It is obvious that, taking into account the above data, it is possible to consider this huge historical period as one of the earliest stages in the periodization of the ethnogenesis of the peoples of Central Asia in general and highlight the pre-Aryan periodization of the Tajik ethnos in particula
Key words: Central Asia, ethnic communities, ethnos, periodization, developed concepts, "neolithic revolution", Dzheytuns, Celtiminarians, Gissarians, Sazagans, Sarazmi-ans, Sarazm, pre-Aryan period, Aryans, Tajiks.
Маълумот дар бораи муаллиф: Мадамидчонова Зухра Мадамидчоновна - ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмад Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон. СуроFа: 734025, Точикистон, Душанбе, хиёбони Рудакй, 33. Телефон: (+ 992) 918-988079. Почтаи электронй - [email protected]
Information about the author: Madamidzhonova Zukhra Madamidzhonovna is a senior researcher at the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Akhmad Donish of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue, 33. Phone: (+ 992) 918-988079. E-mail - [email protected].
УДК-73
ТАЪРИХ, АНЪАНА ВА ИНКИШОФИ Х,УНАРИ ГАЧ,КОРИИ МИЛЛЙ
ОДИНАЗОДА Б. Э.,
Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Точикистон
Эълон намудани солхои 2019-2021 "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" аз чониби Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва озод намудани хунармандон аз андозсупорй барои эхёи хунархои мардумй такони хубе гардид. Барои аксари хунармандон ин икдоми наку боиси муаррифии хунархои мардумй ба чахониён хохад гашт [1, 27].
Санъати ороишй-амалии Осиёи Миёна аз кадим бо тараккиёти меъморй вобастагии зич дорад. Ёдгорихои таърихии бузурги то рузхои мо махфуз монда, ба монанди мадрасаи Улугбек, Шердор ва Тиллокорй, ки дар Регистони Самарканд мавчуданд, мачмааи меъмории Шохи Зинда ва Гури Амир, масчиди Бибихонум, ки тахти мухофизати ЮНЕСКО карор доранд, макбараи Исмоили Сомонй дар шахри Бухоро, манораи Калон, мадрасаи Кукалтош дар Тошкент, макбараи какими Тирмизй, Оксарой дар Шахрисабз ва дигарон ба тамоми оламиён бо ороиши нотакрори зиннатии худ машхур мебошанд [2, 8].
Хафриёти гyзаpонидашyда гувох,й медихднд, ки такрибан даp миёнах,ои хдзораи 1 то милод даp Осиёи Маpказй як катор шах,рх,ои калон - Маpв, Балх, Самарканд, даp х,удуди Точикистон ^алъаи Амиp ва калъаи ^айк;убодшох, (Кубодиён, асpи III то мелод), Кухднкалъа (сорили Вахш, асpи II то мелод), ^алъаи Хисор (асpи IV то мелод) пайдо шудаанд, ки доpои деворх,ои гафсу баланд ва арк буданд. Аксари ин шах,рх,о аз руйи накша сохта шуда, дорои кучах,ои рост ва мах,аллах,ои чоркунча буданд. Дар ин шах,рх,о деворро бо гил ё гач андова шуда, андоваи гачиро тавассути кандакорию накшунигор ё усули гуногуни хиштчинй оро медоданд. Лозим ба тазаккур аст, ки гачкорй яке аз навъх,ои маъмули санъати кандакорй буда, дар катори дигар амалх,о дар пардозу такмили дохилу беруни бино истифода мешавад [3,3].
Дар
нак;шх,ои кандакорй рангро истифода намебаранд.Накш чунон интихоб мешуд, ки аз шакл ва сояе, ки аз он меафтад, ба намуди берунии он ва
ороиши бино мувофикат кунад. Накшхои кандакорй аз руйи маводи истифодабарй аз якдигар фарк доранд. Масалан: кандакорй бо гач имко-нияти офаридани нусхахои нозук ва нафисро медихад, чунки пардоз дода-ни он хеле осон мебошад. Агар худи хамин нусхаро дар санг тарошиданй бошем, хатхои нозуки пардози он бархам мехурад, расм хеле дагал меба-рояд. Ба ин сахтии санг монеагй мекунад. Бинобар он, ба санг накшхои дагали калонро интихоб менамоянд [4, 8, 9].
Барои накш офаридан дар санг, санги мармар хеле мувофик аст. Он нисбатан нарм ва мустахкам буда, дар он накшхои нозукро кандан мумкин аст. Дар чуб низ кандакорй намудани хамаи накшахо имкон дорад. Аммо маводи мувофик барои кандакорй гач буд ва мемонад.
Гачкорй яке аз намуди кадимтарини хунари амалй ба шумор меравад. Ин намуди хунар дар тамоми чахон, аз чумла дар Осиёи Марказй, Эрон, Туркия, Арабистон, Афгонистон ва дигар мамлакатхои Шарк васеъ пахн гардидааст. Асархои офаридаи хунармандони Осиёи Марказй бо бандубасти ба худ хос ва услуби коркарди мушаххас фарк мекунанд.
«Ин соф худи Осиёи Миёна аст, ки онро бо хеч гуна расмхо ва намудхои бадеии машхури дунё баробар карда намешавад»-гуфта буд бостоншинос В. В. Стасов.
Хушбахтона, хамаи ёдгорихои меъмории бо гач ороишдодашудаи таърихй аз чониби давлат мухофизат мешаванд.
Маълум аст, ки гач дар холати гармй хуб коркард шуда бо он хама гуна накшхоро кандан мумкин аст. Гач дар холати хушк шудан ба санги сахт табдил меёбад. Устохо ин хусусияти гачро дониста ва устокорона аз он истифода мебурданд. Хунари гачкорй аз авлод ба авлод хамчун хунари миллй-анъанавй то замони мо омада расидааст.
Гачкорй хамчун хунари миллй-анъанавй дар Шарк мавкеи хоси худро дорад. Он ифтихори миллй, манбаи бебахои илхом, дурдонаи бадеии махорат мебошад. Хунари мазкур ахаммияти назариявй ва амалиро талаб мекунад. Кандакорй бо гач дар асоси тасвирхои реалистй кор карда шудааст. Дар асрхои аввали эраи мо, одамон ба хусусияти хос сохиб будани гачро дониста, бо он калъахо корвонсаройхо ва дигар бинохоро ороиш додаанд.
Дар асри III толорхои бохашамати Тупрокалъа бо гачкорй оро дода шуда буд. Бостоншиносон зимни хафриёти шахри Варахша намунаи гачкориро, ки дар асрхои IV-III пеш аз мелод ичро шудааст, пайдо намуданд. Дар байни онхо полметта бо накшхои растанихо ва гулхо, инчунин гачкории шаклхои геометрй (хандасй) мавчуд буд. Хусусан, тасвири мохй бо гачкорй бо махорати баланд ба ичро расонида шуда буд [2,11].
Дар натичаи Осиёи Миёнаро забт намудани арабхо ва чорй гардидани дини ислом, тасвири мавчудоти зинда манъ карда шуд. Рушди санъати тасвирй муддате аз ривоч бозмонд. Ин бошад сабаби инкишоф ёфтани хунари амалии халкй гашт. Кандани накшхо дар руи санг, чуб ва гач равнак ёфт. Накшхо аз растанихо, шаклхои геометрй, унсурхои хатти арабй пайдо шудаанд. Хамаи инро дар ёдгорихои меъмории Осиёи Миёна дидан мумкин аст. Дар макбараи Исмоили Сомонй дар Бухоро намунахои гачкорй бо накшхои мавчнок вучуд дорад, ки дар ороиши он намуди накшхои ислимй аз растанй васеъ истифода бурда шудааст. Дар асри X-XI гачкориро на танхо барои ороиши дохилй, истифодаи шаклхо абстрактивии мураккаб чой дошт. Дар вайронахои минтакаи Афросиёб хангоми гузаронидани Дар макбараи Исмоили Сомонй дар Бухоро намунахои гачкорй бо накшхои мавчнок вучуд дорад, ки дар ороиши он намуди накшхои ислимй азрастанй васеъ истифода бурда шудааст. Дар
асри X-XI гачкориро на танхо барои ороиши дохилй, истифодаи шаклхои абстрактивии мypaккaб чой дошт. Дар вайронахои минтакаи Афросиёб хангоми гyзapонидaни хафриёт касрхои дар асрхои X-XI cохтaшyдa ёфт шyдaнд. Алaлхycyc, гачкории панелй ёфт гардиданд, ки дар он накшхои геометрй ва накшхои растанимонанд истифода шyдaaнд. Умки кандакорй ба 2-3 см мерасад. Аз хисоби сояи хокистарранг накшхо сафед шyдa намоён мешавад. Гач барои накш дар девор гафс молида шyдaacт. Хафриётхо шаходат медиханд, ки дар асрхои XII накшхои мypaккaб пайдо шyдaнд. Устохо тасвирхои табиат, растанихо ва хайвонхоро ба таври хоса дар гачкорй истифода мeбypдaaнд. ^исми бepyнии намоёни бино, пештокхо ва сутунхо гачкорй шyдaaнд. Дар асри XII дар водии Фаргона барои ороиши бинохо сафолакхои гуногун истифода мешуданд.
Дар Узген (вилояти Ош) дар ёдгорихои кадими меъморй, ки ба макбарахои шимолй, миёна ва чанубй чудо мешуданд, дар вакти сохтмони
деворхо, сутунхо кандакорихо бо накшхои махсус истифода бурда шудаанд.
Хунари гачкорй дар худуди Мовароуннахри кадим хеле тараккй ёфта буд, дар хунарй гачкорй устохо баробари тасвирхои анъанавй, инчунин тасвирхои хайвонот ва растанихои хаёлиро меофариданд. Накшхои гачкории макбарахои Тирмиз яке аз дастовардхои баландтарини хунари гачкорй хамон давра хисоб меёбад [2,13].
Дар асри XIII гачкорй боз хам ривоч меёбад. Накшхои гачкорие, ки дар худуди минтакаи Афросиёб ёфт шудаанд, шаходати он мебошад.
Дертар (асрхои XIV-XVIII) барои коркарди ороиши кисми бино гачкорй ба таври васеъ истифода мешуд. Ин намуди гачкорихо дар дохили манорахо хам дида мешаванд.
Хунари гачкорй дар охири асри XVIII ва авали асри XIX ба дарачаи баланд тараккй ёфт. Услуб ва шакли коркарди он хеле мураккаб шуд ва хама намудхои хунари гачкорй инкишоф ёфт. Устохо ба накшхои гачкорй чилои равшан медиханд. Дар ороишхои гуногуни гачкорй тартиби бандубастхои мушаххас коркард шуданд.
Солхои 1912-1920 дар шахри бостонии Бухоро дар давраи хукмронии амир Олимхон бинои Ситораи мохи хоса сохта шуда буд, ки дар он ороиши гачкорй макоми махсуси хешро дорад. Аз намудхои чолиби ин давр накшхои дар толори сафед бунёд шудаанд махсус кайд кардан чоиз аст. Дар ин толор ба гайр аз накшхои гачкорй дар девор, боз гачкорй дар болои оинахо низ ичро шудаанд.
Мачмааи нав бо услуби аврупой сохта шудааст, аммо ба кисмхои мардона ва занона таксим шуда, дар дохили он ба тарики гачкорй оро дода шудааст, ки ин намуди ичроиши кор дар замони хозира боз инкишоф ёфта истодааст.
Ин намуди накшхо хам аз чихати ичрокунй ва хам аз чихати сохти худ аз дигар намуди гачкорихо бо хусусиятхои хосаш фарк мекунад.
Дар сохтмони Ситораи мохи хоса устохои маъруфи хамон замон Хасанчон Умаров, Абдулло Гафуров, Рахим Хаётов, Иброхим Хафизов, Карим Самадов, Ширин Муродов, аз чумла ду мухандиси рус Маргулис ва Сакович, ки дар дарбори амир хидмат мекарданд, чалб шуда буданд.
Хунари гачкорй имруз хам дар ороиш ва пардози меъмории бинохои маъмурй ва маданиву маърифатй (чойхона, клуб, китобхона ва f.) маъмул аст. Дар ороиши бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнй, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулкосим Лохутй, чойхонахои «Рохат», «Истаравшан», «Саодат» (Душанбе), мехмонхонаи «Точикистон» (Душанбе), Осорхонаи чумхуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Рудакй (Панчакент), Театри мазхакавию мусикии ба номи А.С. Пушкин (Хучанд), чойхонахои «Ором», «Лола» (Исфара), Кохи Сомон, Кохи Навруз (Душанбе), БоFи ботаникии (Душанбе) Маркази фароFатии Хуррамшахр (ДанFара) бинохои чумхуриявй намунахои гачкорй истифода шудаанд. [7,343-344].
Дар ибтидои асри XX услуби накшхои релефии (барчаста) хеле махин аз худ мешуданд. Накшхои растанй, геометрй ва рамзй васеъ истифода бурда мешуданд. Истифодаи гачхои ранга чорй гардида, дастнависхои бо накшхои ранга ороишдодашуда пайдо шуданд.
Накшу нигор - яке аз кадимтарин намуди фаъолияти инсон буда, дар гузаштаи дур дар худ вазифаи рамз ва нишонсозиро дошт. Лекин чузъхои ороиши накшу нигори хеле барвакт дорои мазмуну маънй набуда, танхо дар онхо хисси ритм, шакл, тартиб ва тавозун истифода мешуданд.
Мухаккикони накшу нигор чунин мешуморанд, ки он аллакай дар мархалахои палеолитии боло (10-15 хазор то мелод) пайдо шудааст. Вай ба рамзу аломатхои Fайритасвирй такя карда, кариб тамоман геометрй буда, аз шаклхои чиддии доира, нимдоира, морпеч, чоркунча, панчкунча, секунча, салиб ва таркибхои гуногуни онхо иборат буд. Дар ороиш инчунин хатхои рости шикаста, штриххо, тасмачахо, накши арчашакл ва накши бофта истифода бурда мешуд [2,15].
Одамони даври кадим тасвирхо ва таассуротхои худро оид ба сохти дунё бо аломату нишонхои муайян ифода мекарданд. Масалан: доира-офтоб, чоркунча-замин, секунча-куххо, салиб-харакати офтоб, морпеч-тараккиёт, рушд-инкишоф, пешравй ва Fайра. Ин аломату нишонхо барои ашёхо ахаммияти ороишй надоштанд, бисёр вакт кисмхои аз чашм пинхони ашёхо накшу нигор карда мешуданд, аз он чумла: таги зарфхо, кафои зару зеварот, туморхо, балогардонхо. Бо мурури замон охиста-охиста, аломатхо ва рамзхо ахаммияти ороишй, накшу нигор гирифта бо мурури замон маънову рамзи онхо аз байн рафт. Максади накшу нигор, ороиши зебу зинат буданаш аник шуд. Аз накшу нигор бошад,
пиктография (аломатхои шартй-рамзй) ва давраи аввали хатнависй пайдо шуд. Баъдан рассомону наккошон шаклхои кадимаи накшхоро ба мазмуну рамзии онхо ахамият надода, факат нусхабардорй мекарданд.
Анъанаи хунари кандакории гач дар тули солхо такмилу тавсия ёфта, чандин услуби техникй пайдо кард. Хунари кандакории гач имруз хам дар ороиш ва пардозии меъмории бинохои калони маъмурй ва маданиву маърифатй мавкеи мухим дорад.
А Д А Б И Ё Т
1. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои сиёсати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон».-Душанбе ,-26 декабри соли 2018-2023.
2. Одиназода Б., Додочонов А. Санъати гачкорй. -Душанбе ,-2019.
3. Белинская Н. А. Кандакории гач дар Точикистон ,- Душанбе ,-2019.
4. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик, чилди 2,-Душанбе,-1988.
5. «Санъати халки точик»,-Душанбе,-Дониш -1965.
6. Академия наук Тадж. ССР «Искусство таджикского народа»,-Душанбе,-1979 г. Выпуск - 4.
7. «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик» ч.-1,-Душанбе,-1987с.
8. «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик» ч.-2,-Душанбе,-1988.
9. Хасанов С. «Асосхои ороишй бадей»,-Хучанд,-2002 с.
10. Ашуров М. «Кандакорй» рохнамои таълим, «Нури маърифат», Хучанд,-2002 с.
11. Пиров Т.М. «Лугатномаи русй-точикии истилохоти санъати тасвирй ва дизайнерй»,- Душанбе,- 2018 ДМТ.
12. Х. Зарифй «Хазинаи тиллоии точикон»,-Душанбе,-Ирфон 2013 с.
13. А. М. Прибыткова «Памятники архитектуры Средней Азии",-Москва,Изд. "Планета",-1971 г.
ТАЪРИХ, АНЪАНА ВА ИНКИШОФИ ХУНАРИ ГАЧ,КОРИИ МИЛЛЙ
Дар макола ба масъалахои хунару хунармандй, таъриху инкишофи санъати гачкории ниёгон таваччухи хоса дода шудааст.
Гачкорй, яке аз намудхои кадимтарини санъатхои ороиши амалй ба шумор меравад. Ин намуди санъат дар тамоми чахон аз чумла, дар Осиёи Миёна низ ривочу равнак ёфтааст.Махсусан, ин намуди санъат дар бораи меросй будани санъати гачкорй муфассал баррасй шудааст.
Ин санъат дар ороиш ва зебу зиннати бинохои масчид, мадрасахо, инчунин гунбаз ва дигар бинохо рушду равнак ёфтааст.
Калидвожахо: Осиёи Миёна, асрхои миёна, санъат, гац, кандакорй, масцид, мадраса, мацбара, гунбаз, бинокори, гацкори, цунармандон.
ИСТОРИЯ, ТРАДИЦИЯ И РАЗВИТИЕ РЕЗЬБЫ ПО АЛЕБАСТРУ
В статье особое внимание уделяется вопросам ремесел, истории и развитию таджикского искусства. Алебастр является одним из древнейших видов декоративного искусства Центральной Азии. Это можно увидеть на фасадах мечетей, медресе, а также куполах и архитектурных сооружениях.
Ключевые слова: Средняя Азия, средние века, искусство, алебастр, резьба мечеть, медресе, гробница, купол, строительство.
HISTORY, TRADITION AND DEVELOPMENT OF GACHA CARVING
The article deals with the issues of craft history and development of Tajik art. Ceramics is one of the oldest types of decorative art form around the world also developed in Central Asia. In particular, this art form is discussed in detail about the heritage of the art of ceramics, especially in the era. This art grew during the the in the decoration of mosques, madrassah, as well as domes and other buildings.
Key words: Middle Asia, middle ages, art, gach, carving, embossment work, mosque, madrasah, tomb, velod, construction.
Сведения об авторе: Одиназода Бахтиёр Эмомали-проректор по науке и творчеству Государственного института изобразительного искуства и дизайна Таджикистана к.и.н., доцент кафедры "Искусствоведение". Телефон: (+992) 904-44-31-80. E-mail:оdinaev Bahtiyor 64 @ mail.ru
Information about the author: Odinazoda Bakhtiyor Emomali-Vice-rector for science and creativity Tajik state fine art and design institute. Candidate from the Department «Art critic».Те!еЮпе: (+992) 904-44-31-80.E-mail: оdinaev Bahtiyor 64 @ mail.ru
УДК-069 (575.3) (09)
ИСТОРИЯ СОЗДАНИЯ МУЗЕЯ ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ М. С. АНДРЕЕВА ИНСТИТУТА ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМ. А. ДОНИША
ШОВАЛИЕВА М. С., Институт истории, археологии и этнографии им.А. Дониша
Для музейной работы важное значение имеет систематический сбор этнографических коллекций. Сбор экспонатов в Музей этнографии Института истории, археологии и этнографии Национальной академии наук Таджикистана начался в 40-х годах ХХв. В частности, в 1943 г. ИИЯЛИ ( Института истории, языка и литературы) Таджикского филиала АН СССР была организована экспедиция в верховья Пянджа, работавшая под руководством доктора исторических наук, известного таджикского этнографа Михаила Степановича Андреева (в составе числилась и его жена - кандидат исторических наук А.К. Писарчик) над изучением быта и языков гор-нобадахшанцев, которая проработала там около 4-х месяцев. Помимо сбора научных этнографических и лингвистических материалов, экспедиция занималась и сбором этнографических коллекций. Всего было приобретено около 350 предметов - орудия труда, предметы местных промыслов,