Научная статья на тему 'MAIN WORKS CORRECTIVE ACTIVITY OF EXPERTS SPEECH-THERAPISTS'

MAIN WORKS CORRECTIVE ACTIVITY OF EXPERTS SPEECH-THERAPISTS Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
131
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАРУШЕНИЕ РЕЧИ / ДИЗАРТРИЯ / ЛОГОПЕД / ПРОИЗНОШЕНИЕ РЕЧИ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Атоева Латифа

В статье анализируются способы коррекции произношения у детей с нарушениями речи. Автор на основе анализа показывает положительное результаты логопедические результаты в случае нарушение определённых методов у детей с нарушениями речи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ОСНОВНЫЕ РАБОТЫ КОРРЕКЦИОННОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СПЕЦИАЛИСТОВ-ЛОГОПЕДОВ

The article analyzes the ways of correcting pronunciation in children with speech disorders. The author based on the analysis shows positive results of speech therapy results in the case of violation of certain methods in children with speech disorders.

Текст научной работы на тему «MAIN WORKS CORRECTIVE ACTIVITY OF EXPERTS SPEECH-THERAPISTS»

САМТХ,ОИ АСОСИИ КОР^ОИ ИСЛОХИ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУТАХАССИС-ЛОГОПЕД

Атоева Л.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дар замони муосир накши мутахассисони сохаи логопедия дар таълиму тарбияи хонандагони дорои нуксонхои гуногуни нуткй хеле мухим арзёбй карда мешавад. Логопед барои дуруст машгул шудан ба ислох ва пешгирии вайроншавии нуткй бояд ба шахс хаматарафа таъсир расонидан, нишонахои (симптоматикаи) вайроншавихо, мувофикатнокии нишонахои нуткй ва бенуткй дар таркиби фаъолиятхои нуткй, хусусан яке аз намуди нуксонхои нуткй - дизартрияро донад.

Дизартрия вайроншавии тарафхои талаффузи овозхои нутк мебошад, ки бо норасогии модарзодии бехаракатй ва ё сустии дастгохи нуткй алока дорад. Нишонахои асосии дизартрия дар пайдо шудани нуксонхои артикулятсионии овозхо, нуксонхои овозбарорй, дар тагйирёбии суръати нутк, вазн ва оханг дида мешавад. Вайроншавии мазкур сабаб ва дарачахои гуногун дорад - омехтахо вобаста аз чои зарба хурдани системаи марказй ва гайримарказй (периферй), вазнинии вайроншавй ва вакти пайдошавии нуксон.

Асоси фаъолияти логопед бо кудакони гирифтори дизартрияро механизмхои вайроншавй, мухаррики умумиву нуткй ва ба кайд гирифтани хусусиятхои шахсии кудакон ташкил медихад. Диккати асосй ба холати инкишофи нутки кудакон, хусусан ба пахлухои инкишофи лексикй ва сохти имловй, хамчун хусусиятхои функсияи коммуникативии нутк равона карда мешавад. Натичахои мусбати корхои логопедй дар холати риоя кардан ба конуниятхои зерин ба даст оварда мешавад:

а) мархила ба мархила ташаккул додани тамоми пахлухои нутк;

б) муносибати пайдарпай ба тахлили нуксони нуткй;

в) ба танзим даровардани фаъолияти психикии кудакон бо воситаи инкишоф додани вазифахои нутки алоканок.

Бояд кайд кард, ки дар чараёни машгулиятхои дурударози пайдарпай ва дар аксари мавридхо охиста-охиста ислох ёфтани мухаррики дастгохи артикулятсионй, инкишофи харакатхои артикулятсионй, ташаккул ёфтани кобилият ба гузариши ихтиёрй ва инкишофи идроки фонематикй ба рох монда мешавад. Бо ин рох ислохи пахлухои овозии нутк ва малакахои нутки хаттиву дахонй ташаккул меёбад. Кори логопедиро аз синну соли хурди томактабй огоз намуда, барои рушди пурраи тарафхои мураккаби фаъолияти нуткй ва мутобикшавии ичтимой шароити лозимаро бояд мухайё кард. Дар ин чода ташкил ва гузаронидани чорабинихои логопедиву табобатии ислохи кафомонии мухаррики нутк ахамияти калон дорад.

Кудакони синни томактабии дорои нуксони дизартрия дар кудакистонхои махсуси барои кудакони вайроншавихои нутк таълим мегиранд, кудакони синни мактабии гирифтори нуксони дизартрияи вазнини нутк бошанд, дар мактабхои махсус таълим гирифта, пас аз хатм шаходатномаи маълумоти миёнаи синфи 9-ро сохиб мегарданд.

Вазифахои асосии корхои логопедй бо кудакони ба дизартрия гирифтор дар кудакистон ва дар мактабхои махсус инхоянд:

1. Таълими талаффузи овозхо, яъне инкишофи мухаррики артикулятсионй, нафаскашии нуткй, нигох доштан ва мустахкам намудани овозхо дар нутк.

2. Инкишофи идроки фонематикй ва ташаккул додани малакахои тахлили овозй.

3. Ба меъёр даровардани пахлухои просодикии нутк (тарзи талаффузи хичохои заданоку безада, хичохои дарозу кутох), яъне бартараф кардани пайдошавии вайроншавихои вазнй ва пахлухои охангии нутк.

4. Ислохи бавучудоии норасогии умумии нутк. Бартараф кардани норасогии умумии нутк дар кудакони дорои нуксони дизартрия дар чараёни таълиму тарбия кудакистонхои махсус ба рох монда мешаванд.

Вазифаи аввалиндарачаи ислохи талаффузи кудакон-дизартрикхо ба рох мондани талаффузи дифференсиалй (алохида) хисоб меёбад. Бояд ба назар гирифт, ки сабаби асосии норасогии талаффузи овозхо - ин пурра ё кисман бехаракат будани узвхои дастгохи нуткй мебошад, аз ин ру логопедро зарур аст, ки ба инкишофи харакати дастгохи артикулятсионй диккати бештар дихад.

Бо ин максад, барои ба харакат даровардани мушакхои сохти руй, бартараф кардани никоби пушида ва камхаракатии дастгохи артикулятсионй чунин масхи мушакхои руй гузаронида мешавад: охиста-охиста бо кафи даст задан ба лунчхои руй, ба воситаи ангуштхо пучидани кисми поёнии чог аз берун, ба воситаи ангушти фармондех махс кардани пардачаи таги забонй ва мушакхои гулуву-комй мебошад. Fайр аз ин масхи доимии лабхо: молидани лабхо, часпондани лабхо, харакатхои молидани доиравй дар кунчхои дахон. Коми мулоим ба воситаи ангушти дароз аз пеш ба акиб ва аз акиб ба пеш масх карда мешавад. Давомнокии махс 2 дакика ва агар дар кудак харакатхои беихтиёр дида шавад, онхоро ба воситаи такрори доимй мустахкам кардан лозим аст. Кудак харакати органи артикулятсиониро дар худ (ба воситаи оина) ва дар руи логопед мушохида мекунад. Овози нолишро (барои овози М), овози сулфаро (барои овози К) гуш мекунад, харакатхо аввал якчоя бо логопед ва баъд аз нишон додан ба кудак аз тарафи кудак мустакилона ичро мегардад. Хдмин тавр, кудак охиста-охиста ба ичрои мустакилона мегузарад. Усули машкхои гайрифаъол барои кудакони бо дизартрияи таги пустлохй ва псевдобулбарй зарур ва фоидаовар аст.

Кудак бо ёрии калонсол ё ин ки бо рохи механикй чойгиршавии органи артикулятсиониро ба вучуд оварда, бо хамин харакатхои забон, лаб ва гайраро равшан эхсос мекунад. Охиста-охиста барои ичрои харакатхои мустакилонаи фаъол имконият пайдо мешавад, яъне дар машкхои гайрифаъоли узвхои артикулятсионй ёрии механикй (дасти логопед, мисбор (зонд)-хои махсус, дастакхо (шпатель) ва г.) истифода бурда мешаванд. Машкхоро ба воситаи дасти кудак ичро кардан лозим аст: бо воситаи назорат ва ба воситаи оина, дар хотир дошт, ки харакат бояд охиста ичро карда шавад. Мисол, кудак дахонашро калон мекушояд, логопед ангушти калони дасти ростро баъди тоза бо собун шустан, ба болои дандонхои катори поён мемонад, 4 ангушти дигар бошанд, чоги поёнро медоранд; нуги забонро ба воситаи сачокча медоранд ва охиста ба пеш мекашанд, то ин ки кудак бо дасташ забонашро дошта тавонад. Барои он, ки харакатхои гайрифаъол бе мушкилй гузаранд, ёрии механикиро камтар кардан мумкин аст, то ин ки кудак дар холати нигохдории забон бо даст дер карор гирад.

Чй хеле, ки маълум аст дар кудакони гирифтори дизартрия рехтани оби дахон ба чашм мерасад, ки дар ин хол ба кудак фахмондан лозим аст, ки амалу харакатхои хоиданро бо сари ба акиб хамкардашуда ичро кунад.

Мархилаи дигар - машкхои фаъолонаи дастгохи артикулятсионй мебошанд, ки такрибан дорои чунин машкхоянд:

1. Барои чоги поён - кушода пушидани дахон бо расиши дандонхо ба хамдигар. Нигох доштани дахони кушода (зери хисоб), дар чараёни ин машкхо бояд махкам шудани дахон бо гузариши рахи миёна ба назар гирифта шавад.

2. Барои мустахкам кардани харакатхои лабхо:

а) нишон додани катори дандонхо, ба пеш баровардани лабхо. Ангушти даст ё кандро (леденец) ба дахони кудак мегузоранд ва мегиранд, сипас дастро якбора мекашанд. Ин гуна машкхоро мунтазам ва тез-тез такрор кардан лозим аст;

б) баъд аз машкхо бо лабхо ба нигох доштани найча (трубочка) ё ин, ки зонд мегузаранд, логопед аз дахони кудак найча ё зондро кушиш мекунад кашида гирад, кудак бошад кушиш мекунад онро дар дахон нигох дорад;

в) ба пеш баровардани лабхои часпидашуда ва баргаштан ба холати дуруст;

г) ба пеш баровардани лабхои часпида ва ба табассум моил намудани лабхо (чогхо бояд пушида бошанд);

г) ба пеш баровардани лаби боло якчоя бо забон (забон лаби болоро ба пеш тела медихад);

д) ба дахон даровардани лабхо бо часпиши сахт ба дандон;

е) бо дандони болой газидани лаби поёнй.

Машкхои дар боло нишон додашуда бо максади инкишофи харакати забон дар холатхои мураккаб ичро карда шуда, ичроиши ин машкхоро аз зинахои рефлектори гайриихтиёрй огоз кардан лозим аст. Барои пайдо кардани харакати баровардан ва расонидан забон ба пеш ва ба лабхо, ба дахони кудак канд мебаранд ё ин, ки ба лаби поёнй ширинй мемоланд.

Машкхои зерин бошанд, харакати забонро фаъол мекунанд:

а) харакати забон ба пеш ба акиб. Агар забон ором бе тарангшавй ва мамоният пеш барояд хуб аст, лекин агар забон таранг шавад кашиши рагхои забон сахт шавад, он вакт бо ёрии асбоби махсус (шпатель) ё ин, ки бо кошук ин машк амалй гардонида мешавад;

б) охиста газидани нуги забон;

в) харакатхои забон ба тарафи чапу рост, ин амал бо дахони калон кушода ва нуги забонро аз ин кунч ба кунчи дигар расонидан ичро мегардад;

г) боло бардоштани забон ва расонидани нуги забон ба катори дандонхои боло.

Хулоса, бо воситаи ин машкхо инкишофи дурусти нафаскашии нуткй ва овозй ба

рох монда шуда, максади машкхои нафаскашй - васеъ кардани хачми шуш, зиёд кардани харакати кафаси сина, кудакро ба дуруст истифода бурдани нафасбарорй омузонидан аст. Логопед бояд худаш ба кудак тарзи дурусти ичрои нафасгирии кутох ва чукур, нафасбарории дарозро нишон дихад. Барои назорати нафасгирии диафрагмалй (пардаи хочиз) дастро ба болои шиками кудак, ба чои дифаграма мондан лозим.

Барои ичрои дурусти нафасбарории дароз машки зеринро гузаронидан айни муддаост: шамъро ба воситаи хаво хомуш кардан, пуф кардани пуфакхо ва бозичахои резинй.

Пас аз он, ки нафасбарории дурусти дахонй ба рох монда мешавад, ба машкхои овозй мегузаранд ва бояд ба назар гирифт, ки ичрои чунин машкро аз овозхои садонок огоз мекунанд. Баъд аз пайдо шудани овозхои хамсадо дар нутк, машкхои хичогй сар мешаванд, ба монанди С-А- З-А ва гайрахо. Дичохоро дарозу кутох бо овози баланд ва паст мустахкам мекунанд.

Гурухи якуми овозхоро, ки ба худ фонемахоро дохил мекунанду аз чихати артикулятсионй одй, вале аз чихати акустикй аз якдигар дур мебошанд, дар нутк истифода бурда, нуткро мустахкам кардан лозим аст. Ба инхо дохил мешаванд овозхои зерин: а, п, у, м, к, н, х, в, о, т, с, л ва ин овозхоро дар бисёр мавридхо то ба меъёри муайян расонидан мумкин аст.

Дангоми бо ин фонемахо кор кардан инкишофи идроки фонематикй ва пайдо шудани малакахои тахлили овозй (чудо кардани овози лозима аз якчанд овозхо ва хичохои калимахои сода) гузаронида мешавад.

Дар аксари мавридхои муайяни вайроншавихои артикулятсионй ёрии махсус талаб карда мешавад. Логопед хиссиёти тактилй (ламсй) ва тахлилкунандаи биноиро истифода бурда, барои дуруст талаффуз кардани ин ё он овоз ва кинестикй хис кардани онхо, ки ба пайдо шудани харакатхо лозиманд, ба кудак мефахмонад ва ёрй мерасонад.

Мисол: дар намуди анартрия логопед барои овардани артикулятсияи овози «У» бо дасташ лабхои кудакро ба хам наздик мекунад. Кумаки асосиро логопед ба кудак дар вакти талаффузи артикулятсияи бурро ва фахмои овозй мерасонад. Дар вакти мондани овоз логопед бояд талаффузи овозро ба койида наздик кунад, зеро дар ин холат бо рохи машкхои доимии наздикшавй ба чойгирии артикулятсионй аналог ба овози хакикй табдил меёбад. Минбаъд логопед охисат-охиста метавонад аз кудак талаффузи дурусти овозро талаб кунад.

Fайр аз бо мухаррики артикулятсионй кор кардан, бояд ба инкишофи идроки фонематикй низ эътибор дод. Мисол барои шинохтани овоз нисбати дигар овозхои садонок, тахлили кардани овозхоеро, ки аз 2-3 фонема иборатанд. Чй хеле, ки маълум

acT, дap чapaёни омyхтaни овозхо, кyдaкон 2-3 хичохои гyногyнpо якчоя тaкpоp мекyнaнд, яъне онхо овозxоpо номбap кapдa, хичохо Ba кaлимaxоpо тaлaффyз мекyнaнд.

Дap мaшFyлиятхои мондaни овозхо, коpхои 4a6xaBï, ки 6a инкишофи узвхои дacтгохи apтикyлятcионй paвонa кapдa шyдaacт, гyзapонидa мешaвaд. Мaшк;xое, ки дap чapaёни мaшFyлият гyзapонидa мешaвaнд бояд 6a хaмa aъзои Typyx дacтpac Ba фaхмо бошaнд. Инчунин, гyзapонидaни мaшк;xои нaфacкaшиpо низ фapомyш нaбояд кapд, зеpо к;исми acоcии мaшFyлияти тaлaффyзи овозxоpо, шaкли дypycт aз худ кapдaни овозхои caдонок Ba xaмcaдо тaшкил медиxaд. Бapои caнчиши дapcи гyзaштa бошaд, логопед 6a кyдaкон чойгиpшaвии узви apтикyлятcияpо пешниход мекyнaд.

Мaшк;xо тaлaффyзи овозхо зеpи нaзоpaти идpоки биной Ba лaмcй гyзapонидa мешaвaд. Бapои мycтaxкaм кapдaни овоз, кyдaкон якчоя Ba ё ин, ки aлоxидa кaлимaxои овози лозимй доштapо тaлaффyз мекутанд.

Дap дaвpaи якуми коpxои ислохй инкишофи фонемaтикии кyдaк беxтap мегapдaд: идpоки шyнaвой бaлaндтap шyдa, aз чиxaти инкишофи apтикyлятcионй пеш меpaвaд. Дap ин мapxилa мaшк;xои тaфpик;aвии овозхо, ки aз якдигap aз чиxaти нишонaxои apтикyлятcионй дyp мебошaнд, гyзapонидa мешaвaнд:

• тaфpик;aи овозхои дaxонй, бинигй (п-м);

• дap дохили гypyxи овозхои бинигй, тaфpик;aи овозхои м-н;

• дap гypyxи овозхои тapкишшaвaндa тaфpик;aи овозхои к-х;

• тaфpик;aи caдонокxои a, y, о, э;

• тaфpик;aи овозхои тapкишшaвaндa Ba молишхypaндa (фpикaтивй) т-с.

Дap чapaёни ин мaшк;xо бapои aзхyд кapдaни дигap овозхо, тaxкypcии acоcии коpxои ислохй бa вучуд меояд.

Бояд кдйд нaмyд, ки кyдaкон новобacтa aз он, ки овозxоpо дypycт тaлaффyз кapдa нaтaвонaнд xaм, вaле бa осонй овозpо aзхyд кapдa метaвонaнд. Мисол овози «p» фaъолнокии нутрии кyдaкон мaлaкaи тaxлили овозиpо бaлaнд мекyнaд, нок;исихои дyюмдapaчa дap идpоки шyнaвой, ниcбaт бa ноpacогии тaлaффyзй беxтap Ba зyдтap бapтapaф кapдa мешaвaнд.

Дap дaвpaи дуюми мaшк;xо бошaд, aз чиxaти фapк;ият овозхо тaкяи apтикyлятcионии кaм доpaнд. Дap кyдaкон тacaввypоти овозй дap acоcи тaлaффyзи тaфpик;aи овозхо, ки дaвpaи мyaйяни aзхyдкyниpо инъикос мекyнaнд, тaшaккyл меёбaнд.

Мaxз дap xaмин дaвpa коpи тaфpик;aвии овозхои с-з, ш-ж, ч-ш ,ч-т гyзapонидa мешaвaд Ba пac aз он, ки кyдaкон овозxоpо фapк; мекapдaгй мешaвaнд, логопед бa онхо xapфxоpо пешниход мекyнaд (дap гypyxи тaйёpй бa мaктaб). Волидaйни кyдaкони бa дизapтpия гиpифтоp бояд бa нaзap гиpaнд, ки инкишофи cypъaтноки нутк aз хapaктеpи мyноcибaтxои y бо кaлонcолон, aз хусусиятхои мyошиpaти y бо онхо вобacтaгии зич доpaд. Зеpо оилa бa инкишофи нутк;и кyдaк тaъcиpи хyдpо меpacонaд.

Боз як чизpо кдйд кapд, ки дap кyдaкон-дизapтpикxо биcёp Ba^ вaйpоншaвии xapaкaти aнгyштxо Ba дacт мyшоxидa кapдa мешaвaд. Кyдaк чузъхои cодaтapинpо мycтaк;илонa ичpо кapдa нaметaвонaд, бa монaнди: либос пyшидaн, муи cap шонa кapдaн, aмaли мycтaк;илонa бо aшёxои хypд. Бapои ислохи ин кaмбyдиxо xaм дap оита Ba xaм дap мyaccиcaxои тaълимй доимо мaшк;xои гyногyнpо, ки онхо бa xapaктxои aнгyштxо тaъcиp меpacонaнд, гyзapонидaн лозим acт. Нaбояд фapомyш кapд, ки мaшк;xо бояд бо фaъолияти бозии кyдaк aлок;aмaнд бошaнд Ba ислохи ин кaмбyдиpо aввaл бо иcтифодaи aшёxои кaлон Ba бaъд бо aшёxои мaйдa инкишоф медиxaнд, яъне бa кyдaк доштaни aшё, нигох доштaн Ba бо он aмaл кapдaнpо меомyзонaнд. Бapои ичpои ин мaшк;xо бa бaчaxо бозичaxои мaхcycpо, ки aз чиxaти xaчм, шaкл, вaзн гyногyнaнд, пешниход мекушнд. Инчунин aз як дacт бa дигap дacт гиpифтaни aшё бa кyдaк фоидaи кaлон доpaд. Мypaббй пешaкй бa коFaзи Faфc pacми aшёxоpо мекaшaд, бaъд кyдaк бa болои ин коFaз aшёxои лозимиpо мегyзоpaд. Ашёxоpо aз чиxaти вaзн, xaчм, paнг чо бa чо гyзоштaн низ мумкин aer Бapои инкишоф ёфтaни xapaкaти aнгyштxо, aшёи мaйдa,

ба монанди тугмачахо, чубчахо, доначахоро ба таври васеъ истифода мебаранд. Онхоро бо ангушт гирифта ба куттича ё халтача мегузоранд, кудакон бо хавас тугмачахоро ба ресмон мегузаронанд, бо кайчй шаклхои ашёро, ки мураббй кашидааст, мебурранд. Мураббй ва волидайн бо диккат харакату амали кудакро назорат мекунанд ва уро таъриф мекунанд.

Тавре дида мешавад, мутахассис-логопедхо дар самти фаъолияти кории худ бояд нозукихои ин касбро дар сатхи хуб дониста, дар муносибат бо хонандагони аз чихати чисмонй нокис ба тахкикот ва нишондодхои педагогиву физиологии олимони соха такя намоянд.

Адабиёт:

1. Кривовязова Н. Д. Обучение связной речи: Учебно-методическое пособие. - М.:

НМЦентр, 2000.

2. Ушакова О. С. Развитие речи дошкольников. - М.: Изд-во Института Психотерапии, 2001.

3. Филичева Т. Б. и др. Основы логопедии: учеб. пособие для студентов пед. ин-тов по спец.

«Педагогика и психология (дошк.)» / Т. Б. Филичева, Н. А. Чевелева, Г. В. Чиркина. - М.:

Просвещение, 1989.—223с.: ил.

4. Филичева Т.Б. Особенности формирования речи у детей дошкольного возраста.

Монография.- М., 2000. - 314 с.

ОСНОВНЫЕ РАБОТЫ КОРРЕКЦИОННОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СПЕЦИАЛИСТОВ-ЛОГОПЕДОВ

В статье анализируются способы коррекции произношения у детей с нарушениями речи. Автор на основе анализа показывает положительное результаты логопедические результаты в случае нарушение определённых методов у детей с нарушениями речи.

Ключевые слова: нарушение речи, дизартрия, логопед, логопедические работы, произношение речи.

MAIN WORKS CORRECTIVE ACTIVITY OF EXPERTS SPEECH-THERAPISTS

The article analyzes the ways of correcting pronunciation in children with speech disorders. The author based on the analysis shows positive results of speech therapy results in the case of violation of certain methods in children with speech disorders.

Key words: speech impairment, dysarthria, speech therapist, logopedic of work, the pronunciation, speech.

Сведения об авторе: Атоева Латифа, ассистент Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: latifah.at87@list.ru

Information about the author: Atoeva Latifa, an assistant of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

РОЛЬ МЕЖДУНАРОДНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ В МЕТОДИЧЕСКОМ ОБЕСПЕЧЕНИИ ДЕТСКИХ ДОШКОЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (НА ПРИМЕРЕ КЛАСТЕРНОГО БЮРО ЮНЕСКО АЛМАТЫ

(2006-2012)

Бобохонова С.

Институт развития образования Академии образования Таджикистана

За годы независимости для укрепления правовой основы и законодательной базы системы образования приняты Законы Республики Таджикистан «Об образовании» (27 декабря 1993 года, в новой редакции 10 мая 2004 года и 31 августа 2013 года), Законы Республики Таджикистан «О начальном профессиональном образовании» и «О высшем профессиональном и послевузовском образовании», Национальная Концепция образования Республики Таджикистан, Концепции развитии дошкольного воспитание в РТ (1993) Национальная Концепция воспитания, разработаны более 150

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.