеаи феодалй-патриархалй сахми муайяне аз чониби намояндагони барчастаи харакати чадидия - М.Бехбудй, А.Фитрат, АДамдй ва дигарон гузошта шудааст. Аксари онхо оид ба бехукукк ва вазъи мураккаби гуломворонаи оммаи занон, дастнорасии онхо ба манбаъхои фархангй ва маънавй сухан мекарданд.

Калидвожахо: масъалаи занон, мутафаккирон, равшанфикрон, шоирон, нависандагон, навозандагон, маорифпарварон, маориф, чадидон, мавкеи занон, накш, маком.

КОНЦЕПТУАЛЬНО-МЕТОДОЛОГИЧЕСКИЕ ВОПРОСЫ МЕСТА ЖЕНЩИНЫ В СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКОЙ И КУЛЬТУРНОЙ МЫСЛИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА

В статье рассматривается процесс последовательного становления женского вопроса в своем историческом развитии. Раскрывается система взглядов, общественное мировоззрение в отношении роли и места, статуса и положения женщин в обществе и семье. Освещается постепенное изменение взглядов и подходов общественно-политических мыслителей к проблеме женщин. Отмечается, что отношение к женщине -матери, возлюбленной, супруге и воспитательнице подрастающего поколения отражается в трудах великих мыслителей, ученых, в бесценном наследии выдающихся поэтов. В статье пишется, что роль женщины в семье и обществе, ее заслуги перед человечеством освещены в творчестве гениальных поэтов и писателей, таких как Рудаки, Фирдауси, Саади, Гафиз, Хаям, Джами, Дониш, Айни, Авиценна и многих других. Блестящие музыкальные произведения основоположников таджикско-персидской музыки, теоретиков и музыкантов -

Борбад Мервези, Мухаммед Нишопури и многих других посвящены женщине. В своем творчестве и деятельности выдающиеся таджикские просветители - А. Дониш, Ш. Шохин, М. Хайрат,Т. Асири, А. Савдо, Р. Возех, С. Айни и др., уделяли внимание вопросу женского образования, изучению положения женских масс в обществе. Автор отмечает, что определенный вклад в выявление места и статуса женщин в феодально-патриархальном обществе внесли джадиды - М. Бехбуди, А. Фитрат, А. Хамди и др., многих из которых возмущало бесправие, забитость женских масс, прикованность их к домашнему очагу, недоступность им источников культурных и духовных богатств.

Ключевые слова: женский вопрос, общественно-политические мыслители, поэты, писатели, музыканты, просветители, образование, джадиды, положение женщин, роль, статус.

CONCEPTUAL AND METHODOLOGICAL ISSUES OF A WOMAN'S PLACE IN SOCIO-POLITICAL AND CULTURAL THOUGHT OF THE TAJIK PEOPLE

The article examines the process of consistent formation of the women's issue in its historical development. The author reveals the system of views, social Outlook on the role and place, status and position of women in society and the family. The article highlights the gradual change in the views and approaches of socio-political thinkers to the problem of women. It is noted that the attitude to a woman-mother, lover, spouse and teacher of the younger generation is reflected in the works of great thinkers, scientists, in the priceless legacy of outstanding poets. The article says that the role of women in the family and society, her services to humanity are highlighted in the works of brilliant poets and writers such as Rudaki, Firdausi, Saadi, Gafiz, Khayam, Jami, Donish, Aini, Avicenna and many others. Brilliant musical works of the founders of Tajik-Persian music, theorists and musicians - Borbad Mervezi, Muhammad Nishopuri and many others are dedicated to women. In their work and activities, prominent Tajik educators-A. Donish, sh. Shokhin, M. khairat, T. Asm, A. Savdo, R. Vozeh, S. Aini and others, paid attention to the issue of women's education, the study of the position of the female masses in society. The author notes that a contribution in identifying the locations and status of women in a feudalPatriarchal society has made jadids - behboodi M., A. Fitrat, A. Hamdi and others, many of whom resented the injustice, the oppression of the female masses, chained them to the home, lack of access to sources of cultural and spiritual wealth.

Keywords: women's issue, socio-political thinkers, poets, writers, musicians, educators, education, jadids, status of women, role.

Дар борам муаллифон

Амриддинзода Зубайда Амрмддмн

Унвончуи кафедраи таърихи хал^и точик

Донишгохи миллии Точикистон

734025, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе,

х. Рудакй, 17

Тел.: (+992) 988 08 88 22

E-mail: amridddinzodaz@mail.ru

Об авторах

Амриддинзода Зубайда Амрмддмн

Соискатель кафедры истории

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

таджикского народа

Таджикский национальный университет

734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе,

пр. Рудаки, 17

Тел.: (+992) 988 08 88 22

E-mail: amridddinzodaz@mail.ru

About the authors

Amriddinzoda Zubaida Amriddin

Applicant for the Department of History of the Tajik People

Tajik National University

734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Rudaki Ave., 17

Ph.: (+992) 988 08 88 22

E-mail: amridddinzodaz@mail.ru

Муродов Сунатулло Махмадрачабович

Муаллими калони кафедраи таърихи хал^и точик

Донишгохи миллии Точикистон

734025, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе,

х. Рудакй, 17

Тел.: (+992) 987 14 43 81

E-mail: icllom 123@gmail. com

Муродов Сунатулло Махмадраджабович

Ст. преподаватель кафедры истории

таджикского народа

Таджикский национальный университет

734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе,

пр. Рудаки, 17

Тел.: (+992) 987 14 43 81

E-mail: icllom 123@gmail. com

Murodov Sunatullo Mahmadrajabovich

Senior teacher for the Department of History of the Tajik People

Tajik National University

734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Rudaki Ave., 17

Ph.: (+992) 987 14 43 81

E-mail: icllom 123@gmail.com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.