Научная статья на тему 'КЛАССИФИКАЦИЯ НАУКИ В НАУЧНОМ ТВОРЧЕСТВЕ СРЕДНЕВЕКОВЫХ ТАДЖИКСКИХ МЫСЛИТЕЛЕЙ'

КЛАССИФИКАЦИЯ НАУКИ В НАУЧНОМ ТВОРЧЕСТВЕ СРЕДНЕВЕКОВЫХ ТАДЖИКСКИХ МЫСЛИТЕЛЕЙ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
116
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КЛАССИФИКАЦИЯ / ЕСТЕСТВОЗНАНИЕ / АСТРОНОМИЯ / ОБСЕРВАТОРИЯ / ЗИДЖ / ТУСИ / МАРОГА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Максадов Хабибулло Исматович

В данной статье речь идёт о классификации различных наук, а также в этом направлении показан вклад таджикских мыслителей в классификацию науки и ее место в истории этих дисцилин. Был определён вклад таджикских ученых в классификацию наук и их труды в этом направлении в средевековый период. Автор показал, что таджикские мыслители в том числе, Абубакр Мухаммад ибн Закариё ибни Яхё ар-Рази, Абунаср Мухаммад ибни Мухаммад ал-Фароби, Абуали Хусайн ибни Абдуллах ибни Сина, Абдуллох Мухаммад ибни Ахмад ибни Юсуф ал-Котиб ал- Хоразми, Абухайён ат-Тахиди, Джалолиддин ас-Суюти, Абулхасан ал-Хучвири, Фахруддин ар-Рази, Абухомид Мухаммад ибни Мухаммад ал-Газзоли, Шихобддин ас-Сухраварди и другие внесли свой безценный вклад в различные классификации наук. Так же отмечено, что научное наследие предков таджикского народа стало основой для последующего развития наук.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CLASSIFICATION OF SCIENCE IN THE SCIENTIFIC WORK OF TAJIK THINKERS OF THE MIDDLE AGES AND THE PLACE OF ASTRONOMY IN IT

This article deals with the classification of various sciences, and also in this direction shows the contribution of Tajik thinkers to the classification of science and its place in the history of these disciplines. The contribution of Tajik scientists to the classification of sciences and their works in this direction in the Medieval period was determined. In the scientific article, the author showed that Tajik thinkers, including Abubakr Muhammad ibn Zakariye ibni Yahe ar-Razi, Abunasr Muhammad ibni Muhammad al-Farobi, Abuali Husayn ibni Abdullah ibni Sina, Abdulloh Muhammad ibni Ahmad ibni Yusuf al-Kotib al-Khorazmi, Abu Hayen at-Tahidi, Jaloliddin al-Suyuti, Abulhasan al- Khuchviri, Fakhruddin ar-Razi, Abuhomid Muhammad ibni Muhammad al-Gazzoli, Shikhobddin al-Suhrawardi and others have made invaluable contributions to various classifications of sciences. It was also noted that the scientific heritage of the ancestors of the Tajik people became the basis for the subsequent development of science.

Текст научной работы на тему «КЛАССИФИКАЦИЯ НАУКИ В НАУЧНОМ ТВОРЧЕСТВЕ СРЕДНЕВЕКОВЫХ ТАДЖИКСКИХ МЫСЛИТЕЛЕЙ»

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА - ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ-THE HISTORY OF SCIENCE AHD TECHOLOGY

4-♦

УДК 93.930

ТАБАЦАБАНДИИ УЛУМ ДАР ОСОРИ ИЛМИИ МУТАФАККИРОНИ ТОНИКИ АСР^ОИ МИЁНА

МАЦСАДОВ И., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар таърихи илм андешае роич аст, ки илмхо наклию аклй мешаванд ва ин аз раддабандии классикии гузаштаи мо бармеояд. Ба илмхои аклй факат олимони эронй сарукор доштаанд ва илмхои наклиро илми арабй гуянд, бо вучуди он, ки мутафаккирони эронй дар хар ду бахши ин илмхо муваффак будаанд.

Сухане чанд оид ба мафхумхои илмхои «арабй» ва «мусулмонй». Такрибан то солхои 1960 кисми зиёди мухаккикони таърихи илм хамаи илмхои асримиёнагии Шарки мусулмониро илми «арабй» меномиданд. Бояд кайд кард, ки ин нуктаи назари галат, мутаассифона то имруз вучуд дорад, хол он ки аз соли 1970 инчониб мухаккикони таърихи илм истилохи «илми мусулмонй»-ро ба чойи «арабй» пазируфтаанд. Бегумон байни ин истилохот фаркияти куллй мачуд аст. Бо истилохи «илми арабй» илмхое, ки арабхо ё ин ки мардуми араб эчод намудаанд, фахмида мешавад. Истилохи «илми мусулмонй» бошад ба хамаи мусулмонхо тааллук дорад, яъне илмхое, ки хдмаи мардумони билоди мусулмонй эчод намудаанд. Аз ин хотир мафхуми «илми мусулмонй» кобили кабул аст. Дар хакикат, аз асрхои миёна сар карда, аз замони эхёи мусулмонй ва то асри XVII аксарияти олимони мусулмон араб набуда, балки точик (эрониюласл) -ахолии мукими Эрон, Хуросону Мовароуннах,р буданд.

Ин чо ба маврид аст, ки гуфтахои фархангшиноси варзида Саид Хусайни Насрро биёварем: «Бешак аксарияти файласуфони мусулмонро мантикан бояд эронй донист ва хамаи осори фалсафии дар кисми шаркии ислом ба вучуд омада низ мантикан дар пояи осори фалсафии эронй арзи хастй намудааст. Махсусан дар солхои баъдй Эрон маркази асосии фалсафаи исломй буд, ки сабаби пайдоиши муттафаккирони бузурги фалсафа шуд» [5, 64].

Бояд зикр намуд, ки зери истилохи «фалсафа» дар асрхои миёна Сайид Хусайни Наср хамаи илмхои дакикро дар назар дорад, зеро дар он замон хамаи илмхои дакикро бо фалсафа дар якчоягй меомухтанд ва хамаи файласуфони бузург дар айни замон табиатшиносони шинохта низ буданд. Масалан хунуз Абубакр Мухаммад Закариёи Розй (865-925) гуфта буд, ки

«Ман файласуф онеро меномам, ки дар илми кимиё дастболо бошад» [8, 29].

Ба хама маълум аст, ки на танхо дар Мовароуннахру Хуросон ва Эрон забони илмй забони арабй буд, балки дар тамоми Шарки Наздик ва Миёна хам чунин буд, монанди оне ки дар Аврупо забони лотинй ин макомро дошт. Дар замони мо ин гуна забон англисй ва русианд (илова менамоем, ки баъди пошхурии Иттих,оди Шуравй истифодаи забони англисй густурда гардид). Ва имруз мо наметавонем хамаи олимон, мухаккикони ба забони англисй ва русинависро олими рус ё англис номем. Х,ол он ки хдмаи навиштахои онхо ба забони англисй ва русй мояи фахри ин мардумон аст. Х,амин тавр, илмхои асримиёнагиро наметавон илмхои «арабй» гуфт.

Дар Хуросону Мовароуннахри асри миёна хамаи илмхоро асосан ба ду гурух чудо менамуданд:

1. Улум ал-исломия ё улум ан-наклия ё ки улум аш-шаръия, яъне гуё илми расмй, дар тарчума илми исломй ё ки илми шариат. Дар ин чо фикх (хукуки исломй), калом, сарфу нахв, таърих, назм, вазни шеър ва гайрахо дохил мешуд.

2. Улум ал-ачам ё улум ал-аклия ва ё улум ат-табиъия, яъне аклонй, тарчумааш аз арабй «илми гайриарабй». Ин чо хисоб (арифметика), хандаса (геометрия), механика, нучум (астрономия), фалсафа, кимиё, илм оид ба табиат, яъне физика ва дигархо дохил мешуд.

Бояд зикр намуд, ки дар Шарки асри миёнаи мусулмонй олимони араб (олимони арабнажод) асосан ба илмхои «динй-расмй» ё «шариатй» сарукор доштанд, барои хамин аксаран «илми арабй» меноманд.Ба илмхои «гайрирасмй» ё ки «аклонй» асосан олимони мусулмони гайриараб, аксаран точикон (эрониён), инчунин яхудони арабзабон машгул буданд. Барои хамин ин илмхоро бисёр вакт «ачамй» меномиданд.

Вожаи арабии «ачам» дар тарчумаи тахтуллавз «гунг», яъне шахси забони арабро намедониста мебошад. Арабхо хамаи гайриарабхоро ва пеш аз хама эрониёнро чунин меномиданд. Эрониён дар навбати худ арабхоро «тозй» мегуфтанд.

Ба тасдики он, ки арабхо асосан ба илмхои «наклй» ё «шариатй» на «аклй» (табиатшиносй) машгул буданд, Абурайхони Берунй чунин навиштааст: «Арабхо хамаи тагйирёбихои боду хаворо бо баромадану фуру рафтани ситорагон нисбат медоданд, чунки илмхои табииро намедонистанд ва фикр менамудан, ки ин тагйирот ба чирмхо (-и осмонй) ситорагон ва баромадани онхо вобаста аст, на балки порахои кураи осмонй ва дохил шудани Офтоб ба он. Дар тамоми маконхои замин барзгарону чупонхо ибтидои аъмоли худ ва маърифати авкотро ба андозаи арабхо медонанд» [3, 263].

Дар ин бора мутафаккири машхури асри XIV-и араб Абусаид Абдуррахмон ибни Мухаммад ибни Халдун (солхои 1332-1406) тасди;

каpдааст, ки: «Эpонихо бештаp ба илмхои аклонй (табий) эътибоpи зиёд медоданд ва ин илмхо даp диёpи онхо даp pавнак буд» [10, 22].

Таснифи илмхои Аpастy даp асаpаш, ки ба забони аpабй таpчyма шуда, даp Ш^ки мусулмонй пахн гаpдида буд, на танхо даp Хypосон ва Моваpоyннаx,p, инчунин даp тамоми мамолики аpабy мусулмонй машхyp буд. Даp навбати худ ба таснифоти илмхои Аpастy таъсиpи бyзypгpо таснифоти илмхои Афлотун гузоштааст.

Лекин олимони асpи миёнаи мyсyлмонpо ин таснифоти тахиянамудаи Аpастy конеъ каpда наметавонист. Онхо таснифоти олимони дигаpи бостонpо ом7хта, кисман онpо кабул намуда, инкишоф дода, илова ва коpкаpд намуданд.

Таснифоти илмхо, ки олимони Шаpки мусулмонй мypаттаб каpдаанд, ба даpачаи илм асос ёфтааст, ки rçаpиб хазоp сол pавиши таълими мyсyлмониpо муайян намудааст. Х,амаи таснифоти нисбатан маъpyфи илмхои ин давp ягонагии илмpо нишон дода, бо максади пайихам ом7хтани онхо бояд ба як низом гузошта шаванд. Худи илм даp мачмуъ ба даpахти ягонае бо шохчахои зиёд шабохат дошт, ки месабзаду гул мекунад даp баpобаpи сабзиш ва гулкунии хамаи «даpахт». Аммо доимо шохахои даpахт беохиp намесабзанд, хамин тавp «даpахти илм» даp pаванди инкишоф хад доpад бо максади чудокунии онхо аз танаи асосй. Инкишофи тези яке аз онхо сабаби вайpоншавии хамохангй ва «хушк» шудани тамоми «даpахт» мегаpдад. Мавкеи хаp илм -«шохахои даpахт» бо таpтиб муайян шудааст [6, 8-14].

Ба мушкилоти таснифоти илм хамаи олимони машхypи асpи миёнаи мусулмонй саpyкоp гиpифтаанд, ба монанди Яъ^уб ибни Исхок ибни Саббох ал-Киндй (вафот. 873 г.), Абуба^ Мухаммад ибни Закаpиё ибни Яхё аp-Розй (28.08.865-26.10.925 с.), Абyнасp Мухаммад ибни Мухаммад ал-Фоpобй (870-950 с.), Абуали ^усайн ибни Абдуллох ибни Сино (16.08.980-24.06.1037 с.), Абдуллох Мухаммад ибни Ахмад ибни Юсуф ал-Котиби Хоpазмй (асpи X ), Абyлфаpач Мухаммад ибни Исх,ок ан-Надим (909-990 с.), Шаъия ибни ФаpиFyн, Абухайён ат-Тахидй, Ч,алолиддин ас-Суютй (1445-1505 с.), Абулхасан ал-X,yчвиpй, Фахpyддин аp-Розй (асpи XII ), Абухомид Мухаммад ибни Мухаммад ал^аззолй (1058-1111 с.), Ших,обддин ас-Сyхpаваpдй (асpи XII ), Абусаид Абдypахмон ибни Мухаммад ибни Халдун (1332-1406 с.) ва дигаpон [10].

Як идда аз олимони номбаpшyда, на танхо ба таснифоти илмхои замони худ ахаммияти махсус зохиp каpдаанд, инчунин даp ин бахш осоpи чудогона низ таълиф намудаанд. Ин чо мебояд ду pисолаи Фаpобиpо даp pиштаи таснифоти илм зи^ намуд: «Даp пайдоиши илм» [9; 51], танхо ба забони лотинй маълум аст («De ortu scientiarum») ва «Ихсо ал-улум» (бахшхои (таснифоти) илм), pисолаи Ибни Сино «Рисала фи аксом ал-

Улум» (Рисолаи даp бахшхои (таснифоти) илм), инчунин pисолаи Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмад ибни Юсуф ал-Котиб ал-Хоpазмй «Мафотиху-л-улум» («Калиди илмхо»).

Бояд зи^ намуд, ки «Мафотиху-л-улум»- и Абуабдуллох Котиб ал-Хоpазмй хамчун асаpи нодиpи аpабизабон оид ба таснифоти улуми хамон замон ба забони лотинии асpхои миёнаи Авpyпо таpчyма шуда буд.

Яке аз аввалин осоp оид ба таснифоти улум даp Ш^ки асpи миёнаи мусулмонй ба калами ал-Киндй тааллук Доpад, ки ба таксимбандии аpастyгии илм: назаpиявй, амалй ва тачpибавй чудо шудааст. Ба таксимбандаи номбаpшyдаи олимони авди бостон, инчунин таксимбандии динй ва соф илмй-фалсафй илова шудааст, ки ба он ахаммияти махсус дода буданд [1, 41-132].

Абуба^ Мухаммад ибни Закаpиёи Розй (865-925) аз аввалинхо шуда, даp баpобаpи шабакоти таснифотии улум, ки хамаи илмхоpо даp баp мегиpад, нисбатан чузъш^ коp каpд, ки танхо кисмхои алохидаи донишpо фаpо мегиpифт. Ба ин шабака таснифоти y оид ба кимиёpо метавон дохил намуд.

Яке аз таснифоти машхypи он замон, ки ба бисёpе аз наслхои олимони мамолики исломй таъсиpи хyдpо гузоштааст, таснифоти улуми Фоpобй мебошад, ки даp боло зи^и pисолааш pафт. У аз он чумла даp мукаддимаи ин pисола оваpдааст: «Мо кушиш намудем даp ин китоб хаp кадоми илмхои маълyмpо ботаpтиб ва мухтавою кисмхои он номбаp кунем. Мо онхоpо панч кисмат мекунем: 1. забоншиносй ва кисмхои он; 2. мантик ва кисмхои он; 3. илмхои математикй, яъне аpифметика, геометpия, оптика, астpономияи математикй, мусикй, илм андаp вазнхо ва илм андаp намудхои махоpатхо, физика ва кисмхои он, илми хукук (калом) ва кисмхои он» [2, 24].

«Рисола андаp кисмхои (таснифоти) улум» («Рисала фи аксом ал-улум»)-и Абyнасp Мухаммад ибни Мухаммади Фоpобй ба забонхои ивpит ва лотинй таpчyма шудааст. Таснифоти ypо бо каме таFЙиpотy иловахо олимони забаpдасти сохиби таснифоти илмхо, мисли Ибни Сино, Ибн Рушд (1126-1198) ва Мухаммади Fаззолй кабул доштаанд. Таpчyмаи лотинии pисолаи Фоpобиpо таpчyмони номдоpи осоpи муаллифони аpабзабон Доминик Гундиссалин (1115-1190) бо номи «De scientiis» ба анчом pасонидааст, ки даp Авpyпои асpимиёнагй хеле машхyp буд. Чй хеле ки гуфта шуд, даp асоси таснифоти Фоpобй хамаи илмхо ба панч синф чудо мешудаанд. Механикаpо (чаppи аскол) даp навбати худ ба ду «шоха» таксим каpдааст: «илм андаp вазнхо» (статикаи назаpиявй) ва «илм андаp намуди махоpатхо» («илм ал-хиял» -статикаи амалй). Фоpобй инхоpо ба ^ухи илмхои математикй дохил намудааст.

Ибни Сино («илм ал-хиял») (илм андаp намуди махоpатхо)-pо ба «шохахо»-и илм дохил намудааст, фахмиши «шохахо» мачм7и илмхои ба он алока доштаpо истифода менамояд. Ба «шохаи геометpия» y, масалан як кисми он чй асосан дохил мешавад даp «илми хиял» ин донишхо оид ба чойгyзоpии боpхо бо кувваи кам, андаp хаpакати об ва баpдоштани об ва Fайpаpо дохил намудааст. Як гypyхи муаллифон махсус илми баpдоштани обpо чудо намуда, хамчун кисме аз геометpия хисобидаанд [7, 141].

Х,амаи олимони асpи миёнаи Хypосонy Моваpоyннаx,p, ки ба таснифоти улуми асpи хеш иштотол доштанд, «илм андаp вазнхо»-pо ба математика дохил намудаанд. Х,атто механики маъpyфи Хypосони асpи XII (муаллифи pисолаи классикй доиp ба статика) Абулфатх Абдyppахмон Мансypи Хозинй (1077-1155) тасдик менамуд, ки «фахмиш доиp ба маpкази вазнинй» (яъне масоили асосии назаpиявии статика) бyзypгтаpин ва пypифтихоpтаpин кисмати илми математикаpо ташкил медихад» [4,18].

^исми зиёди pисолахои энсиклопедй, чи тавpе ки pоич буд, ба ду кисм чудо мешуданд: мувофикан баёни назаpиявй ва амалии илм.

Илмхои назаpиявй даp навбати худ ба мантик, физика, математика, ва метафизика бахш мегаpдиданд. Ба таpкиби илмхои амалй инхо шомиланд: этика, иктисод ва сиёсат. Физика-худи физикхо ба он химия, геология ва минеpалогия, ботаника, зоология, тиб ва писихологияpо дохил намудаанд. ^исмхои асосии математикаpо аpифметика, геометpия, астpономия ва назаpияи мусикй ташкил медихад. Ба инхо алгебpа ва оптика низ хамpох мешуданд (яъне, «илм андаp вазнхо» ва «илм ал-хиял»).

Аммо Абуабдуллох Мухаммад ибни Юсуф Котибии Хоpазмй (910-997) даp осоpи энсиклопедии худ «Мафотиху-л-улум» кисми амалии механикаpо (статикаи амалй) «илм ал-хиял» бо илмхои бунёдй, даp катоpи фалсафа, мантик, тиб, аpифметика, астpономия ва мусикй дида мебаpояд.

Новобаста ба он ки даp баъзе осоpи таснифоти улум «илм ал-хиял» хамчун «шохаи» геометpия дида шудааст, даp асл дохил намудани он ба геометpия, яъне математикаи асил хело «зypакй» аст, ин тавp ки сухан на аз илми геометpия, балки доиp ба татбики он ба коpхои мухандисии он замон меpавад. Боpи аввал Абдypахмон ал-Хозинй ханyз даp асpи XII даp асаpи машхypи худ «Мизону-л-хикмат» («Таpозyи акл») хаp ду бахши назаpиявй ва амалии механикаpо муттахид намуда, ба маънои як бахш намудани назаpия ва амалияи таълимот доиp ба таpозy ва баpкашиданpо ба анчом меpасонад.

Даp Хypосон ва Моваpоyннаx,pи асpи миёна ба монанди Авpyпои лотинии асpи миёна механикаpо аз дигаp илмхо чудо каpда буданд. Даp байни олимони ин замон мутахассиси ин бахши илм ба маънои аслии ин сухан набуд. Олимоне чун Абуба^ аp-Розй, Ибни Сино, Умаpи Хайём, Абдyppахмон ал-Хозинй ва дигаpон, ки бо номхояшон дастоваpдхои асосии механика маpбyт аст, энсиклопедист, яъне кулли илмхоpо фаpо

гирифта буданд (физика, механика, математика, астрономия, тиб, чугрофия, фалсафа, таърих, филология ва гайрахо). Барои хамин алокаи байни илмхо на танхо дар доираи васеи олимон, балки дар осори хар кадоми онхо ба вучуд меояд.

АДАБИЁТ

1. Аль-Кинди. Трактат о количестве книг Аристотеля и о том, что необходимо для усвоения философии. Книга о пяти сущностях. Объясниние ближней действующей причины возникновения и уничтожения / Аль-Кинди; пер. с. араб. А.В. Сагадеева // Избр. произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IX-XIV вв. - М.: Соцэкгиз, 1961. - С.41-132.

2. Аль-Фараби. О разуме и науке / Аль-Фараби; пер.с араб. Б.Я. Ошерович; вступ. статья А. X. Касымджанова. - Алма-Ата: Наука, 1975. - 113 с.

3. Берунй, А. Осор-ул-бокия / А. Берунй. - Душанбе: Ирфон, 1990. - 263 с.

4. Кадыров, К. Б. История педагогической мысли таджикского народа (с древнейших времен до возникновения ислама) / К. Б. Кадыров. - Душанбе, 1998. - 235 с.

5. Комилов, А. Ш. Абу Бакр ар-Рази-физик/ А. Ш. Комилов // Известия Академии наук Тадж. ССР. Серия: Филос., Экон., Прав. - 1990. - №1. - С.63-66.

6. Комили, А. Ш., Максадов, X. И., Рахмонов, X. О. Состояние научной и технической мысли у предков таджикского народа в период VI-VIII вв. (Гундишопурская академия)/ А. Ш. Комили, X. И. Максадов, X. О. Рахмонов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. - Душанбе, 2013. - С.8-14.

7. Комилов, А. Ш., Таваров, С. К. Из истории физики Средней Азии в IX-XIII вв / А. Ш. Комилов, С.К. Таваров. - Душанбе: Нодир, 2005. - 144 с.

8. Розй З. Мунтахаби осор / Закариёи Розй. - Душанбе: Адиб, 1989. - 160 с.

9. Рожанский, И. Д. Античная наука [Текст] / И.Д. Рожанский.-М.: Наука, 1986 -200 с.

10. Ибн Xалдун. Введение (фрагменты) // Избранные произведения мыслителей Ближнего и Среднего Востока IX-XIV вв. - М.: Соцэкгиз, 1961. - С.559-628.

ТАБАЦАБАНДИИ УЛУМ дар осори илмии МУТАФАККИРОНИ ТОНИКИ АСР^ОИ МИЁНА

Дар макола оид ба табакабандии илмхо сухан рафта, сахми муттафакирони халки точик дар таснифи илмхо ва чойгохи онхо дар ин ришта нишон дода шудааст. Муайян шудааст, ки олимони точик дар асрхои миёна дар гурухбандии илмхо осори зиёд ва арзишманде аз худ ба мерос гузоштаанд. Мутафаккирони точик, мисли Абубакр Мухаммад ибн Закариё ибни Яхё ар-Розй, Абунаср Мухаммад ибни Мухаммад ал-Форобй, Абуалй Хусайн ибни Абдуллох ибни Сино, Абдуллох Мухаммад ибни Ахмад ибни Юсуф ал-Котиби Xоразмй, Абухайён ат-Тахидй, Ч,алолиддин ас-Суютй, Абулхасани Хучвирй, Фахруддин ар-Розй, Абухомид Мухаммад ибни Мухаммад Fаззолй, Шихобддини Сухравардй ва дигарон дар гурухбандии илмхо сахми босазое гузоштаанд. Инчунин кайд гардидааст, ки таъсири осори олимони гузаштаи точик барои пешрафти баъдинаи илм замина гузоштааст.

Калидвожа^о: илм, гуруубандй, табиатшиноси, ситорашиноси, расадхона, зиц, Туси, Марога.

КЛАССИФИКАЦИЯ НАУКИ В НАУЧНОМ ТВОРЧЕСТВЕ СРЕДНЕВЕКОВЫХ ТАДЖИКСКИХ МЫСЛИТЕЛЕЙ

В данной статье речь идёт о классификации различных наук, а также в этом направлении показан вклад таджикских мыслителей в классификацию науки и ее место в истории этих дисцилин. Был определён вклад таджикских ученых в классификацию наук и их труды в этом направлении в средевековый период. Автор показал, что таджикские мыслители в том числе, Абубакр Мухаммад ибн Закариё ибни Яхё ар-Рази, Абунаср Мухаммад ибни Мухаммад ал-Фароби, Абуали Хусайн ибни Абдуллах ибни Сина, Абдуллох Мухаммад ибни Ахмад ибни Юсуф ал-Котиб ал- Хоразми, Абухайён ат-Тахиди, Джалолиддин ас-Суюти, Абулхасан ал-Хучвири, Фахруддин ар-Рази, Абухомид Мухаммад ибни Мухаммад ал-Газзоли, Шихобддин ас-Сухраварди и другие внесли свой безценный вклад в различные классификации наук. Так же отмечено, что научное наследие предков таджикского народа стало основой для последующего развития наук.

Ключевые слова: классификация, естествознание, астрономия, обсерватория, зидж, Туси, Марога.

CLASSIFICATION OF SCIENCE IN THE SCIENTIFIC WORK OF TAJIK THINKERS OF THE MIDDLE AGES AND THE PLACE OF ASTRONOMY IN IT

This article deals with the classification of various sciences, and also in this direction shows the contribution of Tajik thinkers to the classification of science and its place in the history of these disciplines. The contribution of Tajik scientists to the classification of sciences and their works in this direction in the Medieval period was determined. In the scientific article, the author showed that Tajik thinkers, including Abubakr Muhammad ibn Zakariye ibni Yahe ar-Razi, Abunasr Muhammad ibni Muhammad al-Farobi, Abuali Husayn ibni Abdullah ibni Sina, Abdulloh Muhammad ibni Ahmad ibni Yusuf al-Kotib al-Khorazmi, Abu Hayen at-Tahidi, Jaloliddin al-Suyuti, Abulhasan al- Khuchviri, Fakhruddin ar-Razi, Abuhomid Muhammad ibni Muhammad al-Gazzoli, Shikhobddin al-Suhrawardi and others have made invaluable contributions to various classifications of sciences. It was also noted that the scientific heritage of the ancestors of the Tajik people became the basis for the subsequent development of science.

Key words: classification, natural science, astronomy, observatory, zij,Tusi, Maroga.

Сведения об авторе: Максадов Хабибулло Исматович-кандидат

исторических наук, младший научный сотрудник отдела науки и техники Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша. Тел.:(+992) 917-947173. E-mail: maksadov.1961@mail.ru.

Information about the author: Maksadov Habibullo Ismatovich-сandidate of

Historical Sciences, Junior researcher of the Department of history of science and technology Institute of history, archeology and Ethnography named after A. Donisha. Phone: .:(+992) 917-947173. E-mail: maksadov.1961@mail.ru.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.