lic of Uzbekistan. One list of the sixth volume is stored in the library "Indian Office" in London under the number 575. The sixth volume was rewritten many times. This is due to the fact that he is dedicated to the history of Mongolian tribes before the reign of Nadirmuhammadkhan and is reliable information, witnessed by the author himself. The manuscript No. 575, which was kept in the library "Indian Office" in London, was rewritten on the basis of the manuscript of the author himself, at the direction of the ruler Balkh Nadirmukhammadkhan, the calligrapher Shah Kazim, who was his contemporary.
Key words: manuscript, list, Balkh, composition, author, calligrapher, library, Ma'mud ibn Wali, volume, part, Bahr al-asrar, Nadirmuammadhan.
Сведения об авторе: Саидов Фаридун Абдукаххорович-Институт истории, археологии и этнографии АН РТ, соискатель. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Ру-даки, 33. Телефон: (+992) 915-451000.
Information about the author: Saidov Faridun Abdukahhorovitch-Institute of History, Archaeology and Ethnography named after A. Donish of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, competitor.Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave 33. Phone: (+992) 915- 451000.
УДК: 342.3 (575.3) (09) +9 (575.3)
ИСТЩЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ чум^УРИИ ТОЧИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНИ
МИРЗОЕВ Ч. А.
Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
«Истиклолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба цон баробар аст. %ар миллату уар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиклолият ифтихор, осоишу ороми, ормонуои накукорию сари баланди уар як шаурванд мебошад».
Эмомали Раумон
Истиклолият бех,тарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш буда, орзуи деринаи х,ар миллати озода, хосса точикон, ки дар тули асрх,о дар тах,ти х,окимияти ачнабиён карор доштанд, мах,суб меёбад. Истиклолият рамзи сиёсии х,ар як халк ба х,исоб меравад [1,3].
Дастовардх,ое, ки халки точик ва точикистониён дар тули 28-соли даврони сохдбистиклолй ноил гардиданд, ба хдмагон рушан аст ва ниёз ба бозгу нест.Аз ин лих,оз, мо тасмим гирифтем, ки дар ин макола дар боби
чигунагии ба даст омадани истиклолият, яъне кабули «Эъломияи Ис-тиклолияти давлатии Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон» дар санаи 24-уми августи соли 1990 ва «Изхорот дар бораи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллии точикон, ки бозгашти точикон баъд аз садсолахо ба арсаи сиёсати чахонй махсуб меёбад, харф занем.
Агар ба умки таърих назар афканем ва ё китоби бузурги «Таърихи халки точик»-ро сахифа гардонем, ба мо рушан мегардад, ки хатто баъд аз сукути давлати мутамаркази миллии точикон-давлати Сомониён, ки та-моми сарзамини таърихии точиконро фаро мегирифт, унсурхои давлатдо-рии точикон аз байн нарафтанд. Давлатхои Еуриён (1151-1215), Куртхои Х,ирот (1245-1381) ва Сарбадорони Сабзавор (1336-1383), гарчанде ки дар худуди андаке аз сарзамини пахновари таърихии точикон таъсис ёфта бошанд хам, дар таърих хамчун давлатхои миллии точикон шинохта шудаанд.Бо вучуди ин ки дар садсолахои баъдй, то галабаи Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25-уми октябри соли 1917) точикон аз давлатхои миллии хеш махрум монда бошанд хам, анъанахои давлатдории онхо, ки аз даврони хукмронии шоханшохии Дахоманишиён, аз замони салтанати Куруши Кабир (550-530 т.м.) ибтидо мегиранд, побарчо буданд. Забони коргузории хамаи хукуматхои ачнабие, ки дар сарзамини таърихии точикон салтанат кардаанд, забони форсй-точикй буд.
Таърих муборизахои кахрамонона ва талошхои пайвастаи миллати точикро бахри ба даст овардани истиклолият, ки сахифахои китоби бузурги таърихи халки точикро пурчило мегардонанд, ёд дорад. Агар андак ба умки таърих фуру равем, мебинем, ки миллати точик хамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар даврахои гуногуни мавчудияти худ рухи истиклолиятхохй дошта,алорагми тохтутозхои ачнабиён ва носозгорихои бешумори замон, вахдат ва арзишхои худро хифз мекард ва ба наслхои баъдй ба мерос мегузошт.
Мутаассифона, ин муборизахои кахрамононаи точикон то галабаи Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр натичаи дилхох надоданд. Танхо бо шарофати галабаи Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25-уми октябри соли 1917) ва Инкилоби халкии Бухоро (2-юми сентябри соли 1920) ба халки точик муяссар гардид, ки дар гушае аз сарзамини пахновари таърихии точикон давлати миллии хешро таъсис дихад. Таъсис ёфтани Ч,умхурии Мухтори Шуравй Сотсиалистии Точикистон дар соли 1924 ва Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар соли 1929 заминае буд бахри таъсисёбии давлати миллии имрузаи точикон. Дануз дар хамон давра фарзанди фарзонаи миллат-Садриддин Айнй пайки истиклолро эхсос намуда, бархак гуфта буд:
Эй ситамдидагон, эй асирон, Вацти озодии мо расид.
Муждагонй диуед, эй фацирон
Дар цауон субуи шодй дамид.
Истиклолияти давлатии точикон махз аз таъсиёбии Ч,умхурии Мухтор ва Ч,умх,урии Шуравии Точикистон ибтидо мегирад. Вокеан, таърих миллатхои зиёдро ёд дорад, ки садсолахо инчониб бахри ба даст овардани истиклолият талош меварзанд. Вале, мутаассифона, ин неъмати бебахо ба онхо насиб намегардад. Барои мисол миллати азияткашидаи курдхоро ёдрас мешавем, ки такдир онхоро дар худуди чор кишвар: Ирок, Сурия, Туркия ва Эрон пароканда кардааст. Аз ин лихоз, нодида гирифтани таърихи 70-солаи даврони Шуравй, бо хама гуна костагихо ва норасоихояш, мазмуни тах,рифи таърихро дорад.
Бояд тазаккур дод, ки кабули Эъломияи истиклолияти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон мархилаи навбатй дар рохи ба даст даровардани Истиклолияти комили давлатй махсуб меёбад.24-уми августи соли 1990 Ичлосияи дуюми Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон, даъвати дувоздахум, Эъломияи Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистонро дар хайати Иттиходи Шуравии тачдидёфта кабул намуд[5, 10-11]. Пеш аз кабули эъломия, дар вакти мухокимаи он аз чониби Шурои Олй, як гурух олимони сохаи хукук лоихаи дигареро дар ин боб тайёр карданд, ки лоихаи алтернативй мебошад. Ба андешаи журналист Б. Каримов: "Эъломияи алтернативй санади хеле муфассал ва аз нигохи мазмуну мухтавиёти хукукии худ ба талаби истиклолияти комили давлатй чавобгу буд, зеро муаллифони он дар тафовут аз макомоти расмии онвакта фишору бархурдхои хукумати марказиро камтар эхсос мекарданд" [11].
Мавриди зикр аст, ки масоили марбут ба кабули Эъломияи истиклолияти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар тахкикоти муаррихон, хукукшиносон ва сиёсатшиносони ватанй ва хоричй, назири И. Усмонов [12], А. Холикзода [13], Д. Назриев ва И. Сатторов [8], F. Еоибов [3], Н.Б. Дотамов [16], Р. Набиева [7], Н. Дакимов [15], Н. Давлатбеков [4], инчунин асархои дастачамъии «Бунёди давлатдории навин» [2], «Основа новейшей государственности» [9] ва «История таджикского народа»[6,438-488],«Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол» [10] инъикос гардидааст.Вале, мутаассифона, аксари муаллифони фавкуззикр танхо аз кабули як Эъломияе дар санаи 24-уми августи соли 1990 ёдрас шудаанду бас. Датто дар китоби дастачамъии «История таджикского народа» [6, 438-488], ки ба назари мо масоили кабули Эъломияи Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон дар хайати Иттиходи Шуравй бояд хамачониба тахкику баррасй мегардид, ба ин масъала таваччухи камтар зохир шудааст. Дар адабиёти таърихй Эъломияи мазкур гуногун арзёбй мегардад. Масалан, ба акидаи чонишини
раиси ^змони мардyмии "Растохез" А. Холикзода «ин хуччати нокис 6уд ва аз ягон сохибихтдарй дарак намедод» [14, 162].
Бояд тазаккyр дод, ки бар хилофи А. Холикзода аксари мухаккикон Эъломияи Истиклолияти Чумхурии Шуравии Cотсиалистии Tочикистонро мусбат арзëбй намуда, онро мархилаи мухим чихати ба даст даровардани истиклолияти комил номидаанд. Масоили мазкур, алалхусус дар китоби «Очеркхои таърихи ^чик^гони сохибистиклол» [10]ва китоби дарсии Таърихи халки точик" [16] хеле амик тахлилу баррасй гардидааст. Tибки маълумоти ин манобеъ Эъломия харчанд истиклолияти комили мамлакатро таъмин карда натавониста бошад хам, барои истиклолияти давлатии соли 1991 заминаи мусоид фарохам овард.Ба акидаи муаллифони китоби «Очеркхои таърихи ^чик^гони сохибистиклол»[10]"дар ин хуччат FOяхои яклухт будани мамлакат ва масъунияти он, ба даст овардани сарвати миллй, эълон намудани замин ва сарватхои зеризаминй ва дигар намуди захирахои табий моликияти хоси Ч,умхурии Tочикистон. масъалахои сохтори нави бонкй ва мустакилона муайян намудани сжсата молиявй бардошта шуда буд, ки ин аз ба хаëти сдасй ва ичтимой воридшавии арзишхои нав шаходат медод"[10].
Лозим ба зикр аст, ки дар китоби дарсии Таърихи халки точик" [16],ки барои донишчyëни макотиби олии чумхурй таълиф гардида, ба калами олимони шинохта Намоз Х,отамов, Давлатшох, Довудй, Cайфyллоx, Муллочонов ва Маъруф Исоматов мутааллик аст, ба ин масъала таваччухи бештар зохир гаштааст. Агар дар дигар китобхои дарсй ва адабжти таърихй муаллифон аз кабули Эъломия танхо ëдрас шуда бошанд,пас муаллифони китоби мазкур Эъломияи истиклолияти давлатиро банд ба банд ва хеле амик тахлил намуда, мусбат арзëбй кардаанд. Муаллифон матни Эъломияро тахкик намуда, бо истинод ба ин матн, аз чумла кайд кардаанд, ки Шурои Олй «бо дарки амики масъулияти таърихй барои такдири халки точик ва давлати миллии он», «бо назардошти хукуки дахлнопазири хар як халк дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиходи озоду баробархукуки миллатхо»-и Шуравй дар хайати И^Ш^и «тачдидëфта зомини тараккиëти хамачонибаи онхо мебошад», бо таъкиди эхтиром ба шаъну эътибор ва хукукхои намояндагони хамаи миллатхои сокини Tочикистон, «ба хотири таъмини хакки зиндагии шоиста барои хар як инсон ва иродаи халки» Ч,ШC Tочикистонро ифода намуда, истиклолияти Ч,умхурии Шуравии сотсиалистии Tочикистонро ботантана эълон мекунад ва изхор медорад, ки «давлати демократии хукукбутед барпо хохад кард» [16, 451].
Муаллифони китоби мазкур моддаи 4-уми Эъломияро, ки дар он дарачаи сохибихтжрии чумхурй тачассум ëфтааст,мyхим арзëбй кардаанд. Ба акидаи онхо дар он таъкид гардидааст,ки Ч,ШC ^чи^агон «дар худуди худ хамаи масъалахои сдасй, иктисодй, ичтимой ва маданиро, Fайр
аз масъалахое, ки ихтиёран ба салохияти ИЧ,ШС «дода мешавад, мустакилона хал мекунад» [16,452]. Ба назари муаллифон чунин вазифахо, ба амсоли мудофиа, бехатарии давлатй, авиатсияи шахрвандй, роххои иттифокй,энергетика ва электронй, саноати атомй, флоти бахрй, барномаи иттифокй оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиходи нави тачдидёфта гузарад.
Муаллифони китоби мазкур тахкики Эъломияро идома дода, кайд менамоянд, ки моддаи 5-уми Эъломия амали хуччатхои ИЧШС-ро, ки ба хукукхои дахлнопазирии Чумхурии Точикистон мухолифанд, боз медорад, ки ин хеле мухим буд. Моддаи 15-уми Эъломия, ки ба муносибат бо давлатхои хорича бахшида шудааст, бастани шартномахои иктисодй, маданй ва илмию техникиро дар назар дорад. Ба акидаи онхо "хукуки имзои шартномахои сиёсиро чумхурихои Иттифокй ихтиёран ба ухдаи Иттиходи тачдидёфтаи Шуравй мегузоранд" [16, 452].
Ба назари мо низ кабули Эъломияи истиклолияти давлатй дар хайати Иттиходи тачдидёфтаи Шуравй дар санаи 24-уми августи соли 1990, сарфи назар аз нокисихои он хеле мухим буда, кадами зарурй ва устувор дар рохи ба даст даровардани истиклолияти комили давлатй махсуб меёбад. Вале, мутаассифона, Иттиходи озоду баробархукуки миллатхои Шуравй, ки чихати созмон додани он президенти нахустини ИЧ,ШС М.С. Горбачёв бо сарварони 9 чумхурии собик Иттиходи Шуравй дар моххои апрел-майи соли 1991 гуфтушунид гузаронида буд, бунёд наёфт ва нуктахои асосии Эъломияи мазкур низ дар амал татбик нагардиданд.Минбаъд 9-уми сентябри соли 1991 дар рузи эълони Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон ба ин Эъломия тагйироту иловахои зарурй дохил карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар шахри Душанбе Ичлосияи гайринавбатии Шурои Олии Чумхурии Точикистон, даъвати дувоздахум баргузор гардида, дар бораи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон якчанд хуччатхои мухимми таърихй, аз чумла: «Изхорот дар бораи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» ва ду карори махсусро кабул кард ва дар асоси конуни кабул кардааш ба Конститутсияи (^онуни асосии) амалкунандаи Чумхурии Точикистон баъзе тагйироту иловахо ворид намуд.
Изхороти кабулгардида, ба акидаи Н.Б.Дотамов бо назардошти тагйиротхои дар худуди собик Иттиходи Шуравй ба амал омада Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистонро эълон карда, аз таъсисёбии давлати нави сохибистиклоли чахонй дар заминаи яке аз чумхурихои собики Шуравй дарак медод. Дар натича дар харитаи чахонй боз як давлати нави мустакил бо номи Чумхурии Точикистон падид омад [16, 457].
Бояд кайд кард, ки Изхороти Шурои Олии Чумхурии Точикистон "Оид ба истиклолияти Чумхурии Точикистон" аз чониби мухаккикони
зиёд, ки зикрашон дар боло рафт ва китобхои бунёдию дарсй инъикос гардида, мусбат арзёбй шудааст. Ба акидаи мухаккикони таърихи сиёсии Точикистон Изхороти мазкур агар аз як тараф истиклолияти комили давлатии Ч,умх,урии Точикистонро эълон карда бошад, аз чониби дигар бо назардошти умумияти иктисодии чумхурихои собик Шуравй таъкид менамояд, ки Чумхурии Точикистон кушиши собик чумхурихои иттифокиро «оиди аз нав баркарор намудани муносибатхои байни хамдигарй эхтиром намуда, ... бастани Шартнома дар барои Иттиходи давлатхои сохибихтиёр...» -ро дастгирй менамояд.
Гузашта аз ин, ба акидаи муаллифони китоби дарсии "Таърихи халки точик" "Изворот сиёсати ояндаи мустакилонаи хоричии Ч,умхурии Точикистонро ба назар гирифта,таъкид менамояд, ки Ч,умх,урии Точикистон минбаъд дар муносибатхои байналхалкй «ба сифати субъекти мустакили хукуки байналхалкй» баромад мекунад" [16, с.457].
Истиклолияти давлатй барои Ч,умхурии Точикистон шароити мусоидро чихати бунёди давлатдории миллй, ворид шудан ба чомеаи чахонй, устувор намудани хамкорихои хамачонибаи судманд бо субъектхои дигари муносибатхои байналхалкй фарохам овард. Махз бо шарофати таъмини сохибихтиёрии миллй муносибатхои дучониба ва бисёрчонибаи Ч,умхурии Точикистон бо давлатхои хоричй ва созмонхои бонуфузи байналхалкй вусъат ёфт.
Омузиши таърихи ташаккули хамкорихои Ч,умхурии Точикистон бо созмонхои байналхалкии минтакавй ва байналхалкй аз он гувохй медиханд, ки кишвари мо узви комилхукуки чомеаи чахонй гардида, сиёсати мутавозин ва санчидашудаи хоричии хешро муваффакона пеш мебарад.Махз бо шарофати истиклолият, мо аз Созмони Милали Муттахид сар карда, узви мухимтарин созмонхои байналхалкии дунё гаштем.Точикистонро 151 давлати дунё чун давлати сохибистиклол эътироф карда, имруз мо бо 128 давлати чахон равобити дипломатй баркарор намудем.
Ч,умхурии Точикистон хамчун давлати сохибистиклол бо 51 созмонхои минтакавй, чахонй, аз он чумла бо ниходхои молиявй хамкорихои гуногунчанбаро ба рох мондааст.Ба акидаи мухаккики чавон Сайх,омид Чдъфаров "баркарор ва рушди хамкорихо бо акторхои муносибатхои байналхалкй аз ду чихат дорои ахаммият мебошанд: аз як тараф ин гувохи он аст, ки чомеаи чахонй Ч,умхурии Точикистонро ба расмият шинохтааст ва аз чониби дигар Ч,умхурии Точикистон метавонад дар халли аксар масъалахои байналхалкй ва минтакавй иштироки фаъолона дошта бошад" [17, 3].
Умуман, ба назари мо истиклолият бехтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои хар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараккй ва заминасозй хузур дар арсаи чахонй махсуб меёбад.
Истиклолияте, ки орзуи хамешагии хар миллати озода аст, махз бо кабули Изхороти Шурои Олии Чумхурии Точикистон "Оид ба истиклолияти Чумхурии Точикистон" дар санаи 9 сентябри соли 1991 ба миллати точик насиб гардид, ки ин бозгашти давлати точикон баъд аз садсолахо ба арсаи сиёсати байналхалкй ба хисоб меравад.
АДАБИЁТ
1. Абдурашитов Ф.М. Феномен таджикского суверенитета / Ф.М. Абдурашитов. -Душанбе, 2017. - 148 с.
2. Бунёди давлатдории навин. - М., 2002.
3. Еоибов F. Таърихи Хатлон аз огоз то имруз. Монография / F. Еоибов. -Душанбе, 2006. - 906 с.
4. Давлатбеков Н. Таърихи афкори чамъиятй-сиёсии халки точик. Китоби дарсй / Н. Давлатбеков. Душанбе, 2011. - 367 с.
5. Заявление «О государственном суверенитете Республики Таджикистан» // Мачмуаи конунхои Чумхурии Точикистон. Ч. 1. - Душанбе, 2004. - С. 10-11.
6. История таджикского народа / под общей редакции Масова Р.М. - Душанбе, 2011.- Т.6. - С.438-488.
7. Набиева Р. Таърихи халки точик. Китоби дарсй / Р. Набиева, Ф. Зикриёев, М. Зикриёева. - Душанбе: Собириён, 2010. - 328 с.
8. Назриев Д., Сатторов И. Республика Таджикистан: история независимости. -Душанбе,2002.-Т.1.-337с.
9. Основа новейшей государственности. - М., 2002. - 358 с.
10. Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол /зери тахрири З. Акрамй. -Душанбе: Дониш, 2016. - 463 с.
11. Садои мардум. 27 ноябри соли 2002.
12. Усмонов И. Таърихи сиёсии Точикистони сохибистиклол.-Хучанд: Нури маърифат, 2003, - 178 с.
13. Холикзода А. Таърихи сиёсии точикон.-Душанбе, 1994; Точикони Мовароуннахр аз истилои Руссия то истиклол. - Душанбе, 1997.-182с.
14. Холикзода А. Точикони Мовароуннахр аз истилои Русия то истиклол. - Душанбе, 1997.- 182 с.
15. Х,акимов Н. Таърихи халки точик. Китоби дарсй / Н. Х,акимов. - Душанбе: Ирфон, 2008. - 492 с.
16. Х,отамов Н. Таърихи халки точик. Китоби дарсй / Н. Х,отамов, Д. Довудй, С. Муллочонов, М. Исоматов. - Душанбе, 2011. - 582 с.
17. Чдъфаров С. Х. Самтхо ва пешомадхои хамкорихои Чумхурии Точикистон бо ЮНЕСКО дар сохаи маориф, илм ва фарханг: автореферати диссертатсияи номзади илмхои таърих: 07.00.15 / С. Х. Чдъфаров. - Душанбе, 2018. - 166 с.
ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ чумхурии ТОЧИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТ АНИ
Дар макола масоили чигунагии ба даст омадани Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон ва марх,илах,ои асосии он мавриди тахдик карор гирифтаанд.Дар он муаллиф ахдммияти ба даст омадани Истиклолияти давлатиро баррасй намуда, бахусус ба марх,алах,ои асосии он, аз чумла кабули Эъломияи истиклолияти ЧШС Точикистон дар санаи 24 августи соли 1990, Изх,ороти Шурои Олии Чумхурии Точикистон "Оид ба истиклолияти Чумхурии
Точикистон" дар санаи 9 сентябри соли 1991 ва инъикоси ин масоил дар таърихнигории ватанй таваччухд бештар зохдр намудааст. Муаллиф бо истинод ба адабиёти илмй ^абули Эъломияи истицлолияти давлатиро мусбат арзёбй намуда, онро мархдлаи навбатй ва хеле мух,им дар рох,и ба даст омадани истицлолияти комили давлатй мехдсобад.
Калидвожа^о: соуибихтиёры, истицлолияти давлатй, Эъломия дар бораи истицлолият, изуороти Шурои Оли, истицлолияти комил, таърихнигории ватанй.
ГОСУДАРСТВЕННАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
И ЕЁ ОСВЕЩЕНИЕ В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРАФИИ
В статье исследуется процесс обретения государственной независимости Республики Таджикистан и её основные периоды. В нём автор рассматривает значение подлинной государственной независимости, при этом уделяет особое внимание основным периодам, в том числе принятию Декларации о суверенитете Таджикской ССР 24 августа 1990 года, Постановлению Верховного Совета Республики Таджикистан «О суверенитете Республики Таджикистан» от 9 сентября 1991 года и освещение этих проблем в отечественной историографии. Автор опираясь на научную литературу позитивно оценивает значение Декларации о суверенитете Таджикской ССР и считает её следующим и очень важным этапом в процессе обретения подлинного суверенитета.
Ключевые слова: суверенитет, государственная независимость, Декларация о суверенитете, постановление Верховного Совета, подлинный суверенитет, отечественная историография.
STATE INDEPENDENCE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN AND ITS COVERAGE IN DOMESTIC HISTORIOGRAPHY
The article explores the process of gaining state independence of the Republic of Tajikistan and its main periods. In it, the author considers the significance of genuine state independence, while paying special attention to its main periods, including the adoption of the Declaration of Sovereignty of the Tajik SSR on August 24, 1990, the Decree of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan "On Sovereignty of the Republic of Tajikistan" of September 9, 1991 and coverage of these problems in domestic historiography. Based on scientific literature, the author positively assesses the significance of the Declaration of Sovereignty of the Tajik SSR and considers it the next and very important step in the process of gaining genuine sovereignty.
Key words: sovereignty, state independence, Declaration of Sovereignty, resolution of the Supreme Council, genuine sovereignty, domestic historiography.
Сведения об авторе: Мирзоев Джурабек Абдулович - научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ. Телефон: 2217210; E-mail: [email protected]
Information about the author: Mirzoev Jurabek Abdulovich-Researcher, Department of Contemporary History, A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography AS RT. Phone: 2217210; E-mail: [email protected]