Научная статья на тему 'КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ВА АСОСИИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ, СИЁСАТ ВА ТАҲИЯИ ТАҶРИБАҲОИ АМАЛИСОЗИИ ОН'

КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ВА АСОСИИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ, СИЁСАТ ВА ТАҲИЯИ ТАҶРИБАҲОИ АМАЛИСОЗИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Гуманитарные науки»

CC BY
106
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук

Аннотация научной статьи по Гуманитарные науки, автор научной работы — Ахмедова Малоҳатҷон Раҳматовна

фарогирӣ, муҳити таълимӣ, рушди шахсият, кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ, фарҳанги таҳсилоти фарогир, муҳити таҳсилоти фарогир Дар мақола масъалаҳои мафҳум ва моҳияти равиши фарогир ба таълим мавриди баррасӣ қарор гирифта, муаллиф принсипҳои асосие, ки ташкили таҳсилоти фарогир ба онҳо асос ёфтааст ва бартариҳои ин равиши педагогиро дар муҳити муосири таълимӣ қайд мекунад. Муаллиф чунин мешуморад, ки таҳсилоти фарогир тавассути рушди ҳамзамони се ҷузъи баробарқувваи раванди беҳбуди вазъи мактабҳо: фароҳам овардани фарҳанги таҳсилоти фарогир; таҳияи сиёсати таҳсилоти фарогир ва таҳияву татбиқи таҷрибаҳои таҳсилоти фарогир ба ҳадафу муваффақият ноил мегардад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ВА АСОСИИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГ, СИЁСАТ ВА ТАҲИЯИ ТАҶРИБАҲОИ АМАЛИСОЗИИ ОН»

УДК-37.014.5

КОНСЕПСИЯИ ТАХ,СИЛОТИ ФАРОГИР ВА АСОСИИ ТАШАККУЛИ ФАРХДНГ, СИЁСАТ ВА ТА^ИЯИ ТАЧ,РИБАХ,ОИ АМАЛИСОЗИИ ОН

АХМЕДОВА МАЛО^АТ^ОН РА^МАТОВНА

-сармуаллими кафедраи чомеашиносии ДИДТТ дар шахри Хучанд,

Хучанд Точикистон

Вожах,ои калидй: фарогири, муцити таълими, рушди шахсият, кудакони дорои щтиёцоти махсуси таълими, фарцанги тацсилоти фарогир, муцити тацсилоти фарогир

Дар мацола масъалацои мафцум ва моцияти равиши фарогир ба таълим мавриди барраси царор гирифта, муаллиф принсипцои асосие, ки ташкили тацсилоти фарогир ба онцо асос ёфтааст ва бартарицои ин равиши педагогиро дар муцити муосири таълими цайд мекунад.

Муаллиф чунин мешуморад, ки тацсилоти фарогир тавассути рушди цамзамони се цузъи баробарцувваи раванди бецбуди вазъи мактабцо: фароцам овардани фарцанги тацсилоти фарогир; тацияи сиёсати тацсилоти фарогир ва тацияву татбици тацрибацои тацсилоти фарогир ба цадафу муваффациятноилмегардад._

КОНЦЕПЦИЯ ИНКЛЮЗИВНОГО ОБРАЗОВАНИЯ И ОСНОВЫ РАЗВИТИЯ

КУЛЬТУРЫ, ПОЛИТИКА, РАЗРАБОТКА И ПРАКТИКИ ЕЕ РЕАЛИЗАЦИИ

Ключевые слова: инклюзия, образовательная среда, развитие личности, дети с особыми образовательными потребностями, культура инклюзивного образования, инклюзивная образовательная среда.

В статье рассматриваются вопросы понятия и сущности инклюзивного подхода к образованию. Автор отмечает основные принципы, на которых базируется организация инклюзивного образования, и преимущества данного педагогического подхода в современной образовательной среде.

Автор считает, что инклюзивное образование достигается за счет одновременного развития трех равноправных составляющих процесса улучшения состояния школ: формирования культуры инклюзивного образования; разработка политики инклюзивного образования, разработка и внедрение практики инклюзивного образования, что позволят достичь целей и успеха.

Дар Конвенсия оид ба хукуки кудак гуфта шудааст, ки хар як кудак хукук ба тахсил дорад. Яке аз воситахои амалй намудани ин хукукхо татбики тахсилоти фарогир мебошад. Раванди ташаккул ва инкишофи маълумот, ки кафолати таълимро барои хар як талаба мутоби; ба эхтиёчоти у, дастрасй ба таълим ба кудакони дорои эхтиёчоти махсусро пешбинй менамояд, равиши фарогир номида мешавад.

Пас аз ба даст овардани истиклолият дар давлати мо имкониятхои нав ба миён омаданд, дурнамои дигаргунихо дар системаи маориф, асосан бо аз нав дида баромадани муносибат ба тахсили кудакони дорои эхтиёчоти махсуси таълимй алокаманд буд. Тагйирот дар системаи таълим ва равиши фарогир дар назар дорад, ки хама кудакон бидуни истисно гуногунанд ва муассисахои таълимй ва системаи таълим мутоби; шуданро ба эхтиёчоти инфиродй, шахсии хамаи кудакон - бо ва бидуни нуксонхои инкишоф талаб менамояд.

Омузиши фарогир ин чандирй бо назардошти хусусиятхои шахсй мебошад, ки суръати омузишро барои хар як хонанда муайян мекунад. Дар бисёр холатхо, кудакон ба таълими дастрас, шархи ин ё он мавод ниёз доранд, онхо истифодаи усулхои гуногунро талаб мекунанд, ки ба талаботи инфиродй, кобилиятхо ва хусусиятхои

фарккунанда чавобгу бошанд. Хонандае, ки ба рушди психофизикй эхтиёчоти махсус дорад, дар муассисаи таълимй бояд худро озод хис кунад, то хадди имкон ба мустакилият ноил шавад. Мухим аст, ки дар синф байни кудакон фазои хамдигарфахмй ва кумаки мутакобила фарохам оварда шавад, то ба кудаки дорои эхтиёчоти махсуси таълимй имкони таъсиси худ, хисси дастгирй, фарохам овардани «тахкурсй» барои ба даст овардани малакахои муайяни рафтори ичтимой пайдо шавад.

Истилохи "инклюзия" бори аввал соли 1994 дар Конфронси умумичахонй оид ба тахсилоти шахсони дорои эхтиёчоти махсус: дастрасй ва сифат чорй карда шуд [4, с.72].

Инклюзия дохил кардан, илова кардан, пайвастан, дохил кардан аст. Инклюзия маънои фарохдм овардани шароити махсус барои чалби хар як кудак ба раванди таълим, конеъ гардонидани талаботи инфиродии хонандагон бо ёрии барномаи таълимии ба кобилиятхои у мувофик мебошад.

Тони Бут ва Мел Эйнско инклюзияро хамчун стратегияе мефахманд, ки аз чониби худи иштирокчиёни раванди таълим - кормандони мактаб ва маъмурият, кудакон, волидон - тахия ва санчида мешавад ва ба кас имкон медихад, ки монеахое, ки дар рохи гирифтани маълумот ба хар як кудак дар мактаб истодаанд, бартараф карда шаванд[ 2, с. 6].

Ташкили системаи тахсилоти фарогир ба принсипхои асосии зерин бунёд меёбад:

1. Принсипи арзиши шахсият, сарфи назар аз дарачаи инкишоф, кобилият ва вазъи саломатии у.

2. Принсипи хукуки умумии муошират.

3. Принсипи такя кардан ба он чизе, ки хар фард ба эхсос ва тафаккур кобил аст.

4. Принципи ёрии хамдигарй, алокаи байнихамдигарй ва ёрии хамдигарй.

5. Принсипи муносибати байни маълумоти вокей ва бунёди муносибат бо одамони дигар.

6. Принсипи тараккиёти прогрессивй. Тараккиёти прогрессивй бояд ба ошкор намудани майлу хохиши табиии шахс ва ёрй расондан ба онхо дар ичрои он амалхое, ки ба онхо дастрас ва фахмоанд, нигаронида шавад.

Афзалиятхои тахсилоти фарогир:

□ мутобищпавй ва хамгирой ба чомеа;

й дарки мушкилоти маъюбон, такмили низоми ичтимой;

□ эътимод ба имкониятхои кудак;

□ муошират бо хамсолон;

□ тарбия намудани шуурнокии кудакони солим, инсонгароии чомеа;

□ маълумоти мукаммал.

Барои ба рох мондани тахсилоти фарогир фарохам овардани мухити фарогири таълимй зарур аст. Ба андешаи мухаккикон мухити фарогири таълимй мачмуи робитахои гуногуни ичтимой ва хамкорихои созандаи иштирокчиёни раванди таълим бо рушди фаъолтарини чузъхои он, бо максади таъмини таълими босифат ва ичтимоии кудакон ва чавонони дорои ниёзхои чисмонии махдуд (Г.Д.Задиранова); мухите, ки хамаи хонандагон, новобаста аз эхтиёчоти тахсилотии онхо, тавонанд самаранок таълим гиранд, салохияти ичтимоии худро баланд бардоранд, малакахои муоширатро такмил диханд ва хамчунин худро узви як чомеаи умумй хис кунанд (И.С.Калиниченко); мухите, ки дар он кудакон метавонанд хамкорй ва муошират кунанд ва мувофики кобилияташон инкишоф ёбанд (Т. Е. Ежова) мебошад. Кудакони лаёкатдор, кудакони дар холати душвори зиндагй карордошта, кудакони аз чихати ичтимой осебпазир, ятимон, кудакони мухочир, кудакони дорои эхтиёчоти махсуси таълимй (бачахои аутист, кудакони дорои маълулият, кудакони девиант, кудакони гирифтори беморихои рухй) - хамаи ин гуруххо мухити фарогири таълимро ифода мекунанд. Тахсилоти фарогир на танхо барои конеъ сохтани талаботхои кудакони дорои маълулият ба тахсилоти умумй, балки барои баланд бардоштани сифати таълим, тарбия ва

ичтимоишавии ХДМАИ кудакон пешбинй шудааст; он эчоди мухити мутобикшавандаи таълимиро дар назар дорад, ки метавонад эхтиёчоти таълимии ХДМАИ кудакони мактабро конеъ гардонад.

Мафхуми «мухити фарогири таълимй»-ро бо принсипи муносибатхои арзишманди таълим ва ташаккули фардии кудаки дорои эхтиёчоти махсуси таълимй, мачмуи манбаъхо: воситахо, шароити дохилй ва беруна, фаъолияти хаётй дар муассисахои таълимй ва самту стратегияхои таълими фардии хонандагон тавсиф додан мумкин аст. Фарогирй дар тахсилот равандест, ки татбики он на танхо тагйироти техникй ё ташкилии система, балки тагйироти фалсафаи таълимро низ дар назар дорад. Ин хусусияти муайяни «револютионй»-и ин муносибат аст ва дигаргунихои револютсионии фарогирй ба мактабхои тахсилоти умумй назар ба мактабхои махсус хеле бештар таъсир мерасонанд.

Тахсилоти фарогир тавассути рушди хамзамони се чузъи баробари раванди бехбуди вазъи мактабхо ба даст оварда мешавад:

> фарохам овардани фарханги тахсилоти фарогир;

> тахияи сиёсати тахсилоти фарогир;

> тахия ва татбики тачрибахои тахсилоти фарогир[ 2, с. 89].

Эчоди фарханги фарогир дар мактаб ба эчоди чомеаи бехатар ва тахаммулпазир, ки акидахои хамкориро муттахид мекунад, ба рушди хамаи иштирокчиёни он мусоидат мекунад; чомеае, ки дар он арзиши хар як нафар асоси дастовардхои муштарак аст. Ин фарханги мактабй арзишхои муштарак ва фарогирро ба вучуд меорад, ки аз чониби хамаи кормандони нав, хонандагон, маъмурон ва волидон/парасторон мубодила ва кабул карда мешаванд. Дар фарханги тахсилоти фарогир, ин принсипхо ва арзишхо хам ба карорхо дар бораи тамоми сиёсатхои мактаб ва хам ба амалияи харрузаи таълим дар хар синф таъсир мерасонанд, ки ин дар навбати хуб барои инкишофи мактаб чун раванди доимй ва муттасил мусоидат мекунад.

Тахияи сиёсати тахсилоти фарогир бояд дар хама накшахои мактаб мавчуд бошанд. Принсипхои ба протсесси таълим ва хаёти мактаб чалб намудани хар як талаба тамоми коллектив ва талабагони мактабро водор менамояд, ки аз худи мархилаи аввал дар ин кор иштирок намуда, фишори амалияи истисноиро ба хадди акалл кам кунанд. Х,амаи принсипхо стратегияхои возехи ислохоти мактабро дар самти фарохам овардани мухити фарогири таълим дар бар мегиранд. Дастгирй хама гуна амалест, ки ба мактаб кумак мекунад, ки ба гуногунии ниёзхои хонандагонаш мувофикат кунад. Х,ама намудхои дастгирй мувофики принсипхои фарогир тахия ва ба як системаи умумй муттахид карда мешаванд.

Х,ангоми тахияи тачрибахои таълимй, мухимтар аз хама дар рухияи тахсилоти фарогир будани фарханг ва сиёсати мактаб аст. Зимни дар дарсхо чорй намудани ин гуна амалияхо зарур аст, ки талаботи гуногуни талабагон ба назар гирифта шуда, талабагон дар таълими худ фаъолона иштирок намуда, аз тачриба ва донишхои берун аз мактаб, аз хаёти харрузаву амалаияи рузгор гирифташуда ташвик карда шаванд. Кормандони мактабхо ба дарьёфт намудани захирахои иловагй, ки барои ба рох мондани тахсилоти фарогир мусоидат менамояд, фаъолона машгул гардида, дар ин самт аз имконоти акливу зехнй, тачрибаи зиндагии тамоми кормандони мактаб, волидон/парасторон ва чомеаи махаллй истифода мебаранд.

Х,ар сеи ин чанбахо барои рушди тахсилоти фарогир дар мактаб хеле мухиманд. Х,ар як накшаи ислохот ва тагирот дар мактаб бояд хар се сохаро дар бар гирад.

Аммо, чанбаи «эчоди фарханги тахсилоти фарогир» асоси ин муносибатро ташкил медихад, зеро эътибор ба иктидори таъсири мусбат ё манфии фарханги мактаб ба табиат ва динамикаи ислохоти маориф комилан нокифоя аст. Фарханги тахсилот махз асоси ислохот ва дигаргунихои ба амаломада мебошад.

Рушди арзишхои муштараки тацсилоти фарогир ва муносибатхои хамкорй метавонад ба дигаргунии кисматхои дигари тацсилоти фарогир оварда расонад. Махз ташаккулёбии фарцанги тацсилоти фарогир дар мактаб, ки аз чониби кормандону хонандагони мактаб фаъолона дастгирй меёбад, барои тагйирёбии сиёсат ва амалияи таълиму тарбия дар асоси ба назар гирифтани имконоти хар як кудак новобаста аз вазъи солимии чисмониву равонй мусоидат менамояд.

Дар тамоми зинахои маориф, ки ба татбики сиёсати давлатй дар амалй сохтани гояхои тацсилоти фарогир шуга меварзанд, бояд равшану возех дарк намоянд, ки рушди мактаб дар самти тацсилоти фарогир хатман дар заминаи ба хам пайвастагиву инкишофи чанбахои боло номбаргардида ба рох монда шаванд. Танхо дар сурати мунтазаму мутаассил рушд додани фарханг, сиёсату тачрибаи амалии тахсилоти фарогир мо метавонем рушди чомеаи фархангиву демократй ва хукукбунёдеро таъмин созем, ки барои ишкишофи шахсияти хамагон мусоид аст.

Х,амин тарик, тахсилоти фарогир мукаррар мекунад, ки хамаи кудакон гуногунанд ва муассисахои таълимй ва системаи таълимро зарур аст, ки мутобик шудан ба эхтиёчоти инфиродии хамаи кудакони дорои нуксонхои рушд ва бидуни инкишофро "омузанд". Он ташаккули мухити таълимиеро ба назар мегирад, ки ба ниёзхо, талабот ва кобилиятхои хар як кудак, новобаста аз ташаккули психофизикии у, таъминоти илмй, эчоди барномахои таълимй, таъминоти методии таълимй чавобгу бошад. Максади тахсилоти фарогир ин амалй намудани хукукхои кудакони дорои эхтиёчоти махсуси таълимй ба тахсилот мувофики махалли зисташон, ичтимоишавй ва хамгироии онхо ба чомеа, чалби оила ба раванди таълим мебошад.

АДАБИЁТ

1. Алехина С.В. Инклюзивное образование: от политики к практике //Психологическая наука и образование. 2016. Т. 21. № 1. C. 136-145. //[Электронный ресурс] / Официальный сайт. - Режим доступа: https: // www.inclusive-edu.ru /wpcontent/uploads /2017/02/01_pno_2016_n1_alekhina.pdf (дата обращения:22.11.2021г.).

2. Бут Т., Эйнскоу М. Показатели инклюзии: практ. пособие / под ред.М. Вогана; пер. с англ. И. Аникеева; науч. ред. Н. Борисова; под общ. ред. М.Перфильевой. М.: РООИ «Перспектива», 2007. 124 с., с. 6

3.Инклюзивное образование. // Региональная общественная организация инвалидов «Перспектива» (Москва) http://obrazovanie.perspektiva-inva.ru

4. Саламанкская декларация о принципах, политике и практической деятельности в сфере образования лиц с особыми потребностями// [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/pdf/salamanka.pdf

5. Создание и апробация модели психолого-педагогическго сопровождения инклюзивной практики: Методическое пособие / Под ред. С. В. Алехиной, М. М. Семаго. — М.: МГППУ, 2012. 156 с. [Электронный ресурс]. Режим доступа: http: //psychlib.ru inc/absid.php?absid=160947 (дата обращения: 15 ноября, 2021г.).

6. Созыкина, Л.Ю. Организация инклюзивной образовательной среды для детей с ОВЗ [Электронный ресурс] / Официальный сайт. - Режим доступа: https://solncesvet.ru/ (дата обращения: 20.11.2021г.)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.