Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТҲОИ СОЗМОНДИҲӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШН ВА МАРОСИМҲОИ НАВИ ШЎРАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН'

ХУСУСИЯТҲОИ СОЗМОНДИҲӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШН ВА МАРОСИМҲОИ НАВИ ШЎРАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
25
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ид / маросим / ҷашнҳои нави шӯравӣ / ҷашнҳои анъанавӣ / чорабиниҳои оммавӣ / идҳои оилавӣ / торжества / обряды / новые советские праздники / традиционные праздники / массовые мероприятия / семейные торжества

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Исамитдинов Жорабек Бобобекович

Дар мақола таҳлили таърихию фарҳангии ташаккулёбӣ ва ҷорӣ шудани ҷашнҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Қайд мегардад, ки дар ҳама давру замон вобаста батағйирёбии мафкураи давр, ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ҷашнҳо ба майдони муборизаи падидаҳои нав бо анъанаҳои кўҳна намоён мегаштанд. Баъди Инқилоби Бузурги Октябри сотсиалистии соли 1917 тағйироти куллӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо ба амал омаданд, шаклҳои нави ҷашнҳои миллӣ ва байналхалқӣ ташаккул ёфтанд. Ҳукумати шўравӣ сиёсати бедини ба роҳ монда буд, ки мутобиқи он даст каштдан аз ҷашну маросимҳои динӣ низ талаб карда мешуд. Суръати дур шудан аз расму оинҳои динӣ дар байни халқиятҳои Иттиҳоди Шўравӣ якхела набуд. Дар солҳо аввали Шӯравӣ шароитҳои нави меҳнатӣ, паҳн гаштани шаклҳои фарҳанги сотсиалистӣ, навгониҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва оилавӣ, худшиносии миллӣ, маҳдуд кардани мафкураи динӣ рух доданд. Муайян карда шудаанд, ки дар тамоми қаламрави шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон идҳои солгарди Инқилоби Октябр, Якуми май, Рузи артиши шўравӣ, Рўзи байналхалқии занон, рўзи қабули Конститутсия ва ғ. дар шакли тантана, чорабинии фароғатию оммавӣ ва дар доираи хонавода таҷлил мегаштанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по истории и археологии , автор научной работы — Исамитдинов Жорабек Бобобекович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FEATURES OF ORGANIZING AND HOLDING NEW SOVIET HOLIDAYS AND CEREMONIES IN TAJIKISTAN

Представлен историко-культурный анализ становления советских праздников в Таджикистане. Отмечается, что во все эпохи в связи с изменениями идеологии эпохи, общественной и политической жизни праздники становились полем борьбы между новыми явлениями и старыми традициями. После Октябрьской социалистической революции 1917 произошли коренные изменения в организации торжеств и обрядов, сформировались новые формы национальных и интернациональных праздников. Советское правительство проводило атеистическую политику, согласно которой требовалось также отказаться от религиозных праздников и обрядов. Скорость отхода от религиозных обрядов у народов Советского Союза была неодинаковой. В те первые годы Советского власти происходили новые условия труда, распространение социалистической культуры, новации в общественной и семейной жизни, национальное самосознание, ограничение религиозной идеологии. Установлено, что на всей территории Советского Союза, в том числе и в Таджикистане, отмечаются следующие праздники: годовщина Октябрьской революции, Первомай, День Советской Армии, Международный женский день, день принятия Конституции и др., они отмечались торжественно, массово, с весельем, а также в семейном кругу.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТҲОИ СОЗМОНДИҲӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШН ВА МАРОСИМҲОИ НАВИ ШЎРАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН»

5.6.4.[07.00.07] МАРДУМШИНОСЙ, ЦАВМШИНОСЙ ВА АНТРОПОЛОГИЯ 5.6.4.[07.00.07] ЭТНОЛОГИЯ, АНТРОПОЛОГИЯ И ЭТНОГРАФИЯ 5.6.4.[07.00.07]ETNOGRAPHY, ETHNOLOGY AND ANTHPOLOGY

ТДУ 394.4

DOI:10.51844-2077-4990-2023-2-35-40

ХУСУСИЯТХОИ СОЗМОНДЩЙ ВА Исамитдинов Жорабек Бобобекович, н.и.т., БАРГУЗОРИИ ЧАШН ВА МАРОСИМХОИ дотсенти кафедраи таърихи халци тоцики НАВИШУРАВЙДАР ТОЧИКИСТОН МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров"

(Тоцикистон, Хуцанд)

ОСОБЕННОСТИ ОРГАНИЗАЦИИ И Исамитдинов Жорабек Бобобекович, к.и.н., ПРОВЕДЕНИЯ НОВЫХ СОВЕТСКИХ доцент кафедры истории таджикского народа ПРАЗДНИКОВ И ЦЕРЕМОНИЙ В ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» ТАДЖИКИСТАНЕ (Таджикистан, Худжанд)

FEATURES OF Isamitdinov Zhorabek Bobobekovich, candidate of ORGANIZING AND HOLDING historical sciences, associate professor of the NEW SO VIET HOLIDA YS AND Department of the History of the Tajik People, SEI CEREMONIES IN TAJIKISTAN "KSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan,

Khujand),E- mail: isomatdinov1961@mail.ru Вожацои калидй: ид, маросим, цашщои нави шуравй, цашщои анъанавй, чорабинщои оммавй,идхои оилавй

Дар мацола тахлили таърихию фархангии ташаккулёбй ва цорй шудани цашщои шуравй дар Тоцикистон оварда шудааст. Цайд мегардад, ки дар хама давру замон вобаста батагйирёбии мафкураи давр, хаёти ицтимоиву сиёсй цашщо ба майдони муборизаи падидахои нав бо анъанахои кухна намоён мегаштанд. Баъди Инцилоби Бузурги Октябри сотсиалистии соли 1917 тагйироти куллй дар баргузории цашну маросимхо ба амал омаданд, шаклхои нави цашщои миллй ва байналхалцй ташаккул ёфтанд. Хукумати шуравй сиёсати бедини ба рох монда буд, ки мутобици он даст каштдан аз цашну маросимхои динй низ талаб карда мешуд. Суръати дур шудан аз расму оищои динй дар байни халциятхои Иттиходи Шуравй якхела набуд. Дар солхо аввали Шуравй шароитхои нави мехнатй, пахн гаштани шаклхои фарханги сотсиалистй, навгонихо дар хаёти цамъиятй ва оилавй, худшиносии миллй, махдуд кардани мафкураи динй рух доданд. Муайян карда шудаанд, ки дар тамоми цаламрави шуравй, аз цумла дар Тоцикистон идхои солгарди Инцилоби Октябр, Якуми май, Рузи артиши шуравй, Рузи байналхалции занон, рузи цабули Конститутсия ва f. дар шакли тантана, чорабинии фарогатию оммавй ва дар доираи хонавода тацлил мегаштанд.

Ключевые слова: торжества, обряды, новые советские праздники, традиционные праздники, массовые мероприятия, семейные торжества

Представлен историко-культурный анализ становления советских праздников в Таджикистане. Отмечается, что во все эпохи в связи с изменениями идеологии эпохи, общественной и политической жизни праздники становились полем борьбы между новыми явлениями и старыми традициями. После Октябрьской социалистической революции 1917 произошли коренные изменения в организации торжеств и обрядов, сформировались новые формы национальных и интернациональных праздников. Советское правительство проводило атеистическую политику, согласно которой требовалось также отказаться от религиозных праздников и обрядов. Скорость отхода от религиозных обрядов у народов Советского Союза была неодинаковой. В те первые годы Советского власти происходили новые условия труда, распространение социалистической культуры, новации в общественной и семейной жизни, национальное самосознание, ограничение религиозной идеологии. Установлено, что на всей территории Советского Союза, в том числе и в Таджикистане, отмечаются следующие праздники: годовщина Октябрьской революции, Первомай, День Советской Армии, Международный женский день, день принятия Конституции и др., они отмечались торжественно, массово, с весельем, а также в семейном кругу.

Key words: celebrations, rituals, new Soviet holidays, traditional holidays, public events, family celebrations

The article presents a historical and cultural analysis of the formation and introduction of Soviet holidays in Tajikistan. It is noted that in all eras, due to changes in the ideology of the era, social and political life, holidays have become a field of struggle between new phenomena and old traditions. After the October Socialist Revolution of 1917, fundamental changes took place in the organization of celebrations and rituals, and were formed new manners of national and international holidays. The Soviet government pursued an atheistic policy, according to which it was also required to abandon religious holidays and rituals. The rate of departure from religious rites among the peoples of the Soviet Union was not the same. In the early beginning of Soviet power formation, there were new working conditions, the spread of socialist culture, innovations in social and family life, national self-consciousness, and the restriction of religious ideology. It has been established that throughout the territory of the Soviet Union, including Tajikistan, the following holidays are celebrated: the anniversary of the October Revolution, May Day, Soviet Army Day, International Women's Day, the day of the adoption of the Constitution, etc., they were celebrated in the form of solemnity, mass entertainment and in the family circle.

Вобаста ба вазъи сиёсй ва ичтимоии давр ба мавчудияти чашнхо, тарзи баргузорй, хусусияти маросимхо тагйирот ворид мегарданд. Чашнхо дар худ тачрибаи бои тарихии мардум, ки дар давоми асрхо чамъ шудаанд, хифз мекунанд. Чашнхо мухимтарин нишонаи фарханги анъанавиии халк буда, муаррифгари хусусиятхои ичтимоии ахди бостон ва давраи начандон дур ба шумор мераванд. Инчунин ба чашнхо серхаракатй, мабдаи фаъоли эчодй, алокамандй бо мафкураи давр хос аст.

Чдшнхои чамъиятй, ки бо фаъолияти мехнатии одамон, бо зиндагии оилавй ва шахсй, бо маънавиёт ва фарханг алокамандй доранд, барои конеъ намудани эхтиёчоти мардум ба истирохат, хосил намудани таасуроти хиссй , алокаи байнихамдигарии одамон (робитаи дустона, оилаву хешутаборй, дохили ичтимой ва f.) ва аз хама асосй барои таргиб ва дар тафаккур мустахкам намудани мухимтарин лахзахои хаёт хидмат мекунанд.

Дар хама давру замон вобаста батагйирёбии мафкураи давр, хаёти ичтимоиву сиёсй чашнхо ба майдони муборизаи падидахои нав бо анъанахои кухна намоён мегаштанд. Давраи нави таърихй одатан чашнхо худро ба миён меорад ва ин падида нисбат ба тагйирот дар чамъият ба таври катъй сурат мегирад.

Тагйироти куллй дар баргузории чашну маросимхо баъди Инкилоби Сотсиалистии Октябри соли 1917 ба вукуъ пайвастанд. Дар даврони шуравй асосхои мафкуравии чашнхои ичтимой куллан дигаргун гаштанд, хам сохтор ва хам хусусиятхои маишии чашнхо тагйир ёфтанд. Дар ин раванд накши шахрхо боло рафтанд, зеро махз дар шахрхо шаклхои нави чашнхои миллй ва байналхалкй ташаккул ёфтанд [1,с.31]. Ин раванд дар шароити аз давлат Чудо кардани дин амалй мегашт. Хукумати шуравй сиёсати бединиро ба рох монда буд, ки мутобики он даст кашидан аз расму оинахои динй низ талаб карда мешуд. Суръати дур шудан аз расму оинхои динй дар байни халкиятхои Иттиходи шуравй якхела набуд. Масалан, дар Федератсияи Россия хануз декабри соли 1917 декрет «Дар бораи никохи гражданй, кудакон ва Чорй намудани китоби сабти асноди шахрвандй» ва мохи январи соли 1918 «Дар бораи Чудошавии калисо аз давлат ва мактаб» кабул мегарданд, ки ин санадхои хукукй барои вокеъан ба хаёт тадбик намудани муносибатхои оилавй- никохй мусоидат намуданд. Ч,орй шудани сабти асноди шахрвандй барои ба миён омадани маросимхои нави Чашнхои оилавй «октябринхо», «туйхои сурх», «дафни сурх» сабаб гардид.

Дар минтакахое, ки мардум ба дини ислом эътикод доштанд (аз чумла дар Точикистон) вазъ дигар буд. Дар ин минтакахо шикастани колабхои анъанавии динй осон набуд. Яку якбора аз расму оинхо даст кашидан амри махол буд. Барои хамин ташаккулёбии чашну маросимхои нави шуравй мархила ба мархила амалй гаштанд. Мухаккикон таъкид мекунанд, ки яке аз сабабхои бо зудй Чорй нашудани Чашну маросимхои нав дар Осиёи Миёна ин рушди капитализмро аз сар нагузаронида, ба рохи сотсиализм кадам ниходани кишвар буд [10,с.17]. Зеро дар натичаи муносибатхои ичтимоии капиталистй, ворид шудан ба истехсолоти саноатй рузгору тафаккури одамонро аз анъанахои феодалй ва падарсолории авлодй то андозае озод мекард. Аз хама мухим, синфи пролетариат ташаккул меёфт, ки ин синф чонибдори навгонихо дар хаёти маишии чамъиятиву оилавй ба шумор мерафт. Набудани хамин мархилаи тайёрй ба дарача ва суръати тагйирёбии тарзи зист, фарханги халкхои Осиёи Миёна баъди барпошавии Х,окимияти шуравй то андозае таъсир расонид.

Вале худи вокеаи барпо гаштани тартиботи нави шуравй ва тахаввулоти ичтимоиву иктисодии солхои аввали хокимияти шуравй, аз кабили ислохот замину об, таксимоти

милливу худудй дар Осиёи Миёна, инцилоби маданй, чалби занон ба корхои чамъиятй ва амсоли онхо тадричан психологияи мардумро таFЙир доданд. Бар тарзи хаёти мардум ифтитохи мактабхои нави шyравй, мактабхои махви бесаводй, китобхонахои оммавй, кинотеатрхо, клубхо, «чойхонахои сурх», артелхо барои занон, амбулаторияхо, беморхонахо ва f. таъсири амиц расониданд. Чунин чорабинихои оммавй, аз цабили, чашнхои чамъиятию сиёсй, намоишу гирдихамоихо, лексияхо, харакатхои оммавии «Хучум»(ба муцобили фаранчй) баргузор мегаштанд. Масалан, харакати оммавии «Хучум» дар округи Хучанд соли 1927 0F03 гашта, цариб ду дахсола фаъолият бурд. Яъне, комиссия махсус аз хисоби мацомоти хизбиву шyравй таъсис ёфта, корхои мухими тарFиботивy ташвицотиро анчом дод [12,c.413]. Дар чараёни харакати «Хучум» шаклхои зерини чорабинихои оммавию фархангй: чамъомадхо, конференсияхои занон, шабнишинихои оилавй, васеъ кардани шабакаи клубхо, гушахои сурх дар асоси такя ба цувваи комсомолону чавонон ва иттифоцхои касаба гузаронда мешуданд [12,c.415]. Яке аз чорабинихои оммавй - сайри умумихалцй дар Хучанд, дар сохили Сирдарё санаи 8 марти соли 1927 -Рузи байналхалции занон ва Иди навруз (Иди сари сол) гузаронида шуда буд. Бахшида ба харакати «Хучум» намоиш (митинг) ташкил гардид ва баромадкунандагон бар зидди фаранчй "чанги кушод" эълон мекунанд. Дар ин руз аз руи маълумоти собицадори сохаи маорифи Точикистон Хочихон Умаров хамсарони муаллимони шуравй Х. Ишонов, К. Хочаев, А Сатторов, Т. Хасанов, Б. Маъсумов, Ю.Юнусов, С. Тошматов ва дигарон аввалин шуда фаранчиро партофтанд [6]. Танхо санаи 8 март соли 1928 дар Хучанд 5966 нафар занону духтарон аз фаранчй озод гашта буданд. Умуман дар давоми солхои 1927-1928 дар округи Хучанд 15000 занону духтарон аз фаранчй озод гаштанд [12,c.417]. Амалй намудани маъракаи «Хучум» кори осон набуд, ин харакат ба душворихои зиёд ру ба ру гашт. Рухониён, боён ва умуман душманони сохти нави сотсиалистй ба муцобили ин чорабинии хизбй баромаданд, хамачониба зиддият нишон доданд. Аз чониби ташкилоти хизбй ва шуравй низ ба хатоихои чиддй рох дода мешуд. Баъди андешида шудани тадбирхо ин камбудихо бартараф гаштанд.

Дар он солхо шароитхои нави мехнатй, пахн гаштани шаклхои фарханги сотсиалистй, навгонихо дар хаёти чамъиятй ва оилавй, худшиносии миллй, махдуд кардани мафкураи динй рух доданд. Дар баъзе махалхо анъанахои халциро бо шаклу усули нав мавриди истифода царор медоданд. Масалан, точикон аз цадим хангоми хонапушй, киштукору Fyнyчини хосили кишоварзй аз «хашар» истифода мебурданд. Ин усули мардумиро солхои 20-уми асри ХХ хангоми сохтмони мактабхо ва муассисахои маданию равшаннамой истифода бурданд. Чунончй, чй тавре, кй дар рузномаи «Овози точик» хабар дода мешавад, дар дехаи Фароби вилояти Панчакент соли 1923 сохтмони мактаби нави шуравй ба рох монда мешавад, Барои сохтмони бино шуъбаи маорифи Панчакент 1500 сум маблаF чудо намуд. Ахолии деха бошад сохтмони бинои мактабро бо рохи хашар анчом доданд [6]. Дар шахри Хучанд бошад соли 1923 худи халц барои сохтмони бинои мактаб 1400 сум маблаF чамъ намуд ва бо рохи хашар сохтмони мактабро ба анчом расонд [14,c.53].

Умуман чашнхои нави шуравй, ки дар байни халцхои Осиёи Миёна, аз чумла байни точикон пахн мегаштанд, ба ду гурухи калон тацсим карда мешаванд: 1) чашнхои чамъиятй ва 2) чашнхои оилавй ва хусусияти шахсидошта. Инчунин шохахои ин чашнхо: а) чашнхои инцилобй, харбиву ватанпарастй, мехнатй, расму оинхои маишии коммунистй; б) чашнхои ба анъанаи фарханги миллй вобаста буданд. Аксарияти чашнхо дар заминаи чашнхои анъанавй ташаккул меёбанд [8,c.16].

А.И. Залесский ва В.М. Иванов чор рохи ташаккули чашнхои нав халцхои ИЧ,ШС-ро нишон медиханд, ки тибци он: 1) бехтарин расму одати анъанавии чашнхои миллии даврони гузашта ба таркиби чашнхои нави ворид карда мешаванд; 2) хам шакл ва хам мазмуни чашну маросимхои даврони пешин таFЙир дода мешаванд; 3) эхёи падидахои мусбати давраи аввалии барпошавии хокимияти шуравй рохандозй мегарданд; 4) расму оин, маросимхои тамоман нави чамъиятй ва оилавй, ки дар гузашта ва хатто дар давраи точангй вучуд надоштанд, чорй карда мешаванд [3,c.4-5].

Ч,ашнх,ои нави ичтимоии даврони шуравй аз ^исматх,ои зайл иборат буданд: якум, ^исмати пуршукухд идона, ки бевосита ба х,аёти чамъиятй тааллу^ дошта ва дуюм, ^исмати хонаводагиву маишиии ба хдёти рузгори оилавй тааллу^ дошта [4,c.124].

Кисмати пуршукух ва дабдабанок асосхои мафкуравии чашнхои чамъиятиро ташкил дода, барои тацвият ва густариши он хидмат мекунад. Одатан майдони баргузории ин цисмати чашн чойхои чамъиятй (цасрхои фарханг, клубхо, театрхо, богхо, варзишгоххо ва г.) ба шумор мерафтанд. Ин цабил чашнхои шуравй дар намуди мачлисхои тантанавй, намоишхо (гирдихамоихо, парадно) гузаронида мешуданд. Цисмати оммавию фарогатии чашн аз намоиши идона ва тамошохои хурсандиовар иборат буданд. Ин намуди чорабинихо низ дар чойхои Чамъиятй гузаронида мешаванд.

Дар давоми мавчудияти давлати шуравй(ИЧ,ШС) тацвими чашнхо пайваста тагйир меёфтанд. Дар тамоми цаламрави мамлакат идхои зерин: солгарди Инцилоби Октябр, Якуми май, Рузи артиши шуравй, Рузи байналхалции занон, Рузи цабули Конститутсия ва г. дар намуди тантана, оммавию фарогатй ва дар доираи хонавода тачлил мегаштанд. Аз рузхои аввали галабаи Инцилоб ташкили тантанахо дар ин чашн асосй хисобида мешуд. Инсенировкахо, сайрхои театрикунонидашуда, сахначахои бахшида ба намоиши дастовардхои сиёсиву хочагй, гулчанбаргузорй ба мавзеъхои таърихй ва дигар намудхои чорабинихо ташкил карда мешуданд. Дар солхои аввали хокимияти шуравй чорабинихои тантанавй ва фарогатй якчоя ташкил карда мешуданд.Намоишхои бадей бо иштироки санъаткорони касбй, намояндагони худфаъолияти бадеии клубхо чалб карда мешуданд, шабнишинихо, консертхои идона ва сайругашти оммавй ташкил карда мешуданд. Дар чунин чорабинихои чомеахои мехнатй, ахли зиё иштирок мекарданд, мехмонон низ таклиф карда мешуданд. Баъзе муассисахо, корхонахои истехсолй ба дигар шахру вилоятхо, ба табиати зебои беруназшахрй экскурсияхо низ ташкил менамуданд. Чунин чорабинихоро асосан иттифоцхои касабаи корхонаву муассисахо ташкил мекарданд.

Тахлили ин чашнхои нави чамъиятй нишон медиханд, ки аксари онхо хусусияти байналхалцй доранд, барои хамаи мехнаткашони мамлакати шуравй уммуй хисобида мешуданд (чашнхои -1 Май, 8- Март, 7- ноябр ва г.) Ин чашнхо дар дохили мамлакат инчунин хусусияти интернатсионалй доштанд, дар онхо падидахои умумихалцй мушохида мегарданд, онхо ба мустахкамй ва ягонагии шахсу чамъият равона карда шудаанд [7,с.276, 278]. Дар солхои 20-уми асри ХХ мубориза барои чорй кардани чашнхои нав як нав чузъи муборизаи синфй махсуб меёфт. Хусусан дар цаламрави нохияхои шимоли Точикистон ва Узбекистон таърихи тачлили 8 март-чашни байналхалции занон ба сифати намунаи муборизаи занон барои озодй ва баробарии ичтимой намудор гардид. Амалй гаштани харакати «Хучум» барои бедории сиёсиву худшиносии занону духтарон гардид.

Дар солхои аввали Хукумати шурави чашнхои пешцадами халцй, аз цабили Навруз, Сайри гули сурх, Сайри гули лола, Сайри харбуза, Сайри ангур, Ид хосилот ва г. ба тагйироти чузъй гузаронида мешуданд.

Дар солхои авали Хокимияти шурави чашнхои давлатй дар доираи хонавода чашн гирифта намешуданд. Аммо бо гузашти вацт ба сифати чашнхои анъанавии мардумй дар доираи оила низ тачлил намудани баъзе цисматхои чашнхои давлатй ба хукми анъана даромад. Ахолй бо фарорасии чашнй ба тозаву озода намудани хона, хавливу дар эътибор медоданд, таоми чашни омода менамуданд, мехмонхоро пазирой менамуданд. Гарчанде ин чорабинихои ба таомули чашнхои анъанавии цадима монанд буданд, аммо то андозае фарц низ доштанд. Масалан, дар чашнхои тацвимии анъанавй таомхои урфй (чунончй дар Навруз -сумалак ва диг. таомхо) омода мегаштанд. Дар чашнхои давлатй бошад ин таомул риоя намегашт. Таомхои оддии халцй ва интернатсионалй пухта мешуданд. Дар арафа ва рузхои чашнхои давлатй хамсолон (хамсинфон, хамкурсон) ё гуруххои алохидаи коллективи корхонаву муассисахо, хаммахаллахо ва дигарон зиёфатхо меоростанд, «харифона» , «гап», «гаштак»- хо ташкил мекарданд.

Дар рузхои ид таваччух ба цишри алохидаи чомеа бештар мегардид. Дар даврони шуравй русуми дар рузи 8 март табрик намудани бонувон ва дар Рузи Артиши шуравй табрик намудани мардхо чорй мегардад. Хангоми фарорасии соли нави масехи (1 январ) як навъ чамъбаст намудани фаъолияти мехнатии сол ва тархрезии нацшахо барои соли нав ба хукми анъана даромада буд. Яъне соли нав ахамияти ичтимоию сиёсй касб намуда, ба гурухи чашнхои давлатй ворид карда мешавад.

Дар истирохати хонаводагй бо ворид гаштани техникаву технологияхо (радио, телевизон) барпо намудани чашнхо дар доираи оила хусни дигар касб намуд. Талаботи эстетикии мардум бо хамин рох цонеъ карда мешуданд.

Дар мавриди тахаввулоти чашнхои оилавй этнографии рус Г.П. Снесарев таъкид мекунад, ки «Гарчанде дар муносибатхои оилавй, аз чумла вазъи занон тагйирот^ои куллй ба амал омаданд, оила хануз хамчун олами сарбаста бо;й мемонад, дар он нисбат ба чомеахои истехсолй пешравй кам мушохида мегардад. Анъанахои падарсолорй(патриархалй), ки барои оилахои Осиёи Миёна хос мебошанд, хеле суст аз байн меравад. Дар оила эътибори калонсолон ва таъсири онхо ба насли наврас хднуз баланд буда, ин омил барои хифзи анъанахои миллй на;ши мухим мебозад» [9,c.19].

Дар даврони шуравй гурухи калони тантанахои чамъиятиро чашнхои касбй (мехнатй, истехсолй) ташкил медоданд. Аксарияти чунин чашнхо дар шахрхо баргузор мегаштанд. Мавзуи чашнхои истехсолй гуногун буданд. Бархе аз онхо вобаста ба касбхои алохида - Рузи муаллимон, Рузи бинокорон, Рузи металлургхо, Рузи коркунони рохи охан, Рузи табибон, Ч,ашни чупонон, Рузи соби;адорони колхоз, Рузи механизаторон ва f. баргузор мегаштанд ва хусусияти умумиттифо;й доштанд. Чунин чашнхо аксар ва;т дар рузхои истирохат ташкил карда мешуданд ё дар якчоягй бо чашнхои давлатй гузаронида мешуданд. Бархе аз чашнхо новобаста аз сохаи фаъолият, бахшида ба натичаи мехнат, чамъбасти мусоби;ахои сотсиалистй дар ин ё он давраи мувофи; баргузор мегаштанд. Ин ;абил чорабинихои шодй «Шабнишинй ба шарафи мехнат», «Шабнишинии пешцадамони истехсолот ва бригадахои мехнати сотсиалистй» ва f унвон доштанд [2,c.9].

Якчанд чашни истехсолй ба вучуд омаданд, ки онхо барои тачлили мухимтарин во;еахои ба хаёти мехнатии афрод вобаста ташкил мегаштанд: ба ;атори синфи коргар ;абул гаштан, гуселонидан ба нафа;а, маоши нахустинро гирифтан ва f. аз ;абили чунин чашнхо буданд.

Дар ми;ёси Иттиходи шуравй, аз чумла дар Точикистон дар замони шуравй баъзе чашнхои хусусияти та;вимиву мавсимидошта баргузор мегаштанд. Яке аз чунин чашнхо «Иди хосилот» махсуб меёфт. Ин чашн солхои 30-уми асри ХХ чорй мегардад. Гуфтан чоиз аст, ки чашни мазкур ба чои чашни анъанавии точикон- Мехргон чорй гашта буд. Ч,ашни хосилот хусусиятхои ;адимаи чашнро ба худ касб намудааст. Ин чашн асосан дар махалхои дехот ва шахру шахракхо- марказхои нохияхои аграрй баргузор мегаштанд. Дар раванди ин чашн слёти дех;онон (колхозчиён), намоиши дастовархои хочагии ;ишло;, чамъомади пеш;адамони истехсолот, конференсияхо, шабнишинихо, сайру гаштхо ташкил карда мешуданд.

Чашнхои нави ба истехсолот ва фаъолияти мехнатй бахшидашуда дар асоси сиёсати атеистии хукумати шуравй, рохандози намудани фарханги нави шахришавй(урбанизатсия), мустахкам намудани тарзи хаёти сотсиалистй ташкил карда мешуданд[13,а37-41]. Ч,ашнхо дар заминаи во;еияти даврони Шуравй ташакул меёфтанд. Вале мушохидахои олимон нишон медиханд,ки мардум дар шароити нав ба хифз намудану ба таври стихиявй давомёбии анъанахо эътибор медоданд. Ба чойи чашнхои анъанавй чашнхои нави ба сиёсату идеологияи ва;т мувофи;ро чорй менамуданд. Баргузор намудани иди хосил, иди пахта, иди шудгор ва f. ба ин мисол шуда метавонад. Чунин чашнхо бо ташкил намудани мачлисхои тантанавй, супоридани мукофотхо, баргузории сайругашт, консерти гуруххои худфаъолияти бадей ва мусоби;ахои варзишй гузаронида мешуданд.

Хдмин тавр, дар замони шуравй кушиш ба харч дода шуд, ки бо чорй намудани чашнхои нави чамъиятй ба анъанахои чашнии замони гузашта (ба чашнхои милливу динй) зарба зада шавад. Ташаккулёбии чашнхои нав бо роххои мухталиф амалй мегаштанд. Кушиш ба харч дода мешуд, ки хусусиятхои интернатсионалии чашнхо бартарият дошта бошанд. Дар баъзе маврид падидахои чашнхои кухна низ нигох дошта мешуданд. Ч,ашнхои нав на танхо ба хаёти чамъиятй, балки ба хаёти оилавй низ ворид гаштанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бромлей, Ю. В. Новая обрядность — важнейший компонент советского образа жизни/ Ю. В. Бромлей//Социалистическая обрядность и формирование нового человека. Киев: Политиздат Украины, 1979. -С.29-41.

2. Будина, О.Р. Общественные праздники в современном быту русского городского населения /О.Р.Будина, М.Н.Шмелёва// Советская этнография.-1979.-№ 6.-С.3-17.

3. Залесский, А.И. Роль и значение новых семейных обычаев и обрядов в коммунистическом воспитании трудящихся/А.И.Залесский, В.М.Иванов//Народна, творчють та етнографiя. -1963. - № 3. -С. 4-5.

4. Лобачева, Н. П. Формирование новой обрядности узбеков/Н.П.Лобачева.- М ., 1975.-140 с.

5. Лобачева, Н.П. О формировании новой обрядности у народов СССР (опыт этнографического обобщения)/Н.П.Лобачева//Советская этнография.- 1973. - № 4. -С. 14-24.

6. Овози точ,ик.- 10 октябри соли 1923. -№ 267.

7. Сарсенбаев,Н.С. Обычаи и традиции в развитии/Н.С.Сарсенбаев.-Алма-Ата, 1965. -324 с.

8. Сидоров, Д.И. За новые обряды, обычаи, традиции (В помощь лектору)/Д.И.Сидорова.-М., 1964. -39 с.

9. Снесарев, Г. П. Реликты домусульманских верований и обрядов у узбеков Хорезма/Г.П.Снегарева. -М.: Наука, 1969.-336 с.

10.Тульцева,Л.А. О некоторых социально-этнических аспектах развития обрядово-праздничной культуры в Узбекистане/Л.А.Тульцева//Советская этнография -1984. №5.-С.15-24.

11.Умаров, Х. Чанд сухан аз таърихи озодии занон/Х.Умаров// Х,а;ик;ати Ленинобод. -6 марти соли 1960.-№48.

12.Хайдаров, Г.Х. Очерки истории социалистического строительства в Северном Таджикистане (1917-1937 гг.)/Г.Х.Хайдаров. -Душанбе, 1974. -460 с.

13.Чистов, К. В. Традиционные и «вторичные» формы культуры /К.В.Чистов// Расы и народы. Современные этнические и расовые проблемы: Ежегодник.-М.,1975.-Т. 5. - С. 32-41.

14.Шукуров, М. Р. История культурной жизни Советского Таджикистана (1917-1941 гг.)./М.Р.Шукуров.- Душанбе:Ирфон, ч.1.-1970.-494с.

REFERENCES:

1. Bromley Y. V. New ritualism is the most important component of the Soviet way of life // Socialist ritualism and the formation of a new person. Kyiv: Politizdat of Ukraine, 1979. -p.29-41.

2. Budina O.R., Shmeleva M.N. Public holidays in the modern life of the Russian urban population // Soviet ethnography. - 1979. - No. 6. - P. 3-17.

3. Zalessky A.I., Ivanov V.M. The role and significance of new family customs and rituals in the communist education of workers // People, creativity and ethnography. - 1963. - No. 3. -p.4-5.

4. Lobacheva N. P. Formation of a new ritual of Uzbeks. M ., 1975.-140 p.

5. Lobacheva N.P. On the formation of a new ritual among the peoples of the USSR (the experience of ethnographic generalization)//Soviet ethnography. - 1973. - No. 4. -Р.14-24.

6. Tajik voice.- October 10, 1923. - No. 267.

7. Sarsenbaev N.S. Customs and traditions in development. - Alma-Ata, 1965. -324 p.

8. Sidorov D.I. For new customs, traditions (a help for the lecturer).-M., 1964. -39 p.

9. Snesarev, G. P. Before muslim believes relicts and rituals of Kharezm uzbeks. -M.: Nauka, 1969.336 p.

10.Tultseva L.A. On some socio-ethnic aspects of the development of religious and festive culture in Uzbekistan //Soviet Ethnography -1984.-№5.-Р.15-24.

11.Umarov Kh. A few words from the history of women's freedom// The truth of Leninabad. - March 6, 1960. - No. 48

12.Khaidarov G.Kh. Essays on the history of socialist construction in northern Tajikistan (1917-1937). -Dushanbe, 1974. -460 p.

13.Chistov K.V. Traditional and "secondary" forms of culture // // Races and peoples. Contemporary Ethnic and Racial Issues: Yearbook. - M., 1975. - T. 5. - Р. 32-41.

14.Shukurov M.R. History of the cultural life of Soviet Tajikistan (1917-1941). Part 1. - Dushanbe: Irfon, 1970. - 494 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.