Научная статья на тему 'КРИТИКА В ПОЛИТИЧЕСКОЙ МОДЕРНИЗАЦИИ'

КРИТИКА В ПОЛИТИЧЕСКОЙ МОДЕРНИЗАЦИИ Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
75
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВЕСТЕРНИЗАЦИЯ / РАДИКАЛИЗМ / СТРАНЫ ТРЕТЬЕГО МИРА

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Муродова Нигина Сулаймоновна

В статье рассматриваются особенности формирования критического направления в политической модернизации. Автор подчеркивает, что причиной формирования критических направления было обусловлено тем что, европейский либерализм не соответствовал политическому пути развития стран «третьего мира». Исследуются причины возникновения антимодернизационых и конртмодернизационных тенденций в политической модернизации. Излагаются выводы различных авторов относительно формированию эндогенных и экзогенных обществ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CRITICAL AREAS OF POLITICAL MODERNIZATION

The article discusses the features of the formation of the critical areas of political modernization. The author stresses that cause the formation of critical areas was due to the fact that the European political liberalism did not match the development of the "third world." We investigate the causes of anti-modernization and konrtmodernizatsionnyh trends in political modernization. The findings of various authors regarding the formation of endogenous and exogenous societies.

Текст научной работы на тему «КРИТИКА В ПОЛИТИЧЕСКОЙ МОДЕРНИЗАЦИИ»

Ба таври умум, нопойдорй ва мунтахои хастии худро пай бурда, инсон наметавонад, ки оид ба масъалаи вазифа ва таъиноти худ, оиди максад ва маънии мавчудияти хаёти худ андеша накунад. Имруз хам чун асрхои кабл хар як инсон ба ин масъалахо чавоби худро дорад.

Адабиёт:

1. Носири Хусрав. Куллиёт. Ч,. 3. - Душанбе, 2003.

2. Носири Хусрав. Зод-ул-мусофирин. - Душанбе, 2010.

3. Носири Хусрав. Чомеъ-ул-хикматайн. - Душанбе, 2011.

4. Чалолуддини Румй. Маснавии маънавй. - Техрон, 2001.

5. Философский энциклопедический словарь. - М., 2005.

ЧЕЛОВЕК КАК ФИЛОСОФСКАЯ ПРОБЛЕМА

Аннотация. В статье рассматривается проблема человека с точки зрения философии. Автор, рассматривая данную проблему в учении восточных и западных философов, приходит к выводу, что хотя многие философы по разным вопросам о человеке занимают одинаковую позицию, но по проблемам происхождения и миссии человека их позиции расходятся между собой.

Ключевые слова: макромир, микромир, человек, солнце, луна.

THE HUMAN LIKE A PROBLEM

Abstract. The article considers the human problem from point of view of philosophy. The author studied the problem in the science of the East and West philosopher made conclusion even so many philosophers have only position of different human problems, but generation and representation of human takes different positions.

Key words: macrocosm, microcosm, human, sun, moon.

Сведения об авторе: Карамхудоев Шукрат Худоназарбекович - кандидат философских наук, зав. кафедрой философии и политологии Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, e-mail: shukratk@mail.ru

Information about the author: Karamkhudoev Shukrat Khudonazarbekovich - candidate of Philosophic sciences, the head of chair of Philosophy and Political of Tajik State Institute of Languages named after Sotim Ulugzoda

РАВИЯ^ОИ ТАНЦИДЙ ДАР МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИЁСЙ

Муродова Н. С.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Дар тули инкишоф чомеа бештар аз анъанах,о ва одатх,ои сиёсй истифода намудааст ва бо такозои замон онх,о бегона гаштанд ва бо муносибати пешкадам ва окилона иваз шудаанд. То ташаккули таълимоти модернизатсияи сиёсй ин масъала аз назар берун мондааст ва хусусияти рузмарра низ надоштааст. Модернизатсияи сиёсй чун таълимот дар худ тагриби «вестернизатсия»-ро дошт ва кушиш бах,ри амалисозии демократияи гарбиро тачассум менамуд. Чунин кушиш боиси бор кардани арзишх,ои гарбй дар кишварх,ои гайригарбй гардид. Ва андешах,ои зидди модернизатсионй мах,з дар хдмин маврид ба вучуд омад. Пас саволе ба миён меояд, ки сабаби пайдоиши равиях,ои танкидй дар таълимоти модернизатсияи сиёсй дар чист?

Пеш аз х,ама барои чавоб пайдо намудан ба саволи мазкур моро зарур аст, ки ба тачрибаи сиёсии солх,ои 70-90-уми асри XX кишварх,ои гуногуни олам назар намоем. Тачрибаи кишварх,ои гайриаврупой дар солх,ои 70-80-уми асри XX аз он далолат

32

мекунад, ки нyсхабаpдоpии демокpатияи евpопой ва амpикой даp pафти демокpатикyнонии кишваpx,ои Осиё, Афpико ва Амpикои Лотинй номyвофикиpо ба миён оваpд. Ч,омеаи анъанавй ба тавpи осон аз аpзишx,ои фаpхангии худ даст кашида натавонист. Ин х,одиса сабабх,ои хyдpо дошт. Аввалан, сабаби асосй даp чой доштани умумиятх,ои анъанавии гуногун даp чомеаи анъанавй ва боздошти навоваpиx,о аз чониби онх,о ба назаp меpасид. Ин масъала тахлили x,амачонибаpо ба худ чалб намуд. Ахдмияти мух,им даp он буд, ки анъанах,ои чойдошта хосияти низомй, гуногунчабхдгй ва мypаккаби таъpихй доштанд. Хусусиятх,ои заpypии чомеах,ои мазкyp, ки ба аpзишx,ои замонавй ва мутамаддин мутоби; набуданд, даp pаванди сиёсй ба инобат гиpифта мешуданд. Аpзишx,ои мазкypи чомеаи анъанавй ба^и мустах,камкунии ягонагии чомеа ва муътадилии он замина буданд. Баъдан, хосиятx,оеpо чомеаи анъанавй сох,иб буданд, ки кобилияти таъмини омилх,ои дохилй ва эндогениpо доштанд. Бинобаp ин, муносибати анаъанавй ва pаванди мyосиpшавй бо x,амдигаp омезиш наёфтанд. Чдоаёни «вестеpнизатсия», ки хосияти ташфику таpFиби тамаддуни Fаpбpо дошт ба зиддиятх,о py ба py гашт. Х,амин тавp, даp таълимоти модеpнизатсия pавияx,ои гуногуни танкидй пайдо гаштанд.

Аз таpафи дигаp, намояндагони зиёди таълимоти модеpнизатсионй ба хулосае омаданд, ки модеpнизатсия ин pаванди бегонашавии анъана набуда, балки инкишоф ба воситаи анъана аст, ки хусусияти pаванди модеpнизатсиониpо муайян намуда, хдмчун омили танзимкунандаи он баpомад мекунад. Таксимкунии y^ypx^ манфй ва мусбии модеpнизатсия ба миён меояд. Масалан, чой доштани y^ypx^ этикодие, ки инсонpо хдмчун мах,луки yнивеpсалй аз pyи ахлоки пpотестантй мепиндоштанд, яке аз падидах,ои мусбии модеpнизатсия х,исобида мешуд. Ё yнсypи манфй даp шакли чой доштани иттих,одияи муташаккили анъанавй, ки максади кабули дигаpгyниpо надошт, ба назаp меpасад.

Равиях,ои танкидй даp таълимоти модеpнизатсионй даp солх,ои 60-уми асpи ХХ ташаккул ёфтанд. Махсусан, х,одисах,ои сиёсии давpаи мазкyp боиси он гаpдиданд, ки аpзишx,ои модеpнизатсионй ва таъсиpи онх,о ба кишваpx,ои дигаp даp зеpи шубхд каpоp гиpанд. Соли 1967 мухдккик Р.Бендикс хдмохднгсозии анъана ва pаванди мyосиppо даp таълимоти модеpнизатсия ошкоp сохт. У диккати хyдpо ба pаванди модеpнизатсионии Евpопа (махсусан Англия ва Фpансия) pавона намуд ва маълум сохт, ки модеpнизаитсия ба анъана такя мекунад ва даp алокамандй бо он амалй мешавад. Х,олати баамаломада мавчи танкидpо ба амал оваpд ва чаpаёнx,ои танкидии гуногун ба миён омадаанд, ки онх^о pасман ба ду кисмат чудо намудан мумкин аст.

1. Танкиди pадикалии модеpнизатсия, аз чониби намояндагони кишваpx,ои py ба инкишоф ва чаpаёнx,ои чапи солх,ои 60-уми Евpопа ба вучуд омадааст. Ба акидаи онх,о модеpнизатсия сиёсати мустамликакунонии кишваpx,ои Евpопаpо омили мусбй х,исобида онpо чонибдоpй менамояд. Радикализм ба мукобили модеpнизатсияи Fаpбй баpомад мекаpд.

2. Танкиди модеpнизатсия даp чоpчyбаи «назаpияи акибмонй», ки аз чониби pадикалони чапи Fаpб ва намояндагони кишваpx,ои py ба инкишоф матpаx, гаштааст. Онхо назаpияи модеpнизатсияpо баpои пyppа даp баp нагиpифтани хусусиятх,ои инкишофи чомае^ои гуногун ва аз чониби таълимоти мазкyp тавсифи пyppа наёфтани боздоpй ё тул кашидани pаванди модеpнизатсиониpо танкид намуданд [10, с. 514].

Модеpнизатсия даp маънои Fаpбикyнонй на хдма вакт аз чониби олимон пазиpyфта шудааст. Ба акидаи онх,о модеpнизатсия даp кишваpx,ои дигаp бо нокомих,о баpхypдоp мешавад, зеpо вобастагй ба аpзишx,ои Fаpбй ба нобудсозии сохтоpи иктисодй, мавкеи геогpафй ва ба вучудоии низоъх,ои ичтимой оваpда меpасонад. Солх,ои 60-70-уми асpи ХХ нофах,мих,ои зиёде даp таълимоти модеpнизатсионй ба ташакули ду чаpаён нисбат ба аз нав таx,pиp намудани таълимоти модеpнизатсионй ба вучуд омад. Чдоаёни аввал даp pоx,и танкиди модеpнизатсия амалй гашт. Чдоаёни дуюм

рохи аз байн бурдани махдудиятхо дар дохили таълимотхои мавчудаи модернизатсия ва талаботи аз нав дида баромадани назарияи модернизатсияро дошт.

Агар яке аз хусусиятхои равияхои танкидии таълимоти модернизатсионй дар ташвику таргиби арзишхои либералии Гарб бошад, пас хусусияти дигари он ба назар нагирифтани арзишхои фархангй ва эътикодии кишвархои гуногуни дар раванди модернизатсионй карор дошта мебошад.

Оид ба масъалаи дуюм, яъне ба инобат нагирифтани таъсири арзишхои фархангй ва эътикодии халкиятхои гуногун дар рафти модернизатсия, андешахои мухаккики араб Абдумалик хело чолиб мебошанд. Абдумалик унсурхои пешкадам ва тамаддудноки модернизатсияро мавриди тадкик карор дода, гарбпарастии модернизатсия ва универсализми гарбиро танкид намудааст. У ба хисоб гирифтани шаклхои эндогении инкишофи кишвархои «олами сеюм»-ро дар рафти модернизатсия зарур дониста, таъкид мекунад, ки хосиятхои кулли чомеахои гуногунро дар холати модернизатсия ба инобат гирифтан мухим аст. Абдумалик мукобилгузории анъанахои шаркй ва раванди модернизатсиониро дар таълимоти модернизатсия хато хисобида, пешниход намудааст, ки дар мавриди кабули модернизатсия хусусиятхои эндогении кишвархои гайригарбй ба инобат гирифта шавад. Манбаи асосии танкиди у дар таълимоти эндогенй зохир меёфт. Таълимоти мазкур истифодаи тачрибаи эчодй, мероси фархангй ва шаклхои фарханге, ки ба халкхои гуногун хос мебошанд, дарбар мегирад.

Масъалаи дигаре, ки дар таълимоти модернизатсияи сиёсй ба назар мерасид, нисбияти чой доштани анъана ва раванди муосиршавй буд. Мухаккикон кайд намуданд, ки байни анъанавй будан ва замонавй гардонидани муносибатхо ягон зиддияти чиддие вучуд надорад ва хар яки он ба воситаи хамдигар инкишоф меёбанд. Мухаккиконе низ хастанд, ки омилхои модернизатсиониро ба мисли рушди технологй, гарбикунонй дар инкишофи сиёсии кишвархои гайригарбй чандон мухим нахисобиданд ва вобастагии онхоро аз муносибаихои этникй, ичтимой ва арзишхои таъминсозандаи он донистаанд.

Дар миёнаи солхои 80-уми асри ХХ дар таълимоти модернизатсионй назария майл ба модернизатсия ба миён омадаст, ки инкишофи сиёсиро вобаста аз анъанахои хоси халкиятхои алохида пиндошта, инкишофи онро бе таъсири арзишхои бегона тачассум менамояд. Тарафдорони таълимоти мазкур А.Абдул-Малик, А.Турен, С.Хантингтон, Ш. Эйзенштадт мебошанд, ки нуктаи назареро оид ба хусусияти универсалии инкишофи чамъиятй ва сиёсй ба инобат гирифта таъкид месозанд, ки универсализм бештар метавонад бо партикуляризм хамоханг шавад ва дар холати махдудияти онхо модернизатсия ба муввафакият ноил хохад гашт. Модернизатсия хамчун раванди худинкишофёбанда ба хисоб рафта, дар амалишавии он на танхо накши элитаи сиёсй, балки таъсири холатхои объективй ва рафтори аъзоёни катории чомеа мухим мебошад.

Назарияи майл ба модернизатсия бештар ба худ хусусиятхои ичтимой ва фархангии умумиятхои чудоганаро дарбар мегирифт, ки шумораи онхо дар олами муосир хеле зиёд хам набуданду имконияти муттахидкунии омилхои хоси ин халкиятхо низ амри махол буд. Дар ин асос олимон кушиш намуданд, ки таълимотеро оид ба мутахидсозии арзишхои гарбй ва гайригарбй, ки асоси таълимоти модернизатсионии олам гардад, ба миён оранд. Аммо чунин хадафхо ва кушишхо натичаи дилхох набахшиданд. Максади асосии бунёди чунин таълимот пайдо намудани нишонахои анъанавии махалие мебошад, ки ба нишонахои анъанавии европой монанданд ва дар заминаи он чорй намудани раванди модернизатсиониро кабул доранд. Аз тарафи дигар мухаккикони модернизатсия таъкид намуданд, ки арзишхои фархангй ва эътикодии кишвархои Шарк нисбат ба арзишхои гарбй решахои таърихии кухан дошта, аз ибтидо хусусияти ичтомоиро сохиб буданд ва муносибатхои сиёсй низ хосияти онхост.

Кушишхои зиёде бахри хамохангсозии хусусиятхои фархангй-эътикодии кишвархои Шарк бо арзишхои либералии гарбй аз чониби мухаккикон натичаи

дилхохро надод. Бинобар ин, олимон омилхои ичтимой ва фархангиро хамчун яке аз унсурхои амаликунандаи модернизатсия кабул намуданд. Нобуд сохтани кухна на дар хама холат ба бунёди нав мубаддал мешавад. Дар холатхои бештар шикасти муносибатхои анъанавй на ба решадавонии арзишхо ва институтхои нав, балки ба парокандагй, бесарусомонй ва бетартибй (хаос) мебарад.

Мухаккики рус Б.Ерасов акидахои мушахаси олимони хоричй ва русро тахлил намуда се шакли муносибатхои байни анънана ва замонашавиро маълум сохтааст: -нисбият дар чой доштани анъана ва замонашавй; -зиддияти фархангй: замонашавй бар зидди низоми анъанавй; -сентез ё омехтагии фархангй, хамгироии хамачонибаи муосиршавй бо хусусиятхои махал, анъана ва арзишхои эътикодй [3, с. 30].

Х,амин тарик, чараёнхои танкидй дар модернизатсия пеш аз хдма, манбаи зиддиятро байни анъана ва замонашавй ба вучуд меоранд, ки аз чониби кишвархои олам ба таври гуногун кабул гардида, рафти модернизатсия бо онхо омезиш ёфтааст. Бештар раванди модернизатсионй дар кишвархои Европа бо арзишхои сиёсй асос меёбанд ва хосияти фархангии онхо на он кадар ба назар мерасад. Дар кишвархои гайригарбй бошад, фарханг омили асосии рафти инкишофи сиёсй ва умуман тамоми сохахои чомеа ба хисоб меравад. Махс дар хамин холат нофахмихои назариявй ва амалй ба миён меояд, ки мочарои ду низоми чахониро таъмин месозад.

Унсурхои дигари мукобилгузорандаи модернизатсия бо мафхумхои аксулмодернизатсия ва зиддимодернизатсия алокаманд аст. Аксулмодернизатсия ва зиддимодернизатсия чун мафхумхои илмй пас аз афтидани режими тоталитарй ва авторитарй дар собик Иттифоки Шуравй ва кишвархои Европаи Шаркй пайдо гаштанд. Аксулмодернизатсия расман маънои алтернативии модернизатсияи гайригарбй дорад. Ба аксулмодернизатсия раванди муосиргардонии даврони Шуравй ва ислохотхои солхои 50-уми асри ХХ дар Хитой мисол шуда метавонанд. Мафхуми мазкур тачассуми модернизатсияро на дар арзишхои гарбй, балки дар ифодагарии сиёсии кишвархои замонашаванда мебинад. Шакл, восита ва унсурхои модернизатсия дар раванди мазкур аз чониби талаботи чомеа ва хусусиятхои инкишофи сиёсй муайян карда мешавад, ки ба навсозии европой тамоман монанд нест.

Мафхуми «зиддимодернизатсия» муборизаи кушод ба мукобили модернизатсия мебошад, ки дар он субъектони раванди мазкур на умумиятхои милливу этникй, балки элитаи сиёсй ва зехнй шуморида мешаванд. Дар ин маврид модернизатсия бештар талаботи аз боло чоришавии навовариро надошта, балки эхтиёчоти чомеа ва хохиши оммахо мебошад. Боиси кайд аст, ки махс тачассумкунии мавкеи умумиятхои миллию этникии гуногун дар раванди инкишофи сиёсй бо мафхумхои арабигардонй, чинигардонй, русикунонй ва гайра маълум мешавад.

Ба акидаи тадкикотчй А.Турен чараёнхои мазкур тамоюлхои асосии инкишофи ичтимой-сиёсиро дар асри ХХ ба вучуд оварданд, ки муносибати нобовариро нисбат ба принсипхои универсализм зиёд намуд [9, с. 144].

Х,амин тарик, модернизатсияи сиёсй хамчун мафхуми илмй ва раванди сиёсй бо тазодхои гуногун ру ба ру гаштааст, ки дар фахми он душворй ва монеахоро эчод мекунад. Новобаста аз ин таълимоти модернизатсияи сиёсй мазмуни илмии муташаккил пайдо намуда, дар чорчубаи муайяни хосиятхои худ тахлили босазо ва мухими инкишофи чамеаро дорост.

Адабиёт:

1. Бауман З. Спор о посмодернизме. З. /Бауман. //Социологический журнал.- 1994.-№ 3. - С. 56-62.

2. Гадунов А. В. Эволюция политической культуры как фактор модернизации современной российской государственности./ А.В. Гадунов. - М.: Наука, 1997.

3. Ерасов Б. С. Социальная культурология. Ч.2. - М., 1994.

4. Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсй. /Г.Н. Зокиров. - Душанбе: Деваштич, 2007.

5. Ильин М.В. Идеальная модель политической модернизации и пределы ее применимости. / М.В. Ильин. - М., 2000. - 238 с.

6. Козловский В.В., Уткин А.И. Федотова В.Г. Модернизация: от равенства к свободе./ В.В. Козловский, А.И. Уткин, В.Г. Федотова. - СПб, 1995. - 322 с.

7. Красильщиков В.А. Мировые модернизации в судьбы страны. / В.А. Красильщиков. // Свободная мысль. - 1999. - №1. - С. 93.

8. Купряшин Г.Л. Кризисы модернизации // Кентавр. 1994. - №3.

9. Модернизация в России и конфликт и конфликт ценностей. /Под. ред. Матвеевой С. Я. - М., 1994. - 504 с.

10. Мухаев Р.Т. Политология //Концепция модернизации как парадигма анализа политических изменений./ Р.Т. Мухаев. - М., 2011. - 640 с.

11. Пантин В.И. Циклы и волны модернизации как феномен социального развития./ В.И. Пантин. -М., 1997. - 470 с.

КРИТИКА В ПОЛИТИЧЕСКОЙ МОДЕРНИЗАЦИИ

Аннотация. В статье рассматриваются особенности формирования критического направления в политической модернизации. Автор подчеркивает, что причиной формирования критических направления было обусловлено тем что, европейский либерализм не соответствовал политическому пути развития стран «третьего мира». Исследуются причины возникновения антимодернизационых и

конртмодернизационных тенденций в политической модернизации. Излагаются выводы различных авторов относительно формированию эндогенных и экзогенных обществ.

Ключевые слова: вестернизация, радикализм, эндогенность, страны третьего мира, антимодернизация, контрмодернизация

CRITICAL AREAS OF POLITI CAL MODERNIZATION

Abstract. The article discusses the features of the formation of the critical areas of political modernization. The author stresses that cause the formation of critical areas was due to the fact that the European political liberalism did not match the development of the "third world." We investigate the causes of anti-modernization and konrtmodernizatsionnyh trends in political modernization. The findings of various authors regarding the formation of endogenous and exogenous societies.

Key words: Westernization, radicalism, endogenous, third world countries, antimodernizatsiya, kontrmodernizatsiya.

Сведения об авторе: Муродова Нигина Сулаймоновна - дотсент кафедры политологии Таджикского национального университета, e-mail: nigina.ns@uandex.ru

Information about the author: Murodova Nigina Sulaymonovna - dotsent Department of Political Science, Tajik National University

О НЕКОТОРЫХ ОСОБЕННОСТЯХ РАЦИОНАЛИЗМА В ФИЛОСОФИИ

«ИХВАН АС-САФА»

Раджабов Х. Р.

Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни

Рационализм в качестве методологическо-теоретической и историко-философской проблемы является одной из важнейших характеристик философиии «Ихван ас-сафа».

Этот новый тип подхода к объяснению мира и человека было введено на практике еще в начале возникновения Ислама и в большей степени противостояла существующим мифологическим и отдельным аспектам религиозных мировоззрений

36

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.