Научная статья на тему 'ЗНАЧЕНИЕ СУДЬБОНОСТНОЙ 16-Й СЕССИИ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ НЕЗАВИСИМОГО ТАДЖИКИСТАНА'

ЗНАЧЕНИЕ СУДЬБОНОСТНОЙ 16-Й СЕССИИ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ НЕЗАВИСИМОГО ТАДЖИКИСТАНА Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
68
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН / ИСТОРИЯ / СЕССИЯ / ПРИМИРЕНИЕ / ПОЛИТИЧЕСКОЕ ОБСТОЯТЕЛЬСТВО / ВЕРХОВНЫЙ СОВЕТ / НАЦИЯ / ВЛАСТЬ / ЕДИНСТВО НАЦИИ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Курбонов Бахром, Сангинова Ракиба

В данной статье речь идёт о политическом и социальном положении в Республике Таджикистан в 90-е годы двадцатого века. Даются краткие сведения о тяжёлом и критическом состоянии таджикского народа и об основных причинах возникновения исторической 16 -сессии.Подчеркивается как пришёл к власти многоуважаемый Эмомали Рахмон - Лидер нации, Основатель мира и примирения в Республике Таджикистан и его призыв к миру и единству.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ANNOTATION MEANING FATEFUL XVI SESSION IN THE POLITICAL HISTORY OF INDEPENDENT TAJIKISTAN

The article describes the political and social situation of 90 -th- years of the XX th century in Republic of Tajikistan.The summaruy of the heavy and critical position of Tajik people and the main cause of the historical 16 - th Session is given. Also is emphasired that came to the power dear Emomali Pahmon - the Leader of nation,the founder of the peace and recency of nation in Tajikistan and his message of peace and unity.

Текст научной работы на тему «ЗНАЧЕНИЕ СУДЬБОНОСТНОЙ 16-Й СЕССИИ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ НЕЗАВИСИМОГО ТАДЖИКИСТАНА»

А^АМИЯТИ ИЧЛОСИЯИ 16 - УМИ ТАВДИРСОЗИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОНИ СО^ИБИСТИЦЛОЛ

Бахром БУРБОНОВ,

доктори илмхои таърих

Ра^иба САНГИНОВА,

номзади илмхои филология, устоди Донишгохи давлатии тичорати Точикистон

Бояд тазаккур дод, ки сахми Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар тахкими сулху суботи миллй ва барои Истиклолияти давлатии ба даст омада, Вахдати миллй, инчунин дар таърихи пешрафти иктисодиёти мамлакат хеле назаррас аст, ки он аз хотирхо зудуда намешавад. Дар баробари барпо намудани Ичлосияи таърихй мухтарам Эмомалй Рахмон хамчун Раиси Шурои Олй интихоб гардида, аз хамон давр фаъолияти худро барои Ч,умх,урии Точикистон ва ободу зебо гардонидани он дар дилу дидаи мардум чо гирифта, то ба имруз идома дода истодааст.[1]

Ин ичлосия дар таърихи миллати точик барои ба даст овардани хамгирой, сулху суботи миллй, хамдигарфахмии куввахои мухолиф мусоидат намудааст.Тавре ки ба хамагон мусаллам аст, баъди пош хурдани давлати абаркудрати Иттиходи Шуравй, собик чумхурихои бародар, аз чумла, Точикистон сохибистиклолу озод гардиданд.

Вокеан ^ам истиклолият ва озодй барои хар як миллат бузургтарин падидаи маънавй ва сиёсист. Аз ин лихоз, миллату халкиятхои ба ору номус, худшиносу худтакдирсоз метавонанд аз ин падидаи худодод барои рушду нумуи хеш ва дар арсаи чахонии тамаддуну тараккиёт барои пеш рафтан истифода намоянд. Таърих хазорхо мисолро медонад, ки халкхои чахон чй тавр барои ба даст овардани истиклолият ва пойдории он чонбозихо намудаанд. Миллатхое, ки аз шахди мубориза комрон нашудаанд, ноаён аз сахифахои таърих гайб задаанд.[2]

Хушбахтона лахзае фаро расид, ки Точикистон хам аз ин тухфаи илохй комёб гардад ва хамин тавр, дар таърихи точикон сахифаи наве боз шуд, ки он тухфаи илохй Истиклол буд.

Инак, саволе ба миён меояд, ки мо ва дигар халкхои собик Иттиходи Шуравй истиклолро чй тавр кабул кардем?

Ч,умхурихои собик Иттиходи Шуравй, ки ба кадри ин неъмати бебахо расиданд, шукри истиклол намуда, бо руху илхоми нав ба ободу хуррам сохтани Ватани ачдодии хеш камар бастанд.

Точикистони мо чй? Сад афсус, ки дар Точикистон ин тавр нашуд. Ч,охталабону кудратталабон бо пуштибонии куввахои хоричй якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд, ки окибат сабабгори чанги хамватанй шуданд.Тавре ки маълум аст, хануз то Ичлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олй дар чумхуриамон ходисаву вокеахои зиёде ба вукуъ пайвастанд. Аз ин лихоз, мехостем ба таври умумй хам бошад, баъзеи онхоро ёдовар шавем.[3]

Баъди ба даст даровардани истиклолият дере нагузашта интихоби Раиси чумхур баргузор гардид, ки дар он куввахои гуногуни сиёсй иштирок намуданд. Рахмон Набиев Раиси чумхур интихоб гардид (24-уми ноябри соли 1991).Вале афсус, ки интихоби Президент ба вахдати миллии точикон боис нашуд, баръакс ибтидои нохушихо дар кишвар гардид. [4]

Дукумати чадиди Точикистон ба сахву хатогихо рох дод. Президент мебоист зина ба зина сохтори давлатиро аз нав месохт, ки ба давлати сохибистиклол хос бошад, вазъияти ба амал омадаро хуб дарк мекард ва карору хулосахои окилона кабул менамуд. Ё ин ки аз хама мухимаш Артиши миллии худро хамчун гарави сохибихтиёрй созмон медод; пули миллие, ки яке аз рукнхои истиклолияти миллй аст, чорй мекард, вале ин корхоро накард. (Дигар чумхурихо бошанд, фавран Артиши миллии хешро созмон доданд ва пули миллии худро бароварданд). Датто Дукумат мохияти иктисоди бозоргониро дарк карда

натавонист. Иктисоди замони Шуравй побарчо (пойдор) буд.Умуман, давраи хукмронии Рахмон Набиев (аз 23 сентябри соли 1991 то 7 сентябри соли 1992) куввахои мухолифро ба майдони овард.

Аз ин чост, ки дере нагузашту тазохуроту гирдихамоихо ва ба чабхахои мухолифи хамдигар таксим шудани куввахои сиёсй огоз гардиданд. Муковимати сиёсй бошиддат авч гирифта, окибат ба задухурди мусаллахона гирифта овард. [5]

Вазъияти сиёсй чунон печида ва бухронй гардида буд, ки хатто Дукумати бо ном муросои миллй (10-уми май таъсис ёфта буд) аз ухдаи рохбарй кардани давлату чомеа баромада натавонист. Натавонист, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварад.

Ин чо зарурият ба ёдоварист, ки ин хукумат ягон тадбири судманд наандешид, баръакс ба фишору зуроварй такя кард, тарафдорони худ ва шахсони гумрохшударо ба силох гирифтан даъват намуд, онхоро ба чанги хонумонсуз барангехт, ба сари бародар тег кашидани бародарро раво донист ва дар натича чумхурии сохибистиклолро ба чанги тахмилй кашид. Окибат дар кишвар беконунй, бенизомй ва анархияи сиёсй хукмрон гардид.[6]

Дамин тарик, дар он рузхо хатари хамчун давлати мустакил аз байн рафтани Точикистон ба вокеият табдил меёфт. Барои пеши рохи ин селоби фалокатборро гирифтан ва начот додани миллат аз парокандагй, афроди солимфикр ва фарзандони ватандуст муттахид шуданд, зеро вазъият андешидани чорахои катъй, фаврй ва таъхирнопазирро такозо мекард. Аз ин хотир, дар шароите, ки Точикистони азизро чанги хонумонсузу бародаркуш, фалач шудани дастгохи давлатй ва бухрони шадиди ичтимоиву иктисодй фаро гирифта буд, Ичлосияи XVI Шурои Олй даъват карда шуд, ки ин ягона икдоми окилона буд.[1]

Инак, Ичлосияи таърихии фавкулодаи XVI Шурои Олй дар Касри маданияти хеле бошукуху бохашамат, колхози (холо хочагии) овозадори ба номи ду карат Кдхрамони Мехнати Сотсиалистй, дехкони номвар Саидхуча Урунхучаеви назди шахри Хучанди бостонй баргузор гардид ва он аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 давом кард. Дар кори ичлосия бидуни вакилони халк боз намояндагони хукуматхои Узбекистон, Казокистон, Киргизистон, Россия, мехмони фахрии ичлосия намояндаи Созмони Милали Муттахид Сомерейнс ва дигарон ширкат варзиданд.

Сабаби гайриодй тул кашидани кори ичлосия чустучуи роххои халли проблемахои мухимтарини руз, яъне гирифтани пеши рохи чанги оташгирифта ва ба рохи сулху салох, созандагиву бунёдкорй ворид намудани Точикистон буд. [2]

Дар ичлосия масъалаи асосй - масъалаи раками як, масъалаи хокимият буд ва он халлу фасл гардид. Ичлосия Дукумати нави Точикистонро созмон дод ва Раёсати нави Шурои Олии Ч,умхуриро интихоб намуд, яъне Низоми Конститутсиониро баркарор намуд. Дар катори дигар масъалахо, ичлосия масъалаи истеъфои Дукумати мусолихаи миллиро баррасй кард ва кабул намуд. Инчунин аризаи нави Рахмон Набиев оид ба истеъфо рафтани у низ маъкул дониста шуд.

Дар Ичлосияи XVI вакилони халк баъди мухокимаи тулонй ба хулоса омаданд, ки чомеаи мо ба тарзи идоракунии президентй тайёр нест. Ба ин хотир, аз ин шакли идоракунй даст кашида, баркарор кардани парламенти коллегиалиро (бо маслихат кор карданро) ба максад мувофик донистанд. Минбаъд Раиси Шурои Олй сарвари давлат хисоб мешуд. Дамин тавр, Ичлосияи XVI Шурои Олй ба ташкили давлату Дукумати нави конунии Точикистон асос гузошт.

Инчунин, дар ичлосияи мазкур ба хотири зудтар катъ гардонидани хунрезии байни бародарон ва истикрори сулху салох дар кишвар, як силсила карору конунхои мухими такдирсоз кабул карда шуданд. Лозим ба тазаккур аст, ки дар хамин ичлосияи таърихй чунин мукаддасот, ба монанди Парчам ва Нишони Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд. [3] 19-уми ноябри хамон сол вокеаи фаромушнопазир рух дод. Ичлосия Акбаршо Искандаровро аз мансаби Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон озод намуд ва бо рохи овоздихии пинхонй ба ин мартабаи баланд ва масъулиятнок Раиси Комичроияи хамонвактаи вилояти Кулоб Эмомалй Шарипович Рахмоновро интихоб намуд. Аз 197 депутатхои халкй 186 нафарашон ба Эмомалй Шарипович Рахмонов овоз доданд.

Дамин тавр, Эмомалй Рахмонов сарвари органи Олии конунбарори чумхурй, яъне сарвари давлати сохибистиклоли Точикистон гардид ва аввалин сухани у ин тавр буд: «Ба гузашта салавот!»

Интихоби Эмомалй Шарипович Рахмонов ба ин вазифаи аз хама баланди давлатй конунй ва дуруст буд. Зеро ки депутатхо фарди интихобкардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки у ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва механпараст, бочасорат ва кавиирода мебошад. Дар хакикат Эмомалй Рахмонов, ки аз байни халки одй баромада буд, (аз кудакй бо падари дехконаш пахлу ба пахлу истода дар замин кор мекард) зиндагии мардуми захматкашро хуб медонист, ба кадри одаму одамгарй мерасид ва аз орзуву омоли у бохабар буд.

Дар хамон рузи 19-уми ноябр Эмомалй Рахмонов бо сухани кутох, вале пурмухтавои барномавй баромад карда, чунин изхор намуд: «Ман кори худро аз сулх сар хохам кард. Мо бояд хама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Дар чй аз дастам меояд дар ин рох талош хохам кард. Ман чонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам».Хулоса, «Ё ман дар Точикистон сулхро баркарор мекунам ё дар ин рох чони худро медихам».

Сарвари нави Точикистон дар назди вакилони халк савганд ёд кард ва иброз дошт, ки химояи хавасу манфиати мардуми захматкаш ва мукаддасоти Конститутсияи чумхуриро вазифаи аввалиндарача ва мухимтарини хеш мехисобам.

Яке аз кадамхои аввалини Эмомалй Рахмон хамчун Раиси Шурои Олй бахри ба эътидол овардани иклими сиёсии чумхурй, ин буд мурочиати у ба рохбарони гуруххои ярокбадаст оиди сулх. Дар мурочиати Э.Ш.Рахмонов омадааст: «Ба хурмати начот додани Точикистон ва хотима бахшидан ба чанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулху салох ва хамдигарфахмй, ба максади ягонагй ва муттахидии тамоми халкхое, ки сокини чумхуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар ичлосия иштирок намоед». [4]

Кор омад карду кумондонхои ба ичлосия даъватшуда, бо сарваронашон Сангак Сафаров (фронти халкй) ва Буйдоков (мухолифин) 25-уми ноябр дар чаласа хозир шуданд ва дар назди депутатхо баромад хам карданд. Раиси Шурои Олй боз суханронй намуда, вазъи чумхуриро халокатовар маънидод кард ва кумондонхоро даъват намуд, ки ба чанги бемаънии хунрез хотима бахшида, Ватан аз вартаи халокат начот дода шавад. Эмомалй Рахмон бори дигар хотирнишон намуд, ки омили асосии ба эътидол овардани авзои сиёсии Точикистон ва осоиштагии мардуми он сулхи устувор ва оштишавии точикон аст.Сипас, кумондонхо дар назди Парчами чумхурй рост истода, касам ёд карданд, ки ба чанг хотима мебахшанд.[5]

Инак, ичлосияи фаромушнашавандаи XVI ШО ЧТ ба солномаи халки точик абадй дохил шуд ва он дар хакикат ичлосияи таърихй буд, чунки дар хамин ичлосия такдири халки точик ва давлати сохибистиклоли Точикистон хал мешуд. Махз дар хамин ичлосия бахри ба эътидол овардани вазъи чумхурй ва гирифтани пеши рохи хунрезихо чораву тадбирхои чиддй ва судманд андешида шуданд. Ин ичлосия дар хакикат дар таърихи Точикистони навин мархилаи наверо боз намуд, зеро ки махз дар хамин ичлосия паёми вахдат ва ягонагии миллати точик ба таври катъй садо дод.

Зикр бояд намуд, ки Эмомалй Рахмон ва хукумати чадид баъди ба сари кор омадан, аз рузхои аввали фаъолияти хеш сиёсати сулху салох, хотима бахшидан ба чанги шахрвандй ва сарчамъ намудани кулли сокинони кишварамонро пеш гирифтанд. Кайд намудан бамаврид аст, ки агар 1100 сол мукаддам дар ташаккул ва тахаввули аввалин давлати миллии точикони муосир Исмоили Сомонй накши бузург бозида бошад, пас дар даврони мо дар бунёди давлати навини точикон, фарзанди фарзонаю баруманди диёр, абармарди миллат ва шучоу далер, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон накши нотакрор ва бузургу бехамто бозидааст, ки инро набояд фаромуш кард.

Тавре, ки маълум аст, чанги хамватанй бо ташаббусу чонбозихои фарзанди хирадманди диёр Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалй Рахмон хотима ёфт, фазои оромиву осудагй фарохам омад. Фазое фарохам омад, ки мардуми Точикистон бо аклу неруи тоза суйи созандагию бунёдкорй кадам заданд.Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар сохаи илму фарханг ифтихори ватандории мардумро мустахкам намуд.

Тачлили чашни 1100 - солагии давлати Сомониён, 675 - солагии Хоча Камоли Хучандй, 680 - солагии мутафаккири бузурги Шарк Мир Сайид Алии Дамадонй, 90 - солагии академик Бобочон Еафуров, 90 - солагии шоири сулхпарвару тавоно Мирзо Турсунзода, 25 -солагии Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон, 2700 - солагии Кулоби бостонй, 800 - солагии Мавлоно Ч,алолиддини Балхй, 3000 - солагии Дисори бостонй, 1150 - солагии Мухаммад Закариёи Розй ва чашнхои дигар гувохи ин гуфтахоянд. [6]

Дар ин солхо вахдату хамгироии иктисодии чомеа ба вучуд омад. Шохроххо, корхонахои саноатй, марказу фарогатгоххо ва иншоотхои мухими ичтимоию стратегй сохта шуданд ва бунёд шуда истодаанд. Ичлосияи XVI таърихии ШО Ч,Т, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шахри бостонии Хучанд баргузор гашт, барои кулли точикону точикистониён ичлосияи таърихй ва такдирсоз буд. Ин ичлосия, ки холо берун аз кишвар машхур аст, бидуни шубха хамчун чаласаи таърихй дар хотири на танхо имрузиён, балки дар дилу дидаи наслхои оянда низ човидона бокй хохад монд.

АДАБИЁТ

1. Эмомалй Рахмон. Точикон дар оинаи таърих - Душанбе, соли 2006.

2. Эмомалй Рахмон. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат, иборат аз 10 чилд. -Душанбе (солхои 2000-2011) .

3. Набиева Р.А., Зикриёв Ф.Б., Зикриёева М.Ф. Таърихи халки точик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 - Душанбе. С. 2009

4. Намоз Дотамов, Давлатхоча Довудй, Сайфулло Муллочонов, (Маъруф Исоматов) Таърихи халки точик «Эр- граф». Душанбе. С. 2015

5. Лукмонов Т., Курбонов Б. Таърихи халки точик. «Матбуот». Душанбе. С.2015

6. Яъкубов Ю. Точикон- Душанбе. С.1996.

Калидвожах;о: Цумуурии Тоцикистон, таърих, ицлосияи тацдирсоз, вазъияти сиёси, Шурои Оли, миллат, уокимият, ваудат, сулуу субот.

ЗНАЧЕНИЕ СУДЬБОНОСТНОЙ 1 6-й СЕССИИ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ НЕЗАВИСИМОГО ТАДЖИКИСТАНА

В данной статье речь идёт о политическом и социальном положении в Республике Таджикистан в 90-е годы двадцатого века. Даются краткие сведения о тяжёлом и критическом состоянии таджикского народа и об основных причинах возникновения исторической 16 -сессии.Подчеркивается как пришёл к власти многоуважаемый Эмомали Рахмон - Лидер нации, Основатель мира и примирения в Республике Таджикистан и его призыв к миру и единству.

Ключевые слова: Республика Таджикистан, история, сессия, примирение, политическое обстоятельство, Верховный Совет, нация, власть, единство нации.

ANNOTATION MEANING FATEFUL XVI SESSION IN THE POLITICAL HISTORY OF INDEPENDENT TAJIKISTAN

The article describes the political and social situation of 90 -th- years of the XX th century in Republic of Tajikistan.The summaruy of the heavy and critical position of Tajik people and the main cause of the historical 16 - th Session is given. Also is emphasired that came to the power dear Emomali Pahmon - the Leader of nation,the founder of the peace and recency of nation in Tajikistan and his message of peace and unity.

Keywords: Republic of Tajikistan, history, session, reconciliatiom, political circumstances,she Supreme Council, nation, power, unity.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.