ТДУ 373 (575.3)
DOI:10.51844-2077-4990-2022-2-150-154
ИНКИШОФИ Имомова Муборак Абдулазизовна, унвонцуи
ФАЪОЛИЯТИ ЭЦОДИЮ кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии МДТ
МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОНИ «ДДХ ба номи акад. Б£афуров».
ХУРДСОЛДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ (Тоцикистон, Хуцанд
РАЗВИТИЕ ТВОРЧЕСКОЙ Имомова Муборак Абдулазизовна, соискатель
ПОЗНАВАТЕЛЬНОЙ АКТИВНОСТИ кафедры социальной и профессиональной
МЛАДШИХ ШКОЛЬНИКОВ педагогики ГОУ «ХГУ имени
В ПРОЦЕССЕ ОБУЧЕНИЯ акад.Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
DEVELOPMENT OF CREATIVE Imomova Muborak Abdulazizovna, claimant for COGNITIVE ACTIVITY OF PRIMARY candidate degree of the department of social and SCHOOLCHILDREN professional pedagogy under the SEI "KhSU IN EDUCATIONAL PROCESS named after academician B.Gafurov" (Tajikistan,
Khujand) E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: фаъолнокии эцодии маърифати, раванди донишандeзй, цавасманди, мактаби ибтидои, цобилият, кунцковии кудак, дарс, фаъолияти беруназдарси, шавцу рагбат, муошират, худомузи
Дар мацола масъалаи инкишофи фаъолияти эцодии маърифатии хонандагони хурдсол дар раванди таълим барраси гардидааст. Цайд шудааст, ки барои рушди бомуваффацияти фаъолнокии эцодии маърифатии хонандагон омузгор бояд пеш аз цама худаш эцодкор бошад. Агар омузгор худаш эцодкорона фаъолият накунад, он гоц кудакони боистеъдод наметавонанд имконоти худро кашф ва амали намоянд. Ба цар як омузгор зарур аст, ки ба кори бонизоми цадафманди ташкили дарси ва беруназдарси саъю кушиш намояд. Низоми кори дарси ва беруназдарси бояд аз тарафи омузгор цамроц бо дигар иштирокдорони раванди педагоги: хонандагон, падару модарони онцо, кормандони муассисацои гайримактабй тарроци карда шавад. Бинобар ин дар муассисаи тацсилоти ташкил намудани мацфилцои фанни, клубцои таъминкунандаи шавцу раибатцои гуногуни таълимгирандагон зарур мебошад. Онцо муцити муошират ва амалцои муштараке хоцанд гардид, ки дар онцо хонандагон худро, имкониятцои худро месанцанд, муайян мекунанд ва ба воцеиятцои соцаи шуили мавриди шавцу рагбаташон мутобиц мешаванд.
Ключевые слова: творческая познавательная деятельность, познавательный процесс, мотивация, начальная школа, способность, любознательность ребенка, урок, внеклассная деятельность, увлечения, общение, самостоятельная работа
Рассматривается развитие творческой познавательной активности младших школьников в процессе обучения. Отмечается, что для успешного развития творческой познавательной деятельности учащихся учитель должен в первую очередь творчески подходить к учебному процессу, так как без творческого подхода талантливые дети не смогут раскрыть и реализовать свой потенциал. По мнению автора, каждому учителю необходимо прилагать усилия для систематической и целенаправленной работы по организации уроков и внеклассных мероприятий, система урочных и внеурочных занятий должна разрабатываться учителем совместно с другими участниками педагогического процесса: учащимися, их родителями, сотрудниками внешкольных учреждений. Подчеркивается необходимость организации в учебных заведениях предметных кружков, кружков, обеспечивающих разные интересы учащихся, которые станут средой общения и сотрудничества, где учащиеся смогут проверять себя, выявлять свои способности и адаптироваться к реалиям интересующей их области.
Key words: creative cognitive activity, cognitive process, motivation, elementary school, ability, curiosity of the child, lesson, extracurricular activities, hobbies, communication, self-sufficient work.
The article dwells on the development of creative cognitive activity of younger schoolchildren in the educational process. It is underscored that for successful development of creative cognitive activity of students, the teacher must first of all be creative. If a teacher does not work creatively, then talented children will not be able to reveal and realize their potential. Every teacher needs to make an effort to systematically and purposefully organize lessons and extracurricular activities. The system of classroom and extracurricular activities should be developed by the teacher together with other participants in the pedagogical process: students, their parents, employees of out-of-school institutions. Therefore, it is
necessary to organize subject circles in educational institutions, circles that ensure the different interests of students. They will be a communication and collaboration environment in which learners test themselves, discover their abilities, and adapt to the realities of their field of interest.
Синни хурди м актабй яке аз даврахои калидии мусоид барои фаъолнокии эчодии маърифатй мебошад. Фаъолнокии эчодии маърифатии мактаббачагони хурдсол дар раванди донишандузй ва талош варзидан хихати халли масъалахои омузишй ташаккул меёбад.
Яке аз муаммодои тахсилоти муосир баланд бардоштани хавасмандии хонандагон ба фаъолияти таълимй махсуб меёбад. Ташаккули хавасмандй - ин мохиятан, ташаккулёбии худи шахсият мебошад. Хдма муха;;ик;он эътироф мекунанд, ки хавасмандй хастии шахсро ташкил дода, фаъолияти андешарониро инкишоф медихад ва ба он чанбаи эчодй мебахшад. Инчунин, раванди фарогирии донишхоро бо корбурди амалии онхо узван пайваст намуда, имкон медихад, ки донишхои ;аблан мавчудбуда барои фарогирии донишхои нав истифода шаванд. Дар кудак вучуд доштани ангезахои омузиш яке аз мухимтарин шароити муваффа;иятнокии таълими у дар мактаби ибтидой мебошад. Инкишофи эчодй танхо хангоми дар кудак вучуд доштани хавасмандии мусбат имконпазир аст. Тавре ки маълум аст, эходиёт бидуни мачбуркунй рушд меёбад. Дар раванди рушди фаъолнокии эчодй ба вучуд овардани хдвасмандй лахзаи мухим мебошад, ки ба эхтиёчоти заминавии шогирдони синни хурди мактабй асос меёбад. Барои пурра ба кор водор намудани мактаббачаи хурдсол лозим аст, ки вазифахои дар назди хонандагон дар чараёни фаъолияти таълимй гузошташаванда на танхо фахмо бошанд, балки ботинан ;абулшуда бошанд, то ки онхо ахамият пайдо намуда, дар эхсосоти онхо моилшавй пайдо намояд. Барои баланд бардоштани самаранокии фаъолнокии маърифатии хонандагон методхоеро истифода намудан зарур аст, ки таъйиноти онхо ташаккулдихии рагбат ба ашё, фаъолсозии хонандагон, рушди амалиёти фикрй бошад.
Ба а;идаи Н.Ф.Тализина барои он ки муносибати мусбати кудакон ба фаъолияти таълимй нигох дошта шавад, лозим аст, ки шароити зерин ичро шаванд: шомил намудани хонандагон дар халли вазифахои маърифатй, ки дар раванди он онхо дар бораи олами атрофи худ чизхои нав хоханд донист; дар ин хол хонандагон бояд на донишхои тайёр ба даст оваранд ва фа;ат онхоро ба хотир гиранд, балки махз онхоро барои худ кашф кунанд [9].
Зарур аст, то ки кудак дар раванди таълим аз он хушхол гардад, ки у чизеро донист, фахмид, чизеро омухт, - пас дар у хавасмандии мувофи; ба сохтори фаъолияти таълимй инкишоф меёбад.
С.Л.Рубинштейн чунин хисоб мекард, ки эчодиёт - ин фаъолияти «созандаи ин ё он чизи нав, асил, ки зимнан на танхо ба таърихи рушди худи эчодкор, балки ба таърихи инкишофи илм, санъат ва иайра низ ворид мегардад» [7,с.214].
Дар асархои Я.А.Пономарёв эчодиёт, ба маънои васеи он, хамчун механизми рушд, хамкории омили инкишоф баррасй мегардад. Эчодиёти инсон - яке аз шаклхои мушаххаси зухуроти механизми мазкур мебошад [8,с.32].
В.А.Сухомлинский эчодиётро хамчун сохаи вижаи хаёти маънавй, худсобиткунй таъриф намудааст, ва;те ки худвижагй ва фардияти хар як кудак инкишоф меёбад [2,с.122]. Л.И.Запорожченко эчодиёти мактаббачагонро хамчун сохаи вижаи сифатй ва хамзамон чамъиятй баррасй мекунад, зеро натичахои он бевосита ба шахсияти хонанда нигаронида шуда, ба шав;у зав;и раванди маърифат, тарбияи эхтиёчот ба кор кардан, сифатхои волои ахло;й таъсир мерасонад [3,с.50]. А.Н.Леонтев чунин хисоб мекунад, ки барои раванди таълим таърифи анъанавии эчодиёт ба баъзе ислохоти муайян ниёз дорад. Хонандагон дар аксарияти мутла;и холатхо барои чомеа арзишхои нав ба вучуд намеоваранд. Онхо хамон арзишхои ба чомеа пештар маълумбударо такроран ба вучуд меоваранд. Бинобар ин, эчодиётро дар робита бо раванди таълим бояд хамчун шакли фаъолияти таълимгиранда таъриф намуд, ки ба офаридани арзишхои объективй ва субъективии барои ташаккули шахсият му{им равона шудааст [4, с.53].
Муха;;и; В.И.Андреев тасди; мекунад, ки бешубха, сифати мухими эчодиёт меъёри инкишофи шахсияти инсон, фарханг ва чомеа дар умум мебошад. Яъне эчодиёти во;ей бояд боиси рушди шахсияти инсон ва инкишофи фарханги инсонй гардад. В.И.Андреев чунин мепиндошт, ки шахсияти эчодй - ин хамин гуна навъи шахсият аст, ки барои у самтгирии
эчодиёт, устувор, фаъолнокии ангезавию эчодй хос мебошад. Он дар ягонагии органикй бо дарачаи олии ;обилиятхои эчодй зохир мегардад, ки ба у имкон медихад, ба натичахои мухими назаррас (пеш;адам, ичтимой ва шахсй) дар як ё якчанд намудхои фаъолият ноил гардад [1,с.32].
Мактаби ибтидой - давраи пурмасъулияттарин дар хаёти инсон аст, зеро дар синфхои ибтидой тахкурсии он чизе гузошта мешавад, ки минбаъд инкишоф ёфта ва бо мурури синну сол мустахкам мегардад. Бинобар ин, таълиму тарбияи шогирди хурдсоли мактаб вазифаи басо пурмасъулият мебошад. Дар дасти омузгори синфхои ибтидой, амалан тавдири инсон ;арор дорад ва бо ин тавдир лозим аст, ки хеле боэхтиёт муносибат намуд. Шогирди хурдсоли мактаб хануз инсони хурдсол, вале бо олами ботинии худ, бо вижагихои инфиродию психологии худ хеле мураккаб мебошад. Омузгор дар шуури шогирди хурдсоли худ мав;еи бузург дорад. Муносибати у бо кудак, баходихй, мулохизахо, хохишхо ва талабот ба дарачаи зиёд кайфияти холи кудак ва вижагихои худбаходихии ташаккулёфта дар шогирдони хурдсоли мактаб мачмуи мураккаби эхсосот мебошанд. Инхо хушнудй аз тахсин ва ранчиш аз нобарорй, изтироб ва нобоварй ба худ, агар ба чизе муваффа; нагардад, эхсоси тарс аз иштибох ва умед бастан ба комёбй ба хисоб мераванд. Агар омузгор ба му;обили зухуроти фаъолнокии эчодии маърифатии мактаббачаи хурдсол баромад кунад, он гох огози эчодии кудак метавонад ба нестй равад. Омузгор ба донишхо дар бораи шахсияти эчодкор, мохияти фаъолнокии эчодй ва раванди ташаккулёбии самтхои ояндадори фаъолият, интихоби шаклу намудхои рушди фаъолнокии эчодии маърифатии хонандагон эхтиёч дорад. Тавре ки
натичахои тах;и;оти пажухишхои П.Торренс нишон доданд, муносибати омузгорон ба кудакони эчодкор, асосан, чанбаи манфй дорад. Агар аз омузгорон хоста шавад, ки номи кудаконеро, ки дар синф бартарй доранд номбар кунанд, онхо асосан, кудакони дорои зехнияти баланд рушдкарда, вале бидуни ;обилияти эчодиро интихоб мекарданд. Ин бо он тавзех мегардад, ки кудакони эчодкор, тиб;и мулохизоти худи омузгорон, аксаран "бартарй аз болои омузгор"-ро нишон медиханд ва "хамеша маълум нест, ки аз онхо чиро мунтазир метавон гардид". Дар айни замон кудакони дорои зехнияти баланд, асосан, тиб;и чашмдошти омузгорон рафтор карда, талаботи онхоро пурра ичро мекунанд. Чунин муносибат аз тарафи омузгор ба муносибати хонандагони дигар нисбат ба шогирдони эчодкор таъсир мерасонад [10, с.24].
Тиб;и тах;и;оти С.В.Максимова шахсияти "хонандаи ормонй" барои омузгорон аз руйи тавсифномаи худ бо шахсияти эчодй монандй надоранд. Омузгорон мехостанд бо хонандогони дорои сифатхои зехният, муташаккилй, интизомнокй, пурандешй, одамдустй, самимият, накукорй кор кунанд. Аммо омузгорон ба тавсифномаи хамаи шахсони барчаста, ки кешиш ба эчодиёт доранд, бахои сазовор медиханд. Омузгорон, я;инан, вижагихои а;лонии кудакро бо самтгирй ба дониш ва имконияти азхудкунй нисбат ба фаъолнокии эчодии маърифатй тарчех медиханд. Чунин тавсифномахои хонандагон ба мисли "гайриоддй", "муста;ил", "пешгуишаванда" дар назди омузгорон боэътибор мебошанд [5,с.62]. Омузгорон вижагихои шахсияти эчодии кудакро, ки дар рафтор ва тафаккури гайри;олабй ифода меёбад, нафахмида ва идрок накарда, чунин кудаконро хамчун якрав, хама чизро бо хохиши худ ичро кардан, ба намунахои мусбат пайравй карда натавонистан, нахостан ва иайра бахо медиханд.
Дуруст нафахмидан ва аз будаш кам бахо додан ба кудаки боистеъдоди эчодкор, имкон намедихад, ки барномаи таълимй бомуваффа;ият азхуд карда шавад, хар ;адар, ки ба эхтиёчот ва имконоти хонандагон бехтар мутоби; нашуда бошанд. Бинобар ин, интихоб ва амалисозии барномахои рушди фаъолнокии эчодии маърифатй бояд танхо баъд аз таълим додани омузгорон татби; гардад. Яке аз роххои рушди фаъолнокии эчодии маърифатии хонандагон аз тарафи омузгорон дигаргун карда шудани мав;еи онхо ба самти мусбат нисбат ба кудакони эчодкор, барои онхо фарохамоварии фазои мусоид, "и;лими нарм"-и мусоидаткунанда ба шукуфонии ;обилиятхои эчодии онхо мебошад. Барои ин омузгор бояд ба шогирдони хурдсоли мактаб имконияти бозгу намудани гояхои эчодиашро фарохам созад, барои ин кор ва;т пайдо кунад, боди;;ат ба суханони кудак гуш дихад. Омузгори мактаби ибтидой бояд ба хар як хонанда барои худро ва ;обилияти худро ба эчодкорй фахмиданаш ёрй расонад, инчунин ба падару модарон барои шиносондани кудакони эчодкор кемак расонад. Мухити синф бояд озодии ифодакунй, масъалахо ва хамкорихои хонандагонро таъмин намояд. Бана;шагирии вазъиятхо ва масъалахои таълимй зарур аст, ва;те ки кудакон медонанд, ки иштироки онхоро исти;бол мекунанд ва ба ;адрашон мерасанд.
Кудак дар мухити хайрхохй, эътимод, тараххум ва эхтиром саъй мекунад, ки имкониятхои
худро пурра кашф намояд. Вакте ки y мебинад, ки кадрy кимат, андешахои мyстакилона, чустучуи эчодиашро кадр мекунанд, ба халли масъалахои боз хам мyраккабтар кушиш мекyнад. Барои y эхсос кардани ин нукта хеле мухим аст, ки уро эътироф мекунанд, нуктаи назари уро кадр мекунанд ва ба у эътимод доранд.
Ба омузгор зарур аст, дар мактаббачагони хурдсол худбаходихии ба кадри кофй баландро ташаккул дихад, ки он онхоро ба фаъолият хавасманд менамояд. Барои ин кор омузгор бояд муваффакиятхои инфиродии хар як хонандаро кайд намояд; ба таври вокей бахо дихад ва аз шакли лозимии хавасмандкунй истифода намояд. Агар хавасмандкунй ба икдоми оддй мубаддал шавад, онро бояд катъ намуд. Мухим он аст, ки шогирди мактаб каноатмандй ва эхсосоти мусбатро аз кори хуб ичрошуда хосил намояд.
Омузгор бояд ба хонандагон нишон дихад, ки асолат хусусияти мухими эчодй мебошад. У бояд дастовардхоро кадр намуда, ба нобарорихо чандон таваччух накунад. Иштибоххои кудаконро бехтар аст хамчун тачрибаи аз тарафи онхо андухташуда, аммо на бахонаи чазодихй ва ришханд задан ба онхо баррасй намуд. Вазъият дар синф бояд тавре бошад, ки тарсу хароси хонандагон аз иштибох кардан дар сатхи хадди акал карор дошта, саъю талоши онхо дар чихати зохир намудани фаъолнокии эчодй, хатто хангоми нобарории кор хам имконпазир гардад.
Ба акидаи А.М.Матюшкин хавасмандкунии фаъолнокии эчодй метавонад бо рохи худдорй кардан аз накшаи чиддии дарс амалй гардад, вакте ки аксарияти хонандагон ба ин ё он масъала ё проблема таваччух зохир намуда бошанд. Агар дар синф фазо ва иклими мусоид барои эчодиёти шогирдон фарохам шуда бошад, ин боиси тагйирёбии макоми ичтимоии боистеъдодтарин хонанда ва ивазшавии самтгирии арзишии хамаи хонандагон дар синф мегардад, ки ин барои баланд бардоштани мавкеи фаъолнокии эчодии маърифатии хонандагон мусоидат менамояд [6,с.95].
Ба омузгор зарур аст, ки кобилиятхои билкувваи эчодиро дар хар як хонанда бубинад. Омузгор бояд дидани зухуроти эчодии хонандагонро, на танхо дар вакти дарсхо, балки хангоми хар гуна фаъолияти дигар ёд гирад. Барои ин макктаббачагони хурдсол бояд бо намудхои гуногуни фаъолият фаро гирифта шуда бошанд.
Ба нуктахои дар боло зикргардида, месазад илова намуд, ки барои инкишоф додани фаъолнокии эчодии маърифатии шогирдони хурдсол омузгор бояд пеш аз хама худаш эчодкор бошад. Агар омузгор худаш эчодкорона фаъолият накунад, он гох кудакони боистеъдод наметавонанд имконоти худро кашф ва амалй намоянд. Шиносой бо тачрибаи як катор омузгорон нишон дод, ки рушди фаъолнокии эчодии маърифатй чой дошта бошад хам, аммо чанбаи тасодуфй дорад ва аксаран, аз тарафи омузгорон аз руйи фаросат, бидуни дониши амики мухтаво ва методикаи инкишофи ин сифати шахсият амалй карда мешавад. Танхо хднгоми мавчуд будани робитаи байнихамдигарии мувофики фаъолияти дарсй ва беруназдарсй метавон натичахои мусбати рушди фаъолнокии эчодии маърифатии шогирдони хурдсолро бо камтарин масрафи нерухои аклонй хам аз тарафи омузгор ва хам аз тарафи таълимгиранда ба даст овард.
Мутобики стандарти тахсилот, барномаи асосии тахсилоти ибтидоии умумй аз тарафи муассисаи тахсилотй ба воситаи ташкили фаъолияти дарсй ва беруназдарсй амалй карда мешавад. Машгулиятхои дарсй банакшагирии дакик ва ташкили кори тахсилотй, инчунин назорати муназзами раванд ва натичахои фаъолияти таълимию маърифатиро таъмин менамояд. Дар зимн, чунин машгулиятхо барои ташкили гунавии эчодии таълим, тарбия ва инкишофёбии шахсияти шогирди хурдсоли мактаб, фарохамсозии шароити муносиб барои фаъолияти мустакилонаи хонандагон, барои бахисобгирии вижагихои шахсии мактаббача, барои фардигардонии тафрикасозии тахсилоти хонандагон, барои рушди муносибатхои шарикии байнихамдигарии калонсолон ва кудакон дар фаъолияти муштарак имкониятхои махдуд доранд. Амалисозии бомуваффакияти икдомоти номбаршуда дар фаъолияти беруназдарсй имконпазир мебошад. Фаъолияти беруназдарсй ба воситаи чунин шаклхои машгулият, аз кабили экскурсияхо, махфилхо, "мизхои мудаввар", конференсияхо, мубохисахо, анчуманхои илмии мактабй, олимпиадахо, мусобикахо, тахкикоти чустучуй ва илмй, амалияхои муфиди чамъиятии довталабона тибки интихоби иштирокдорони раванди тахсилот созмон
дода мешаванд.
Хдмин тавр, барои рушди бомуваффа;ияти фаъолнокии эчодии маърифатии хонандагон ба хар як омузгор зарур аст, ки ба кори бонизоми хадафманди ташкили дарсх,о ва корх,ои беруназдарсй саъю кушиш намояд. Низоми кори дарсй ва беруназдарсй бояд аз тарафи омузгор хамрох бо дигар иштирокдорони раванди педагогй: хонандагон, падару модарони онхо, кормандони муассисахои гайримактабй таррохй карда шавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Андреев, В. И. Педагогика: учеб.курс для творческого саморазвития / В. И. Андреев. — 3-е изд. — Казань : Центр инновационных технологий, 2003. — 608с.
2. Водзинский, Д. И., Жизнь и педагогическое наследие В. А. Сухомлинского. - Минск, 1979. -422 с.
3. Запорожченко, Л. И. Проблема развития познавательной активности в научно-педагогической литературе / Л.И.Запорожченко Социально-экономические явления и процессы.-2012.-№5-6.-С.219-223.
4. Леонтьев, А. Н. Потребность, мотивы, эмоции / А. Н. Леонтьев. — Москва : Изд-во Моск. ун-та, 1971. — 40с.
5. Максимова, С. В. Диагностика развития творческой активности младших школьников: в 2ч. Ч. 1: ФГОС/ С.В.Максимова.—Москва: Русское слово, 2013. — 56с.
6. Матюшкин, А.М. Развитие творческой активности школьников / А. М. Матюшкин, И. С. Аверина. — Москва : Педагогика, 1991. —160с.
7. Рубинштейн, Л.С. Основы общей психологии / Л. С. Рубинштейн. — Санкт-Петербург: Питер, 2001 . — 720с.
8. Пономарев, Я. А. Психология творчества: общая, дифференциальная, прикладная / Я. А. Пономарев. — Москва: Наука, 1990. — 222.
9. Талызина, Н. Ф. Педагогическая психология / Н. Ф. Талызина.—Москва: Академия, 1998. — 288 с.
10. Torrance, Е. Guiding creative talent / Е. Torrance. — Englewood Cliffs, New York :Prentlce-Hall, 1964. — 128с.
REFERENCES:
1. Andreev, V.I. Pedagogy: training course for creative self-development / V.I. Andreev. The 3rd edition. - Kazan: Center for Innovative Technologies, 2003. - 608 p.
2. Vodzinsky D.I. V.A. Sukhomlinsky's life and pedagogical heritage. - Minsk, 1979. - 422 p.
3. Zaporozhchenko, L.I. The problem of the development of cognitive activity in scientific and pedagogical literature / L.I. Zaporozhchenko. // Socio-economic phenomena and processes. - 2012. -№5-6. - P. 219-223.
4. Leontiev, A.N. Need, motives, emotions / A.N. Leontiev. - Moscow: Moscow State University publishing-house, 1971. - 40 p.
5. Maksimova, S.V. Diagnostics of the development of creative activity of younger schoolchildren: V2. - Ch. 1: Federal State Educational Standard / S.V. Maksimova. - Moscow: Russian Word, 2013. -56 p.
6. Matyushkin, A.M. Development of creative activity of schoolchildren / A.M. Matyushkin, I.S. Averina. - Moscow: Pedagogy, 1991. - 160 p.
7. Rubinshtein, L.S. Fundamentals of general psychology / L. S. Rubinshtein. - St. Petersburg: Peter, 2001. - 720 p.
8. Ponomorev, Ya.A. Psychology of creativity: general, differential, applied / Ya.A. Ponomarev. -Moscow: Science, 1990. - 222 p.
9. Talyzina, N.F. Pedagogical psychology / N.F. Talyzina. - Moscow: Academy, 1998. - 288 p.
10. Torrance, E. Guiding creative talent / E. Torrance. - Englewood Cliffs, - New York: Prentlce-Hall, 1964. - 128 p.