ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА -ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ-THE HISTORY OF SCIENCE AHD TECHOLOGY
4-♦
УДК-62
ТАСАВВУРОТ ОИД БА МАФ^УМИ МЕХАНИКА ДАР ОСОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРЦИ АСРИМИЁНАГЙ
АБДУЛЛОЗОДА М. Х., Донишгох,и давлатии Хучанд ба номи академик Б. Гафуров БОБОЕВ Х., КАБИРОВ Ф. О., Донишгох,и технологии Точикистон
Пеш аз баёни фикру акидахо рочеъ ба мазмун ва мундаричаи осори мутафаккирони Шарки исломй доир ба механика (кинематика, статика, динамика) ва фаслхои дигари физика ёдрас мешавем, ки мо зимни халлу фасли ин ё он масъалахои илмхои табиатшиносй, дар баробари сарчашмахо (нусхахои хаттии ба мо дастрас шуда) бештар таълифоти он донишмандони машрикзаминро, ки мероси илмии онхо тули чандин дахсолаи охир бо кушиши муаррихони илми собик Иттиходи Шуравй ва кишвархои хоричй мавриди тахлилу тахкик карор гирифта, ба ин ё он забон чоп шудаанд, мавриди истифода карор додаем. Аз чумла, аз осори бойи Абдурахмон Суфй, Мухаммад ал-Хоразмй, Абурайхони Берунй, Ибни Сино, Умари Хайём, Абдуррахмони Хозинй, Насируддини Тусй ва дигарон.
Масъалаи омузиш ва тахкики пахлухои гуногуни мафхуми механика дар тахкикоти олимони Иттиходи Шуравй ба монанди Розенфелд Б.А., Матвиевская Г.П., Рожанская М., Веселовский И. Н., Боголюбов А.Н., Мандрика А.П., Ахмедов А., Абдуллозода Х.Ф., Комилов А. ва дигарон низ инъикоси васеъ ёфтааст.
Чдхати равшан гардидани масъалаи мазкур назаре меоварем ба тафсилоти ин мафхум дар тахкикоти кисме аз онхо, аз он чумла дар асари Рожанская М. М. "Механика дар Шарки асри миёнагй", ки ба яке аз мархалахои омухташудаи таърихи механика-ташаккули дониш дар Шарки асримиёнагй бахшида шудааст, муаллиф дар асоси ба таври умумй чамъоварй кардани маълумоти дакику возех ва омухтани мавод аз манбаъхои чопнашуда, кушиш ба харч додааст, ки намунахои рушди бахши механика дар Шарки асрхои миёнаро пайгирй кунад ва даврахои асосии ташаккули онро баррасй намояд, накши онро дар системаи механикаи чахонй ва ахаммияти онро дар таърихи фарханги Шарк дарк кунад ва нишон дихад .
Дар асари "Очерки по истории теоретической механики" математики машхури рус И.Н.Веселовский дар бораи таърихи механикаи назариявй ва мафхумхои асосии он аз Арасту то Эйнштейн ибрози назар намуда, пахлухои гуногуни пайдоиш ва ташаккули механикаро возеху равшан нишон додааст.
Китоби "Механика в истории человечества", ки аз тарафи Боголюбов А.Н. тахия гардидааст, дар бораи таърихи механикаи назариявй ва амалй аз пайдоиши мошинхои аввал то холати хозира маълумоти муфассал медихад. Дар ин китоб равобити зич ва таъсири мутадобилаи механика ва технология, механика ва меъморй, механика ва наддошй таъкид карда мешавад.
Китоби Х.Ф. Абдуллозода "Физика дар осори олимони Осиёи Марказй ва Шарди Наздик (асрхои IX-XVI)" ба таърихи инкишофи илми физика (табииёт) дар Осиёи Марказй ва Шарки Наздик (асрхои IX-XVI) бахшида шудааст. Дар асоси мутолиа ва тахлилу тахдиди адабиёти муосир ва алалхусус сарчашмахо (нусхахои хаттии мероси илмии ниёгон) сахми донишмандони маъруфи кишвархои машрикзамин дар минбаъда таддидоту кашфиёти олимони давраи Тачаддуд (Аврупои асрхои XV-XVI) нишон дода шудааст.
Аз омузиш ва тахлилхо, маълум шуд, ки дар тамоми давраи инкишофи илм дар Дунёи ^адим мавчудияти ду анъана ба назар мерасад.
> анъанаи назариявй, ки таълимоти фалсафй оид ба фазо, материя, вадт ва харакат, таълимот доир ба мувозинати чисмхо ва коркарди усулхои математикй барои астрономия зарур буда.
> анъанаи касбу хунари мухандисон ва меъморони замони атида, яъне мачмуи доидахою дастурхо барои маънидоди сохт ва тарзу усулхои кори панч мошини одй ва дигар олоту афзорхои хаётан мухим барои мардумон.
Бояд иброз намуд, ки таърихи механикаро хамчун илм оиди мошинхо ва механизмхо метавон аз замонхои дадимтарин огоз кард. Чарху гилдирак хануз аз давраи неолит маълум аст. Пушида нест, ки дар гузаштаи дадим бино намудани иншооти бузургу бохашаматро дар давлатхои Шарди ^адим бе истифодаи мошинхои (афзорхои) одй (фашанг, гаргара, фона...) тасаввур намудан гайриимкон аст. Истифодаи яке аз маъмултарин навъхои фашанг - тарозу низ ба замонхои дадим тааллуд дорад. Тасвиру акси даххо тарозухо дар ёдгорихои таърихии то замони мо расидаи Мисри ^адим ба назар мерасанд, ки кухантарини онхо ба хазораи Ш то милодй рост меояд.
Дар ин замина асари физикии Абдуррахмони Хозинй «Китоб мизон ал-хикма»-яке аз осорхои мухимтарин ва пурарзиштарини давраи Шарди исломй дар сохаи физика ва механика ба хисоб рафта, аз хашт мадола (китоб) иборат аст. Дар ин асар на танхо назарияи тарозухо, балки тамоми масъалахои статика ва гидростатикаи асримиёнагй халлу фасл
шуда, дар инкишофи минбаъдаи механикаи Шарду Fарб мадоми хосе дорад. Олим дар ин китоб таърихи ихтироъ ва тарзи истифодаи «тарозуи хикмат»-ро аз дадим то замони худ ба тафсир шарх дода, аз осор ва сахми донишмандони Дунёи ^адим: Евклид, Архимед, Менелай ва аз мутафаккирони Шарди исломй: Ибни Х,айсам, Абусахли Кухй, Закариёи Розй, Собит ибни Курра, Музаффари Исфизорй, Абурайхони Берунй, Умари Хайём дар сохаи механика ва инкишофи он ёдрас шудааст.
Ду нусхаи хаттии ин асари гаронбахо дар китобхонахои Масхид (ш.Бомбай) ва Санкт-Петербург махфузанд [107,340]. Мунтахаби ин асарро бо аз тарчумаи англисй муаррихи илм Н.В. Хаников соли 1859 таълиф намудааст.
Маълум аст, ки дар натичаи хафриёти бостоншиносй чандин сангхои тарозу (одатан аз санги сахт дар шакли ангуштарин, саддохо, тасвири хайвонот ва гайра) дарёфт шудаанд. Тасвирхои сангхои тарозу дар матнхои дадимаи мехии то замони мо расида низ ба назар мерасанд. Аммо на дар сарчашмахои Мисри ^адим ва на дар матнхои хатхои мехии то замони мо расида назарияхои баркашидан ва амалиёти «мошинхои одй» ба назар намерасанд.
Зикр бояд намуд, ки тули чандин садсолахо то миёнаи асри ХУП зери истилохи «механика» амали сохтан ва истифода бурдани мошин ва механизмхо, яъне «санъати» ба назарияи элементарии панч мошинхои одй такя намуда, дар назар дошта мешуд. Ин сохаи «илм» дар мудоиса бо илми хадидй, чун дониши навъи «поёнй» хисобида мешуд, зеро истифодаи тарзу усулхои «механикй» гуё тозагию чиддияти илми «хадидй»-ро риоя намекард. Нихоят, Нютон ба ин истилохи кухан маънои нав - таълимоти умумй доир ба харакат бахшид.
Таълимот доир ба харакат (кинематика) яке аз масъалахои асосии фалсафаи замони атида буда, таълимот доир ба мувозинати чисмхо (статика) ду равия: статикаи назарии тафсири архимедй ва статикаи амалй-таълимот оиди мошинхои одиро дар бар мегирад. Аз ин ру, се дисми таркибии механикаи замони атидаро метавон чудо кард:
♦♦♦ таълимот доир ба харакат, мохият ва манбаи он-динамикаи он давра;
♦♦ таълимот доир ба мувозинат-статикаи назарй ва амалй; ♦♦ кинематика-назарияи математикии бо астрономия алодаманд.
Механика ё илми механикаро олимони Шарди асримиёнагй «хиял» ё «илми хиял» меномиданд. Истилохи арабии «хиял» - чамъи «хила» - айнан «тарзхои мохирона» буда, он тарчумаи калимаи юнонии ^^аул- «мохир», мухолифи маънои калимаи фОотл - табий, ки аз он номи физика пайдо гашта, мебошад.
Добили баён аст, ки дар «Мафотех-ал-улум»-и Мухаммад ал Хоразмй таърифи илми хиял-механика чунин омадааст: «Синоат-ул-хиял: Ин донишро ба юнонй «манчоникун»-(«та^апоп»-механика) мегуянд ва яке аз аксоми он чарри аскол бо неруи андак аст» [1].
Дар ибтидо зери ибораи «хиял» санъати сохтани механизмхои (олоти) хайратангез дар назар дошта шуда, минбаъд ин калима маънои нисбатан умумиро гирифтааст.
Х,амзамон баъзе мутафаккирони Шарк дар осори хеш кисми асосии механикаро «чарри аскол» (истилохи арабии «чарр» - кашиш, кашидан ва «аскол» - чамъи «сикл» - вазн, вазнинй, яъне олот барои боло бардоштани борхои вазнин) номидаанд. Бояд гуфт, ки дар Шарки исломй зери истилохи «мухандис» на танхо математикон-геометрон (хандасадонон), балки он шахсонеро, ки ба шакл ва накшахо сарфахм рафта, онхоро дар амалия истифодабурда метавон номид.
Тахкикоти донишмандони машрикзамин доир ба механика ин идома ва инкишофи хамон равияхои механикаи мутафаккирони Дунёи ^адим буд. Динамика низ инкишофи минбаъдаи тасаввуроти фалсафй доир ба харакат, манбаъ ва мохияти он буда, асоси он ташреху тафсири осори Арасту буд [6].
Чуноне ки зикр намудем, ибтидои фаъолияти илмии донишмандони маркази илмии Багдод (асри 1Х) ин тарчума ва тавзехи мероси илмии юнониёну хиндуёни кадим буда, дар ин давра чанде аз рисолахо «Механика»-и Герони Искандарй (асри 1 то милод), «Пневматика»-и Филон (а.П-1 то милодй), Марк Поллион Витрувий (асри 1 то милод) ва хоказо мавриди тахкику тахлил карор гирифта буд. Дар ин миён «Механика»-и Герон бо кушиши ^усто ибни Лукои Баъалбакй (зодаи шахри Баъалбак дар Сурия, соли вафоташ такрибан 910) худуди соли 864 ба арабй тарчума шуд. Натичаи ин буд, ки хушбахтона ин асар то замони мо расидааст. Асар аз се китоб иборат буда, китоби дуюм ба назарияи мошинхо ва механизмхои сода бахшида шудааст [1,4].
Бино ба гуфтаи Киндй, Герон дар бораи чугрофиё ва олоти бодафшон (бо кувваи бод фишордиханда), сохти чарххои обй, осиёбхо ва дигар афзорхои механикй махорат ва таълифоте доштааст.
Дар Шарки исломй нахустин таълифот доир ба механика ин «Китоб ал-хиял»-и бародарон Бани Мусо буда, он ба тахлилу такмили асари номбурдаи Герон бахшида шудааст. Х,амзамони Бани Мусо, олими намоёни Маркази илмии Багдод Собит ибни ^урра муаллифи асари «Китоб фи ал-карастун» буд, ки он минбаъд на танхо дар кишвархои Шарки исломй, балки дар Аврупои Fаpбй низ маъмулу машхур гашт ва дар асри XII бо кушиши Герардои Кремонй ба забони лотинй тарчума гардид [2].
Бояд зикр намуд, ки алхол номгуи зиёда аз 50 асари доир ба халлу фасли масъалахои статика таълифшудаи олимони машрикзамин маълуманд, ки онхо дар асрхои IX-XVI навишта шуда, маълуму дастрас ба омузиш карор доранд. Масалан, танхо аз асрхои Х-XIV рисолаи дах олимони маъруфи сохаи илмхои дакик маълуманд, ки матни пурраи чанде аз онхо, хушбахтона, ба шарофати дар «Китоб мизон ал-хикма»-и Абдуррахмони Хозинй оварда шудан, то замони мо расидаанд. Аз чумлаи онхо «Мизон ат-табиийа»-и («Тарозухои физикй») Абyбакpи Розй, «Макола фи марокиз ал-аскол»-и Ибни Х,айсам ва рисолаи хамноми Абyсахли Кухй, рисолахои Умари Хайём, ^утбиддини Шерозй, Исмоили Ч,азирй ва Fайpаpо метавон ёдрас шуд [3].
Ба мисли муаллифони замони атика, дар осори илмии олимони Шарки асримиёнагй таксим намудани механика - илми хиял ба таълимот доир ба мошинхои харбй ва худи таълимот оиди «олоти хайратангез», ки тахти он, пеш аз хама, дастгоххо барои бардоштани чисмхои вазнин ва об барои обёрии майдонхо дар назар дошта мешуд, дида мешавад.
Бояд ёдрас шуд, ки механика, мавзуъ ва мафхумхои он ба таркиби аксари энсиклопедияхои (доиратулмаориф)-и асримиёнагии Шарк дохил шудааст. Дар баъзе энсиклопедияхо махсус «илм оиди болобардории об», ки чун фасли геометрия (хандаса) ба хисоб мерафт, халлу фасл шудаанд.
Яке аз кадимтарин сарчашмахо, ки дар он илми механика шарх ёфтааст «Мафотех-ал-улум»-и Абуабдуллох Мухаммад ибни Мусо Ал-Хоразмй аст, ки боби хаштуми маколаи дуюми он иборат аз ду фасл:
1) Фасли аввал - «Ч,арри аскол бо неруи андак ва номи абзорхои он»;
2) Фасли дувум - «Олатхои мухаррик ва сохтани зарфхои хайратовар» ба илми хиял бахшида шудааст.
Дар ин фаслхо шархи возеху мухтасари хар кадоме аз механизмхои сода ва комбинатсияи онхо, олоти мухосираи низомй, обй, дастгоххои худкор ва маълумоти таърихй дар бораи онхо оварда шудааст. Масалан, зимни маънидоди яке аз механизмхои сода- истилохи «мухл» (фишанг) чунин омадааст: «Мухл:-тахтаи гирд ё хаштгушае аст, ки ба василаи он ачсоми сангинро (чисмхои вазнинро) ба харакат дармеоваранд, шеваи кор чунин аст, ки зери чисми сангинеро, ки бояд чо ба чо шавад, хафр мекананд ва сари мухлро дар он гудол (хандак) мегузоранд, он гох сари дигарро махкам гирифта ва чисми сангинро баланд мекунанд» [4,5,6]. Бахши марбут ба «илми хиял»-и асарро муаррихи илм Э.Видеман (18521928) ба забони олмонй тарчума кардааст [2].
Асоси статикаи амалиро рисолахое ташкил медиханд, ки дар онхо коидахою дастурхои зарурй оид ба сохти мошинхои одй, механизмхо ва олатхои мухандисй (инженерй) оварда шудаанд. Дар рисолахои доир ба статикаи назарй масъалахои назарияи фишанг, мувозинати чисмхо,
маркази вазнинй, кувва ва вазн, гидростатика ва гидродинамика халлу фасл шудаанд [1, 2].
Х,амин тарик, бояд иброз намуд, ки фахмишхо ва баёни масъалаи механика дар осори олимони Машрикзамин хеле барвакт дар асрхои миёна ва баъдтар, муфассал инъикоси худро ёфта, пахлухои гуногуни он возеху равшан нишон дода шудааст. Ганчинаи бебахо - осори илмии сершумори то замони мо расидаи алломахои машрикзамин: Мухаммади Хоразмй, Ахмади Фаргонй, Ибни Хайсам, Абдуррахмони Суфй, Абумахмуди Хучандй, Абубакри Розй, Абурайхони Берунй, Абуалй ибни Сино, Умари Хайём, Абдуррахмони Хозинй, Насуриддини Тусй ва даххо дигарон, ки дар китобхонахои кишвархои Шарку Гарб махфузанд, далели ин гуфтахо аст.
Тахлилу тахкики мероси илмй ба фанхои дакик, аз чумла табииёт-физика бахшидаи олимони Шарки асримиёнагй гувохй медихад, ки ниёгони мо дар инкишофи минбаъдаи онхо сахми арзанда гузоштаанд.
Пушида нест, ки аз хазинаи таърих берун овардан ва ба дастурхони маънавии ворисони тамаддун (чавонони имруза) гузоштани андешахои афкори гузаштагон-мутафаккирони миллат бехтарин коре хохад буд чихати ташаккули чахонбинии онхо, тарбияи ватандустй ва пос доштану эхтироми осори ниёкон.
АДАБИЁТ
1. Абдуллозода Х.Ф., М.Абдуллозода "Физика дар осори олимони Осиёи Марказй ва Шарки Наздик (асрхои IX-XVI)". Хучанд, Нури маърифат. -2009,460 с.
2. Абдуллозода Х.Ф. Абумахмуди Хучандй ва таърихи астрономияи
3. халки точик. Хучанд, Нури маърифат.- 2005,-440 с.
4. Бобоев Х. Из истории астрономической мысли таджикского народа. Riga:,Lap lambert Academic Publishing, 2018,-134 c.
5. Комилов А.Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины.- М.: МП.- 1999, -159 с
6. Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII - XVII вв.).- М.: Наука, -1983.
7. Рожанская М.М. Механика на средневековом Востоке, Москва, Наука,-1976.
ТАСАВВУРОТ ОИД БА МАФХ,УМИ МЕХАНИКА ДАР ОСОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРЦИ АСРИМИЁНАГЙ
Маколаи мазкур ба таърихи бунёди бахши механикаи илми физика (табииёт) дар Осиёи Марказй ва Шарки Наздик (асрхои K^VIH) бахшида шудааст. Дар асоси мутолиа ва тахлилу тахкики адабиёти муосир ва алалхусус сарчашмахо (нусхахои хаттии мероси илмии ниёгон) сахми донишмандони маъруфи кишвархои машрикзамин Абунасри Форобй, Ибни Хайсам, Абумахмуди Хучандй, Закариёи Розй, Абурайхони Берунй, Абуалй ибни Сино, Умари Хайём, Абдуррахмони Хозинй, Насируддини Тусй ва дигарон дар минбаъда тадкикоту
кашфиёти олимони давраи Тачаддуд (Аврупои асрхои XV-XVI) нишон дода шудааст.
Калидвожа^о: илми Дунёи Цадим, Шарци наздик, осори илми, механика, кинематика, динамика, уиял, асцол, тарозууои физики, доиратулмаориф.
ПОНЯТИЕ МЕХАНИКИ В ТВОРЧЕСТВЕ МЫСЛИТЕЛЕЙ ВОСТОКА
Статья посвящена истории развития одной из древних разделов физической науки-механики в Центральной Азии и на Ближнем Востоке (IX-XVI вв.). На основе изучения и анализа современной литературы и особенно источников (письменных копий научного наследия наших предков) показан вклад известных ученых Востока Абу Насра аль-Фараби, Ибн Хайсама, Абу Махмуда аль-Худжанди, Закария аль-Рази, Абу Райхана аль-Бируни, Абу Али ибн Сины, Умара Хайяма, Абдурахмони Хазини, Насир аль-Дин аль-Туси и других, в исследованиях и открытиях ученых эпохи Возрождения (Европа ХV-ХVI веков).
Ключевые слова: древняя мировая наука, ближний Восток, механика, кинематика, динамика, воображение, разум, физические весы, кругозор просвещение.
MECHANICS IN THE WORK OF THINKERS OF THE EAST
The article is devoted to the history of the development of physical science in Central Asia and the Middle East (IX-XVI centuries). Based on the reading and analysis of modern literature and especially sources (written copies of the scientific heritage of our ancestors), the contribution of famous scientists of the East Abu Nasr al-Farabi, Ibn Haytham, Abu Mahmud al-Khujandi, Zakariya al-Razi, Abu Raikhan al-Biruni, Abu Ali Ibn Sina, Umar Khayyam, Abdurahmoni Hazini, Nasir al-Din al-Tusi and others further demonstrated the research and discoveries of scientists of the Renaissance (Europe of the ХV-ХVI centuries).
Key words: ancient world science, mechanics, kinematics, dynamics, imagination, mind, physical scales, learning circle.
Сведения об авторах: Абдуллозода Мазбут Хуршедович - старший преподаватель Худжандского государственного университета им. Б. Гафуров.
Бобоев Хайёл-доктор исторических наук, профессор кафедры физики и инженерных дисциплин Технологического университета Таджикистана. Телефон: (+992) 918-672943. E-mail: [email protected]
Кабиров Фирдавс Одилшоевич-соискатель кафедры машин и аппаратов пищевых производств Технологического университета Таджикистана.Телефон:(+992) 900020179; (+992) 915480348. E-mail: [email protected]
Information about the authors: Abdullo-zoda Mazbut Khurshedovich-senior lecturer at Khujand State University named after B. Gafurov.
Boboev Khayоl-Doctor of Historical Sciences, Professor of the Department of Physics and Engineering Disiplines Technological University of Tajikistan. Phone: (+992) 918-672943. E-mail: [email protected]
Kabirov Firdavs Odilshoevich-Technological University of Tajikistan, applicant for the Department of Machines and Apparatuses for Food Production named. Phone: (+992) 900020179; (+992) 915480348. E-mail: [email protected]