УДК 821.0
DOI10.24412/2413-2004-2022-3- 79-84
ИНЪИКОСИ ОБРАЗИ АРДАШЕРИ Юлдошев Абдулло, дотсенти кафедраи БОБАКОНДАР таърихи адабиёти факултети филологияи САРЧАШМАХРИАСРИIII Донишгоуи миллии Тоцкистон,
ЮНОНЙ (Тоцикистон, Душанбе)
ОТРАЖЕНИЕ ОБРАЗА АРДАШЕРА БОБАКОНА В ГРЕЧЕСКИХ ИСТО ЧНИКАХ III века
Юлдошев Абдулло, доцент кафедры истории литературы филологического факультета Таджикского национального университета (Душанбе, Таджикистан)
REFLECTIONS OF THE IMAGE OF Yuldoshev Abdullo, Associate Professor of the ARDASHER BOBAKON IN GREEK department of history of literature under the SOURCES OF THE III CENTURY faculty of philology of the Tajik National
University (Tajikistan, Dushanbe) E-MAIL: [email protected]
Вожах;ои калидй: Кассий Дион, Геродиан, Ламбридий, Арадашери Бобакон, Александр Северус, Табари, Саолиби, "Шоунома"
Маълум аст, ки дар минтацаи шарци баури Миёназамин ва Ховари Миёна дар огозуои уазораи якуми мелоди ду давлат империяи Рим ва шоуаншоуии Сосони уукмфармои мекарданд. То циёми Ардашери Бобакон Империяи Рим дар ин минтаца нуфузи бештар дошт. Бо циёми Ардашери Бобакон дар ибтидои асри III ва расман ба подшоуи расидани у ба соли 224 мизони цуввауо то цое дигар мешаванд. Талошуои низомие, ки байни Рум ва Эрон буданд, хомуш намешаванд, балки авц мегиранд. Таърихнигорони юнонии асри III Кассий Дион ва Геродиан дар бораи ин талошуо маълумоти фишурда, вале сарае додаанд, ки дар сарчашмауои деринатари юнонию сириёнию армани ва пасон сарчашмауои арабию мусулмони ва "Шоунома" таъкид ва ё бозтоби худро ёфтаанд. Дар уама сарчашмауои мавриди назар образи Ардашеи Бобакон чун марди цасур, сарлашкари тавоно ва подшоуе, ки мехоуад шоуаншоуии цудратманде бисозад, тасвир ёфтааст.
Ключевые слова: Кассий Дион, Геродиан, Ламбридий, Ардашир Бобакон, Александр Северус, Табари, Саалиби, "Шахнаме"
Отмечено, что в первые века первого тысячелетия нашей эры на востоке Средиземноморья и на Ближнем Востоке правили два государства - Римская империя и империя Сасанидов. До воцарения Ардашира Бобакона Римская империя пользовалась доминирующим влиянием на упомянутых просторах. С началом восхождения Ардашира Бобакона в начале III века и с его воцарением в 224 году в определенной степени происходит изменение баланса сил. Вооруженные столкновения между Римом и Ираном принимают новые обороты. Греческие историки конца II-начала III веков, Кассий Дион и Геродиан, предоставляют сжатые, но достаточно правдивые сведения об этих столкновениях, находящие подтверждение или переизложение в более поздних греческих, сирийских, армянских, а позднее - в арабо-мусульманских источниках и в "Шахнаме". В рассматриваемых нами источниках Ардашир Бобакон изображен как отважный муж,
талантливый полководец и царь царей, намеревающийся создать могущественное государство.
Key words: Cassius Dion, Herodian, Lambridiy, Ardashir Babakan, Alexander Severus, Tabari,
Saolibi, "Shakh-Name"
It is common knowledge that in early centuries of the first millennium A.D there were two states which governed in the east of the Mediterranian coastal territory and in the Middle East -those ones of the Roman empire and the empire of the Sasanids. Before Ardashir Babakan's accession to the throne the Roman empire enjoyed a domineering sway over the spaces mentioned. The change in a balance of forces to a certain extent takes place at the very beginning of Ardashir Babakan's ascension at the start of the III-d century and his final root striking in the year of224. New turns appear on the horizon with armed collisions between Rome and Iran.
Greek historians of the end of the II-nd and the beginning of the III-d centuries Cassius Dion and Herodian provide terse, but adequately truthful data concerning the collisions in question; the facts having been confirmed or reexpounded in later Greek, Syrian, Armenian sources; in the course of historic time the formers were registered in Arabian - Moslemic origins, particularly in "Shakh-Name". The written monuments preserved the image of Ardashir Babakan as brave man, talented military leader and tsar of tsars who intended to create a majestic state.
Бино ба натичахое, ки дар тахдщоти эроншиносии шар^шиносии чахонй ба даст омадааст, нахуст сарчашмае, ки дар бораи ^иёми Ардашери Бобакон маълумот медихад, хамоно "Таърихи Рим"-и Кассий Дион Коккейан мебошад. Соли таваллуди Кассий Дион охирхои солхои панчохум ва аввалхои солхои шастуми асри I мелодй тахмин мешавад. У та^рибан соли 230 вафот кардааст.
Кассий Дион дар "Таърихи Рим" асосан як эпизодро аз рузгори Ардашери Бобакон таъкид мекунад, ки ба гунахое дар сарчашмахои дигар, аз чумла сарчашмахои арабу мусулмонй ва "Шохнома", мегузарад. Сухан дар бораи, ба истилохи имруза, "хутбаи барномавй" меравад, ки Ардашер баробари ба Истахр расидан ва ё таъмин намудани нуфузи сиёсии худ дар Истахр эрод карда буд.
Кассий Дион дар бораи Ардашер менависад, ки: "У барои мо харифи хатарноке шудааст... ва изхор кардааст, хама заминхо, ки то бахри Юнон аз ^адим ба форсиён тааллу^ дошт, боз хохад гирифт, зеро ин хама ба форсиён ба мерос аз гузаштагони онхо мондааст" (1, с.365).
Таъкиди Ардашер дар бораи бозгардонидани мулк, дар сигае гуфта шудааст, ки бо "ху^у^и байналхал^й"-и хамон замон (ва ин замон инчунин) мухолифат намекунад. Ардашер мехохад он чиро бозгардонад, ки мулки эрониён буд. Ба ^авли Саолибй дар 'Турар", ва^те ки Ардашер аз Истахр ба фармонравоёни нохияхо нома менависад, таъкид мекунад, ки "мулкро ба сохибонаш" баргардонидааст (2, с.479). Нукта ахамияти чавхарй дорад. Дар акси хол Ардашерро госиб (узурпатор) мегуфтанд, на подшохи ^онунй.
Он, ки Дион Кассий дар бораи галабаи Ардашер дар се мухориба аз болои Ашкониён, ба дасти сипохи Ардашер соли 224 кушта шудани Ардавони V ва ба истехкоми Хдзар (Hatra) дар шимолу гарби Байнаннахрайн хучум кардани лашкари Ардашер менависад, аз он гувохй медихад, ки ба Рум хабар дар бораи хатари шоханшохии Сосонй та^рибан соли 230 расидааст ва мавриди андешидани чорахои зарурй шудааст. Дион Кассий дар бораи чорахое, ки бояд андешида шаванд, наметавонист чизе нависад, зеро ба соли 230 у дар ^айди хаёт набуд.
Дар бораи рузгор ва кирдори дигари хал^хои эронй умуман ва Ардашери Бобакон махсусан, Кассий Дион, агар тафсилоти кутохи хабари ба ма^оми подшохй расидани Ардашерро ба инобат нагирем, маълумоте надодааст. Танхо дар чое, ки сухан дар бораи Арбелла (Эрбили имруза) меравад, Кассий Дион зикр мекунад, дар наздикии Эрбил "Искандар Дороро торумор кард" (1, с.331).
Геродиан таърихнигори юнонй байни солхои 180-250 зиндагй кардааст. Китоби у "Таърихи салтнанати императорй пас аз Марк", пас аз Кассий Дион дувумин сарчашмаи юнонй мебошад, ки дар бораи хал^хои эронй, давлатхои эрониён, аз чумла дар бораи шоханшохии Сосониён, маълумотеро дарбар мегирад. Таърихи Геродиан руйдодхоро аз соли 180 то 238 фаро гирифтааст. Асари Геродиан аз соли 1792 ба муомилот илмй ворид карда шудааст. Маълумоти Геродиан хамасри Дион Кассий дар бораи шоханшох ва шоханшохии Сосонён чанбахои бештарро фаро гирифтааст.
Дар бораи ^иёми Ардашери Бобакон ба хангоми салтанати император Александр Северус (208-235) Геродиан менависад, ки: "ба ногах аз амирони Сурия ва Байнаннахрайн номахо расиданд. Дар онхо гуфта мешуд, ки Артаксеркс, подшохи форсиён портхоро торумор намуда, онхоро аз фармонфармой дар Шар^ махрум сохта, Артабанро, ки пештар шоханшохи бузург мегуфтандаш ва сохиби ду афсар буд кушт, хама хащхои барбари хамсояро тобеъ кард ва онхоро хирочгузори худ гардонд".(3, с. 114). Ин ривояти Геродиан ба мохият ба ривояти муаллифи беноми "Корномаи Ардашери Бобакон", ривояти хаким Фирдавсй дар "Шохнома" ва чанде сарчашмахои дигар мухолифат намекунад.
Дар он номахо нуктае хам мегузашт, ки метавонист боиси парешонии ^айсари Рум шуда бошад. Ба ^авли Геродиан дар номахо инчунин омада буд, ки Ардашер "бо хамин ^аноат намекунад ва дар он каронаи дарёи Дачла намемонад. У ба каронаи дигар ба ^аламрави империяи Рум гузашта, Байнаннахрайнро бо горатхо хароб мекунад, ба мардуми Сурия тахдид менамояд. Хдма замини му^обили Европа, ки бахри Эгей ва гулугохи Пропонтида (гулугохи Мармар) чудояш мекунанду Осиёяш меноманд, замини падарони худ дониста, мехохад аз нав ба шоханшохии Форс баргардонад. У таъкид мекунад, аз замони Куруш, ки нахустин шуда, салтанатро аз модхо ба форсиён супорид, то Доро подшохи охирини форс, ки салтанати уро Искандари Македонй бархам зад, хама чо то Иония (атрофи Измир) ва Кария (сохили бахри Адриатик) аз чониби волиёни форс идора мешуд. Бинобар ин уро месазад, ки барои форсиён пурра шоханшохиро, ки пештар доштанд, бар^арор кунад" (3, с.114). Месазад ёдовар шуд, ки бино ба маълумоти Аммиан Мартселлин Шопури II хам дар номааш ба ^айсари Рум Константсии II (337-361) та^рибан хамин гуна талабро пеш гузошта буд (4, с.61)
Аз руи бардошти румихо аз Куруши Кабир ва Дорои I ёдовар шудани Ардашери Бобакон аз он гувохй медихад, ки Ардашер худро меросбари Пешдодиён медонист ва азм карда буд, то империяи Хдхоманиширо бар^арор кунад. Месазад ба як нукта ахамият дод, ки сухан дар бораи подшохи чавони давлати чавоне меравад, ки мехохад пас аз панчсад соли су^ути давлати Хдхоманишй хайбат ва азамати шоханшохии эрониёнро бар^арор кунад.
Дар "Шохнома"-и Фирдавсй низ мазмуни изхороти Ардашер, ки шоханшохии Хдхоманиширо мехохад бар^арор кунад, омадааст. Ардашер чун ба Истахр мерасад ва ба ривояти Фирдавсй тарафдорони зиёд хам пайдо мекунад, аз руи таомул, ба тарафдорони худ чунин мурочиат мекунад:
Зи хар шахр фарзонаву ройзан, Ба назди чахончуй гашт анчуман. Забон баркушод Ардашери чавон,
Ки "эй номдорони равшанравон,
Касе нест з-ин номдор анчуман,
Зи фарзонавy мардyми ройзан,
Ки нашнид, к-Искандари бадгумон,
Чй кард аз фурумоягй дар чахон.
Ндагони моро якояк бикушт,
Ба бедодй овард гетй ба мушт... ( 5, с.195)
Агар мо матни "Шохнома"-ро ба наср ва ба таъбирхои имруза гардонем, хамон маънй метавонад хосил шавад, ки Ардашер дар хакикат мехохад, вокеияти сдасй ва маъмурии то "Искандари бадгумон"-ро баркарор кунад. Яъне хамон маънй, ки дар ривояти Геродиан дар гузоришхо аз амирони Сурия ва Байнаннахрайн ба кайсар расида буд.
Дар "Таъриху-р-русул ва-л-мулук"-и Мухамад ибни Ч,арири Табарй ин маънй та хадде равшан баëн шудааст.Табарй менависад: "Ардашер мехост интикоми хуни Доро писари Доро писари Бауман писари Исфандерро бигирад, ки бо Искандар ба пайкор буду хочибонаш уро бикуштанд. Ва подшохиро ба ахлаш боз барад ва расму нагони салафи хешро, ки пеш аз y мулуку-т-тавоиф буда буданд, пас орад. Ва шохй аз они як солор ва як шох шавад" (6, с. 12; 7, с.141). Матни Табарй дар тарчумаи Абулкосими Поянда хамон маъниро медихад, ки дар тасаввури харифони Ардашери Бобакон, аз чумла император Александр Северус, хосил шуда буд.
Рахи дигаре, ки дар сюжети вобаста ба Ардашер дар ривояти Геродиан омадааст, ба ангезаи кайсар Александр Северус аз чунин гузоришхо мебошад. Ин чо месазад ëдовар шуд, ки Геродиан Ардашерро "варвар" мегуяд ва мардуми Эроншахрро "варварон". Маълум аст, ки дар Юнони кадим ва Рими кадим хама халкхои ачнабиро ба як оханги тахкиромезе "варвар" - чохил, нотарошида мегуфтанд. Ва Геродиан хамин корро кардааст.
Геродиан менависад, ки кайсар пас аз машваратхо карор мекунад, ки ба назди Ардашер сафорат фиристад ва ба y нома нависад. Дар нома кайсар пешниход менамояд, ки Ардашер дар каламрави худ бимонад ва оханги чанг накунад. Ардашер чунин пешниходро кабул намекунад (13, с.115). Ин чо метавон ишора кард, ки ин мулохизаи Геродиан нахустин маълумот дар бораи кушишхои халли дипломатии масъала байни шоханшохии Сосонй ва харифон вай мебошад.
Геродиан, менависад, сабаби чунин муносибати Ардашер дар он дида мешавад, ки "y нахустин аз форсиëн буд, ки ба подшохии Ашкониëн хучум намуда, подшохии Форсро баркарор кард. Маълум аст, пас аз Доро, ки аз подшохй Искандари Македонй махрумаш карда буд, дар давоми хеле солдани здад макдунихо ва ворисони Искандар кабилахои шаркиро ба кишвархо таксим намуда, подшохй мекарданд". Геродиан такроран менависад, ки Арадашер Ардавонро кушта, подшохиро ба форсдан баргардонд. Пас аз ин y оханги чанги Рум мекунад (3, с. 115).
Баробари чунин сурат гирифтани масъала Александр Северус карор мекунад, ки ба мукобили Ардашери Бобакон лашкар кашад. Вакте кайсар чунин икдомро ба лашкар эълон мекунад, мегуяд, ки " як марди форсй Ардашер хочаи худ Ардавонро бикушт, хокимияти олиро ба форсхо бидод" (3, с.115).
Аммо пеш аз он, ки ба икдоми аскарй даст занад, кайсар боз ба он форс, ки Ардашерро дар назар дорад, сафорат мефиристад. Вале барбар, ки боз хам Ардашерро дар назар дорад, сафоратро ноком бозпас мегардонад. Дар навбати худ Ардашери Бобакон чорсад нафар мардони баландкомат ва хуш сарулибосу савори аспхои оростаю камонварро чудо намуда, ба назди кайсар мефиристад. Аз оханги нигориши Геродиан гараз аз фиристодани чунин сафорат мухокима ë пешниходи халли мусолиматомези масъала набуд. Fараз, аз оханги Геродиан, бо
- S2 -
андоми хеш ва лавозимоти чангии хеш таъсире гузоштан ба румиён будааст. Сафорат хангоми ба хузури император расидан чунин эълонро раво медонад: "Подшохи бузург Ардашер фармон медихад, ки румиён аз Сурия ва хама бахшхои Осиё, ки мукобили Европа чойгир аст, бираванд. Ва ба форсхо сохибй намудани тамоми заминхоро то Иония ва Кария ва мардуми он чоро, ки бахри Эгей ва Понт (гулугохи Мармар) чудо мекунад, вогузор намояд, зеро он чойхо мулки меросии форсхо мебоашд" (3, с. 116).
Кайсар чун ин суханхоро мешунавад, то чое меъёрхои дипломатиро нодида гирифта, фармон медихад, ин чорсад нафарро боздошт кунанд, зару зеварашонро бигиранд ва худашонро ба дехоти Фригия (пахное дар Осиёи Хурд) бо вогузор намудани замини кишт, бадарга намоянд (3, с. 116). Дар "Шохнома" ва дар сарчашмахои арабу мусулмонй вобаста ба муносибатхои Сосониён бо Руму туркхо хеле ишорахое рафтааст, ки новобаста ба вазъи муносибатхо масунияти сафирон нигох дошта мешуд. Аммо ин чо бори аввал мегузарад, ки кайсари Рум, лозим донистааст, ки ба эътиборхои дипломатй арч гузошта нашавад.
Александр Северус бино ба гузориши Геродиан вакте сипохи анбухеро сафарбар мекунад, он сипохро ба се бахш таксим намуда, хар бахшро ба самте ба тарафи хоки Эроншахр мефиристад. Фармондехии як бахши сипох, бахши марказиро худи кайсар ба ухда мегирад. Дар ин росто Геродиан маълумотеро дар бораи подоши пулии чанговарон баён намуда, кайд мекунад, ки барбарон чун румиён ба чанговарон подош намедиханд (3, с.117).
Ардашер барои пеш гирифтани лашкаре мебарояд, ки ба самти Арманистон фиристода шуда буд. Сипас чун хабар мерасад, ки румиён ба хамворихои Порт расидаанд, Ардашер бо кисме аз аскар ба ёрии лашкариёне, ки дар он хамворихо буданд, шитоб мекунад. Ин лашкари Рум умед дошт, ки худи кайсар аз онхо пуштибонй мекунад ва чашмдор набуд, ки худи Ардашер бо онхо вориди мухориба мешавад. Аммо кор ранги дигар мегирад. Геродиан менависад: "Аммо Александр онхоро фиреб дод, зеро на лашкарро овард, ё аз тарс , ки чони худро барои давлати Рим ба хатар нагузорад, ё ба хотири исрори модараш, ки хеле фарзандпарвар буд, вориди мухориба нашуд. Модар хуруши мардонавори уро медошт ва уро бовар мекунонд, ки дигарон бояд чони худро барои у ба хатар гузоранд, у набояд вориди мухориба шавад" (13, с. 117). Хулосаи мухориба басо гайричашмдошт буд. Ин бахши лашкари Рум хама кушта мешаванд. Дар ин бора Геродиан чунин менависад: "Ин шикаст барои румиён басо ногувор ва гушношунид буд, зеро кувваи бузурге ба халокат дучор шуда буд". Дар бораи Ардашер хамин муаллиф менависад, ки: "ин омад дар чунин кори бузург ба дили Ардашер умедро барои корнамоихои боз хам бештар чо намуд (3, с.118).
Ногуфта намонад, ки нигоришхои муаллифон юнонй дар баъзе холатхо метавонанд хилофи вокеияти таърихй бошанд. Чунин холатхоро, ба андешаи мо, салохи сиёсй ва ё эътикоди юнонгарой такозо мекард. Дар бобати шиикасти Александр Северус дар мухориба бо Ардашер Элий Лампридий муаллифи як бахши китоби "Таърихи бузургон" (История августов), ки сарчашмаи асри IV мебошад ва ба шархи холи императорони Рум бахшида шудааст, назари дигар баён шудааст. Лампридий менависад: " Сипас бо омодагии бузурги аскарй ба Форс равон шуда, аз болои подшохи кудратмандтарин Артаксеркс галаба кард. Худи Александр, чанговаронро шерак карда, аз каронахои сипох мегузашт ва дар масофаи расидани партови найза карор дошт". Сипас дар сенат баромад карда, Александр Северус боз дар бораи пирузии худ дар набард бо Ардашер ба як оханги тантанавй хисобот додааст. (8, с.29-30). Дар доирахои мухаккикони таърихи Рум маълумоти Элий Лампридий мавриди муносибати чиддй карор нагирифтааст. Хоса, ки ду-се сол пас Александр Северус ва модари у дар натичаи як ошуби аскарй соли 235 кушта мешаванд.
Мухавдщони эронй бар ин назаранд, ки дар масъалаи он ки "оё Ашкониён дар садади эчоди хукумате дар идомаи хукумати Хдхоманишиён буданд, чуз ишороти махдуд ва мубхаме дар манобеъ наметавон ёфт". Вале ишорае маълум аст, ки подшохи Ашконй Ардавони II, ки аз соли 128 то 123 пеш аз мелод подшохй мекард, сафорате ба кайсар Тиберий дар мавзуи бознигарии каламрави Хдхоманишиён фиристода буд (9, с.2).
Дар "Вакойеъномаи Арбил" (The Chronicle of Arbela) сарчашмаи асри VI, ки ба забони сириёнй навишта шудааст, гуфта мешавад, ки хонадони Сосонй тачрибаи муайяне дар чангхо бо Ашкониён пайдо карда буд, то оханги марзхои Рум кунанд. (9, с.5).
Храмин тавр дар нигориши Кассий Дион ва Геродиан ташаккул ёфтани кувваи нави сиёсй ва аскарй ба чои Ашкониён инъикос ёфтааст. Ин кувва дар камтар аз дах сол ба чое расида буд, ки бо армияи муназзами Рум сар ба сар шавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Кассий Дион Коккейан. Римская история. Книги LXIV-LXXX. - Санкт-Петербург, 2011.- 456 с.
2. Саолибй Абу Мансур 'Турару ахбори мулуки-л-фурси ва сиярщим " /Саолибй Абу Мансур. -Теурон, 1963. - 828 с.
3. Геродиан. История императорской власти после Марка. - Москва, 1996. - 301с.
4. Дмитриев.В.А. Аммиан Марцеллин и персы / Дмитриев.В.А. - Москва, 2003.- 292 с.
5. Фирдавсй Абулцосим, "Шоунома", ц.7. - Душанбе, 1966.- 652 с.
6. ТабарйМууаммад ибни Царир. "Таъриху-р-русули ва-л-мулук", ц. II, Цоуира, 1979. - 239 с.
7. Абулцосими Поянда. Таъриху-р-русули ва-л-мулук" таълифи Мууаммад ибни Царири Табарй, ц. II. - Теурон, 2011.- 274 с.
8. Лампридий Элий. Жизнеописания августов. XVIII. Александр Север. Властелины Рима.-Москва: Наука, 1992.- 49 с.
9. Тиллой Парвиз Хусайн, Царфй Мустафо. Воковии шохисуои таъсиргузор бар сиёсатуои марзии Ардашери Бобакон дар циболи императории Рум // Фаслномаи илмйпажууишии таърихи ислом ва Эрон: Донишгоуи Зауро. Соли 20, давраи цадид, шумораи 7 (87), тирамоуи 1389 (2011).
Reference Literature:
1. Cassius Dion Cocceyan. Roman History. Books LXIV-LXXX. Saint Petersburg. 2011.-p. 365; 456.
2. Saolibi Abu Mansur. Descriptions of the Lives of Persian Princes who Didn't Reach their Maturity Age. Tehran. 1963.-479; 828pp.
3. Herodian. The History of Imperial Power after Marc. Moscow. 1996.- 114; 301 pp.
4. Dmitriev V.A. Ammian Marcellin and Persians. Moscow. 2003.- 61; 292 pp.
5. Firdawsi, Abulkosim. Shakh-Name. Volume 7. Dushanbe. 1966.-195;652pp.
6. Tabari, Mukhammad ibn Charir. "Tarihu-r-rusuli va-l-muluk" Volume II. Kohira. 1979.- 12; 239 pp.
7. Poyanda, Abulkosim. "Tarihu-r-rusuli va-l-muluk". Compiled by Muhammad ibni Charir Tabari. Volume II. Tehran, 2011.- 141; 274pp.
8. Lampridiy, Eliy. Description of the Lives of Augusts, XVIII. Alexander Sever. In the book: The Lords of Rome. Moscow: Science. 1992.-pp. 29-30; 49pp.
9. Tillo, Parviz Husayn; Djarf Mustafo. Quest of Factors which Exercised Influence over the Policy Pursued by Ardashir Babakan in Relation to the Roman Empire. The Section of the Scientific Research of Islam and Iran. Zahro University, year 20, Jadids epoch, N°7 (87), autumn of1389 (2011).- p.2