Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГӢ-ПЕДАГОГИИ ФАЪОЛНОКИИ МАЪРИФАТИИ МАКТАБИЁНИ ХУРДСОЛ'

ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГӢ-ПЕДАГОГИИ ФАЪОЛНОКИИ МАЪРИФАТИИ МАКТАБИЁНИ ХУРДСОЛ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
514
31
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
фаъолнокии маърифатӣ / фаъолияти бошууронаи кўдак / дастовардҳои зеҳнӣ / азхудкунии донишҳо / шавқи маърифатӣ / ф

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Рабиев Сатторбердӣ Мавлонович, Имомова Муборак Абдулазизовна

Дар мақолаи мазкур масъалаи хусусиятҳои психологию педагогии инкишофи фаъолнокии маърифатии хонандагони хурдсол баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки фаъолнокии маърифатӣ фаъолнокии алоқаманд бо андўхтани донишу маҳорат кўшиш барои дастовардҳои зеҳнӣ мебошад, ки барои ҳалли вазифаҳои маърифатӣ заруранд. Ин сатҳи фаъолнокӣ махсусан дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ барҷаста зоҳир мегардад. Ин давра дар рушди фаъолнокии маърифатӣ аз бисёр ҷиҳатҳо бо ташаккули тафаккури мантиқӣ ҳамчун хати асосии рушди рўҳӣ дар давраи синнусолии мазкур алоқаманд мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГӢ-ПЕДАГОГИИ ФАЪОЛНОКИИ МАЪРИФАТИИ МАКТАБИЁНИ ХУРДСОЛ»

УДК:373.01

ХУСУСИЯТХОИ ПСИХОЛОГЙ-ПЕДАГОГИИ ФАЪОЛНОКИИ МАЪРИФАТИИ

МАКТАБИЁНИ ХУРДСОЛ

РАБИЕВ САТТОРБЕРДЙ МАВЛОНОВИЧ

дотсенти кафедраи табий-риёзй, тарбияи эстетикй ва методикаи таълими онхо, МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров" ,Хучанд, Точикистон

ИМОМОВА МУБОРАК АБДУЛАЗИЗОВНА

муаллимаи кафедраи педагогикаи ичтимой ва касбии МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба

номи академик Б.Еафуров",Хучанд, Точикистон

Тафсир: Дар мацолаи мазкур масъалаи хусусиятхои психологию педагогии инкишофи фаъолнокии маърифатии хонандагони хурдсол барраси гардидааст. К,айд шудааст, ки фаъолнокии маърифати - фаъолнокии алоцаманд бо андухтани донишу майорат - кушиш барои дастовард%ои зе%ни мебошад, ки барои %алли вазифа%ои маърифати заруранд. Ин сат%и фаъолнокй махсусан дар хонандагони синф%ои ибтидой барцаста зо%ир мегардад. Ин давра дар рушди фаъолнокии маърифати аз бисёр цщат^о бо ташаккули тафаккури мантицй %амчун хати асосии рушди ру%и дар давраи синнусолии мазкур алоцаманд мебошад.

Калидвожахр: фаъолнокии маърифати, фаъолияти бошууронаи кудак, дастовард%ои зе%нй, азхудкунии дониш%о, шавци маърифати, фаъолияти мустацилона, донишдустй, мушо%идакорй, рушди тахайюл, раванди таълим.

Аннотация: В данной статье рассматривается вопрос о психолого-педагогических особенностях развития познавательной активности студенческой молодежи. Отмечается, что познавательная деятельность - деятельность, связанная с приобретением знаний и умений, — это стремление к интеллектуальным достижениям, которые необходимы для решения познавательных задач. Этот уровень активности особенно ярко проявляется у учащихся начальных классов. Этот период в развитии познавательной деятельности во многом связан с формированием логического мышления как основной линии психического развития в этот возрастной период.

Ключевые слова: познавательная деятельность, сознательная деятельность ребенка, интеллектуальные достижения, приобретение знаний, познавательный интерес, самостоятельная деятельность, познание, наблюдательность, развитие воображения, учебный процесс.

Муаммои фаъолнокии шахсият дар таълим аз зумраи масъалахои мубрами зинаи ибтидоии тахсил ба шумор меравад, зеро рушди сифатхои шахсият асосан дар таълими ибтидой заминагузорй мешаванд. Дар баробари махорати хондану навиштан, хисоб кардану гуш кардан, сухан кардан, барои кудак азхудкунй дониш бо истифодаи воситахои техникии таълим, аз чумла компутер хеле мухим аст.

Инкишофи кобилияти фикронии кудак, ташаккул додани махорат ва мухокимаронй аз масъалахои мухими таълими ибтидой аст, ки ба такмили хаматарафаи фаъолияти аклии кудакон кумак мерасонад. Фаъолияти аклй чист? Фаъолияти аклй ин фаъолияти фикрй аст, ки он дар мушохидаву таассурот, тасаввуроту амалиётхои мантикй ифода меёбад. Фаъолияти фикрй чунин фаъолияти инсонист, ки ба он дарккунии аломату хусусиятхои мухими ашёхо, ба кушодану муайян намудан тарафхои ноаёни чизхо, муайянкунии ашёхо ба мухит, ба алокамандии тарафхои хамон ашё нигаронида мешавад. Азбаски хусусиятхои чизу ходисахо хамеша аёну равшан нест ва худ аз худ дастраси шахс намешавад, ба рох мондани корхои чустучуй -тадкикотй ва нихоят «ёфтану» дарккуниро такозо мекунад. Дарк кардан, яъне

равшан намудан, ёфтани алокамандии тарафхои чиз ва ё ходисаест, ки то имруз барои шахс номаълум буд. Чунин фаъолиятро дар чараёни таълим, ки мехнати фикриро талаб мекунад, ба осонй мушохида намудан мумкин аст. Масалан, аз руи расм ифода тартиб дода натавониста бошанд, онхо бо шуморидану муайян кардани микдори ашёхои тасвиршуда каноатманд мешаванду халос. Албатта, чунин тарзи коргузориро низ фаъолияти аклй номидан мумкин аст, лекин он аз кудак мехнати фикриро талаб намекунад, зеро тартиб додани ифода аз руйи микдори чизхои дар он тасвиршуда талаб карда мешавад, фаъолияти аклии онхо ба фаъолияти фикриву мухокимаронй табдил меёбад. Онхо ба хар як чузиёти тасвир; ба харакат, киёфасозй, амалиёти одамони тасвиршуда, чойгиршавии ашёхо эътибори чиддй медиханд ва кушиши менамояд, ки алокамандии байни онхоро равшан карда, ифодаро тартиб диханд.

Шаклхои фаъолияти фикрй мухокимаронй, чамбасткунии андеша ва хулосабарорй буда, асоси онхоро тахлилу таркиб ташкил медихад. Вобаста ба мазмуни супориш ва дарачаи донишу инкишофи хаматарафаи шахс тахлилу таркиб дар шакли амалй ва хам дар шакли чамъбасткунии амалхои фикрй зухур меёбад. Таркиби фаъолият аз максадгузорй, вахч, ба накшагирии кор, воситаи ичрои фаъолият, аз натичагирй ва тафтишу хулосабарорихо иборат аст. Фикрронй чараёни фаъолест, ки хамеша халли масъалаеро такозо мекунад ва дар халли он чустучу, чавоб ба саволу супориш ва амсоли онхо таъкид меёбанд. Аз ин чост, ки фаъолияти зимни гуфтори боло таркибёфта фаъолияти бошуурона буда, билохир натичаи муфид медихад. Ч,авоб ба саволу супоришхо ба як катор шартхои ба хам марбут алокаманд аст:

ба кудак бояд фахмонд, ки дар халли масъалаи мазкур чй ба у равшан асту чй ноаён, чиро бояд чустучуй ва равшан кунад;

бояд кудак дорои захираи муайяни дониш бошад, ки дар халли масъалахои пешгузошташуда аз ин истифода карда тавонад;

талаба бояд бо махорат ва малакаи муайяне мусаллах бошад ва истифодаи онро дар халли масъала таъмин карда тавонад;

пайдо кардани шавку хавас, майлу хохиш дар халли масъалахои пешгузошташуда. Фаъолияти маърифатии хонандагон дар раванди таълим чараёнест, ки олами объективии моддй ва накши фаъоли трансформатсионии онро хамчун субъекти ин фаъолият инъикос мекунад. Мавзуи фаъолияти маърифатии хонандагон дар раванди таълим амалхое мебошад, ки барои ноил шудан ба натичаи пешбинишудаи фаъолият, ки ин ё он ангеза ба амал меорад, нигаронида шудаанд. Мухимтарин сифатхои ин фаъолият мустакилият мебошанд, ки метавонанд дар худтанкидкунй ифода ёбад. Фаъолияти маърифатй дар манфиат, орзу ва ниёзхо зохир мешавад ва омодагй ба рафъи душворихо бо зухури матонат ва ирода, самаранокй, дарки дурусти вазифахои таълимй, интихоби бошууронаи амали дилхох ва суръати халли онхо барои рушди он заруранд.

Гурухи мухаккикони Гурчистон бо рохбарии Ш.А. Амонашвили асосхои психологй ва педагогии дар тачрибаи таълим додани кудакони шашсола асосёфтаро тахия намуда, усулхои чамъшудаи хавасмандгардонии фаъолияти маърифатии кудакон ("хатогихои" дидаю донистаи муаллим, вазифахо барои диккат, навиштани афсонахо, супоришхо барои мукоисаро барои таквияти вачхи омузиш тавсия намудаанд[1,47]. Имрузхо проблемаи азхудкунии дониши нав бештар дар заминаи фаъолияти гуногуни хонандагон омухта мешавад, ки ин ба омузгорон, мураббиёни эчодкор имкон медихад, ки фаъолияти эчодиёти хонандагонро бомуваффакият ташаккул ва инкишоф диханд, шахсиятро ганй гардонанд, муносибати фаъолро нисбат ба онхо тарбия кунанд.

Шавки маърифатй асоси фаъолияти маърифатй мебошад. Он равона гардидани диккати ихтиёрии шахс ба ашё ва падидахои вокеияти атрофро ифода менамояд. Ин тамоюл бо кушиши доимй ба азбаркунии дониш, татбики амалии он ва мукаммалтару амиктар хос аст. Мунтазам таквият додан ва инкишоф додани шавки маърифатй асоси муносибати мусбй ба

омузиш мегардад. Шавки маърифатй на танхо ба раванд ва натичаи фаъолият, балки ба чараёни равандхои равонй - тафаккур, тасаввурот, хотира, диккат, ки зери таъсири шавки маърифатй фаъолияти махсус ва тамаркуз пайдо мекунанд, таъсири мусбат мерасонад.

Фаъолияти маърифатй ин ягонагии дарки хиссй, тафаккури назариявй ва фаъолияти амалй мебошад. Он дар хар як кадами зиндагй, дар хама намудхои фаъолият ва муносибатх,ои ичтимоии хонандагон (мехнати истехсолй ва барои чомеа муфид, фаъолияти арзишмандона ва бадей-эстетикй, муошират), инчунин бо ичрои амалхои гуногуни мавзуй-амалй дар раванди таълимй (озмоиш, тархрезй, халли масъалахои илмй ва f.) зохир мегардад.

Ташаккули фаъолнокии маърифатй раванди давомдор, онтогенй ва мархала ба мархала амалишаванда мебошад. Дар хар мархалаи синнусолй фаъолнокии маърифатй дорои шаклхои зухуроти рафторй буда, барои ташаккули худ шароити махсусро такозо менамояд, бинобар ин, таснифоти сатххои фаъолнокии маърифатй вобаста ба хусусияти синнусолй мавчуд аст.

Фаъолнокии маърифатии бевосита, донишдустй, шакли аз чихати пайдоиш ибтидоии фаъолнокии маърифатист, ки асосан ба синни томактабй хос буда, аммо аксар вакт дар давраи OFOЗи синни мактабй зохир мешавад.

Ташаккули фаъолнокии маърифатй дар кудакон бештар ба василахои гуногун парварида мешавад: хондани китобхои бадей, азёд кадани порчахои назму наср, мушохидакорй дар OFуши табиат, мулохизаронй, ибрози акида дар дарсхо вобаста ба саволхои проблемавй, иштирок дар чашнвораю намоишномахо, тамошои филмхои мувофик, расмкашй, навиштани иншо ё накли хаттй, таваччухи бевосита ба фактхои нав, падидахои шавковар ва саволхои дахлдор ба калонсолон - волидайн, омузгорон; таассуроти мусбати эмотсионалй, ки бо гирифтани иттилооти нав алокаманд аст.

Дар ин самтгирии бачагони синни томактабй ва мактаббачагони хурдсол ба олами атроф, муносибати хиссй ва асосан амалии онхо ба вокеият зохир мегардад.

Ба акидаи Л.С. Виготский, бо OFOЗи таълим дар мактаб тафаккур ба маркази фаъолияти бошууронаи кудак баромада, ба функсияи бартаридошта табдил меёбад. Дар раванди таълими мунтазами ба азхудкунии донишхои илмй нигаронидашуда, инкишофи тафаккури мафхумии гуфторию мантикй ба вукуъ меояд, ки ба бозсозии хамаи дигар равандхои маърифатй хидоят мекунад: "хотир дар ин синну сол тафаккурй ва идрок андешамандона мешавад". Дар раванди фаъолияти омузишй азхудкунии асосхои шуури назариявй ва тафаккур боиси пайдошавй ва рушди ташкилахои сифатй, мисли рефлексия, тахлил, барномаи ботинии амалхо мегардад. Синни хурди мактабй давраи бештар мусоид ва хассос барои рушди тахайюл мебошад.

Шарти асосие, ки ин сатхи фаъолнокии маърифатиро таъмин мекунад, мухити пурбори иттилоотй, хамчунин имконияти фаъолияти амалй дар он аст. «Монеаи» асосие, ки ба рушди сатхи мазкури фаъолнокии маърифатй халал мерасонад, барвакт ворид кардани шаклхои назариявии таълим, хеле барвакт шинос кардани кудак бо «фарханги китобхонй» мебошад. Аз дигар чихат хамаи воситахо ва омилхое ба кудак кумак мерасонанд, ки тачрибаи хиссй-амалии онхо инкишоф ёбад.

Сатхи дигари фаъолнокии маърифатй - фаъолнокии алокаманд бо андухтани донишу махорат, ки барои халли вазифахои маърифатй заруранд, кушиш барои дастовардхои зехнист.

Ин сатхи фаъолнокй махсусан дар хонандагони синфхои ибтидой барчаста зохир мегардад. Ин давра дар рушди фаъолнокии маърифатй аз бисёр чихатхо бо ташаккули тафаккури мантикй хамчун хати асосии рушди рухй дар давраи синнусолии мазкур алокаманд буда, ба он хусусиятхои зерин хос мебошанд:

- кушиши хал кардани вазифахои зехнй;

- майлу кушиш барои ба даст овардани воситахои халли вазифахои мазкур;

- эхтиёч ба дастовардхои зехнй;

- саволхо аз руйи мавзуи омухташаванда, мисли «ин корро чй тавр ичро бояд кард?», «барои чй ин корро бояд кард?», «чй дуруст аст, чихо нодурустанд» ва Fайра, ки кушиши

омухтан, азхуд кардани иттилооти нав, ёд гирифтани воситаи нави амалро инъикос менамоянд;

- самтгирй ба азхудкунии воситаи пешниходшудаи фаъолият;

- таассуроти мусбати эмотсионалй, ки бо азхудкунии донишхо, воситахо, методхои фаъолият, коркарди амалиёти мураккаб, дарёфти роххои халли вазифахои таълимй алокаманд аст;

- шавку рагбат ба маънои калимахои ношинос;

- характери вазъиятии шавки маърифатй: баъди гирифтани маълумоти нав, баъди анчоми амал (дарс, ичрои супориш) шавку рагбат кохиш меёбад, аломатхои зиёд фаро гирифтани иттилооти нав зохир мешаванд.

Дар адабиёти педагогй ва психологй чунин сатхро аксар вакт «репродуктивй-таклидй» меноманд, ки албатта, дуруст мебошад. Аммо тобиши барчастаи манфй, ки дар ин номгузорй чой дорад, ба назари мо, онро аз маънои хакикй махрум менамояд. Дар байни психологхо аксар вакт акидае хукмфармост, ки чунин дидгох барои ташаккули шахсияти кудак зарар мерасонад, бар зидди он мубориза бояд кард.

Ба назар мо чунин акида на он кадар сахех мебошад. Дар холатхое, ки азхудкунии намунахои амалиёт шахсан арзишманд мегардад, кудак аксар вакт камфаъолии зехниро зохир менамояд. Ин падида, ки Л.С.Славина муфассал тавсифу тахлил кардааст, падидаи алохидаи психологй мебошад.

Яке аз аломатхои возехи фаъолнокии зехнй он аст, ки хонанда вазифаи зехнии худро аз навъхои дигари фаъолият чудо карда наметавонад. Барои у дакику бехато навишта гирифтани шарти масъала нисбат ба хал кардани он мухимтар аст.

Дар он холатхое, ки мундаричаи асосии фаъолияти маърифатй махз вазифаи зехнй мегардад, ин сатх дар хамкорй бо шахси калонсол фарогирии намунахои амалиёт бо ашё, шаклхои таъсироти мутакобили гуфторй ва гайраро таъмин менамояд, яъне амалисозии минтакаи наздиктарини рушд аст. Зухуроти фаъолнокии маърифатиро дар ин сатх бо кушиши механикй такрор кардани намуна (восита, тарз, мундаричаи дониш), ки шахси калонсол пешниход менамояд, омехта набояд кард.

Шарти асосии рушди сатхи мазкур муносибати калонсолон - омузгорон ва волидайн, интизорихои онхо дар мавриди комёбихои кудак ва дурнамои хаёти ояндаи у мебошад. Монеахои асосй - рушди ракобатнокй ва ивазкунии ангезиши маърифатй бо ангезиши дастовард, хамчунин самтбахшии педагогхо ва волидайн асосан ба чанбаи ичрокунандагии фаъолият мебошанд.

Мувофики тасаввуроти аксарияти омузгорон фаъолнокии маърифатии мактаббача мохиятан ба ичрои талабот, фаъолнокии зохирй дар дарс ва боинтизомй баробар дониста мешавад, аммо донишдустии хакикй ва кушиши фахмидани он, ки ягон корро чй тавр ва барои чй дуруст ичро бояд кард, хамчун халалрасонй ба раванди таълим баррасй мегардад. Ин холат махсусан дар мактаби ибтидой равшан зохир мешавад.

Сатхи дигари фаъолнокии маърифатй - фаъолнокие, ки барои фахмидани сифатхои асосии ашё ва падидахо равона гардидааст, дарки робитахои мухими байни онхо мебошад.

Барои ин сатх якчояшавии азхудкунии хадафи аз берун талкиншудаи фаъолият ва интихоби мустакилонаи воситаву роххои расидан ба он хос мебошад.

Ба нишонахои зохирие, ки барои сатхи якум хос мебошанд, дар ин маврид аломатхои зерин илова мешаванд:

- саволхое шавку рагбатро ба дарки мундарича, хусусиятхои асосии ашёву падидахо ифода мекунанд, ки аз худуди барномаи мактабй берунанд;

- амалиёти озодона ва шавкмандона бо донишу махорат дар сохае, ки шавку рагбат алокаманд аст;

- кушиши ичро кардани супоришхои сатхи мураккабиашон баланд;

- чустучуи роххои мустакилонаи халли вазифахои гузошта;

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

- истифодаи мисолхои худ оид ба мавзуи омухташаванда;

- хохиши ба калонсолону хамсинфон интикол додани донишхои азхудшуда;

- устувории нисбии шавку рагбат, зохиршавии онхо бо вазъияти мушаххаси таълимй алокаманд нест.

Зухуроти фаъолнокии маърифатии ин сатх бештар барои хонандагони мактаби миёна (синфхои 5-9) хос мебошанд.

Х,амин тавр, ба нишонахои дар боло зикршуда хусусияти харисонаи шавки маърифатй -кушиши бештар донистанро илова кардан мумкин аст: дониши нав, махорати нав ва саволхои навро тавлид менамояд, ки барои фуруравии амиктар ба мундаричаи он равона гардидаанд; шавку рагбат ба фахмидани конуният, робитахои мухими сабабу натича, ки хам дар фаъолияти мустакилона, хам дар саволхои ба омузгор додашаванда зохир мегардад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Амонашвили Ш.А. Единство целей. М.: Просвещение, 1987. 208 с.

2.Глазунов Д.А. Психология:2 класс. Развивающие занятия. - Москва: Глобус, 2009. - 240с.

3.Дьюи Д. Психология и педагогики мышления / Д. Дьюи. - Москва: Мир, 1919. - 201с.

4.Сараева, Т.П. Психолого-педагогические условия развития творческих способностей младших школьников. Психология образования в поликультурном пространстве. —2013.— Т.3, №23.—С.128—136.

5. Славина Л. С. Психическое развития школьника и его воспитание Москва: 1979

6.Туник, Е. Е. Психодиагностика творческого мышления. Креативные тесты. Санкт-Петербург: Дидактика Плюс,2002.—44с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.