PATRIARCH OF TAJIK THEATER STUDIES AND THEATER CRITICISM (dedicated to the 100 th anniversary of the birth of N. H. Nurjanov)
The article is devoted to the prominent scientist Nizam Nurjanov, the first Tajik ethnographer, art historian, theater expert, and theater critic, who made a significant contribution to the formation and development of art history science in Tajikistan. Fully understanding the nature of theatrical art, Nur-janov was the critic whose monographs, articles, and reviews chronicled the history of the Tajik theater. As the first professional Tajik critic, he made a significant contribution to the history of theatrical art in Tajikistan. The work of N.H. Nurjanov, on the one hand, requires a separate study in the context of theatrical critical thought in Tajikistan, and on the other hand, his critical articles are an invaluable source for studying the history of the Tajik theater from the 20th to the early 21st centuries.
Key words: history, theater, theatrical art, theater critic, history of the Tajik theater, art history.
Маълумот дар бораи муаллиф: Кобилова Бахринисо Туйчиевна - доктори илмхои таърих, сарходими шуъбаи таърихи санъати Института таърих, бостоншиносй ва мардумшино-сии ба номи. А. Дониши АМИТ. Сурога: 734025, Душанбе, хиёбони Рудакй, 33. E-mail: bahri60@mail.ru
Information about the author: Kabilova Bakhriniso Tuychievna - Doctor of Historical Sciences, Chief Researcher of the Department of Art History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after. A. Donish NANT. Address: 734025 Dushanbe, Rudaki Ave., 33. E-mail: bahri60@mail.ru
♦-♦
УДК 737.1(575.3)
ТА^КИКИ СИККАЗАНЙ ВА МУОМИЛОТИ ПУЛИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДАР ИТТЩОДИ ШУРАВЙ1
ШАРИФЗОДА А. К., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Бо галабаи индилоби Октябри соли 1917, таъсисёбии Иттиходи Шуравй ва дар хайати он ташкилшавии чумхурихои шуравй чамъоварй, тахдид ва муаррифии сик-кахои сомонй, ки дар асрхои пешин вучуд дошт, идома ёфта, комил гашт. Х,арчанд дар давраи аввали таъсисёбии давлати Шуравй бинобар эхтиёчоти зиёди идтисодй теъдоди зиёди сиккахои сомонии аз Россия ба даст омада гудохта шуда, аз филизи онхо пули Шуравй зарб мешуд, дар умум сиёсати давлати Шуравй барои хифзу тахдид ва муаррифии мероси таърихй созгор буд.
Анъанаи пешдадами сомонишиносии Россияи подшохй дар замони Шуравй идома ёфт. В. В. Бартолд (1865- 1930), Р. Р. Фасмер (1888 -1938), М. Е. Массон (18971986), А. А. Биков (1896 -1977) ва чанде дигарон халдаи пайванди ин ду давраи таърихй дар тахдиди сикказанй ва муомилоти пулй дар давлати Сомониён мебо-шанд. Яке аз мухимтарин кашфиёти бостоншиносии марбут ба сикказании Сомониён дар Мовароуннахр - кашфи мехкадаи Сомониён дар харобахои шахри Са-марданди асрхои VIII-XIII, ки бо номи Афросиёб машхур аст, ба хисоб меравад. Зеро
1 Макола дар асоси лоихаи «Таърихи илм ва техникаи халки точик аз давраи кадим то замони хозира», раками кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.
то ин вацт бино ё цолаби сиккарезии ягон мехкадаи Сомониён кашф нашуда буд. Боцимондаи мехкадаи мазкурро В. Л. Вяткин кашф намуда, у доир ба ин мавзуъ соли 1926 дар мацолаи «Матрица и штамп из Самарканда» иттилоъ медихад.
Аз навиштаи В. Л. Вяткин маълум мешавад, ки хангоми ковишхои бостонши-носй дар яке аз мавзеъхои ба гуристони эрониён хамчавори Афросиёб сиккахои ми-сии мугулии як тарафашон зарбнашуда, сипас сиккахои мугулии зарбшуда ошкор мешаванд. Ба фикри у сиккахои зарбнашуда дар муомилоти пулй истифода намешу-данд ва аз ин В. Л. Вяткин барои чойгир будани боцимондаи мехкадае дар ин мавзеъ гумонбар шуда, ковишро давом медихад. У хангоми хаффории яке аз теппахо кунчи бинои аз хишти хом сохташударо мекушояд, ки деворхои он бо гачи тунук андовида шуда буданд. Аз партовгох ва фарши ин бино варацахои гачие кашф мешаванд, ки дар онхо нацши жарфои сиккахои катибадор намудор буданд. Аз кунчи бино мухри филизии сикказанй ёфт мешавад, ки дар он номи мехкада - Самарцанд ва соли зарб - 630 х,.ц./ 1234-35 хак шуда буд.
Сипас аз фарши ин хучра цолаби гачии сиккахои сомонй кашф мегардад. Ин кашфиёт аз мехкада-сиккахона будани бинои мазкур дарак медод. Цолаби гачй аз ду лавхаи баробари хачмашон 15.7х9 см иборат буд ва цисми дохилии онхо нацш ва катибахои 7 сиккаи сомонй ба хубй намудор буданд. В. Вяткин цолаби мазкурро тахциц намуда, катибахои онро хонда, мушаххас намуд, ки ин цолаби дирхамхои са-марцандй соли 287 хц. аз Ахмад ибни Исмоил мебошад [3, 75]. Ин яке аз мухимта-рин кашфиёти В. Л. Вяткин буд, ки дар сиккашиносй ахаммияти чахонй дорад. Чун ин кашфиёти у дар яке аз мацолахои пешин баррасй шуда буд, ин чо аз тахлили такрории он худдорй менамоем [16, 31].
Яке аз мухаццицони барчастаи таърихи Осиёи Миёна М. Е. Массон, ки дар тахцици сиккахои сомонй ва муомилоти пулии Сомониён сахми назаррас гузошта-аст, аввалин шуда дар Осиёи Миёна ба тадриси сиккашиносй шуруъ намуда, тахциц ва бацайдгирии маводи нумизматиро ба рох мемонад. Х,арчанд у асосан дар Туркма-нистон ва Узбекистон кору фаъолият намуда бошад хам, ба таърихи халци точик ва ёдгорихои Точикистон таваччухи хос дошт. Соли 1928 мацолаи М. Е. Массон тахти унвони «Монетные находки в Средней Азии в 1917-1927 г.г.» руи чопро дид [9]. Му-аллиф дар аввали мацола дар холатхои гуногун ёфт шудани сиккахоро дар Осиёи Миёна зикр намуда, таъкид менамояд, ки бо сабаби гарм будани бозори антицафу-рушй дар давраи тоинцилобй истехсоли сиккахои цалбакй низ ривоч ёфта, дар баёни ахолии шахрхои марказй чун Бухоро, Самарцанд ва Хива истилоххои алохидаи ифо-дакунандаи сиккахои даврахои гуногун ташаккул меёбад.Чунончи ба сиккахои юнонй, селевкй ва юнону бохтарй «дацёнусй», ба сиккахои сосонй «Хусрави Анушервон», ба дирхаму динорхо «арабй», ба сиккахои исломии давраи томугулй -салчуцй «санчарй», «темурй» ба сикахои замони Темурланг ва ба сикахои шайбонй «абдуллоххонй» гуфта мешуд. Тибци навиштаи М. Е. Массон дар ин бозори антица-фурушй ба сиккахои сомонй, илокхонй ва мугулй диццат дода намешуд [9, 283]. Му-аллиф илова менамояд, ки харчанд барои антицфурушон ва заргарон чои ёфти сик-кахо чандон мухим набошад хам, яке аз шарти асосии тахцицоти сиккашиносй бацайдгирии сиккахо бо аниц намудани чои кашфи онхо мебошад.
Тибци навиштаи Массон соли 1920 аз рохрави Кони Гут, ки дар водии Исфараи Фаргона чойгир аст, як фалси Нухи II ибни Наср ёфт мешавад, ки он соли 34? хц.
зарб шудааст. Массон номи зарробхонаро зикр намекунад [9, 287]. Соли 1926 дар харобахои Афросиёб хангоми кандани гур 26 дирхами сомонй кашф шуд. Ин дирхамхо соли 357 хц. дар Самарцанд бо амри Мансури I ибни Нух бароварда шуда-анд. Соли 1922 аз гури Хоча Ахмад дар силсиламацбарахои Шохи Зинда фалси зарби соли 256 хц. Насри I ибни Ахмад ёфт мешавад. Массон зарробхонаи ин сиккаро ном намебарад ва сабаби инро хам зикр намекунад.
Сиккахои бухорхудотй аз чумлаи сикахои роичи замони Сомониён мебошанд. Тибци навиштаи Массон соли 1924 аз Ош се сикка ва соли 1926 аз мавзеи Оби Машхади Самарцанд 17 сиккаи бухорхудотй кашф гардид [9, 287]. Му-хацциц дар повараци хамин сахифа цайд менамояд, ки дирхамхои сомонй дар цисми аврупоии ИЧТТТС нисбат ба Осиёи Миёна хеле зиёд ёфт мешаванд ва гайр аз коллексияи ну-мизматии Осорхонаи асосии Осиёи Миёнагй (хозира Осорхонаи давлатии таърихи Узбекистон) дар дигар осорхонахо ва коллексияхо 10 сиккаи сомонй хам ёфт наме-шавад.
Дар замони Шуравй кашфи нави ганчина ва сиккахои алохидаи сомонй ба тахцици ин мавзуъ такони чиддй медихад. Чунончи тирамохи соли 1935 хангоми бу-нёди купрук дар маркази шахри Исфара ба гуфти муйсафедони махаллй аз дохили гури 1000-сола як ганчинаи сиккахои дар матоъ печондашуда ёфт гардид. Як мицдори сиккахои ин ганчина байни сокинони Исфара тацсим шуда, бахши боцимондаи он бо ташаббуси Кумитаи хизбии шахри Исфара тавассути Базаи точикистонии Академияи илмхои СССР ба фонди Эрмитаж ворид карда шуд [1,87]. Ганчинаи мазкурро сиккашиноси машхур А. А. Биков бо як махорати баланд ва дацицкории касбй тахциц намудааст. Дар натича маълум мешавад, ки дар таркиби ин ганчина фалспорахо ва 63 фалс, аз чумла 3 фалси аббосй, 33 фалси сомонй, 1 сиккаи муайяннашуда ва 26 фалси судашуда мавчуд аст. ^адимтарин фалси ин ганчина соли 143 хц/760-61 ва фалси аз хама баъд байни солхои 289-295 хц/902-907 зарб шудааст. А. А. Биков набудани сиккахои тохириро дар таркиби ин ганчина таъкид намуда, аниц менамояд, ки фалсхои муайяншуда дар 4 мехкада - Ахсикат, Бухоро, Са-марцанд ва Шош зарб шудаанд. Аз 32 фалс 5-тоаш дар Ахсикат, яктоаш дар Бухоро, 22-тоаш дар Самарцанд, 6-тоаш дар аш-Шош бароварда шуда, номи мехкадаи ду-тоаш номуайян мемонад. Харду сиккаи номи мехкадаашон судашуда сомонй мебо-шанд [1, 96]. Фалсхои ганчинаи Исфара дар охири асри IX ва солхои аввали асри Х зарб шуда, онро дар ибтидои асри Х дар гур пинхон намуданд [1, 87]. А. А. Биков пинхон намудани ганчинаи фалсхоро дар вацти наздикшавии бурхони нуцра як зухури нодир мехисобад ва ин ганчинаро цадимтарин ганчинаи сиккахои мисии ку-фии аз Осиёи Миёна ёфтшуда ва имконияти мухимми тахцици фалсхои аввали асри Х медонад. Вай дар байни фалсхои гумшудаи ганчина набудани фалси зарби Устру-шанро зикр карда, дар баробари ин мавчуд будани фалси ин мехкадаро дар байни сиккахои муайяннашуда имконпазир мешуморад [1, 96-97]. Дар баррасии ганчина Биков чунин нуктаи мухимро иброз медорад, ки мехкадахои ин ганчина - Ахсикат, Бухоро, Самарцанд ва Шош дар масохати аз хам начандон дур чойгир мебошанд. Ба гуфти у ин далели ин аст, ки фалсхои сомонй дар минтацахои на чандон дур аз чои зарбашон хамчун воситаи муомилоти пулй истифода мешуданд ва онхо дар худуди кишваре мемонданд, ки барои он ин сиккахо бароварда шудаанд [1,97]. Ин фикри ибрознамудаи Биков барои тахцици масъалахои топографии фалсхои сомонии дур аз
^и зapбшyдaaшoн чoйгиpбyдa ^acana^ фaлcхoи coмoнии зарби мexкaдaхoи Сугду ФapFoнa дар бaъзe ocopxoнaхoи шахри Дyшaнбe ва вилoяти Хaтлoн) xeлe мухим мe-бoшaд. Сипac Битов мaнcyбияти xpoнoлoгии фaлcхoи ганчинаи Иcфapapo ба таври зepин ба дaх,coлaх,o чyдo мeнaмoяд:
Сoлхoи 140-150 хк. - 1 адад, coлхoи 251-260 хк- 1 адад, coлхoи 261 -270 хк. -
2 адад, шлхри 271 - 280 хк. - 0, coлхoи 281- 290 хк. - 13 адад, шлхри 291-295 х,.; -
3 адад ва фaлcхoи caнaaшoн мyaйяннaшyдa - 16 адад, дар мачмуъ 36 адад фaлc [1, 97-98].
Бикoв таркиби ганчинаи мaзкyppo бappacй нaмyдa, rnxop мeдopaд, ки aмиpoни нaxycтини Сoмoнй, аз чумла Иcмoили Сoмoнй хар coл ба таври мyнтaзaм фaлc нaмe-бapoвapдaнд. Фaлcхoи Ахмад ибни Иcмoил дар ва;ти навиштани ин макрлааш бapoи Бикoв нoмaълyм бyдaнд. Аз ин 4ocr, ки ба фикри y Ахмад ибни Иcмoил тaмoмaн фaлc нaмeбapoвapд ë ба микдopи xeлe кам фaлc бapoвapдa, ба фaлcхoи зарби aмиpoни жшин иктифo мeнaмyд [1, 98]. Гузашта аз ин y дар таркиби ганчинаи Иcфapa ду cиккaи зарби шли 270 х.;/883-84-и xaлифa Myътaмидpo oшкop мeнaмoяд. Ин ду откка дар мaтнaшoн дирхам нoмидa шудаанд, aммo аз тах;и;и oзмoишгoхии В. Н. ^тотов oшкop мeшaвaд, ки дар таркиби ин ду отккаи дирхам томидашуда, нукра тaмoмaн вучуд нaдopaд. Вoбacтa ба ин Битов диpхaмхoи калбакии acpи IX будани ин ду crnrapo имкoнпaзиp мeдoнaд. Ба фикри y дар Moвapoyннaхp тo coли 279 х к / 892 aмиpoни Сoмoнй тaнхo фaлc мeбapoвapдaнд. Дирхаму динop аз нoми xaлифaхoи Aббocй зарб мeшyд [1,100]. Ба ин назари Битов нaмeтaвoн poзй шуд, зepo тo coли 279 хк/ 892 дар Moвapoyннaхp аз томи aмиpoни Тoхиpй низ дирхам бapoвapдa мeшyд. Бикoв дар барраши ин дирхами миcй мacъaлaи чигунагии нигaхдopй ва ж-тифoдaи мyхpхoи cиккaзaнии xaлифaхoи Aббocй ва aмиpoни Сoмoниpo мавриди бaхc ;apop дoдa, дoиp ба ин мавзуъ набудани иттилoъpo таъкид мeнaмoяд. Аз ин то маълум мeшaвaд, ки Битов аз кашфжти В. Вяткин ва матолаи нашрнамудаи y дар шли 1926 бexaбap мoндaacт. Бикoв дар ин матола ба тexникaи зарби cиккaхo ахам-мияти чиддй дoдa, мавчуд набудани иттилoи кoфиpo дoиp ба ин мавзуъ дар capчaш-мaхoи xaттй ;айд мeнaмoяд. У дар айни хoл cиккaхopo capчaшмaи acocии тах;и;и ин мавзуъ мeхиcoбaд.
Бикoв 6o тах;и;и фaлcхoи coмoнии ганчинаи Иcфapa бaъзe caхифaхoи таьржи cиëcии Сoмoниëнpo равшан мeнaмoяд. Аз чумла, y дар таркиби ин ганчина 5 фaлcpo oшкop намуд, ки oнхo coли 284 хк/897-98 дар Axcикaт аз нoми Иcхoк ибни Ахмад, ки бapoдapи Иcмoили Сoмoнй ва дар мyбopизa бар зидди Hacpи I муттахиди y буд, зарб шудаанд. Бикoв аввалин шуда чунин ибpoз намуд, ки ФapFOнa мулки инъoмии Иcхoк ибни Ахмад мeбoшaд ва y то толи 295 х;/907 хoкими ФapFOнa мeмoнaд. Бoяд гуфт, ки ято аз фaлcхoи нoдиpи ин ганчина аз томи Мухаммад ибни Иcхoк; зарб шуда, матни ин фaлc чaндoн xyб 6o^ нaмoндa буданд. А. А. Битов ба ин фaлc ахаммияти вижа дoдa, шaxcияти амири зикршуда - Мухаммад ибни Иcхoк;po аз ocopи Табарй, Ибни Ac^, Ёкут, Hapшaxй ва Mиpxoнд чycтyчУ мeнaмoяд, aммo ба гуфти xyдaш иттилoe нaмeëбaд ва хатто Сoмoнй будани ин фaлcpo шубхаток мeшyмopaд [1,105]. У фaлcи мaзкyppo пурра тaвcиф намуда, caнaи зарби o^o зoхиpaн coли 249 х;/863-64 мexoнaд. Дар acл ин фaлc coли 299 х.; / 911-912 зарб шудааст ва хoлaти бади oн ба Бикoв имкoният нaмeдихaд, ки caнaи зарби oнpo дуруст биxoнaд [6, 18]. Мухаммад ибни Иcхoк пиcapи Иcхoк ибни Ахмад мeбoшaд, ки ФapFOнa чанд вaктe мулки
инъомии у буд ва ин хокими Сомонй монанди падараш дар сиккахояш номи амири Сомониро зикр намекард [15]. Инчунин Биков ба ин нукта ахамият медихад, ки дар фалси Шоши зарби соли 255 х.к./ 869 ду нафар - Мухаммад ва Наср ибни Ахмад амир номида шудаанд. У ин Мухаммадро писари Нух ибни Асад мехисобад [1, 107]. Дар умум ин маколаи А. А. Биков яке аз бехтарин тахкикоти сиккахои сомонй дар Ит-тих,оди Шуравй буда, бо тахкики ганчинаи Исфара навъхои нави сиккахои сомонй, мулки инъомй ва нисбатан мустакил будани Фаргона ва на дар тамоми каламрави Сомониён, балки дар минтакахои худ ё наздик дар муомилот будани фалсхои сомо-ниро ошкор менамояд.
Бахори соли 1943 профессор И. П. Петрушевский як сиккаи куфиро барои муа-йян кардан ба А. Ю. Якубовский пешниход менамояд. У ин сиккаро тахкик карда, натичаашро соли 1945 чоп намудааст. А. Ю. Яубовский дар аввал холати хуби сикка ва вазни онро зикр карда, сипас матни арабии катибахои харду тарафи сиккаро оварда, сониян тарчумаи русии онхоро пешниход намуд. Маълум мешавад, ки он фалси сомонй буда, 4, 34 грамм вазн дошта, соли 265 хк / 878-79 дар сиккахонаи аш-Шош бо амри Яъкуб ибни Ахмад зарб шудааст. У менависад, ки то чое маълум аст, дар адабиёти сиккашиносй номи Яъкуб ибни Ахмад зикр наёфтааст. Аммо ин номро Мирхонд дар байни хафт писари Ахмад ибни Асад зикр карда, Наршахй хам аз у дар тасвири муборизаи байни Насри I ва Исмоили I чун хокими Шош ном мебарад. Якубовский медонист, ки дар фонди нумизматии Эрмитаж сиккае бо номи Яъкуб ибни Ахмад нест ва бинобар ин у ба коллексияи Осорхонаи таърих ва санъати Узбекистон дар Тошканд мурочиат менамояд. У бовар дошт, ки аз Тошканд чунин сикка хатман ёфт мешавад. Зеро ба гуфтаи у фалсхои сомонй, умуман на хамчун пул ва на хамчун мол аз кишвар ба хорич бароварда намешуданд. Вай аз байни сиккахои сершумори ин осорхона хамагй як сиккаро бо номи Яъкуб ибни Ахмад пайдо мекунад. Фалси пайдокардаи у 3,69 грамм вазн дошта, холаташ нисбат ба фалси аввала бадтар буда, баъзе харфхояш суда гардида, соли 265 хк. // 878-79 дар Шош зарб шудааст [19, 104]. Якубовский дар поварак кайд менамояд, ки дар хондани раками 5- хамса ба у Е. Мас-сон ёрй расондааст. Ба фикри у ин ду фалси сомонй ахаммияти вижа доранд. Якум, онхо гувоханд, ки Яъкуб ибни Ахмад ибни Асад ибни Сомон хокими Шош мебошад. Ин аз навиштаи Наршахй, ки ба навиштааш хокими Самарканд Насри I ибни Ахмад ба бародараш Яъкуб ибни Ахмад нома навишта, аз у ёрй мепурсад, ошкор мешавад. Дуюм ин сиккахо ба давраи хукмронии Нух ибни Асад то хукмронии Исмоил ибни Ахмад, яъне аз соли 204 хк/819 ва то соли 279х.к/892-893 мансуб буда, барои тахкики давраи барвактаи таърихи сиёсии ин хонадон ахаммияти вижа доранд.
Якубовский сипас дар асоси сиккахои Эрмитаж ва осорхонаи зикршудаи Тош-канд чадвали сиккахои барвактаи сомониро тартиб додааст. У дар ин чадвал 54 сиккаи сомониро чо додааст, ки кадимтарини он соли 203 ё 206 хк. бо амри Нухи I ибни Асад (номи сиккахона номаълум) зарб шудааст. Ин сиккаро бори аввал Френ соли 1813 аз коллексияи Poto тавсиф намуда буд. Аз сиккаи баъдина соли 272 хк. дар Шош ва Самарканд зарб шудааст. Аз 52 сикка 17 сиккааш бо амри Ахмад ибни Асад дар солхои 244 хк. (4 адад), соли 245 хк. (8 адад), соли 246 хк. (5 адад), соли 247 хк. (1 адад) соли 25? (1 адад) ва аз ин 19 сикка як сикка дар Ахсикат ва бокимонда дар Самарканд зарб шуда, 8 сикка дар Эрмитаж ва 11 сикка дар Тошканд махфузанд. Бокимонда 32 фалс бо амри Насри I ибни Ахмад солхои 253 хк. (2 адад), 254 хк. (2
адад), соли 255 хк. (1 адад), соли 256 хк. (6 адад), соли 265 хк. (1 ё 2 адад), соли 266 хк. (2 адад), соли 268 хк. (1 адад), соли 270 хк. (1 адад), соли 271 хк. (6 адад), соли 272 хк. (9 адад) дар сиккахонахои Самарканд (28 адад) ва Шош (6 адад) зарб шуда-анд. Ду адад фалси бок;имонда соли 265 хк/878-879 дар Шош бо амри Яък;уб ибни Ахад зарб шудаанд, ки ба соли 1945 яке дар коллексияи шахсй, дигар дар осорхонаи Тошканд махфуз буданд. Х,амин тавр, аз 54 сиккаи тавсифнамудаи Якубовский 44 сикка дар шахри Самарканд, 8 сикка дар Шош, як сикка дар Ахсикат зарб шуда, мех-кадаи як сикка номаълум мондааст. Муаллиф ба таъкид мегуяд, ки дар ин мак;олааш мавзуи баромади сулолаи Сомониёнро баррасй нахохад кард. Ба ин нигох накарда у баромади Сомониёнро аз Балх ва Самарканд гуфта, бо такя ба ахбори Мукаддасй ва Ё;ут аз Самарканд баромадани онхоро боэътимодтар медонад [19, 105]. У зарур мешуморад, то муайян созад, ки баъди заиф шудани хукумати Аббосиён ва му-ста;илияти нисбии Хуросону Мовароуннахр дар давоми 50 соли хукмронии хона-дони Тохириён аз соли 821 то соли 873 дар идоракунии Мовароуннахр Сомониён чй на;ш доштанд [19, 106]. Ба гуфти вай сарчашмаи тах;ик;и ин мавзуъ, аз як тараф иттилои ками сарчашмахои арабй ва порсй аз тарафи дигар сиккахо ва дар айни хол фалсхо мебошанд. У ;айд менамояд, ки Сомонихо то замони Исмоили Сомонй то соли 273 х.;. /886-887 хукук;и зарби дирхамро надоштанд ва навиштахои Дифермерй дар эродхои тарчумаи «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд, Тизенхаузен ва В. В. Бартолдро барои давраи аввали хукумронии Сомониён мухим мехисобад. Якубовсий дар асоси иттилои Наршахй, Яъкубй ва Х,амзаи Исфахонй масъалаи иштироки фаъоли Сомониёнро дар пахши шуриши Рофеъ ибни Лайс, бо супориши халифа Маъмун аз чониби волии Хуросону Мовароуннахр - Гассон ибни Аббод хокимони шахрхои алохида таъйин шудани фарзандони Асади Сомониро баррасй намудааст. Дар умум Ю. Якубовский соли 204 х;/819-20-ро санаи огози Хукумати Сомониён дар Осиёи Миёна мехисобад. Баъди баррасии иттилои сарчашмахои хаттй Якубовский ба сиккахо ру овард. Ба гуфтаи у кадимтарин сиккаи сомонии то соли 1945 маълум фалс Нух ибни Асад мебошад ва мутаассифона номи мехкадаи он суда шуда буд. Якубовский ин сиккаро боарзиштарин сарчашма меномад. Чунин сикка то Якубовский мавриди тахки; ;арор гирифта, санаи зарби сиккаи мазкурро Френ дар соли 1813 соли 206 х. ва Тизенхаузен дар соли 1853 соли 203 х. хонда буданд. Судагии сикка ва хуб бо;й намондани матни он боиси ба тарзи мухталиф хондани раками охири санаи зарби ин сикка шудааст. Якубовский тарзи хондани Френро дуруст хисобида, к;айд мекунад, ки агар санаи зарби фалсро соли 203 хк. хонем, дар ин сурат лозим мешавад, ки навиштаи Ибни Асирро дар бораи соли 204 хк/819-820 хоким таъйин шудани фарзандони Асади Сомонй ва суханони Яъкубиро оид ба соли 204 хк/819-820 волй таъйин шудани Гассон инкор намоем. Инчунин у ба назар ги-рифтани ;авли Х,амзаи Исфахониро дар бораи соли 203 хк. волй таъйин шудани Гассон ёдовар мешавад. У афсус мехурад, ки санаи сиккаи Нух ибни Асадро ба таври да;и; - 203 ё 206 хк. хондан имконнопазир мебошад. Якубовский пешниход менамояд, ки соли 204 х.;/819-20-ро бо имкони як сол пеш, яъне соли 203 хк. хамчун санаи аввали ба хокимият расидани Сомониён хисобидан лозим аст [19, 107].
Соли 205 хк/820-21 Маъмун ба чойи Гассон асосгузори давлати Тохириён Тохир ибни Хусайнро волй таъйин мекунад ва у хам вилоятхои зери хукумати чор бародари Сомониро тасди; менамояд. Талха ибни Тохир (822-828) низ Сомониёнро
хамчун хокимони мулкхои алохида нигах дошт. Аммо халифа Маъ-мун дар замони Талха сипахсолор Ахмад ибни Халидро, ки бо Талха царобат дошт, ба сифати хам-волй пешниход намуд ва ин сипахсолор ба Мовароуннахр, Уструшана ва Фаргона равон мешавад ва халифа ин инъомотро тасдиц менамояд. Халифа дар Уструшана ва Фаргона эътибори зиёде надошт. Дар Фаргона бар зидди Ахмад ибни Асади Сомонй исён бармехезад ва хокими Сомонй мачбур мешавад, ки Фаргонаро тарк намояд. Ахмад ибни Халид Уструшанаро тобеъ ва Фаргонаро ором менамояд. Баъди ин Ахмад ибни Асад ба Фаргона бармегардад.
Вижагии ин тахцици Якубовский аз он иборат аст, ки у барои равшан намудани таърихи сиёсии Сомониён дар давраи аввали хукуматашон иттилои аз сиккахо ошкорнамударо бо ахбори сарчашмахои хаттй муцоиса намуда, хулосаи мантицй ме-барорад. Тибци навиштаи у дар замони Тохириён Сомониён волиёни дарачаи дуюм буданд ва хуцуц доштанд танхо сиккаи мисй бароранд. Дар шахру вилоятхо хоким таъйин шудани Сомониёни аввалро у як шакли мулки инъомй медонад [19, 107-108]. Ба цавли у Сомониён дар ибтидо хам хокимони тавоно буданд, лашкар чамъ намуда, дар амалиётхои харбй иштирок мекарданд. Тохириён ба корхои вилоятхои дигари Эрон дар Хуросон машгул шуда, ба афзоиши тавоной ва сарвати Сомониён халал ворид намекарданд. Дар умум тамоми Сугд мулки Нух ибни Асад буд ва у ба хазинаи халифа 326 хазор дирхам хироч мепардохт. Фаргона, ки мулки Ахмад ибни Асад буд, 280 хазор дирхами мухаммадй, мулкхои Яхё ибни Асад - Чоч 607 хазор дирхами мусайябй ва Уструшан 50 хазор дирхам, аз чумла, 48 хазор дирхами мухаммадй ва 2 хазор дирхами мусайябй хироч месупориданд [19, 108]. Бояд гуфт, ки аз ин хоки-мони Сомонй ягон нафари онхо ба таври мустацил ба халифа хироч пардохт карда наметавонистанд ва хамаи онхо хирочро тавассути Тохириён мепардохтанд. Якубовский дуруст цайд мекунад, ки харчанд аз руйи мицдори хироч мулки Яхё ибни Асад - Шош ва Уструшана аз Самарцанд дида бойтаранд, аммо мулки Нух ибни Ахмад (Самарцанд) дар огози хокимияти Сомониён ба шумори мулки асосй ва марказй буд. Ба фикри Якубовский Абдуллох ибни Тохир халифа Муътасимро чашми дидан надошт ва мекушид, то сиёсати мустацилона дошта бошад. Абдуллох ба Самарцанд ба Нух ибни Асад нома менависад ва Нух ба Абдуллох ибни Тохир чавоб медихад, ки Мовароуннахр 300 хазор дех дорад ва аз хар дех як сарбози савора ва як пиёда мебарояд. Яъне Нух таъкид мекунад, ки аз халифа тарсидан лозим нест ва дар умум аз Мовароуннахр (ба цавли Ибни Х,авцал аз Мовароуннахру Хуросон) 600 хазор лаш-кар фарохам меояд. У Нух ибни Асадро хокими пурицтидор ва силахшур мехисобад ва бо такя ба ахбори Самъонй аз юриши у бар зидди туркони Исфичоб дар соли 225 хц/839-40 ёдовар мешавад. Якубовский бо назардошти ин, ки Исфичоб дар хамсоя-гии Шош чойгир буд, тахмин мекунад, ки дар ин юриш лашкари Шош низ иштирок менамояд. Бо амри Нух дар Исфичоб барои пешгирии Х,афтруд аз хучумхои горат-гаронаи туркони огуз девори калони истехдомй сохта мешавад. Ба цавли Якубовский харчанд Нух барои тахкими Сомониён чидду чахд намуд, аммо пойдевори ицтидори Сомониёнро Ахмад ибни Асад гузоштааст на Нух. Ахмад ибни Асад хафт писар -Наср, Яхё, Яъцуб, Наср, Асад, Исмоил, Исхоц ва Х,амид ва аз 40 сол бештар хокимият дошт. Ба гуфтаи Мирхонд баъди марги Нух ибни Асад Талха ибни Тохир вилояти Самарцандро ба бародарон Яхё ибни Асад ва Ахмад ибни Асад арзонй медорад. Якубовский инро хато мешуморад. Зеро Нухи I ибни Асад соли 840 Исфичобро забт
карда, соли 841 фавтида буд. Талха ибни Тохир хануз соли 828 ё 830 фавтид. Бинобар ин, на Талха балки Абдуллох ибни Тохир ин намояндагони хонадони Сомониро хокими Самарканд таъйин намуд. Ахмади I ибни Асад зидди бародари худ - Яхё мубориза бурда, дар натичаи ин муборизаи дохилй соли 855/56 Насри I ибни Ахмад хокими Самарканд таъйин гардид. Якубовский ба ин хулосаи худ тавассути иттилои сиккахо тахким мебахшад. Аз 19 фалси Ахмади I ибни Асад, ки то соли 1945 ба Якубовский маълум буданд, 18 сикка зарби Самарканд ва танхо як сикка зарби Ахсикат мебошанд. Аз ин фалсхо чор сиккааш соли 244 хк/858-859 ва 13 сиккаи дигараш соли 245 х.;./ 859-60 бароварда шудаанд. Ба фикри Якубовский то марги худ (227 х.;./841/42) дар Самарканд фалс баровардани Нухи I ибни Асад далели хукуки ис-тисноии у хамчун сардори сулола мебошад. У ин фикри худро бо кашф нашудани сиккахои Яхё ибни Асад асоснок менамояд [19, 110]. Соли 1954 Е. А. Давидович хам ин хулосаро чонибдорй кардааст [6, 38-39]. Вале дар асл чунин нест. Ани;тараш то ин ва;т кашф нашудани фалсхои Яхё ибни Асад ин ду олими шинохтаро ба чунин хулоса водор менамояд. Аввалин фалси Яхё ибни Асад соли 1966 аз махаллаи Гули Бозори шахри Тошкант кашф шуда, онро Э. В. Ртвеладзе ва Л. Л. Ртвеладзе тахки; ва чоп намуданд. Фалси мазкур бо амри Яхё ибни Асад дар Бинкат зарб шуда, дар он санаи баровардаш зикр нашудааст [13, 30]. Дертар фалсхои зарби Шоши солхои 214 х.;. ва 233 х к. Яхё ибни Асад хам ба чоп расиданд [2, 281 -282]. Кашфи ин сиккахо хукуки истисноии Нух ибни Асадро дар байни се бародари дигар шубханок гардонд.
Тиб;и навиштаи Якубовский Яхё дар Шош монд, Ахмад аз Фаргона ба Самарканд омада, дар он чо то маргаш аз номи худ фалс мебаровард. Насри I ибни Ахмад харчанд хокими Самарканд буд, то марги падараш сикка зарб намезад. Ба ;авли Якубовский кадимтарин фалси маълуми Насри I фалси зарби соли 253 хк. /867 мебошад. Хокими Самарканд таъйин шудани Насри I маънои заиф шудани нуфузи Яхё ибни Асадро дошт. Хатто баъди марги Яхё, ки соли 855/56 ба вукуъ пайваст, Ахмад ибни Асад Шош ва Уструшанаро низ ба каламрави мулки хеш хамрох кард. У Шош ва Уструшанро ба писари дигариаш Яъкуб ибни Ахмад бахшид. Ахмад дар пиронсолии худ тавонист, ки идораи тамоми Мовароуннахрро ба чуз Бухоро ба дасти намояндагони хонадони худ гирад. Яъ;уб, ки хокими дуюми Сомонии Шош буд, дар Бинкет ;арор гирифт ва солхои тулонй хокими Шош бо;и монд. Хангоми низоъ ва задухурди байни бародарон Насри I ва Исмоили I, аввалй ба Яъ;уб нома навишта аз у ёрй пурсид. Якубовский дирхами зарби Самарканди соли 273 х;/886-87 Насри I ибни Ахмадро, ки дар Осорхонаи таърих ва санъати Тошканд махфуз буд, кадимтарин дирхами сомонй дониста, ;айд менамояд, ки Насри I барои исти;лоли Сомониён муборизаро огоз намуда, онро Исмоили I давом дод. Ба фикри Ю. Якубовский «чолиб ва аз назари таърихй мухим аст, ки эъломи расмии Истиклол аз Хуросон ва Саффориён (на аз хилофат) на тавассути Исмоил, балки пеш аз у тавассути Наср ибни Ахмад сурат гирифтааст» [19, 112]. Ин маколаи Якубовский хам аз чумлаи бехтарин пажухиш дар давраи аввали таърихи сиёсии Сомониён тавассути тах;и;и маводи нумизматй ва мероси хаттй мебошад.
Соли 1948 ма;олаи Е. М. Массон бо номи «Неопубликованные монетные находки на территории Таджикистана, зарегистрированные до 1947 года» ба чоп расид. У дар ин маколааш доир ба кашфи якчанд сиккаи сомонй иттилоъ додааст.
Тибки навиштаи Массон соли 1945 аз кисми чанубии кухи ^арамазор хангоми хаф-риёти бокимондаи хонаи кормандони кон мухандис М. И. Морозов як сиккаи мисй ёфт. Массон ин сиккаро тахкик карда, мyaйян кард, ки он соли 34l хк/958-59 дар Бухоро бо амри Абдyлмaлик ибни Нух зарб шyдaaст. Соли 1931 аз мазеи Куктоши наздикии шахри Сталинобод (хозира Душанбе) ганчинаи сиккахо ва ашёи ороишй ёфт шуда, як кисми он ба Осорхонаи таърихии шахри Тошканд ворид карда шуд. Ин ганчинаро соли 1945 Т. Миргиязов коркард намуд. Дар байни дирхамхои ин ганчина як дирхами зарби самаркандй Нух ибни Наср ва дирхами амири Андароба Сахлон ибни Махтум (зарби Андароба) мавчуд буд. Дирхамхои бокимонда карахонии зарби Бухоро ва СaFOниён буданд [11, 52-54]. Дар як ганчина мавчуд будани дирхамхои сомонй ва карахонй мухим аст. E. М. Массон дар дигар пажухишхои хеш хам ба сикказанй ва сиккахои сомонй ахаммияти чиддй додааст. У хатто ба тавсифи як сиккаи ёфтшудаи сомонй ичтиноб намекард. Чунончи тибки навиштаи у соли 1920 В. Э. фон Эгерт аз Кони Fyr як фалси сомонии зарби соли 343 хк. марбут ба Нух ибни Насрро меёбад. Аммо Массон зарробхонаро зикр намекунад. Ин сиккаро ба Осорхонаи асосии осиёимиёнагй ворид намуд [12, 3l].
Бояд гуфт, ки то соли 1955 дар Иттиходи Шуравй доир ба сикказанй ва муоми-лоти пулии Сомониён ягон тахкикоти ин мавзуъро ба таври умумй фарогиранда анчом наёфта буд. Чунин тахкикотро E. М. Массон анчом дод. Дар ин сол маколаи муфассали у бо номи «К вопросу о дирхемах Мусайяби» нашр шуд. Муаллиф дар аввали ин маколааш аз таърихи тахкики сиккахои бухорхудотй харф зада, аз Д. Х. Френ, П. И. Лерх, И. Штиккел, В. Г. Тизенхаузен ёдовар шуда, иттилои муаллифони асримиёнагй - Истахрй, Ибни Фазлон, Наршахй, Ибни Хурдодбех, Макдисй ва Ёкутро доир ба сиккахои роичи замони Сомониён баррасй намудааст. E. М. Массон нахустин шуда сикказанй ва муомилоти пулии Сомониёнро ба таври умумй тахкик, тахлил ва натичагирй кард. У доир ба навъхои гуногуни сиккахои Сомониён ва чигу-нагии курб ва гардиши онхо маълумот дода, сиккахои мусайябй ва мухаммадиро мавриди баррасии бештар карор додааст ва зарби ин ду навъ сиккаи бухорхудотиро ба се давраи чудогона таксим намуд. E. М. Массон дар хулосаи маколааш ба баркарорсозии топографияи сиккахои сомонй ва тахкики химиявии онхо таъкид ме-намояд. Тибки хулосаи мавсуф дар умум сикказанй ва муомилоти пулй дар давлати Сомониён ягона ва собит набуд [10, 1l5 -196].
Яке аз мавзуъхои мухимми сикказанй ва муомилоти пулии Сомониён ин накши сиккахои сомонй дар тичорати байналмилалй ва роххои ба Аврупо ворид шудани дирхамхои сомонй буд. Аз олимони Шуравй В. Л. Янин ин мавзуъро аз хама бехтар тахкик намуда, асари ба низоми пулию вазнии Русияи давраи то мyFyлй бахшидаи у соли 1956 нашр мешавад [20]. У муайян менамояд, ки дар шаш дахсолаи аввали асри Х дирхамхои сомонй дар тичорати байни Шарку Faрб чойгузини дирхамхои аббосй мешаванд. Дар асри Х суръати содирот ва теъдоди дирхамхои сомонй ба Аврупо нисбат ба асри IX хеле афзуд. Дар солхои Ю-уми асри Х суръати содироти дирхамхои сомонй ба Аврупо бо сабаби таквияти бурхони нукра бо суръат паст гар-дид [20, 122]. Якин барои муайян намудани тарзи муомилоти дирхамхои сомонй дар Аврупо тахкикоти метрологии мухимро анчом дод. У вазни дирхамхоро тахкик карда, ба чунин хулоса меояд, ки дирхамхои Исмоил ибни Ахмад, Ахмад ибни Ис-моил ва дирхамхои нимаи якуми хукмронии Насри II ибни Ахмад 2.l - 3.1 грамм ва
2,7 -3.2 грамм вазн дoштaнд ва ин имтоният мeдoд, ки диpхaмхoи coмoнии чунин вaзндoштapo дар ceяки аввали acpи Х дар Авруго дoнa -дoнa иcтифoдa баранд [20, 122]. Дар гaнчинaхoи диpхaмхoи coмoнии мaнcyб ба давраи баъдинаи acpи Х, ки аз Авруш ëфт шудаанд, мacaлaн вазни диpхaмхoи Нухи II ибни Hacp аз 2.6 грамм тo 4,6 грамм буд, ки фаркияти вазн xeлe зиëд acт. Янин фаркияти зиëди вазни диpхaмхo ва cepшyмopии диpхaмпopaхopo ба инoбaт гирифта, чунин xyлoca мeкyнaд, ки дар ин давра мyoмилoтии вазнии диpхaмхo ба вучуд мeoяд [20, 136-140]. Дар acpи Х тичopaт 6o Coмoниëн capчaшмaи acocии ба Poccия вopид шудани нукра буда, диpхaмхoи coмoнй дар ташаккули низoми вазнии откказании cлaвянхo тaъcиpи 6e-вocитa рашнидааст [20, 203-205]. Шoиcтaи таъкид аст, ки coли 1954 дoиp ба откка-занй ва мyлкхoи фeoдaлии Coмoниëн дар Иcфичoбy ФapFOнa матолаи мyфaccaли E. А. Дaвидoвич чoп шуд, ки oн ба мавзуи махдуд бaxшидa шуда буд. Aммo 6o наза-pдoшти хамаи ocopи илмии E. А. Дaвидoвич мeтaвoн гуфт, ки y дар Иттихoди Шу-равй аз хама бeхтap мaвзyъхoи гyнoгyни марбути cиккaзaнй ва мyoмилoти пулии Co-мoниëнpo тахкик кapдaacт. Аз oлимoни тoчик Д. Дoвyтoв низ дoиp ба ин мавзуъ тахкитоти мyхимpo aнчoм дoдaacт. Чун дoиp ба чигунагии тахкики ин мавзуъ аз ЧOниби E. А. Дaвидoвич ва Д. Дoвyтoв мaкoлaхoии муаллиф чoп шудаанд, дар ин 4o мo аз тaкpopи матлаб xyддopй мeнaмoeм [15, 16]. Aкaдeмик Б. Faфypoв хам ба мавзуи мазкур мapoк зoхиp карда, 6o такя ба тaхкикoти oлимoни cиккaшинoc дар китoби «Тoчикoн» aндeшaхoи мyшaxxacи xyдpo ибpoз намудаанд, ки ин мавзуъ дар матолаи aлoхидaи муаллифи ин caтpхo инъикoc ëфтaacт [15, 16].
24 aпpeли шли 1973 дeхaи Кoзянкии вилoяти Витeбcки Бeлopycия ганчинаи ка-лoни cиккaхoи куфй ëфт шуд ва микдopи зиëди cиккaхoи ин ганчина тacappyф шу-данд. Аз ин ганчина 7 хaзopy 690 дирхами oн маълум шуд ва 7 хaзopy 599 адади oн дар Оcopxoнaи кишвapшинocии Пoлoтcк махфуз acт. Ганчинаи мaзкyppo мyappиxи шинoxтaи бeлopyc В. Н. Pябceвич тахкик ва чoп намуд. У аз таркиби ин ганчина 1 дирхами умавй, 349 дирхами a66oc^ 36 дирхами caффopй, 6 хaзopy 847 дирхами coмoнй (!) ва дигар навъ диpхaмхopo oшкop намуд [14, 1974]. Дар таркиби ин ганчина диpхaмхoи шаш амири Coмoнй - Иcмoил ибни Ахмад, Яхë ибни Ахмад, Иcхoк ибни Ахмад, Ахмад ибни Иcмoил, Hacpи II ибни Ахмад ва Нухи II ибни Hacp мавчуд буд. Аз мexкaдaхoи coмoнии ^чик^гон дар ин ганчина тaнхoи диpхaмхoи Хуттал мавчуд acт, ки oнхo coлхoи 290, 292, 296, 297, 308, 312, 322 хк. дар давраи aмopaти Иcмoили I, Ахмади II ва Hacpи II зарб шудаанд. Инчунин дар таркиби ганчинаи мазкур 2 адад дирхами зарби шли 284 хк-и Хуттал 6o зикри амири oн - Хррж ибни Acaд муайян шудааст.
Дар зaмoни Шуравй рушди хафртети бocтoншинocй ба тахкики cиккaхoи co-мoнй тaъcиpи амики мycбaт мepacoнaд. Х,атто аз ëдгopихoи дypдacтy баландах низ cиккaхoи coмoнй кашф мeшaвaнд. Macaлaн, ба гуфтаи M. А. Бубтова дар шаш давраи хафржти мaвзeи Бoзopдapaи Пoмиp 23 откка кашф шyдaacт. Аз ин микдop ду cиккapo coли 1963 гeoлoгхo ëфтa буданд. Аз 23 откка дyтoaш cиккaи coмoнй буда, тибки тахкики E. А. Дaвидoвич яктои oн coли 987 дар Бyxopo ва дигараш дар ФapFOнa зарб шудаанд. M. А. Бубтова фaлc ë дирхам будани cиккaхoи coмoниpo зикр накарда, xyлocaи ба назари мo шyбхaнoкpo пeшнихoд мeнaмoяд. Myхaккик дар ca-нaгyзopии Бoзopдapa ин cиккaхoи coмoниpo ба назар нагирифта, изхop мeнaмoяд, ки cиккaхoи coмoнй дар аввали acpи XI хaмpoхи cиккaхoи кapaxoнй дар гардиш буданд.
Аз ин чост, ки мавсуф аввали таърихи Бозордараро ба ибтидои асри XI мансуб ме-донад. Аммо ин хулосаи М. А. Бубнова чандон сахех ба назар намерасад. Зеро сик-кахои зикрнамудаи у дар шакли як ганчинаи том ёфт нашудаанд [3,62]. Бахусус сик-каи сомонии зарби Бухорои соли 898, ки онро соли 1963 геологхо ёфта буданд. Кашфи сиккахои сомонй аз Бозордара метавонад далели ин бошад, ки хаёт дар ин чо дар ду дахаи охири асри Х, яъне дар замони Сомониён огоз шудааст.
Илова бар мацолахои дар боло тахлилу баррасй шуда, дар чумхурихои назди Балтик, Осиёи Миёна ва дигар чумхурихои Шуравй аз соли 1922 то соли 1991 доир ба мавзуи мадди назар як цатор тахцицот анчом ёфтааст, ки дар айни замон баррасии онхо аз зарфияти ин мацола берун аст.
Мухимтарин вижагии тахцици ин мавзуъ дар Иттиходи Шуравй хамин аст, ки дар натичаи вусъати хафриёти бостоншиносй ганчина ва сиккахои нав ошкор гашт, топографияи сиккахои сомонй хеле фарох шуд, мехкадахо-зарробхонахои нави сомонй кашф шуд ва чамъоварии онхо дар осорхонахои навтаъсис биафзуд. Хдрчанд тахцицоти олимони Шуравй дар ин мавзуъ аслан махдуд ба Мовароуннахр буда, та-моми цаламрави Сомониёнро фаро намегирифт ва бар хилофи асри Х1Х доир ба сиккахои сомонй ягон асари бунёдии академй тахия ва чоп нашудааст, олимони Иттиходи Шуравй пеш аз хама барои халли масъалахои сиёсй, ицтисодй ва ичтимоии замони Сомониён сиккахоро дар муцоиса бо мероси марбути хаттй хамчун сарчаш-маи мухимми таърихй мавриди тахциц царор дода, дар ин кор ба дастовардхои назар-рас ноил шуданд.
АДАБИЁТ
1. Биков А. А. Новый клад медных куфических монет из Таджикистана//Труды отдела нумизматики Государственного Эрмитажа. - Ленинград, Т. I, 1956. - С. 87 - 112.
2. Богбедй М. Сиккахои Эрон дар давраи исломй. Аз огоз то баромадани Салчуциён. -Техрон, 1397 - 745 с.
3. Бубнова М. А. Древние рудознатцы Памира. - Душанбе, 1993. - 174 с.
4. Вяткин В. Матрица и штамп из Самарканда//Известия Среднеазиатского комитета по делам музеев и охраны памятников старины, искусства и природы - Ташкент, В. I, 1926. С. 71-76.
5. Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, - Москва, 1972. - 425
с.
6. Давидович Е. А. Ферганские Саманиды по нумизматическим данным//Эпиграфика Востока. - Москва, Ленинград. - Вып. XI. 1956. С. 14-26.
7. Давидович Е. А. Вторая монета Саманида Нуха ибн Асада//Эпиграфика Востока. -Москва, Ленинград. - Вып. IX. 1956. - С. 38-39.
8. Кочнев Б. Д. Заметки по средневековой нумизматике Центральной Азии (Ранее средневековье. Саманиды, Караханиды, Джаниды)// История материальной культуры Узбекистана. - Ташкент, Вып. 1, 1984. - С. 186 - 205.
9. Монетные находки в Средней Азии в 1917-1947 гг. 1928
10. Массон Е. М. К вопросу о черных дирхамах Мусейяби//Труды Института истории и археологии. Материалы по археологии Узбекистана. -Ташкент, Вып. 7, 1955. - С. 175 - 196.
11. Массон Е. М. Неопубликованные монетные находки на территории Таджикистана, зарегистрированные до 1947 года//Маълумотномаи Филиали Точикистонии Академияи фанхои СССР. - Сталинобод, Ч VI. - С. 52-54.
12. Массон Е. М. Рудник погибели. - Фрунзе, 1971. - 48 с.
13. Ртвеладзе Э. В., Ртвеладзе Л. Л. Первый фельс Йахйи ибн Асада//Эпиграфика Востока. - Москва, Ленинград. IX, 1972. - С. 30-31
14. Рябцевич В. Н. Козьянковский клад//Археологические открытия 1973 года. - Москва, 1974. - 560 с.
15. Шарифзода А. Сикказанй ва инъомоти феодалии Сомониён дар осори А.Е. Давидо-вич//Муаррих. - Душанбе, №1 (37), 2024. - С. 117-127
16. Шарифзода А. Тахкики сиккахои сомонй дар Точикистон//Муаррих. - Душанбе, № 3(31), 2022. - С. 64 -77.
17. Шарифзода А. Мунк - зарробхонаи нави замони Сомониён//Муаррих. - Душанбе, №2 (34), 2023. - С. 31-38.
18. Шарифзода А. Баррасии масоили сикказанй ва муомилоти пулии давлати Сомониён дар осори академик Бобочон Гафуров//Академик Бобочон Гафуров - бузургтарин мухаккик; ва муар-рифгари таърихи хал;и точик. - Душанбе, 2023. - С. 410 - 430
19. Якубовский А. Ю. Об одном раннесаманидском фельсе (Из ранней истории Саманид-ского дома)//Краткое сообщения о докладах и полевых исследованиях Института истории материальной культуры. - М. -Л. XII. 1945. - С. 103 - 112.
20. Янин В. Л. Денежно-весовые системы русского средневековья. Домонгольский период. - Москва, -1956. - 207 с.
ТАВДЩИ СИККАЗАНЙ ВА МУОМИЛОТИ ПУЛИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН ДАР ИТТИХОДИ ШУРАВЙ
Бо галабаи Ин;илоби Октябри соли 1917, таъсисёбии Иттиходи Шуравй ва дар хайати он ташкилшавии чумхурихои шуравй тахкики сикказанй ва муомилоти пулй дар давлати Сомониён, ки дар асрхои пешин вучуд дошт, идома ёфта, комилтар гашт.
Дар ин давра аз олимони Шуравй Е. М. Массон, А. А. Биков, А. Ю. Якубовский, Е. А. Давидович, Э. В. Ртвеладзе, В. Н. Рябсевич, В. Л. Янин, Б. Н. Кочнев, Д. Довутов ва чанде дигарон бевосита мавзуи мазкурро тахки; намуданд.
Муаллиф ба ин натича расидааст, ки мухимтарин вижагии тах;и;и ин мавзуъ дар Иттиходи Шуравй хамин аст, ки дар натичаи вусъати хафриёти бостоншиносй ганчина ва сиккахои нав ошкор гашт, топографияи сиккахои сомонй хеле фарох шуд, мехкадахо-зарробхонахои нави сомонй кашф шуд ва чамъоварии онхо дар осорхонахои навтаъсис биафзуд. Харчанд тах;и;оти олимони Шуравй дар ин мавзуъ аслан махдуд ба Мовароуннахр шуда, тамоми каламрави Сомо-ниёнро фаро намегирифт ва бар хилофи асри XIX доир ба сиккахои сомонй ягон асари бунёдии академй тахия ва чоп нашуд, олимони Иттиходи Шуравй пеш аз хама барои халли масъалахои сиёсй, и;тисодй ва ичтимоии замони Сомониён сиккахоро дар мукоиса бо мероси марбути хаттй хамчун сарчашмаи мухимми таърихй мавриди тахкик карор дода, дар ин кор ба дастовардхои назаррас ноил шуданд.
Калидвожахо: Давлати Сомониён, сикказанй, муомилоти пули, Иттщоди Шуравй, Е. М. Массон, А. А. Биков, А. Ю. Якубовский, Б. Гафуров, Е. А. Давидович, Э. В. Ртвеладзе, В. Н. Рябсевич, Д. Довутов, Ганцинаи Исфара, Ганцинаи Козняк, Мовароуннахр, мехкадауо, масъалауои сиёсй, ицтисодй ва ицтимой.
ИССЛЕДОВАНИЕ МОНЕТНОГО ДЕЛА И ДЕНЕЖНОГО ОБРАЩЕНИЯ В ГОСУДАРСТВЕ САМАНИДОВ В СОВЕТСКОМ СОЮЗЕ
С победой Октябрьской революции 1917 года, образованием СССР и создания в его составе советских республик исследование монетного дела государство Саманидов, существовавший в прежние века, продолжалось и совершенствовалось.
Эту тему непосредственно исследовали в этот период советские ученые Е. М. Массон, А. А. Быков, А. Ю. Якубовский, Е. А. Давидович, Э. В. Ртвеладзе, В. Н. Рябцевич, В. Л. Янин, Б. Н. Кочнев, Д. Довутов и ряд других.
Автор приходит к выводу, что важнейшая особенность исследования данной темы в советский период состояла в том, что в результате расширения археологических раскопок были открыты новые клады и монеты, топография саманидских монет значительно расширилась. Были
обнаружены новые монетные дворы Саманидов, увеличилась коллекции музеев за счет новых нумизматических поступление.
Исследования советских ученых на эту тему ограничивается Мавераннахром, поэтому не охватывает всю территорию Саманидов. Вопреки традициям Х1Х века, ни одной фундаментальной академической монографии, посвященной саманидским монетам, не было издано. Советские ученые, прежде всего, в контексте изучения политических, экономических и социальных вопросов времени Саманидов, исследовали монеты как важнейший исторический источник в сравнении с соответствующим письменными источниками и добились значительных успехов.
Ключевые слова: Государство Саманидов, монетное дело, денежное обращение, Советский Союз, Э. М. Массон, А. А. Быков, А. Ю. Якубовский, Б. Гафуров, Е. А. Давидович, Е. В. Ртве-ладзе, В. Н. Рябцевич, Д. Довутов, Исфаринский клад, Козьняковский клад, Моваруннахр, монетные дворы, политические, экономические и социальные вопросы.
RESEARCH OF COINAGE AND MONEY CIRCULATION IN THE SAMANIDS STATE IN THE USSR
With the victory of the October Revolution of 1917, the formation of the USSR and the creation of Soviet republics within it, the study of in the Samanids coinage, continued and improved.
This topic was directly studied during this period by Soviet scientists E.M. Masson, A.A. Bikov, A.Yu. Yakubovsky, E.A. Davidovich, E.V. Rtveladze, V.N. Ryabtsevich, V.L. Yanin, B.N. Kochnev, D. Dovutov and others.
The author comes to the conclusion that the most important feature of the study of this topic in the Soviet Union is that as a result of the expansion of archaeological excavations, new treasures and coins were discovered, the topography of Samanid coins expanded significantly. New Samanid mints were discovered, museum collections increased due to new numismatic receipts.
Research by Soviet scientists on this topic is limited to Maverannahr, and therefore does not cover the entire territory of the Samanids. Contrary to the traditions of the 19th century, not a single fundamental academic book devoted to Samanids coins was published. Soviet scientists, primarily in the context of studying political, economic and social issues of the Samanid epoch, studied coins as an important historical source in comparison with the corresponding written sources and achieved significant success.
Key words: Samanid state, coinage, money circulation, Soviet Union, E. M. Masson, A. A. Bykov, A.Yu. Yakubovsky, B. Gafurov, E. A. Davidovich, E. V. Rtveladze, V. N. Ryabtsevich, D. Dovutov, Isfara treasure, Koznyakovsky treasure, Movarunnahr, mints, political, economic and social issues.
Сведения об авторе: Шарифзода Абдували ^урбоналй - кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А. Дониша НАНТ. Тел.: (+992) 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru
Information about the author: Sharifzoda Abduvali Qurbonаli - Candidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Tel: (+992) 90055-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru