ЮРИДИЧЕСКИЕ НАУКИ
ИСТИФОДАИ ПАДИДАИ ЛИЗИНГ (ИЧ.ОРАИ МОЛИЯВЙ) ДАР СОХАИ
КИШОВАРЗЙ
МИРЗОЗОДА ПАРВОН ЗАЙНАЛОБИДДИН
доктори илмхои хукукшиносй, дотсент декани факултети хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон, Душанбе, Чумхурии Точикистон
ХАКИМОВ ЯКУБ БАХТИЁРИДДИНОВИЧ,
докторант Phd-и кафедраи хукуки сохибкорй ва тичорати факултети хукукшиносии
Донишгохи миллии Точикистон, Чумхурии Точикистон
Аннотатсия. Дар мацолаи мазкур танзими ууцуции муносибат%ои лизинг (ицораи молиявй) дар со%аи кишоварзй мавриди та%лил царор дода шудааст. Муаллифон бо истифода аз адбиёт%ои %уцуцй ва цонунгузории амалкунандаи кишвар мавзуи мазкурро мавриди та^лили пурра царор дода, а%амияти падидаи лизингро дар со%аи кишоварзй муайян намудаанд. Воцеан %ам имруз нацши шартнома%ои лизингй ва ба воситаи он анцом додани амалиёт%ои лизингй дар со%аи кишоварзй назаррас буда, дар Цум^урии Тоцикистон ва аксар давлатуои пасошуравй амалиёт%ои лизингй ма%з дар ин со%а анцом дода мешавад.
Калидвожахр: лизинг, цонунгузорй, лизинги молиявй, кишоварзй, танзими давлатй, танзими %уцуцй, кишвар%ои хорицй, муносибат%ои %уцуцй, ицтисодиёт, техникаи кишоварзй.
Сохаи аграрй сохаи мухими иктисодиёти Точикистон буда, такмили конунгузории он дар асоси фарохам овардани шароити хуб барои инкишофи иктисодиёти бозаргонй дар ин соха амалй гардонида мешавад.
Истехсолоти кишоварзй зери таъсири рушди дастовардхои илмй-техникй боиси пайдо шудани равияхои нави муносибатхои иктисодй гардид, ки зарурати дидани чорахои гайримаъмулиро такозо мекунад. Бо усулхои маъмулй такрористехсолкунии фондхои асосиро таъмин намудан номумкин гардид, зеро воситахои молиявии корхонахо барои дар як вакт иваз намудани фондхо имкон намедиханд.
Гузаштан ба иктисодиёти бозорй дар назди истехсолкунандагони махсулотхои саноатй як катор масъалахои мухим, аз он чумла дар шароити ракобати баланд, паст шудани бозори фуруш, паст шудани нархи махсулотхо бо сабаби коста гаштани кобилияти харидории молистифодабарандагон ва кам шудани захирахои молиявиро гузошт. Аз ин чо хам истехсолкунандагони техника ва хам истифодабарандагон дар чустучуи механизми нави халли масъала буданд.
Муносибатхои лизингй барои хамаи тарафхо самараноканд, зеро корхонахои саноатй метавонанд махсулоти худро ба фуруш бароранд, корхонахои кишоварзй воситахои асосиашонро такмил диханд.
Тачрибаи чахонии истифодаи лизинги молиявй самаранокии фаъолияти сохибкории корхонахоро таъмин намуд, ки истифодаи онхо дар иктисодиёти Точикистон амри зарурист. Тавассути лизинг метавон ба иктисодиёт сармоягузории дохилй ва хоричиро чалб намуд, ки такрористехсолкунии захирахои техникй-технологии бахши аграриро таъмин менамояд ва аз чихати илмй-актуалй будани мавзуи тахкикотро муайян менамояд [1, с. 64].
Сохди кишоварзй яке аз сохахои заминавии иктисодиёти чумхурй буд ва бокй мемонад. Соли 2018 хиссаи сохаи кишоварзй беш аз 21,0 фоизи мачмуи махсулоти дохилиро ташкил намуд. Дар сохаи кишоварзй дар соли 2017- ум 1466,1 хазор нафар аз 2407 хазор нафари ахолии дар иктисодиёт машгул фаъолият менамояд. Дар дехот беш аз 73,0 хиссаи ахолии
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
чумхурй сукунат дорад. Точикистон ба микдори 14137,7 хаз. гектар замин дорад, аз он 3658,2 хазор гектар киштзори кишоварзй, аз он чумла 657,3 хаз. гектар мазраъ мебошад [2, с. 18-19].
Дар Чумхурии Точикистон лизинг хамчун навъи ичора мукаррар карда шудааст. ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи ичора дар Чумхурии Точикистон" аз 6 декабри соли 1990 кабул карда шуд [3]. Харчанд лизинг хамчун як навъи ичора эътироф шуда бошад хам, аммо дар ^онуни мазкур ягон мукаррарот оиди падидаи лизинг ё ичораи молиявй ба назар намерасад.
Падидаи лизинг бори аввал дар тахрири Кодекси граждании Чумхурии Точикистон аз 11 декабри соли 1999 дар боби 33, §7 бо номи ичораи молиявй (лизинг) ба вучуд омад [4].
Кодекси граждании Чумхурии Точикистон бинобар сабаби он, ки шартномахои хукуки гражданиро ба танзим медарорад, аз ин лихоз ба таври умумй мавзуи шартномаи лизингро ба танзим медарорад. Дар масъалаи шартномаи лизинг дар Чумхурии Точикистон 22 апрели соли 2003 конуни махсуси сохавй ^онуни Чумхуриии Точикистон "Дар бораи ичораи молиявй (лизинг)" кабул гардид [5].
Рушд ва инкишофи лизинг дар амал дар Чумхурии Точикистон баъди таъсисёбии Корхонаи вохиди давлатии чумхуриявии "Точикагролизинг" ба назар мерасад. Корхонаи мазкур хамчун ташкилоти тичоратй максадаш ба даст овардани фоида буда, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 ноябри соли 2007 таъсис дода шудааст. Фаъолияти корхона тибки Оинномаи Корхонаи вохиди давлатии чумхуриявии "Точикагролизинг" амалй карда мешавад, ки Оинномаи он бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 5 марти соли 2008 тасдик карда шудааст.
Корхона шахси хукукй буда, фаъолияти хочагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустакил, суратхисобхои бонкй, мухр бо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи фирмавии Корхона, бланкаи кории худ, штамп ва нишонаи фирмавй мебошад. Корхона бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон метавонад дорои корхонахои фаръй бошад, дар минтакахои чумхурй филиалхои худро таъсис дихад ва намояндагихо кушояд. Корхона хукуки истифодабарии карзхои бонкиро дорад. Корхона хукук дорад бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузорй аз амали макомоти давлатй, аз чумла амалхои макоми ваколатдор, ки ба фаъолияти асосии он вобастагй дорад, ба суд даъво кунад.
Маълум аст, ки солхои охир таъминоти лизингй бо тачхизот босуръат меафзояд. Хамин тавр, дар давраи солхои 2008-2018 шумораи тракторхое, ки бо лизинг дода мешаванд, ду баробар ва шумораи мошинхои даравкунанда - 1,9 маротиба афзудааст. Афзоиши суръати расонидани мошинхо ва тачхизот барои лизинг дар сохаи кишоварзй дар пасманзари эхтиёчоти фаврии онхо ба истехсолкунандагони махсулоти кишоварзй сурат мегирад. Мусаллам аст, ки системаи мавчудаи муносибатхои агролизинг камбудихо дорад, ки дар байни онхо истифодаи нокифояи самарабахши тадбирхои дастгирии давлатй мавчуданд. Ракобати сусти бозор дар сохаи кишоварзй масъалаи мубрами рушди лизинг мебошад, зеро он бо ширкати Точикагролизинг алокаманд аст, ки беш аз 80% бозори хизматрасонии лизингиро дар иктисоди миллй ишгол мекунад [6, с. 5-6]. Муаллиф кайд менамояд, ки дар Чумхурии Точикистон ракобати лизингй кам ба назар мерасад, зеро 80%-и муносибатхои лизингй дар бозори Чумхурии Точикистон аз чониби Корхонаи вохиди давлатии чумхуриявии "Точикагролизинг" амалй карда мешавад [7, с. 148-156].
Ба КВДЧ "Точикагролизинг" дар семохаи соли 2021 аз хисоби гузаронидани амалиётхои ичораи молиявй (лизингй) 8311140 сомонй, подоштхои лизингй 795100 сомонй, Марказхои хизматрасонии техникй 130500 сомонй, мачмуан ба маблаги 9236740 сомонй ворид гардидааст, ки нисбат ба хамин давраи соли 2020 255950 сомонй зиёд аст.
Яке аз хадафхои мухими сиёсии КВДЧ "Точикагролизинг" таъмин намудани кишоварзони мамлакат бо техникаи муосир мебошад.
Корхона дархости кишоварзонро кабул намуда, бо тарики ичораи молиявй (лизингй) хама намуди техникаи кишоварзиро аз дигар давлатхо харидорй намуда дастраси
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
кишоварзони ватани менамояд, ки ин кори онхоро чанд маротиб осон менамояд. Дар шароити феълй дар 60 шахру нохияхои чумхурй Марказхои хизматрасонии техникй самаранок фаъолият намуда, бо техникаю мошинолоти зарурй мукаммалу муччаххаз гардонида шудаанд.
^ихати рушди Марказхои хизматрасонии техникии шахру нохияхои чумхурй аз хисоби фаъолияти хочагидорй сохтмони бинохои идорй ва пойгоххои таъмириро дар 12 шахру нохияхои вилоятхои Хатлон, Сугд, НТЧ ва ВМКБ бунёд намуда, сеххои онхо бо дастгоххои харротию челонгарй, таъмири насосхои сузишворй, охангарй ва гайрахо муччаххаз гардонида, дар базаи Марказхои хизматрасонии техникии нохияхои Дангара, Деваштич ва шахри Истаравшан сохтмонхо идома доранд. Соли чорй сохтмони пойгохи таъмирй дар нохияи Рашт ба накша гирифта шудааст.
Дар семохаи соли 2021 Корхона аз хисоби маблагх,ои хочагидорй ва бучетй 38 адад тракторхои гуногунтамга ва 194 адад тачхизотхои кишоварзиро ба маблаги 14 221 220 сомонй харидорй намуда, ба тарики ичораи молиявй ба хочагихои дехконй ва Маркази хизматрасонии техникии шахру нохияхои чумхурй чудо намудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3 398 850 сомонй зиёд мебошад. Аз чумла аз хисоби маблагхои бучетй 14 адад тракторхои тамгахои МТЗ82.1, МТЗ 80 Х ва 75 мошинолоти гуногун ба маблаги 5 000 000 сомонй харидорй ва ба чумхурй ворид намудааст.
Рохбарияти Корхона дар асоси дастуру супоришхои Пешвои миллат оид ба дастгирии корхонахои ватанй корхои самаранокро анчом дода, бо онхо хамкории зич намуда истодааст. Бо КВД "Коргохи мошинсозй", КВД"Авторем", ЧСК "Сомон-Кулоб тачхизот" ва ЧСШП "Новселмаш", ЧСШП "Агротехсервис" оид ба харидории тачхизоти ватанй-ядакхои тракторй, картошкашинонак, испорхо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкубак шартномаи хамкорй баста, мошинолотхои зикргардидаро тибки талабот дастрас намуда истодааст [8].
Бо максади ба танзим даровардани муносибатхои лизингй дар сохаи кишоварзй дар чумхурй як катор санадхои меъёрии хукукй ва хуччатхои стратегй кабул гардидаанд.
Барномаи фарохам овардани шароити мусоид барои чорй намудани тачрибаи муносиби кишоварзй дар истехсоли махсулоти кишоварзй (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.) яке аз чунин хуччатхои стратегй махсуб меёбад.
Барнома ба фарохам овардани заминаи конунгузорй, молиявй ва техникй барои чорй намудани тачрибаи муносиби кишоварзй дар идоракунй ва истехсоли махсулоти кишоварзй чихати мутобик намудани он ба талаботи байналмилалии бехатарии махсулоти хуроквории дар Стандарти байналмилалии Global G.A.P. пешбинигардида равона карда шудааст [9].
Х,амзамон Барномаи ислохоти кишоварзии Чумхурии Точикистон барои солхои 20122022 кабул гардидааст [10], ки он чихати муайян кардани самтхои стратегй ва усулхои таъмини сохаи кишоварзии сердаромад ва тамоили содиротидошта пешбинй шудааст, ки ин аз вазифахои умумии баланд бардоштани дарачаи некуахволии мардуми дехоти чумхурй барои ноил гаштан ба амнияти озукавории давлат ва тахкими мавкеи он дар таксимоти минтакавии мехнат бармеояд.
Рушди сохаи кишоварзй натанхо аз мавчудияти дастгоху тачхизоти махсус ва воситахои техникй, балки таъмини сохтмонхои истехсолй барои таъмину нигохдории чорво низ вобастагии зиёд дорад.
Сарфи назар аз он, ки бухрони иктисодй ба таври назаррас суръати модерникунонй ва сохтмонро суст кард, бо вучуди ин, кайхо иктидорхои истехсолй имконият медиханд истехсолкунандахои соха хачм ва сифати махсулоти истехсолшавандаро баланд бардоранд.
Рушди соха аз унсурхои заминаи моддй-техникй объектхои зерсохторхои мухандисй низ вобастагии калон дорад. Ба таркиби ин гуна объектхо шабакахои берунаю дохилй: кубурхои обгузар, канализатсия, таъминоти гармирасонй, таъминоти газ, таъминоти барк, алока, радио, телевизион, сигнализатсия, амнияти сухтор, наклиёт, канализатсияи селгузар ва дастгоху тачхизоти ба онхо алокаманд ва дигар объектхои зерсохторхои мухандисй дохил мешаванд.
Зерсохтори мухандисй умуман шароити заруриро талаб менамояд ва ба нишондихандахои иктисодии корхонахои кишоварзй таъсири зерин доранд:
Якум, мавчудияти шабакахои мухандисй ба бехтар шудани сатхи зиндагии одамон ва самаранокии истехсолот таъсир мекунад, зеро одами солим бехтар фаъолият менамояд.
Дувум, мавчудияти онхо ба бехтаршавии сатхи зиндагии одамон оварда, чалби мутахассисонро ба соха зиёд мекунад, кучиши ахолиро аз дехот ба шахр боз медорад ва сокинони навро хавасманд мегардонад. Дар натича мачмуи истехсол ва махсулнокй аз хисоби чалб намудани кадрхои баландихтисос меафзояд.
Савум, гузаронидани шабакахои мухандисй ба бехтаршавии технологияи истехсолот сабаб шуда, махсулнокиро зиёд менамояд ва ба зиёдшавии микдори махсулот мусоидат менамояд.
Чахорум, бехтаршавии зерсохторхои мухандисй ба минтака инвеститсияи иловагиро чалб менамояд, ба рушди тичорати вучуддошта таъсири мусбй расонд дар натича ба афзоиши истехсоли махсулоти корхонахои кишоварзй мусоидат мекунад.
Панчум, бехтаршавии зерсохторхо барои минтака натанхо тичорати истехсолй, балки сохторхои бо он алокамандро чалб намуда, ба рушди умумии ичтимой-иктисодии дехот оварда мерасонад [1, с. 76-77].
Ичораи молиявй (лизинг) - мачмуи муносибатхои иктисодй ва хукукие мебошад, ки вобаста ба ичрои шартномаи ичораи молиявй, аз чумла хариди предмети ичораи молиявй, ба вучуд меоянд. Муносибати байни ичорадех ва ичорагирро шартномаи ичораи молиявй -шартномае мебошад, ки дар асоси он ичорадех ухдадор мешавад, ки амволи нишондодаи ичорагирро аз фурушандае, ки хамин ичорагир муайян кардааст, хамчун моликият харидорй намуда, онро барои сохибй ва истифодабарии муваккатии пулакй бо максадхои сохибкорй ба ичорагир пешниход намояд ва ба низом дарорад [11, с. 4-14].
Лизингй аграрй, хамчун намуди фаъолияти инвеститсионй сохибкорй - ин лизинги воситахои асосии мачмааи агросаноатй мебошад, ки бо харидории воситахои асосй ва тахвили онхо аз руи карордод ба истифодабарй ба шахси вокей ё хукукй бо пардохти муайян алокаманд аст. Х,адафи лизингй аграрй гирифтани даромад бо хукуки минбаъд харидани онхо бо назардошти фарсудашавии воситахои тахвилшаванда, бо иштироки таъминкунанда, лизингдиханда, лизинггиранда ва дигар субъектхо мебошад.
Рушди низоми лизинги аграрй мусоидат мекунад ба:
- васеъ намудан фуруши техникаву дастгох ва тачхизоти кишоварзй;
- баланд бардоштани талабот ба техникаи кишоварзй натанхо аз тарафи ташкилотхои корпоративй, ташкилотхои аграрии тичоратй ва хочагихои дехконй (фермерй), балки хочагихои ёрирасони шахсй, хочагихои ёрирасони корхонахои саноатй;
- хамохангсозии окилонаи манфиатхои истехсолкунандахои тачхизоти кишоварзй, истифодабарандахо ва лизингдихандахо.
Тартиби гузаронидани амалиётхои ичораи молиявй (лизинг) ва механизми баргардондани маблагхои пулй ба КВДЧ, "Точикагролизинг" бо фармоиши Корхонаи вохиди давлатии Чумхуриявии "Точикагролизинг" аз 12 майи соли 2008, №05 тасдик шудааст [12], ки он санади дохилидоравии корхонаи мазкур махсуб ёфта муносибатхоро дар ин самт ба танзим медарорад.
Дар мачмуъ тахлили мавзуи мазкур собит намуд, ки имрузхо накши шартномаи ичораи молиявй (лизинг) дар танзими муносибатхои сохаи кишоварзй назаррас буда, боиси рушд ва инкишофи сохаи мазкур гардида истодааст.
Аз тахлили анчомдодашуда чунин хулосабарорй намудан мумкин мебошад:
1) Омузиши тачрибаи хоричй ва ватанй нишон медихад, ки аксар амалиётхои лизингй дар Чумхурии Точикистон ва давлатхои пасошуравй танхо дар сохаи кишоварзй рушд кардааст. Дар кишвархои Аврупо ва ИМА дигар навъхои амалиёти лизингй анчом дода мешавад, яъне лизинг дар сохаи кишоварзй яке аз механизми мухими рушди ин соха баромад намуда истодааст.
2) Дар Чумхурии Точикистон накши марказиро дар ин самт Корхонаи вохиди давлатии чумхуриявии "Точикагролизинг" ташкил медихад, зеро тахлили адабиётхои илмй нишон медихад, ки 80 фоизи хизматрасонии лизингй дар кишвар ба корхонаи мазкур рост меояд.
3) Рушди низоми лизинги кишоварзй ба фуруши техникаву тачхизоти кишоварзй, баланд бардоштани механизми сармоягузорй дар ин самт, мубодилаи озоди тачхизоти лизингй байни лизингдех ва лизинггир замина гузошта метавонад.
4) Бо максади расидан ба хадафхои дарназардошта бахри рушди муносибатхои лизингй дар сохаи кишоварзй моро зарур аст, бо истифода аз тачрибаи давлатхои хоричй бо кабули хуччатхои стратегй мархила ба мархила анчом додани он ба максад мувофик мебошад.
АДАБИЁТ:
1. Раззокова Г.Х,. Самаранокии лизинги молиявй дар кишоварзии Точикистон: дисс. ... номзади илмхои иктисодй. - Душанбе. 2019. - 194 с.
2. Кишоварзии Чумхурии Точикистон // Агентии омори назди Президенти Лумаурии Точикистон. - С.88.
3. ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи ичора дар Чумхурии Точикистон" аз 6 декабри соли 1990 [Нусхаи электронй] // Адлия: Махзани муттамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон. Нусхаи 7.0/ М-адлияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. 1 электронй.
4. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми 2) аз 11 декабри соли 1999 [Нусхаи электронй] // Адлия: Махзани муттамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон. Нусхаи 7.0/ М-адлияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. 1 электронй.
5. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичораи молиявй (лизинг)» аз 22 апрели соли 2003 [Нусхаи электронй] // Адлия: Махзани муттамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон. Нусхаи 7.0/ М-адлияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. 1 электронй.
6. Зиёев З.М. Финансово-экономические аспекты развития лизинговых отношений в сельском хозяйстве (на примере Республики Таджикистан): дис. ... канд. экон. наук. -Душанбе, 2020. - С. 215
7. Сохибзода М.М., Х,акимов Я.Б. Мафхум ва хусусиятхои ичораи молиявй (лизинг) дар Чумхурии Точикистон // Идоракунии давлатй. - 2021. - №1(50). - С. 148-156.
8. [Нусхаи электронй]. https://moa.tj/tj/news/news/kvd-to-ikagrolizing (санаи мурочиат: 04 марти соли 2022)
9. Барномаи фарохам овардани шароити мусоид барои чорй намудани тачрибаи муносиби кишоварзй дар истехсоли махсулоти кишоварзй (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.) аз 28 октябри соли 2020 [Нусхаи электронй] // Адлия: Махзани муттамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон. Нусхаи 7.0/ М-адлияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. 1 электронй.
10. Барномаи ислохоти кишоварзии Чумхурии Точикистон барои солхои 2012-2022 аз 01 августи соли 2012 [Нусхаи электронй] // Адлия: Махзани муттамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон. Нусхаи 7.0/ М-адлияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. 1 электронй.
11. Сохибзода М.М., Хакимов Я.Б. О понятии финансовой аренды и лизинга // XVIII International correspondence scientific specialized conference «International scientific review of the problems of Law, Sociology and Political science». (Boston. USA. January 26-27, 2021), - С. 4-14
12. Тартиби гузаронидани амалиётхои ичораи молиявй (лизинг) ва механизми баргардондани маблагхои пулй ба КВДЧ "Точикагролизинг" бо фармоиши Корхонаи вохиди давлатии Чумхуриявии "Точикагролизинг" аз 12 майи соли 2008, №05 тасдик шудааст. - Душанбе, 2008.