Научная статья на тему 'АНДЕШАҳОИ СИЁСИИ АРДАШЕРИ БОБАКОН ДАР БОРАИ ЧАНДЕ АЗ МАСЪАЛАҳОИ ДАВЛАТДОРӣ'

АНДЕШАҳОИ СИЁСИИ АРДАШЕРИ БОБАКОН ДАР БОРАИ ЧАНДЕ АЗ МАСЪАЛАҳОИ ДАВЛАТДОРӣ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
528
35
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АРДАШЕР / ПРАВЕДНЫЙ ХАЛИФ / «АХД АРДАШЕР» / НАСЛЕДНИК / НЕПОТИЗМ / РЕЛИГИЯ / ЧАСТНАЯ СОБСТВЕННОСТЬ / ДОТАЦИЯ / НАЧАЛЬНОЕ ОБУЧЕНИЯ / ARDASHER / RIGHTEOUS CALIPH / MAMUN / HEIR / NEPOTISM / RELIGION / PRIVATE PROPERTY / DROUGHT / UNEMPLOYMENT / EDUCATION / ШОҳАНШОҳ / ХАЛИФА / “АҳДИ АРДАШЕР” / ДИН / МОЛИКИЯТИ ХУСУСӣ / ЁРОНА / ТАЪЛИМИ ИБТИДОӣ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Юлдошев А. Қ.

Мақола ба баррасии афкори сиёсии Ардашери Бобакон оид ба баъзе масъалаҳои давлатдорӣ бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар адабиёти арабу мусулмонӣ Ардашери Бобакон чун сиёсатмадор ва давлатмарди варзида шинохта мешавад. Мулоҳизаҳои Ардашер дар бораи давлат ва давлатдорӣ асосан дар “Аҳди Ардашер”, сипас “Тоҷнома” ва сипас дар чанде аз китобҳои адабӣ оварда шудаанд. Муаллифи мақола таъкид намекунад, ки ин ҳама мулоҳизаҳоро Ардашер гуфтааст, вале инкор ҳам намекунад, ки мулоҳизаҳо андешаҳои Ардашер мебошанд. Муаллиф агар андешаҳои Ардашери Бобакон ва ё андешаҳо мансуб ба ин шоҳаншоҳро табақабандӣ намуда, таъкид менамояд, ки вай дар бораи давлату давлатдорӣ дар адабиёти арабу мусулмонӣ ба чанд нукта эътибори бештар дода шудааст. Пеш аз ҳама, ба тартиби интихоб ва таъйин намудани валиаҳд эътибор медод Ардашер мувофиқ набуд, ки дар идораи давлатӣ хешовандсолорӣ (непотизм) аҳамияти бештар аз лозима дошта бошад. Ардашер шояд аз нахустин подшоҳони Сосонӣ буд, ки мусибати бекориро барои подшоҳӣ ва ҷомеа фаҳмида буд. Ардашер ба идеология(дин) эътибори хоса медод ва шоҳаншоҳе буд, ки ба оини зардуштӣ мартабаи расмӣ дода буд. Аз дастурҳои иқтисодии Ардашер месазад дастури ӯ оид ба дахолатнопазирии моликияти хусусӣ ва инчунин аз хазина ҷудо намудани ёрона ба осебдидагонро таъкид кард. Ва ахиран, Ардашер тақрибан барои фарзандони табақаҳои муайяни ҷомеа таълими ибтидоии ҳатмӣ ҷорӣ карда буд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ARDASHER BOBAKON'S POLITICAL IDEAS CONCERNED WITH CERTAIN ISSUES OF GOVERNMENT RULING

The article dwells on the discussion beset with Ardasher Bobakon's political ideas concerned with certain issues of government ruling.The author of the article lays an emphasis upon the idea that Ardasher Bobakan as a historic person and founder of the Sassanids empire is known in the concrete sources, including Greek-Armenian ones and that of Pahlavi entitled as “The Book about Ardashir's Deeds”, in Arab-Muslim written monuments as a literary image. It is asserted that Ardasher Bobakon he is presented political ideas alongside with state issues are basically found in the small treatise referred to as “Akhdi Adasher” (Testament of Ardasher), in “Toj-Name” (The Book about Crown) and other Arabian sources of abad genre. Ardasher bequeaths to be cautious on the issue in regard to choice and appointment of an heir and warns against the scourge of nepotism towards state governing, at the same time he attaches great importance to Zoroastrian religion and demanding official status for it; he emphasizes on inviolability of private property and prescribes temporary exemption from land tax and provision of material sustenance for peasants who suffered from drought and other natural calamities; he considers unemployment or nonengagement of citizens for as a threat to the authorities; he stands up for compulsory primary education for the children of representatives of certain strata of society as well.

Текст научной работы на тему «АНДЕШАҳОИ СИЁСИИ АРДАШЕРИ БОБАКОН ДАР БОРАИ ЧАНДЕ АЗ МАСЪАЛАҳОИ ДАВЛАТДОРӣ»

07.00.10.ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА О7.ОО.1О.ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10. HISTORY OF SCIENCE AND TECNOLOGY

УДК 82 ББК 83.3 (0)9

АНДЕШАУОИ СИЁСИИ АДАШЕРИ БОБАКОНДАР БОРАИ ЧАНДЕ АЗ МАСЪАЛА^ОИ ДАВЛАТДОРИ

ПОЛИТИЧЕСКИЕ РАЗМЫШЛЕНИЕ АРДАШЕРА БАБАКАНА О НЕКОТОРЫХ ВОПРОСАХ ГОСУДАРСТВЕННОГО

УПРАВЛЕНИЯ

ARDASHER BOBAKON S POLITICAL IDEAS CONCERNED WITH CERTAIN ISSUES OF GOVERNMENT RULING

Юлдошев Абдулло Курбонмаматович, н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоцики ДМТ(Тоцикистон, Душанбе)

Юлдошев Абдулло Курбонмаматович,

кандидат филологических наук, доцент кафедры истории таджикской литературы ТНУ (Тадикистан, Душанбе)

Uldoshev Abdulla Kurbonmamatovich, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of the history of Tajik literature under the TNU (Tajikistan, Dushanbe), Е-mail: romish2004@inbox. ru

Вожщои калиди: Ардашер, шоуаншоу, халифа, "Ауди Ардашер", непотизм, дин, моликияти хусуси, ёрона, таълими ибтидои

Мацола ба баррасии афкори сиёсии Ардашери Бобакон оид ба баъзе масъалауои давлатдори бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар адабиёти арабу мусулмони Ардашери Бобакон чун сиёсатмадор ва давлатмарди варзида шинохта мешавад.Мулоуизауои Ардашер дар бораи давлат ва давлатдори асосан дар "Ауди Ардашер", сипас "Тоцнома" ва сипас дар чанде аз китобуои адаби оварда шудаанд. Муаллифи мацола таъкид намекунад, ки ин уама мулоуизауоро Ардашер гуфтааст, вале инкор уам намекунад, ки мулоуизауо андешауои Ардашер мебошанд.

Муаллиф агар андешауои Ардашери Бобакон ва ё андешауо мансуб ба ин шоуаншоуро табацабанди намуда, таъкид менамояд, ки вай дар бораи давлату давлатдори дар адабиёти арабу мусулмони ба чанд нукта эътибори бештар дода шудааст. Пеш аз уама, ба тартиби интихоб ва таъйин намудани валиауд эътибор медод Ардашер мувофиц набуд, ки дар идораи давлати хешовандсолори (непотизм) ауамияти бештар аз лозима дошта бошад. Ардашер шояд аз нахустин подшоуони Сосони буд, ки мусибати бекориро барои подшоуи ва цомеа фаумида буд. Ардашер ба идеология(дин) эътибори хоса медод ва шоуаншоуе буд, ки ба оини зардушти мартабаи расми дода буд. Аз дастуруои ицтисодии Ардашер месазад дастури у оид ба дахолатнопазирии моликияти хусуси ва инчунин аз хазина цудо намудани ёрона ба осебдидагонро таъкид кард. Ва ахиран, Ардашер тацрибан барои фарзандони табацауои муайяни цомеа таълими ибтидоии уатми цори карда буд.

Ключевые слова: Ардашер, праведный халиф, «Ахд Ардашер», наследник, непотизм, религия, частная собственность, дотация, начальное обучения

Статья посвящена обсуждению политических размышлений Ардашера Бабакана относительно некоторых вопросов правления государством.

Подчёркивается, что Ардашер Бабакан считается основателем империи Сасанидов в источниках, включая греко-армянские, известен как историческое лицо, а в пехлевийской (««Книга деяний Ардашира») и арабо-мусульманских и как литературный образ. Отмечается, что политические мысли Ардашера Бабакана по ряду государственных вопросов встречаются в основном в небольшом трактате "Ахд Ардашер" («Завещание Ардашера»), в "Таджнаме" (««Книге о короне») и других арабских источниках жанра адаб. Указывается, что Ардашер завещает быть острожным в вопросе выбора и назначения наследника, предостерегает от напасти непотизма в управлении государством, придаёт большое значение религии: ему относят придание официального статуса зороастрийской религии, подчеркивает неприкосновенность частной собственности и предписывает временное освобождение от земельного налога и оказание материальной помощи крестьянам, пострадавшим от засухи и других природных явлений,

считает безработицу или незанятость подданных угрозой для власти, вводит обязательное начальное образование для детей представителей некоторых слоев общества.

Key words: Ardasher, righteous caliph, Mamun, heir, nepotism, religion, private property, drought, unemployment, education

The article dwells on the discussion beset with Ardasher Bobakon\s political ideas concerned with certain issues of government ruling.The author of the article lays an emphasis upon the idea that Ardasher Bobakan as a historic person and founder of the Sassanids empire is known in the concrete sources, including Greek-Armenian ones and that of Pahlavi entitled as "The Book about Ardashir^s Deeds", in Arab-Muslim written monuments as a literary image. It is asserted that Ardasher Bobakon he is presented political ideas alongside with state issues are basically found in the small treatise referred to as "Akhdi Adasher" (Testament of Ardasher), in "Toj-Name" (The Book about Crown) and other Arabian sources of abad genre. Ardasher bequeaths to be cautious on the issue in regard to choice and appointment of an heir and warns against the scourge of nepotism towards state governing, at the same time he attaches great importance to Zoroastrian religion and demanding official status for it; he emphasizes on inviolability of private property and prescribes temporary exemption from land tax and provision of material sustenance for peasants who suffered from drought and other natural calamities; he considers unemployment or nonengagement of citizens for as a threat to the authorities; he stands up for compulsory primary education for the children of representatives of certain strata of society as well.

Ардашери Бобакон, ки бешубха, шахсияти сиёсии таърихй аст ва дар адабиёти замони исломй, аз чумла дар "Шохнома", ба сифати баёнгари чанде аз масъалахои давлату давлатдорй низ ба ^алам дода шудааст. Ба назари чанде аз мутахассисони таърихи Сосониён, аз чумла А.Кристенсен ба на;л аз Хенинг, точгузории Ардашери Бобакон рузи 28 апрел (09 фарвардин)-и соли 224 сурат гирифта будааст(12,59).Муддати подшохии Ардашерро сарчашмахо бо назардошти огози ;иёми Ардашер ва ё аз итоати Ардавони Ашконй баромадани у, ба таври гуногун зикр кардаанд. Масалан, дар нусхаи точикистонии "Шохнома"- и Фирдавсй муддати подшохии Ардашерро чил солу ду мох, омадааст (21, 230;) аммо, дар чопи инти;одии Москва муддати подшохии Ардашер шояд ба сабаби ихтилофхо умуман зикр нашудааст (21,155). Ч,алол Холи;ии Мутла; ва Махмуди Умедсолор дар чопи инти;одии Нью-Йорк шояд аз чопи точикистонй пайравй карда, подшохии Ардашерро чилу ду сол гуфтаанд (24,193). Ардашер то соли 242 подшохй кардааст ва ба ;авли Фирдавсй хануз дар зиндагй дар синни хафтоду хаштсолагй подшохиро ба писараш Шопури I вогузор намудааст (21, 273).

Ба номи Ардашери Бобакон чанд рисолаеро, дар бораи давлату давлатдорй нисбат додаанд.Яке аз ин рисолахо "Ахди Ардашер" мебошад, ки тарчумаи арабии вай то замони мо омада, асли пахлавии рисола то даврони мо нарасидааст. Рисола солхост, ки дар муомалаи илмй ;арор дорад ва дар ин бобат месазад, ки хидмати эроншиноси фаластинй Эхсони Аббос (1920-2003) таъкид карда шавад. Эхсони Аббос матни арабии "Ахди Ардашер"-ро бо му;аддимаи муфассал ва чанде илова аз сарчашмахои гуногун ба чоп расонидааст (2).

Дар тахияи Эхсони Аббос "Ахди Ардашер" дар сию шаш банд омадааст (2.49-84). Дар "Тачорубу-л-умам ва тао;убу-л-химам"-и Ибни Мискавайх (ваф.1030) бисту се банд аз "Ахди Ардашер" бозгу шудааст (8, 97-107). Дар тарчумаи форсии "Тачорубу-л-умам", ки Абул;осими Имомй соли 1991 нашр кардааст, низ 23 банд оварда шуда, онхо дар тах;и;оти Н.Зохидов "Адабиёти форсу точик дар асрхои VIII-IX" зикр шудаанд (7,114-129).

Мо дар бораи муносибати "Ахди Ардашер" ба Ардашери Бобакон наметавонем сухани наве бигуем, вале ба пайравй аз чанде аз пажухишхо метавонем таъкид кунем, ки дар асрхои VIII-XI ва хатто дертар дар фарханги арабу мусулмонй ба ма;оми чунин рисолаи Ардашер ишора ва такя мекардаанд.

Масалан, дар бештари пажухишхо хабаре аз "ал-Фозил"-и Абу-л-Аббоси Мубаррад (826-898) оварда мешавад, ки писари халифаи аббосй Хорун ар-Рашид (786-809) халифа ал-Маъмун (813833) ба муаллими писараш халифаи оянда ал-Воси; би-л-лох (842-847) фармуда буд, китоби Худовандро омузонад, китоби "Ахди Ардашер"-ро хононад ва китоби "Калила ва Димна"-ро аз бар кунонад" (15, 4;2,34;7,239-240).

Ч,алол Холи;ии Мутла; пораи хотимавии бахши "Подшохии Ардашер"-ро, ки дар чопи инти;одии Душанбе чун "Супурдани Ардашер кори подшохиро ба Шопур" омадааст, ба гунаи

"Гуфтор андар ахдномаи Ардашери Бобакон бо Шопур" унвон кардааст. Хамин унвон дар дастхатхои мавриди истифодаи Холи;ии Мутла; ба гунахои "Ахдномаи Ардашер Шопур", "Ахдномаи Ардашер Шопур ва супоридани подшохй бад-уй", "Гуфтор дар васияти Ардашер Шопурро" ва "Ахдномаи Ардашер Шопур" низ омадааст (24, 229). Мухаммаднурй Усмонов дар чопи инти;одии Москва аз гузоштани унвоне ба ин пора худдорй кардаанд (22, 186). Чунин манзара, ки дар чанд дастхати "Шохнома" номи "Ахди Ардашер" хамчун "ахднома" омадааст, аз он метавонад далолат кунад, ки дар доирахои фархангии Багдод ва сипас Хуросон рисолае ба арабй бо номи "Ахд Ардашер" дар муомилаи фархангй будааст. Дар "Ахди Ардашер" ва сарчашмахои дигар чунин мулохизахо дар бораи чанде аз масъалхои давлатдорй баён шудаанд:

1.Ардашери Бобакон хануз дар асри III таъкид карда буд, ки: "Бекории мардум метавонад боиси табоуии умури подшохй гардад, зеро аз байни мардуми бекор, бино ба манишуои мухталифи ощо, равишуои номатлуб ва душманиву кинатузй бархезад".Мо ин тарчумаро, ки кори Абул;осими Имомй мебошад, аз китоби Н. Зохидов гирифтем. Месазад гуфт, ки матни Ибни Мискавайх андаке аз матни сарчашмаи Эхсон Аббос фар; мекунад. Вале ин фар; ба мохияти масъала чандон таъсире намерасонад. Ардашер шояд аз подшохони ангуштшумор бошад, ки дар ибтидои асрхои миёна хатари бекориро ба суботи мамлакат фахмида буд (7, 240-241).

2.Ардашери Бобакон, ки худ дар ибтидои кор аз мактаби вилояти ахд гузашта буд, ба хубй медонист, ки интихоби валиахд, масъалаи багоят хассосе мебошад. Бино ба ривояти Табарй пас аз вафоти Бобак бародари калонии Ардашер Шопур аз руи анъана сарвариро ба даст мегирад. Ардашер чунин сурат гирифтани корро намепазирад ва ситез то ба чанг мерасад (17, 12).Ардашери Бобакон дар интихоби валиахд тадбире пешниход мекунад, ки метавонад то зинда будани шоханшох мулкро аз фитнаи талоши подшохй то хадде эмин дорад.

Дар сигаи баёне, ки дар ин бобат дар "Ахд..." омадааст, як психологизми хоса мушохида мешавад. Ардашер мефармояд, ошкор намудани номи валиахд ногузир адоватро байни подшох ва валиахд ба миён меорад, ки амну осоиши мулкро метавонад халалдор кунад. Бинобар ин Ардашер салох медонад, ки подшох номи валиахдро бисёр махрамона дар чор нусха нависаду бибандад ва мухр гузорад. Ва хар яке аз нусхахоро ба шахсони басо муътабар ба амонат супорад. Пас аз вафоти подшох нусхахоро кушоянд ва номи валиахдро ошкор созанд... Тадбир сода ба назар мерасад, вале коргар. Албатта, ин тадбир пеши рохи дасисахои дарбориро намегирифт, аммо то чое намегузошт, ки оташи талоши подшохй аланга занад (2, 66-69). Маълум аст, ки худи Ардашер ин корро накардааст, вале пай бурда будааст, ки масъалаи валиахд барои суботи дохилии мамлакат ахамияти хоса дорад. Ардашер Шопури I писари духтари Ардавони Ашкониро дар ривояти Фирдавсй ва та;рибан хама сарчашмахои арабию мусулмонй дар хузури аъён андаке пеш аз вафот валиахд таъйин мекунад ва чунон ки ишора рафт подшохиро ба у месупорад (21, 273).

3.Дар давоми хамин андеша Ардашер меафзояд, ки у дасисахои дарборро ба я;ин медонад: "Бидонед, ки писари подшоц, бародари подшоц, писари бародари подшоц, ва писари амаки подшоц щма мегуянд: "Ман андаке монда буд, ба шоистагй подшоц шавам. Ва набояд пеш аз он, ки подшоц шавам, бимирам". Ардашер медонад, ки давои ин дард дар худи хамин дард аст. У тари;аеро пешниход мекунад, ки ба назари у даъвогарони подшохиро кам мекунад. Ардашер мефармояд: "Подшохиро чунин кунед, ки ба цуз ба писарони подшоцон аз духтарони амащошон ба дигаре нарасад. Ва аз писарони духтарони амащо кутощцл ва ноцисулаъзо шоистаи подшохй набошад" (2, 79-80). Месазад ишора кард, ки ин васияти Ардашер ба худи у ва набераи у татби; нашуда буд. У харчанд чанд зан дошт, аз чумла ба ;авли В.Г. Луконин хохари у Динаг хам хамсараш буд (13, 33), вале зане, ки ба у писари валиахд Шопури I-ро таваллуд кард, духтари Ардавон -охирин подшохи Ашконй, душман ва харифи асосии Ардашер буд. Зиёда аз ин, зани Шопури I хам духтари Мехраки Чдхрамй буд, ки ба Ардашер хиёнат карда буд ва ба ;атл расида (21,217).

Шарти комилулаъзо, баъд аз сиву як соли вафоти Ардашер (ба хисоби Фирдавсй) дар бобати Урмузди Шопур сарфи назар шуда буд. Абуалии Балъамй дар тарчумаи "Таърих"-и Табарй дар сиё;и сухани хасудон ба Шопур, ки "Хурмуз сипоу гирд щмекунад, то бар ту берун ояд ва мулк аз ту биситонад" меоварад: " Ва Ацам щр он касере, ки бар вай айбе будй ё нуцсоне дар андоми у будй, уро мамлакат надодандй. Пас Хурмуз дасти хеш бибурид ва ба сафате нщод ва суи Шопур фиристод ва нома навишт ва гуфт: "Ман чунин шунидам, ки маликро аз касон расонидаанд, ки ман чунин коре хощм кардан. Он руз мабод, ки ман чунин кунам ва инак як дасти хеш буридам ва ба суи малик фиристодам, то бидонад, ки ман шоистаи мулк нестам ва талаби мулк намекунам" ( 4, 492-493).

4.Муаллифи "Ахд", ки ба хар хол то чое Ардашер хам хаст, дар банди дигар таъкид мекунад, ки "Бидонед, шумо наметавнед ба дауони мардум муур бизанед ва наметавонед зиштро зебо нишон диуед" (2, 70). Ба назар мерасад, ки ин чо пешомаде дар бораи яке аз арзишхои чомеаи инсонии навин озодии сухан ва ё озодии таъбир низ метавонад инъикос ёфта бошад. Хоса, ки дар васияти дигар Ардашер талкин мекунад: "Бидонед, ки тасаллути шумо бар тануои раият аст. Подшоуон тасаллуте бар дилуо надоранд. Бидонед, ки шумо гарчи ба он чи дар дасти мардумон аст пируз шудед, уаргиз наметавонед ба андешаи (ацли) онуо пируз шавед. Бидонед, ки оцили бечора (маурум) ба шумо забондарози мекунад ва (забони) у бурротарини шамшери уст. Он чи бештар ба шумо аз забони у осеб мерасонад, чораест, ки (аз мауруми) дар дин бубинад... " (2, 56). Ин васият ду мохиятро талкин мекунад. Яке озодии андешаи фардро метавон махдуд кард, вале наметавон маглуб сохт. Дигар, панох бурдани махрумон ба дин ва ахкоми вай чорае будааст, ки дар зехни Ардашер хам инъикосе доштааст. Хдмон тавре, ки дар зехни хаким Фирдавсй низ инъикосе дошт :

"Зиёни касон аз паи суди хеш, Бицуянду дин андар оранд пеш" (25, 426).

Ин чо "дин андар оранд пеш" ро месазад чунин фахмид, ки ба бахонаи дин даст ба хар гуна корхо, аз чумла корхои ношоиста, мезаданд ва ... холо низ мезананд. Агар гуем, ки Ардашер ва дар пайравй аз у хаким Фирдавсй яке аз конунмандихои вокеияти фалсафаи чамъиятиро инъикос кардаанд, хато нахохад буд. Месазад афзуд, ки ин байтро Фирдавсй дар пораи "Тохтани Саъди Ваккос ба Эрон" овардааст ва хеле ба дард хам гуфтааст. Фирдавсй хеле ба хубй медонист, ки тохтани Саъди Ваккос ба чй окибатхо овард (25,418).

5.Ардашер шояд аз маъхазхое, ки мо дидаем, яке аз аввалин давлатмардон бошад, ки ба нишебу фарози хешовандсолорй (nepotism) дар салтанат эътибор зохир карда бошад. Ардашер давои дарди хешовандсолориро сахл медонад ва аз доираи идеализми замину замони худ берун намеравад: "Бидонед, ки уар подшоуро пайванде "битона" (хешовандон ва муцаррабон) бошад. Ва уар мардеро аз пайванди у пайванде ва сипас уар мардеро аз пайвандон пайванди худ бошад. Ва ин тартиб уама аули мамлакатро фаро бигирад. Ва агар подшоу тавонад кори пайвандони худро дуруст ба роу бимонад, уар марде уам кори пайвандони худро уамин гуна кунад, оммаи раият ба некуи фаро гирифта шаванд" (2,70).

Бино ба хисобу хасаби Эхсони Аббос Фирдавсй дар яксаду шонздах байт ба маънихои "Ахд" ручуъ кардааст. Эхсони Аббос ишора хам мекунад, нигориши шеърй ба Фирдавсй камтар имкон додааст, ки маънихои матни "Ахд"-ро бозгуи исмун ало мусаммо кунад. Боз хам ба кавли хамин муаллиф, мутаассифона, Бундорй дар тарчумаи насрии арабии "Шохнома" ин маънихоро наовардааст (2,38).

Ба назари мо, масалан, маънии зерин бевосита ба мавзуи хешовандсолорй дахл мекунад: Чу рафтй суи кишваре кордор, Бад-у шох гуфтй дирам хор дор. Зи пайванду хешон мабар хец кас, Сипах он, ки ман додамат ёр бас.

Шояд хамин вачх сабаб шуда буд, ки Ардашер дар "хукумати марказй": Ба девон-ш корогахон дошти, Ба бедонишон кор нагзошти.

Ва шояд ба хамин вачх:

Касеро ки камтар буди хатту вир, Нарафтй ба девони шох Ардашер " (21, 256-257).

Канора гирифтан аз хешовандсолорй дар идораи давлатй ба назари Ардашер, албатта дар ривояти Фирдасй, омили баланд будани салохияти кормандони девон низ метавонист бошад.

6.Ардашер хам ба монанди Фаридун "фаришта набуд".У борхо таъкид кардааст, ки: "Цауон рост кардам ба шамшери дод" (21, 274).Агар куштореро, ки Ардашер ба курдон раво дида буд ва рафтори хунхоронае, ки бо авлодони Ардавони Ашконй (ва Мехраки Ч,ахрами) амалй кард, (21, 475; 17, 14) ба инобат гирем, симои Ардашер чун подшохи берахм ва басо сахтгир чилвагар мешавад.

Дар ин бора ривояте дар "Точнома" зикр шудааст, ба чунин маънй: "Гуянд, ки дар тамоми кавмхо аз ибтидо то интихо, аз кадимиён то навинон касе аз подшохони худ чунон натарсида буд, ки аз Ардашер писари Бобак аз подшохони Ачам ва онон, ки аз (ачамиён) пештар буданд, тарсида бошад. Ва аз Умар ибни Хаттоб аз хулафои ислом" (20.168).

Муаллифи "Точнома" дар бораи аз ахволи тамоми ;аламрави ислом ба воситаи низоми касони "чашму гуши подшох" (системаи разведка) огох будани хазрати Умар (р) навишта, таъкид мекунад: "Ва раиятро бо сиёсати Ардашер писари Бобак дар бобати бозкушоии розхо идора мекард" (20, 169).

Он, ки подшохони Сосонй дар хама чо чашму гуши худро доштанд, мусаллам ба назар мерасад. Ба далолате хатто кадбонухои рустохо аз ин кор бохабар буданд. Чунончи дар бахши подшохии Бахроми Гур ин маънй дар чанд байт омадааст (21, 488-489). Нуктаи чолиб дар он и;тибос ин аст, ки муаллифи "Точнома" хазрати Умарро (р) пайрави Ардашер дар давлатдорй, (на дар а;ида), донистааст.

Дар бораи огох будани Ардашер аз розхо дар "Точнома" хабаре омадааст, ки гуё "аз осмон ба пеши у фариштае меомад ва хабараш медод" (20,168). Фаришта, ки дар а;идаи пешиниён паёмовари яздонй тасаввур мешавад, илова ба фарри каён, ба Арадшери Бобакон дар Табарию Балъамй, "Корнома" ва "Точнома" се бор иноят кардааст. Яке дар Доробгирд пешгуй дар хоби Ардашер кардааст, ки подшох мешавад, дигаре (дар "Корнома") намегузорад, Ардашер ;адахе, ки захр дошт, бинушад ва сеюм дар тадбири давлатдорй дар "Точнома", ки зикраш омад (17, 12; 4, 482;11,78 ).

Хамин мазмун дар боби "Хушёрй "- и китоби муосири устод Рудакй (то соли 932 дар ;айди хаёт будааст) Иброхим ибни Мухаммади Байха;й "ал-Махосин ва-л-масовй", ки онро ховаршиноси немис Фридрих Шавали (Friedrich Schawally) соли 1902 дар Гессен чопи инти;одй карда буд, низ оварда шудааст (3,153-154).

Аз бобате бо Ардашери Бобакон баробаргуна донистани хазрати Умар, ки метавонад то цое ицтиуоди муаллифони то цое эронитабор уам бошад, ба назари мо ба эътибори зерин сурат гирифтааст. Ардашер аз давлатхои пароканда империя сохт, ки беш аз чорсад сол вучуд дошт. Ва бунёди империяи исломиро бешубха хазрати Умар (р) гузоштаст. Шикасти лашкари Сосониён (Мадоин-соли 637, Ч,илавло- соли 637 ва Нахованд-соли 642) ва Рум (Ярмук-соли 636) дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (634-644) ба ву;уъ омадааст. Хилофати мусулмонй бо хама нишебу фарозхо то соли 1258 беш аз шашсад сол дар харитаи сиёсии чахони асрхои миёна на;ше дошт, ки голибан на;ши баранда хам буд.

7.Ардашери Бобакон дар чанд бобат тал;ин мекунад, ки динро муътабар ва азиз доранд. Васияти Арадашер дар бобати дин, ки хаким Фирдавсй дар мисоли зерин ба гояти жарфои маънй ифода кардааст, шояд аз ифодахои чавхарии хамин муносибат бошад. Дар назми Фирдавсй, ки одатан хашв надорад, маънй чунин омадааст:

Чу бар дин кунад шахриёр офарин, Бародар шавад подшо^иву дин. На бе тахти шохй бувад дин ба пой, На бе дин бувад ша^риёре ба цой... Чу ин посбонони якдигаранд, Ту гуй, ки дар зери як чодаранд. (21, 274-275)

Дар чопи инти;одии Москва ачзи байти якум ба гунаи "Бародар шавад шауриёриву дин", садри байти дуюм ба гунаи:" На бе тахти шоуист дине ба пой" ва садри байти сеюм ба гунаи "Чунин посбонони якдигаранд" (22, 187). Ч,алол Холи;ии Мутла; ва Махмуди Умедсолор дар чопи инти;одии Нью-Йорк хамон гузинаро ихтиёр кардаанд, ки Мухаммаднурй Усмонов дар чопи Москва карда буд (24,231).

Хамин маъниро Абуалии Масъудй (ваф.956) зода ва парвадаи Багдод дар "Муручу-з-захаб ва маодину-л-чавхар" та;рибан айнан овардааст ва ;авли Масъудй мавриди эътибори муха;;и;они таърихи Сосонй, аз чумла В.Г. Луконин дар боби "Картир и Мани. Создание государственной религии", ;арор гирифтааст. В.Г.Луконин чунон ки месазад, ;авлро мансуб ба Ардашер медонад ва таъкид намекунад, ки хатман сухани Ардашер бошад (13, 70). Масъудй, таъкид намуда, ки ин маъниро Ардашер дар насихати писараш Шопури I гуфтааст, чунин овардааст: " Эйписар дин ва подшохй бародаронанд. Ва яке аз дигаре бениёз нест. Дин пояи давлат аст, подшох посбони вай аст. Он чй поя надорад хароб аст ва он чй посбон надорад зойеъ мешавад" (14, 248).

Дар хамин сиё; Ахмади Яъ;убй (ваф.897) менависад: "ва у нахустин подшохи Форс буд, ки ба дини мугон гаравид". Ин ишора чунон, ки дар ;атори муха;;и;они дигар Кристенсен ва Гиршман таъкид кардаанд: "Ардашери Бобакон пас аз исти;рори кишвар дини зардуштиро... оини расмй ;арор дод"... ба во;еияти имрузаи илмй мухолифат намекунад "(26,179; 12, 84; 6,

378). Хдмин таъкид дар китоби динии зардуштиён "Бундахишн", ки нусхахои расидааш дар асри XVI ё XVIII навишта шудаанд, низ дар чуни сига омадааст:"Пас дар хамон хазора Ардашери Бобакон. дини маздаясноро ривоч бахшиду оинхо бисёр орост, ки дар тухмаи у рафт" (5,129).

Ин банди андарз дар 'Турар"-и Саолибй тафсиле гирифтааст, ки дар сарчашмахои дигар ба назари мо нарасид. Саолибй менависад, Ардашер: "Бифармуд то нусхахои (китобхои) динй, тиббй ва нучумиро, ки Искандар бархе аз онхоро сухта ва бештари онхоро ба Рум бурда буд, пайдо кунанд. Марсум содир кард, то онхоро баркарор ва хоно намоянд" (19, 485). У ба ин кор ахамияти хоса медод ва моли зиёдеро сарф намуд. Дар маколаи Артур Кристенсен дар бораи ду сиёсатмадори дарачаи аввали Ардашер Абарсом ва Тансар, ки Мучтабо Минавй тарчумаи холи мухтасари онро дар мукаддимаи "Номаи Тансар" овардааст, Кристенсен ба накл аз китобхои сеюм ва чоруми "Динкард" менависад, ки гирд овардани "Авасто" ва китобхои дигар ба зиммаи Тансар гузошта шуда буд (18, 25). Саолибй меорад, ки: "Ардашер фармон дод, нусхахои китобхои динй, пизишкй ва ситорашиносиро, ки Искандар бархе аз онхоро сухта ва бештари онхоро ба Рум бурда буд, ба даст оранд ва онхоро насузсанду хоно кунанд" (19, 485). Зиёда аз ин К.А.Инострантсев ба накл аз "ал-Фехрист"-и Ибни Надим меорад, ки Ардашер фармуда буд, аз ганчина китобхоеро, ки дар бораи тадбири кори мамлакат (идораи подшохй) буданд, низ бароваранд (10,20).

Ба назар мерасад, ки ин хабар, яъне инояти Ардашер ба баркарор кардани китобхои динй ва осори дигари хаттй дар асри Х хабари шоистаи зикр будааст. Чанде пеш аз Саолибй дар 'Турар", ал-Мутаххар ибн Тохир ал-Мукаддасй (ваф.966) дар "ал-Бадъ ва-т-таърих" чунин хабарро низ таъкид карда буд (16, 203).

8.Ардашер шояд аз подшохони ангуштшумори асрхои миёна бошад, ки ба принсипи дахолатнопазирии моликияти хусусй эътибор дода бошад ва таъкид намуда, ки подшох масъулияти нигох доштани ин моликиятро бояд ба назар гирад. Фирдавсй дар "Шохнома" ба накл аз Ардашер меорад, ки:

"Куцо ганци дехцон бувад ганци уст, В-агар чанд бар кушишу ранци уст. Нигахбон бувад шох ганци варо, Ба бор оварад шоху ранци варо (21,188).

Дар чои дигар Ардашер боз хам таъкид мекунад, ки ба моликияти касе дастдарозй накунанд:

Ба чизи касон кас маёзед даст,

Хар он кас, ки у хаст Яздонпараст (21,259).

Эхтимол ин коида дар давоми дарозои давлатдории Сосониён амал мекард ва ба шоху гадо баробар амалй мешуд. Дар бахши подшохии ^урмузди Анушервон хикояте хаст, ки аспи шахзода Хусрави Парвиз ба киштзоре медарояд. Чун сохиби кишт шикоят мекунад, шоханшох ба такозои дастури худ:

В-агар асп дар киштзоре шавад, Касе низ дар мевадоре шавад. Думи аспу гушаш бибояд бурид, Сари дузд бар дор бояд кашид (25,467).

фармон медихад, ки думу гуши аспи Парвизро бибуранд ва шахзодаро вазифадор менамояд, то зарари ба киштзор расидаро чуброн кунад (25, 329-330).

Ва шояд ба татбики принсипи "Нигаубон бувад шоу ганци варо " Ардашери Бобакон ба нуктае ишора мекунад, ки хамоно ахамияти худро чун рукни давлатдорй нигох доштааст. Ин хам бошад, аз хироч (андози замин) озод кардани кишоварзон, ки аз беобй ва ё сабаби дигар ба танг омадаанд ва аз хазина чудо кардани ёрона (субсидия) ба кишварзоне, ки корашон омад накардааст:

Ки цое, ки буди замини хароб, В-агар танг буди ба руд андар об. Хироц андар он бум бардошти, Замини касон хор нагзошти Гар эдун, ки дехцон буди тангдаст, Су и нести гашта кораш зи хаст, Бидоди зи ганц олату чорпой, Намонди, ки пояш бирафти зи цой.

Ёрона ба сифати пул, асбобхои кишоварзй ва чорпо чудо карда мешуд (21,263).

9.Муносибати Ардашер ба фиристодагони подшохони дигар дар "Шохнома" дар чордах байт омадааст.Ардашер ба марзбони марзи тарафи фиристода (сафир) супориш медихад, ки

аз омадани сафир огох бошад ва уро шахсан бо ба ухда гирифтани тамоми харочоти сафар то дарбор бирасонад.Дар дарбор шоханшох сафирро шахсан ба хузур мепазируфт ва гояти мехмоннавозй хам нишон медод.Хатто рузи дигар ба шикор хам мебурд. Ба сафир "хилъати шахриёр" хам мепушонд. Ардашер кушиш мекард, дар рафти пазироии сафир маълумотеро дар бораи кишвари сафир, ки мавриди ниёз у буд, хосил кунад (21, 260-261).

Дар "Точнома" ба Ардашер ду банди калон ба фиристодани сафир ба подшохи дигар ва пазируфтану сухбат бо сафири подшохи кишвари дигар бахшида шудааст. Ардашер ба сафирони худаш ва сафирони подшохи дигар чандон бовар намекард. Бинобар ин саъй менамуд бо фиристодани шахсони алохида ха;и;ати мавзуъро ба подшохи дигар бирасонад ва хамин ха;и;атро аз подшохи он тараф бозпурсй кунад (20, 122).

Бино ба маълумоти "Точнома" Ардашер сахт бомулохиза буд ва хеч намехост, то хатое ба такрор содир кунад. Масалан, уро ду чавони хушманд дар мачлиси тараб пайваста хамрох будаанд. Яке аз онхо агар подшох маст шавад, суханони уро боз мегуфту дигаре менавишт. Ва рузи дигар он навишта ба подшох хонда мешуд. Подшох агар носавобе карда ва ё гуфта бошад, худро у;убат мекард ва мегуфт: "Имруз суруд ба чуз сари дастурхони нони чаву панир нашунавем" Ва хамон руз ба чуз ин ду тановул намекард" (20, 27).

Ардашер боз хам бино ба ривояти "Точнома" аз атрофиёни худ хеч дилпур набуд. Овардаанд, ки ба у хар шаб то чил рахти хоб дар чойхои гуногуни дарбор омода мекарданд ва чунин хам мешуд, ки у дар хеч яке аз он рахтхо хоб намерафт (20,124).

10. Бино ба нигориши Фирдавсй чунин бармеояд, ки Ардашери Бобакон ба таъбири имруза барои таба;ахои муайяни чомеа маълумоти ибтидоии хатмй хам чорй карда будааст:

Хрмон кудаконро ба фархангиён, Супурдй чу будй варо ханги он, Ба хар барзане дар, дабистон будй, Хрмон цой оташпарастон будй" (21,179) Дар забони Фирдавсй та;рибан хама чо "фархангиён" маънии "муаллимон"-ро дорад. Ва аз ачзи байти байти дуюми и;тибос чунин бармеояд, ки таълим ибтидоии динй чун дар хама оинхои иброхимй, ба дасти мугон будааст

Ардашер дар фароварди "Ахд" андешае гуфтааст, ки метавон баёни арабии онро аз намунахои мунтахои балогат шумурд: "Ба дурустй, ки ман чун наметавонистам бадани худро мерос гузорам, ба шумо андешаи худро мерос гузоштам" (2. 82).

Андешхои Ардашери Бобакон дар бобати давлат ба давлатдорй, агар бо мафхумои навин муносибат кунем, сохахои хаёти сиёсй,хаёти идеологй (дин), хаёти и;тисодй ва ичтимой ва инчунин пахлухои муносибатхои дипломатро дарбар мегиранд. Дар бахши хаёти сиёсй Ардашер ба масъалаи интихоби валиахд, хешовандсолорй, тартиби кори корагохон (разведка), худдории подшох ва таъмини бехатарии у мулохизахо баён кардааст. Дар бахши хаёти идеологй Ардашер динй зардуштиро динй расмй эълон кардааст, аз тарафи дигар дастурхо додаааст,то китобхои му;аддаси оини мугон бар;арор карда шаванд. Ардашери Бобакон дар бобати хаёти и;тисодй ба се пахлу муносибат баён кардааст. Яке химоя ва дахолатнопазирии моликияти хусусй, дигаре пешбинй намудан ва расонидани ёронахои давлатй хангоми ;ахтсолй ва офатхои дигари табий ва ёфтани илочи бекорй дар чомеа. Ва ахиран Ардашер дастур додааст, ки кудакони таба;ахои муайян ба таълими хатмй фаро гирифта шаванд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аббос, Эхсон. Му;аддимаи "Ахд Ардашер"/Э.Аббос.- Бейрут,1967.- 45 с.

2. Ахд Ардашер.- Бейрут, 1967.- 149 с.

3. Байха;й, Иброхим, "ал-Махосин ва-л-масовй", Гессен, 1902, 665 сах.

4. Балъамй, Абу Алй. Таърихи Табарй/А.Балъамй.- Техрон 2001.-825.с.- ч.1.

5. Бундахишн.-Душанбе, Мероси хаттии бостон, 2013, ч.1.132 с.

6. Гиршман, Р. "Эрони бостон"/Р.Гиршман.- Техрон 1993.- 501 с.

7.Зохидов, Н. "Адабиёти форсу точик дар асрхои VIII-IX"/Н.Зохидов.- Душанбе, 2014.- 443 с.

8. Ибни Мискавайх, "Тачорубу-л-умам"/М.Ибни.-Бейрут 2003.-383 с. ч.1

9.Ибни Мискавайх, "Тачорубу-л-умам",тарчумаи Абул;осими Имомй/М.Ибни.- Техрон 1991.544 с.

10. Иностранцев, К.А. Сасанидские этюды/К.А. Иностранцев.-Петербург, 1909.- 154 с.

11. "Книга деяний Ардашира сына Папака", перевод, О.М. Чунаковой, Москва, 1987.-167 с.

12. Кристенсен, А. "Эрон дар замони Сосониён"/А.Кристенсен.- Техрон, 1980.- 464 с.

13. Луконин, В. Культура сасанидского Ирана/В.Луконин.- Москва, 1969.- 240 с.

14. Масъудй Абу Алй. " Муручу-з-захаб"/А.А.Масъудй.- Бейрут, 1973.- 860 с.

15. ал-Мубаррад. "ал-Фозил"- Кохира, 1995.- 180 с.

16. ал-Мукаддасй. ал-Бадъ ва-т-таърих. 449 сах. бе чой ва соли нашр.

17. Табарй.Мухаммад ибни Ч,арир Таъриху-р-русули ва-л-мулук/Табарй.-Кохира,1979.- 239 с. Ч,.2

18.Тансар. Номаи Тансар/Тансар.- Техрон, 1975.- 260 с.

19. Саолиб, А. Fурар ахбор мулук ал-фур ва сиярухум/А.Саолибй.- Техрон, 1963.-765 с.

20. Точнома, Кохира, 1914.- 229 с.

21. Фирдавсй. Шохнома/А.Фирдавй.- Душанбе, 1966.- 652 с. ч.7.

22. Фирдавсй. Шохнома/А.Фирдавсй.- Москва, 1968.-459 с. ч.7.

23. Фирдавсй. Шохнома/А.Фирдавсй.- Москва, 1968.- 435 с. ч.8.

24. Фирдавсй. Шохнома/А.Фирдавсй.- Нью-Йорк, 2005.- 439 с.ч.6.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

25. Фирдавсй. Шохнома/ Душанбе, 1966.- 500 с. ч.9.

26. Яъкубй, Ахмад, Таърих, Лейден 1883.- 470 с. ч.1,

REFERENCES:

1. Abbas Ihsan. Introduction to "Ahd Ardashir". - Beyrut, 1967. - 45 p.

2. Ahd Ardashir. - Beyrut, 1967. - 149 p.

3. Bayhaqi Ibrohim, "аl-Mahasin wa-l-masawi", Hessen, 1902. - 665 p.

4. Balami Aby Ali. The History of Tabari. - Tehran, 2001. - V.1. - 825 p.

5. Bundahishn. - Dushanbe, 2013. - 132 p

6. Girshman, R. "Ancient Iran"/R.Girshman.-Tehran, 1993. - 501 p.

7.Zohidov, N. Persian-Tajik Literature Referring to the Vlll-th - the IX-th Centuries'TN.Zohidov.-Dushanbe, 2014, - 443 p.

8. Ibn Miskaweih. Tajaruby-l-ymam/M.Ibn.-Beirut, 2003, -V.1, - 383 p.

9. Ibn Miskaweih. Tajaruby-l-ymam. Translated by Abulqosimi Imomi/M.Ibn.-Tehran, 1991, - 544 p.

10. Inostantsev, K.A. Sasanids Sketches, - Peterburg, 1909, - 154 p.

11. "The Book about the Deeds of Ardashir's Papak's son" translated by O.M. Chunakova, Moscow, 1987, - 167 p.

12. Christensen A. Iran in the Epoch of Sasanids", - Tehran, 1980, - 464 p.

13. Lukonin V.G. The Culture of Sasanids Iran. - M., 1969, - 243 p.

14. Masudi Abu Ali. Muruju-z-zahab, Beyrut, 1973, - 860 p.

15. аL-Mubarrad, d-Fozil. - Cairo, 1995, - 180 p.

16. аl-Muqaddasi, аl-Bad wa-t-tarikh. - 449 p., internet version.

17. Тabari. Tarikhu-r-rusul wa-l-mulu^ - Cairo, 1979, -V.2. - 239 p.

18. Tansar. The Letter of Tansar. - Tehran, 1975, - 260 p.

19. Saalibi. Ghorar. - Tehran, 1963, - 765 p.

20. Tajname, - Cairo, 1914, - 351 p.

21. Firdawsi. Shahname. - Dushanbe, 1966, -V.7. - 652 p.

22.Firdawsi. Shahname. - Moscow, 1968, -V.7. - 439 p.

23. Firdawsi. Shahname. - Moscow, 1968, -V.8. - 435 p.

24. Firdawsi. Shahname. - New-York, 2005, -V.6. - 439 p.

25. Firdawsi. Shahname. - Dushanbe, 1966, -V.9. - 500 p.

26. Yaqubi Ahmad, History. - Leyden, 1883, -V.1. - 470 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.