Научная статья на тему 'НЕЗАВИСИМОСТЬ ТАДЖИКИСТАНА И ПРИНЯТИЕ СУДБОНОСНЫХ ИСТОРИЧЕСКИХ ДОКУМЕНТОВ'

НЕЗАВИСИМОСТЬ ТАДЖИКИСТАНА И ПРИНЯТИЕ СУДБОНОСНЫХ ИСТОРИЧЕСКИХ ДОКУМЕНТОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
77
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКИСТАН / КОНСТИТУЦИЯ / ДЕКЛАРАЦИЯ / СЕССИЯ / ГОСУДАРСТВЕННОСТЬ / ЕДИНСТВО / ОБЩЕСТВО / СОГЛАШЕНИЕ / ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВО / ВЕРХОВНЫЙ СОВЕТ / ПОЛИТИЧЕСКИЙ РЕЖИМ / ПРАВО / КОМИССИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО ПРИМИРЕНИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифзода Абдуфаттох Абдуваххоб, Шарифзода Махинатолиб

В статье анализируется процесс достижения независимости, принятие необходимых документов, которые официально оформили государственную независимость Республики Таджикистан. Авторы рассмотрели трудности ранних лет независимости, которые вызвали серьезную угрозу. В статье изучена историческая значимость 16-ой сессии Верховного Совета Республики Таджикистан, принятие новой Конституции, подписание Мирного соглашения и Национального единства в Таджикистане.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INDEPENDENCE OF TAJIKISTAN AND ACCEPTANCE OF THE MISSILE HISTORICAL DOCUMENTS

The article was analyzed in the process of achieving independence, the adoption of the necessary documents that formally formalized the state independence of the Republic of Tajikistan. The authors examined the difficulties of the early years of independence, which had caused a serious threat. The article examines the historical significance of the 16th Session of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, such as the new Constitution, the signing of the Peace Agreement and the National Unity in Tajikistan, which the State Independence has saved.

Текст научной работы на тему «НЕЗАВИСИМОСТЬ ТАДЖИКИСТАНА И ПРИНЯТИЕ СУДБОНОСНЫХ ИСТОРИЧЕСКИХ ДОКУМЕНТОВ»

07.00.02 - ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02 - ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02 - HOME HISTORY

ШАРИФЗОДА Абдуфаттох Абдуваххоб,

д.и.т., узви вобастаи АИ Цумуурии Тоцикистон; ШАРИФЗОДА Махина Толиб,

ходими илмии Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии АИ Цумуурии Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе)

ШАРИФЗОДА Абдуфаттох Абдуваххоб

д.и.н., член корреспондент АН Республики Таджикистан,

ШАРИФЗОДА МахинаТолиб

научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии имени А.Дониша АН Республики Таджикистан (Таджикистан, Душанбе)

SHARIFZODA Abdufattoh Abduvahhob

Dr. of History, Corresponding member of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan; SHARIFZODA Mahina Tolib

scientific secretary of the Institute of history, archeology and ethnography named after A.Donish under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожахо: Тоцикистон, Конститутсия, эъломия, ицлосия, давлатдори, сулу, цомеа, созишнома, цонунгузори, Шурои Оли, низоми сиёси, ууцуц, Комиссияи оштии милли.

Дар мацола раванди ба даст овардани истицлолият, цабули санадуои лозима, ки истицлолияти давлатии Цумуурии Тоцикистонро ба расмият дароварданд, мавриди тащил царор гирифтанд. Муаллифон душворщои солуои аввали истицлолиятро, ки ба он хатари цидди пеш оварда буданд, барраси намуданд. Дар мацола масъалауои ауамияти таърихии Ицлосияи 16-уми Шурои Олии Цумуурии Тоцикистон, цабули Конститутсияи нав, имзои Созишномаи сулу ва Ваудати милли дар Тоцикистон, ки истицлолияти давлатии онро нацот доданд, мавриди омузиш царор гирифтанд.

Ключевые слова: Таджикистан, Конституция, декларация, сессия, государственность, единство, общество, соглашение, законодательство, Верховный Совет, политический режим, право, Комиссия национального примирения.

В статье анализируется процесс достижения независимости, принятие необходимых документов, которые официально оформили государственную независимость Республики Таджикистан. Авторы рассмотрели трудности ранних лет независимости, которые вызвали серьезную угрозу. В статье изучена историческая значимость 16-ой сессии Верховного Совета Республики Таджикистан, принятие новoй Конституции, подписание Мирного соглашения и Национального единства в Таджикистане.

Key words: Tajikistan, Constitution, declaration, session, statehood, peace, society, agreement, legislative, supreme council, political system, rights, Commission on National Reconciliation.

The article was analyzed in the process of achieving independence, the adoption of the necessary documents that formally formalized the state independence of the Republic of Tajikistan. The authors examined the difficulties of the early years of independence, which had caused a serious threat. The article examines the historical significance of the 16th Session of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan,

ИСТИЦЛОЛИЯТИ ТОЦИКИСТОН ВА ЦАБУЛИ САНАДХОИ САРНАВИШТСОЗИ ТАЪРИХИ

НЕЗАВИСИМОСТЬ ТАДЖИКИСТАНА И ПРИНЯТИЕ СУДБОНОСНЫХ ИСТОРИЧЕСКИХ

ДОКУМЕНТОВ

INDEPENDENCE OF TAJIKISTAN AND ACCEPTANCE OF THE MISSILE HISTORICAL DOCUMENTS

such as the new Constitution, the signing of the Peace Agreement and the National Unity in Tajikistan, which the State Independence has saved.

Бисту хафт сол аст, ки Точикистон бо эътимоди кавй ба ояндаи дурахшони худ дар чодаи истиклолияти давлатй дар халкаи кишвархои мутамаддини чахон бо сарбаландй, шарофатмандй ва шоистагй рох мепаймояд. Аз дидгохи сиёсй хуччати расмии ин даврони нави таърихи миллати мо-Эъломияи Истиклолияти давлатии Точикистон аст, ки соли 1991 дар чаридаи айём интишор гардид.

Дар замоне, ки давлати абаркудрати Шуравй вопасин рузхои худро ба сар мебурд ва дар саросари каламрави он оташи низоъхои сиёсй аланга мезад, Ичлосияи дувуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум), дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиклолияти Ч,умхурии Точикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Точикистон мархилаи тозаи таърихиро ифтитох бахшид.

Сохибихтиёрие, ки санади мазкур расман эълон намуд, хануз «сохибистиклолй дар доираи салохияти Иттиходи Шуравй» буд, зеро Ч,умхурии Точикистон дар каламрави худ куллияи масоили сиёсй, иктисодй, ичтимой ва маданиро ба чуз аз мабохис ва матолибе, ки ихтиёран ба салохияти Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалистй вогузор мешуданд, метавонист мустакилона халлу фасл намояд.

Дар фосилаи як соли кабули Эъломияи сохибистиклолй чумхурихои собик Шуравй бо назардошти вокеияте, ки бо суръат чараён мегирифт ва тахаввулоти азими гайримунтазирро тавлид мекард, ба мазмуну мухтавои истиклолияти худ мучаддадан руй оварданд ва чихати дарёфти истиклоли комил бо катъият талош варзиданд. Ч,умхурии Точикистон низ дар мачрои ин истиклолчуихо, бо дарки зарурати тагйиру иловахо ба Эъломияи соли 1990 дар Изхороти Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон», ки дар Ичлосияи гайринавбатии Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон, (даъвати дувоздахум), 9 сентябри соли 1991 манзур гардид, ин андешаро чунин ифода намудааст: «Тагйироти инкилобиро дар Иттиходи Чдмохири Шуравии Сотсиалистй ба назар гирифта, кушиши чумхурихои сохибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав баркарор намудани муносибатхои байнихамдигарй эхтиром намуда, мувофики Эъломияи Истиклолияти Ч,умхурии Точикистон, ки 24 августи соли 1990 кабул шуда буд, Шурои Олй истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистонро эълон мекунад». Дар ин баёнот ду матлаби мухим ироа шудааст, ки тасмими катъии Точикистонро дар рохи касби истиклоли пурраи мамлакат бо камоли равшанй нишон медихад. Якум, кушиши чумхурихои сохибихтиёр барои аз нав баркарор намудани муносибатхои байнихамдигарй, дувум такмили мафхуми "истиклолият" бо истилохи «давлатй», ки арзиш ва мохияти байналмилалй дошт. Махз, бо такя ба ин мавкеъгирй Изхороти мазкур Точикистонро ба сифати субъекти хукуки байналмилалй муаррифй карда буд.

Бар асоси кабули Изхороти мазкур Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон карори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон» ба тасвиб расонида, матни Изхороти Шурои Олиро рочеъ ба истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон тасдик ва эътироф намуд.

^абул шудани ин ду санади таърихй зарурати такмили Эъломияи Истиклолияти Ч,умхурии Точикистонро ба миён овард. Бо дарки ин амри вокей Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон карори худро «Дар хусуси дохил кардани тагйиру иловахо ба Эъломияи Истиклолияти Ч,умхурии Точикистон» кабул намуд. ^абл аз хама Точикистон ба сифати давлати сохибистиклол, демократй ва хукукбунёд (моддаи 1) эълон гардид. Фузун бар ин, аз моддаи 4 -и Эъломия ифодаи «гайр аз масъалахое, ки ихтиёран ба салохияти Иттифоки РСС дода мешаванд» хорич шуд, ки мохиятан меъёре буд, ки вобастагии Точикистонро ба Иттиходи Шуравй аз миён бардошт.

Иддаои Точикистон дар мавриди истихроч, коркард ва нигохдории мустакилонаи тилло, ташкили захираи тилло, алмос ва дигар сангу филизоти киматбахо ва мухимтар аз хама даъвои Точикистон дар мавриди сахми худ дар захираи тилло ва асъори Иттиходи Чдмохири Шуравии Сотсиалистй амре вокей ва одилона буд, ки он низ далели татбики гояи истиклолияти давлатии Точикистон мебошад. Ин ва чанд матлаби дигаре, ки дар бахшхои гуногуни ин санади сарнавиштсози миллат тачассум пайдо намудаанд, сохибихтиёрии Точикистонро расмият бахшид ва барои рушду инкишофи мустакилонаи он дар анчумани чомеаи башарй рохро хамвор намуд.

Баъд аз он ки 9 сентябри соли 1991 ин тагйиру иловахо ба ^онуни Асосии Ч,умхурии Точикистон ворид карда шуданд, истиклолияти Точикистон дар сатхи меъёри конститутсионй расмият пайдо кард.

Аз баррасй ва тахлили асноди хукукии расмй бармеояд, ки гояи истиклолчуиву истиклолхохй дар тули як сол рохи тахаввулу такомулро паймуда, мунтахо то ба сатхи дарку эътирофи истиклолияти вокеии чумхурй рушд намудааст.

Мутаассифона, раванди амалии тачаддуди низоми сиёсии чомеа, сохтори давлатй, тачзияи шохахои хокимият, ислохоти сохторй дар хокимияти ичроия бар асоси меъёр ва кавонини чомеаи демократй, ки огозгоххои он дар Эъломия матрах гардида буд, дар бархурд бо ташаннучи вазъи сиёсй, даргирии чанги шахрвандй, мудохила ва манфиатчуии нерухои беруна ба шикасту нокомй мувочех шуд. Сарнавишт дар айёми бедорй ва истиклолхохии точикон боз як имтихони сахту сангинеро дар ру ба руи эшон пеш гузошт. Ибтикороти рохандозии хадафхои Эъломияи истиклолият ва тачассуми хукукии онхо дар ^онуни Асосии кишвар дар фочиаи хуношоми миллй фуру монд. Бо тавтеаи куввахои сияхкори дохиливу хоричй Точикистон ба гирдоби чанги шахрвандй кашида шуд, курбонихои азими чонй, талафот ва хисороти бузурги иктисодиву маънавй пояхо, рукнхо ва асосхои давлатдориро фалач гардонид.

Дар чунин шароити душвору мураккаб шахрвандони тамоми манотики кишвар хамчун сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатй тавассути вакилони халк дар макоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузурги давлатдории хешро ифода сохта, муваффак шуданд, ки барои баркарор намудани асосхои давлатдорй ва таъмини конуният, сулх ва ризоияти миллй Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) баргузор гардад. "Ичлосия 16 ноябри соли 1992 дар Хучанди бостонй дар касри Арбоб 16 ноябри соли 1992 огоз шуд. Pyзи кушодашавии ичлосия аз 230 вакили мардумй 193 нафар хузур доштанд. Аз 37 вакили бокимонда 4 нафарашон рузхои баъдина тавонистанд дар конференсия хузур пайдо кунанд ва 3 нафари дигарашон дар кайди хаёт набуданд. 30 вакили мардумй дар кори ичлосия бе сабабхои узрнок хузур надоштанд».[НМ12]

Шурои Олии Чумхурии Точикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халку Ватан ва чомеаи чахонй ба душ гирифта, дар Ичлосия XVI самти тараккиёти чумхуриро муайян кард. Ичлосия ^онунхои Чумхурии Точикистонро "Дар бораи Парчами давлатии Точикистон", "Дар хусуси тасдики Низомномаи давлатии Чумхурии Точикистон "Дар бораи даровардани тагйироту иловахо ба Конститутсия (^онуни Асосй)" кабул кард, ки тибки ин конун ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон ба души Pаёсати Шурои Олй, Pаиси Шурои Олй ва Шурои Вазирон вогузошта шуд ва Pаиси Шурои Олии Точикистон Сардори давлат эълон гардид. Х,амзамон, Ичлосия ба манзури ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар як силсила конуну карорхо кабул кард, Шартномаи амнияти дастачамъии Иттиходи Давлатхои Мустакилро, ки мохи майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд, ба тасвиб расонид. Х,амчунин Ичлосия Сарвари давлат- Pаиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон, Pаёсати Шурои Олй, Шурои Вазиронро интихоб намуда, самтхои тараккиёт ва пешрафти чомеаи демократй, хукукбунёд ва дунявиро муайян намуд.

Бо хидояти хирадмандонаи Pаиси тозаинтихоби Шурои Олй Эмомалй Pахмон халки Точикистон бо эхтиром гузоштан ба озодй, хукуки инсон ва шахрванд ба масобаи арзишхои аслии башарй ва бо хадафи демократисозии чомеа ва бунёди давлати сохибихтиёр, демократй, хукукбунёд, дунявй ва ягона мархилаи тозаи конунгузориро дар каламрави кишвари хеш асос гузошт. Дар саргахи ин ибтикорот кабули Конститутсияи нави мамлакат карор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории точикон аз тарики раъйпурсии умумихалкй сурат гирифта, дар он андухтахои тамаддуни башарй дар робита ба озодии инсон, хукуки шахрванд, чомеаи демократй, хукукбунёд ва дунявй тачассуми равшан пайдо намуд ва хамчун хуччати рахнамои як давлати комилхукук аз чониби чомеаи чахонй эътироф шуд.

Истикрори хокимияти конститутсионй ва он тагйироти куллй, ки ба дунболи баргузории ичлосияи шонздахуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон падид омад, давраи комилан наверо дар низоми конунгузорй, сиёсати хукукй ва мавкеъву макоми Точикистон, ки аз чониби чомеаи чахонй ба хайси кишвари комилхукук эътироф гардида буд, ба миён овард. Дар мехвари пайомадхои ин мархилаи нав тахия ва кабули Конститутсияи давлати сохибистиклоли точикон карор дошт. Тахияи аслхои бунёдгузори Сарконун ва дигар асноди хукукй, минчумла конунхои мутобик ба замон ва шароити нави таърихй аз омилхои асосии суботи ичтимоиву сиёсии чомеа махсуб мегардиданд. Тагйироти куллии низоми давлатдорй расмияти вокеият ёфтани онро дар низоми конунгузории мамлакат низ такозо дошт, ки аввалин падидахои он дар чараёни ичлосияи шонздахуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба зухур омада буд.

Бо хидояту дастуроти Pаиси Шурои Олй, ки бунёди асосхои давлати сохибистиклоли точиконро бар пояи манфиатхои миллй хадафи олй эълом дошта буд, чавхари гоявии ислохоти низоми конунгузорй муайян карда шуд. Савганд ва суханронии Эмомалй Pахмон дар маснади

Раиси Шурои Олй, пайваста бо фаъолияти рохбарй ва извороту суханронихои у назариёт ва фалсафаи давлатдориашро ба вучуд оварда, заминаи консептуалии тачаддуди низоми конунгузориро фарохам сохт. ^атъият, пофишорй ва суботи Рохбари мамлакат дар таъйиди сохти давлатдорй: давлати демократй, хукукбунёд ва дунявй бо хифзу иршоди хувияти миллй хадафе буд, ки пайванди таъриху замон ва Точикистону чахонро аз назари низоми конунгузорй имконпазир мегардонид. Хдмин назариёт ва дастуроти усулии Эмомалй Рахмон буд, ки Сарконуни Точикистон дар ниходи худ имконоти истикболи вижагихои таърихиву замониву чахонй, замина ва дурнамохои рушди Точикистонро дарёфт намуд.

Аз таърихи тахаввулоти низоми конунгузорй дар Чумхурии Точикистон ва ислохоти конститутсионй дар поёни асри бист бармеояд, ки кушишхои тахияи лоихаи Сарконуни нави Точикистон дар аввали солхои навадум шуруъ гардид, аммо ташаккули гояи мехварй ва чараёни пайрезии он то ба мархилаи нихоии тахия ва кабули Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистони сохибистиклол мантикан натичаи амалй гардидани назария ва тадбирхои мушаххаси Эмомалй Рахмон дар самти ислохоти конситутсионй мебошад. ^абули "Изворот дар бораи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон», ^арори Шурои Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи эълон шудани истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» ва ^арори Шурои Олии Чумхурии Точикистон «Дар хусуси дохил кардани тагйиру иловахо ба Эъломияи Истиклолияти Чумхурии Точикистон» дар солхои 1990-1991 аз чумлаи омилхое буданд, ки раванди кабули ^онуни Асосиро суръат бахшиданд

Вале кушиши вокеан чиддй ва хадафманди тахияи Лоихаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон баъд аз Ичлосияи шонздахуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон бо истикрори сохти конститутсионй дар чумхурй ва таъсиси макомоти нави хокимияти давлатй огоз шуд. Баъдан Ичлосияи хабдахуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз рохи дохил намудани тагйиру иловахо ба ^арори Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон» хайати нави Комиссияи конститутсиониро бо рохбарии Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон тасдик намуд. "Тахияву кабули аввалин Конститутсияи давлати мустакили Точикистон ва ворид кардани тагйироту иловахо ба он дар замони барои Точикистон бисёр душвору махсус гузаронида шуд". [НМ 24]

Дар ниходи ислохоти конститутсионии Эмомалй Рахмон ду муктазоёти мухими сиёсй -хамохангй бо низоми хукукй ва конунгузории байналмилалй ва андешаву тафаккури миллй, ки аз аъмоки таърихи точикон сарчашма мегирад, чун дидгоххои усулй тасаллут пайдо карда буд. Ин аст, ки дар шинохту тафсири хукукхои инсон ва рисолати давлату давлатдорй аз эъломияи хукуки инсони Куруши Кабир то ба оину дастурхои чахондории хонадонхои шарофатманди Сосониёну Сомониён, аз нозукихои чахоншиносии таърихиву динии мардум то ба конунгузорихои даврони Шуравй дар назария ва андешахои сиёсии Пешвои миллат гунчоиш ёфта, Конститутсия (Сарконун)-ро то ба хадди мутобикати комили он бо арзишхои миллй ва умумибашарй мукаммал гардонид.

Дар партави дастуроти мазкур гурухи кории Раёсати Шурои Олии Чумхурии Точикистон бо корбандии дастовардхои илми хукукшиносй, хукуки байналмилалй ва суннату тафаккури хукукии миллй дар муддати шаш мох ду лоихаи Конститутсия, яке шакли идораи президентй ва дигар шакли идораи парламентиро тахия намуда, ба мухокимаи мардум пешниход кард. Тахия намудани ду лоиха бесабаб набуд. Аз замони тахияи аввалин лоихаи Конститутсияи (^онуни Асосй) нави Чумхурии Точикистон, ки мохи апрели соли 1992 пешниход гардид, дар афкори умум дар асоси бархурди нерухои мухталифи сиёсиву ичтимоии чумхурй дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Точикистон акидахои гуногун ва хатто комилан хилофи хамдигар изхор мешуданд. Комиссияи конститутсионй бо дарки масъулият ва дар натичаи тахлили амики вокеияти сиёсии кишвар бинобар адами хизбу созмонхои сохибтачриба ва фарохам наомадани пойгохи муносиби идоракунии парламентй дар Точикистон ба хулосаи ягона расид, ки лоихаи шакли идораи президентии чумхурй ба мухокимаи халк тавсия карда шавад. Дар таърихи давлатдории навини точикон бори нахуст "6 ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалкй барои кабули Конститутсия (Сарконун) баргузор гардид. Натичаи раъйпурсии умумихалкй хеле муассир буд ва беш аз 87% шахрвандон лоихаро чонибдорй намуда", [3,36] сарнавишти худро мутобики он муайян карданд. Ин истикболи мардум аз лоихаи Конститутсия (Сарконун) ва интихоби Эмомалй Рахмон ба макоми Президенти Чумхурии Точикистон, ки дар хамин руз ба вукуъ пайваст, хуччати котеи дастгирии хамачонибаи ислохоти конститутсионии Президент, хадафу барнома ва дурнамохои сиёсати дохиливу хоричии у буд.

Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон [1,126] бо эътирофу сабти сохибихтиёрии мардуми Точикистон шуруъ шудааст. Мукаддимаи Конститутсия (Сарконун) бо суханони «Мо, халки Точикистон, ... хамин Конститутсияро кабул ва эълон менамоем» огоз меёбад. Мувофики ин хидояти Конститутсия (Сарконун) халки Точикистон бо назардошти вокеияти таърихй сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро таквият бахшид. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия (Сарконун) хусусияти меъёрй касб намуда, халк ба сифати «баёнгари сохибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатй» эътироф шудааст. Конститутсияи (Сарконуни) Точикистон аввалин маротиба мафхуми таркибии халкро муайян намуда, тасарруфи хокимияти давлатиро аз чониби хизбу созмон, гурухе ва ё фарде манъ кард.

Конститутсия (Сарконун) Точикистонро давлати вохиду ягона эълон намуда, шакли идории чумхуриро аз рохи эътирофи Президенти Чумхурй ба сифати Сарвари давлат ва Раиси хукумат истехком бахшида, чумхурии навъи президентиро муайян кард.

Дар фосилаи панч сол, ки баъд аз кабули Конститутсия (Сарконун) сипарй гардид, бо истехкоми субот ва истехкоми вахдати миллй дар каламрави Точикистон дар хаёти чомеа тахаввулот ва пешрафтхои ба назар намоён ба вучуд омад. Аз чониби дигар, Конститутсия (Сарконун) дар айёме кабул шуд, ки оташи зиддият ва муковимати нерухои мухталиф хануз фуру нанишаста буд ва сохтори сиёсиву низоми ичтимоии Точикистон дар холи тачдиду ташаккул карор дошт. Танхо пас аз се соли кабули Конститутсия (Сарконун), ки талошхои хастагинопазири Сарвари давлат дар рохандозии сулху оштй ба марзи фарчоми мантикии худ расид, мамлакат дар хама буъдхои иктисодиву ичтимоии худ ба давраи сифатан нави пешрафту тахаввул ворид гардид. Падид омадани зарурати ворид кардани тагйиру иловахо ба Конститутсия (Сарконун) такозои раванди такмили низоми сиёсй ва афзудани макоми чахонии Точикистон ва натичаи ибтикороти сарнавиштсози Раёсати олии Чумхурии Точикистон буд, ки муваффак шуд, кишварро аз нахустмарохили низоми конунгузорй ва давлатдорй то ба макоми давлатдории сатхи чахонй иртифоъ бахшад.

Чунонки тачрибаи таърих хам шаходат медихад, Конститутсия (Сарконун) санадест зодаи шароит ва муносибатхои муайяни чамъиятй, ки тахаввулоти сиёсиву ичтимоиро бо махфуз доштани аслхои бунёдгузори хеш дар худ тачассум менамояд. Бо дарки хамин хакикат ва бо назардошти тасаллути вахдати миллй дар субот ва рушди давлату давлатдории точикон хам рохбарияти олии Чумхурии Точикистон ва хам сарварони Иттиходи нерухои мухолифин дар раванди музокироти тулонии миёни точикон тасмим гирифта буданд, ки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шавад. Тибки Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон макоме, ки амалй шудани меъёрхои онро ба ухда дошт, Комиссияи Оштии Миллй (КОМ) буд. Ба радифи масъалахои дигаре, ки халлу фаслашон ба ухдаи ин комиссия вогузор карда шуд, масъалаи дохил кардани тагйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) кишвар низ шомил шуд. 26 сентябри соли 1999 бо раъйи халк як силсила тагйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) кишвар ворид гардиданд.

Мутобики ин навоварихои конститутсионй аввалин бор дар таърихи сиёсии Точикистон парламенти думачлисаи доимамалкунандаи касбй ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллй ва амалияи демократисозии давлату давлатдорй таъсири файзбахше расонид.

Таъсиси макомоти олии конунгузории дорои ду палата ва ба вучуд овардани низоми парламентаризми касбй дар Точикистон худ дастоварди мухиме буд, ки ба раванди такмили сохтору мухтаво ва тачдиди назар ба конунхои амалкунандаи Точикистон муассир омада, манзалат ва фарханги конунгузориро ба сатхи чахонй мутобик намуд.

Тагйиру иловахо дар кисмати хокимияти ичроия асосан салохияти Президенти Чумхурии Точикистонро фаро гирифта, мухлати салохияти президентиро аз панч то ба хафт сол тамдид намуда, ба у хакки мустакилона таъсис ва бархам додани вазорату кумитахои давлатй, хакки мустакилона баровардани масъалаи ворид кардани тагйиру иловахо ба Конститутсия аз тарики раъйпурсии умумихалкй, хакки мустакилона таъин ва озод намудани намояндагони салохиятдори Точикистон (сафирон) ва гайраро афзудааст.

Дар партави конунмандии ичтимой, дигаргунихои куллй дар хаёти чомеа ва дастовардхои кишвари ру ба инкишоф ворид намудани тагйиру иловахои навбатй ба Конститутсияи Точикистон ба миён омад, ки он рузи 22 июни соли 2003 бо раъйи мардум амалй гардид.

Дар фосилаи ду ислохоти конститутсионй парламенти думачлисаи доимамалкунанда таъсис ёфт, макомоти ичроия ва сохтори иктисодии кишвар такмил пазируфтанд, макомоти судй аз мустакилияти бештаре бархурдор гардид, хукук ва озодихои инсон ба сифати арзиши олй умку

вусъат пайдо намуданд, ки дар мачмуъ ниходи демократии Конститутсия (Сарконун)-ро гано бахшида, дар пойдории амнияту осоиш, бехдошти сатхи зиндагии мардум заминаи лозимро мухайё карданд.

^абули Конститутсияи (Сарконун)давлати мустакили Точикистон то ба давраи ворид кардани тагйиру иловахо ба матни он тахти назари мушикофонаи Президенти мамлакат карор дошт ва бо иродати мардум тасдик гардид. Ин мархилаи мураккабу душвори ташаккули бунёди консептуалии давлатдории навини точикон, тамомият пайдо кардани назариёти давлатдории миллй ва расмият ёфтани асосхои хукукии он буд, ки аз чониби мардум ва чомеаи чахонй эътироф карда шуданд. Х,ам Конститутсия (Сарконун) ва хам тагйиру иловахо ба он бо доштани заминахои нируманди таърихиву миллй вокеияти замон ва чахонро тачассум намуда, низоми сиёсии навинро бунёд гузоштанд, ки аз низоми сиёсии Ч,умхурии Шурави Сотсиалистии Точикистон хам аз лихози сабки давлатдорй ва хам бо гояи мехварй ва хам аз нигохи хукуку озодихои инсон ба куллй тафовут дорад.

Президенти мамлакат ба хайси кафили Конститутсия (Сарконун) дар консепсияи давлатдорй ва сиёсати амалии худ такмили ислохоти хукукиро як раванди муназзаму муттасили чомеаи шахрвандй, як раванди хамешагии тачаддуд дар рохи камолоти давлати демократй тафсир намуда, хамвора таъкид ва гушзад мекунад, ки бо назардошти ташаккули муносибатхои нав дар сиёсати дохилй ва хоричии кишвар барои рушди низоми нави хукукй, аз байн бардоштани ихтилофоти санадхои конунгузорй, таъмини хамохангй ва фазои ягонаи конунгузорй, экспертизаи дакики илмй, молиявй, иктисодй, ичтимой ва зиддикоррупсионй, эчоди конунхои нав ба манзури танзими хукукии муносибатхои бозаргонй, фаъолиятхои бонкиву сохибкорй ва дигар ниходхои мутараккии иктисодй, тахияи консепсияи пешгуии инкишофи конунгузории Точикистон ва баланд бардоштани сатхи маърифати хукукии шахрвандон рохро хамвор бояд кард.

Низоми нави давлатдорй, ки Президенти мамлакат дар натичаи ислохоти конститутсионй ва низоми конунгузорй тархрезй намуд, барои озодии инсон ва чомеа мухит ва заминахои вокей мухайё карданд. Х,амзамон бо озодии андеша, вичдон, акоид ва раъю иродат, озодии фаъолиятхои иктисодй барои хар як шахрванд фарохам оварда шуд. Озодии инсон ва бузурдошти хукукхои у бо бунёдгузорй ва такмили ниходхои муносиби умури сиёсй , ичтимой ва фархангй чомеаи точиконро ба дарёфти Истиклолияти миллй, ки орзуву омоли чандинасраи ин кавми муаззам буд, тавфик бахшид. Озодии инсон, истиклолияти миллат ва давлатдории миллй, ки Президент хануз дар поёни соли 1992 хадафи олии худ эълом дошта буд, бо захмати шабонарузии у ва пайравии содиконаи фарзандони бонангу номуси Ватан пойдор гардид.

ПАЙНАВИШТ:

1. Конститутсияи Цумуурии Тоцикистон аз соли 1994 бо тагйироту иловщои 1999,2003. -Душанбе: Ирфон, 2003. -32 с.

2. Очерщои таърихи Тоцикистони со^ибистицлол. - Душанбе,2016. - 463с.

3. Рацмон, Эмомали. СуханроМ дар цашни 15-солагии Конститутсияи Цумуурии Тоцикистон аз 5 ноябри соли 2009. [манбаи электрони]: http://president.tj

4. Шарифзода А. Гафуров А. Нацотбахши миллат. Душанбе, 2012. - 320 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.