Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТЊОИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИКУНОНЇ ДАР ШАРОИТИ ТОЉИКИСТОНИ МУОСИР'

ХУСУСИЯТЊОИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИКУНОНЇ ДАР ШАРОИТИ ТОЉИКИСТОНИ МУОСИР Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
28
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
иќтисодиёт / саноатикунонї / рифоњи иљтимої / саноат / суботи сиёсї

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Каримӣ Манзура Рустамзода

Дар маќола баъзе хусусиятњои рушди саноатикунонї дар шароити Тољикистони имрўза мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Муаллиф зикр намудааст, ки дар шароити имрўза саноатикунонии босуръат яке аз њадафњои муњими рушди иќтисодї ва сиёсї дар шароити Тољикистон мебошад. Зикр карда шудааст, ки њиссаи истењсоли саноатї дар маљмўи мањсулоти дохила ба таври тадриљї меафзояд, ки метавонад шароити иљтимоии мардумро бењтар гардонад ва барои суботи сиёсї замина фароњам оварад. Рушд бахшидани бахшњои мењнатталаби иќтисодиёт, ки мањсулоти он ба содирот равона карда мешавад (комплекси агросаноатї, саноати бофандагї ва истихрољи канданињои фоиданок) њамчун як њадафи муњими рушди иќтисодї муайян карда шудааст. Муаллиф пањлуњои мухталифи саноатикунониро дар шароити Тољикистон тањлил намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТЊОИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИКУНОНЇ ДАР ШАРОИТИ ТОЉИКИСТОНИ МУОСИР»

УДК 338

ХУСУСИЯТХ,ОИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИКУНОНИ ДАР ШАРОИТИ

ТОЧИКИСТОНИ МУОСИР

КАРИМИ МАНЗУРА РУСТАМЗОДА

Магистранти соли аввали ихтисоси молия ва ;арзи Донишгохи давлатии хук;ук;, бизнес ва сиёсати Точикистон Чумхуриии Точикистон, шах,ри Хучанд

Аннотатсия. Дар мацола баъзе хусусиятхоирушди саноатикунонй дар шароити

Точикистони имруза мавриди баррасй царор дода шудааст. Муаллиф зикр намудааст, ки дар шароити имруза саноатикунонии босуръат яке аз хадафхои мухими рушди ицтисодй ва сиёсй дар шароити Точикистон мебошад. Зикр карда шудааст, ки хиссаиистехсоли саноатйдар мачмуимахсулотидохила ба таври тадричймеафзояд, ки метавонад шароити ичтимоии мардумро бехтар гардонад ва барои суботи сиёсй замина фарохам оварад. Рушд бахшидани бахшхои мехнатталаби ицтисодиёт, ки махсулоти он ба содирот равона карда мешавад (комплекси агросаноатй, саноати бофандагй ва истихрочи канданихои фоиданок) хамчун як хадафи мухими рушди ицтисодй муайян карда шудааст. Муаллиф пахлухои мухталифи саноатикунониро дар шароити Точикистон тахлил намудааст.

Калидвожахо: ицтисодиёт, саноатикунонй, рифохиичтимой, саноат, суботи сиёсй.

Дар шароити имруза тачрибаи чахонй баёнгари он аст, ки иктисоди пешрафта шарти мухимми рушди сиёсй ва ичтимоии кишвархо мебошад. Танхо дуруст ба рох мондани сиёсати сохавй метавонад кафолати пешрафти сиёсй ва ичтимой дар як чомеа гардад. Дар шароити имрузаи Точикистон дуруст ба рох мондани мудирият дар сохахои гуногуни хаёти чамъиятй метавонад заминаи боэътимодро барои рушди минбаъдаи давлатдории миллй, аз он чумла рушди сиёсиву ичтимоии он фарохам намояд. Барномахо ва стратегияхои мухталиф дар ин самт кабул ва амалй шуда истодааст, то бехбудй дар сохахои хаёти чамъиятй фарохам карда шаванд. Барои мисол дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон то давраи соли 2030 ба масъалахои мухталифи сиёсати сохавй таваччухи хосса дода шудааст.

Аз рузхои аввали ба даст овардани истиклолияти давлатй низоми идории кишвар ва мардуми он дарк намуданд, ки яке аз заминахои асосии рушди давлат ва пешрафти он, хамчунин бехтар намудани таъминоти ичтимоии мардум сиёсати дурусти иктисодй ва пешбурди истехсолоти чамъиятй мебошад. Вокеан дар шароити имруза иктисоди пешрафта метавонад хамчун заминаи мухимми инкишофи сиёсй дар кишвар ва боло рафтани рифохи ичтимоии мардум гардад. Дар солхои охир саноатикунонй хамчун хадафи чоруми кишвар эътироф карда шуд, ки дар самти рушди давлатдории миллй ва таъмини рушди сиёсиву ичтимой дар Точикистон метавонад накши мухим дошта бошад. Дар солхои минбаъда рушди саноатикунонй мухим ва рузмарра эътироф карда шуд. Дар Чумхурии Точикистон дар замони низои сиёсй заминаи мухимми рушди иктисодй дар кишвар осеб дида, пойдевори рушди иктисодии Точикистон шикаста шуд. Дар ин замон корхонахои зиёди саноатй дар кишвар бинобар шикаста шудани низоми иктисодии шуравй ва низои дохилй аз кор боз монданд ва вайрону валангор гардиданд. Хусусан корхонахои калони саноатй дар кишвар аз кор боз монданд. Сохаи саноат дар замони гузариш ба иктисодиёти бозаргонй давраи мушкили пастравй ва рукудро бо сабабхои зерин аз сар гузаронид: якум, сохаи мазкур кисми сохаи саноати Иттифоки Шуравй буд ва бо пошхурии ин иттиходи бузург тамоми робитахои иктисодй байни кишвархои муттахидаи он канда шуданд. Дуюм, сармоягузории асосие, ки барои рушди саноат дар шароити чумхурихои ИЧ,ШС зарур буданд, аз бучети иттифок чудо карда мешуданд. Воситахои мазкур дар шароити нав гайриимкон ва умуман мавчуд набуд. Сеюм, аз кишвар рафтани мутахассисони соха, махсусан дар солхои чанги шахрвандй

хеле авч гирифта, бидуни кадрхои сохибтахассус ривоч додани саноат имконнопазир мебошад. Чорум, дар шароити давлати вохиди иттифок будани Точикистон кафомонии нишондихандахои сифатии самаранокии истехсолоти саноатй ба мушохида мерасид [1, с. 21]. Пас аз ба рох мондани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатй, ки дар шароити гузариши носубот ба рох монда шуд аксари корхонахои бузурги саноатй низ кисм-кисм хусусй гардонида шуданд. Мутаассифона, бинобар сабаби дар самти фаъолияти худ кор набурдани потенсиалхои корхонахои саноатии хусусигардида, корношоям шудани дастгоххои онхо, тарки кишвар намудани мутахассисони сохаи саноат, ба оханпора табдил ёфтани дастгоххои истехсолй ва дигар омилхо сохаи саноат дар замони сохибистиклолй ба рукуд дучор гардид. Албатта чунин холат боис гардид, ки пас аз ба сулху оромй расидани кишвар низ ин зарфиятхои истехсолй дигар аз нав ба фаъолият шуруъ накунанд. Аз кор мондани зарфиятхои истехсолии Точикистон паёмадхои хеле ногувор ба иктисоди кишвар, хусусан ба рушди сиёсй ва бехтар гардидани холати ичтимоии мардум доштанд. Аз ин ру, пас аз ба суботи сиёсй расидан яке аз хадафхои мухимми кишварро баркарор намудани иктисод ва бехтар намудани сатхи зиндагии мардум ташкил медод. Хусусан ба рушди сохаи саноат таваччухи хоса равона карда шуд. Хукумати мамлакат дарк намуд, ки танхо бо пешбурди сохаи саноат метавон рушди иктисодиро таъмин кард ва бехбудиро дар зиндагии мардум ба миён овард. Дар шароити имруза рушди сохаи саноат яке аз хадафхои мухимми сиёсати амалй дар Точикистон мебошад. Барои мисол дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ба чихатхои мухталифи рушди сохаи саноат таваччухи хоса дода шудааст. Дар ин хуччати мухимми давлатй пеш аз хама иктидорхои мавчудаи кишвар тафсир карда шудаанд. Зикр карда шудааст, ки иктидори азими гидроэнергетикй, оби тоза, замин ва иклими мусоид, олами наботот, захирахои назарраси мехнатй, захирахои бойи минералй ва истихрочи канданихои фоиданок барои инкишофи истехсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, бунёди бахшхои муосири саноати истихроч ва коркард, металлургияи сиёх ва ранга, комплекси агросаноатии аз чихати экологй тоза имкониятхоро фарохам меоваранд [2, с. 7].

Бар замми ин дар Стратегияи миллии рушд таъмини суръати нисбатан баланди рушди саноат нисбат ба сохахои дигари иктисодиёт ва зиёд намудани хиссаи он дар мачмуи махсулоти дохилии кишвар яке аз хадафхои мухим мукаррар карда шудааст [2, с. 12]. Дар Стратегияи миллии рушд хамчунин ба таквият бахшидани иктисодиёти содиротй таваччух намуда шудааст. Сенарияи мазкур то ба давраи соли 2030 татбики бомуваффакияти лоихахои амалкунанда ё огозшудаи энергетикию инфрасохтор, истифодаи окилонаи захирахои обу замин, энергетикй ва дигархо, инчунин баркарор кардани иктидорхои мавчуда ва ба кор андохтани иктидорхои нави истехсолй дар саноат ва сохаи кишоварзиро пешбинй мекунад. Сенарияи мазкур хамчунин бомуваффакият гузаронидани ислохоти сохторй дар бахши вокеии иктисодиёт, низоми идоракунии давлатй, фарохам овардани шароит барои ракобати одилона, бартараф намудани монеахои зиёдатй дар инкишофи бахши хусусй ва чалби сармоягузорихо, таквиятдихии конунгузорй дар сохаи мухофизати хаматарафаи хукукхои молу мулкй, баланд бардоштани сифати тахсилоти касбиро пешбинй мекунад. Ба сифати омили пешбарандаи рушди иктисоди миллй афзоиши босуръати саноат дар асоси ба истифода додани иктидорхои нав чихати истехсоли неруи барк, истихрочи маъданхои кухй ва ангишт, ташаккулдихии металлургияи сиёхи ватанй ва рушди минбаъдаи металлургияи ранга, рушди саноати маводхои сохтмонй, саноати сабук ва хурока, хизмат хохад намуд. Албатта сенарияхои зикршуда баёнгари он мебошанд, ки саноати кишвар то ба соли 2030 рушду нуму пайдо намуда, холати ичтимоии зиндагии мардумро ба самти мусбат тагйир медихад.

Дар индикатори максадноки асосии Стретегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030 аз руи сенарияхои индустриалй ва индустриалй-инноватсионй хиссаи сохаи

саноат дар ММД чунин муайян карда шудааст, ки ба таври накша оварда мешавад. [4, с.12]

Дар шароити имруза саноатикунонии босуръат хамчун хадафи чоруми стратегии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудааст. Бо максади халли масъалахои иктисодиву ичтимой, таъсиси чойхои нави корй ва афзун намудани хачми истехсолоти махсулоти ватаниву воридотивазкунанда дар Паёми хеш ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санаи 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон саноатикунонии босуръати кишварро хамчун хадафи чоруми миллй эълон намуд [3 с.12]. Бинобар ахаммияти мухимми сохаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, зарурати халли масъалахои ичтимоиву иктисодии кишвар ва таъмини ичрои хадафхои стратегияи миллии рушд иловатан бар ин сарвари давлат дар Паёми дигари худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санаи 21 декабри соли

2021 солхои 2022-2026-ро "Солхои рушди саноат" эълон намуд. Чунин холат аз таваччухи хоссаи низоми идории Точикистон ба рушди саноат бармеояд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон санаи 28 декабри соли 2023 ба масъалаи саноатикунонии босуръат таваччухи хоса зохир гардид. Аз он чумла он нукта ёдовар карда шуд, ки тадбирхои дар самти рушди саноат ва афзоиши хачми истехсоли махсулоти соха андешидашуда имкон фарохам оварданд, ки дар панч соли охир афзоиши номгуйи махсулоти саноатии истехсоли ватанй ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Хамчунин дар панч соли охир 1382 коргоху корхонаи саноатй бо таъсиси 15 хазор чойи кории нав сохта, мавриди истифода карор дода шудааст. Таносубан агар соли 1991 дар Точикистон хамагй 358 корхонаи саноатй бо 33 хазор чойи корй фаъолият дошта бошад, пас дар замони сохибистиклолй 2500 корхонаи истехсолй бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатй бо 85 хазор чойи корй фаъолият карда истодаанд. Дар Точикистон танхо соли 2022-юм беш аз 500 коргоху корхонахои истехсолй бо 6 хазор чойи нави корй ба фаъолият огоз намудааст ва барои то 43 миллиард сомонй афзоиш ёфтани хачми истехсоли махсулоти саноатй дар соли

2022 мусоидат намуданд [2]. Албатта ин нишондодхо баёнгари он мубошанд, ки дар Точикистон ба таври тадричй истехсоли саноатй меафзояд ва холати зиндагии ичтимоии мардум бехтар мегардад. Дар навбати худ рушди иктисодй ва ичтимой як заминаи мухимме барои дастгирии низоми идорй аз чониби мардум мегардад, ки як шарти мухимми бакои давлат ва рушди сиёсй дониста мешавад. Яке аз пахлухои мухимми саноатикунонии босуръатро дар шароити

Точикистон ин боз намудани иктидорхои нави истехсолй ва баркарор кардани имкониятхои аз кор бозмондаи истехсолй ташкил медихад. Албатта то ба имруз дар ин самт корхои назаррас ба анчом расонида шудаанд ва зарфиятхои зиёди истехсолй дар сохахои мухталифи иктисодиёти саноатй ба кор шуруъ намудаанд. Аммо ба хар сурат таваччух намудан ба ин самт мухим бокй мемонад.

Дар Паёми хеш ба Мачлиси Олй санаи 23-юми декабри соли 2022 Пешвои миллат вазоратхои саноат ва технологияхои нав, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатй ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро вазифадор намуд, ки фаъолияти пурсамари корхонахои саноатии давлатй ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд [4]. Бо максади амалишавии хадафи чоруми миллй - саноатикунонии босуръати кишвар ва кохиш додани шиддати омилхои беруна ба иктисодиёти кишвар дар сохаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 амалй гардида, дар доираи он барномахои сохавй, барномахои саноатикунонии босуръати кишвар, рушди металлургияи ранга ва сиёх, рушди саноати хурокворй, рушди сохаи мошинсозй, рушди саноати сабук ва сохахои кирмакпарварй ва коркарди пилла то давраи соли 2025 тахия гардидааст, ки мавриди амал карор доранд. Ба андешаи мо зарур аст рушд ва инкишофи иктисодиёти Чумхурии Точикистон аз нуктаи назари ташкилй дар шароити таъсири манфии омилхои берунй

ба иктисодиёти кишвар ва имкониятхои иктисодии он дида баромада шавад. Дар ин замина ба таври максаднок истифода намудани захирахои табий ва захирахои инсонй дар минтакахо, хамчунин мустахкам кардани имкониятхои институтсионалй дар самти баландбардории самаранокй, гуногунсозй ва ракобатнокии захирахои мавчуда ва имконияти муайянамоии сатхи саноатикунонии ояндаи рушди кишвар муайян карда мешавад. Ин холат гузаришро аз кишвари аграрию саноатй ба кишвари саноатию аграрй таъмин намуда, сахми сохаи саноатиро дар мачмуи махсулоти дохилй нисбат ба сохаи кишоварзй бештар менамояд [1, с.150].

Лозим ба ёдоварист, ки асоси рушд ва инкишофёбии саноатикунонии иктисодиёти Точикистон бештар дар доштани корхонахои истехсолии саноатй дида мешавад, ки ин бевосита аз омода намудан ва доштани мутахассисони хирфаии замони муосир, яъне сармояи инсонй шаходат медихад. Дар хама сурат барои рушди саноати кишвар мутахассисони донишманд ва бохабар аз сохахои мухталифи иктисодиёт мухим мебошанд. Дар дахсолаи охир ба масъалаи омода намудани мутахассисони сохаи саноат ва рушди неруи инсонй таваччухи хосса равона карда мешавад. Дар ин маврид андешахои чолиб дар паёмхои Пешвои миллат ироа карда шудаанд. Дар хама холат такя намудан ба неруи эчодкор, тачриба ва касбияти инсонхо, ру овардан ба онхо хамчун зарфияти мухимми рушди иктисодиву ичтимой боис мегардад, ки Точикистон ба рушду нумуи назаррасе ноил шавад. Дар чахони муосир мо ба истилохи «чомеаи донишбунёд» (knowledge based society) зиёд дучор мегардем, ки махз дар мехвари он инсон ва аклонияти он карор мегирад. Аз ин ру, дар кишвари мо низ ба рушди неруи инсонй таваччухи хосса равона карда мешавад. Дар фаъолияти хеш Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба ин чихат таваччухи махсус зохир карда, дар хар паёми хеш ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон перомуни рушди неруи инсонй дар кишвар вазифагузорй менамояд. Чихатхои мухимми масъалаи саноатикунонии босуръат дар шароити

Точикистон дар Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020-2025 ба таври муфассал оварда шудааст. Барои саноатикунонии босуръати кишвар амалишавии барномахои сохавии кабулгардида, лоихахои сармоягузорй, таъмини самаранокй ва сифати онхо, чалби сармояи мустаким, бунёди корхонахои нави истехсолй ва ташкили чойхои кории нав зарур шуморида шудааст. Таъмин намудани рушди устувор ва рушди босуръати саноат тавассути диверсификатсияи он ва баланд бардоштани ракобат хамчун максади асосии барнома дониста шудааст.

Ба андешаи мо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мушкилихое низ мавчуданд, ки аз масъалахои чойдошта дар самти сармоягузорй, холати чалби сармояи дохилй, мавчудияти коррупсия, кафомонии саноати кишвар аз дигар давлатхои минтака, омодаи хамачониба надоштани корхонахои ватанй дар ракобат ба истехсолгарони берунй, сифати молу коло ва дигар омилхои дохилй ва хоричй бармеояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Чумхурии Точикистон ба истиклолияти энергетикй расидан яке аз хадафхои стратегй шинохта шудааст. Стратегияи саноатикунонй дар Точикистон бештар бо амалй намудани истиклолияти энергетикй пайванд дорад. Хусусан Хукумати кишвар дар сохаи энергетика барои ба анчом расонидани сохтмони неругохи барки обии «Рогун» кушиш ба харч дода истодааст. Ба пуррагй ба кор даромадани иктидори НБО Рогун метавонад як заминаи мухим барои таъмини энергетикии сохаи саноат дар кишвар гардад. Албатта фаъолияти корхонахо ва коргоххои саноатй танхо дар заминаи таъмини энергетикии онхо мушарраф мегардад. Истехсоли зиёди энергия ва пешниходи он бо нарххои дастрас метавонад чолибияти сохаи саноатро дар кишвар боло бурда бошад. Бо таъмини энергеиия баркй мо метавонем иктидорхои зиёди истехсолиро ба кор андозем. Дар хама сурат таъмини энергетикй як амри мухим дар рушди саноати кишвархо шуморида шудааст.

Дар шароити Точикистон имкониятхои муайян барои рушди сохаи саноат вучуд дорад. Кишвари мо дорои зарфиятхои назаррасе мебошад, ки барои рушди саноатикунонии кишвар мухим дониста мешаванд. Дар барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон зарфиятхои кишвар дар ин самт махсусан зикр карда шудаанд. Барои мисол дар барномаи саноатикунонй иктидорхои истехсолй ва маълумоти геологии захирахои конхои коркардашавандаи корхонахои сохаи маъдани кухиву металлхои киматбахо ва дигар зарфиятхои истехсолоти саноатй ба таври махсус зикр карда шудаанд.

Дар барномаи саноатикунонии босуръати Точикистон холат, афзалиятхои асосй, мушкилихо ва дурнамои рушди сохаи саноат ба таври махсус зикр карда шудаанд. Дар барномаи саноатикунонии босуръат хамчунин дурнамои рушди

сохахои мухталифи саноат барои солхои 2020-2025 оварда шудааст. Албатта, мувофики ин дурнамо рушди тадричии сохахои мухталифи саноат то ба соли 2025 ба назар мерасад, ки чунин холат таносубан метавонад ба бехтар гардидани холати ичтимоии чомеа мусоидат дошта бошад. Дар мавриди саноатикунонии босуръат дар Точикистон ба масъалаи истифода аз дастовардхои илм ва фановарии муосир таваччухи хоса равона карда шудааст. Албатта, ин чихати масъала омодагии касбии мутахаасисон, базаи зарурии тахассусмандй ва мухандисй, тачрибаи истифода аз технологияхои муосирро талаб мекунад. Холати мазкур баёнгари пайванди саноатикунонй ва рушди ичтимой дар кишвар мебошад. Рушди саноатй дар кишвар аз омили ичтимой, яъне омодагии неруи инсонй барои барохмонй ва истифода аз технологияи муосир вобастагии амик дорад. Чунин холат баёнгари он аст, ки миёни рушди саноатй ва рушди ичтимой пайванди мутакобила вучуд дошта метавонад.

Масъалаи рушд бахшидани сохаи саноат дар кишвар вобаста ба шароитхои мавчуда ва рушди технологй мавриди таваччухи хосаи Хукумати мамлакат мебошад. Ин чихат дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олй, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд ба таври махсус зикр шудааст. Дар он чунин зикр шудааст, ки пас аз ба даст овардани сохибистиклолй сиёсати давлат дар сохаи саноат комилан тагйир ёфта, таваччухи асосй ба таквияти истехсолот ва содироти махсулоти тайёр бо рохи ворид намудани технологияхои нав, истифодаи харчи бештари манбаъхои ашёи хоми махаллй, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захирахои мехнатй равона карда шудааст [6 с.12]. Дар шароити имруза Хукумати Точикистон дар форумхои мухталифи иктисодии дучониба ва бисёрчониба лоихахои сармоягузории кишварро муаррифй менамояд [7], ки аксаран зарфиятхои саноатии чумхуриро дар бар мегирад. Албатта, сармоягузорй дар зарфиятхои истехсолоти саноатй ва ба кор андохтани онхо дар оянда метавонад барои пешбурди зиндагии ичтимоии мардуми кишвар ва таъмини суботи сиёсй накши мухим дошта бошад. Дар шароити имруза дар мавриди сармоягузорй ба зарфиятхои саноатии кишвар зарур мешуморем, ки таваччухи зарурй аввалан ба сармоягузории дохилй дода шавад. Дар ин маврид додани имтиёзхо ба сармоягузорони дохилй мувофики максад дониста мешавад. Тахким бахшидани сармоягузории дохилй боиси дар назорати хеш карор додан ва хифзи молиёт дар дохили кишвар мегардад.

Хамин тарик ошкор карда шуд, ки сохаи саноат дар шароити Точикистон тадричан ру ба инкишоф аст. Саноатикунонй дар шароити Точикистон як стратегияи фарогире мебошад, ки дар доираи он барномахои мухталиф ва зиёди зерсохавй кабул ва амалй шуда истодаанд. Чуноне ки аз баррасихои боло бармеояд солхои охир дар Точикистон ба рушди сохаи истехсоли саноатй таваччухи хоса равона карда шудааст. ^абул ва амалй намудани барномахо дар сохахои мухталифи истехсолоти саноатй аз он дарак медихад. Албатта рушди сохаи саноатй як барномаи дарозмухтале мебошад, ки он барои кишвар дар хама давру замон мухим бокй мемонад. Дар хама сурат Точикистонро зарур аст, ки сохаи саноатро вобаста ба холати муосир ва талаботхои он тачдид ва тахким бахшида бошад. Дахсолахои охир дар самти рушди саноатй дар чахон

тагйиротхои назаррас ба вучуд омаданд ва технологияихои нави истехсолй аз худ дарак доданд. Аз ин ру, дар саноатикунонии босуръати кишвар ба эътибор гирифтани холати имрузаи рушди соха амри зарурй мебошад. Дар хар сурат сохаи саноати кишвар тадричан рушду нумуъ ёфта истодааст, ки накши он дар рушди ичтимой ва таъмини суботи сиёсй ба таври назаррас меафзояд. Давоми дахсолаи охир боло рафтани хиссаи сохаи саноат дар мачмуи махсулоти дохилии кишвар аз таваччух ба рушди саноат дар Точикистон дарак медихад. Албатта чунин холат баёнгари мухиммияти саноатикунонй ва пешрафти саноатй дар дурнамои рушди сиёсй ва ичтимой дар Точикистон аст.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Конституционная экономика: Учебно-методический комплекс / А. М. Диноршоев, Р. Г. Ганиев, С. М. Салохидинова. - Душанбе. "Дониш", 2018. - С. 77.

2. Саидмурадов Л.Х. Стратегические цели Республики Таджикистан и устойчивое развитие регионов страны. /Л.Х. Саидмурадов //Вестник университета (Российско-Таджикский (Славянский) университет). Серия экономических наук. - Душанбе, РТСУ, 2016. - № 3 (54). 4.1. - С.150.

3. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй», 28 декабри соли 2023, ш. Душанбе сурогаи дастрасй http://www.president.tj/node/29823, санаи дастрасй 28.12.2023.

4. Страгегияи милли рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, маводи электронй. - С. 7.

5. Таджикистан и страны СНГ. 2014. - Душанбе: АС при Президенте Республики Таджикистан. 2015. - С. 21.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.