Научная статья на тему 'ИЗ ИСТОРИИ ОБРАЗОВАНИИ ПЕРВЫХ МОЛОДЕЖНЫХ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ (КОНЕЦ 80-Х - НАЧАЛО 90-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА)'

ИЗ ИСТОРИИ ОБРАЗОВАНИИ ПЕРВЫХ МОЛОДЕЖНЫХ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ (КОНЕЦ 80-Х - НАЧАЛО 90-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
254
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПЕРЕСТРОЙКА / САМОПОЗНАНИЕ МОЛОДЕЖИ / МОЛОДЕЖНЫЕ ОБЩЕСТВЕННЫЕ ОБЪЕДИНЕНИЯ / СУВЕРЕННОСТЬ / ПОЛИТИЧЕСКИЕ ПРОТИВОБОРСТВА / СОЮЗ МОЛОДЕЖИ ТАДЖИКИСТАНА / КОМСОМОЛ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Набиев Вахоб Машрафович

В статье на основе фактических материалов освещаются образование первых молодежных общественных объединений в период горбачевской перестройки и суверенного Таджикистана. Подчеркивается, что государсвенная независимость Таджикистана создала благоприятные условия для образования молодежных общественных объединений. Особо отмечается заслуга Основателя мира и национального единства - Лидеру нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в поддержке начинаний и инициатив молодежи. Автор делает вывод о том, что молодежные общественные объединения занимают особое место в повышении чувства самопознания, национальной гордости и патриотического воспитания подрастающего поколения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF THE FORMATION OF THE FIRST YOUTH PUBLIC ASSOCIATIONS IN TAJIKISTAN (LATE 80'S-EARLY 90'S YEARS OF XX CENTURY)

The article highlights the formation of the first youth public associations in the period of Gorbachev's perestroika and sovereign Tajikistan on the basis of factual materials. It is emphasized that the state independence of Tajikistan has created favorable conditions for the formation of youth public associations. The merit of the Founder of Peace and National Unity, Leader of the Nation, President of Tajikistan Emomali Rahmon in supporting the initiatives of young people is particularly noted. The author concludes that youth public associations occupy a special place in increasing the sense of self-knowledge, national pride and Patriotic education of the younger generation.

Текст научной работы на тему «ИЗ ИСТОРИИ ОБРАЗОВАНИИ ПЕРВЫХ МОЛОДЕЖНЫХ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ (КОНЕЦ 80-Х - НАЧАЛО 90-Х ГОДОВ ХХ ВЕКА)»

imported (taking into account international qualifications and economic suitability). Development of competitive export of domestic agricultural products, primarily gardening.

Сведения об автора:

Нодиров Музаффар Абдуллоевич — соискатель кафедры политологии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, E-mail: mnodirov59@mail.ru

About the author:

Nodirov Muzaffar Abdulloevich - applicant for the Department of Political Science, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, E-mail: mnodirov59@mail.ru

АЗ ТАЪРИХИ ТАШКИЛЁБИИ АВВАЛИН ИТТЩОДИЯ^ОИ ЧАМЬИЯТИИ

ЧАВОНОН ДАР ТОЧИКИСТОН (охири сол^ои 80-ум - OFOЗи сол^ои 90-уми асри ХХ)

Набиев В. М.

Донишго^и давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров

Истиклолияти давлатие, ки онро точикон дар ибтидои солх,ои 90-ум сох,иб гардиданд решай кадимаву устувори маънавй дорад ва ибтидои давлатдории онх,о ба ахди кавониён рафта мерасад.

«Точикон, - кайд намудааст Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рах,мон, - аз азал бо арзишх,ои инсондустонаву муносибатх,ои хайрхох,она ва мехдати бунёдкорона шух,рат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатх,ои неки онх,о ба хазинаи умумибашарй ворид шудаанд.

Давлати чавони точик аз рузх,ои нахустини таъсисёбиаш асосх,ои сохтори конститутсионй ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуда, бунёди чомеаи адолатпарварро вазифаи худ карор дод ва барои ягонагии халки точик ва таъмини якпорчагии сарзаминамон саъю кушиши зиёде кард. Зимни талошх,ои пайдарпайи халки Точикистон сохдбихтиёрй, истиклолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалй х,амчун давлати комилх,укук ва сохдбихтиёр шинохта шуд». [10,436-437]

Яке аз дастовардхои Точикистони сохдбистиклол ин аст, ки барои фаъолияти озодонаи х,амаи х,избх,ои сиёсй, х,аракатх,ои чамъиятй ва созмощои гайрихукуматй имконияти васеъ дода шудааст.

Дар ин раванд макоми хосаро иттих,одиях,ои чамъиятии чавонон ишгол менамоянд. Х,аракати чавонони Точикистон руз то руз кавитар гардида собиткадамона ба х,аёти чамъиятию сиёсии кишвар ворид мегардад.

Точикистон аз чумлаи кишварх,ои ах,олиаш чавон буда, синни миёнаи он 24 сола мебошад ва 35 фоизи ах,олиро чавонони синни аз 14 то 30 сола ташкил медихднд. Онх,о неруи такондихднда ва пешбарандаи х,аёти чамъиятй буда, х,ама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин неруи азим чй тавр истифода бурда мешавад. Ва сарвари кишвари точикон Эмомалй Рах,мон бархдк чунин иброз менамояд: «Ч,авонон бояд хуб дарк намоянд, ки такдири ояндаи халку давлат ба души онх,о гузошта шудааст. Хрфзу обод кардан ва ба наслх,ои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва х,ар фарди чавонро вазифадор менамояд, ки х,амеша ба хотири тах,кими вахдати миллй, Истиклолияти давлатй, густариши худшиносиву худогох,й ва ватандустй кушишу талош намояд».

Далелх,ои таърихй шах,одат медихднд, ки хдракати муташаккилонаи чавонони Точикистон аз охири солх,ои 80-уми асри ХХ огоз меёбад. Дар Иттих,оди Шуравии хдмонвакта дар фазои бозсозй афкори эчодй, худшиносии х,амаи табаках,ои ах,олй, аз чумла чавонон ба чунбиш омада буд.

Фаъолнокии шахравандй дар Точикистон бо ду тарз инкишоф меёфт. Аз як тараф, ташаббусх,ои сершумор аз «поён» ба амал омада, мустах,кам мегардиданд. Аз тарафи дигар бошад, фаъолият «аз боло», аз чумла комсомол сурат мегирифт, ки мавкеи худро дар сохтори тачаддудёфтаи сиёсй чустучу менамуд. Ин амалиёт ба таъсиси якчанд клубх,ои сиёсии мубохдсавй оварда расонид.

Дар охири феврали соли 1989 дар шахри Душанбе мавчи баромадхои донишчуён, зиёиёни чавони точик ба амал омад, ки онро табакахои гуногуни ахолии шахр дастгирй намуданд. Баромадхо ба гирдихамоии 24 феврали соли 1989 оварда расонид. Ин албатта амали стихиявй набуда, балки натичаи фаъолияти гурухи ташаббускор буд. Бо максади ба як чараёни солим равона кардани харакати чавонон намояндагони КМ комсомоли Точикистон таклиф намуданд, ки клубе дар шакли ринги (майдончаи) сиёсй ташкил намоянд. Баъди ба даст овардани мувофика дар рузномахои «Чавонони Точикистон» (26 апрели соли 1989), «Адабиёт ва санъат» (27 апрели соли 1989), «Комсомолей Тадчикистана» (3 май) оиди чаласаи нахустини клуб хабарнома чоп шуда буд.

4 майи соли 1989 чаласаи аввалини клуби мубохисавй баргузор гардид ва вай номи «Ру ба ру»-ро гирифт.

Тибки Низомномаи «Ру ба ру» - вай иттиходияи ихтиёрй ва худфаъолиятии шахравандони аз чихати сиёси фаъол буда дар асоси гояи марксизм -ленинизм ташаккул ёфта, амал менамояд. Шакли асосии фаъолияти он вохурии ахли чамоатчигй бо рохбарони чумхурй, олимон ва шахсони начиб буд.

14 июни соли 1989 Шурои клуб дар хайати Зафар Саидов - мудири шуъбаи идеологияи КМ ИЛКЧ Точикистон (раис), Салим Аюбов - мудири бахши идораи рузномаи «Адабиёт ва санъат», Абдукодир Холикзода - дотсенти Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин, Мирзо Салимпур - донишчуи факултаи иктисодии Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин, Барот Максудов - инченери калони кафедраи физикаи ядроии Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин, Х,оким Абдуллоев - корманди калони илмии лабораторияи Иттиходияи хисоби хочагии тадкикоти илмии Вазорати хизмати маишии ЧШС Точикистон, Саймуддин Оймахмадов - чонишини раиси шуъбаи точикистонии Бунёди фарханг, Сафар Мастонзод - коргари фабрикаи пойафзолдузии № 1, Чумъахон Исоев - ходими илмии факултаи химияи Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин интихоб карда шуд.

Клуби сиёсй аз бахшхои масъалахои иктисодй ва мустакилияти иктисодй, забон ва фарханг, ислохот ва инкишофи мактаби миллй, давлат ва хукук, демократия, матбуот ва нашриёт, гурухи тадкикотхои сотсиологй ва масъалаи чавонон иборат буд.

Дар давраи аввал клуби «Ру ба ру» тахти рохбарии КМ ИЛКЧ Точикистон фаъолият намуд. Дар муддати як соли мавчудият клуб бешубха роли катализатори шуури сиёсии чамъиятии пойтахти чумхуриро бозид. Вале тадричан комсомол хамчун яке аз муассисони клуби мазкур ташаббуси ташкилй ва идеологиро нигох дошта натавонист. Намояндагони он ташаккули равандхои алхтернативиро дар харакати оммавии шахрвандй на факат пешгирй, балки назорат карда натавонистанд.

Ва ташаббусро дар клуби «Ру ба ру» фаъолони «Растохез» -и ташаккул наёфта гирифта буданд.

Дар соли 1989 дар назди кумитаи комсомоли шахри Норак клуби сиёсии мубохисавии «Дирафши Ковиён» таъсис ёфт. Аъзоёни клуб асосан аз зиёиёни шахр ва дехоти атроф иборат буд. Аъзоёни клуб ба чаласахои худ рохбарони хизбй ва комсомолии махаллиро таклиф намуда, аксар вакт ба халли мавкеи мухолифи худ ба мисли масъалахои начандон мухим -иваз кардани номи кучахо ва шахр ё ташаккули накшаи тараккиёти ичтимой дар соли чорй машгул мешуданд.

Дар охири солхои 80 -ум боз якчанд клубхои сиёсй таъсис ёфтанд, аммо зуд аз байн рафтанд.

Чунончй бо ташаббуси депутатхои чавони Шурои нохиявии Вахш клуби чамъиятию сиёсии «Тачдид^» («Баркароршавй^») таъсис ёфт, ки максади асосиаш омухтан ва таргиб намудани маводхои Хизби коммуниста ва Давлати Шуравй, эхёи таърих, анъана ва фарханги мардуми нохия, эхё ва баргардонидани номхои таърихй ба махалхо, колхозу совхозхо, чустучуи номхои иштирокчиёни чанги гумномшуда, «догх,ои сафед»»-и таърихи сохтмони сотсиалистй дар Точикистон буд.

Ё ин ки гурухи ташаббускорон барои таъсис додани чамъияти «Эхё» дар назди КМ ИЛКЧ

Точикистон баромад карданд. Барнома ва Оинномаи тахия намудаашон чолиби диктат буд. Мувофики Барнома фаъолияти чамъияти «Эхё» бахри эхёи анъанахои пашкадами халки точик, мухайё намудани шароит барои омузиш ва такмили забонхои точикй, ягаобй ва гурухи забонхои помирй, адабиёт, афкори фалсафй, таргаби омузиши таърих ва фарханги халки точик инчунин тибки дигаргунсозй дар хамаи сохахои хаёти маънавии чомеа равона мегашт.

Дар нохияи Ховалинг бошад соли 1989 Иттифоки чавонони демократ - «Бохтар» арзи хастй намуд, ки хадафи асосиаш дигаргунсозии сиёсати иктисодй дар нохия буд.

Боиси таассуф аст, ки аксарияти ин созмонхо то кадри имкон амал карда натавониста нопадид гардиданд ва ё ба ташкилотхои гайридавлатии нисбатан пуркуваттар хамрох шуданд. Тахлилхои аналитикй нишон медиханд, ки сабабхои ба чунин холатхо гирифтор шудани созмонхои гайрихукуматии навтаъсиси чавонон набудани асосхои моддй, нокифоягии фарханги сиёсй ва хукукии ташаббускорон, ба созмонхо чалб карда натавонистани доираи васеъи чавонони хамфикру хамакида мебошанд.

Мавчи «бозсозихои» ибтидои солхои 90 -ум ба харакати чавонон боз як таконе дода буд. Дар назди сарварони харакатхои чамъиятии чавонон ду рох, яке таъсис додани созмонхои нав, дигаре нигох доштани ташкилотхои мавчуда ва чустучуи шаклу усулхои такмили фаъолияти онхо буданд.

Дар ибтидои соли 1991 гурухи ташаббускорон барои таъсиси «Созмони чавонони озоди Точикистон» ба фаъолият шуруъ намуд. Сарпарастони гурух Хизби демократии Точикистон ва Х,аракати мардумии «Растохез» буданд.

Бори аввал гурухи ташаббускор 11 июни соли 1991 дар гулгашти назди Китобхонаи миллии Точикистон чамъ омада, ба он рузноманигорони мустакил ва лидери харакати мардумии «Растохез» Тохири Абдучабборро даъват кард.

Аъзоёни гурухи ташаббускор мухбири телевизиони Точикистон Мирзохони Рахмон ва донишчуёни факултаи филологияи точики Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин Мехруз Хочазод ва Комил Аюбзода тазаккур доданд, ки хайати асосии гурух аз намояндагони комиссияи кор бо чавонони Хрзби демократии Точикистон ва тарафдорони гояхои «Растохез» иборат буда, хамаи онхо як сол кабл аз сафи комсомол баромадаанд.

Конфренсияи муассисони Созмони чавонони озоди Точикистон дар нохияи Ленин дар хонаи шахсй бо иштироки намояндагони Хизби демократии Точикистон, Х,аракатхои мардумии «Растохез» ва «Ошкоро» баргузор гардид. 15 августи соли 1991 бошад Созмони чавонони озоди Точикистон нахустин конфренсияи матбуотиро гузаронида иброз карданд, ки максади асосии онхо мубориза барои истиклолияти Точикистон мебошад.

Дар мохи апрели соли 1991 дар назди кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод созмони маданй-маърифатии донишчуёни точики мактабхои олии Хучанд - фиристодагони чумхурхои хамсоя - «Дирафши Ковиёна» таъсис ёфта буд. Вай манфиати 500 нафар донишчуён намояндагони чумхурихои хамсояро пуштибонй менамуд. Максади мустахкам кардани робитаи дустонаи хучандиён бо бародарони хамхуни худ - мукими Узбекистан, Казокистон ва Киргазистон, гузаронидани чорабинихои якчоя, мусоидат намудан ба зиёдшавии довталабон аз чумхурихои хамсояро дошт. Нахустин раиси «Дирафши Ковиёна» Ш.Домуллоев, чонишинон - Ш.Фаридов ва Г.Мадалиев интихоб шуданд. «Дирафши Ковиёна» дар давраи мавчудияташ дар хаёти чамъиятй-сиёсии шахр фаъолона иштирок намуда буд.

Равандхои сиёсии ибтидои солхои 90-ум дар хаёти чамъияти сиёсии чумхурихои иттифокй ва хам ташкилотхои комсомолй тахаввулоти бузургеро ба амал оварда буд. Анчумани ХХ11 фавкуллодаи Иттифоки Ленинии Коммунистии Чавонони Умумииттифок дар бораи худпарокандагй карор кабул намуд.

9 сентябри соли 1991 истиклолияти давлатии Точикистон эълон карда шуд.

Дигаргуншавии вазъият талаб мекард, ки фавран анчумани Иттифоки Ленинии Коммунистии Ч^авонони Точикистонро гузаронида, такдири минбаъдаи он хал карда шавад. Дар чунин сурат бояд ду сабаби мухим ба асос гирифта мешуд:

Якум. Сохтори созмон бояд вобаста ба комилан мустакил шудани чумхурй дигаргун ва ба талаботи замон мувофиктар шавад.

Дуюм. Созмон бояд аз хамаи мошах^ дacт кашад, ки фаъодияти хaмaчонибaaшpо xaлaддоp кapдa, дap биcëp ходатхо ба он тaъcиpи манфй мepacонaнд. Ин чо cyxaн пeш аз хама дap боpaи дacт кашидани cозмон аз хама идeодогияи ху^^он ва вобacтa нaбyдaн аз хиз6у хapaкaтхои cиëcй мepaвaд.

12 октябpи cоди 1991 aнчyмaни XXVI фавкуддодаи комcомоди Точикиcтон бapпо гapдид.

Чунош, ки дap мaьpyзaи хиcоботии КМ ИЛКЧ Точикиcтон кайд кapдa шуд, комшмол то ин замон хамнафаш чавонон буд ва аз он вокeaхоe, ки дap чyмхypият ба вучуд мeомaдaнд xyдpо дap ^rop гиpифтa нaмeтaвониcт. Дap paдифи комтомол бошад ташкидотхои нави чавонон пайдо шуда иcтодa буданд, вaдe ин маънои онpо надошт, ки комтомол бояд пapокaндa гapдaд, балки мeбоиcт хaмкоpиpо бо онхо дypycт ба pох монад.

Дap анчуман ташкилот ба xyд номи Иттифоки Чавонони Точикиcтонpо гиpифт ва xyдpо воpиcи ягонаи ИЛКЧ, Точикиcтон эъдон намуд. Дap Оинномаи Иттифоки Чавонони Точикистон нгобат ба мapомномaи он чунин cyxaнхо caбт шудаанд: «Иттифоки Чавонони Точикистон тозмони чамъиятии yмyмичyмхypиявии мустакил буда, дap acоcи Мapомномa ва Оинномаи xyд тибки Конcтитyтcия, конyнгyзоpии Чyмхypии Точикиcтон ва хамчунин мeъëpхои хукуки бaйнaдxaлкй амад мeкyнaд, чавоно^о новобacтa аз нaзapиëти cиëcй, мав^и ичтимой ва мaнcyбияти динию миллй муттахид мecозaд.

Мaкcaди acоcии Иттифоки Чавонони Точикистон иньикое, химоя ва амалй кapдaни хукуку манфиатхои aъзоëни cозмон, фapохaм овapдaни шapоит бapои инкишофи озод, xyдшиноcй, вахдат, ошкоp кapдaни кобидияти эчодй, Faнй гapдонидaни маданияти маьнавию cиëcии чавонон, мaдaдкоpй дap бyнëди чомeaи дeмокpaтии хукукбушду инcонпapвap мeбошaд.

Иттифоки Чавонони Точикистон аз ягон идeология ва хизби cиëcй вобacтa набуда, pобитaхои мyтaкобилapо бо cоxтоpхои давдатию чамъиятй, хизбу хapaкaтхои cиëcй, cозмонхои чавонон, ки дap доиpaи ^онун амад мeкyнaнд аз pyзи пpинcипи умумияти ма^ада^ии cиëcй ва бовapии чонибан шзмон мeдихaд.

Шиоpи Иттифоки Чавонони Точикистон «Бapои вахдат ва пeшpaфти Точикистон» мeбошaд.

Дap пдeнyми дуюми Шypои Мapкaзии Иттифоки Чавонони Точикиcтон мохи мapти cоди 1992 «Бapги caбзи чaноp» хамчун paмзи ИЧТ таодик кapдa шуд.

Дap cоди 1991 тахти pохбapии xодими идмии Института тaъpиx, боcтоншиноcй ва мapдyмшиноcии Aкaдeмияи идмхои чyмхypй Рачаб Сaфapов кумитаи ташкидии Иттифоки Чавонони Точикиcтон хамномаи Иттифоки Чавонони Точикиcтон ба фаъолият шypyь кapд.

Кумитаи мaзкyp дap тахия намудани хуччатхои бapномaвии xyд кушиши биcëpe кapд. Мaкcaди aœcm ин Иттифок пeш аз хама фаьодона мувофикат кapдaн дap Точикистон бapои бapпо кapдaни давлати cохибиcтиклолy дeмокpaтй, коp кapдa бapомaдaни cтpaтeгияи xyдии мyноcибaтхои бaйнихaмдигapии xaдкхо, миллатхо ва гypyххои ичтимой, шaхpвaндонe, ки дap Точикиcтон зиндагй мeкapдaнд, ибоpaт буд.

Инчунин дap мapкaзи диккати Иттифок мacьaлaхои баланд бapдоштaни дapaчaи зиндагии шaхpвaндон, инкишофи мадании чyмхypй, хaмкоpй дap гyзapонидaни иcдохотхои мaъpифaтии xaлк, хapбй, коp кapдa бapомaдaни конceпcияи xyдии cиëcaти чавонон мeиcтaд.

Вaлe cозмони мaзкyp тaьcиc нaëфтa аз xapитaи cиëcии Точикиcтон нопадид гapдид.

Кашмакашхои мaхaлгapоивy cиëcии толхои 1990-1992 чaвононpо низ ба х^доби xyд кашид. Гypyххои мaнcaбxох чaвононpо бaхpи амалй кapдaни хадафу ма^ада^и xyд иcтифодa бypдaнд. Пpeзидeнти Чyмхypии Точикиcтон Эмомалй Рахмон бapхaк кайд мeнaмояд: «Зиндагй xyдaш ycтоди хaкикaтнигоp acт, нeкy бaдpо дap ин дaвpa окибат ба чояш гузошта, cимои вокeии мaнcaбтaдошховy cиëcaтмaдоpхоpо мeкyшояд. Онхоe, ки то д^уз дофи дeмокpaтия мeзaдaнд, нacди кaдонcодpо тахк^у тaьнacоp мeнaмyдaнд, xyдpо «вaтaнпapвap» -y «хомии милдат» мeтapошидaнд, ба хукумати конунй фишоp овapдa, даст ба xонacyзию одамкушй, дуздию ropaiTap^ таькиби намояндагони нохияву махадхои чудогонаи Точикиcтон заданд. Мapдyмpо ба чои мeхнaти хадод дap мaвcими кишт ба гиpдихaмоихои тудонй кашида, ба чони чавонони гyмpох paхм нaкapдa, ба тaкcими мaнcaбy capвaт, моду

манод ва тахкири шарафи одамй пардохтанд, доираи конун, хукук ва одоби сиёсиро поймол намуданд».

Ибтидои ин кашмакашхо гирдихамоии моххои сентябр-октябри соли 1991 буд. Чуноне, ки далелхо шаходат медиханд, аксарияти гирдихамомадагонро чавонон ташкил мекарданд. Кор ба чое расида буд, ки баъзе устодони «ошуфтаи» донишгоху донишкадахо донишчуёнро барои дар гирдихамои иштирок намудан даъват карда, руйи рост ба онхо мурочиат менамуданд, ки «падару модарони шумо дар майдонанду шумо ин чо беаклона дарс мехонед». Дар кори ташкилу гузаронидани ин гирдихамоии сиёсй сахми Созмони чавонони озоди Точикистон хеле назаррас буд. Вай дар байни донишчуён таблигу ташвикот бурда онхоро ба майдон меовард. Рузномаи «демократии» «Сухан» фарахмандона чунин навишта буд: «Гирдихамоии чахордахрузаи нерухои мардумй сахифаи дурхшонест дар таърихи халки точик. Дар он даххо хазор ахли захмати чумхурй хам чавонони бедору далер ва хам пирони равшанзамир ширкат варзиданд. Бори аввал дар таърих беш аз 170 нафар гирдихамомадагон, ки дар байнашон баробари чавонон эшонхои маъруфи чумхурй ва хатто занону духтарон буданд, чандин руз гуруснанишинй карданд.

Чанд тан аз аъзои Созмони чавонони озод бошанд, ба мушкилтарин ва хавфноктарин шакли мубориза даст зада се рузи расо дар даромадгохи Шурои Олй рост истода гуруснанишинй намуданд».

Точикистон аз феврали соли 1990 сар карда, ба гуруххои ба ном «тарафдорони бозсозй» ва мухолифони бозсозй таксим шуд. Чудоии мардуми Точикистон на танхо аз руи мансубияти миллй, балки бештар аз руи мансубияти махал сурат гирифт.

Раванди мазкур дар давраи маъракаи интихоби Президенти чумхур пуршидаттар гардид. Дар Точикистон ба мансаби Президенти чумхур 10 номзад пешбарй карда шуд. Дар мохи октябри соли 1992 дар анчумани ХХVI фавкуллодаи комсомоли Точикистон вориси он -Иттифоки Чавонони чумхурй номзадии Давлат Худойназаровро ба вазифаи президентй пешниход ва дастгирй намуд.

Дар интихоботи мохи ноябри соли 1991 Рахмон Набиев бо аксарияти овозхо Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.

Созмони чавонони озод хамрадифи хизбхои демократй ва нахзати исломй, харакатхои мардумии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» гардида, дар муносибат ба Хукумати Точикистон дар мавкеи оппозитсия буд.

Точикистон ба давраи нави муборизаи сиёсй вуруд гашта буд.

Мухолифати тарафайн дар навбати худ ба гирдихамоии тулонии моххои март-майи соли 1992 оварда расонид.

Дар асл ин ду майдон - «Шахидон» ва «Озодй» ду сангари ба хам мухолиф буда, хар яке хадафи худро дошт. Дар хар ду майдон чавонони гаюр, ки дируз дар як чо мехонданд, мезистанд, кор мекарданд ба хам теги назар мекашиданд.

Махз дар ин давра истилохи «чавонони шахрй» пайдо шуд.

7 майи соли 1992 Протоколи созиши Раиси чумхур, Девони вазирон, хизбхои сиёсй ва созмону чунбишхои мардумии Точикистон ба имзо расид. Мувофики он бояд Хукумати Мусолихаи миллй ташкил карда мешуд. Шурои Президентй бархам дода, ба чои он Мушовараи Олй таъсис дода мешуд. Дар навбати худ ахзоби сиёсй ва созмону чунбишхои мардумй барои фавран ва комилан озод кардани майдонхо ва то охири соли 1992 бас кардани хамагуна гирдихамой ва рохпаймой ухдадор шуданд.

Дар натичаи гуфтушуниди Президенти Чумхурии Точикистон Р.Набиев ва нерухои демократй 11 майи моли 1992 Хукумати мусолихаи миллй ташкил карда шуд.

Ташкилшавии Хукумати мусолихаи миллй чараёни бакайдгирии Созмони чавонони озоди Точикистонро тезонид. Баъди дар мохи майи соли 1992 ба кайд гирифта шудани Созмони мазкур, мувофики Ойиннома факат шахсоне ба он аъзо шуда метавонанд, ки дини исломро эътироф намоянд.

Созмони чавонони озод хамон хукуматеро эътироф ва дастгирй мекард, ки дорои тафаккуру таасубхои омиёна бошад ва сиёсати мустакили дохилию хоричиро ба амал

барорад.

Созмони чавонони озод зидди ба созмонхои Аврупо дохил шудани Точикистон буд. Мувофики акидаи Созмони чавонони озод барои давлати точикон расидан ба оромии Ватан ва рахой аз варта дар иктидори исломи асил аст ва танхо ислом метавонад иттиходи миллатро ба вучуд орад ва парокандагиро барандозад.

7 сентябри соли 1992 дар фурудгохи шахри Душанбе чавонони силохбадаст Президент Чумхурии Точикистон Рахмон Набиевро мачбур карданд, ки аризаи истеъфояшро нависад. Амалиёти гайриконунии «чавонони душанбегй» боиси ташкили Харакати халкй-ватандустии «Ватан» гардид. Харакати «Ватан» мохи сентябри соли 1992 таъсис ёфта, ташаббускори он раиси Кумитаи кор бо чавонони кумитаи ичроияи шахри Хучанд Б.Худойбердиев буд. Мачлиси муассисони Харакат 19 сентябри соли 1992 баргузор гардид, ки дар он 106 вакил ва даъватшудагон аз шахру нохияхои Хучанд, Чкаловск, Уротеппа, Исфара, Ашт ва дигар нохияхо ширкат доштанд. Дар маърузаи Б.Худойбердиев ва баромадхои музокирачиён вазъи чамъиятию сиёсии чумхурй хаматарафа тахлил гардида, вазифахои аъзоёни Харакат дар баркарор кардани сохти конститутсионй муайян карда шуда буданд.

Ба хайати Шурои хамохангсозй Б.Худойбердиев (раис), С.Чураев, И.Иброхимов, М.Марачабов, Я.Рахимов, А. Якубов дохил гардиданд.

Максади асосии Харакати «Ватан» мусоидат намудан ба баркарории сулх ва оромй, конуният, тахкими дустй ва бародарии шахрвандони Точикистон, барпо кардани иктисодиёти озоду тамоюли сотсиалистй -хамчун шарти асосии бунёди давлати хукукй, демократй, дунявй дар Чумхурии Точикистон буд.

Харакати «Ватан» 2 октябри соли 1992 дар Идораи адлияи вилояти Ленинобод сабти ном шуда, тибки конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон фаъолият мекард. «Ватан» накши мухимеро дар омода ва гузаронидани сессияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар шахри Хучанд, сафарбар намудани чавонони вилояти Ленинобод бахри хифзи сохти конститутсионй дар чумхурият бозидааст.

Мохи ноябри соли 1992 сессияи XVI таърихии Шурои Олии Чумхурии Точикистон сохти конститутсиониро дар чумхурият баркарор ва Эмомалй Шарифович Рахмоновро сарвари кишвари точикон интихоб намуд.

Аз рузхои аввали баркарор гардидани сохти конститутсионй Иттифоки Чавонони Точикистон рохи пешгирифтаи хукумати нави чумхуриро маъкул шуморид. Дар изхороти Раёсати Шурои Марказии ИЧТ аз 16 январи соли 1993 кайд карда шуд, ки Иттифок хамаи имкониятхои худро барои кумаку дастгирии Хукумати конститутсионй истифода мебарад.

Рохбарияти чумхурй ба чавонон ва ташкилоти онх,о - ИЧТ, ташабуссу марому максади он таваччухи хоса зохир мекунанд. Ин буд, ки 2 феврали соли 1993 бо ташаббуси Раиси Шурои Олй Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмонов вохурии рохбарияти чумхурй бо намояндагони чавонон барпо гардид.

Сипас дар сатхи шахру нохияхо хамин гуна вохурихои рохбарон бо чавонон доир гардиданд, ки дар хамаи онхо сухан дар бораи такя кардани хукумат ба чавонон, дастгирии ташаббус ва истифодаи неруи онхо, аз чониби давлат мерафт.

6 ноябри соли 1994 дар натичаи райъдихии умумихалкй Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон кабул гардид. Эмомалй Рахмон бошад Президента Чумхурии Точикистон интихоб шуд.

"Чумхурии Точикистон, -гуфта шудааст дар моддаи 1 Конститутсия и (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, давлати сохибихтиёр, демократй, хукукбунёд, дунявй ва ягона мебошад.

Точикистон давлати ичтимой буда, барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад".

Ин боиси баланд шудани фаъолнокии сиёсии табакахои гуногуни ахолй гардид. Дар хар чомеаи демократй афзоиши таваччухи ахолй ба хаёти сиёсй ва кушиши он барои ширкат дар дигаргунсозихои чомеа яке аз шартх,ои мухимтарини инкишофи давлат мебошад.

Ислохотхои сиёсй шароит ва имкониятхои заруриро барои ворид намудани шахрвандони

мамлакат ба раванди идоракунии чомеа фарохам оварданд. Ин шароиту имкониятхо пеш аз хама дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, ки ба шахрвандон кафолати имкониятхои баробарро дар ташкил ва фаъолият намудани иттиходияхои чамъиятй медиханд, тачассум ёфтаанд. Асоси хукукии амалиёти иттиходияхои чамъиятии чавонон инчунин дар конунхои Чумхурии Точикистон "Дар бораи сиёсати давлатии чавонон", "Дар бораи иттиходияхои чамъиятй" зикр гардидаанд.

Мавчудияти чунин асоси хукукй фаъолнокии баланди чавононро дар бунёд намудани иттиходияхои чамъиятй ва таъсири амки иштироки онхоро дар халли масъалахои мубрами чомеа таъмин намуд.

Агар соли 1992 дар Чумхурии Точикистон 10 иттиходияхои гайрихукуматии чавонон амал дошта бошанд, айни замон шумораи онхо зиёда аз 155 мебошад.

Ин далелхо аз он шаходат медиханд, ки давлати мо ба инкишофи созмонхои гайрихукуматии чавонон таваччухи хоса зохир менамояд ва дар онхо шарики боэътимодии ичтимоиро мебинад.

Шаклхои хамкории сохторхои макомоти давлатй бо иттиходияхои чамъиятии гуногуни чавонон аз тахияи лоихахои якчоя то иштироки намояндагони давлат дар чорабинихои ташкилотхои гайрихукуматии чавонон иборат мебошад.

Шакли мухими хамкории ичтимоии давлат ва иттиходияхои чамъиятй доир ба муттахид сохтани чомеа ва тахкими сулх Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон гардид.

9 марти соли 1996 дар баробари рохбарони кариб 30 ташкилоти сиёсию чамъиятии чумхурй, рохбарони Иттифоки Чавонони Точикистон, Ассотсиатсияи хукукдонхои чавон Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистонро имзо намуданд.

27 июни соли 1997 дар шахри Маскав Созишномаи умумй дар хусуси баркарор кардани сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон миёни Хукумати Чумхурии Точикистон ва иттиходи мухолифини точик имзо шуд. Ин санад ба музокироти байни точикон, ки тахти сарпарастии Созмони Милали Муттахид беш аз се сол идома ёфт, хусни хотима бахшид.

Баимзорасии Созишномаи умумй сахифаи нави фаъолияти хизбхою харакатхои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятиро огоз намуд.

Ахамият ва макоми Ахдномаи ризоияти чомеаро дар мархилаи татбики Созишномаи сулх ва ризоияти миллй, дигаргунсозихои мухими дар пеш истода ба хисоб гирифта Шурои чамъиятй карор намуд, ки мухлати Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистон ба муддати се сол тамдид карда шавад.

Тамдиди Ахдномаи ризоияти чомеаи Точикистонро Иттифоки Чавонони Точикистон, Ассотсиатсияи хукукдонхои Точикистон, Фонди тарбияи эстетикй ва маънавии наврасон ва чавонони Чумхурии Точикистон «Чавонй», ташкилотхои гайрихукуматии «Нидои дустон», «Фидокор», Парастор», «Точик спейшл олимпикс» низ имзо намуданд.

Тадричан ба эътидол омадани вазъи сиёсию чамъиятии Точикистон ба рушду камолоти иттиходияхои чамъиятии чавонон мусоидат намуд.

1 июни соли 1995 анчумани баркароркунии Иттифоки Ленинии Коммунистии Чавонони Точикистон баргузор гардид. Анчуман оид ба эхёи фаъолияти комсомоли Точикистон карор кабул кард. Иштирокчиёни анчуман хамаи созмонхо ва иттиходияи чамъиятию сиёсии чавононро ба ягонагй ва хамкорй бахри сулхи шахрвандй, ризоияти чомеа ва гулгулшукуфии Точикистон даъват намуданд.

Демократикунонии хаёти чомеа имконият дод, ки як катор ташкилотхои гайридавлатии донишчуён таъсис дода шавад. Бо максади мусоидат ба рушди умуми тиб ва маориф дар чумхурй, иртифоъи сатхи назариявй ва амалии он, такмили протсесси тахияи кадрхои тиб, тахкими принсипхои инсондустй дар байни чавонони олами тиб мохи ноябри соли 1991 Ассотсиатсияи донишчуёни тибби Точикистон арзи хастй намуд.

Ассотсиатсияи донишчуён ва мутахассисони чавони тибби Точикистон аъзои 145-уми Ассотсиатсияи байналхалкии табибон мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсия ба асоси бахрабардорй аз тачрибаи дигар кишвархо дурнамои фаъолияти хешро муайян намуда, бахри фаъолияти пурсамар мекушад, то натичаи дилхохеро ба даст орад.

Дар мохи августи соли 1997 Ассотсиатсияи донишчуёни варзишгар созмон дода шуд. Хадафхои асосии фаъолияти он равнаки варзиш дар байни чавонони чумхурй, такмил бахшидани намудхои гуногуни варзиши миллию муосир, дар рухияи садокату ватандустй ва солимй тарбия намудани насли наврас, фарохам овардани шароит барои инкишофи варзиш дар кишвар мебошад.

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон инчунин Ассотсиатсияи донишчуён "КАРП"-ро сабти ном кардааст.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Яке аз сохахои мухими фаъолияти созмонхои гайридавлатии чавонон харчй бештар ба корхои илмй-тадкикотй чалб кардани чавонони болаёкат мебошад. Хануз соли 1992 гурухи ташаббускорон Шурои чумхуриявии олимон ва мутахассисонт чавонро таъсис доданд, ки дар ибтидои фаъолияташ якчанд конфронсхои илмй-амалй, мизхои мудаввар гузаронида буд.

Дар солхои 1994-1998 Ассотсиатсияи хукукдонхои чавон, Ассотсиатсияи мустакили сотсиологхои чавон, Ассотсиатсияи иктисодшиносони чавон таъсис ёфтанд.

Раванди ташаккулёбии ташкилотхои гайрихукуматии чавонон баъди ба имзорасии Созишномаи умумии сулх руз аз руз вусъат ёфт. Яке аз чунин ташкилотхо, театри бачагонаи "Гули умед" мохи апрели соли 1998 арзи хастй намуд. Сарварии театри мазкурро Хунарпешаи мардумии Точикистон Майрам Исоева ба ухда дорад.

Таъсиси Кумитаи кор бо чавонони назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар халли проблемахои чавонон мархилаи навро ибтидо гузошт. Бо максади баркарор намудани робитаи мунтазам бо иттиходияхои чамъиятии чавонон дар назди Кумита Идораи робита бо иттиходияхои чамъиятй ва муносибатхои миллй ташкил карда шуд. Идораи мазкур дар як муддати кутох корхои шоёнеро ба анчом расонид.

16 феврали соли 1999 дар хаёти ташкилотхои гайридавлатии чавонон ва наврасон сахифаи нав боз гардид. дар Маркази эчодии чавонон ва наврасони шахри Душанбе 19 ташкилотхои гайридавлатии чавонону наврасон дар бораи таъсис додани Шурои хамохангсозии иттиходияхои чамъиятии наврасон ва чавонон шартнома имзо карданд.

Дар мохи августи соли 2000 бошад дар заминаи Шурои хамохангсозй Ассотсиатсияи миллии иттиходияхои чамъиятии чавонон ва наврасон таъсис ёфт.

Бо максади ба танзим даровардани муносибатхои нави чамъиятй, такмили конунгузарии Чумхурии Точикистон ва дар ин замина таквият бахшидани сиёсати давлатии чавонон, фарохам овардани фазои мусоидаткунандаи меъёрию хукуки сиёсати давлатии чавонон зарурат ба ворид намудани тащйротхо ба Конуни асосии чавонон ба миён омад.

Мохи июни соли 2004 Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон»-ро кабул кард. Боби 5 ба Иттиходияхои чамъиятии чавонон, ба вазъи хукукй, дастгирии давлатии иттиходияхои чамъиятии чавонон, таъсиси Шурои кор бо чавонон бахшида шудааст.

29 апрели соли 2011 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар чаласаи 15-солагии Шурои чамъиятии Чумхурии Точикистон ба макоми хизбхои сиёсй, созмонхои чавонону занон, ахли илм, иттиходияхои эчодй барои ба вучуд овардани фазои мусоид дар муколамаи хакикии байни давлат ва чомеаи шахрвандии нав ташаккулёбанда точик, сулху вахдати миллй бахои арзанда дода хамзамон чунин вазифагузорй намуд: «...Шурои чамъиятиро лозим аст, ки дар доираи салохиятхои худ фаъолтар амал карда, чихати ба табакахои гуногуни ахолй харчй пурраву хубтар фахмонида додани мохияти сулху вахдат ва ризоияти миллй, вазъияти имрузаи иктисодиву ичтимоии мамлакат ва роххои халлу фасли мушкилоти мавчуда кушиш ба харч дихад.

Ин амр такозо мекунад, ки фаъолони Шуро бо мардуми касбу кори гуногун, бахусус чавонон робитаи мустахкам дошта бошанд ва бо онхо вохурии доимй барпо намоянд. Дар ин амри пурмасъулият мо хама бояд якчо, яктану якмаром бошем, тамоми мардумро пеш аз хама ба вахдат, созандагиву бунёдкорй, ободсозии Ватани азизамон, баланд бардоштани нуфузи эътибори байналмилалии Точикистон... рахнамун созем».

Хамин тавр, далелхои муътамад аз он шаходат медиханд, ки иттиходияхои чамъиятии чавонон дар болоравии эхсоси худшиносй, ифтихори миллй, тарбияи ватандустиву

ватанпарастии насли наврас макоми хосае доранд.

ПАЙНАВИШТ

1. Абдуллох, М. Ифтихори миллй мебояд / М.Абдуллох // Точикистон. - 1992. - 1 май.

2. Возрожден комсомол Таджикистана // Голос Таджикистана. -1995. -9 -15 июн.

3. Комсомолец Таджикистана. - 1991. - 13 сентябр.

4. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2008. - 86 с.

5. Кульчик, Ю.Г. Гражданские политические движения в Таджикистане (1989 г. - март 1990 г.) / Ю.Кульчик, С.И. Румянцев. - Душанбе, 1990 - 76 с.

6. Набиев, В. Созандагони Точикистони сохибистиклол / В.Набиев. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 340 с.

7. О комсомоле, президенте и нашем выборе // Вечерний Душанбе. -1991. -22 октябр.

8. Паёми Президента Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон "Дар бораи самтхои сиёсати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон". 26 декабри соли 2018. - Душанбе: Шарки озод, 2018. - 48 с.

9. Программные документы гражданских движений в Таджикистане / Составители Ю.Кульчик, С.И. Румянцев, З.Ш.Саидов. - М.: ЦИМО, 1990. - С.115-180.

10. Рахмонов, Э. Табрикоти телевизионй ба муносибати 9-солагии Рузи истиклолият 8 сентябри соли 2000 / Э.Рахмонов // Рахмонов, Э. Точикистон: Дах соли истиклолият, вахдати миллй ва бунёдкорй. - Душанбе: Ирфон, 2001. - Ч.3. - С.436-444.

11. Садои мардум. - 1992. - 7 май.

12. Сухан. - 1991. - 11 октябр.

13. Чавонони Точикистон. - 1994. - 15-21 июн.

14. Шарипов, Х. "Ватан" / Х.Шарипов // Хучанд: "Энциклопедия". - Душанбе, 1999. - С.194.

15. Шарипов, Х. "Дирафши Ковиёна" / Х.Шарипов // Хучанд: "Энциклопедия". - Душанбе, 1999. - С.283.

ИЗ ИСТОРИИ ОБРАЗОВАНИИ ПЕРВЫХ МОЛОДЕЖНЫХ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ (конец 80-х - начало 90-х годов ХХ века)

В статье на основе фактических материалов освещаются образование первых молодежных общественных объединений в период горбачевской перестройки и суверенного Таджикистана. Подчеркивается, что государсвенная независимость Таджикистана создала благоприятные условия для образования молодежных общественных объединений. Особо отмечается заслуга Основателя мира и национального единства - Лидеру нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в поддержке начинаний и инициатив молодежи. Автор делает вывод о том, что молодежные общественные объединения занимают особое место в повышении чувства самопознания, национальной гордости и патриотического воспитания подрастающего поколения.

Ключевые слова: перестройка, самопознание молодежи, молодежные общественные объединения, суверенность, политические противоборства, Союз молодежи Таджикистана, комсомол

FROM THE HISTORY OF THE FORMATION OF THE FIRST YOUTH PUBLIC

ASSOCIATIONS IN TAJIKISTAN (late 80's-early 90's years of XX century)

The article highlights the formation of the first youth public associations in the period of Gorbachev's perestroika and sovereign Tajikistan on the basis of factual materials. It is emphasized that the state independence of Tajikistan has created favorable conditions for the formation of youth public associations. The merit of the Founder of Peace and National Unity, Leader of the Nation, President of Tajikistan Emomali Rahmon in supporting the initiatives of young people is particularly noted. The author concludes that youth public associations occupy a special place in increasing the sense of self-knowledge, national pride and Patriotic education of the younger generation.

Key words: adjustment, self-knowledge of youth, youth associations, sovereignty, political confrontation, the Youth Union of Tajikistan, the Comsomol (young Communist League)

Сведения об авторе:

Набиев Вахоб Машрафович, доктор исторических наук, профессор, заведующий кафедрой Отечественной истории ГОУ «Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

About the author

Nabiev Vakhob Mashrafovich, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of the Patriotic History Department of the SEX «Khujand State University named after Bobojon Gafurov» (Tajikistan, Khujand)

УДК: 338.984, 338.001.36

ТАДЖИКСКАЯ ЖЕНСКАЯ ТРУДОВАЯ МИГРАЦИЯ В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ

Бобоходжаева Г.Д.

Таджикский государственный университет коммерции

Один из важных особенностей таджикского общества в первые годы независимости стала женская таджикская трудовая миграция, которая была непредставляемым ранне для менталитета таджикского общества. Таджикские женщины прежде никогда не представляли себе самостоятельный поиск работы за границей родины, тем более что основные работы семьи всегда приходилось на долю мужчин. Жинщина всегда считалась (и ныне тоже считаются) хранительницей домашнего очага, честь и совестью семьи и мужчины, защиту о которой как всегда лежала на плече сильного пола.

Так что же послужило причиной того, что в современном глобализационном мире таджикские женщины как и на равне с мужчинами начали отправлятся на заработки за пределов Таджикистана? Прежде всего необходимо отметит, что современный глобализационный мир, модернизировала духовную сущность и приравнивала мужчин и женщин как по правовым так и по трудовым объязанностями. Женщины Таджикистана в годы Советского Союза обучались самостоятельно трудиться и зарабатывать себе на жизнь и стали более современее прежнего. Их можно было встречать как за рулем у тракторов и комбайнов в совхозах и кольхозах, так и в крупных заводах и фабриках в качестве простых рабочих, а также как руководителей различных предприятий и организации. [1]. Не мало было и женщинь-таджичков среди участников Великой Отечественной Войны: снайперы и саперы, даже летчицы-таджички верностью послужили своей родине - СССР: сотни девушек и женщин из Таджикистана добровольцами пошли на войну и воевали против нацисткой Германии плечо к плечу с мужчинами. Историк и профессор Таджикского государственного университета Рохат Набиева, которая исследует вклад таджикских женщин в борьбе против фашизма в своей книге «Занони Точикистон дар солхои Чанги Бузурги Ватани» («Таджикские женщины в годы Великой Отечественной Войны») подвела итоги своей многолетней работы по этой теме. Рохат Набиева пишет, что 32 тысячи девушек и жещин из Таджикистана принимали активные участия в борьбе против фашистских захватчиков: 350 из них были снайперами. Махбуба Турсунова в свои 18 лет работала разведчицей в Афганистане. Теперь ей 93 года и она отправилась на парад в Москву для празднования 70 летия победы над фашистской Германии. Вклад Махбубы Турсуновой в раскрытии группы диверсантов, которых через Афганистан заслал в Хатлонскую область Таджикистана «Абвер» - одна из разведслужб Германии, не мал.

Немало было и женщин-таджиков - героев соцтруда в годы строительства социализма. Например, Мамлакат Нахангова и многие другие.

Женщинь-таджички постепенно наполняли ряды трудовых мигрантов во втором половине декады независимоти Таджикистана, когда явно ощутили семейные финансовые проблемы и дольгие отсутствия мужчин-мигрантов. Для отражения более ясной картины происходящего в современном таджикском обществе в этом направлени следует разделит на несколько категорий причин миграции женщины Таджикистана: 1. Женщины-трудовые мигрантки, которые являются старшими в семье и более нет другого кормилица-мужчины. 2. Женщины-трудовые мигрантки, которые вместе со своими родителями, братями и мужями идут в зарубежные страны как на заработки так и на поиски временных или постоянных место жительства. 3. Женщины-трудовые временные или сезонные мигрантки, которые идут в ближные зарубжья в поиске более оптимальной работы с более высокой заработной платой для решения своих семейных и финансовых проблем на родине. 4. Женщины-трудовые мигрантки-одиночки, желающие обустроит свою личную жизнь, ища различные пути решения своих проблем. [2,ст.37].

Женщины-трудовые мигрантки первой категории очень редко встречаются среди сезонных трудовых мигранток, так как таджикские семьи обычно бывают многодетными и мужская часть семьи не позволяють своим старшим сестрам и матерям ради них идти в дальный или близкий зарубеж на поиски их пропитания. В некотором случае родственники семьи заботяться о их

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.