Научная статья на тему 'ИЗУЧЕНИЕ ТЕМЫ "ИСТОРИЯ БИОНИКИ" В 11 КЛАССЕ'

ИЗУЧЕНИЕ ТЕМЫ "ИСТОРИЯ БИОНИКИ" В 11 КЛАССЕ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
211
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / ТЕХНИКА / АЛГОРИТМ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Баротов Камолиддин Ашурович, Хайдаров Асадулло

В этой статье рассматриваются вопросы, связанные с историей бионики в процессе изучения биологии. Авторы отмечают, что в отношении бионики создаются дополнительные трудности, ведь она предпологает соединение в одном лице двух связанных между собой понятий, как биология и техника.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LEARNING OF THEME OF THE HISTORY OF BIONIKA IN THE 11TH CLASS

In this article is analysed the learning of the history of bionika in the process of biology teaching. The author is showed that in the communication of bionika gives additional difficulties so it offers connection in one face between conception as biology and technique.

Текст научной работы на тему «ИЗУЧЕНИЕ ТЕМЫ "ИСТОРИЯ БИОНИКИ" В 11 КЛАССЕ»

ROLE PLAYING AS A MEANS OF TRAINING STUDENTS' INTEREST IN LEARNING

THE RUSSIAN LANGUAGE

The article is devoted to the organization and conduct of role-playing games as means of education of interest to students of not language high schools the Russian language. In the article it is described the purpose, objectives, ways and methods of role-playing games in the classroom of the Russian language and its role in the development of oral speech of students of not language high schools.

Keywords: role playing, interest, learning, Russian language, education, the learning process, moral consciousness, the concept, the language, history, culture, cultural approach, educational games, traditions.

Сведения об авторе: Кодирова Б. А., старший преподаватель кафедры таджикского и русского языков Финансово-экономического института Таджикистана, e-mail: navruzova72@mail.ru

About author: Kodirova B. A., senior teacher of chair of Tajik and Russian languages, Financial and Economy Institute of Tajikistan, e-mail: navruzova72@mail.ru

ОМУЗИШИ МАВЗУИ «ТАЪРИХИ БИОНИКА» ДАР СИНФИ 11

Баротов К. А., Гайдаров А.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Мувофики барномаи таълимй дар синфи 11 барои омузиши бионика 2 соат вакт чудо карда шудааст, ки аз он як соат барои омузиши таърихи илми бионика чудо карда шудааст. ^айд намуд, ки оиди таърихи бионика дар китоби дарсй маълумот пурра дода нашудааст. Аз ин лихоз ба омузгор зарур аст, ки аз адабиётхои иловагй истифода бурда, мавзуъро ба хонандагон шарх дихдд. Х,оло дар поён оиди таърихи бионика маълумот пешкаш менамоем, ки омузгорони чавон метавонанд, зимни омузиши мавзуи «Бионика» аз он истифода баранд.

^айд намуд, ки бионика расман дар Дайтон (ШМА) 13-15 сентябри соли 1960 дар симпозиуми 1-уми миллии оид ба бионика, ки идораи харбй-хавоии ИМА даъват карда буд, тавлид гашт. Дар ин симпозиум 700 нафар олимон- биологхо, физиологхо, инженерон, математикхо, физикхо, намояндагони ташкилотхои бузурги илмй ва фирмахои асосй хузур доштанд. Дар ин чо баромадхои 30 нафар нотикхо шунида шуд ва хисоботи онхо як чилди китоби иборат аз 500 сахифаро ташкил намуд. Дар ин симпозиум эмблемаи расмии бионика: теги чаррохй ва кафшеркунак, ки онхоро аломати интеграл пайвастааст (теги чаррохй-рамзи биология, кафшеркунак-рамзи техника, интеграл-рамзи математика ва нишони муттахидии ин ду сохаи дониш) кабул карда шуд. Дар симпозиум шиори бионика: «Прототипхои зинда-калиди техникаи нав» низ кабул карда шуд.

Аз хамон вакт ин чониб конференсияхои илмй оид ба бионика дар мамлакатхои гуногун гузаронида мешаванд.

Вале бояд дархол кайд намуд, ки тадкикоти бионикй хеле пеш аз соли 1960 хам бурда мешуд, аммо калимаи «бионикаро» хануз дар мохи августи соли 1958 тадкикотчии америкой Ч,ек Стил пешниход карда буд. Лекин аз соли 1960 сар карда, ба туфайли овозаи васеъ, ки симпозиуми дар Дайтон шудагузашта ба амал овард, бионика диккати олимон, инженерон ва ташкилотхои тадкикоти илмии тамоми чахонро торафт бештар ба худ чалб мекардагй шуд. Дар як катор мамлакатхои хорича дар зери таъсири куввахои иртичой кушиш карда, бионикаро барои сохтани системахои гуногуни техникаи харбй истифода бурданд [1, с. 32].

Солхои аввал пас аз симпозиуми Дайтон чунин равия ба амал омада буд, ки бионика танхо дар алокамандй бо кибернетика дида баромада шавад, яъне танхо усулхои кабул карда гирифтан, фиристодан, эхтиёт намудан ва истифодабарии ахборот ва идоракунй, ки дар организмхои зинда ошкор карда мешаванд, барои сохтани системахои техникаи идоркунй, алока, азнавкоркунии ахборот тадкик карда шаванд. Ба руйдихии ин равия идеяи асосии кибернетика дар бораи ягонагии конунхои идоркунй дар хар гуна системахо: организмхои зинда, системахои мураккаби техникй ва ичтимой, ки хануз дар солхои 40-ум ба амал омада, баъдтар зуд ривоч ёфт, сабаб шуд. Махз хамин идея омили он гашт, ки имконияти дар техника кор фармудани принсипхои нихоят мукаммали аз нав коркунии ахборот ва идоракуние, ки ба объектхои биологй хос мебошанд, тадкик карда шаванд. Ин нуктаи назарро У.Р.Эшби -яке аз

мутахассисони бузургтарини сохаи кибернетика, ки дар бобати ба амал омадан ва ривоч ёфтани бионика мавкеи мухим бозидааст, равшан ифода намудааст. Дар маърузааш дар симпозиуми III миллии оид ба бионика дар ИМА (1963) у чунин гуфта буд: «Кашф намудан ва истифода бурдани усулхои кори майна он вазифае мебошад, ки бионика барои он вучуд дорад». Аммо холо ба бионика ин хел махдудона назар намекунанд. Х,озир сохахои мароки бионика ба доираи васеи зухурот ва чараёнхои биологй пахн шудааст. Ба гайр аз физиология ва биофизика бисёр сохахои биология, ба монанди морфология, биохимия, биоэнергетика, биомеханика, систематика, генетика, таълимоти оид ба эволютсия ва гайрахо низ ба доираи эътибори бионика дохил шудаанд. Ба хамин тарик, бионика хамчун кисми таркибии кибернетика ба амал омада, дар як муддати нисбатан кутох доираи тадкикоти худро васеъ намуд ва ба илме табдил ёфт,ки тамоми шаклхои гуногуни халли функсионалй ва сохти табиати зинда, хамаи ин боигарихое, ки табиати бузурги офаридгор дар давоми давраи чандмиллионсолаи пайдоиш ва инкишофи худ офаридааст, васеъ тадкик менамояд.

Одамон хеле пеш аз пайдоиши бионика ба ин ё он андоза ба харакатхои хайвонот таклид мекарданд. Онхо бемухобот аз даврахои пеш аз таърих аз табиат бисёр корхоро омухтанд, кушиш мекарданд,ки аз офаридахои табиат бисёр чизхои даркориро ба манфиати худ истифода баранд.

Лауреати мукофоти нобелй У.Мак-Каллок, ки барои инкишофи асрхои илмии бионика хиссаи калон гузоштааст ва яке аз асосгузорони назарияи нейронхои формалй мебошад, кайд менамояд, ки «инсон ба хайвонот таклид намуда, хар гуна воситахои харакаткунй офарид... Агар манбаъхои кувва ва чарх истисно карда шаванд, кисми зиёди асбобхое, ки инсон офаридааст, характери таклидй доранд». Дар хакикат хам ба он боварй хосил кардан душвор нест, ки конструкторон ва ихтироъкорони замонхои кадим дар вакти сохтани аввалин асбобхои техникй нусхаи принсипхои ин ё он протсессхо ва сохти узвхоро аз хайвонот бардоштаанд. Олотхои кадима аз чихати конструксияи худ ба узвхои хайвонот бисёр монанд буда, протсессхое, ки ин олотхо ба чо меоварданд, ба харакати хайвонот хеле наздик буданд. К.Маркс ба ин чихати кор эътибор дода, кайд менамояд, ки дар штатхои гуломдори ИМА «плугхои сохти кадимии хитой кор фармуда мешуданд, ки онхо заминро монанди хук ё курмуш мекофтанд, вале хат намекарданд ва чаппа намегардонданд». Характери таклиди доштани фаъолияти ихтироъкории инсонро хануз дар замонхои кадим Демокрит ва Аристотел нишон дода буданд [2, с. 41].

Чунин як ривояти кадимие хаст, ки гуё дар асрхои миёёнаолимони араб сохти чашмро тадкик намуда, линзаро кашф карда будаанд, ки бе онхо холо мавчудияти оптика, фотография, кинематографияро тасаввур кардан мумкин нест. ^айд намуд, ки бе линза ба миён омадани физикаи замони хозира имконнопазир буд.

Саъю кушиши ба табиати зинда таклид намудан дар асархои олим ва _рассоми барчастаи давраи Эхё Леонардо да Винчи (1452-1519) низ мушохида карда мешавад. У харакат кардааст аппарати парвозкуние созад, ки болхои монанди болхои парранда харакаткунанда дошта бошад. «Парранда,- навишта буд Леонардо да Винчи- аз руи конуни математикй харакат мекунад ва барои бо тамоми харакатхояш сохтани он кудрати инсон мерасад. Ба асбоби сохтаи инсон танхо парранда намерасад, ки онро дар ин маврид бояд чони инсон гирад».

Дар дафтари санааш соли 1505 Леонардо да Винчи чунин фикреро баён кардааст, ки куршабпарак бояд хамчун намунаи машинаи парвозкунй хизмат кунад, зеро пардаи пустии боли он, асоси устухонии болро мепушонад ва мустахкам мекунад. Пардаи пустии боли куршабпарак, ки тамоми болро мепайвандад, аз боли паранда бо он фарк дорад, ки аз он шамол намегузарад. Бинобар он накшаи машинаи парвозкунии Леонардо да Винчи ба шакли парранда-яке аз намояндахои калонтарини куршабпаракхо монанд аст. Устои бехамто ин машинаро, ки аз он факат накшааш бокй мондааст, сохта бошад ё не? Инро касе намедонад. Танхо пас аз такрибан 400 сол нахустин аппарати парвозкуние, ки дар асоси худи хамон принсипи сохти боли куршабпарак сохта шуда буд, пайдо шуд. Он «Эол»-и Клеман Адер буд. Конструктор тахтачахои бамбуки бо ширеш часпонда басташударо истифода бурда, шакли калонкардашудаи скелети куршабпаракро сохт. Ин касабаро бо шохии махин пушонид, ки он чои пардаи пусти боли куршабпаракро иваз мекард. Вале дар ихтиёри К.Адер чизе, ки ба Леонардо да Винчи намерасид, мавчуд буд,-ин хам бошад, двигатели ба кадри кифоя пуркувват (мотори бугие,ки дар замонаш аз хад зиёд сабук буд). Адер барои ба харакат даровардани болхо кушиш накарда, паррахоро ба кор бурд. Дар бораи он, ки у дар бобати нусхабардории табиати зинда то чи андоза аз дур даромада буд, боз як чизи дигар гувохй медихад: паррахо аз пархои хакикии паррандахо сохта шуда буданд. Дар мохи октябри соли 1980 Адер бо машинаи худ ба масофаи 50 метр парвоз намуд. Баъдхо у машинаи пурзуртари парвозкунии «Авион»-ро сохта хонасалот шуда монд. Ин машина дар Париж, дар музеи санъат ва хунархо гузошта

шудааст. Чй тавре ки муаллифи китоби шавкангези доир ба бионика Л.Жерарден менависад: «монандии бешакку шубхаи он ба прототипи зиндааш касро ба хаячон меоварад».

Илм дар асри XIX донишро дар бораи табиати зинда истифода бурда, бо максади дар халли назариявй ва амалии конструксияхои техникй аз таклид ба вокеахои зохирии табиат ба ошкоркунии чихатхои дохилй, чихатхои чиддй, принсипхои организмхои зинда гузашт.

Олими италиянй Луичи Галвани яке аз аввалинхое буд, ки дар рохи ошкор намудани конуниятхои дохилие, ки хам барои организмхо ва хам барои асбобхои техникй умумианд, кадами чиддие ба пеш гузоштааст. Чунон ки маълум аст, Л.Галвани кувваи электрнокии хайвонотро кашф намуда, дар амал ба тамоми таълимот оид ба электр, инчунин электрофизиология-асоси нейрофизиологияи хозира ибтидо гузошт.

Ба фикри Г.С.Гудожник, конуниятхои барои организмхо ва асбобхои техникй умумиро мунтазам, ба таври систематикй бори аввал физики машхури рус Н.А.Умов (1846-1915) тахлил карда баромадааст. Хизмати шоёни у аз он иборат аст, ки вай барои ошкор намудани асосхои ягонаи хамаи системахои муташаккил: хайвонот, инсон, машинахо бошуурона кушиш кардааст. У идеяхои чукур ва шавковареро баён мекунад, ки онхо мохиятан характери бионикй доранд. Н.А.Умов на факат коидахои назариявии оид ба имконпазирии дар машинахо такрор кунондани функсияхои организмхоро кор карда мебарояд, балки моделхои комилан аники бионикиро низ пешниход менамояд. Ин олим на танхо баъзе принсипхои умумии кори организмхо ва машинаро тадкик мекунад ва на факат имконияти объективии сохтани модели харакатхои хайвонотро нишон медихад, балки асоси физикии ягонагии тамоми системахои муташаккилро низ ошкор менамояд, конуниятхои ягонаи пайдоиш, амалиёт ва инкишофи онхоро кашф мекунад.

Тахлили чукури принсипхои умумии кори организмхои зинда ва машинахо дар асархои олим ва инженери барчастаи рус Н.Е.Жуковский (1874-1921) мавчуд аст. Азбаски у асосан ба проблемахои аэродинамика рагбат дошт, бинобар он дар асархои худ бештар ба тахлили парвози парандагон ру меоварад. Н.Е.Жуковский дар нутки худ «Дар бораи хавопаймой» кайд карда буд: «...мо ба мавчудоти зиндаи дар атрофамон парвоз мекардагй назар андохта, нохост худ аз худ мепурсем: наход барои мо имконияти ба ин мавчудот таклид кардан мебошад?». Фаъолияти илмии Н.Е. Жуковский чавоби мусбати ин савол гардид. У халли баъзе масалахои назариявиро аз тахлили харакатхои хайвонот огоз мекард. Олим бояд тадричан койдахои назариявиеро мебаровард, ки онхо на танхо харакатхои хайвонотро фахмонда медоданд, балки дар вакти сохтани асбобхои техникй истифода бурданашон мумкин буд. Инро, масалан, дар назарияи гирдбодхо, ки у кор карда баромадааст, хеле равшан дидан мумкин аст. Н.Е.Жуковский ба мукобили онхое, ки назарияи таклидро як су хаво дода, дар тадкикоти организмхои зинда барои эчодиёти техникй хеч гуна нафъеро намебинанд, баромад мекунад. У таъкид менамояд, ки дар паси тафовути зохирии хайвон ва машина принсипхои ягона, омилхои умумиеро, ки дар асоси кори онхо гузошта шудаанд, дидан лозим аст. Х,ак ба чониби Г.С.Гудожник аст, ки менависад: тадкикоти Н.Е.Жуковский ба максади ошкор намудани принсипхое, ки ба асбобхои техникй мутобик мешаванд, намунаи классикии омузиши назариявии системахои билогй мебошад. Бионика, ки холо усулхои спетсификии худро кор карда баромада истодааст, аз асархои Н.Е.Жуковский бахраи калон бурда метавонад.

Давраи халкунандаи хамчун самти мустакили илмй пойдор гардидани бионика бо кашфиёти конуниятхои техникии системахои биологие, ки бори аввал дар асархои А.Тюринг, У.С.Мак-Каллок ва У.Питтс, К.Э.Шенон, Н.Винер, П.А.Анохин ва дигарон нишон дода шудааст, вобаста мебошад. Аз хамин нуктаи назар дар соли 1936 ба вучуд омадани асари матеметики англис А.Тюрингро, ки дар он «машинаи Тюринг» кор карда баромада шуда буд, аз афташ хамчун илм огозёбии бионика хисобидан мумкин аст.

Машинаи Тюринг барои аник намудани мафхуми алгоритм пешниход карда шуда буд. Алгоритм-ин коидаест, ки мундаричаа пай дар паии амалхоеро, ки барои аз чизхои додашуда ёфтани натичаи дилхох ба чо овардан зарур аст, муайян мекунад. Тюринг алгоритмро дар вакти тахлил намудани кори одам-хисобчй аник мекунад. Дар айни замон у ин корро абстракт гардонда, характери алгоритмии онро ошкор мекунад. У нишон медихад, ки кори одам-хисобчие, ки мувофики алгоритм кор мекунад, принсипан бо машинаи хисоббарорие, ки дар асоси алгоритм амал мекунад, иваз карда шуданаш мумкин аст. Дар айни хол Тюринг мафхуми «машинаи идеаликунонидашуда»-ро ихтироъ мекунанд, ки он хар гуна системаро ки барои аз руи алгоритм амал кардан кобил аст, мефахмонад. Х,ар гуна машинаи физикй, системаи асаб, майнаи сар намунаи чузии машинаи идеаликунонидашудаи Тюринг мебошад.

Х,аминашро таъкид кардан мухдм аст, ки машинаи Тюринг аз сохта шудани асбобхои электронии хдсоббарории замони хозира пештар тасвир карда шуда буд. Дар ин маврид у танхо

идеяи умумии ба кори хисобчие, ки мувофики коидаи катъие кор мебарад, монанд карда сохтани кори машинаро ба асос гирифта буд. Ахамияти идеяи Тюринг барои инкишофи бионика аз он иборат аст, ки характер, мохияти конунхои техники кори майна, яъне аниктараш-хусусияти алгритмии ин конунхо дар он равшан ифода ёфтааст. Идеяи Тюринг талаб мекард, ки протсессхои бо фаъолияти фикрии инсон вобаста бударо чукуртар тахлил намуда, инчунин ба саволи он, ки машина аз ин фаъолият махз кадом кисмашро ва чй тавр такрор карда метавонад, чавоб гардонида шавад. Ба кадри дарк намудани мохияти идеяи Тюринг чунин акида торафт бештар пахн шудан гирифт, ки тамоми он протсессхои фикррониеро, ки алгоритмизатсия кардан мумкин аст, асбоби техники хисоббарорй бо муваффакият ба чо оварда метавонад [3, с. 18].

Инкишофи минбаъдаи идеяи асосии машинаи Тюрингро дар асари У.Мак-Каллок ва У.Питтс «Х,исобкунии мантикии идеяхое, ки ба фаъолии асаб таалук доранд», ки соли 1943 нашр гардида буд, ёфтан мумкин аст.

Мак-Каллок ва Питтс дар ин асари худ мафхумхои «нейрони идеалй» ё «формалй» ва «тури формали»-ро инкишоф медиханд. Онхо ба ин мафхумхо хосиятхои муайян, хосиятхоеро медиханд, ки физиологхо онхоро онхоро барои нейронхои реалй ва турхои аз нейронхо иборат мукаррар кардаанд. Онхо боз кадами дигаре ба пеш гузошта, алокаи турхои формалии асабро бо мантик мукаррар мекунанд, ки вай протсессхои фикррониро тасвир мекунад: «Азбаски фаъолияти асаб ба конуни «хама чиз ё хеч чиз» итоат мекунад, бинобар он вокеахои нейронй ва таносубхои байни онхоро бо воситахои мантикии таклифхо омухтан мумкин аст»,-менависанд У.Мак-Каллок ва Питтс.

Ошкор карда шудани алокамандй бо мантик назарияи турхои формалии нейрониро ба дарачаи баландтар бардошт. Он чунин маъно дошт, ки бо машинахои хисоббарорие, ки дар асоси коидахои мантик кор мекунанд, алока баркарор карда шуд ва аз хамин ру, маънои ба техника гузаштани назарияи нейронхои формалиро низ дошт. Тури нейронй хамчун як схемаи идеаликунонидашудае ба миён омад, ки кодир аст, мувофики конуниятхои техники дар майнаи сар ва дар машинаи хисоббарорй амалкунанда кор кунад. Ин гуна тур шакли конкретй гирифтани машинаи Тюринг мебошад. Мак-Каллок дар яке аз асархои худ тасдик мекунад, ки тури нейронй хар гуна функсияеро, машинаи Тюринг аз ухдаи хисоб карда баровардани он мебарояд, ичро карда метавонад ва аз ин чихат ба он машина монанд мебошад. Х,ар гунна рафтор, гуна протсесси фикрроние, ки онро бо воситахои мантик тасвир кардан мумкин аст, тури формалии нейронй ба амал бароварда метавонад, аз ин мебарояд, ки зуд ё дер (вобаста ба комёбихои амалй) аз чихати техникй низ ба чо оварда хохад шуд. Яке аз олимони бузургтарин, математик Ч,. Фон Нейман ба ин кор бахо дода навишта буд: «Бисёр вактхо чунин гуфтугузорхоро дар хусуси он шунидан мумкин буд, ки фаъолият ва функсияи системаи асаби инсон чунон мураккабанд, ки ягон хел механизми оддй онхоро ичро карда наметавонад... натичаи ба дастовардаро Мак-Каллок-Питтс ба хамаи ин гапхо хотима медихад».

Дар таърихи инкишофи бионика бисёр вокеахои ачибе шуда буданд, ки инженерон дар халли техникии худ идеяхоеро, ки дар оганизмхои зинда ифода ёфтаанд, пешниход мекарданду вале худашон инро пай намебурданд. Дар баъзе мавридхо ин идеяхо ба биологхо низ маълум набуданд, баъзан онхо маълум буданду лекин дар бораи онхо инженерон намедонистанд.

Барои шархи ин гуфтахо чунин мисол меоварем. Инженерон бе ёрии биологхо хануз пеш аз чанги дуюми чахон принсипи радиолокатсияро кор карда дар амал татбик намуданд. Аммо инкишофи пуравчи ин сохаи радиотехника махз дар солхои чанг сар шуд. Идеяи локатор чунон машхур шуда рафт, ки хатто бори аввал аз тарафи кй баён карда шуданашро гуфтан душвор аст, вале бо вучуди он дархол ба амал чорй кардани вай муяссар нашуд, зеро барои он як катор масъалахои иловагии нихоят мураккаби радиотехникиро тамоман аз нав хал кардан лозим буд.

Барои ин, ба гайр идеяи асосй ва принсипи асосии кор, усулхои сершумори фавкулодда мухим ва гайриоддие ихтироъ намуда, асбобу воситахои нихоят мураккабе сохтан лозим омад. Мохияти идеяи радиолокатсия аз он иборат аст, ки антеннаи радиолокатор нури борики «прожектории» мавчхои радиоро ба фазо мефиристонад. Агар дар сари рохаш монеахо вонахуранд, нур меравад ва барнамегардад. Лекин агар ба нишон, масалан, ба самолёт барнахурад, аз он акс ёфта, ба антеннаи радиолокатор як кисми (ночизи) кувваи мавчхои радио баргащта меояд. Дар ин чо сигнали инъикосшуда дар приёмники радиолокатсия пурзур карда мешавад.

Интиколдихандаи радиолокатор мавчхои радиоро бо импулсхои кутоху лекин пуркувват пас аз фосилахои катъиян муайян пахн карда меистад. Дар фосилаи байни мавчхо импулсе, ки аз нишон дар сари рохаш пайдо шуда акс меёбад, баргашта омада метавонад. Локатор гуё ки аввал садо мебарораду баъд ба акси садои пасти радио, ки бармегардад, «гуш» меандозад. Фосилаи вакти байни аз локатор баромадани импулси пуркувват ва лахзаи баргашта омадани

акси импулс чен карда мешавад. Азбаски мавчхои радио бо хатти рост бо суръати якхелаи доимй пахн мешаванд, бинобар он масофаи то объектеро, ки ба доираи «биниши» радиолокатор меафтад, хисоб кардан осон аст. Созандагони ин асбоби нихоят ачиб гумон хам надоштанд, ки бисёр масъалахои техникие, ки онхо дар вакти сохтани стансияхои радиолокатсия дучор омаданд, табиат миллионхо сол пештар «хал карда буд»: дар байни яке аз офаридахои мукаммалтарини инженерй-радиолокатор ва хайвонаки майдаяки пашмдор-куршабпарак умумияте хаст. Х,аминаш ачиб, ки дар ин бора на зоологхо медонистанду на физиологхо. Зоологхо факат хаминашро медонистанд, ки куршабпаракхо дар торикии зулмот хеле хуб рох ёфта метавонанд. Вале чй тавр? Ин асроре буд, ки он хануз диккати биолог ва физиологи барчастаи замони гузашта-Спаллансаниро (1729-1799) ба худ чалб карда буд. Махз Спаллансани аввалин шуда мукаррар кард, ки кобилияти дар шаб дида тавонистани куршабпаракхо ба кори чашм не, балки ба кори ким кадом дигар узви эхсосот вобастааст. У пай бурда тавонист, ки ин бо функсияи узви шунавой ва даруни дахон ким-чи хел алокаманд мебошад. Лекин чй тавр? У аз ухдаи ба ин савол чавоб додан набаромад ва факат баъди тамом шудани чанги дуюми олими англис Доналд Гриффин деяхои локасиро, ки инженерон кор карда буданд, ба асос гирифта ва дар корхои тачрибавии худ асбобхои мукаммали электрониеро, ки то он вакт сохта шуда буданд, истифода бурда, муайян намуд, ки калиди асрори Спаллансани дар он будааст, ки куршабпаракхо узвхои аз чихати мукаммалиашон хайратангези локатсияи акси садо доштанд. Махз ана хамон узвхо ба ин чонваракхои чашмхира имконият медихад, ки дар торикии зулмот зиндагй, парвоз ва шикор кунанд. Х,амин тавр бо хеле дермонй, пас аз он ки инженерон кайхо принципи локасияро кашф карда буданд, «прототипи» он дар табиати зинда ошкор ва тадкик карда шуд. Вокеан, ин «прототип» то хол мисли пештара асрори хануз кушодашударо дорад, ки кашфи онхо, бешубха, барои прогреси минбаъдаи радиолокасия мадад хохад расонд. Онро натичахои кори омухтани сохти сигнали локасияи аксй садо дар куршабпаракхо нишон медихад, ки он натичахо мутахассисонро барои сохтани системахои боз хам мукаммалтари локасионй водор менамоянд [4, с. 45].

Гарчанде, ки бионика таърихи хеле гузашта дошта бошад хам, аммо самти илм чавон аст. Бионика хамчун самти катъиян илмй, самти мунтазам пешраванда дар пеши назари мо ба вучуд омад ва ру ба таракй ниход, давраи кашфиётхои тасодуфй акнун тамом шуд. Х,оло намояндагони хар гуна илмхо, аз он чумла бионика низ, медонанд, ки чиро ёфтан мехоханд. Бинобар он фарки олимоне, ки дар сохаи бионика кор мекунанд, аз тадкикотчиёни пештараи табиати зинда, ки кашфиёташон гох-гох ва факат гайричашмдошт ба ихтирооти техникй оварда мерасонд, дар он мебошад, ки онхо дар назди худ хамеша максади муайян мегузоранд: табиати зиндаро барои он муомузанд, ки присипхои нави техникиро кашф намоянд, ва дар асоси онхо асбобхои нави инженерй созанд. Ин гуна чустучу пеш аз хама ошкор намудани чунин хосиятхои табиати зиндаро пешбинй мекунад, ки онхо ба техника заруранд, барои хал кардани баъзе масъалахои актуалие, ки дар назди инженерон истодаанд, ба таври чиддй кумак расонда метавонанд.

Адабиёт:

1. Гудожник Г.С. Место бионика в системе наук. М.: Знание, 1966.

2. Мак-Каллок. У. Проблемы бионика. М.: Мир, 1965.

3. Кан Г.С. Табиати офаридгор. Д., 1978.

4. Трахтенберг Б.А. Алгоритмы и машинное решение задач. М., 1960.

5. Штейнгауз А. Инженер и природа, или что такое бионика. М.: Детгиз, 1968.

ИЗУЧЕНИЕ ТЕМЫ «ИСТОРИЯ БИОНИКИ» В 11 КЛАССЕ

В этой статье рассматриваются вопросы, связанные с историей бионики в процессе изучения биологии. Авторы отмечают, что в отношении бионики создаются дополнительные трудности, ведь она предпологает соединение в одном лице двух связанных между собой понятий, как биология и техника.

Ключевые слова: бионика, локация, история, техника, алгоритм.

LEARNING OF THEME OF THE HISTORY OF BIONIKA IN THE 11th CLASS

In this article is analysed the learning of the history of bionika in the process of biology teaching. The author is showed that in the communication of bionika gives additional difficulties so it offers connection in one face between conception as biology and technique.

Keywords: bionika, locatsiya, history, technique, algorithm.

Сведения об авторах: Баротов Камолиддин Ашурович, кандидат педагогических наук, доцент кафедры общей биологии и методики её преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айнй, e-mail: kamoliddin barotov@mail.ru

Хайдаров Асадулло, студент 5-го курса кафедры общей биологии и методики её преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, email: on 2011@mail.ru

About authors: Barotov Kamoliddin, PhD in Pedagogy, docent, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni, e-mail: kamoliddin barotov@mail.ru

Haidarov Asadullo, student of the fifth course, Chair of General Biology and method of Biology Teaching, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni, e-mail: on 2011@mail.ru

СИСТЕМА РАБОТЫ УЧИТЕЛЯ МАТЕМАТИКИ ПО АКТИВИЗАЦИИ ПОЗНАВАТЕЛЬНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ УЧАЩИХСЯ

Раджабов Т. Б., Бегимов Х. Х.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

Любая деятельность человека имеет определенную цель. Основная цель работы учителя по активизации познавательной деятельности учащихся - развитие их творческих способностей. Достижение этой цели позволяет решить многие задачи обучения: обеспечить прочные и осознанные знания изучаемого материала; под- готовить учащихся к активному участию в производственной деятельности, умению самостоятельно пополнять знания; осваивать новые специальности; дать высшим учебным заведениям страны хорошо подготовленных абитуриентов, способных творчески овладеть выбранной специальностью .

Развитие творческих познавательных способностей учащихся является целью деятельности учителя, а применение различных приемов активизации является средством достижения этой цели. Понимание этого важно для работы учителя. Заботясь о развитии учащихся, необходима чаще использовать активные методы обучения [5].

Применяя те или методы и приемы активизации, необходимо всегда учитывать имеющийся уровень развития познавательных способностей учащихся. Сложные познавательные задачи можно предъявить лишь ученикам, обладающим высоким уровнем развития познавательных способностей. Задачи, не соотнесенные с уровнем развития познавательных сил, превышающие возможности ученика, предъявляющие к нему требования, значительно опережающие уровень имеющиеся у него развития, не могут сыграть положительную роль в обучении. Они подрывают у учащихся веру в свои силы и способности. Все то позволяется заключить, что развитие позна- тельных способностей учащихся считается длительном процессом [4].

Система работы учителя по активизации учебной деятельности школьников должна строиться с учетом постепенного, планомерного и целенаправленного достижения желаемой цели - развития творческих познавательных способностей учащихся.

Любая деятельность человека (не только познавательная) складывается из отдельных действий, а сами действия можно разложить на отдельные операции.

Учащиеся в процессе познавательной деятельности совершают отдельные действия: слушают объяснение учителя, читают учебник и дополнительную литера- туру, решают задачи, выполняют экспериментальную заданию и т. д.

Каждое из указанных действий можно разложить на отдельные операции, в качестве которых выступают основные психические процессы: ощущение, восприя- тие, представление, мышление, память, воображение и т.д.

Среди всех познавательных психических процессов ведущим является мышление. Действительно, мышление сопутствует всем другим познавательным процессам и часто определяет их характер и качество, например, связь между мышлением и памятью. Память тем полни и лучше удерживает существенные свойства предметов о связи между ними, чем глубже они осмыслены в процессе изучения. Но мышление влияет и на все другие познавательные процессы, например, характерной чертой восприятия является его осмысленность [5].

Следует отметить, что активизировать познавательную деятельность учащихся в процессе обучения - это значит, прежде всего, активизировать их мышление. Используемые учителем

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.