Научная статья на тему 'ИДЕОЛОГИЧЕСКАЯ ОРИЕНТАЦИЯ И МАСТЕРСКИЕ ТЕЧЕНИЯ КРИТИКА ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЫ В 70-90-Х ГГ. ХХ ВЕКА'

ИДЕОЛОГИЧЕСКАЯ ОРИЕНТАЦИЯ И МАСТЕРСКИЕ ТЕЧЕНИЯ КРИТИКА ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЫ В 70-90-Х ГГ. ХХ ВЕКА Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
29
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРОЗАИЧЕСКАЯ КРИТИКА / СТИЛЬ МАСТЕРСТВА / ИДЕОЛОГИЧЕСКОЕ НАПРАВЛЕНИЕ / СОПОСТАВЛЕНИЕ МАТЕРИАЛА / СТИЛЬ КРИТИКИ В ЖУРНАЛЕ "САДОИ ШАРК" / ИДЕАЛЬНАЯ СУЩНОСТЬ / ИДЕОЛОГИЧЕСКИЕ ХАРАКТЕРИСТИКИ / ВЛИЯНИЕ ДОМИНИРУЮЩЕЙ ИДЕОЛОГИИ / ЛИТЕРАТУРНО-КРИТИЧЕСКАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ / СПЕЦИФИКА ЛИТЕРАТУРНОЙ ПРОЗЫ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Кодирова Дилноза Лутфуллоевна, Муллоев Абдусамад

В статье рассматриваются вопросы, связанные с критикой литературной прозы и ее ориентации на основе идеального и социального направления таджикской прозы в 70-80-х годах ХХ века. Анализ и сравнение материалов раскрывают идеального и социального течения и доминирование партийных идеологий, определяющих особенности критики этой эпохи и влияющих на творчество писателей и течение литературного процесса. В статье сравниваются и оцениваются мнения С. Табарова, Ю. Бобоева, М. Шукурова. На основании этой статьи определены критика прозы и идеологическая направленность и мастерство. Статья имеет анализирующая и сравнивающая характеристика и определяется уровень литературно-критической деятельности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

IDEOLOGICAL ORIENTATION AND MASTERY TREND OF TAJIK PROSE CRITICISM IN 70-90S OF XX CENTURY

The article explores issues related to the criticism of literary prose and its orientations based on ideal and social trend of Tajik prose criticism in 70-80s of XXth century. Analysis and comparing of the materials reveal ideal and social style and domination of party ideologies defined the peculiarities of the criticism of this epoch and it has an influence on creative works of writers and trend of literature process. S. Tabarov, Yu. Boboev, M. Shukurov’s opinions are compared and evaluated in the article. Based on this article prose criticism and ideological orientation and mastery are identified. The article has analyzing and comparing characteristics and defines the level of literary criticism activity.

Текст научной работы на тему «ИДЕОЛОГИЧЕСКАЯ ОРИЕНТАЦИЯ И МАСТЕРСКИЕ ТЕЧЕНИЯ КРИТИКА ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЫ В 70-90-Х ГГ. ХХ ВЕКА»

ТАМОЮЛОТИ ГОЯВИ ВА РАВИШ^ОИ ^УНАРИИ НАКДИ НАСРИ ТОНИКИ ДАР

СОЛ^ОИ 70-90 АСРИ ХХ

Цодирова Д., Муллоев А.

Донишго^и давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Наккодон ва сухансанчон дар фахму шинохти насри точикй дар солхои 70-90 асри ХХ равишхо ва усулхои гуногун доштаанд, ки дар алокамандй ба равиши мавзуву гоявй ва ичтимой тахдил ва арзёбй мегардад. Бунёди ин равиши накд бар ин фикр аст, ки осори асили насрй хамвора махсул ва мавлуди хаётй ва мухити хоси ичтимой дониста шуда, ба ифодаи Зарринкуб А.«аз ин чихат идроки дуруст ва дакики авотиф ва ахволи фард чуз бо дарёфти илал ва натоичи хаводиси ичтимой муяссар нест>>[2, с.51-52].

Накди ин замони хусусияти дастурии тобеияти идеологиро афзуда, онро то чое аз масири аслии ташаккулу тахаввул берун бурд. Ин гуна накд вокеияти хаётро, ки дар адабиёт инъикос шудааст, бо бетарафии олимона накд ва арзёбй намекард. Бинобар ин иллатх,ои чомеа ва осори адабирочунон ки хаст, равшан намесохт. Ин хамон накди вокеъгароии сотсиалстй буд, ки рохро барои осори бадей ва накди оммаписанд дар тули солхо боз медошт. Дар ин равиш накд таъсираш дар мухити адабии муосир барчо буда, тобеи арзёбии сиёсиву ичтимоии адабиёт, аз чумла наср гардидааст. Рахнамоии ин гуна накд баёнияхо ва дастурхои хизбй буданд, ки дар анчуманхои расмии хизбиву нависандагон ироа мешуданд. Ин накд сиёсати адабиро муайян мекард ва таносуби падидахои адабиро бо сиёсати чорй ва тасаввуроти ичтимой мепайваст. Табиист, ки дар нашри маколахо мачаллаи «Садои Шарк» низ хамин равиши накди адабиро пайравй ва амалй мекард, ки дар фахм ва шинохти равишхои асосии инкишофи насри точикй бурду заъф дошт.

Яке аз хамин гуна маколахои дастурй «Кдрорхои партия ва инкишофи танкдди адабй>> ном навиштаи С.мебоша. Муаллиф накши «давлати бузурги советй>>-ро дар амалй кардани «орзую максади чандинасраи хамаи халкхои мазлуми дунё» таъкид карда, сипас дар бораи маком ва вазифахои нависандагон чунин менависад: «Нависандагони хамаи миллатхои сотсиалистии СССР, аз он чумла адибони точик, ба мисли тамоми мехнаткашони советй дар ин сохтмони азим фаъолона иштирок карда, бо эчодиёти пурмазмун ва балансифати худ ба кори таъмин намудани сохтмони чамъияти коммунистй дар мамлакати мо сахми худро гузоштанд ва хоханд гузошт» [8, с. 110].

Муаллиф хуччатхои хизбиро ташрех карда, нависандагонро ба тасвири мавзуи мехнат даъват намуда изхор мекунад, ки «мафхумхои коммунизм ва мехнат аз хамдигар чудонашавандаанд^>, «кахрамонони асархои бадеиро дар муносибати онхо нисбат ба мехнат нишон додан лозим аст>>.Х,амин тарик, ин маколаро метавон накди расмиятгаро унвон кард.Маколаи дигари Табаров С.«Танкдд ва чараёни адабй>> низ хамин гуна мундаричаву гоя дорад. Муаллиф дар бораи арзиши кахрамони осори мансур, мухим будани ин мавзуъ навишта, аммо ба ошкор кардани мохияти хунарии масъала намекушад.

Дар маколаи Бобоев Ю.«Инкилоб ва тахаввулоти романа» [1] роххои инкишофи романи точик арзёбй шуда, муаллиф баъди мукаддимаи тавсифй ба мухокимаи масъалахои адабй мегузарад ва таъкид мекунад, ки пас аз инкилоб бештар жанрхои хурд ба сабаби фавриву амалй буданашон инкишоф ёфтаанд. Ба андешаи муаллиф масъалаи «таносуби таъриху замони хозира хамчун проблемаи методологии» зарурати тачдиди назар ба корбурди жанрхоро ба миён гузошт, ки ташаккул ва тахаввули жанри роман натичаи хамин чараён мебошад. Вай тарафхои бадеии масъаларо канор гузошта, мувофики талаботи хизб хамчун ярок истифода шудани романро таъкид мекунад ва менависад: «Дар шароити шиддат гирифтани чангхои гражданй ва хучуми фитначуихои империализми чахон махз романи таърихии монументалиро лозим омада буд, ки чун тупи дурандоз ба беху буни дунёи истибдод оташ занад>> [1, с. 108].

Дар баробари ин, аз макола ахамияти чанговаронаи роман маълум намешавад. Муаллиф оид ба накши ахлокии вокеахои таърихй сухан ронда, мохияти адабй ва хунарии масъаларо фуру мегузорад ва аз тахлили бевоситаи осори насрй канорагирй мекунад [1, с.113].

Бо зикри маколахои мазкур даъво надорем, ки хамаи маколахои дар мачалла чопшуда хусусияти якчониба доранд. Маколахое низ дар мачалла нашр шудаанд, ки асолати асили насриро дар гоянокии онхо шинохтаанд. Масалан, дар киёс бо андешахои ТабаровС. ва БобоевЮ. назари зерини ШукуровМ.пешрав буд «Адабиёти советй хамаи он чизе, ки зебо ва аз чихати ичтимой пешкадам аст, тасдик мекунад^> [10, 140].

Дар асл ин андешаи дуруст аст, вале талаботи катъй барои нависанда махдудияти ичтимоиро низ фарохам меоварад, ки барои адабиёти асил хатарнок аст. Ин донишманд мавкеи гоявии осори бадеиро омили човидонагии он медонад ва таъкид хам мекунад, ки «аз

мaxдyдияти факт болотap paфтa, на зоxиpи он, балки моxияти acлии о^о дидан ва ошкоp кapдaн лозим аег, то caбaбxои пайдоиши xодиca ва натичахои он paвшaн гapдaд» [lO, l3O].

Дap иpтибот бо чунин тaноcyби гояву acнод ШyкypовМ.инъикоcи оинaвоpи вокeиятpо, ки дигap мунаккидон тap, гиб мeкapдaнд, pyйpоcт набошад xaм моxиятaн paд мeкyнaд. У тacaввypи пешинаи адабиёт оинаи xaётpо «^pyOTy аго^ок» нaмeшyмоpaд.Бa xaмин нaзap такя кapдa ШyкypовМ.мaкcaдy вaзифaxои aдaбиётpо чунин мyaйян мeкyнaд: «Макради ашии адабиёт тадкики бамуддаои ичтимоиву фалеафй, амикк мyaйян кapдaни моxияти пpотcecxои ичтимоии вокеият аст..., aмик;тap шyдaни моxияти ичтимоии тадкики бадей, мyкaммaлтap гapдидaни тaxкики xодиcaxо, факгао ва xapaктepxо xycycияти acоcии он мебошад» [lO, l4O].

Мавзуи мexнaт дap оcоpи нacpй дap мapкaзи диккати мунаккидон кapоp доpaд.X,aтто гоxо ин мавзуъ кyp-кypонa тaxдил мeшaвaд.Мacaлaн, ОгaxоновaX.дap маколаи «Aдиби мaxбyби мо» чунин aндeшapо ба миён мeгyзоpaд, ки «амикк тacвиp нaмyдaни xapaктepи кaxpaмонxо нишон додани инкишофи xapaктepxо аз нaвиcaндa талаб мекунад, ки pоли мexнaтpо дap ташаккули шaxcияти ишон xapчи бeштap нишон дшая» [5, c. lll].

Бо вучуди таодики ин xyкм мунаккид xиc мекунад, ки чунин мyноcибaтpо тapaфдоpй кapдaн кофй нecт.Бинобap ин ба xyлоca меояд, ки «ба обpaзи Шодй метавон эpод гиpифт, ки y мapди коp тacвиp гapдидa чиxaтxои индивидуалии xapaктepи он нишон дода шудааст. Шодй чунон ба ^p дода шyдaacт, ки xaтто баъди аз чанг бapгaштaн, баъди чоp cоли фиpок; ба дидани зану фapзaндон намешитобад ва ба назди яке аз котибони Комитети мapкaзй paфтa коpxои кодxозpо мacлиxaт мекунад»» [5, c.lll].

Чунин тacвиp ба нaзapи мо, натичаи бeвоcитaи тaфaккypи колабй дap xaдли вaзифaxои адабй мебошад. ОтахоноваХ.ин мaколapо зepи там^и нaзapияи беконфликтй навишта ва аз чaxонбинии дaвp низ коp г^ифта, аз мyxокимapониxои баъдии y маълум мешавад. nac аз ин мунаккид xaдли ин мacоилpо дap тacвиpи шaxcият ба коp мeгиpaд: «Навжандагон мeбоиcт xaмaи он чизxои нав ва cотcиaлитиpо, ки дap кишлокк ба вучуд омада муста^ам гapдидaacт, нишон медоданд ва дap айни замон он кaмбyдиxоepо, ки бapои тapaккиёти ояндаи колхоз мамониат мepacондaнд, ошкоp мeкapдaнд.Кaмбyдй ва зиддиятxоe, ки дap ташкили хочагии дexот мyшоxидa мешуд, ба нaвиcaндaгон бapои ба вучуд овapдaни acapxоe, ки доpои пpоблeмaxои тезу тунд ва конфликщои чиддй буда, xaёти вокeиpо xa^ftprâ инъикоc намояд, мaтepиaли фapовон медод» [5, c.ll6].

Aз ин кабил aндeшaxо xaдaфи xyнapии мунаккид paвшaн нecт. Накд тapaфдоpи тapзи колабии тacвиpи вокеият acтy бac. Тамоюлнокии гоявй ва ичтимоивycиёcии накд на тащо ба нaвиштaxои мунаккидони aлоxидa, балки ба мавккеи умумии накди ин дaвpa xоc acт. Равиши ичтимой аз xycycиятxои acлии адабиёти шypaвии точик ва накди адабии он буд. Дap ин боpa М.Шyкypов чунин мeнaвиcaд:

«Фаъолиятмандии ичтимой xaмeшa мyxимтapин xycycияти адабиёти товетии точик буд. Aз аввалин acapxои ycтод cap кapдa, мacъaлaxои acоcии ичтимоии замон дap мapкaзи

диккати адабиёт кapоp ёфтаает ва нигоxи нaвиcaндaгон ба peшaxои ичтимоии xодиcaвy xapaктepxо мyтaмapкaз гаштаает. Ин шфат ба адабиёт кувваи бyзypги чамъиятй ато кapдa, pоли онpо дap xaёти халкк дap xaлли yмдaтapин мacъaлaxои зиндагй муайян мекунад»» [lO, c.l39].

Мачалла аз ибтидои cодxои xaфтодyм cap кapдa, маводи мyбоxиcaxоpо доиp ба мacъaлaxои нacpи мyоcиp мунтазам чоп кapдaacт, ки моxият ва paвишxои накди нacppо ошкоp мecозaд. Aз чумла, нaшpия дap ин замина матни cyxбaти мизи мyдaввappо, ки бо ташаббуш иттифоки нaвиcaндaгони Точикиcтон ва мачаллаи «Дpyжбa нapодов» мохи aпpeли шли 1972 дap Душанбе бapгyзоpшyдaбyд, чопкapдaacт, ки бозгуи paвиши накди rncp дap он pyзгоp мебошад.

М.Тypcyнзодa таъкид мекунад, ки "шнфи ^prap caбзидa pacид, cоxтмони cтaнcияxои азамат ва кaлонтapин коpxонaxо ба анчом pacид, замищои бeкоpxобидa ба ^p андохта шуданд, аммо дap боpaи cинфи коpгap ба чуз «Шypоб»-и Рaxим Ч,aлилpо мaнepо ном бypдa наметавонем" [3, c.llO].

Тaъcиpи ин aндeшaxои дacтypии иштиpокдоpони cyxбaт нacpи точикиpо аз pyH мавз^^о apзёбй мекунанд. Х,амин тaвp, чанбаи накди cиpф мавзуии ичтимоъгapо ифодaгapи xycycияти накди он замон буда, атош гуфтугуи иштиpокдоpони бaxc, аз чумла, намояндагони Мacквa Янка Бpил, БpaгинcкийИ, ОcкотcкийВ, БитовA, БоpшaговcкийA.вa ИкpомйЧ„X,одизодaР,СaйфyлдоeвA,ШyкypовМ. -pü ташкил мeдиxaд. Ин мycоxибa «^алли мавзуи xозиpaзaмон, тacвиpи кaxpaмони и^уз, комёбиxои мapдyми cовeтй»-pо «вазифаи aввaлиндapaчaи нaвиcaндa» медонад [3, c.ll3].

Маводи мyбоxиcaxоe, ки оид ба rncp cоли 1973 (.№1) ва 1980 (.№6) низ дap мачалла чоп шудаанд, ифодaгapи paвияи накди мавзуй ва ичтимоии нacp мeбошaнд.Aз нимаи дувуми cолxои xaфтод ба баъд дидговдои нaзapй ва амалй оид ба rncp то андозае py ба тaъFЙиp мeниxaд.

ШyкypовM.xaдaфи aœcm адабиёт, аз чумла нacppо ба тapзи дигap тaъбиp кapдa, навишт, ки «тacaввypи пeштapaи мо, ки aдaбиёгpо оинаи xaёт мепиндоштем дypycт набуд» [1O, c.l4l].

Xyлоcaи мyxaккик ин acт, ки адабиёт зиндaгиpо оинaвоp айнан aкc намекунонад, вазифаи он як-як кайд кapдaни фак^ои гуногун нecт.Maxдyд шудан бо кайди фaктxои чудогона аломати зоxиpбиниcт ва нaвиcaндapо аз имконияти нишон додани мaнзapaxои яклухт ва мукаммали зиндагй мaxpyм мeкyнaд.Дap ин замина мyxaккик макради нacppо тадкики бамуддаои ичтимоиву фaлcaфй, амикк муайян кapдaни моxияти пpотcecxои ичтимоии вокеият дониста, ин тaмоюлpо бapои инкишофи rncp мyxим apзёбй мекунад.

Дap заминаи ду мycоxибae, ки яке тaxти унвони «^axpaмони xaёт-кaxpaмони адабиёт» ва дигape бо номи «Macъaлaxои нacpи мyоcиp» дap мачаллаи «Caдои Шapк» бapгyзоp шуда буд, дap шинохт ва apзёбии накди нacp ва xycycиятxои он мyxим ба нaзap мepacaд. Ба^и аввал бо маколаи ШyкypовM.«Kaxpaмони xaёт-кaxpaмони адабиёт» огоз rap^na маеъалаи ycyли тacвиpи «xaёти воккей ва мyоcиp»-pо дap нacpи cолxои шacтyмy xaфтодyм ба бaxc кашидааст. Нияти мачадла аз ташкили ин мyбоxиca нек буда, дap capcyxara идоpa ба тapики зайл баён шудааст: «Дap мapкaзи мyбоxиca бояд кaxpaмони мyоcиp дap нacpи и^узаи точик кapоp бигиpaд. Kaxpaмони и^узаи адабиёт киcт, pоxy ycyлxои тacвиpи он чй гуна acт, xaёти воккей ва мyоcиpони мо дap нacpи бадеии cолxои шаетум ва xaфтодyм чй тaвp инъикоc ёфтаанд. Тaноcyби кaxpaмони xaёт ва ^xpa^ra адабиёт дap замони peволютcияи илмй - техникй ба чй дapaчa acт, xa^^a™ зиндагй ва xa^^a-m бадей дap байни худ чй paвобитe доpaнд, caнъaт ва мaxоpaти cyxaнвap дap тacвиpи обpaзи xaмзaмони мо дap адабиёти peaлизми cотcиaлиcтй чй гуна зyxyp кapдaaет ва ranpa аз мacъaлaxои мyxиммe мебошанд, ки бо мyлоxизa ва мyxокимaи вaеeъ caзовоpaнд» [11, c.ll9].

Дap давоми шаш моx мачадла дap aтpофи мacъaлaxои ёдшуда дap xap шyмоpa як ё ду макола чоп кapдaacт, ки xycycияти накди нacppо ба тaвpи paвшaн ифода мекунанд. Haшpи маколаи Caйфyллоeв A/'Мавзуи тaъpиxй ва акидах,ои интepнaтcионaлии нaвиcaндa» дap мачмуъ ифодaгapи накди мавзуии ичтимоъгapо мебошад, ки ба xap тapзe дap мако^ои дигapон идома меёбад. Дамин тaвp аз Шyкypов M.cap кapдa то Бакозодав Ч,.Aкбapов Ю.ва Набиев A, Aмонов Р.оcоpи тозаэчоди Cоpбон, Хочаев М, Aкобиpов Ю, Typcyn C., К^зод У, Aтобоeв A, Файзуллоев И.Одинаев Ч,.Оидкй A.вa дигapонpо накд кapдa, «бapои тacвиpи инcони комил дониcтaни кpнyниятxои xaётy дapк кapдa тaвониcтaни пeшpaфти илмию техникии замону дaвp»-pо [3, c.l3O] зapyp дониcтaaнд, ки ба capи худ бaёнгapи моxияти накди нacpи ин дaвpa мебошад. Дap маколаи чaмъбacтии идоpaи мачалла низ ба capоxaт ба xycycияти накди rncp дap заминаи ин мycоxибa ишоpa шyдaacт, ки ба тapики зайл acт: «Мунаккидони мо ба як покизaкоpй ва ди^зй ндабат ба нacpи точик xaмaи он ч^о, ки дap cодxои ох^ дap мавзуи замони и^уза аз тapaфи чй нaвиcaндaгони кaлонcолy cоxибтaчpибa ва чй навкалам навишта шудааст, бо чиддияти том ва xолиcонa тaxкж ва тaxдил кapдaaнд» [3, c.138].

Мачалла камбудии acоcии мyбоxиcapо дap он дидaacт, ки «кадом нaвиcaндa аз чиxaти пpинcипxои бадеию эетeтикии эчоди бадей ба муваффакият ноил шудааст» [3, c.137] аз нaзapи мунаккидон дyp мондaacт. Ба ифодаи дакит^ мycоxибaи мaзкyp чexpaи накди то чое мypоcокоp ва тaвcифиpо дap шинохти нacp ба нaзap намуд.

Бeштapини тaк;pизy маковое, ки дap ин дaвpa мачадла чоп кapдaacт, чaнбaxои ичтимой ва гоявии нacppо apзёбй кapдaacт. Caлимов Н. дap тaк;pизe, ки ба мачмуаи оcоpи A. Бaxоpй "Рузи таваллуд" бо номи "Роxи камолот" нaвиштaacт, пеш аз xaмa, ба ошкоp cоxтaни xycycияти "мавзуву мyндapичa"-и xикpявy очepк, caфapномa ва "поpaxои интихобй аз acapxои дpaммaвии адиб" икдом кapдaacт. У ба "мacъaлaxои зиндагии имpyзa" тaвaччyx,и зиёд доштани нaвиcaндapp таъкид кapдa, "як xycycияти умумии xaмaи acapxои мачмуаи мазку^'^ "xaмоно acоcи воккей (гоxо aвтобиогpaфй) доштани вокeaxо ва обpaзxои acapxо" [6, 126] медонад. Cипac мyxaккик; мaвзyxои оcоpи мачмуаи мaвpиди нaзappо ба тapики зep дacтaбaндй мекунад, ки ибоpaт acт, аз "..даёте чавонон, занону бачагон, мyйcaфeдон, ки дap иcтexcолот, коpxонaxои caноaгй, caxpоxои колхозй, идоpaxои давлатй, мактабу оила коpy зиндагй мекунанд..." [6, c.127]. Дap тaфcиpи ин муаллиф мавзуву мyндapичa "ягон чиxaти мyшaxxacи хишати кaxpaмонxо" нaвиcaндapp шакл дода, вашлаи "ихчаму пypтaъcиp гapдидa"-ни оcоpи БaxоpйA.гapдидaaнд. Дap ин гуна нaтичaгиpй там^и ycyли маъмули накди тaвcифии ичтимоъгapои он pyзгоp нaзappac acт. Такртзи Caлимов Н. "Capоби хунин" ба китоби Caттоp Тypcyн "Ce pyзи як бaxоp", ки pомaн, xикояxо ва ^Hcca бapои кинои нaвиcaндapо фapо гиpифтaaет, низ намунаи xaмин гуна накди ичтимой мебошад [7, c.131-138].

Pax^ Дошим дap тaк;pизe, ки бо номи "Ёдгоpи y^p" ба мачмуаи xикояxо ва ёддоштx,ои Дабиб Axpоpй "Тyйxypии мyйcaфeдон" навиштааст, xaмин paвияи накди нacppо пaйpaвй кapдaacт [9, c.ll8-ll9].

Соли 1986 идораи мачалла гуфтугу ва мусохибаи кушодаро пиромуни масъалахои инкишофи насри муосир ба сурати суолу чавоб ба рох андохт, ки таи ду сол идома ёфта, ба эътирофи аксари иштирокдорон ин мунозира сахифаи тозаеро дар шинохт ва арзёбии наср боз намуд. Мухимтарин фазилати ин бахс хусусияти тахдилй доштани мухокимаву мунозираи мунаккидон ва нависандагон мебошад, ки аз тобеияти идеологй то чое дур буд. Ба ифодаи Набиев А. «хусусан чавобхои Ниёзй Ф, Самадов А, Сайфуллоев А, Истад А, Шукуров М, Амонов Р, Кухзод У,Абдуманонов А.ва Шукруллоев К.шомили афкори чолиб ва оханги хайрхохонае буданд» [4, 121].

Ин мусохиба, пеш аз хама, бозгуи сатх ва савияи накди наср буда, ду чихати аз хам фарккунанда дошт: нахуст, харчанд масъалахои мавриди бахс мушаххас буданд, мубохисон бештар ба масоили умумии адабиёт диккат додаанд. Дигар ин, ки дар маводхои чопшуда масъалахои мухим ва халталаби мухити маънавй, инкишофи наср ва вазъи ичтимоъу фарханг чиддан ба миён гузошта шуда, хусусиятхои миллй ва тозагии осори насрй мавриди казоват карор гирифтааст. Накд ва арзёбии бозёфтхои эчодии нависандагон пахлуи дигари мусбати ин мубохиса мебошад, ки шархи он аз доираи бахси мо берун мебошад.

Ба хамин тарик аз тахдил ва арзёбии масоили зинршуда метавон хулоса кард, ки накди наср дар тамоюлнокии гоявиву ичтимой ва равишхои хунарй гуногунранг аст. Баъзе маколахо хадафи сирфи идеологй дошта, баъзеи дигар хусусияти публитсистикаи ичтимоиро ба худ гирифтаанд. Кисми ками онхо хусусияти тахлилй дошта, ба тадкикоти илмй каробат доранд ва дарачаву савияи фаъолияти адабй -танкидиро муайян мекунанд.

АДАБИЁТ

1. Бобоев, Ю. Инкилоб ва тахаввули роман / Ю.Бобоев // Садои Шарк. - 1977. - № 12. - С. 108-114.

2. Зарринкуб, А. Накди адабй / А.Зарринкуб.-Душанбе:Ирфон, 2017.-712 с.

3. Масъалахои насри муосир /Садои Шарк. - 1973. - № 7. - С.109 - 138.

4. Набиев, А. Бархе аз вижагихои хунарии румонхои Рахим Ч,алил / А. Набиев // Садои Шарк. - 1984. - № 5. -

С.112 - 128.

5. Отахонова Х. Адибимахбубимо / Х.Отахонова // Садои Шарк.-1959.-№11.-С.120-127.

6. Салимов, Н. Рохикамолот / НосирСалимов // СадоиШарк. - 1986. - № 3. - С. 125-127.

7. Салимов, Н. Саробихунин / Н.Салимов // СадоиШарк.-1989.-№12.-С.131-138.

8. Табаров, С. Карорхои партия ва инкишофи танкиди адабй / С.Табаров // Садои Шарк.-1983.-№1.-С.116-125.

9. Х,ошим, Р. Ёдгори умр / Р. Х,ошим // Садои Шарк. - 1986. - № 3. - С. 128-129.

10. Шукуров, М.Фардияти инсон ва мохияти ичтимоии характер / М.Шукуров //СадоиШарк.-1974.-№8.-С.130-

145.

11. Шукуров, М. Кахрамони хаёт-кахрамони адабиёт / М.Шукуров //Садои Шарк.-1973.-№6.-С.129-141.

ИДЕОЛОГИЧЕСКАЯ ОРИЕНТАЦИЯ И МАСТЕРСКИЕ ТЕЧЕНИЯ КРИТИКА ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЫ В 70-90-х ГГ. ХХ ВЕКА

В статье рассматриваются вопросы, связанные с критикой литературной прозы и ее ориентации на основе идеального и социального направления таджикской прозы в 70-80-х годах ХХ века. Анализ и сравнение материалов раскрывают идеального и социального течения и доминирование партийных идеологий, определяющих особенности критики этой эпохи и влияющих на творчество писателей и течение литературного процесса. В статье сравниваются и оцениваются мнения С. Табарова, Ю. Бобоева, М. Шукурова. На основании этой статьи определены критика прозы и идеологическая направленность и мастерство. Статья имеет анализирующая и сравнивающая характеристика и определяется уровень литературно-критической деятельности.

Ключевые слова: прозаическая критика, стиль мастерства, идеологическое направление, сопоставление материала, стиль критики в журнале «Садои шарк», идеальная сущность, идеологические характеристики, влияние доминирующей идеологии, литературно-критическая деятельность, специфика литературной прозы.

IDEOLOGICAL ORIENTATION AND MASTERY TREND OF TAJIK PROSE CRITICISM

IN 70-90s OF XX CENTURY

The article explores issues related to the criticism of literary prose and its orientations based on ideal and social trend of Tajik prose criticism in 70-80s of XXth century. Analysis and comparing of the materials reveal ideal and social style and domination of party ideologies defined the peculiarities of the criticism of this epoch and it has an influence on creative works ofwriters and trend of literature process. S. Tabarov, Yu. Boboev, M. Shukurov's opinions are compared and evaluated in the article. Based on this article prose criticism and ideological orientation and mastery are identified. The article has analyzing and comparing characteristics and defines the level of literary criticism activity.

Keywords: prose criticism, mastery style, ideological trend, comparing of material, style of criticism in Sadoi Sharq journal, ideal essence, ideological characteristics, the influence of dominating ideology, literary and criticism activity, specificity of literary prose.

Сведения об авторе:

Кодирова Дилноза Лутфуллоевна - аспирант кафедры теория и история таджикской литературы Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

Муллоев Абдусамад, доктор филологических наук, профессор кафедры теории и истории таджикской литературы ТГПУ имени С. Айни About the author:

Kodirova Dilnoza Lutfulloevna - post-graduate in the Department of Theory and History of Tajik Literature of the Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni.

Mulloev Abdusamad, doctor of philological sciences, professor in the Chair of Theory and History of Tajik Literature of Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.