ТДУ 343.148.5 (575.3)
ИСТИМОР ХДМЧУН МАЦСАДИ САВДОИ КУДАКОН
ЭКСПЛУАТАЦИЯ КАК ЦЕЛЬ ТОРГОВЛИ ДЕТЬМИ EXPLOITATION AS THE GOAL OF CHILD TRAFFICKING
Сафарзода А.И. Safarzoda A.I.
Профессори кафедраи %уцуци циноятй ва муцовимат бо коррупсияи факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор Профессор кафедры уголовного права и противодействия коррупции юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук,
профессор
Professor of the Department of Criminal Law and Anti-Corruption of the Law Faculty of the Tajik National University,
Doctor of Law, Professor
Давлатзода Г.Ш. Davlatzoda G.Sh.
Унвонцуи кафедраи %уцуци циноятй ва муцовимат бо коррупсияи
факултети ^уцуцшиносии Донишг^и миллии Тоцикистон Соискатель кафедры уголовного права и противодействия коррупции юридического факультета Таджикского национального университета Competitor of the Department of Criminal Law and Anti-Corruption of the Faculty of Law of the Tajik National University
Ихтисоси илмй: 12.00.08 - хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.
Научная специальность: 12.00.08 - уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.
Scientific specialty: 12.00.08 - criminal law and criminology; penal law.
Такриздщанда: Рах,монзода М.Ч,. - мудири кафедраи хукуки чиноятй ва муковимат бо коррупсияи факултети хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.
Рецензент: Рахмонзода М.Дж. - заведущий кафедры уголовного права и противодействия коррупции юридического факультета Таджикского национального университета, кандидат юридических наук.
Reviewer: RAHMONZODA M.J. - Head of the Department of Criminal Law and AntiCorruption of the Faculty of Law of the Tajik National University, candidate of legal sciences.
Аннотатсия: Макола ба яке аз масъалахои мубрами хукуки чиноятй - истимор хамчун максади савдои кудакон, бахшида шудааст. Дар асоси омузиши адабиёти илмии соха, сомонахои расмии ташкилотхо ва конугузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон масоили мазкур зери тахлилу баррасй карор дода шуд. Диккати асосй ба чунин намудхои истисмори курбонии савдои кудакон: истисмори шахвонй ва мехнатй, савдои кудакон бо
E-mail:
anvar [email protected]
E-mail:
anvar [email protected]
максади фарзандхондии гайриконунй, хатархои эхтимолии марбут ба рушди трансплантатсия ва гайра дода шудааст.
Вожауои калиди: кудак, савдои кудак, истисмор, гуломй, фарзандхонди гайриконунй, истисмори мехнатй, истисмори шахвонй, трансплантатсия, хукуки инсон.
Аннотация. Статья посвящена одной из актуальных проблем уголовного права - эксплуатации как цели торговли детьми. Проведен анализ данной проблемы, основанный на изучении научной литературы, официальных интернет-источников и действующего законодательства Республики Таджикистан. Основное внимание уделяется таким видам эксплуатации торговли детьми, как сексуальной и трудовой эксплуатации, торговли детьми с целью незаконного усыновления, потенциальным рискам, связанным с трансплантции органов и др.
Ключевые слова: ребенок, торговля детьми, эксплуатация, рабство, незаконное усыновление, трудовая эксплуатация, сексуальная эксплуатация, трансплантация, права человека.
Annotation: The article is devoted to one of the topical problems of criminal law - exploitation as the goal of child trafficking. A thorough analysis of this problem was carried out, based on the study of scientific literature, official Internet sources and the current legislation of the Republic of Tajikistan. The main attention is paid to such types of exploitation of child trafficking as sexual and labor exploitation, child trafficking for the purpose of illegal adoption, potential risks associated with organ transplantation, etc.
Key words: child, child trafficking, exploitation, slavery, illegal adoption, labor exploitation, sexual exploitation, transplantation, human rights.
Дар чахони имруза, дар баробари чиноятхои муомилоти гайриконунии маводи мухаддир, силох, терроризму эстремизм ва дигар тахдидхои геополитикй, чинояти савдои кудакон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад. Масъалахои марбут ба савдои кудакон дар шароити имруза тахти таваччухи чиддии чомеаи чахонй карор дорад, зеро он хамчун зухуроти манфй ба пахлухои гуногуни хаёти чомеаи инсонй зарари чуброннопазир мерасонад. Гуруххо ва ташкилотхои муташаккили чиноятй бо максади рохандозии хадафхои чинояткорона ба савдои кудакон даст зада, нафарони зиёдро бо хавасмандкунии молиявй, моддй, хизматрасонихо, чойи кори бехтар, музди мехнати баландтар ва гайра дар давлатхои хоричй фирефта карда, хадафхои нопоки худро амалй менамоянд.
Аслан кудакон бо максади истисмор харидорй карда мешаванд. Зери мафхуми истисмор ин водор кардани нафаре ба фохишагй ва дигар намудхои истисмори шахвонй, ба кор ва ё хизматрасонии мачбурй, ба гуломй ва ичрои анъанахое, ки ба гуломй монанд аст, нигахдории
нафаре дар вазъи ноозод ва берун овардани аъзои бадани нафаре фахмида мешавад. Дар "Фарханги забони точикй" зери мафхуми "истисмор" фоида бурдан аз махсули мехнати каси дигар аз тарафи касоне, ки воситахои истехсолотро дар даст доранд, аз худ карда шудани махсулоти мехнати дигарон, омадааст. Истисмор кардан бошад, аз дастранчи касе бахра бурдан, касеро ба нафъи худ ичборан ба кор водоштан [1, с. 586].
Истимор ин мехнатй ё хизмати мачбурй, гуломй ё расму оини ба гуломй монанд мебошад. Инчунин, дар дигар чо оварда шудааст, ки истисмор - мехнати ё хизмати мачбурй, гуломй ё расму оини ба гуломй монанд, холати очизй ё бурида гирифтани узвхо ва (ё) бофтахои одам, истифодаи фохишагарии дигар шахсон, инчунин дигар шаклхои истифодабарии шахс бо максади анчом додани амалиёти дорои хусусияти шахвонй [2, с. 25].
Вобаста ба ин метавон чунин намудхои истисморро номбар кард:
1. Истисмори мехнати. Дар ин холат кудаконро мачбур месозанд, ки дар киштзорхо, шахтахо ва дигар чойхои шароитхои мехнатиашон зарарноку хатарнок, аз кабили кор бо моддахои
кимиёвй, истифодаи тачхизоти хатарнок ва гайра, кор кунанд. Дар кишвари таъиншуда кудакон аксар вакт аз чахони беруна чудо нигох дошта мешаванд, инчунин онхо метарсанд, ки ба макомот дар бораи шароити зарарноки мехнате, ки дар он мачбуран кор фармуда мешаванд, накл кунанд. Яъне, дар чунин холат курбонии савдои кудакон мисли гулом ё одатхои ба он монанд истифода бурда мешавад. Гуломй - холат ё вазъи бехукукии шахсе, ки нисбат ба вай баъзе ё тамоми салохияти ба хукуки моликият хосбуда татбик карда мешавад [2, с. 25].
2. Хонакор. Волидайн ва кудак аксар вакт бо умеди тахсил ё кори бехтар фирефта шуда, ба доми чинояткорон афтода розй мешаванд, ки фарзандашон берун аз чойи зист ва хатто аз давлати худ бурда шаванд. Дангоми дар чои лозима расидан истисморгарон хуччатхои кудаконро мегиранд ва онхо худро дигар дар хатар эхсос карда, мачбуран дар хочагихо кор мекунанд. Зеро онхо дар бобати бехатарй, хурок ва манзил комилан ба истисморгарон вобаста буда, дар шароити душвор хам бошад, кор мекунанд. Дар аксари холат курбонии савдои кудакон дар мухити барояшон бегона, кишвари бегона ва ё шахри бегона, дар ихотаи одамоне хастанд, ки ба онхо зулм мекунанд ва хушунат мерасонанд. Аз ин ру, ин курбонихо ба осонй ба дигарон эътимод баста намета-вонанд. Онхо аз макомотхои хифзи хукук мехаросанд, тарс аз чинояткор дар магзи баданашон хуфтааст, зарбу лат ва хушу-нат мебинанд, зери фишори равонй ва тахдид умр ба сар мебаранд. Асабоният, нобоварй, ноумедй ёри хамешагияшон дар гуломист. Тибки ахбори Созмони байналмилалии мехнат, аксарияти ноболигони хонакорро духтарон ташкил медиханд [3].
3. Истисмори шахвонй. Ин беандоза истифода бурдани чабрдида ба сифати объекти конеъ гардонидани талаботхои шахвонй мебошад, ки чабрдида бо сабабхои аз у вобастанабуда аз ба чо овардани чунин хизматрасонихо саркашй карда наметавонад. Дар ин холат кудакони курбонии савдои одамон шуда,
бахусус духтаронро хамчун фохиша дар фохишахонахо, массажхонахо, дар кучаву клубхо ва филмхои порнографй истифода мебаранд. Мутобики ахбори Созмони байналмилалии мехнат, дар соли 2000 1,8 миллион кудак дар сохаи тичорати чинсй (шахвонй) дар шароити вазнин мавриди истисмори шахвонй, тачовуз ва дигар харакатхои хусусияти шахвонй аз чониби чиноткорони савдои кудакон, мизочон, занчалобхо ва даллахо карор гирифтаанд
[4].
Солхои охир холатхои савдои кудакон бо максади истифодаи онхо дар тичорати порнографй васеъ пахн гаштааст, ки дастовардхои онхо дар кишвархои пешрафта (Нидерланд, Белгия, Австрия, Олмон, Швейтсария, ИМА, Италия, Исроил, Юнон, Туркия) муваффакияти назаррас доранд. Аксар вакт холатхо ва сахнахои хусусияти чинсй ва зуроварй бо кудакони 3-5 сола ва баъзан бо навзодон ба назар мерасанд, дар холе ки кудакон аз кишвархои дорои сатхи пасти рушди ичтимоию иктисодй (Чин, Тайланд, Россия, Украина, кишвархои Балтика, Осиёи Миёна ва гайра) ба объектхои озори чинсй мубаддал мешаванд.
Кудакон инчунин хамчун ашёи зинда барои танфурушй истифода мешаванд. Таъминкунандагони кудакон барои ин тичорат кишвархои Осиё ва Африко мебошанд, дар холе ки истеъмолкунандагон монанди Аврупо, ИМА, Зеландияи Нав ва Аморати Муттахидаи Араб мебошанд. Россия хам таъминкунандаи кудакон дар ин бозор ва хам истеъмолкунандаи хидматхои онхост. Тибки омори мавчуда дар Осиёи Чанубу Шаркй ба танфурушии такрибан 1 миллион, дар Диндустон аз 1,5 то 2 миллион, дар ИМА такрибан 100.000 ва дар Амрикои лотинй 500.000 кудакон машгуланд. Туризми чинсй низ рушд мекунад, зеро махз хамин кишвархои провайдер ба амалхои гайриконунй рох медиханд ва бечазо мераванд.
4. Цалбкунй ба сохторуои мусалла Дар баъзе сарчашмахо оварда шудааст, ки кудакон дар беш аз 30 даргирихои низомии солхои охир такрибан дар хама
минтакадои чадон дамчун сарбоз истифода шудаанд [5]. Баъзе аз кудакон худашон бинобар камбагалй ва ё муносибати бади аъзои оила нисбати ондо ба гуруддои мусаллах шомил мешаванд, баъзе дигар ба таври ичборй ё рабуда ба сафи ин гуруддо чалб мешаванд. Хднгоми задухурддои мусалладона кудаконро бо максаддои гуногун, аз чумла ба дайси хабарчй, мудофиз (дарбон), ошпаз, анчоми хизматрасонидои шадвонй дамчун "зан" ё дамчун чанговар (сарбоз) дар амалиётдои гуногуни дарбй истифода мебаранд. Махсусан, ба ин категориядои кудакон ондое, ки аз оиладои камбизоатанд ё тандо зиндагй мекунанд, ондое, ки аз мадалли зисти худ дуранд ё дар минтакадои мунокишадои дарбй зиндагй мекунанд, имконияти гирифтани тадсилотро надоранд, ё падару модари худро аз даст додаанд, осебпазир мебошанд.
Сарбозони кудак аксар вакт кушта ё захмй мешаванд, начотёфтагон аксар вакт ба осеби чисмонй ва равонии гуногун гирифтор мешаванд. Шахсияти ондо аксар вакт ба таври доимй осеб мебинад. Аскарбачадои бозгаштаро аксар вакт ба хонадояшон хуш кабул намекунанд. Ин падида аз он сабаб падн шудааст, ки музди меднати кудакон нисбат ба хизматчиёни дарбии оддй камтар аст; истифода ва идораи ондо дар амалиёти чангй осонтар аст; ондо ба фармондедони болиги худ таддид намекунанд; сарбозони кудак метавонанд барои душман вазъияти интихоби ахлокй ба вучуд оранд; кудакон ба осонй дар кордои дигари гайриконунй, аз кабили кочоки маводи нашъадор, ё дамчун гуломи чинсй истифода мешаванд; ондо метавонанд норасоии сарбозони калонсолро чуброн кунанд (алахусус дар мунокишадои тулонии мусалладона).
5. Издивоц. Яъне курбонии савдои кудакро мачбуран бо нафари дигар оиладор мекунанд. Дар матбуот доир ба ин долат сабабдои зиёд оварда мешаванд. Хусусан дар оиладои камбагал, аксар вакт духтар дамчун як бори гарон буда, издивочи у бо шахси калонсол дамчун
роди зинда мондани дигар аъзои оила дисобида мешавад. Тибки тадлили мутахассисон, сол то сол дар байни марддои солхурда талабот ба духтардои ноболиги бокира афзоиш меёбад, бахусус дар минтакадое, ки мардум аз гирифтор шудан ба бемории ВИЧ СПИД метарсанд ва хатари сироятёбй вокеан дар он чо зиёд мебошанд. Масалан, дар ахбори Созмони байналмилалии меднат оварда шудааст, ки дар кишвардои Африкои марказй ва гарбй баъзан хешовандон духтаронро ба издивочи бармадал ташвик мекунанд ва иштибодан чунин медисобанд, ки ин ондоро аз сироятёбй ба бемории ВИЧ СПИД димоят мекунад [6].
6. Фарзандхонди гайрицонуни. Афзоиши талабот ба фарзандхонй ба густариши чинояти савдои кудакони навзод ва ё хурдсол мусоидат мекунад. Ин одатан бо максаддои тичоратй амалй карда мешавад, ки бо санади махсуси дукукии кабули кудаки ноболиг ба оила дамчун писар (духтар) барои истифодаи навбатии худ дангоми гадой, кимор ва инчунин барои бастани шартномадои минбаъдаи хариду фуруш, мубодила ва дигар, ки ба интиколи вокеии моликият марбутанд. Баъзан вакт дар оинаи нилгул, хусусан долати имрузаи Чумдурии Исломии Афгонистонро нишон медиданд, ки модарон бинобар мушкилоти зиндагй фарзандони хурдсоли худро мефурушанд, дар дигар мавриддо аз чониби чинояткорон кудаки навзод рабуда шуда, ба модарон мегуянд, ки кудак мурда таваллуд шудааст.
Инчунин, вактдои охир дар ВАО дар бораи долатдои фарзандхонй аз чониби хоричиён, хусусан фарзандони рус, барои истифодаи ондо ба манфиатдои тичоратй маълумоти бештар ба даст меоянд, зеро дар Федератсияи Россия тартиби соддакардашудаи фарзандхонй мавчуд аст.
7. Иштирок дар мусобицауои варзиши. Кудакон, бахусус писарбачадо бо максади дамчун савора ширкат кардан дар пойгаи шутур курбонии савдои кудакон мегарданд. Ин намуди варзиш фоидаи калони пулй меорад ва махсусан истифодаи кудакон аз сабаби
сабуквазнии онх,о муфид мебошад. Варзиши пойгохи шутур бенихоят хатарнок буда, истифодаи кудакон хамчун савора метавонад боиси чарохати вазнин ё хатто марг гардад. Дар сурати маглуб шудан, сохибон савора-бачахоро чазохои сангин, аз чумла мавриди озори равонй ва чисмонй карор дода, аз музди мехнат ва хатто гизо махрум мекунанд.
8. Гадой. Долатхое мешавад, ки курбонии савдои кудакро ичборан дар худуди дигар давлат ба талбандагй ё савдои куча чалб мекунанд. Баъзан чинояткорон дидаву дониста ба кудакон осеби чисмонй меоранд, то ба холати онхо рахми дигарон омада, бештар маблаг диханд.
9. Гирифтани узвуо ё бофтахои бадан. Бинобар рушди сохаи тиб мумкин аст, ки аз як нафар узвхо ё бофтахои баданро гирифта, ба дигар шахс аз нав гузаронида шаванд, ки инро трансплантатсия меноманд. Аз ин хотир, аксар вакт оилахои сарватманд барои зинда мондани аъзои оилаи худ узвхо ё бофтахои нафари солимро харидорй мекунанд. Барои ин, узвхо ё бофтахои кудакон осон мебошад. Коршиносони СММ кайд мекунанд, ки вактхои охир ба онхо дар бораи тичорати гайриконунии узвхо ва бофтахои кудакон гузоришхои дахшатбор расидаанд. Узвхо ва бофтахои инсон бо сабабхои гуногун хариду фуруш карда мешаванд [7]. Масалан, онхо метавонанд барои тахкикоти генетикй, маросимхои динй ё чодугарй истифода шаванд, аммо онхо асосан бо максади трансплантатсия фурухта мешаванд.
Даминро илова бояд кард, ки чунин як падидаи иртичой осудагии чомеаи Точикистонро низ халалдор намудааст. Чунончи, Департаменти давлатии ИМА дар гузориши солонаи худ (соли 2009) Точикистонро ба «руйхати назорати дарачаи 2-юм» оид ба савдои одамон шомил намудааст. Чунин гузориш гувохй аз он медихад, ки дар Точикистон чабрдидагони савдои одамон зиёданд. Мутобики ин гузориш Точикистон давлате мебошад, ки дар он занонро гайриконунй бо максади фохишагарй ба АМА, Россия, Туркия, Эрон, Диндустон
интикол медиханд. Мардон бо максади мехнати мачбурй ба сохтмон, хочагии кишлок ба Россия ва Казокистон оварда мешаванд. Писарон ва духтарон дар дохили чумхурй низ объекти бо максадхо ва шаклхои гуногун мавриди хариду фуруш карор гирифтаанд: мехнати мачбурй, гадой, фохишагарй ва гайра [8].
Боз дар дигар гузориши соли 2016 оварда шудааст, ки занхо ва духтарони точик ба Афгонистон бо хадафи ба издивочи мачбурй додан кочок дода мешаванд, ки метавонад боиси хариду фуруш бо хадафи фахши ичборй ё асорати карзй гардад. Кудакони точик мавриди хариду фуруш бо хадафи истисмори шахвонй ва мехнати ичборй, аз чумла мавриди талбандагии ичборй дар дохили Точикистон ва Афгонистон карор мегиранд. Кудакон ва калонсолони точик метавонанд мавриди мехнати ичборй дар сохаи кишоварзии Точикистон - асосан дар маъракаи пахтачинй карор гиранд. Дар Точикистон шахрвандони Афгонистон ва Бангладеш ба мехнати ичборй осебпазиранд.
Дамин тарик, савдои кудакон, онхоро аз хукуки хушбахтонаи кудакй ва зиндагии пурмахсул, чолиб ва арзанда махрум месозад. Курбониёни савдои кудакон доимо дар холати тарс карор дошта, дар хама мархилахои савдои кудакон мавриди лату куб, тахкир, зуроварй ва гайра карор мегиранд.
Дамаи ин холатхои боло аз он шаходат медиханд, ки дар чахони муосир савдои кудакон ба фаъолияти босуръат рушдёбанда ва фоидаовар табдил ёфтааст, ки тахти назорати чомеахои трансмиллии чиноятй карор дорад. Имруз дар баробари шиддат гирифтани равандхои чахонишавй, чун замони афзоиши хатархои гуногуни умуми-башарй, аз чумла гардиши гайриконунии маводи мухаддир, савдои одамон, хусусан кудакон ва як катор дигар чараёнхои халалдоркунандаи осоиштагй идома доранд. Дар ин мархила, гуруххое фаъоланд, ки тавассути шабакахои интернетй ва дигар воситахо имруз низ идеяхои чинояткоронаро бо рохи фирефтасозй дар афкори мардум чой
доданй мешаванд. Мадз, дониши баланди метавонад хатари ба доми дар гуна
сиёсй, маърифати дукукй, чадонбинии идеядои номатлуб афтоданро кодиш
васеъ ва огод будан аз раванддои чадонй, дидад. ки дар мачмуъ зиракии сиёсй мебахшад,
Адабиёти истифодашуда
1. Фарданги тафсирии забони точикй. Чилди 1 / зери тадрири С. Назарзода ва диг. -Душанбе: Бухоро, 2015. - 996 с.
2. Шарипов, Т.Ш. Муковимат ба савдои одамон: Воситаи илмй-амалй / Т.Ш. Шарипов ва диг. - Душабе, 2015. - 256 с.
3. International Labour Organization, A Future Without Child Labour, ILO, 2002.
4. International Labour Organization, International Program on the Elimination of Child Labour (IPEC), Facts on Commercial sexual exploitation of children // [Манбаи Электронй] - Речаи ворид-шавй: www.ilo.org/childlabour, February 2005 (санаи мурочиат: 22.03.2022).
5. United Nations Children's Fund, Fact Sheet: Protection and Conflict // [Манбаи Электронй] -Речаи воридшавй: www.unicef.org, February, 2005 (санаи мурочиат: 22.03.2022).
6. UNAIDS, UNFPA, UNIFEM, Women and HIV/AIDS: Confronting the Crisis, 2004.
7. Конвенсияи Созмони Милали Муттадид оид ба дукуки кудак // [Манбаи Электронй] -Речаи воридшавй: www.mmk.tj (санаи мурочиат: 22.03.2022).
8. Вазъи риояи дукуки инсон дар Точикистон: дастури методй. - Душанбе, 2009. - 135 с.
References
1. Interpretation culture of the Tajik language. Volume 1 / edited by S. Nazarzoda et al. -Dushanbe: Bukhara. 2015. - 996 p.
2. Sharipov, T.Sh. Resistance to human trafficking: a scientific-practical tool / T.Sh. Sharipov and others. - Dushabe, 2015. - 256 p.
3. International Labor Organization, A Future Without Child Labor, ILO, 2002.
4. International Labor Organization, International Program on the Elimination of Child Labor (IPEC), Facts on Commercial sexual exploitation of children // [Electronic source] - Access mode: www.ilo.org/childlabour, February 2005 (access date: 22.03 .2022).
5. United Nations Children's Fund, Fact Sheet: Protection and Conflict // [Electronic source] -Access mode: www.unicef.org, February, 2005 (access date: 22.03.2022).
6. UNAIDS, UNFPA, UNIFEM, Women and HIV/AIDS: Confronting the Crisis, 2004.
7. United Nations Convention on the Rights of the Child // [Electronic Source] - Access mode: www.mmk.tj (access date: 22.03.2022).
8. The state of human rights compliance in Tajikistan: a methodological guide. - Dushanbe, 2009. -
135 p.