УДК 330
DOI 10.24412/2411-1945-2023-4-90-98
ХУСУСИЯТХРИРУШДИ Шарифзода Мумин Машокир, д.и.и, ИЦТИСОДИЁТИ МИЛЛЙ ДАР профессор, ректори ДДХрСТ ЗАМОНИ МУОСИР (Хуцанд, Тоцикистон)
ОСОБЕННОСТИ РАЗВИТИЯ Шарифзода Мумин Машокир, д-р экон. НАЦИОНАЛЬНОЙ ЭКОНОМИКИ наук, профессор, ректор ТГУПБП В СОВРЕМЕННЫХ УСЛОВИЯХ (Худжанд, Таджикистан)
PECULIARITIES OF NA TIONAL Sharifzoda Mumin Mashokir, Dr. of Economics,
ECONOMY DEVELOPMENT Professor, Rector of the TSULBP (Khujand, UNDER MODERN CONDITIONS Tajikistan) e-mail: muminjon65@mail. ru
Масъалаи рушди ицтисодию ицтимоии Цумуурии Тоцикистон барраси шудааст. Нахуст муаммоуои мавцуда дар самти ицтисодиёт ба риштаи тащил кашида шудааст. Самтуои асосии рушди мамлакат пайваста ба уадафуои стратегии он - аз бунбасти коммуникатсиони баровардани Тоцикистон, таъмини истицлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуцавори, саноатикунонии босуръати кишвар барраси гардидаанд. Коуиш ёфтани нишондщандаи сатуи камбизоати, сифатан беутар гардидани некуауволии ахолии кишвар бо далелуои омори нишон дода шудааст. Ба ууццатуои мууимми давлати ва сиёсати дурусти пешгирифтаи роубари давлат, ки ба рушди ицтисодию ицтимои мусоидат намуданд, ишора шудааст. Нишондиуандауои мууимми ицтисоди мавриди таулил царор гирифта, аз руи натицауои он хулосауо бароварда шудааст.
Калидвожа^о: ицтисодиёт, рушди устувор, рушди ицтисодию ицтимои, уадафуои стратеги, Стратегияи миллии рушд, истицлолияти энергетики, амнияти озуцавори
Рассмотрена проблема социально-экономического развития Республики Таджикистан. Прежде всего изучены существующие проблемы в сфере экономики. Исследуются основные направления развития страны во взаимосвязи со стратегическими целями, указанными в Национальной стратегии развития, - вывод Таджикистана из коммуникационного тупика, обеспечение энергетической независимости, продовольственной безопасности, ускоренной индустриализации. Опираясь на статистические данные, приведены показатели по снижению уровня бедности, улучшению благосостояния населения страны. Указывается на важные государственные документы, отмечен правильно выбранный руководством страны политический курс, который способствовал социально-экономическому развитию. Проанализированы важные экономические показатели и по их результатам сделаны адекватные выводы.
Ключевые слова: экономика, устойчивое развитие, социально-экономическое развитие, стратегические цели, Национальная стратегия развития, энергетическая независимость, продовольственная безопасность
The article dwells on the problem beset with socio-economic development of Tajikistan Republic. First of all, existing problems dealing with the economic sphere are canvassed. The main streamlines aimed at the country's development are examined in connection with the strategic goals specified in the National Development Strategy - bringing Tajikistan out of the communication impasse, ensuring energy independence, food security and accelerated industrialization. Designing on the premise of statistical data the author of the article adduces indicators to reduce poverty and improve the well-being of the country's population. It is underscored that important state documents are pointed out, the political course chosen correctly by the country's leadership
promoted socio-economic development. In his article the author conducts an analysis concerned with important economic indicators and makes adequate conclusions based on their results.
Key-words: economics, sustainable development, socio-economic development, strategic goals,
National Development Strategy, energy independence, food security
Дар хафт соли аввали истщлолият дар щтисодиёти Точикистон якчоя ба ву^уь пайвастани сатхи нисбатан баланди таваррум бо рукуди истехсолоти саноатй, кишоварзй ва афзоиши бекорй як падидаи хос гардид. Вале аз давраи фаро расидани суботи пурраи сиёсй ("Вахдати миллй" аз соли 1997) ба туфайли сиёсати о^илона ба Хукумат муяссар гардид, ки дар мамлакат аксари масъалахои ичтимоию и^тисодиро хал кунад. Аз чумла, сатхи таваррум то ба сатхи эътидол кохиш ёфт, суръати мусбати рушди и^тисодй ба даст омад, сатхи камбизоатй поён рафт ва гайра. Махсусан бо огози хазорсолаи нав дар мамлакат тадричан рухияи созандагй, ободонй афзоиш меёбад, суръати фаъолнокии ахолй назаррас зиёд мешавад. Дар натича суръати миёнасолонаи рушди и^тисодй дар 26 соли охир (аз соли 1997 то имруз) бештар аз 7,3 %-ро ташкил мекунад. Дар мамлакат ма^садхои зерини стратегй ^абул шуда, бомуваффа^ият амалй гардида истодаанд: рахой аз бунбасти коммуникатсионй, таъмини амнияти озу^аворй, ба даст овардани исти^лолияти энергетикй, саноатикунонии босуръати тамоми мамлакат.
Бо вучуди комёбихои назаррас баъзе масъалахо, аз чумла хавфи болоравии таваррум, сатхи нисбатан баланди касодшавии субъектхои бахши во^еии и^тисодиёт, дар таъмини ^исми муайяни молу махсулот вобаста будан аз воридот, суръати сусти инкишофи сохаи сохибкории хурду миёна, сатхи нокифояи ба кор андохтани и^тидорхои истехсолй халли пурраи худро наёфтаанд. Манзараи умумй бо он тавсиф мешавад, ки муаммохои мазкур дар пешравии и^тисодиёти ватанй монеахо ба вучуд меоранд. Самтхои халли муаммохои мазкур дар барнома, стратегия ва хуччатхои расман ^абулшуда, аз чумла Стратегияи рушди миллии Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2030 ани^ ва мушаххас гардидаанд. Масалан, дар Паёми Президенти мамлакат Э.Рахмон аз 23 декабри соли 2022 дар баробари зикри комёбихо дар сохаи и^тисодиёт дар давраи гузашта оид ба халли масоили бекорй, нигох доштани суръати таваррум, тезонидани рушди бизнеси хурду миёна, таъмини бехатарии озу^аворй ва энергетикй, саноатикунонии минта^ахо дастурхои ами^у да^и^ дода шудаанд. Махсусан таъкид кардан зарур аст, ки дар самти ташаккули пояи мустахкам барои бар^арор намудани парадигмаи и^тисодй, яъне гузариш ба и^тисодиёти донишасос (оид ба та^вияти ташаккули сармояи инсонй), бунёди и^тисодиёти сабз дар мамлакат дастурхои мушаххас ироа гардидаанд.
Боиси таъкид аст. ки дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулху вахдати миллй -Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон аз рузхои аввали ба сари ^удрат омадан то хол хадафи олии давлат ва Хукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори и^тисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятхои мавчуда, дарёфти манбаъхои нави рушд, таравдй додани сохахои илму маориф, тандурустй, инкишофи неруи инсонй ва бо хамин рох мунтазам бехтар кардани сатху сифати зиндагии мардуми Точикистон мебошад.
Дар ха^и^ат Точикистон дар солхои исти^лолият мушкилихои зиёди сиёсиву и^тисодй ва ичтимоиро паси сар намуда, танхо ба шарофати пешбурди сиёсати муваффа^онаи Пешвои миллат ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ноил гардид.
Агар ба сахифахои таърихи начандон тулонии исти^лолияти Точикистони муосир назар афканем, дар огози он бо талоши беманти^онаи афроду гуруххои алохида барои ба даст овардани молу мансаб, чомеа мубталои чанги шахрвандй гардида, хатари парокандашавии миллат ва су^ути давлатдории точикон баръало эхсос мегардид. Дар ин давра зери таъсири
бухронхои трансформатсионй ва мунокишахои шахрвандй мамлакат талафоти зиёди иктисодй, сиёсй ва ичтимой дид.
Лозим ба зикр аст, ки махсусияти бухронхои давраи гузариш, окибатхои иктисодиву ичтимоии чанги шахрвандй, ташаккули ободкорй ва созандагй дар иктисодиёти Точикистони сохибистиклол алхол ба кадри бояду шояд омухта нашудаанд. Вале, аз руи адолат зикр кардан лозим аст, ки чанбахои алохидаи бухронхои давраи гузариш дар асархои олимони иктисоддони ватанй, аз чумла Саидмуродов Л.Х. [1., с. 27-58], Назаров Т.Н. [2., с.14-32], Рахимов Р.К. [3., с.34-57], Каюмов Н.К. [4., с.17-38], ^одиров Д.Б. [5] ва дигарон мавриди тахик карор гирифтаанд.. Бо вучуди ин хусусияти серчанба ва динамикии рушди иктисодй, таъмини чараёни ободкориву созандагй бо захирахои молиявй, истехсолй, кадрй ва гайра тахкики муттасилро дар фазою вакти мушаххас такозо менамояд. Дар ин бора олимони ватанй Л. Саидмуродзода, Д. Ч,алилзода дуруст кайд намуданд, ки "Тахаввулоти иктисодй дар Чумхурии Точикистон ва дастовардхои чомеаи мо ба фаъолияти созандаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон робита дорад. Дар бораи накши таърихии он дар баркарорсозй ва тахкими сохти конститутсионй дар Чумхурии Точикистон бисёр асархои илмй навишта шудаанд, аммо ахаммияти бузург ва нишондоди он дар ташаккул ва рушди заминахои иктисодиёти конститутсионй дар Точикистон чун заминагузори рушди чомеаи муосири демократй, мутаассифона, то кунун ба таври комилу муфассал арзёбй нашудааст" [6].
Дар хакикат, чанги шахрвандй бар замми талафоти зиёди чонй, бепарастор мондани хазорхо кудакон, вайроншавии манзилхои истикоматй, гурезашавии шахрвандон, аз кор мондани корхонахои саноатй, зиёдшавии шумораи бекорон ва болоравии сатхи камбизоатй боз ба иктисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикой зарари моддй расонида буд, ки окибатхои он то хол эхсос карда мешаванд. Дар яке аз сарчашмаи илмии иктисодй кайд карда шудааст, ки "хачми истехсолоти ММД дар чумхурй соли 1996 хамагй 32,6 % соли 1991-умро ташкил намуд, ки дар умум пастшавй 67,4 % буда, дар байни дигар давлатхои собик иттиходи шуравй бисёр амик ва гарон арзёбй мегардад. Муаммои таваррум низ дар иктисодиёти Точикистон дар мукоиса бо дигар давлатхои ИДМ нисбатан шадидтар гашт, яъне сатхи миёнасолонаи таваррум дар давраи мазкур 415,4 % ташкил кард, камбизоатй бошад зиёда аз 80%-и ахолиро дар бар гирифт" [7, с. 21].
Махз дар чунин давраи мушкилу вазнин рохбарии давлатро Асосгузори сулху Вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба зимма гирифтанд. Махз иродаи кавй ва кордонии Пешвои миллат буд, ки аз рузхои аввали рохбариашон кушиш намуданд, вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатхи истехсолотро боз доранд ва иктисодиёти фалачшудаи кишварро бо кабули барномахо дар як муддати кутох аз вазъи номусоид берун оранд. Дар ин бобат дар Паёми навбатии Сарвари давлат чунин омадааст: "Таъкид менамоям, ки бояд таваччухи асосй ба рушди босуботи сохахои иктисоди миллй, истифодаи самараноки иктидорхои мавчуда, ташкили корхонахои истехсолй, таъсиси чойхои кории нав, баланд бардоштани ракобатнокии махсулоти ватанй, таквияти содирот, ташаккули «иктисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди ракамикунонии бахшхои иктисодиёт, инкишофи неруи инсонй ва бехтар намудани сифати хизматрасонихои ичтимой равона карда шавад" [8, с. 7].
Пешрафти босуботи иктисоди мамлакат, пеш аз хама, дар натичаи татбики хуччатхои кабулгардидаи афзалиятнок, аз чумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон барои солхои 20132015», «Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020», «Стратегияи идоракунии молияи давлатй барои солхои 2009-2018», барномахои Хизби халкии демократии Точикистон ва дигар барномахои давлатй таъмин гардида, холо дар мамлакат
хуччати асосии рушди ичтимоиву иктисодй, яъне Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 амалй гардида истодааст [9].
Дар ин самт пеш аз хама баррасии амалишавии хадафи таъмини истиклолияти энергетикй ба максад мувофик аст. Дар давраи сохибистиклолии кишвар аз рузхои аввали эълон гаштани хадафи мазкур то холо чихати халли мушкилоти сохаи энергетика 34 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги 57,2 миллиард сомонй амалй карда шудааст. Дар натича, хачми истехсоли неруи барк аз 14,8 миллиард киловаттсоат дар соли 1995-ум то 24,4 миллиард киловаттсоат дар соли 2022 расонида шуд. (расми 1.) Маълумоти муфассали омории истехсоли неруи барк дар давоми солхои сохибистиклолии мамлакат дар расми 1 оварда шудааст.
Расми 1.
Истехсоли неруи барц дар солхои 1995-2022 (бо млрд. квт/ст)
I- -1- -1- -1- -1- -1- -1- -1- -1- -1- -1- -г
1995 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Сарчашма: Мацмуаи омори солонаи Цумуурии Тоцикистон. - Агентии омори назди Президенти Цумуурии Тоцикистон. - Душанбе, - 2022. - С. 10-29.
Хдмзамон, ба туфайли талошхои созанда ду агрегати НБО-и «Рогун» ба истехсоли неруи барк шуруъ кард, ки ба рафъи махдудсозии интиколи барк дар фасли зимистон мусоидат мекунад.
Истехсоли неруи барк солхои охир нисбат ба даврахои каблй назаррас афзоиш ёфтааст. Масалан, соли 2022 истехсол ва пешниходи барк нисбат ба солхои 1995 бо тарзи умум 1,65 маротиба, соли 2015-ум 1,43 маротиба, соли 2020-ум 1,23 маротиба зиёд гаштааст. Бо вучуди кохиш додани сатхи шадиди норасоии барк дар иктисодиёти миллй холо талабот ба он пурра конеъ гардонида нашудааст. Дар фасли зимистон холати мазкур бештар дарк карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки барои боз хам бештар афзоиш додани истехсолоти неруи барк дар чумхурй имконият хело зиёд аст. Ба ибораи дигар минбаъд истехсол ва пешниходи неруи барк метавонад ба яке аз сарчашмахои асосии ганй гардонидани захирахои тиллой-асъории кишвар мубаддал гардад.
Мусаллам аст, ки таъмини амнияти озукаворй аз чумлаи хадафхои афзалиятноки хар як давлату миллат махсуб ёфта, пешрафти истехсолоти кишоварзй омили мухимтарини таъмини амнияти озукавории хар як кишвар ба хисоб меравад.
Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии чумхурй кайд намуданд: «Мо амнияти озукавории кишварро танхо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истехсоли махсулоти кишоварзии худиро харчи бештар афзоиш дода, аз маводи гизоии воридотй камтар вобаста бошем». Бинобар ин зарур аст, ки дар самти истифодаи самараноки
заминхои кишоварзй, китъахои наздихавлигй, ташкили кишти такрорй, афзоиши истехсоли махсулоти кишоварзй, гирифтани се-чор хосил аз як замин ва захираи зарурии маводи хурокворй мунтазам тадбирхо андешида шаванд.
Дар замони сохибистиклолй дар кишвар зиёда аз 112 хазор гектар богу токзори нав бунёд гардидааст, ки дар хифзи амнияти озукавории мамлакат, бо чойи корй таъмин намудани ахолй, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хурокворй ва бо хамин васила барои баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум накши назаррас дорад.
Инчунин бо назардошти афзоиши шумораи ахолии мамлакат ва бо максади халли мушкилоти ичтимоии мардуми кишвар дар даврони сохибистиклолй зиёда аз 135 хазор гектар замини наздихавлигй таксим карда шуд, ки ин тадбир ба афзоиши хачми истехсоли махсулоти кишоварзй мусоидат намуда, нишондихандаи мазкур аз 7,05 (1995) то 47,7 (2022) миллиард сомонй расонида шуд (ниг. ба расми 2).
Расми 2.
Исте^соли махсулоти кишоварзй (бо миллиард сомонй)
189 20,4 21,2 21,8 |7,05 ■ I I I I 23 -4,( ■б,' 2 7,7 3 7 3,6 3 9,7 4 7 7,7 7
1 1 1 1 1 1 1 1 1 1 1 1 1 1995 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Сарчашма: Мацмуаи омори солонаи Цум^урии Точикистон. - Агентии омори назди Президенти Цум^урии Тоцикистон. -Душанбе, - 2022. - С. 10-29.
Аз расми 2 бар меояд, ки истехсоли махсулоти кишоварзй тамоюли рушд дорад. Алалхусус сатхи рушди истехсолоти кишоварзй дар соли 2022 нисбат ба соли 1995-ум 6,8 маротиба, соли 2015 -ум 2,2, соли 2020 -ум 1,42 маротибаро ташкил кардааст. Аммо бо махсулоти кишоварзии ватани пуркард нашудани бозори миллй аз он дарак медихад, ки ин масъала халли пурраи худро наёфтааст.
Дар ин давра истехсоли галладона ва лубиёгй 4,6 маротиба, картошка 5,5 маротиба, сабзавот 3,4 маротиба, полизии озукаворй беш аз 4 маротиба зиёд гардид. [10., с.16]
Баробари таъмини ахолй бо озукаворй, аз мархилаи аввали сохибистиклолй рохбарияти мамлакат дар доираи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионй баровардани Точикистон масъалаи ба кишвари транзитй табдил додани Точикистонро яке аз афзалиятхои рушд муайян намуда, тибки стратегияи мазкур дар самтхои ташаккули шабакаи ягонаи роххои автомобилгарди дохили кишвар, пайваст намудани он ба шохроххои байналмилалй ва хамрох шудани Чумхурии Точикистон ба Конвенсия ва Созишномахои байналмилалй оид ба равобити наклиётй корхои зиёдро ба сомон расонидааст, ки ба халли мушкилихои зиёди мардум дар шахру нохияхо мусоидат менамоянд.
Бо ин максад, дар солхои сохибистиклолй дар сохаи наклиёти кишвар 53 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги 20,3 миллиард сомонй амалй гардида, беш аз 2200 километр роххои дорои ахаммияти байналмилалй бунёд ва ба истифода дода шуд. [8, с.15]
Корхои дар ин самт анчомдодашуда имконият фарохам оварданд, ки мавкеи Точикистон дар раддабандии чахонии сифати роххо, ки хамасола аз чониби тахкикоти байналмилалии
"Хисоботи чахонии ракобатпазирй" гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина бехтар гардад. Точикистон тибки арзёбии Форуми чахонии иктисодй дар байни 141 давлати мавриди тахкик зинаи 50-умро ишгол намуд [11].
Хамчунин, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон, дар доираи иштирок дар Саммити сарони кишвархои Осиёи Марказй дар мавзеъхои наздисохилй ва дар бахри Хазар масъалаи рушду густариши муносибатхои кишвархои минтакаро чихати ташкили долони наклиётй ва баромадан ба бахри Хазар ибрози андеша намуданд, ки он бахри расидан ба хадафи аз бунбасти коммуникатсионй баровардани Точикистон ахаммияти стратегй дорад.
Хамзамон, дар мархилаи нави рушди иктисоди миллй сиёсати давлат дар сохаи саноат комилан тагйир ёфта, таваччухи асосй ба таквияти истехсолот ва содироти махсулоти тайёр бо рохи ворид намудани технологияхои нав, истифодаи харчи бештари манбаъхои ашёи хоми махаллй, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захирахои мехнатй равона карда шуда, саноатикунонии босуръати кишвар хамчун хадафи чорум эълон карда шудааст.
Тибки маълумоти оморй агар соли 2010 дар кишвар хамагй 1368 корхонахои саноатй бо 53 хазор нафар кормандон ба кайд гирифта шуда бошад, дар дувоздах соли охир, яъне соли 2022 шумораи корхонахои саноатй ба 2274 адад ва шумораи кормандон ба 75 хазор нафар расида, тибки хадафхои муайянгардидаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар 7 соли оянда бояд шумораи корхонахо ба 3500 адад расонида шавад [12, с. 13].
Ба туфайли андешидани тадбирхо дар рохи расидан ба хадафхои стратегй алхол сатхи зиндагии мардум назар ба ду дахсолаи каблй хеле пеш рафта, зиндагии шоистаи мардум давра ба давра таъмин шуда истодааст.
Мачмуи махсулоти дохилй дар кишвар аз 700 миллион сомонии соли 1995 ба 82,5 миллиард сомонй дар соли 2022 расид, яъне нишондихандаи мазкур зиёда аз 100 маротиба афзудааст. Хамзамон, давоми ду дахсолаи охир мачмуи махсулоти дохилй ба хар сари ахолй аз 288,7 сомонй ба хар нафар дар соли 2000, то ба 8800 сомонй дар соли 2022 расид, ки зиёдшавии он дар ин мархила 29,5 маротибаро ташкил менамояд. Суръати миёнаи солонаи рушди иктисодй ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин нишондиханда дар байни кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва мутобики меъёрхои байналмилалй нишондихандаи баланд ба хисоб меравад.
Бакияи пасандозхо дар низоми бонкии кишвар соли 2022 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиханда дар соли 2000-ум хамагй 2,4 миллион сомониро ташкил медод. Нишондихандаи мазкур нисбати соли 2000-ум 3900 маротиба зиёд гардидааст. Дар заминаи татбики саривактй ва босифати хуччатхои стратегй нишондихандаи сатхи камбизоатй аз 81%-и соли 1999 то 25,3% дар соли 2022 паст гардида, сохтори истеъмолии ахолй тагйир ёфт ва дар он хиссаи харочоти гайриозукаворй бамаротиб зиёд гардид. [13, с. 24]
Бояд гуфт, ки даромади бучети давлатй низ хамчун нишондихандаи мухимми иктисодй баъд аз сохибистиклолй сол то сол афзуда истодааст. Нишондихандаи мазкур агар дар соли 1995 як миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2022 он ба зиёда аз 23,6 миллиард сомонй расид, ки 236 маротиба афзудааст. Аз тахлил бармеояд, ки аз соли 2000-ум то соли 2010 аз хисоби хамаи сарчашмахои маблаггузорй манзили истикоматй ба масохати 6 миллион метри мураббаъ, муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва томактабй бо зиёда аз 160 хазор чойи нишаст ва муассисахои тандурустй бо 3 хазор кат сохта, ба истифода дода шуданд.
Давоми дах соли охир бошад, 12 миллион метри мураббаъ манзили истикоматй, ки нисбат ба дахсолаи пешин як маротиба бештар аст, барои зиёда аз 221 хазор кудакону хонандагонг муассисахои тахсилоти миёнаи умумй, ки дар мукоиса бо дахсолаи пеш 45
фоиз бештар аст, муассисахои тандурустй бо 10 хазор кат, ки нисбат ба дахсолаи пешин 3,3 маротиба зиёд аст, сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Давоми солхои Истиклоли давлатй ба рушди варзиш ва оммавигардонии он ахаммияти аввалиндарача дода, хазорхо иншоотхои варзишй бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар ин давра теъдоди иншоотхои варзишй ба 10 хазор адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.
Айни замон дар чумхурй хамагй 2164 корхонахои истехсолй фаъолият мекунанд, ки ин нишондиханда дар соли 2000-ум 758 ададро ташкил мекард, яъне шумораи корхонахои истехсолй зиёда се маротиба афзоиш ёфтааст. Даромади пулии ахолй дар соли 2022 47 миллиону 986 хазор сомониро ташкил дода, нишондихандаи мазкур дар соли 2000-ум хамагй 9 миллиону 900 сомониро ташкил медод. Яъне даромади пулии ахолй соли 2022 назар ба соли 2000-ум 5,2 маротиба боло рафтааст. Хисоби миёнаи музди маоши кори хармохаи як корманд агар дар соли 2000-ум хамагй 15,5 сомониро ташкил дихад, ин нишондиханда дар соли 2022 ба 1400 сомонй расид, ки нисбати бист соли каблй 90 баробар зиёд мебошад.
Барои мисол, агар соли 2000-ум ба хар 1000 нафар ахолй 19 мошинаи шахсй рост ояд, ин нишондиханда дар соли 2022 46 ададро ташкил намуд, ки гувохй аз болоравии сатхи зиндагии мардум мебошад. Дар ин давра, яъне аз соли 2000-ум то соли 2022 дарозумрии миёнаи шахрвандон аз 68,2 то 75,1 сол боло рафтааст, яъне кариб 7 сол зиёд шудааст. Баробари ин, танхо дар зарфи се соли охир дар доираи омодагихо ба тачлили чашни 30-солагии истиклоли давлатй дар шахру нохияхои кишвар беш аз 25 хазор иншооти ичтимоиву истехсолй ва сайёхй мавриди истифода карор дода шуд.
Бояд кайд намуд, ки Точикистон дар байни 82 давлати ру ба рушд карордошта аввалин кишварест, ки барои ноил шудан ба Хадафхои Рушди Хазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттахид самтхои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои давраи то соли 2030 тахия намуда, ичрои муваффаконаи онро таъмин намуда истодааст. Давоми танхо 7 соли охир барои амалй намудани Стратегияи мазкур дар Чумхурии Точикистон чалби сармояи хоричй ба маблаги 41,6 миллиард сомонй (13 миллиард доллари амрикой) пешбинй шуда буд, ки истифодаи максадноки он низоми иктисоди мамлакатро таквият мебахшад.
Огоз аз соли 2000 инчониб бо ташаббусхои Рохбари кишварамон вобаста ба об, ки аз чониби беш аз 180 давлати чахон дастгирй ёфтааст, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид 7 карордод кабул намудааст. Хар як ташаббуси Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон барои химояи давлату миллати точик буда, кушиш мекунанд, ки миллати точик то абад орй аз хама мушкилоти зиндагй бошанд ва хамеша зиндагии осуда баранд.
Дар мачмуъ, тафсир ва тахлили сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон аз он шаходат медихад, ки Точикистон ва мардуми шарафманди он дар тули кариб 32 соли рохбарии сиёсатмадори бузурги аср даврахои вазнини вазъи сиёсиву иктисодй ва ичтимоиро паси сар намуда, бо татбику рохандозй намудани барномахои давлатй ва густариши хамкорихои иктисодиву тичоратй бо кишвархои дунё ва созмонхои байналмилалй Точикистонро дар арсаи байналмилалй муаррифй намуда, мавкеи онро хамчун давлати хукукбунёд, ташаббускор барои халли масъалахои глобалии чахонй, сулххоху сулхпарвар ва созандаву башардуст дар минтака ва чахон пойдор намуд ва ин сиёсати муваффаконаи Сарвари кишварамон буд, ки сатх ва некуахволии мардум сол то сол баланд гардида, бо ичрои хадафи олии Хукумати Чумхурии Точикистон зиндагии шоистаи мардуми кишвар амалй гардида истодааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Саидмурадов Л.Х. Экономическая теория открытого хозяйства и проблемы современного Таджикистана /Л.Х. Саидмурадов. - Душанбе: Ирфон, 2005. - 345 с.
2. Назаров Т.Н. Некоторые проблемы развития рыночной экономики и повышения ее эффективности / Назаров Т.Н. // Экономика Таджикистана: стратегия развития. -Душанбе, 2006. - № 2. - С. 14-32.
3. Рахимов Р.К. К вопросу финансово-кредитных рычагах развития экономики Таджикистана / Рахимов Р.К. // Экономика Таджикистана: стратегия развития. -Душанбе, 2005. -№ 4. -С. 34 -57.
4. Каюмов Н.К. Еще раз о необходимости ускорения темпов экономического роста / Каюмов Н.К. // Экономика Таджикистана: стратегия развития. -Душанбе, 2006. -№ 2. - С. 17-38.
5. Кадыров Д.Б. Доходы населения как фактор роста благосостояния / Кадыров Д.Б. -Воронеж: ВГУ, 2004. - 230 с.
6. Саидмуродзода Л., Цалилзода Д. Нацши пешвои миллат дар ташаккули заминауои иктисодиёти конститутсионй /Саидмуродзода Л., Цалилзода Д. /www.sadoimardum.tj
7. Ризокулов Т.Р. Проблемы макроэкономической нестабильности и их регулирование в экономике Таджикистана /Ризокулов Т.Р. - Худжанд: Технопарк ТГУПБП, 2021. - 286 с.
8. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон, 23.12.2022.
9. www.mmk.tj - сомонаирасмииМаркази миллии цонунгузор (санаи муроциат 07.12.2023)
10.Мацмуаи омори солонаи Цум^урии Тоцикистон. - Агентии омори назди Президенти Цум^урии Тоцикистон. - 2022. - С. 10-29.
11.Рейтинг стран по уровню конкурентоспособности в 2022 году. -https://www.mercuryestate.com/ru/novosti/rejting-stran-po-urovnyu-konkurentosposobnosti-v-2022-godu.html
12.Мацмуаи омори солонаи Цум^урии Тоцикистон. - Душанбе: Агентии омори назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, 2022. - С. 10-29.
13.Бюллетени омори бонкй // 2022. № 12 (329). - 103 с.
REFERENCES:
1. Saidmuradov L.Kh. Economic theory of open farming and problems of modern Tajikistan / L.Kh. Saidmuradov. - Dushanbe: Irfon, 2005. - 345p.
2. Nazarov T.N. Some problems of developing a market economy and increasing its efficiency /Nazarov T.N. //Economy of Tajikistan: development strategy. - Dushanbe, 2006. - No. 2. - P. 14-32.
3. Rakhimov R.K. On the issue offinancial and credit levers for the development of the economy of Tajikistan / Rakhimov R.K. // Economy of Tajikistan: development strategy. - Dushanbe, 2005. -No. 4. -P. 34 -57.
4. Kayumov N.K. Once again about the need to accelerate the rate of economic growth / Kayumov N.K. //Economy of Tajikistan: development strategy. -Dushanbe, 2006. -No. 2. - P. 17-38.
5. Kadyrov D.B. Population income as a factor in the growth of well-being / Kadyrov D.B. -Voronezh: VSU, 2004. - 230 p.
6. Saidmuradzoda L., Jalilzoda D. The role of the leader of the nation in the formation of the foundations of the constitutional economy / Saidmuradzoda L., Jalilzoda D. / www.sadoimardum.tj
7. Rizakulov T.R. Problems of macroeconomic instability and their regulation in the economy of Tajikistan /Rizokulov T.R. - Khujand: Technopark TSULBP, 2021. - 286p.
«BECTHMK rrynhn», ßbrnycK 4 (97), 2023
8. Message of Tajikistan Republic President, Honorable Leader of the Nation Emomali Rahmon to the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, 23.12.2022.
9. www.mmk.tj - the official website of the National Legislative Center (date of request: 07.12.2023)
10.Collection of annual statistics of Tajikistan Republic. - Statistical Agency under the President of the Republic of Tajikistan. - 2022. - p. 10-29.
11.Ranking of countries by level of competitiveness in 2022. -https://www.mercuryestate.com/ru/novosti/rejting-stran-po-urovnyu-konkurentosposobnosti-v-2022-godu.html
12. Collection of annual statistics of Tajikistan Republic. - Dushanbe: Statistical Agency under the President of the Republic of Tajikistan, 2022. - p. 10-29.
13. Bulletin of banking statistics // 2022. No. 12 (329). - 103 p.