Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ХОНАВОДАГӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАРАҚҚИИ ОН'

ХУСУСИЯТҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ХОНАВОДАГӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАРАҚҚИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
66
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
хоҷагии хонавода / индекси рушди инсонӣ / сармояи инсонӣ / даромади хоҷагии хонаводагӣ / модели рушди иҷтимоӣ / домашние хозяйства / индекс человеческого развития / человеческий капитал / доход домохозяйств / модель социального развития

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Негматова Шоҳида Ғуфроновна

Нақши танзими фаъолияти хоҷагии хонаводагӣ ва омилҳои таъсиррасон ба рушди минтақа, такмил додани механизмҳои идоракунии давлатии низоми иҷтимоию иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. Нақш ва аҳаммияти танзими равандҳои иқтисодӣ, фазои ягонаи иқтисодӣ, татбиқи сиёсати сохторӣ ва инвеститсионӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки ба баланд шудани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа мусоидат мекунанд, асоснок карда шудааст. Дар асоси таҳлил ва арзёбии рушди хоҷагии хонаводагӣ омилҳои муҳимтарини пешрафти минтақаи Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Вобаста ба ин арзиши сабади истеъмолӣ дар танзими хоҷагии хонаводагии минтақа мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳамчунин нақши сармояи инсонӣ ва ҷиҳати сармоягузории он дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақавӣ дида баромада шуда, дар он нишондиҳандаҳои рушди индекси инсон низ таҳлил карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REGULATIONS OF HOUSHOLD ACTIVITIES AND FACTORS OF THEIR DEVELOPMENT

The article discusses the role of regulation of household activities and factors influencing regional development, as well as improving the mechanisms of public administration of the socio-economic system of the Republic of Tajikistan. The role and importance of the regulation of economic processes, the common economic space, the implementation of structural and investment policies, the socio-economic development of the country, which contribute to increasing the competitiveness of the regional economy, are supported. Based on the analysis and assessment of the development of households, the most important factors influencing the development of Sughd region of the Republic of Tajikistan are identified. In this regard, the cost of the consumer basket in regulating the economy of households in the region is reviewed. As well, it studies the role of human capital and investment in the socio-economic development of the region, the model of social development, and the development indicators of human index.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ХОНАВОДАГӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАРАҚҚИИ ОН»

УДК 330

Негматова Шо^ида Fуфроновна, н.и.и,

муаллими калони кафедраи менецменти ДДХБСТ (Хуцанд, Тоцикистон)

Негматова Шохида Гуфроновна,

канд. экон. наук, ст. преподаватель кафедры менеджмента ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан)

Negmatova Shohida Gufronovna, candidate of economic sciences, senior teacher of management department of Tajik state University of Law, Business and Politics (Khujand, Tajikistan) E-MAIL: shohida1717@mail.ru

Нацши танзими фаъолияти хоцагии хонаводагй ва омилцои таъсиррасон ба рушди минтаца, такмил додани механизмцои идоракунии давлатии низоми ицтимоию ицтисодии Чумцурии Тоцикистон баррасй карда мешавад. Нацш ва ацаммияти танзими равандцои ицтисодй, фазои ягонаи ицтисодй, татбици сиёсати сохторй ва инвеститсионй, рушди ицтисодию ицтимоии кишвар, ки ба баланд шудани рацобатпазирии ицтисодиёти минтаца мусоидат мекунанд, асоснок карда шудааст. Дар асоси тащил ва арзёбии рушди хоцагии хонаводагй омилцои муцимтарини пешрафти минтацаи Сугди Цумцурии Тоцикистон муайян карда шудаанд. Вобаста ба ин арзиши сабади истеъмолй дар танзими хоцагии хонаводагии минтаца мавриди омузиш царор гирифтааст. Хрмчунин нацши сармояи инсонй ва цицати сармоягузории он дар рушди ицтимой-ицтисодии минтацавй дида баромада шуда, дар он нишондицандацои рушди индекси инсон низ тацлил карда шудааст.

Калидвожа^о: хоцагии хонавода, индекси рушди инсонй, сармояи инсонй, даромади хоцагии хонаводагй, модели рушди ицтимой

Рассматривается роль регулирования деятельности домашних хозяйств и факторов, влияющих на региональное развитие, а также совершенствование механизмов государственного управления социально-экономической системой Республики Таджикистан. Обосновываются роль и значение регулирования экономических процессов, единого экономического пространства, реализации структурной и инвестиционной политики, социально-экономического развития страны, способствующих повышению конкурентоспособности региональной экономики. На основе анализа и оценки развития домашних хозяйств определены важнейшие факторы, воздействующие на развитие Согдийской области Республики Таджикистан. В связи с этим рассматривается стоимость потребительской корзины в регулировании экономики домохозяйств региона, а также роль человеческого капитала и инвестиций в него в социально-экономическом развитии региона, модель социального развития, анализируются показатели индекса человеческого развития.

Ключевые слова: домашние хозяйства, индекс человеческого развития, человеческий капитал, доход домохозяйств, модель социального развития

The article discusses the role of regulation of household activities and factors influencing regional development, as well as improving the mechanisms of public administration of the

DOI 10.24412/2411-1945- 2023-1-73-79

ХУСУСИЯЩОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОЦАГИИ ХОНАВОДАГЙ ВА ОМИЛХОИ ТАРАЩИИ ОН

ОСОБЕННОСТИ РЕГУЛИРОВАНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ДОМАШНИХ ХОЗЯЙСТВ И ФАКТОРЫ ИХ РАЗВИТИЯ

REGULATIONS OF HOUSHOLD ACTIVITIES AND FACTORS OF THEIR DEVELOPMENT

socio-economic system of the Republic of Tajikistan. The role and importance of the regulation of economic processes, the common economic space, the implementation of structural and investment policies, the socio-economic development of the country, which contribute to increasing the competitiveness of the regional economy, are supported. Based on the analysis and assessment of the development of households, the most important factors influencing the development of Sughd region of the Republic of Tajikistan are identified. In this regard, the cost of the consumer basket in regulating the economy of households in the region is reviewed. As well, it studies the role of human capital and investment in the socio-economic development of the region, the model of social development, and the development indicators of human index.

Key-words: household, index of the human development, human capital, household income,

model of social development

Яке аз хусусият^ои фар^кунандаи бу^рони щтисодии сол^ои 90-ум паст шудани ^обилияти харидории а^олй ва даромади пулии хонавода^о мебошад. Бояд ^айд кард, ки ин омил^о ба ташаккули шакли рафтори истеъмолкунандагон таъсир мерасонанд ва тафовути истеъмолро дар давра^ои мухталифи рушди и^тисодиёти Точикистон муайян мекунанд.

Айни замон дар низомх,ои и^тисодй унсурх,ое мавчуданд, ки муносибатх,ои ичтимоию и^тисодии хонаводагиро ба шаклх,ои моликият, захирах,ои и^тисодй ва натичах,ои фаъолияти хочагидории дар низоми и^тисодй ташаккул ёфта; шаклх,ои ташкилию ху^у^ии фаъолияти хочагидорй; механизми хочагидорй, яъне тарзи танзими фаъолияти и^тисодй дар сатх,и макро- ва микрои^тисодй такя мекунанд.

Дар чах,орчубаи низомх,ои и^тисодй дар зинах,ои мухталифи инкишофи чамъияти инсонй ба хочагии хонаводагй чун институт вижагих,ои зерин хос буд:

1) шаклх,ои мухталифи ташкилй дошт;

2) дар хочагии мамлакат на^ши муайянро бозй мекард;

3) тавассути низоми воситах,ои дохилию берунй танзим мешуд.

Дар раванди тахдввулоти хочагии хонаводагй марх,илах,ои зерини асосиро чудо кардан мумкин аст:

- марх,илаи аввал бо ташаккули ^абилаю обшина вобаста аст. Кабила ба оилах,о, обшина бошад ба хочагих,ои оилавии мех,натй чудо мешавад, ки дар онх,о х,ам вазифах,ои биологй ва х,ам истех,солй тамаркуз меёбанд. Дар ин асос оила чун субъекти муста^или фаъолияти хочагидорй чудо мешавад;

- дар марх,илаи дувум раванди муста^илшавии оила ва ташаккулёбии он чун субъекти моликияти хусусй ба амал меояд. Дар ин ва^т мух,ити бозорй ташаккул меёбад ва оилах,ои алох,ида ба он чалб мешаванд;

- дар марх,илаи сеюм давлат х,амчун танзимгари фаъолияти и^тисодй, махсусан хочагии хонаводагй ба х,исоб меравад;

- марх,илаи чорум бо ташаккули оила ало^аманд аст, ки он ичрои вазифах,ои истех,солии хочагии хонаводагиро амалй мекунад. Хочагии хонаводагй хусусияти субъекти бозорро касб мекунад ва ба сифати фурушандаи захирах,о ва истеъмолгар -харидори молу хизмат баромад менамояд. Танзими фаъолияти хочагии хонаводагй асосан тавассути бозор зимни таъсири давлат ба х,аёти и^тисодй сурат мегирад. Таъсири танзимии тарзи х,аёти оилавй, анъанах,ои дерин, ки дар шароити и^тисодиёти бозорй ахдммияти дуюмдарача доранд, бо^й мемонад;

- марх,илаи панчум бо пайдоиши субъекти нави и^тисодй - корхонах,о тавсиф мешавад. Онх,о барои истеъмоли аъзои хочагии хонаводагй молу хизмат истех,сол мекунанд. Танзими фаъолияти корхонах,о тавассути воситах,ои худии истех,солот ва давлат тиб^и ^онунх,ои бозор амалй мегардад;

- мархилаи шашум бо пайдоиши муносибатхои сифатан нави идтисодй байни хочагихои хонаводагй ва корхонахо тавсиф мегардад. Дар раванди алодахои мутадобилаи байни субъектхо фаъолияти истехсолй ба чунин намудхо чудо мешавад: намуди якуми фаъолият, ки корхона амалй мегардонад, истехсоли молхои истеъмолй мебошад, ки барои мубодила пешбинй мегарданд; намуди дигари фаъолият, ки хочагии хонаводагй ичро мекунад, истехсоли молхои истеъмолй дар дохили хочагй барои худтаъминкунй ва фуруши захирахои идтисодй дар бозор ба мадсади гирифтани фоида мебошад.

Чунин баррасии сатхии мавдеи хочагии хонаводагй дар идтисодиёти минтада дар мархилахои мухталифи инкишофи он имкон медихад баъзе хулосахо бароварда шавад:

- аввалан, хочагии хонаводагй хамеша яке аз субъектхои асосии идтисодиёти миллй буда, дар он чун мачмуи доидахои расмй ва гайрирасмии рафтор баромад мекунад;

- дувум, дар хар мархилаи инкишофи чамъияти инсонй хочагии хонаводагй дар шаклхои мутаносиби ташкилй зухур мекунад: дар шароити низоми идтисодии анъанавй -хочагии чамъияти ибтидой, сипас оилаи алохида; дар Дунёи Кдцим - хочагии гуломдорй, шахрвандони озод; дар асрхои миёна - мулки феодалй, хочагии дехдони крепостной, дехдони озод, хунарманд (косиб), точир, судхур; дар низоми идтисодиёти бозорй - хочагии сохибкор, коргари кироя, дехдони озод, хунарманд (косиб), савдогар ва гайра;

- севум, махсули асосии фаъолият ва моли хочагии хонаводагй неруи корй аст, ки дар шароити мушаххаси таърихй ба ин ё он тарид ва ба ин ё он мадсад дар мехнати дохилии худи хочагй ва берун аз он мавриди истифода дарор мегирифт;

- чорум, чун истеъмолгар хочагии хонаводагй барои донеъ гардонидани талаботи худ бояд манбаи неъматхои зарурй дошта бошад. Дар идтисодиёти анъанавй ин неъматхо дар дохили худи хочагй ба вучуд оварда, дар шакли натуралй истифода мешуданд. Махз аз хамин сабаб хочагй метавонист чудо аз дигар хочагихо вучуд дошта бошад. Дар идтисодиёти бозорй дисми асосии неъматхои истеъмолшаванда берун аз хочагй ба даст оварда мешавад, ки барои он воситахои пулй лозиманд;

- панчум, дар низоми идтисодии анъанавй фаъолияти хочагихои чамъият умуман ва дисми таркибии он - хочагии хонаводагй хусусан тибди доидахо, одатхо, тарзи хаёти одамон дар шароитхои гуногун, ки дар тули дарнхои зиёд ташаккул ёфта буданд, танзим мешуданд. Хдр як хочагй манфиатхои худро ба рохбарй мегирифт ва бо ёрии воситахои худй онхоро амалй мегардонид, зеро, асосан, ба нерую имкониятхои худ эътимод баста метавонист.

Дар шароити идтисодиёти бозорй натичаи фаъолияти хочагии хонаводагии алохида на танхо аз ташкили дохилии он, балки аз вусъату умди алодахои он бо дигар субъектхои идтисодй вобаста гардид. Акнун, байни субъектхои асосии идтисодиёт -хочагихои хонаводагй ва корхонахо муносибатхои барои хама умумии идтисодй -муносибатхои бозорй арзи хастй мекунанд, хамчунин таъсири давлат ба хаёти идтисодии мамлакат меафзояд.

Муносибати серпахлу имкон медихад, ки оид ба институти хочагии хонаводагй чун мачмуи доидахои расмию гайрирасмии рафтор дар мачмуи мураккаби муносибатхои мухталифи чамъиятию идтисодй, ки хам дар дохили ин субъект ва хам дар алодахои он бо мухити беруна ташаккул меёбанд, муайян карда шавад.

Мусаллам аст, ки доираи фарогирии хифзи ичтимой-идтисодй дар хар як давлат, аз як тараф, аз сатхи инкишофи дуввахои истехсолкунандаи он ва имкониятхои идтидори идтисодии онхо дар самти ташкилу барахмонии хифзи ичтимой вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба вазъияти демографии мамлакат ва зарурати танзими он алодаманд аст. [3,103]

Хдмзамон, набояд фаромуш кард, ки ба афзоиши идтидори истеъмолии хочагии хонаводагй ва татбиди самарабахши он на танхо фарохам овардани шароит барои афзоиши

даромади во^еии он, балки баланд бардоштани маданияти ташаккули талабот ва истеъмоли хочагии хонаводагй низ имконият медицад.

Хдмаи давлатцои чацони имруза новобаста аз модели ичтимой - ицтисодии инкишоф як ^исми мачмуи мацсулоти дохилаашонро ба таъмини цифзи ичтимоии ацолй ва ба сатци муайяни зиндагии онцо сафарбар менамоянд.

Дар робита бо истифодаи самараноки даромади дар ихтиёри ацолй буда, риоя кардани Крнуни Чумцурии Тоцикистон «Дар бораи танзими анъана, чашну маросимцо дар Чумцурии Тоцикистон» ацаммияти махсус касб мекунад. Зеро дар ин ^онун роццои истифодаи сарфакоронаи захирацои ицтисодй нишон дода шудаанд, ки ба бецтар кардани сифати зиндагй, инчунин ташаккули амонатцои ацолй мусоидат мекунанд. Дар ин радиф и^тисоддони ватанй ^одиров Д.Б. таъкид мекунад, ки «сатци некуацволй аз истифодаи самараноки захирацое, ки дастовардцоро таъмин мекунанд, вобаста аст". [2,131]

Устувории ичтимой яке аз нишондицандацои арзёбишавандаи амнияти ицтисодии мамлакат буда, ^удрати давлат ва сохтори цукмрони онро дар цалли муаммоцои ичтимой ва бунёди механизми бонуфуз барои доирацои цифзи манфиатцои субъектцои ичтимой нишон медицад. Бинобар ин дар «Стратегияи давлатии амнияти ицтисодй» таъмини шароити мусоид барои цаёти солим ва инкишофи шахсият, устувории и^тисодиву ичтимой ва сиёсии чомеа чун цадафи пешравии давлат дониста мешавад.

Мацдудиятцои молиявй, даромади чории пулй ва пасандози пулии хочагицои хонаводагй имруз омилцои муцимтарин мебошанд, ки рафтори истеъмолии оммаро муайян мекунанд. [4,83] Хдр давлат барои арзёбии вазъи во^еии даромади ацолй бояд мацаки мушаххасро доро бошад ва чунин мацак ин цадди а^алли зиндагй ва сабади истеъмолй ба шумор меравад. Сабади истеъмолй чун асоси цисобкунии андозаи цадди а^алли зиндагй хизмат намуда, барои арзёбии сатци зиндагии ацолй ва расонидани кумаки ичтимоии давлатй ба оилацои камбизоат истифода карда мешавад.

Арзиши умумии таъминоти озу^аворй аз харочоти пулй ба хариди хурокворй, таъминоти озу^аворй берун аз хона ва арзиши воридоти натуралии мацсулоти хурокворй ташаккул меёбад. Чй радаре ки циссаи харочот ба озу^аворй кам бошад, сатци некуацволй цамон ^адар баланд цисобида мешавад. Сатц ва сохтори истеъмоли хурокворй ва арзиши энергетикии он низ нишондицандаи муциммест, ки сифати цаёти ацолиро тавсиф мекунад. Солцои охир дар аксарияти мамлакатцои ИДМ тамоюли ихтисори истеъмоли картошка, нон, мацсулоти нону кулча ва афзоиши истеъмоли гушту мацсулоти гуштй, тухм ва сабзавот ба мушоцида мерасад. Сатци истеъмол на танцо аз бузургии бучет, балки аз аъзои хочагии хонаводагй вобаста аст.

Диаграммаи 1

Истеъмоли мацсулоти хурокворй ба х,ар нафар ахолии вилояти Сугди Цумхурии Тоцикистон дар солхри 2015-2021

_(дар як сол, бо кг)_

180 160 140 120 100 80 60 40 20 0

/ У

Л 6

У ^

/ у

¿г

^ у

/ у

4

<Р л

Г

&

/ ./ ✓ / • " / / у /

У У У У /

2015

2016

2017

2018

2019

2020 2021

Хцисоби муаллиф дар асоси омори солонаи вилояти Сугд, Агентии омори назди Президенти Цумцурии Тоцикистон. Хуцанд, 2022. - С. 218.

Истеъмоли мацсулоти хурокворй ба цар нафар ацолии вилояти Сугди Чумцурии Точикистонро дар солцои 2015 -2021 тадкик намуда, [1,218] ба чунин хулоса омадан мумкин аст. (ниг. ба диаграммаи 1).

Дар соли 2021 ба цар сари ацолии вилояти Сугд дар як моц циссаи аз цама зиёди истеъмоли нон ва мацсулоти нонй рост омадааст, ки вазни киёсии он дар цачми умумии харочот 19,2%, сабзавоту полезицо бошад 4,2%, ширу мацсулоти ширй 2,5%, меваю буттамева 2,3% - ро ташкил дод. Циссаи гушту мацсулоти гуштй 12,6% буд, циссаи аз цама кам ба моцй ва мацсулоти моцигй 0,3% рост меояд. Дар мукоиса бо соли 2019 тагйирот ночиз аст, танцо истеъмоли сабзавот 22,3% афзудааст. Истеъмоли ширу мацсулоти ширй ва равгани рустанй мутаносибан 15,6% ва 2,5% коциш ёфтааст.

Таъмин набудан бо озукаворй вазъиятеро ифода мекунад, ки одамон аз дастрасии доимии физиологй, ичтимой ва иктисодй ба микдори кофии озукавории сергизо ва барои саломатй бехатар, ки ба талаботу бартариятцои гизоии онцо чавобгуянд ва барои бурдани тарзи цаёти фаъолонаю солим заруранд, мацрум мебошанд.

Ба сабаби нобаробарии даромади пулй таркиби мацсулоти хуроквории истеъмолшаванда дар хочагицои хонаводагии шацр ва децот фарк мекунад. Дар хочагицои хонаводагии шацр истеъмоли мева, мацсулоти шир, моцй ва гушт бештар аст, дар мацалли децот бошад мацсулоти нону картошкаро бештар истеъмол мекунанд. Дар ин давра истеъмоли нон ва мацсулоти нону кулча ба цисоби миёна ба цар узви хочагии хонаводагй 40-45кг-ро ташкил дод.

Яке аз омилцои муцимтарини муайянкунандаи сатци некуацволии ацолй сатци маълумот ва сармояи инсонй мебошад.

Муцаккики маъруфи сармояи инсонй Капелюшников Р. И. мафцуми «сармояи инсонй» -ро чунин арзёбй менамояд: «Сармояи инсонй шакли сармоя аст, зеро он манбаи даромади оянда мебошад. Хдр як инсон шахсияти инфиродй буда, сармояи он чузъи чудонашавандаи инсон аст». [5,138] Дар асоси ин, мо сатц ва сифати сармояи инсониро дар сатци минтакавй

- 77 -

муайян хохем кард.

Сармоягузорй ба сармояи инсонй дар мудоиса бо дигар намудхои сармоя, дар низоми устувори рушдёбандаи идтисодй на танхо барои шахс, балки дар мачмуъ барои давлат фоидаовар аст.

Бо мадсади муайян намудани нишондихандаи мачмуи сатх ва сифати хаёти ахолй, шохиси рушди инсон истифода мешавад, ки нишондихандахои давомнокии умр, сатхи саводнокй, маълумот ва сатхи зиндагиро дар бар мегирад. Соли 2021 дар Точикистон шохиси рушди инсон (ШРИ) - 0,67 ташкил дод.[7] Тахлил нишон медихад, ки солхои охир ШРИ дар рейтинги чахонй аз чои 133-уми соли 2014 ба чои 125-ум расида аст.

Таъсири чузъхои алохида ба индекси рушди инсон мухталиф аст. Динамикаи индекс дар бораи таъсири сахти чузъи даромад (ММД ба хар сари ахолй) шаходат медихад, ки микдори захирахоеро, ки инсон барои амалигардонии як датор имкониятхо дар ихтиёр дорад ва онхо бевосита бо нишондихандахои маълумот ва дарозумрй иртибот доранд, инъикос мекунад. Дар оянда ба назарияи «сармояи инсонй» ахаммияти бештар дода мешавад, зеро он ба омухтани падидахои муносибатхои бозаргонй ва ошкор сохтани самаранокии захирахои молиявие, ки ба омили инсонй гузошта шудаанд, имкон медихад. [6,7]

Бояд дайд кард, ки масъалаи минбаъдаи рушди сармояи инсонй дар Стратегияи миллии рушд то давраи 2030 хамчун афзалияти хамачониба ва байнисохавй, ки масъалахои маориф, тандурустй ва хифзи ичтимоиро баррасй мекунад, гузошта шудааст.

Имруз, сарфи назар аз пешбурди сиёсати фаъоли модернизатсия дар Чумхурии Точикистон, муаммохои махаллй, ки ба рушди инноватсионии макроидтисодй халал мерасонанд, то хол халли худро наёфтаанд. Аз чумла:

- сатхи пасти харочот ва тахдидот дар сохаи сармоягузорй ба сармояи инсонй;

- инфрасохтори инноватсионй нисбатан суст тараддй ёфта, ки ба дастгирии самараноки сохибкории хурди инноватсионй дар масъалахои таъсис, рушди робитахои коммуникатсионй, ворид шудан ба бозор бо махсулоти инноватсионй нигаронида шудааст.

Хдмин тарид, барои ноил гардидан ба харакати бомуваффадият дар самтх,ои мазкур истифодаи одилонаи идтидори истехсолй ва зехнй, мухити мусоиди инвеститсионй, амалигардонии лоихахои инвеститсионии тичоратй ва гайритичоратй, ба вучуд овардани инфрасохтори дастгирии раванди инноватсионй, инкишофи робитахои беруна, тахкими пояи моддию техникии сохаи ичтимой, чорй намудани тадбирхои иловагии дастгирии ичтимоии шахрвандон, чорй намудани шаклхои инвеститсионии хизматрасонии ичтимой, модернизатсияи сохаи таъминоти ичтимой мусоидат хоханд кард.

ПАЙНАВИШТ:

1. Солномаи омории вилояти Сугд. Агентии омори назди Президенти Цумуурии Тоцикистон дар вилоти Сугд. - Хуцанд, 2022. - С. 322

2. Кадыров Д.Б. Концептуальные основы формирования модели государственной политики роста благосостояния населения // Сборник «Наука и бизнес: условия взаимодействия индустриального партнерства: материалы Международной научно-практической конференции, 2017. - С. 130-137.

3. Саидцонов С.Ш., Зокирова Ш.М. Такмили сиёсати минтацавй дар соуаи даромади ауолй./ Саидцонов С.Ш., Зокирова Ш.М. // Ахбори Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон. Силсилаи илмуои цомеашиносй.- 2022. - Ш. 3(92). - P. 103-113.

4. Маъмуров А.М. Арзёбии вазъи муосири маъмурикунонии андоз дар сатуи минтацавй / А. М. Маъмуров, С. Б. Саломов //Ахбори Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон. Силсилаи илмуои цомеашиносй.- 2022. - ^. 2(91). - P. 82-92.

5. Капелюшников Р. И. Современные западные концепции формирования рабочей силы [Текст] /Р. И. Капелюшников. - Москва: Наука, 1981.- 136 с.

6. Шульгина, Л. В. Человеческий капитал как объект социальной защиты / Л. В. Шульгина, С. В. Якимчук // ФЭС: Финансы. Экономика. - Воронеж: Финэкономсервис. - 2010. - № 12. - С. 7-11.

7. Шохисии рушди инсон https://nonews.co/directory/lists/countries/index-human (санаи муроциат 15.10. 2022).

REFERENCES:

1. Statistic Annual of Sughd Region. Statistic Agency under the President of Tajikistan Republic in Sughd Region. - Khujand, 2022.-PP.322

2. Kadirov D.B. Basis of Conceptual Formation of the models of the State Policy of the Growth of well-being of the Population // Collection "Science and Business: Interaction Conditions of the Industrial Partnership: " International materials of Scientifico-practical Conference, 2017.- PP.130-137

3. Saidjonov S.Sh., Zokirova Sh.M. // The Progress of Local Policy in the Sphere of People's Income. / S.Sh.Saidjonov, Sh.M.Zokirov // Bulletin of Tajik State University of Law, Business and Politics. Series of Humanitarian Sciences. - 2022. - №3 (92). - PP. 103-113

4. Mamurov A.M. Assessment of Condition of the Modern Tax Administration in a local Level / A.M.Mamurov, S.B.Salomov // Bulletin of Tajik State University of Law, Business and Politics. Series of Humanitarian Sciences. - 2022. - №2 (91).-PP. 82-92

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Kapelyushnikov R.I. Modern Western Concept of the Formation of Labour Power [Text] / R.I. Kapelyushnikov. - Moscow: Science, 1981. -136pp.

6. Shulgina L.V. Human Capital as the Object of Social Security / L.V.Shulgina Yakimchuk // Finances. Economy. - Voronezh: Financial economic Service. - 2010. - №12. - PP. 7-11

7. Index of the Human Development. https://nonews.co/directory/lists/countries/index-human (date of appeal: 15.10.2022)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.