Научная статья на тему 'ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОИИ МИНТАҚА'

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОИИ МИНТАҚА Текст научной статьи по специальности «Социологические науки»

CC BY
190
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Калидвожаҳо: рушди минтақа / иқтисодиёти минтақа / инфрасохтор / инфрасохтори иҷтимоӣ / усулҳои арзёбӣ / Keywords: regional development / regional economy / infrastructure / specificity of social infrastructure / assessment methods

Аннотация научной статьи по социологическим наукам, автор научной работы — Исматов Хушрӯз Ҳасанович, Охунова Дилфуза Ӯктамовна

Ҷанбаҳои назариявӣ ва методии инфрасохтори иҷтимоии минтақа баррасӣ шудааст. Таърифҳои пешниҳод намудаи олимони зиёд доир ба инфрасохтори иҷтимоии минтақа низомбандӣ шуда, пас аз таҳлили амиқи онҳо ташреҳи муаллифӣ пешниҳод шудааст. Дар таҳқиқот таърифи муаллифӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси инфрасохтори иҷтимоӣ дар иқтисодиёти минтақаҳои кишвар пешниҳод шудааст. Усулҳои асосии арзёбии рушди инфрасохтори иҷтимоӣ таҳқиқ шуда, нишондиҳандаҳои барои ҳисоб зарурӣ баррасӣ гардидаанд. Дар баррасии усулҳои асосии арзёбии рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ба бартарӣ ва нуқсонҳои усулҳо диққати махсус дода, мутобиқ будан ва ё набудани онҳо ба шароити минтақаҳои кишвар шарҳ дода шудааст. Ҷиҳати такмили асосҳои институтсионалии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THEORETICO-METHODOLOGICAL ASPECTS OF THE SOCIAL INFRASTRUCTURE OF THE REGION

The theoretical and methodological aspects of the social infrastructure of the region are considered. As part of the study, the authors systematized the definitions of the social infrastructure of the region proposed by many scientists and, after a deep analysis, developed the interpretation of their own. The study provides the author’s definition taking into account the specifics of social infrastructure in the economy of the country’s regions. The authors studied the main methods for assessing the development of social infrastructure and considered the indices required for calculation. Considering the main methods for assessing the development of social infrastructure, the authors pay special attention to the advantages and disadvantages of the methods and explain their suitability or inconsistency with the conditions of the country’s regions. The authors gave recommendations for improving the institutional framework for socio-economic development of the regions of the Republic of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОИИ МИНТАҚА»

УДК 65.207.2 DOI

ЦАНБАХОИ Исматов Хушруз Хасанович, н.и.и.,

НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ муаллими калони кафедраи молия ва царзи

ИНФРАСОХТОРИ ДДХБСТ; Охунова Дилфуза Уктамовна

ИЦТИМОИИ МИНТАЦА ассистенти кафедраи молия ва царзи

ДДХрСТ (Тоцикистон,Хуцанд)

ТЕОРЕТИКО- Исматов Хушруз Хасанович, канд. экон.

МЕТОДИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ наук, ст. преподаватель кафедры финансов СОЦИАЛЬНОЙ и кредита ТГУПБП; Охунова Дилфуза ИНФРАСТРУКТУРЫ РЕГИОНА Уктамовна, ассистент кафедры

финансов и кредита ТГУПБП (Таджикистан Худжанд)

THEORETICO- Ismatov, Hushruz Hasanovich, candidate of METHODOLOGICAL ASPECTS OF the sciences of economics, senior lecturer of THE SOCIAL INFRASTRUCTURE the department of finances and credit under OF THE REGION the TSULBP; Ohunova Dilfuza Uktamovna, assistant of the department offinances and credit under the TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: khushruz_1987@mail.ru

Калидвожах;о: рушди минтаца, ицтисодиёти минтаца, инфрасохтор, инфрасохтори ицтимои, усулуои арзёби

Цанбауои назарияви ва методии инфрасохтори ицтимоии минтаца барраси шудааст. Таърифуои пешнщод намудаи олимони зиёд доир ба инфрасохтори ицтимоии минтаца низомбанди шуда, пас аз тащили амици онуо ташреуи муаллифи пешнщод шудааст. Дар тащицот таърифи муаллифи бо назардошти хусусиятуои хоси инфрасохтори ицтимои дар ицтисодиёти минтацауои кишвар пешнщод шудааст. Усулуои асосии арзёбии рушди инфрасохтори ицтимои тауциц шуда, нишондщандауои барои уисоб зарури барраси гардидаанд. Дар баррасии усулуои асосии арзёбии рушди инфрасохтори ицтимои ба бартари ва нуцсощои усулуо диццати махсус дода, мутобиц будан ва ё набудани онуо ба шароити минтацауои кишвар шару дода шудааст. Цщати такмили асосуои институтсионалии рушди ицтимои-ицтисодии минтацауо дар Цумуурии Тоцикистон пешнщод шудааст.

Ключевые слова: региональное развитие, региональная экономика, инфраструктура, специфика социальной инфраструктуры, методы оценки

Рассмотрены теоретико-методические аспекты социальной инфраструктуры региона. Систематизированы предложенные многими учеными определения социальной инфраструктуры региона и после глубокого анализа разработана их авторская трактовка. В исследовании даётся авторское определение, учитывающее специфику социальной инфраструктуры в экономике регионов страны. Изучены основные методы оценки развития социальной инфраструктуры и рассмотрены показатели, необходимые для расчёта. При рассмотрении основных методов оценки развития социальной инфраструктуры обращено особое внимание на преимущества и недостатки методов и

объясняется их пригодность или несоответствие условиям регионов страны. Даны рекомендации по совершенствованию институциональной базы социально-экономического развития регионов Республики Таджикистан.

Keywords: regional development, regional economy, infrastructure, specificity of social

infrastructure, assessment methods

The theoretical and methodological aspects of the social infrastructure of the region are considered. As part of the study, the authors systematized the definitions of the social infrastructure of the region proposed by many scientists and, after a deep analysis, developed the interpretation of their own. The study provides the author's definition taking into account the specifics of social infrastructure in the economy of the country's regions. The authors studied the main methods for assessing the development of social infrastructure and considered the indices required for calculation. Considering the main methods for assessing the development of social infrastructure, the authors pay special attention to the advantages and disadvantages of the methods and explain their suitability or inconsistency with the conditions of the country's regions. The authors gave recommendations for improving the institutional framework for socioeconomic development of the regions of the Republic of Tajikistan.

Дар шароити муосири рушди муносибатхои ичтимоию иктисодй инфрасохтори ичтимоии минтака яке аз унсурхои калидии рушд махсуб меёбад. Зеро инфрасохтори ицтимоии минтаца аз як чониб заминаи рушди захирахои зехнй дар кишвар ва минтакахои он махсуб ёбад, аз чониби дигар, ба рушди иктидори ичтимоию иктисодии давлат омили таъсиррасон мебошад. Инчунин, дар зери таъсири инфрасохтори ичтимой урбанизатсия дар сатхи иктисодиёти миллй ва минтакаю махалхои он ба вучуд меояд, ки ба рушди сохахои иктисодиёт дар минтакахо омили мухталиф таъсиррасон мегардад.

Бояд иброз намуд, ки дар шароити муосири Чумхурии Точикистон тахкики инфрасохтори ичтимоии минтаца чи аз нигохи назариявй ва чи аз нигохи амалию методологй ба кадри кофй сурат нагирифтааст. Аммо хушбахтона дар Стратегияи милии рушди Чумхурии Точикистон то соли 2030 рушди инфрасохтори ичтимоии минтакахои кишвар самти мухимми сиёсати иктисодию ичтимой муайян шудааст. Дар он муайян шудааст, ки иктидори нокифояи идоракунии давлатй дар сатхи минтака ва махал баръало дида мешавад. Аз ин лихоз чун натичаи дурнамо муайян шудааст, ки сахми сатххои мазкур дар рушди ичтимоию иктисодй бо назардошти урбанизатсия, тачдиди инфрасохтор ва афзоиши талаботи чомеа ба хизматрасонихои ичтимоии баландсифат ва дастрас афзоиш хохад ёфт. Зеро дар СРМ-30 собит мегардад, ки дарачаи иктидор, салохият ва равандхои босифати маъмурй дар сатхи махал нисбат ба сатхи миллй хеле акиб мондааст. Гуфтахои боло мубрамияти тахкики назариявй ва методии инфрасохтори ичтимоиро дар сатхи минтакахои Чумхурии Точикистон собит месозад.

Кайд кардан зарур аст, ки рочеъ ба мохияти мафхуми иктисодии инфрасохтори ичтимоии минтака байни олимон иттифоки ороъ ба назар намерасад баррасй мегардад. Бинобар ин дар заминаи маълумоти дар чадвали 1 низомбандй шуда, мо мафхуми иктисодии инфрасохтори ичтимоии минтакаро мавриди тахлил карор медихем.

Цадвали 1. - Та.\цици таърифи инфрасохтори ицтимоии минтаца

Сарчашма ва муаллиф Таъриф^о

Тощенко Ж.Т. Социальная инфраструктура: сущность и пути развития. - Москва: Мысль, 1980. - 206 с. Инфрасохтори ичтимой низоми муасиса ва ташкилотхое мебошад, ки нисбат ба таъиноти техникй ахамияти бештари ичтимоию щтисодй дорад, зеро пеш аз хама барои оптималикунонии фаъолияти худи инсон шароит фарохам меоварад.

Рандалов Ю.Б. Социальная инфраструктура региона: проблемы развития / Ю.Б Рандалов, Ц.Б. Будаева. - Новорыбинск: Найка, 1989. - 72 с. Инфрасохтори ичтимой мачмуи объектхои фаъолият мебошад, ки ба донеъ гардонидани талаботи шахсй равона гардида, фаъолияти хаётй, тараддиёти рухию зехнии ахолиро таъмин мекунад.

Потемкин В.К. Социальная инфраструктура регионов: нормативный подход к преобразованию. - Санкт-Петербург: Ривьера, 1996. - 140 с. Инфрасохтори ичтимой зернизоми махсуси тараддиёбандаи комплекси ягонаи хочагии халд мебошад, ки ба раванди такрористехсоли ичтимой ворид гардида, ба воситаи тадсими мачмуи талаботи чамъиятй, даромади миллй, фондхои таъиноти чамъиятй ба вучуд омада, ташаккулдихандаи рушди тарзи хаёт мебошад.

Согачева О.В. Особенности формирования и функционирования социальной инфраструктуры региона / О.В. Согачева // Вестник ТГУ. 2009. №3 (71). - С. 388-392. Инфрасохтори ичтимой дар худ мачмуи унсурхои устувори моддию ашёиро ифода менамояд, ки шароити умумии барои ташкили одилонаи фаъолияти асосии инсон - мехнатй, сиёсй-чамъиятй ва дигар фаъолиятхои рушдёбандаро ба манфиати кулли чамъият бунёд мекунад.

Безуглая Е.В. Значение социальной инфраструктуры для социально-экономического развития региона / Е.В. Безуглая // Молодой учёный. 2013. № 10 (57) - С. 272-274. Инфрасохтори ичтимой чун мачмуи шароити ичтимоию идтисодй пешниход карда мешавад, ки хам рушди кулли раванди истехсолот ва хам як вохиди муайяни худудй-идтисодиро таъмин мекунад.

Федулов С. П. Социальная инфраструктура современного российского города [электронный ресурс]. URL: https://ecsocman.hse.ru/data/958/991/1219/019 .FEDOULOV.pdf (дата обращения: 10.07.2021). Инфрасохтори ичтимой мачмуи унсурхои моддию ашёиро дар бар мегирад, ки барои бунёд ва таъмини шароити маконй ва муваддатии ташкили фаъолияти хаётии ахолй дар заминаи талаботи он, тавчехи арзишй, ичтимой, демографй ва дигар хусусиятхо зарур мебошад.

Смирнова О.А. Социальная инфраструктура региона: сущность, проблемы и перспективы развития / О.А. Смирнова // Ивановский государственный химико-технологический университет. 2014. №2 (38). - С. 87-91. Инфрасохтори ичтимоии минтада - ин мачмуи вохидхои идтисодиёти минтада мебошад, ки фаъолияти онхо бо таъмини зиндагии муътадили ахолй ва инсон алокаманд аст.

Антонюк В.С. Социальная инфраструктура в системе

региональной инфраструктуры / В.С. Антонюк, А.Ж. Буликеева // Вестник Тюменского государственного

университета. 2013. № 11. - С. 31-39.

Инфрасохтори ичтимоии минтака мачмуи сохахо (тандурустй, маориф, тарбияи чисмонй ва варзиш, фарханг ва санъат) - ро ифода менамояд, ки фаъолияти онхо ба рушди устувори ичтимоию иктисодии минтака, баланд бардоштани сифати зиндагй ва ташкили окилонаи фаъолияти

чамьият мусоидат мекунад.

Сарчашма: тауияи муаллифон

Тавре аз маълумоти чадвали 1 бармеояд дар фахмиши щтисодии инфрасохтори ичтимой ва инфрасохтори ичтимоии минтака дар сарчашмахои илмй ягонагии а^ида ба назар намерасад. Ж.Т. Тощенко чунин мешуморад, ки инфрасохтори ичтимой низоми муасиса ва ташкилоте мебошад, ки нисбат ба таиноти техникй ахамияти бештари ичтимоию и^тисодй дорад, зеро пеш аз хама барои оптималикунонии фаъолияти худи инсон шароити заруриро фарохам меоварад. Дар ин таъриф Ж.Т. Тощенко ахамияти бештари ичтимоию и^тисодй доштани инфрасохтори ичтимоиро таъкид кардааст. Инчунин инфрасохтори ичтимоиро чун низоми ташкилоту муасисахо баррасй намудааст, ки добили ^абул намебошад. Зеро инфрасохтори ичтимой сохахои зиёди хочагии хал^ро фаро мегирад ва бояд хамчун мачмуй ташкилоту муасисахои сохахои мухталиф тахди^ гардад.

Ю.Б. Рандалов ва Ц.Б. Будаева инфрасохтори ичтимоиро чун мачмуи объектхои фаъолият муайян менамоянд, ки барои ^онеъ гардонидани талаботи шахсй равона гардида, фаъолияти хаёт ва таравдиёти рухию зехнии ахолиро таъмин мекунад. Ба назари мо муаллифони мазкур фахмиши и^тисодии инфрасохтори ичтимоиро дуруст муайян кардаанд, вале объектхои хусусияти ичтимой дошта на танхо барои ^онеъ гардонидани талаботи шахсй, балки талаботи мачмуии чамъиятй нигаронида мешаванд, ки ин ну^таро мундаричаи таъриф дарбар нагирифтааст.

Дар тах^и^и В.К. Потемкин фахмиши и^тисодии инфрасохтори ичтимой чун зернизоми махсуси таравдиёбандаи комплекси ягонаи хочагии хал^ муайян мегардад, ки ба раванди такрористехсоли ичтимой ворид гардида, ба воситаи та^сими мачмуи талаботи чамъиятй, даромади миллй, фондхои таъиноти чамъиятй пойдор гардида, ташаккулдихандаи рушди тарзи хаёт мебошад (чадвали 1). Дар ин таъриф муаллиф инфрасохтори ичтимоиро хамчун зернизоми махсуси таравдиёбандаи комплекси ягонаи хочагии хал^ баррасй менамояд, ки ба мундаричаи ин категория мутоби^ аст. Хдмчунин В.К. Потемкин чанбаи молиявии ташаккули инфрасохтори ичтимоиро шарх додааст, вале дар таъриф хадафи мавчудияти ин инфрасохтори ичтимой ташаккулдихандаи рушди тарзи хаёт муайян шудааст, ки нокифоя будани баррасии фахмиш шаходат медихад.

Дар тах^и^и О.В. Согачева мафхуми и^тисодии инфрасохтори ичтимой чун мачмуи унсурхои устувори моддию ашёй муайян шудааст, ки шароити умумиро барои ташкили о^илонаи фаъолияти асосии инсон, хусусан мехнатй, сиёсй-чамъиятй ва дигар фаъолиятхои рушдёбанда ба манфиати кулли чамъият бунёд мекунад. Аз чониби муаллиф чунин муайян кардани мундаричаи категорияи мазкур, пеш аз хама, нишон медихад, ки О.В. Согачева ба ахамият ва на^ши инфрасохтри ичтимой эътибори чиддй медихад. Кайд кардан зарур аст, ки О.В. Согачева дар ошкор сохтани мундаричаи и^тисодии инфрасохтори ичтимой мачмуи унсурхои устувори моддию ашёиро баррасй менамояд, ки институтхои сохаи ичтимоиро пурра дарбар намегирад ва тасхехталаб будани таърифи муаллифро собит менамояд.

Е.В. Безуглая инфрасохтори ичтимоиро чун мачмуи шароити ичтимоию идтисодй баррасй менамояд, ки рушди кулли раванди истехсолотро таъмин менамояд ва ба тараддиёти вохиди муайяни худудй-идтисодй мусоидат мекунад (чадвали 1). Аз ин таърифи мундаричаи инфрасохтори ичтимой бармеояд, ки Е.В. Безуглая ба ахамияти инфрасохтори ичтимой дар тараддиёти идтисодиёти худудй эътибори хоса медихад. Вале лозим ба таъкид аст, ки дар таърифи муаллифй Е.В. Безуглая ба ахамияти инфрасохтори ичтимой дар ташаккул ва тараддиёти тарзи хаёти солим амид назар накардааст.

Дар муайянкунии С.П. Федулов инфрасохтори ичтимой хамчун мачмуи унсурхои моддию ашёй баррасй мегардад, ки барои бунёд ва таъмини шароити маконй ва муваддатии ташкили фаъолияти хаётии ахолй дар заминаи талаботи он, тавчехи арзишй, ичтимой, демографй ва дигар хусусиятхо зарур мебошад (чадвали 1). Дар таърифи пешнихад кардаи С.П. Федулов хусусияти инфрасохтори ичтимой дар ташаккул ва ташкили фаъолияти хаёт баррасй мегардад, ки мундаричаи ин категорияро пурра мегардонад. Вале, С.П. Федулов чун Согачева О.В. дар кушода додани мундаричаи идтисодии инфрасохтори ичтимой мачмуи унсурхои устувори моддию ашёиро баррасй менамояд, ки объектхои сохаи ичтимоиро пурра дарбар намегирад ва аз амид баррасй нагардидани ин мафхум дарак медихад.

Дар тахдиди О.А. Смирнова яке аз таърифхои нисбатан танги инфрасохтори ичтимоии минтада пешниход мегардад. У инфрасохтори ичтимоии минтадаро хамчун мачмуи вохидхои идтисодиёти минтада муайян кардааст, ки фаъолияти онхо бо таъмини зиндагии муътадили ахолй ва инсон алодаманд мебошад (чадвали 1). Аз таърифи мазкур бармеояд, ки О.А. Смирнова ба хусусиятхои минтадавии инфрасохтори ичтимой назари хоса намудааст. Вале, ахамият ва вазифаи инфрасохтори ичтимоии минтада дар таърифи О.А. Смирнова амид тахдид нашудааст.

Яке аз таърифхои нисбатан васеи инфрасохтори ичтимоии минтада дар тахдидоти В.С. Антонюк пешниход карда шудааст. У инфрасохтори ичтимоии минтадаро хамчун мачмуи сохахо (тандурустй, маориф, тарбияи чисмонй ва варзиш, фарханг ва санъат) баррасй менамояд, ки фаъолияти онхо ба рушди устувори ичтимоию идтисодии минтада, баланд бардоштани сифати зиндагй ва ташкили одилонаи фаъолияти чамъият мусоидат мекунад (чадвали 1). Таърифи аз чониби В.С. Антонюк пешниходшуда ба назари мо мундаричаи ин категория ва вазифахои онро фарогир аст. Зеро В.С. Антонюк кулли сохахое, ки инфрасохтори ичтимоии минтада ва, хатто, кишварро дарбар мегиранд, ба хайси унсури таркибии инфрасохтори ичтимой мебинад. Инчунин, такид мекунад, ки инфрасохтори ичтимой ба баланд бардоштани сифати зиндагй ва ташкили одилонаи фаъолияти чамъият мусоидат мекунад. В.С. Антонюк зикр менамояд, ки сохахои он бояд ба рушди устувори ичтимоию идтисодй мусоидат кунанд. Ин нудтаи назар ба кулли нозукихои рушди устувор пурра чавобгу нмебошад. Зеро дар шароити бозор дар бархе аз минтадахо баробари тараддиёти инфрасохтори ичтимой принсипхои рушди устувор ба мадди назар гирифта намешаванд.

Храмин тавр, дар асоси тахлили адидаи олимони мазкур мо чунин таърифи муаллифиро оид ба мундаричаи идтисодии инфрасохтори ичтимоии минтада пешниход менамоем: инфрасохтори ичтимоии минтада мачмуи объектхои ба сохахои ичтимоии минтадахо тааллуд доштаро дар бар мегирад, ки ба тараддиёти сохахои ичтимоию идтисодии минтада тавассути ташаккули шароити мусоид барои гузаронидани хаёти солим ва тачдиди тавлиди ахолй, рушди арзишхои зехнй, таъмини идтисодиёти минтада бо захирахои мехнатй ва гайра мусоидат мекунад ва омили мухимми таъсиррасон ба раванди

урбанизатсия ва агломератсия махсуб меёбад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин таърифи мундаричаи иктисодии инфрасохтори ичтимоии минтака чунин чанбахои категорияи мазкур дар мадди назар гирифта шудаанд:

- тавасути инфрасохтори ичтимоии минтаца таракиёти ичтимоию иктисодии минтакаи муайян таъмин мегардад;

- инфрасохтори ичтимоии минтаца ба ташаккули шароити мусоид барои гузаронидани хаёти солим ва тачдиди тавлиди ахолй зарурати объективй дорад;

- тараккиёти инфрасохтори ичтимоии минтаца ба рушди арзишхои зехнй, таъмини иктисодиёти минтаца бо захирахои мехнатй ва дигар арзишхои ичтимоию иктисодй мусоидат мекунад;

- раванди урбанизатсия ва агломератсия, инчунин агломератсияи минтакавй, ки самти мухимми урбанизатсия махсуб меёбад, зери таъсири инфрасохтори ичтимоии минтаца хусусиятхои нави ташаккулёбиро ба даст меорад.

Барои арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоии минтака як катор усулхое, ки дар тахкикоти илмй рочеъ мебошанд оварда шудааст (чадвали 2).

Ч,адвали 2. - Усул^ои арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоии минтаца

Сарчашма Усули арзёбй

1. Бородатова Л. Ю. Обоснование развития социальной инфраструктуры в условиях пространственной трансформации экономики региона. Монография / Л. Ю. Бородатова, Л. Л. Тонышева. -Тюмень: ТГНГУ, 2015.- 140с. Сатхи рушди инфрасохтори ичтимоии минтаца (Ч,.Фридман) бо формулаи зерин муайян карда мешавад: ки дар ин чо, F - сатхи тараккиёти инфрасохтори ичтимоии минтаца; fп - сатхи тараккиёти инфрасохтори ичтимоии шакли ёридиханда; ф - сатхи тараккиёти инфрасохтори ичтимоии шакли рушдёбанда; а, в - зарибхои поляризатсияи инфрасохтори ичтимоии шакли муайян.

2. Фаттахов Р.В. Оценка развития социальной инфраструктуры регионов России и ее влияние на демографические процессы / Р.В. Фаттахов, ММ. Низамутдинов, В.В. Орешников // Экономика социальной сферы.- Уфа: Институт социально-экономических исследований УФИЦ РАН: "Финансы: теория и практика". -2020.Т.24. №2. -С.104-118. Рафъи таъсири омили андозагирии нишондихандахо дар арзёбии инфрасохтори ичтимоии минтаца аз руи формулаи зерин хисоб карда мешавад: ки дар ин чо, У - кимати нишондиханда барои минтакаи >ум; Утах, Ут1П - кимати хадди аксар ва хадди акалли нишондиханда барои хамаи минтакахои баррасишаванда; У,п - кимати меъёрии нишондиханда барои минтакаи ьум.

3. Торопушина Е.Е. Оценка уровня развития социальной инфраструктуры в регионах Севера и Арктики России / Е.Е. Торопушина // Публикация подготовлена в рамках поддержанного РГНФ и Правительством Мурманской области научного проекта № 15-12-51002. ЭКО. - 2016. - №6.-С.99-108. Усули хисоби микёсгароии хаттй дар асоси муайян кардани нуктахои референтй (киматхои хадди акал ва хадди аксар) амалй карда мешаванд. Ин усули арзёбй барои хисоби рушди иктидори инсонй бештар истифода мегардад. ХХисоб аз руи форму лай зерин сурат мегирад: •^max ^min ки дар ин чо: I - Индекси рушди иктидори инсонй; Хф а кт - нишондихандаи вокеии рушди иктидори инсонй дар минтака; Хтах ва Xmin - кимати хадди аксар ва хадди акалли нишондиханда барои хамаи минтакахои баррасишаванда.

4. Загребова Л.Е. Региональное развитие социальной инфраструктуры: автореф. дис. ... канд. экон. наук: 08.00.05 / Л. Е. Загребова. -Тольятти, 2011.27 с. Арзёбии таъсири рушди инфрасохтори ичтимоии минтака ба конеъгардонии чамъият бо сатхи зиндагй аз руи модели зерин амалй карда мешавад: у = !{Кг,КгЛъ.....Кп) ки дар ин чо: Кг- кимати интегралии инъикоскунандаи зариби вазъи сохаи маориф; - кимати интегралии инъикоскунандаи зариби сохаи тандурустй; - кимати интегралии инъикоскунандаи зариби сохаи фарханг ва маданият. К4 то Kn - дигар сохахо, ки бо салохдиди арзёбикунанда интихоб мегарданд

5. Терехова-Пушная Д.В. Методика оценки уровня развития социальной сферы / Д.В. Терехова-Пушная // ЧОУ ВО «Московская международная академия». -2016. Хисоби арзёбии интегралии рушди инфрасохтори ичтимоии минтака аз руи усули «Паттерн» (кимати интегралии нишондихандахои рушди инфрасохтори ичтимоии минтака)

Сарчашма: муаллифон тауия кардаанд

Усулхои дар чадавли 2 низомбандй гардида барои арзёбии чанбахои мухталифи рушди инфрасохтори ичтимоии минтакахо кобили истифода мебошанд. Вале, хар як усули арзёбй чихатхои мусбат ва манфй дорад, ки онхоро тахкикгар бояд дар мадди назар гирад. Чихати мусбати усули арзёбии рушди инфрасохтори минтака, ки дар асоси тахкики Ч. Фридман коркард шудааст дар он аст, ки ин усул имкон медихад сатхи таъминнокии минтака бо объектхои инфрасохтори сохаи ичтимой дар асоси низоми муайяни нишондихандахои вокей ва зарибхои

минтакавй арзёбй карда шавад. Барои истифода бурдани ин усул ^.Фридман минтакахои иктисодиро ба чор намуди муайян таксим намудааст: ядро, минтакаи афзоиш, минтакаи нави рушдёбанда, минтакаи таназзулёбанда. Ин таксимбандй метавонад ба дакик гардидани натичаи арзёбй барои муайян кардани рушди инфрасохтори ичтимой мусоидат кунад. Дар амал татбик намудани усули мазкур хисобу китоби зиёдро такозо менамояд. Зеро барои хар як намуди минтака (тибки таснифи Ч,. Фридман) бояд вобаста ба унсурхои инфрасохтори ичтимой матритсаи морфологии он тартиб дода шавад. Дар шароити Чумхурии Точикистон таснифи минтакахо мутобики усули Ч. Фридман захмати зиёдро такозо менамояд ва арзёбиро танхо макомоти ваколатдор ва ё институтхои тахкикотй анчом дода метавонанд. Яъне барои мухаккикону олимон истифодаи ин усул дар шароити кунунии рушди идоракунии инфрасохтори ичтимоии минтакахо мушкил ва хатто гайриимкон мебошад.

Усули арзёбии дар корхои Р.В. Фаттахов, М.М. Низамутдинов, В.В. Орешников ва дигарон баррасй шударо оид ба рафъи таъсири омили андозагирии нишондихандахо дар арзёбии инфрасохтори ичтимоии минтака истифода бурдан мумкин аст. Модели мазкур сатхи рушди инфрасохтори ичтимой ва параметрхои харакати демографии чамъиятро инъикос мекунад. Бояд тазаккур дод, ки модели овардашуда нисбат ба модели умумиииктисодии микроматематикии рушди минтака дар бобати муайян намудани сатхи тараккиёти инфрасохтори ичтимоии минтака ахамияти камтари амалй дорад. Зеро тибки баррасии тахкикгарон чунин ба назар мерасад, ки натичахои бадастомада бо модели умумииктисодии рушди минтакавй, аз чумла параметрхои иктисодй, пуливу карзй ва дигар фаъолиятхои давлатй муттахид карда шавад. Хангоми истифодаи модели мазкур инфрасохтори ичтимоии минтака метавонад ба таркиби омилхои демографй таъсири мухталиф расонад. Вобаста ба ин, ташкили шароити мусоид ба рушди мухочирати ахолй дар минтака кафолати афзоиши сатхи тавлид ё паст намудани сатхи фавтро намедихад. Хангоми пешгуии шумораи ахолии ин ё он минтака тахлили амики таркиб ва омилхои демографй талаб карда мешавад, ки вобаста ба он андешидани тахияи чорахои давлатй оид ба сиёсати рушди демографй ва ташаккули заминаи мувофики сиёсати молиявй талаб мегардад. Ин имкон медихад муайян кунем, ки чузъиёти инфрасохтори ичтимой ба рушди унсурхои демографии минтака то чи андоза таъсир мерасонад. Умуман усули хисоби микёсгароии хаттй барои муайян кардани кимати меъёрии нишондихандаи минтакаи арзёбишаванда имконпазир мебошад. Вале, ин кимати меъёрй наметавонад чандон дакик бошад. Зеро хар як минтака хусусияти хоси худро дорад ва метавонад дар ягон чузъи инфрасохтори ичтимой бо назардошти ягон бартарй рушд ёфта бошад. Дар шароити минтакахои Чумхурии Точикистон истифода бурдани ин усули арзёбии рушди инфрасохтори ичтимой дар сурати ба назар гирифтани хусусиятхои табиию релефи чойгиршавй ва омилхои демографй хангоми муайян кардани кимати меъёрй имконпазир мебошад.

Дар арзёбии рушди инфрасохтори ичтимой Е.Е. Торопушина ва дигар олимон усули хисоби микёсгароии хаттй васеъ истифода мегардад (ниг. чадвали 2). Дар ин усул муайянсозии нуктахои референтй (киматхои хадди аксар ва хадди акал) хангоми арзёбй зарур мебошад. Хангоми истифодаи ин усул дар арзёбии рушди инфрасохтори ичтимой нишондихандахои вокеии чойдошта дар хар як минтакаи мушаххас муайян карда мешавад. Барои мукоиса намудани маълумоти минтака аз руи доираи маълумот ва андоза нишондихандахои нисбии беандоза, ки дарачаи наздикшавии мутлаки хар як нишондихандаро ба кимати хадди аксар ва акал инъикос мекунад, истифода бурда мешавад. Кимати нишондихандахо бояд байни фосилахои 0 ва 1 муайян гардад, таносуби байни киматхои алохида нигох дошта мешавад.

Камбудии истифодаи ин усул дар он аст, ки хусусиятхои алохидае, ки рушди инфрасохтори

ичтимоии минтадаро инъикос мекунанд, димати якхела дошта наметавонанд ва вазни диёсии хар як нишондиханда, инчунин мачмуи онхо дар асоси усули пурсиши экспертй дар фосилаи байни 0 ва 1 гузаронида мешавад. Дар асоси пурсиши экспертй тахлилгар наметавонад нишондихандахои ба арзёбй зарурро дадид муайян кунад.

Тавре аз модели баррасишаванда дар тахдидоти Л.Е. Загребов ва дигарон бармеояд (чадвали 2) истифода аз ин модел арзёбии таъсири рушди инфрасохтори ичтимоии минтада ба сатхи зиндагй бо истифодаи диматхои интегралии зарибхои сохахои ичтимоиро инъикоскунанда амалй карда мешавад. Чихати мусбати ин усул дар он аст, ки вазъи сохахои ичтимой хангоми муайян кардани димати интегралй дар алохидагй хисоб мегардад. Инчунин, мухадидон метавонанд сохаи заруриро мустадилона хисоб намоянд ва дар арзёбй ба мадди назар гиранд. Таснифи нишондихандахои ин модел дар асоси хисоби зарибхои сохахои маориф, тандурустй, фарханг ва варзиш, сайёхй ва гайрахо асос ёфтааст. Хисоби зарибхои интегралй тибди методологияи махсус, ки хисобкунии ибтидоии нишондихандахои такроршавандаро ба назар мегирад, ичро карда мешавад. Дар арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоии минтадахои Точикистон истифода намудани ин усул дулай ва мусбат арзёбй мегардад.

Хисоби арзёбии интегралии рушди инфрасохтори ичтимоии минтада аз руи усули «Паттерн» низ амалй карда мешавад (чадвали 2). Чихати мусбати ин усул дар он аст, ки методологияи пешниходшуда арзёбии объективии сатхи рушди инфрасохтори ичтимоии минтадаро таъмин менамояд, инчунин ба муайян кардани самаранокии фаъолияти инфрасохтор имкон медихад. Норасоии ин усул дар он аст, ки хангоми истифодаи он тахияи алгоритми кластеронии нишондихандахои бахши ичтимоиёт зарур аст. Ин тадозо менамояд, ки барои хар як минтада ва махалхои он хуччати шаходатдихандаи маълумоти хоси сохахои ичтимой тахия гардад. Дар шароити кунунии минтадахои Точикистон истифодаи ин ин усул хеле мушкил мебошад, вале тадричан бо баробари рушди кишвар ва радамикунонии сохахои ичтимой-идтисодй истифодаи он хангоми арзёбй имконпазир аст.

Хамин тавр масъалаи мавриди баррасиро чамъбаст намуда метавон гуфт, ки ба донунгузории давлатй, стратегияхо ва барномахои танзимкунандаи рушди ичтимой-идтисодии минтадахои кишвар чунин таърифи инфрасохтори ичтимоиро ворид кардан ба мадсад мувофид аст, ки он дар доираи тахдидоти мо муайян карда шудааст: инфрасохтори ичтимоии минтада мачмуи объектхои ба сохахои ичтимоии минтадахо тааллуд доштаро дар бар мегирад, ки ба тараддиёти сохахои ичтимоию идтисодии минтада тавассути ташаккули шароити мусоид барои гузаронидани хаёти солим ва тачдиди тавлиди ахолй, рушди арзишхои зехнй, таъмини идтисодиёти минтада бо захирахои мехнатй ва гайра мусоидат мекунад ва омили мухими таъсиррасон ба раванди урбанизатсия ва агломератсия махсуб меёбад.

Тавсия дода мешавад, ки дар раванди татбиди Консепсияи идоракунии рушди махал дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти усулхои арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоии минтада, ки дар мадола баррасй шуданд ва инчунин тачрибаи чахонй вобаста ба хусусиятхои хар як минтадаи кишвар дастурамал ё меъёри алохида оид ба усулхои арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоии минтада тахия карда шавад. Дар тахияи он олимони ватанй, муттахасисони соха ва хатман олимону коршиносони хоричй чалб карда шаванд Минтадахои кишвар метавонад дар барномахои миёнамухлати рушди минтадахо низ усулхои арзёбии рушди инфрасохтори ичтимоиро низомбанди намуда, тарзи истифодаи онхоро шарх диханд. Ин имкон медихад, ки аз як чониб, заминаи методиро барои арзёбии рушди сохаи мазкур, ки хусусиятхои миллии рушди инфрасохтори ичтимой ба мадди назар гирифта шудааст ташаккул дихад ва аз чониби дигар, мадомоти ваколатдор рушди инфрасохтори ичтимоии минтадахоро самарнок идора кунанд.

Пайнавишт:

1. Стратегияи миллии рушди Цумуурии Тоикистон барои давраи то соли 2030. Бо царори мацлиси намояндагони Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон аз 1 декабри соли 2016 № 636 тасдиц шудааст. - Душанбе, 2016. - 99 с.) // [Манбаи электроны]. URL: https://investcom.tj/uploads/strateg2030.pdf [санаи муроциат: 02.08.2021].

2. Антонюк В.С. Социальная инфраструктура в системе региональной инфраструктуры / В.С. Антонюк, А.Ж. Буликеева // Вестник Тюменского государственного университета. 2013. № 11. - С. 31-39.

3. Безуглая Е.В. Значение социальной инфраструктуры для социально-экономического развития региона /Е.В. Безуглая //Молодой учёный. 2013. № 10 (57) - С. 272-274.

4. Бородатова Л. Ю. Обоснование развития социальной инфраструктуры в условиях пространственной трансформации экономики региона. Монография / Л. Ю. Бородатова, Л. Л. Тонышева. - Тюмень: ТГНГУ, 2015.- 140с.

5. Загребова Л.Е. Региональное развитие социальной инфраструктуры: автореф. дис. ... канд. экон. наук: 08.00.05 /Л. Е. Загребова. - Тольятти, 2011. - 27 с.

6. Потемкин В.К. Социальная инфраструктура регионов: нормативный подход к преобразованию. - Санкт-Петербург: Ривьера, 1996. - 140 с.

7. Рандалов, Ю.Б. Социальная инфраструктура региона: проблемы развития / Ю.Б Рандалов, Ц.Б. Будаева. - Новорыбинск: Наука, 1989. -72 с.

8. Смирнова О.А. Социальная инфраструктура региона: сущность, Проблемы и перспективы развития / О.А. Смирнова // Ивановский государственный химико-технологический университет. 2014. №2 (38). - С. 87-91.

9. Согачева О.В. Особенности формирования и функционирования социальной инфраструктуры региона / О.В. Согачева //-Тамбов, Вестник ТГУ. 2009. №3 (71). - С. 388-392

10. Терехова-Пушная Д.В. Методика оценки уровня развития социальной сферы / Д.В. Терехова-Пушная //ЧОУ ВО «Московская международная академия», 2016.

11. Торопушина Е.Е. Оценка уровня развития социальной инфраструктуры в регионах Севера и Арктики России / Е.Е. Торопушина // Публикация подготовлена в рамках поддержанного РГНФ и Правительством Мурманской области научного проекта № 15-12-51002. ЭКО. - 2016. - №6.-0.99-108.

12. Тощенко. Ж.Т. Социальная инфраструктура: сущность и пути развития. - Москва: Мысль, 1980. - 206 с.

13. Фаттахов Р.В. Оценка развития социальной инфраструктуры регионов России и ее влияние на демографические процессы / Р.В. Фаттахов, М.М. Низамутдинов, В.В. Орешников // Экономика социальной сферы. - Уфа: Институт социально-экономических исследований УФИЦ РАН: "Финансы: теория и практика". - 2020. -Т.24. №2. - С.104-118.

14. Федулов С. П. Социальная инфраструктура современного российского города. [электронный ресурс]. URL: https://ecsocman.hse.ru/data/958/991/1219/019.FEDOULOV.pdf (дата обращения: 10.07.2021)

Reference Literature:

1. National Strategy of TR Development for the Period up to 2030 in Conformity with the Resolution of Majlisi Oli Majlisi Namoyandagon of TR (the Chamber of Representatives under the

Supreme Council) from December 1, 2016, №636. - Dushanbe, 2016. - 99pp.//Electronic resource. URL: https://investcom.tj/uploads/strateg2030.pdf [Date of appeal: 02.08.2021]

2. Antonyuk V.S. Social Infrastructure in the System of Regional Infrastructure// V.S. Antonyuk,

A. Zh. Bulikeyeva//Bulletin of Tyumen State University. 2013, №11. - pp.31- 39

3. Bezuglaya Ye.V. The Importance of Social Infrastructure in the System of Regional

Infrastructure//Ye.V. Bezuglaya//Young Scientist, 2013, №10(57) -.pp.272- 274

4. Borodatova L. Yu. Substantivation of Social Infrastructure Development under the Condition of

Special Transformation of the Economy of the Region. Monograph//L.Yu.Borodatova, L.L. Tonysheva. - Tyumen State National University, 2015. - 140pp.

5. Zagrebova L.Ye. Regional Development of Social Infrastructure. Synopsis of Doctoral

dissertation in economics: 08.00.05//L.Ye. Zagrebova - Tolyatti, 2011. - 27pp.

6. Potyomkin V.K. Social Infrastructure of Regions: Normative Approach to Transformation. -

Saint-Peterburg: Riviera, 1996. - 140pp.

7. Randalov Yu.B. Social Infrastructure of the Region: Problems of Development// Yu.B.

Randalov, Ts. B.Budaeva. - Novosibirsk: Science, 1989 - 72pp.

8. Smirnova O.A. Social Infrastructure of the Region: Gyst, Problems and Prospects of Development//

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

O.A. Smirnova//Ivanovo State Chemical-Technologigal University. 2014, №2(38). -pp 87- 91

9. Sogacheva O. V. Peculiarities of Formation and Functioning of the Social Infrastructure of the

Region // O. V. Sogacheva // TSU LBP Bulletin, 2009, №3 (71) - pp. 388-392

10. Tereshova - Pushnaya D.V. Methods of Assessment in Regard to the Level of Social Sphere

of Development //D. V. Tereshova - Pushnaya //All - Russian Association ChOU "Moscow International Academy", 2016

11. Toropushina Ye. Ye. Assessment of the Level of Social Infrastructure Development in the Regions of

the North and the Arctic of Russia // Ye. Ye. Toropushina // The publication is prepared in the frames of scientific project №15-12-51002 supported by RSNF (Russian State National Fund) and the Government of Murmansk Oblast ECO. 2016, №6. - pp. 99-108

12. Toshchenko Zh. T. Social Infrastructure: Gist and Ways of Development. Moscow: Thought,

1980.- 206pp.

13. Fattahov R. V. Assesment of the Development in Reference to Social Infrastructure of the Regions of Russia and its Sway over Demography Processes// R. V. Fattahov,

M.M. Nizamutdinov, V.V. Oreshnikov // Social Sphere Economy. - Ufa. The Institute of Social - Economic Researches. Ufa Research Centre under the Russian Academy of Sciences (RAS): "Finances: Theory and Practice". - 2020:-V. 24, №2. - pp.104 -118

14. Fedulov S.P. Social Infrastructure of a Modern Russian City [Electronic resource] URL: https://ecsocman.hse.ru/data/958/991/1219/019.FEDOULOV.pdf (Date of Appeal: 10.07.2021)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.