Научная статья на тему '"HISTORY OF OSMAN EMPIRE" AND ITS VALUE IN STUDYING OF HISTORY OF RELATIONS OF MAVERANNAHR AND OSMANS’ TURKEY IN XVI CENTURY'

"HISTORY OF OSMAN EMPIRE" AND ITS VALUE IN STUDYING OF HISTORY OF RELATIONS OF MAVERANNAHR AND OSMANS’ TURKEY IN XVI CENTURY Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
62
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЙОЗЕФ ФОН ГАММЕР-ПУРГШТАЛЬ / ИРАН / ОСМАНСКАЯ ТУРЦИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Камолов Хамзахон Шарифович

В статье на основе анализа материалов из книги известного австрийского историка-востоковеда, дипломата и переводчика восточных литератур конца XVIII первой половины XIX вв. Йозефа фон Гаммер-Пургшталь (Joseph von Hammer - Purgstall) «История османской империи» освещена истории отношений правителей Мавераннахра (Шейбанидов) и Османской турции (Османы) в XVI в. С объявлением шиизма государственной религией в Иране, Сефевиды были окружены недружественными государствами с двух сторон: с востока - Шейбанидами и с запада - Османской Турцией. Для вытеснения Сефевидов из Хорасана Шейбаниды привлекли на свою сторону Османскую Турцию. При Абдулазиз-хане Шайбани (1540-1550) Османская Турция для ослабления своего противника послала им под видом посольства не только оружия, но и 300 своих янкичириков (дословно-новые партизаны). Переписка между Османскими султанами и Шейбанидами для координации действий против Сефевидов являются важными историческими материалами. Для анализа и исследования отношений между Шейбанидами и османскими султанами Йозеф фон Гаммер-Пургшталь весьма успешно использовал эти материалы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

"ИСТОРИЯ ОСМАНСКОЙ ИМПЕРИИ" И ЕЕ ЗНАЧЕНИЕ В ИЗУЧЕНИИ ИСТОРИИ ОТНОШЕНИЙ МАВЕРАННАХРА И ОСМАНСКОЙ ТУРЦИИ В XVI В

On the basis of the analysis of materials from the book of the known Austrian historian-orientalist, the diplomat and the translator of east literatures of the end of XVIII and first half of XIX centuries Joseph Freiherr von Hammer-Purgstall «The History Ottoman Empire» the article gives a background in the relations of governors of Maverannahr (Sheibanids) and Ottoman Turkey (Osmanli Turks) in XVI century. With the announcement of a Shiism the state religion in Iran, Sefevids were surrounded by unfriendly states from two parties: from the east - Shejbanids and from the West - Ottoman Turkey. For replacement of Sefevids from Khurasan Shejbanids have attracted Ottoman Turkey. At Abdulaziz-khan Shajbani Ottoman Turkey has sent them under the pretext of embassy not only the weapon, but also 300 yanchiriks (new guerrillas) for weakening of the opponent. Correspondence between Ottoman Sultans and Shejbanids for coordination of actions against Sefevids are important historical materials. For the analysis and research of relations between Shejbanids and Ottoman Joseph Freiherr von Hammer-Purgstall most advantageously used these materials.

Текст научной работы на тему «"HISTORY OF OSMAN EMPIRE" AND ITS VALUE IN STUDYING OF HISTORY OF RELATIONS OF MAVERANNAHR AND OSMANS’ TURKEY IN XVI CENTURY»

«ТАЪРИХИ ИМПЕРАТОРИИ УСМОНИ» ВА А^АМИЯТИ ОН ДАР ОМУЗИШИ ТАЪРИХИ МУНОСИБОТИ МОВАРОУННАХ,Р ВА ТУРКИЯИ

УСМОНИ ДАР САДАИ XVI

Камолов Ш.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Яке аз маъруфтарин ховаршиноси урупоии охири садаи XVIII ва нимаи аввали садаи XIX донишманди австриягй, муаллифи рисолаи боарзиши «Таърихи императории Усмонй» Йозеф фон Гаммер-Пургштал (Joseph von Hammer - Purgstall) мах,суб мешавад, ки у 9 июни соли 1774 дар шах,ри Гратси Австрия ба дунё омада, дар Академияи императории забонх,ои шаркй вок;еъ дар ша^ри Вена ба фарогирй ва омузиши забонх,ои форсй, арабй ва туркй мепардозад. У инчунин донандаи хуби забонх,ои юнонй, лотинй, фаронсавй ва италиявй низ буд. Пас аз хатми ин Академия у соли 1796 ба Истамбул меравад ва ба хдйси тарчумон дар сафорати Австрия машгули кор мегардад. Дар баробари ичрои вазифаи тарчумонй дар ин сафорат, масруфи гирдоварй ва тахдик;и осори хаттй ба забонх,ои форсй, арабй ва туркй мешавад. Дар ин солх,о буд, ки ин ховаршинос ба Эрон низ сафар мекунад.

Соли 1799 Наполеон ба Миср ва Сурия хдвлавар шуд ва амалан бо давлати Усмониён, ки хдмпаймони Англия буд, вориди чанг гардид. Ин замон буд, ки Йозеф фон Гаммер-Пургштал дар хидмати сарфармондехд англис Sir Sydney Smith чун тарчумон истихдом шуда, хдмрох, бо у соли 1802 ба Англия сафар карда, баъди муддате дубора ба Истамбул бозгашт ва то соли 1807 дар ин чо монд ва баъдан ва Вена баргашт. Бозгашти у ба Вена мусодиф бо тасхири ватанаш аз тарафи Наполеон буд. Бо вучуди ин ки муддате чанд Венаро тарк карда буд, аммо баъди оне ки робита миёни Фаронса ва Австрия дубора баркдрор шуд, ба Вена омада, баъди чанде Йозеф фон Гаммер-Пургштал ба Париж сафар мекунад. Дар ин чо буд, ки у бо саъйю талош тавонист беш аз 300 дастхатро, ки Наполеон чун гаромат аз китобхонаи Вена ба Париж оварда буд, бо кумаки шарк;шиноси фаронсавй Силвестр де Саси (Sylvester de Sacy) ба китобхонаи миллии Вена бозгардонад. Йозеф фон Гаммер-Пургштал соли 1810 консули Австрия дар Париж таъйин шуда, соли 1815 мушовири императори Австрия мегардад ва соли 1835 аз император унвони барониро мегирад.

Йозеф фон Гаммер-Пургштал соли 1823 узви ифтихории Академияи улуми Петербург интихоб мешавад. У яке аз бунёдгузорони Академияи улуми Австрия буда, соли 1847 раиси ин Академия интихоб мешавад ва то соли 1849 ин симматро ба душ дошт. 23 ноябри 1856 Йозеф фон Гаммер-Пургштал аз олам дармегузарад.

Дар ховаршиносй, бавижа дар эроншиносй ва туркшиносии садаи XIX-и Аврупо Йозеф фон Гаммер-Пургштал чойгохд бас арчманде дорад. Нахустин тахдик;от ва мутолеоти эронй дар Австрияи огози садаи XIX аз чониби ин донишманд анчом ёфта буд. Ба забони форсй тасаллути комил дошт ва намунаи он пешгуфторест, ки ба забони форсй бар тарчумаи олмонии худ аз «Гулшани роз»-и Шабистарй навиштааст. Намунаи дигаре аз навиштах,ои форсии у тарчумаи китоби «Андешах,ои М.Урлюс» аз юнонй ба форсй аст, ки бо чопи бисёр зебо дар замони дар кдйди хдёт буданаш дар Вена ба нашр расид, ки муаллиф онро ба Мух,аммадшох,и ^очор такдим кард ва шох,и Эрон ба поси ин хидмати Йозеф фон Гаммер-Пургштал уро сазовор ба нишони тилло кард. Йозеф фон Гаммер-Пургштал дар сол^ои 1809-1818 мачаллаеро бо номи «Махзану-л-кунуз аш-шарк;ия», ки дар он матолиби мухдммеро аз осори адаби исломй тарчума карда, ба нашр расонид. Ин мачалларо бояд аз нахустин нашриях,ои ховаршиносии Аврупо донист. Осори мухдме, ки Йозеф фон Гаммер-Пургштал аз форсй ба олмонй тарчума кардааст, ин девони газалиёти Дофиз, достони «Хусрав ва Ширин»-и Низоми Ганчавй, «Гулшани роз»-и Шаббистарй, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшохд Самаркдндй, «Таърихи Вассоф»-и Вассофи Хдзрат ва китобе бо номи «Гулчине аз ашъори дусад шоири эронй» мебошанд, ки тавассути ин тарчумах,о х,авзах,ои илмй ва адабии

Aвpyпоpо бо ганчинаи адаби фоpсй шиносонид. Миёни ин таpчyмахо таpчyмаи девони Дофиз, ки даp солхои 1812-1813 анчом ёфта, даp ду чилд даp Олмон ба нашp pасид, даp таъpихи адабиёти Aвpyпо мухим бyда, то кунун ба худ чойгохи вижае доpанд. Тавассyти ин таpчyмаи Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал буд, ки мактабхои хофизшиносй даp ABpyro бунёд шуд, шоиpи маъpyфи Олмон Гёте ба ашъоpи лисонyлFайб Х,офиз ошной пайдо каpд ва он манбаи илхомаш даp офаpидани «Девони шаpкивy Fаpбй» гаpдид.

Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал тули панчох сол беш аз сад китоб ва pисолахои тахкикй офаpид, ки миёни онхо «Таъpихи импеpатоpии Усмонй» ба забони олмонй аз аpзиши мухими илмй баpхypдоp аст. Муаллиф пас аз сй соли тахкику пажухиши дастхатхо ба забони фоpсй, тypкй ва аpабй, ки ба паймонахои мухталиф pочеъ ба таъpихи давлати Усмонй даp худ матолиб доштанд ва болот ба дусад дастхат буданд [2, с. 1], ба навиштани ин асаp OFOЗ каpд. Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал инчунин хангоми маъмypияташ ба Истамбул бо хазоpон асноди pасмии Усмониён, ки даp бойгонии «Боб-олй» нигахдоpй мешуд, ошной пайдо каpд, ки даp заминаи оваpидани pисола баpояш кумак намуданд. Чопи «Таъpихи импеpатоpии Усмонй» соли 1827 OFOЗ шуда, соли 1835 анчом ёфт, ки 10 чилдpо даp баp гиpифт. Баъди интишоp бо забони олмонй ин китоб шу^ати зиёде касб каpд ва даp як замон ду таpчyма ба забони фаpонсавии он аз таpафи J.J. Heilert солхои 1835-1843 ва M.Dochez солхои 1840-1842 анчом ёфт. Aз pyи таpчyмаи M.Dochez Миpзозакии Aлиободии Мозандаpонй соли 1885 «Таъpихи импеpатоpии Усмонй»-pо ба фоpсй таpчyма каpд. Рочеъ ба Миpзозакии Aлиободии Мозандаpонй ин нyктаpо бояд гуфт, ки даp замони хукумати Мухаммадшохи Kpчоp теъдоди зиёде аз чавонони Эpон баpои тахсил ба Фаpонса иpсол мешавад, ки даp миёни онхо мyтаpчими «Таъpихи импеpатоpии Усмонй» Миpзозакии Aлиободии Мозандаpонй низ буд. У солхои 1845-1848 даp Паpиж тахсил каpда, забони фаpонсавиpо фаpо гиpифт. Даp замони хукумати Носиpyддиншохи ^очоp даp Техpон муассисаи «Доpy-т-таълиф ва доpy-т-таpчyма» таъсис меёбад, ки яке аз вазоифаш таpчyмаи осоpи таъpихй буд. «Таъpихи импеpатоpии Усмонй» аз намунаи он осоpи таpчyмашyда ба забони фоpсисист, ки Миpзозакии Aлиободии Мозандаpонй онpо ба дастypи Носиpyддиншох солхои 1876-1896 анчом дод. Ин китоб ба эхтимоми Чдмшеди Каёфаp даp 5 чилд соли 1367 х.к. даp Техpон мyнташиp шуд.

Бояд зикp каpд, ки пиpомyни таъpихи давлати Усмонй баъд аз Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал таъpихнигоpоне аз шyмоpи авpyпоиён ва шаpкиён осоpи фаpовони илмие офаpиданд. Aммо бо гузашти 179 сол аз таълифи китоби «Таъpихи импеpатоpии Усмонй»-и Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал бо саpохат метавон ибpоз дошт, ки то хануз ин китоб аpзиши хyдpо даp доиpахои илмии мухталифи дунё хифз каpдааст.

Ин китоб хамчуноне ки аз номаш пайдост, ба таъpихи давлати Усмонихо бахшида шуда, хаводиси таъpихии маpбyт ба ин давлатpо то соли 1774 фаpо мегиpад. Мусалламан муаллиф даp хилоли баёни ин ва ё он хдводиси таъpихй, ки Усмонихо даp мехваpи он каpоp доpанд, ба баёни таъpихи дигаp давлатхо, аз чумла Эpон ва гохе Моваpоyннахp ва pобитаи хонадонхои хyкyматгаpи онхо бо давлати Усмонй мепаpдозад.

Баppасихои Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал pочеъ ба вачхи тасмияи вожаи ^yp^ ва зодбуми тypкон, ки боби аввали китобаш «Даp асл ва мамлакати атpок ва таъpихи тавоифи тypк» ба он ихтисос ёфтааст, пypбоp ва чолиб аст. У менависад, ки «тулуи мохтоби давлати Усмонй аз Fypyби офтоби салтанати Салчукиён шуд» [2, с. 9] ва ба таpики ичмол аз давлати Салчукиёни Хypосон, pyшдy нумуи он ва билохиpа даp давpаи Санчаp ба инхитот гаpоидани ин давлат сухан мегуяд.

Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал даp китоби худ кушидааст хакки такаддум ба вокеиятбаёнй дихад ва хангоми баppасии матолиби таъpихй талош ваpзидааст мунсифона онpо аpёбй намояд. Масалан, pочеъ ба хонадонхои тypке, ки даp ибтидо даp хидмати Сомониён буданд ва баъдан ин Fyломони намакношинос хочагони хyдpо аз хукумат дyp каpда, онpо Fасб намуданд, менависад: «Сабуктегин, падаpи султон

Махмуд, яке аз Fyломони тypкнажоди yмаpои Оли Сомон 6уд, ки ypо ба хукумати Fазнин саpафpоз каpда буданд. Чанде нагузашт, ки зимоми салтанат ва инони Xyкмpониpо ба кабзаи иктидоpи худ даpоваpда, точу тахти шохиpо мyтасаppиф шуданд...Ин Fyломони тypк аввалин ашхосе хастанд, ки аз миёни хаддоми остони салтанат ва мустахфизини точу тахти давлат фаpотаp часта, пой баp маснади шахpиёpй гyзоpиданд ва такя баp чоpболиши хyкмpонй каpданд ва лакаби Fyломиpо мубаддал ба подшохй намуданд» [2, с. 11].

Он чи ки мехохем даp ин мyxтасаp баён кунем, ин баppасии pавобити Шайбониён ва Усмониён даp мyбоpизахо алайхи давлати Сафавиён даp садаи XVI мебошад.

Баъд аз сукути бешаpафонаи давлати Темypиён даp Моваpоyннахp (1501) ва Хypосон (1507) ба дасти узбакони Дашти Кипчок бо саpваpии Мухаммади Шайбонй, саpзаминхои шаpкии Эpон даp маъpази тохту тоз ва Fоpати Шайбониён каpоp гиpифт.

Даp ибтидои садаи XVI сулолаи Сафавиён зимоми кyдpатpо даp Эpон ба даст гиpифт ва мазхаби ташайюъpо дини pасмии давлат эълон дошт. Бо ин амал бо сулолахои хyкyматгаpи суннимазхаби Усмониён даp Fаpб ва Шайбониён даp шаpк даp холати душманй ва чанг каpоp гиpифт. Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал дypyст менависад, ки «Усмониён ва узбакон... баp хасби одат ва мазхаб иттиход дошта, даp адоват душманони мазхабй ва давлатии худашон, ки эpониён бошанд, шаpокате доpанд... ва эpониён даp миёни ин ду душмани кавй вокеъ шуда, аз таpафи шаpк узбакон ва аз чониби Fаpб Усмониён баp эшон ихота доpанд...» [3, с. 1237].

Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал назаpи ичмоилие ба таъpиxи ба саpи кyдpат омадани Шайбониён даp Моваpоyннахppо мекунад, аз чанги Маpв (соли 1510) ёд мешавад, ки мyнчаp ба маpги Мухаммади Шайбонй гаpдида буд, инчунин зикpи яке аз паси дигаp ба саpи кyдpат омадани намояндагони хонадони Шайбониpо мекунад. [3, с. 1238-1240] Ин чо мухаккик даp баёни муддати хукумати Кучкунчихон ба иштибох меpавад ва онpо 23 сол зикp мекунад [3, с. 1239], даp сypате ки у аз соли 1510 то соли 1530, яъне 20 сол даp саpи кyдpати сулолаи Шайбониён буд. Замони шикаст xypдани Начми Сонй -саpлашкаpи Сафавиён даp чанги Fиждyвон аз чониби Убайдуллоххон ва Мухаммад Темyp сyлтонpо низ Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал ба иштибох соли 938 X.к./1531оваpда, даp холе ки ин набаpд 3 pамазони соли 918 х.к. мусодиф ба 12 декабpи 1512 [1, с. 180] pyx дода буд.

Нукоти мухиме, ки Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал даp ин кисмати китобаш баён доштааст, бо вучуди хаммаpз набудан, ин тайиди pавобити Усмониён ва Шайбониён мебошад. Даp зимн мухаккик менависад: «То айёми Убайдуллох (солхои хукуматаш 1533-1539) таъpиxи Усмониён зи^е аз pавобити дустонаи фимобайни даpбоpи Истамбул ва Моваpоyннахp наменамояд, лекин даp юpиши оxиpи Сулаймон (Сулаймони I, ки маъpyф ба Сулаймони ^онунй буд-солхои хукуматаш 1520-1566) ба Эpон pобитаи дуста даp миёни ин подшох ва Убайдуллох худ ба худ ба миён омад, чун ин ду подшох даp душмании подшохи Эpон хамазму хамхаёл буданд» [3, с. 1239-1240].

Лозим ба зи^ аст, ки Шайбониён метавонистанд бо истифода аз муттахиди худ -Тypкияи Усмонй, ки бисёp зyдтаp аз дигаp кишваpхои Шаpк бо силохи оташфишон ошно буд, онpо ба даст оваpанд. Мyаppиxин менигоpанд, ки Усмонихо ба Моваpоyннахp, яъне ба узбакони Шайбонй аслихаи оташфишон иpсол доштаанд, то аз таpафи шаpк ба Сафавихо заpба воpид созанд [1, с. 189]. Ин матлабpо Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал низ зикp мекунад: «Вакте ки Сулаймон хануз машFyли юpиши Эpон буд, сесад нафаp янкичиpикpо ба исми сафоpат бо чанд аpода туп назди у (Абдулазиз Шайбонй-писаpи Кучкунчихон, солхои хyкмpониаш: 1540-1550) фиpистод. Сyфаpо вакте pасиданд, ки Абдулазиз даp холати сакаpот буд» [3, с. 1240]. Ин замон мусодиф буд ба маpхилаи низоъ, нооpомихо ва хоначангии султонхои Шайбонй. Чднгу нооpомихоpо Навpyзахмад маъpyф ба Баpокxон - писаpи Суюнчхоча, хокими Тошканд баpои ба даст оваpдани кyдpат шypyъ намуда буд. Тибки нигоpиши Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал Баpокxон пас аз маpги Абдулазиз номае ба Сулаймони Усмонй ба ин мазмун менависад: «Баъд аз ин ки pyхи Абдулазизхон ба даpачоти чаннот боло pафт, хилофат

ва салтанат ба мо, баpодаpони y, ки даp назди хон хозиp будем, pасид ва соиpи султонон, ки сохибони калоъи Kаpмин ва Добузй...Кеш, Кдошй ва Хyзоp буданд, ба истехкоми хисоpхои худ маFypyp шуда, ба хаёли мамониат афтоданд ва моpо даp ин ду соли охиp ба чангу чидол машFyл сохтанд» ва Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал идома медихад, ки ба ин сабаб Баpокхон «баъд аз pасидани янгичиpикон аз баpои юpиши Эpон yзp мехост ва иттило медод, ки Самаpкандpо тасохиб намудааст (мохи июни соли

1554) ва Пиpмyхаммад султон бо баpодаpаш фиpоp баp каpоp ихтиёp каpдаанд ва хамаи калъахои эшон ба хайтаи тасхиp даpомадаанд ва ба чуз Бyхоpо, ки хануз ёFй аст, чойи дигаp бокй намондааст. Пас аз фатхи шахpи мазбyp фавpан ба таpафи Хypосон тохтан хохад каpд» [3, с. 1240]. Aммо бо ин хол иттилое даp мавpиди истифодаи Шайбониён аз тупхои иpсолдоштаи Усмониён даp чанг бо давлати Сафавиён даp даст нест [1, с. 189].

Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал менависад, ки баъд аз ду мох Баpокхон тавассути Низомиддин Aхмади Човиш, ки озими сафаpи Истамбул буд, ба Усмониён хабаp дод, ки лашкаpи y Бyхоpоpо гиpифт. Aммо ин хабаpи Баpокхон сиххат надошт, зеpо Баpокхон ба таваччух ба ваъдае, ки ба султон Саъид - дигаp аз муддаиёни хукумат даp Бyхоpо баpои интиколи кyдpат ба y дода буд, даp мохи pачаби соли 962 х.к. (май-июни

1555) ба Бyхоpо хамла каpд ва калъаи онpо даp мyхосиpа гиpифт. Вакте мyхосиpаи калаи Бyхоpо то се мох ба тул анчомид, хокими Бyхоpо Бypхон султон бо таваччух ба шаpоити дyшвоp ба назди Aбдyллох султон, писаpи хокими Kаpмина ва Миёнкол Искандаp султон кас фиpистод ва аз y имдод хост. Aбдyллох султон ба имдоди Бypхон султон омад ва даp набаpде, ки даp мохи июни соли 1555 даp назди калъаи Фоpоб сypат гиpифт, Баpокхон шикаст хypд ва ба Самаpканд акабнишинй каpд [1, с. 213].

Султон Сулаймон даp чавоби номаи Баpокхон ду мактуб навишт, ки яке аз онхо даp хусуси «чулуси y баp тахти хонй ва хозиp будан даp хифзи маpотиби дустй ва иттиход, ки бо Aбдyллох ва Aбдyллатиф мунъакид шуда буд, лекин бо холати холия, ки бо давлати Эpон сулх каpдааст, аз додан ва хостани мадад маъзyp аст» [3, с. 1240-1241].

Aз pобитаи Шайбониён даp замони хукумати султон Mypоди III Усмонй (солхои Xyкмpонй 1574-1595) Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал даp зимни даъвати султон Mypод аз Шайбониён (ин замон Aбдyллоххон саpваpи узбакони Шайбонй буд) ба маpосими хатнасypи писаpаш султон Мухаммад, ки бахоpи соли 1583 [3, с. 1530] доиp гашта буд, ёд каpдааст [3, с. 1523]. Aммо шояд ба далели адами иттилоот тафсилоти бештаpе даp боpаи хайати сафоpати Шайбониён намедихад.

Сафоpати дигаpе, ки даp замони султон Mypоди III аз чониби Aбдyллоххони Шайбонй ба Истамбул pасид, ин даp соли 1594 ба ифтихоpи аpyсии дyхтаpи султон буд. Даp зимн Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал менависад: «Як мох баъд аз вукуи аpyсй элчии Aбдyллоххони узбак ба хyзypи султон бypда шуд. Дадоёи элчй мypаккаб буданд аз ду чилд К^ъон ва як чилд «Хамса»-и Низомй ва як чилд «Шохнома» ва чанд чомавоpи хазу санчоб ва пустхои баppахои хypосонй...Пазиpоии сафиpи хони узбак аз баpои султон Mypоди солис охиpин амали шахсй ва давлатй буд, зеpо ки як сол баъд аз он даp шонздахуми мохи янваpи санаи 1595 ...вафот каpд» [3, с. 1595-1596].

Хулоса, pочеъ ба муносиботи Mоваpоyннахp ва Typкияи Усмонй даp садаи XVI даp манобеи дастpас ва пажухишхои анчомшуда маводхо ва баppасихо хеле кам ба назаp меpасад. Aммо бо вучуди ин асаpи пypаpзиши Йозеф фон Гаммеp-Пypгштал «Tаъpихи импеpатоpии Усмонй» ин халаъpо хаддалмакдyp ^p месозад.

Адабиёт:

1. Камол Х. ^TOpra втоpжения кочевых племен Дашт-и Кипчака в Mавеpаннахp и Хоpасан

(XVI в.). Душанбе: Дониш, 2012.

2. Joseph von Hammer-Purgstall. Tаъpихи импеpатоpии Усмонй. 4,.I. Tаpчyма ба фоpсй

Mиpзозакии Aлиободии Mозандаpонй. Ба эхтимоми Kомpони Фонй. Tехpон, 1367 х.к.

3. Joseph von Hammer-Purgstall. Tаъpихи импеpатоpии Усмонй. 4,.II. Tехpон, 1367 х.к.

«ИСТОРИЯ ОСМАНСКОЙ ИМПЕРИИ» И ЕЕ ЗНАЧЕНИЕ В ИЗУЧЕНИИ ИСТОРИИ ОТНОШЕНИЙ МАВЕРАННАХРА И ОСМАНСКОЙ ТУРЦИИ В XVI в.

В статье на основе анализа материалов из книги известного австрийского историка-востоковеда, дипломата и переводчика восточных литератур конца XVIII первой половины XIX вв. Йозефа фон Гаммер-Пургшталь (Joseph von Hammer - Purgstall) «История османской империи» освещена истории отношений правителей Мавераннахра (Шейбанидов) и Османской турции (Османы) в XVI в.

С объявлением шиизма государственной религией в Иране, Сефевиды были окружены недружественными государствами с двух сторон: с востока - Шейбанидами и с запада -Османской Турцией. Для вытеснения Сефевидов из Хорасана Шейбаниды привлекли на свою сторону Османскую Турцию. При Абдулазиз-хане Шайбани (1540-1550) Османская Турция для ослабления своего противника послала им под видом посольства не только оружия, но и 300 своих янкичириков (дословно-новые партизаны). Переписка между Османскими султанами и Шейбанидами для координации действий против Сефевидов являются важными историческими материалами. Для анализа и исследования отношений между Шейбанидами и османскими султанами Йозеф фон Гаммер-Пургшталь весьма успешно использовал эти материалы.

Ключевые слова: Йозеф фон Гаммер-Пургшталь, Мавераннахр, Иран, Хорасан, Османская Турция, Шейбаниды.

«HISTORY OF OSMAN EMPIRE» AND ITS VALUE IN STUDYING OF HISTORY OF RELATIONS OF MAVERANNAHR AND OSMANS' TURKEY IN XVI CENTURY

On the basis of the analysis of materials from the book of the known Austrian historian-orientalist, the diplomat and the translator of east literatures of the end of XVIII and first half of XIX centuries Joseph Freiherr von Hammer-Purgstall «The History Ottoman Empire» the article gives a background in the relations of governors of Maverannahr (Sheibanids) and Ottoman Turkey (Osmanli Turks) in XVI century.

With the announcement of a Shiism the state religion in Iran, Sefevids were surrounded by unfriendly states from two parties: from the east - Shejbanids and from the West - Ottoman Turkey. For replacement of Sefevids from Khurasan Shejbanids have attracted Ottoman Turkey. At Abdulaziz-khan Shajbani Ottoman Turkey has sent them under the pretext of embassy not only the weapon, but also 300 yanchiriks (new guerrillas) for weakening of the opponent. Correspondence between Ottoman Sultans and Shejbanids for coordination of actions against Sefevids are important historical materials. For the analysis and research of relations between Shejbanids and Ottoman Joseph Freiherr von Hammer-Purgstall most advantageously used these materials.

Key words: Joseph Freiherr von Hammer-Purgstall, Maverannahr, Iran, Khurasan, Ottoman Turkey, Shejbanids.

Сведения об авторе: Камолов Хамзахон Шарифович, доктор исторических наук, профессор Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, hamza_kamol@mail.ru

Information about the author: Kamolov Hamzakhon Sharifovich, doctor of historical sciences, professor, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ИНЪИКОСИ КОРХОНАИ ШАЙХИ РЕХТАГАРИ ДАР «ЁДДОШТ^О»-И

САДРИДДИН АЙНИ

Гадоев Р.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С.Айни

Тарзи табакабандй ва таркибии ахолии Бухоро дар асри XIX ва ибтидои асри ХХ диккати муаррихон ва мухаккикини зиёди хам ватанй ва хам хоричиро дар давраи тоинкилобй ва баъди Инкилоби октябр ба худ чалб намудааст. Онхо дар асоси омузиши сарчашмахо ва мушохидахои худ, маъводхои зиёдеро гирд оварданд, ки холо хам кимати илмии худро гум накардаанд. Донандаи хуби этнографияи Бухоро О. А. Сухарева дар асари «Бухара XIX и начало ХХ вв.» сохтори аморати Бухороро мавриди тахкик карор дода, ахолии онро ба 3 табака: одй - фукаро, хизматчиёни харбй

102

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.