Научная статья на тему 'Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development'

Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
6529
342
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОЦИАЛЬНО-ПОЛИТИЧЕСКАЯ СУЩНОСТЬ КОНСТИТУЦИИ / РЕАЛИЗАЦИЯ КОНСТИТУЦИИ / КОНСТИТУЦИОННОЕ ГОСУДАРСТВО / КОНСТИТУЦИОННОЕ УПРАВЛЕНИЕ / КОНСТИТУЦИОННОЕ ОБЩЕСТВО / КОНСТИТУЦИОННОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ / INSTITUTE OF CONSTITUTIONALISM / SOCIAL-POLITICAL ESSENCE OF CONSTITUTION / IMPLEMENTATION OF THE CONSTITUTION / CONSTITUTIONAL STATE / CONSTITUTIONAL GOVERNANCE / CONSTITUTIONAL SOCIETY / CONSTITUTIONAL REGULATION

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Мухторов Киромиддин Точиевич

Настоящая тема является одной из наиболее актуальных тем науки конституционного права, в ней дан анализ концептуально-теоретических основ института конституционализма в Республике Таджикистан, а также социально-правовые предпосылки для дальнейшего его совершенствования. В статье отмечается, что только в случае организации инфраструктуры конституционализма будет возможность прогнозировать дальнейшее его развитие. Сама концепция конституционализма (конституционное государство, конституции-онное управление, верховенство права) исходит из идеи естественного права и является буржуазно-демократической антитезой феодальной абсолютной власти. Именно с этого этапа и начинается институционализация конституционализма как концепцпия ограниченного управления в рамках Конституции.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The present theme is one of the most actual in the science of constitutional law, the author gives the analysis of the constitutional-theoretical foundations of constitutionalism in the Republic of Tajikistan; social-legal prerequisits of its further perfection being presented as well. It is noted that only if infrastructure is organized a further development of constitutionalism may be prognosticated. The very conception of constitutionalism (constitutional state, constitutional governance, rule of law) proceeds from the idea of natural right and is a bourgeoise-democratic antithesis to feudal absolute power. It is just that stage from which institutionalization begins as a conception of limited governance in the frames of the Constitution. The following items may act as the infrastructure of the institute of constitutionalism: legal, social-economic and cultural prerequisites, such as perfection of the legislation system in accordance with the provisions of the Constitution; establishment of the mechanisms of realization of the provisions referring to the international-legal instruments recognized by Tajikistan; creation of a commentary to the Constitution by the Constitutional Court interpreting each article; insurance of equal availabilities for citizens in order the latters could take part in governing state and society, etc.

Текст научной работы на тему «Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development»

Мухторов К.Т. Конститутсионализми Точукистон: масоили хукукии татбик ва рушди он

УДК 34 С (2т)

ББК 67.400.1 (2т) К. Т. МУХТОРОВ

КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ ТОЧ.ИКИСТОН: МАСОИЛИ КУКУКИИ

ТАТБИК ВА РУШДИ ОН

Давлат хдмчун ташкилоти махсуси хокимияти сиёсй ва субъекти муно-сибатхои байналхалкй бо санади эъломиявии истиклолияти давлатй ва конуни асосиаш ба чомеаи чахонй муаррифй карда мешавад. Сарконуни давлат дар даврахои ибтидоии ташаккулёбии худ хамчун «Эъломия» [8, с. 45], «Созиш-нома», «Хартия», «Конуни асосй» ва ё худ «Конуни конститутсионй» [7, с. 4] ном бурда мешуд.

Вожаи «конститутсия» маънои «сохт, мукаррар кардан» - ро дошта, барои ифодаи конуни асосии давлат дар чараёни инкилобхои буржуазй пайдо шудааст. Дар даврони феодалй бошад мафхуми мазкур мазмунан дигар чизро ифода менамуд. Конститутсияхои Амрико (соли 1787) ва Фаронса (соли 1791) аввалин конститутсияхои буржуазй эътироф карда шудаанд.

Аз хамин давра сар карда мархилаи падидасозии конститутсионй хдмчун дурнамои идоракунии махдуд дар доираи конститутсия огоз мегардад. Худи дурнамои конститутсионй (давлати конститутсионй, идоракунии конститут-сионй, волоияти хукук) бошад аз гояхои хукуки табий сарчашма гирифта, антитезаи буржуазию демократии истибдоди феодалй ба хисоб меравад.

Конститутсия хамчун конуни асосии давлат манфиатхо ва иродаи халк ё худ гуруххои (табакахои) алохидаи ичтимоии чамъиятро ифода намуда, асосхои мухими сохтори чамъиятй ва ташкили хокимияти давлати дахлдорро дар заминаи манфиатхои онхо мустахкам месозад.

Конститутсия хамчун санади олии хукукии давлатй аз руи нишонахои хукукй, ичтимой, ифодакунии демократия, шакл, тартиби кабул ва тагйирдихй, доираи амал, максаднокй тасниф карда мешавад.

Дар таълимоти хукукии муосир мохияти Конститутсия як навъ шартномаи чамъиятй махсуб шудааст, ки дар он муносибатхои мухими давлат ва шахрванд мукаррар карда мешаванд.

Назариядонхои конститутсия бар он акидаанд, ки Конститутсия на танхо доираи хокимияти давлатиро махдуд мекунад, балки дар як вакт мурофиаи баамалбарории функсияхои хокимиятиро низ мукаррар менамояд.

Х,амчун санади сиёсиву хукукй ва фишурда конститутсия бояд, ки меъёрхои махсусан мухимро танзим намуда, таъиноти ичтимоии худро ичро намояд.

Кобили кайд аст, ки меъёрхои хукукии одй аз меъёрхои конститутсионй на танхо аз лихози мукарраркунии усул ва шаклхои баамалбарории хокимияти давлатиашон, балки хамчунин аз хисоби мухиммияти матлаби батанзимандозии хукукиашон низ фарк мекунанд. Дар киёс аз конунхои одй Конститутсия муно-

- 28 -

Mukhtorov K.T. Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development

сибатхои нихоят мухими хдёти сиёсии давлат ва чамъиятро танзим менамояд. Меъёрхои мууимияти муносибатуои ууцуци низ пурра муайян набуда, вобаста ба хар як давлат - шакли идоракунй, сохти давлатй, речаи сиёсй, низоми хукукй, дурнамои идеологй ва ба ин монанд махсусиятхо фарк мекунанд...

Дар Точикистон 5 маротиба Конститутсия кабул карда шудааст, ки ин вобаста ба шаклхои давлатдорй ба се давра таксим карда мешаванд:

Давраи якум, ин давраи дар мухторият карор доштани Точикистон дар хайати ЧШС Узбекистон махсуб меёбад. Анчумани дуюми ЧМШС Точикистон 28 апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини чумхуриро кабул кард, ки он мувофики Конститутсияи ИЧ,ШС (соли 1924) ва Конститутсияи Ч,ШС Узбекистон (соли 1927) тахия карда шуда буд.

Давраи дувум, ин давраи кабули се Конститутсияи ЧШС Точикистон дар асоси кабул шудани Конститутсияхои нави ИЧШС ба хисоб меравад.

Конститутсияи аввалини чумхурии иттифокии Точикистон 25-уми феврали соли 1931 дар Анчумани чоруми шурохои Точикистон кабул карда шудааст.

Конститутсияи ЧШС Точикистон бошад якуми марти соли 1937 дар Анчумани шашуми фавкулодаи шурохои чумхурй кабул гардида буд.

Конститутсияи соли 1978 санаи 14 апрел дар Ичлосияи хаштуми гайринав-батии Шурои Олии ЧШС Точикистон, даъвати нухум кабул карда шуда буд. Ва нихоят давраи савум, ин давраи кабули Конститутсияи нави давлати сохибистиклоли Точикистон - 6 ноябри соли 1994.

Добили зикр аст, ки хусусан Конститутсияи соли 1978 бо тагйиру иловахои соли 1990, ки дар асоси Эъломияи истиклолияти давлатии Чумхурии Точи-кистон ба амал пазируфта шуда буд, дар барпоёбии чумхурии тозаистиклоли Точикистон накши такдирсоз гузоштааст.

Х,адафхои сиёсиву ичтимоии кабули Конститутсияи нави чумхурй бошанд ин пеш аз хама таъмини уаёти осудаву ороми халц, бартараф кардани оцибатуои цанг, ноил гаштан ба созиши милли, гузаштан ба ицтисоди бозоргони, муътадил фаъолият кардани сохторуои давлати, ба роу мондани муносибатуои байналмилали ва гайра махсуб меёфтанд [3, с. 187].

Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон [5] хамчун поягузори давлати сохибистиклол, хукукбунёд, демократй, дунявй, ягона ва ичтимоии Точикистон 6-уми ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар асоси изхори иродаи бевоситаи халки Точикистон бо тарики райъпурсии умумихалкй кабул гардид. Халки Точикистон худро боифтихор чузъи чудонашавандаи чомеаи чахонй, дар назди наслхои гузашта, хозираю оянда масъул, пуштибони сохибих-тиёрии давлати худ, эхтиромгузори хукуку озодихои шахс ва истиклолияти давлатхои чахон, тахкимбахши дустии тамоми халкияту миллатхо ва бунёдгари чомеаи адолатпарвар эълон дошт.

Конститутсия тартиботи асосии хукукии хаёти чомеа буда, аз чихати мазмуни худ конуни асосии мамлакат мебошад, ки сохти чамъиятй ва давлатй, муносибатхои муштараки зинахои хокимият, ташкили фаъолият ва хадди ваколатхои макомоти олии хокимият, асосхои ташкили идоракунии давлатй ва худидоракунии махаллй, низоми хокимияти судй, самтхои асосии сиёсати хоричии чумхурй, вазъи хукукии инсон ва шахрвандро муайян ва мустахкам

- 29 -

Мухторов К.Т. Конститутсионализми Точукистон: масоили хукуции татбик ва рушди он

намуда, арзишхои олии (милливу фархангии) халку миллатхоро дар худ инъикос менамояд.

Чй тавре ки олими рус В.Е. Чиркин кайд намудааст: «Барои он ки Консти-тутсия амал кунад, дар вай бояд шароити вокеии давлат, сатхи маърифати хукукии ахолй, иродаи халк барои тахкими асосхои демократй ва баамалба-рории ислохоти ичтимоию иктисодй ва ба ин монанд дигар омилхои хаёти чамъиятй ба инобат гирифта шаванд» [8, с.67].

Х,амин тарик Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, чи тавре ки дар боло кайд намудем, дар асоси ташкил шудани давлати сохибистиклоли Точикистон кабул гардида, асосхои сохтори конститутсионии Точикистонро дар худ мустахкам намуда, усул ва роххои баамалбарории онхоро бо назардошти фарханги миллй ва арзишхои умумибашарй муайян месозад. Ба сифати асосхои сохтори конститутсионй дар Точикистон хокимияти халкй (сохибихтиёрии халкй), мавчудияти Чумхурии Точикистон хамчун ташкилоти (махсуси сиёсй) хамаи халк, эътирофи инсон ва хукуку озодихои он хамчун арзиши олй, демократия хамчун асоси хаёти давлатию чамъиятй, гуногун-андешии сиёсиву мафкуравй, гуногуншаклии моликият ва фаъолияти озоди иктисодй ва ба ин монанд арзишхо баромад мекунанд.

Президенти чумхурй, мухтарам Эмомалй Рахмон ин вокеаи тарихиро хамчун дастоварди миллй бахо дода кайд менамояд, ки: «Вокеан кабули Конститутсияи нави давлати сохибистиклоли Точикистон имкон дод, ки низоми мукаммали хукукиву сиёсй ташаккул ёфта, асосхои рушди устувор ва пешрафти иктисодиву ичтимоии мамлакат ба вучуд оварда шаванд» [2, с. 36].

Асолати Конститутсия бояд пеш аз хама дар мавчуд будани имкониятхои татбики бемайлони худи он ифода мегардад. Масъалаи татбики меъёрхои конститутсионй вокеан бисёрчабха буда, кушиш менамоем, ки оид ба шаклхои асосии хукукй-давлатии амалигардонии он тахлилхо гузаронем.

Нахуст, кабл аз огози тахкик зарур мешуморем, ки ба мазмуни мафхуми «татбики конститутсия» равшанй андозем. Дар адабиётхои хукукй мафхумхои «амалишавии конститутсия» маъмулан ба чашм мерасад, ки дар аксар холатхо хаммаънои мафхуми «татбики конститутсия» истифода мешавад. Дар асл ин ду мафхум ба хам тавъам набуда, миёни онхо фаркияти маъной мавчуд аст...

Конститутсия хамчун санади меъёрию хукукии кувваи олии хукукидошта муддати тулонии таърих амал карда истода, чун унсури хатмии инкишофи хукукй-давлатии рушди чамъият баромад мекунад. кувваи амали Конститутсия хусусияти мунтазамро дошта, танхо дар сурати кабули Конститутсияи нав метавонад, ки Конститутсияи пешина кувваи амали худро гум кунад.

Чуноне, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар соли 1978 бо чумла тагйироту иловахо танхо аз лахзаи кабули Конститутсияи (Сарконуни) Ч,умху-рии Точикистон дар соли 1994 кувваи амал намудани худро гум кард.

Х,амин тарик татбщи Конститутсия - ин фаъолияти мацсадноки субъек-тони босалоуият - мацомоти давлати, мацомоти худидоракунии мауаллй, шахсо-ни мансабдори ощо, шаурвандон ва иттиуодияуои цамъиятии ощо барои баамал-барории асосуои сохтори давлатй ва цамъиятй, ууцуц ва озодиуои шахс ба уисоб меравад.

- 30 -

Mukhtorov K.T. Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development

Татбики меъёрхои конститутсионй асосан дар хдёт татбик намудани мукар-рароти Конститутсияро дар сатхи дилхох ва шаклхои муайян такозо мекунад. Дар илми хукуки конститутсионй чунин шаклхои хукукию давлатии татбики меъёрхои конститутсионй маъруфанд: 1) ташкили ичроиши меъёрхои конститутсионй; 2) баамалбарории бевоситаи меъёрхои конститутсионй бо рохи исти-фодабарй ва риоякунй; 3) татбики чорахои тарбия ва дар холатхои зарурй исти-фодаи чорахои мачбуркунй барои ичроиши меъёрхои конститутсионй ва пеш-бинии чазо барои ичро накардани онхо; 4) тафсири меъёрхои конститутсионй.

Чи тавре ки дар боло кайд намудем, шакли якуми татбики меъёрхои конститутсионй - ин ташкили ичрои меъёрхои конститутсионй махсуб меёбад.

Ба сифати шаклхои ташкилии татбиккунандаи меъёрхои конститутсионй метавон санадхои меъёрии дар асоси Конститутсия таълифшудаи мукаррар-кунанда ва аниккунандаи меъёрхои конститутсиониро номид, ки бо максади муайянкунии тартиби истифодабарй, риоя ва татбики онхо кабул карда шудаанд. Дар навбати худ ин ба мукаррароти Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон дар бобати кувваи бевоситаи амали меъёрхои конститутсия (м. 10) мухолиф намебошад. Меъёрхои конститутсионй вобаста ба хусусиятхои танзимкуниашон гуногун татбик карда мешаванд:

Якум, дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон як кисм меъ-ёрхое чой дода шудаанд, ки бевосита амал мекунанд. Яъне метавон аз меъёри дахлдори Конститутсия бевосита иктибос овард. Ч,унин меъёрхо дар бобхои гуногуни Конститутсия чой доранд: дар тавсифи принсипхои асосхои сохтори конститутсионй, вазъи хукукии инсон ва шахрванд; дар ташкил ва фаъолияти макомоти хокимияти давлатй ва гайра. Аммо бо назардошти он ки Консти-тутсия хамчун конуни махсус дорои функсияхои сиёсй ва мафкуравй мебошад, микдори чунин меъёрхо низ на он кадар зиёданд.

Агар мо гуем, ки меъёрхои Конститутсия бе механизмхои иловагии хукукй татбик мешавад, он гох иштибохе хохад буд, зеро татбики меъёри Конститут-сия метавонад, ки танхо ва бевосита дар асоси санади Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон татбик гардад. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф миёни меъёри Конститутсия ва конуни оддй сараввал бояд ки меъёри хилофи Конститутсия бекор карда шавад ва пас Конститутсия бевосита амал кунад.

Дуюм, амали танзимкунии меъёрхои Конститутсия дар он зохир мешавад, ки онхо метавонанд танхо дар мачмуъ бо дигар меъёрхои дар конунгузории чорй мустахкамшуда пурра татбик гарданд. Ин хусусияти Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон пеш аз хама дар он ифода меёбад, ки дар он тавассути меъёрхои хаволакунанда зарурати тахия ва кабули конунхои мохияти онро ифодакунанда пешбинй карда шудаанд. Дар асл чй тавре ки консти-тутсионалисти машхури Русия С.А. Авакян бисёр чолиб кайд намудааст: «конститутсия набояд то ба сатхи танзими муносибатхои конкретй паст фарояд» [1, с. 194]. ^иёси меъёрии Конститутсияхои Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Русия аз руи хачми танзими муносибатхои чамъиятй нишон медихад, ки дар Конститутсияи Русия баъзе муносибатхо каме васеътар танзим ёфтаанд. Масалан, танзими хукукии худидоракунии махаллй. Агар худидоракунии ма-халлй дар Конститутсияи Ч,Т танхо дар кисми 6-уми моддаи 78 ишора шуда

- 31 -

Мухторов К.Т. Конститутсионализми Точукистон: масоили хукуции татбик ва рушди он

бошад, дар Конститутсияи ФР ба ин институти хокимият як боби алохида бахшида шудааст.

Дар чунин холат меъёрхои Конститутсия бо меъёрхои конунхои сохавй пурра карда мешаванд. Чунин намуди меъёрхоро метавон ба ду гурух чудо намуд: якум, меъёрхое, ки зарурати кабули конунхои конститутсиониро такозо мекунанд; дуюм бошад меъёрхое, ки кабули ин ё он конунхои одиро пешбинй мекунанд.

Баробари тахлили меъёрхои мукарраркунанда ва банакшагирандаи кабули конунхои такмилдихандаи мазмун ва мохияти Конститутсияи (Сарконуни) Кумхурии Точикистон муайян карда шуд, ки зарурати кабули зиёда аз 59 конунхои конститутсионй ва одй ба миён омадааст. Вобаста ба меъёрхои муайянкунй ва намуд конунхои мазкурро метавон ба тарики зайл гурухбандй намуд:

а) Конунхои конститусионие, ки кабули онхо дар Конститутсия пешбинй шуда, кабул карда шудаанд - 14-то (моддахои 7, 15, 47, 48, 49, 5І, 66, 74, 78, 83, 84, 89, 95); б) Конунхои конститутсионие, ки кабулашон дар Конститутсия пешбинй шуда, вале то хол кабул карда нашудаанд - 1 -то (Масалан, дар моддаи 61 Конститутсияи (Сарконуни) Кумхурии Точикистон тафсири Конститутсия дар шакли конуни конститутсионй пешбинй гардидааст); в) Конунхои конститутсионие, ки бе нишондоди Конститутсия кабул карда шудаанд - 1-то (Конуни конститутсионии Кумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995, №106 «Дар бораи райъпурсии Кумхурии Точикистон»); г) Конунхои оддии амалкунандае, ки кабулашонро Конститутсия мукаррар намудааст - 22-то; г) Конунхои конститутсионие, ки аз дурнамои банакшагирии Конститутсия берун монда, вале, вобаста ба пурранамоии меъёрхои Конститутсия зарурият ба кабулро доранд; д) Конунхои одие, ки аз дурнамои банакшагирии Консти-тутсия берун монда, вале вобаста ба пурранамоии меъёрхои Конститутсия зарурият ба кабулро доранд - 2-то (Масалан, дар банди 26 моддаи 69-уми КЧ,Т ба салохияти Президент додани хукуки панохгохи сиёсй ба шахрвандони хоричй вогузор карда шудааст, вале ба андешаи мо ин муносибати хукукй дар хачми меъёрхои алохида кофй набуда, кабули конуни мустакилро такозо мекунад); е) Конунхои одие, ки бе нишондоди махсуси Конститутсия кабул карда шудаанд - 17-то (Масалан, нишондоди моддаи 31-уми КЧ,Т «Шахрванд хак дорад шахсан ва ё якчоя бо дигарон ба макомоти давлатй мурочиат намояд» ва мувофикан кабул шудани Конуни КТ «Дар бораи мурочиати шахрвандон»; нишондоди кисми 2 моддаи 34-уми ККТ «Падару модар барои тарбияи фарзандон... масъуланд» ва кабул шудани Конуни КТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»).

Шакли дуюми татбики меъёрхои конститутсионй - ин бо рохи истифодаба-ри ва риоякуни бевосита баамалбарории меъёрхои Конститутсия ба хисоб мера-вад. Махсусияти меъёрхои конститутсионй дар он ифода меёбанд, ки онхо на танхо дар муносибатхои хукукй, балки дар муносибатхои гайрихукукй низ татбик карда мешаванд.

Истифодабарии меъёрхои конститутсионй инчунин шакли татбики меъёрхои конститутсионй мебошад, ки мохияти он дар баамалбарории хукук аз руи

- 32 -

Mukhtorov K.T. Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development

имкониятхои кафолатдодашуда ба вучуд меоянд. Хусусиятхои хоси шакли маз-кур дар он зохир мешавад, ки он рафтори фаъоли конунии субъектонро такозо мекунад.

Дар фаркият аз ичроиш бошад истифодабарй ба хукукхои субъективй тобеъ мебошад. Яъне, шахрванд дар доираи имкониятхои истифодабарии хукук амал ва рафтор менамояд. Масалан, истифодабарии хукуки интихоботй ва гайра

Риоякуни - ин чунин шакли татбиккуние мебошад, ки тибки он субъектони хукукистифодабаранда рафтори худро бо риояи манъиётхои конунй ба рох мемонанд. Хусусиятхои хоси шакли мазкур дар он зохир мешавад, ки субъектон дар асоси меъёрхои манъкунандаи Конститутсия гайрифаъол харакат намуда, танхо вазифахои ба ухдаашон вогузоштаро ичро мекунанд. Масалан, ухдадории хар як шахрванд барои додани андозу пардохтхо (моддаи 45); хифзи табиат, ёдгорихои таърихиву фархангй (моддаи 44).

Шакли сеюми татбики меъёрхои конститутсионй ин истифодаи чорахои тарбия, хавасмандгардонй ва дар холатхои зарурй чорахои мачбуркунй барои татбики меъёрхои конститутсионй мебошад. Одатан зери таъсири меъёрхои конститутсионй боварикунонии шахрвандони Чумхурии Точикистон барои иштироки фаъол дар халли масъалахои мухими давлатию чамъиятй фахмида мешавад. Пахлухои арзишманд ва афзалиятноки таъсири Конститутсия ба рафтори одамон ба дарачаи чахонбинй, эътимоднокй ва максадхои хаётии он алокамандй дорад.

Барои хамин шахрвандон, хусусан донишчуён бояд, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон - Сарконуни ватани худро хуб донанд ва эхтиром намоянд.

Шакли чоруми татбики меъёрхои конститутсионй ин тафсири Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мебошад. Дар илми хукукшиносй намудхои тафсири расмй, гайрирасмй, казуалй ва аутентикй мавчуданд.

Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон соли 1994 институти тафсири расмии конститутсияро дар меъёрхои худ ворид намуда, хамзамон макомоти босалохияти онро макоми олии намояндагй ва конунгузории кишвар - Мачлиси Олй мукаррар намудааст (к. 3 м. 61). Дар Конститутсияи соли 1978 Ч,ШС Точикистон тафсири конунхо ба салохияти Президиуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон (к. 6 м. 110) вогузор шуда буд. Бо кабули Конститутсияи 1994 бошад тафсири Конститутсия ва конунхо ба салохияти Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон гузашт (к. 2 м. 49). Пас аз 5 сол бошад баробари ворид намудани тагйироту иловахо ба Конститутсияи 1994 дар соли 1999 меъёр оид ба тафсири конунхо аз танзими конститутсионй берун карда шуд. Бо вучуди ба зарурат то хол дар Точикистон тафсири расмии Конститутсия тахия ва кабул карда нашудааст. Сухан дар хусуси тафсири расмие меравад, ки хамчун санади дорои кувваи махсуси хукукй барои хамаи субъектони хукуктатбиккунанда характери хатмиро дорад.

Максади тафсир дар он зохир мешавад, ки чй тавр дуруст мукаррар кард, ки ин ё он меъёри конститутсиониро чй гуна бояд фахмид. Оё тафсири васеъ метавонад, ки барои татбики дурусти меъёрхои дахлдори конститутсия шарту шароити заруриро ба миён оварад. Албатта, баробари шарху тафсири

- 33 -

Мухторов К.Т. Конститутсионализми Точукистон: масоили хукукии татбик ва рушди он

Конститутсия меъёри нав ба миён меояд, ки он мохиятан кувваи олии хукукиро сохиб мешавад [1, с. 209].

фабули тафсири босалохият ва манфиатбахши Конститутсия аз субъекти кабулкунандаи он вобастагии бисёр калон дорад. Масалан, шархи расмии Конститутсия дар шакли конуни конститутсионй аз тафсири меъёрии Конститутсия вобаста ба мурочиати макомоти ба он хукукдор фарк мекунад. Дар Чумхурии Точкистон барои шархи расмии як модда зарур аст, ки мо кабули расмии конуни конститутсиониро интизор шавем. Дар Федератсияи Руссия бошад аллакай садхо тафсири расмии меъёрхои алохидаи Конститутсия аз чониби Суди конститутсионии ФР кабул карда шудаанд. Албатта ин мавзуъ васеъ ва доманадор буда, мавриди бахси олимони сохаи хукуки конститутсионии ватанй карор дорад [4, с. 55-62].

Бо максади таъмини волоияти Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон дар низоми хукукии кишвар, мутобикати хамаи санадхои меъёрии хукукии Точикистон бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон, фахмиши ягонаи матни Конститутсия, шинос намудани оммаи васеи халк бо меъёрхои конститутсионй Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олй аз 25 апрели соли 2008 иброз намуд, ки «... вакти он расидааст, ки аз чониби олимони хукукшиноси мамлакат тафсири илмиву оммавии Конститут-сияи Чумхурии Точикистон тахия карда, то чашни 15-солагии кабули ин хуччати сарнавиштсоз аз чоп бароварда шавад» [7, с. 13].

Дар хамин замина соли 2009 аз чониби як гурух олимони маъруфи чумхурй «Тафсири илмии Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон» кабул карда шуд. Вокеан ин тафсир дар сатхи касбй навишта шудааст, вале тахлили методологии он нишон медихад, ки дар вакти тафсир баъзе усулхои герменевтикаи конститутсионй ба назар гирифта нашудаанд. Чунончи, агар дар Конститутсия меъёри муносибате танзим наёфта бошад, пас шархи он низ номумкин аст [6, с. 309]. Масалан, дар к. 6 моддаи 78 Конститутсия омадааст, ки «Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот чамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро конун танзим менамояд». Оиди табиати сиёсию хукукй, асосхои худудй, моддиву молиявй, низом, принсипхо ва дигар асосхои ташкил ва фаъолияти он ягон меъёри алохида мукаррар карда нашудааст, аммо дар тафсир чунин шарх дода шудааст, ки «Чдмоати шахраку дехот ... ба низоми макомоти хокимияти давлатй шомил намегардад» [7, с. 13]. Х,ол он ки вазъи хукукии макомоти худидоракунии махаллй дар халли масъалахои хукукию сиёсй ва мурофиахои судй нихоят зарур мебошад.

Дар мачмуъ метавон хулоса намуд, ки дар Точикистон конститутсионализм зина ба зина рушд ёфта, барои татбики бемайлони мукаррароти конститут-сионй заминахои наву мусоиди сиёсй, ичтимоиву хукукй фарохам оварда шуда истодааст.

Калидвожа^о: моуияти ицтимоиву сиёсии конститутсия, татбщи конститутсия, давлати конститутсионй, идоракунии конститутсионй, цомеаи

конститутсионй, танзими конститутсионй

- 34 -

Mukhtorov K.T. Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development

Пайнавишт:

1. Авакьян, С.А. Конституция России: природа, эволюция, современность: 2-е изд./

С.А. Авакьян. - М.: РЮИД, «Сашко», 2000. - 582 с.

2. Бобоцон, М. Адолатпано% /М. Бобоцон. - Хуцанд: Анис, 2002. - 367 с.

3. Имомов, А. Нацши Конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоцикон / А. Имомов. -Душанбе: Офсет Империя, 2011. - 358 с.

4. Имомов, А. О проблемах толкования конституции и законов Таджикистана / А.О. Имомов //Центральная Азия. -1998.- №1.

5. Конститутсияи (Сарцонуни) Цумцурии Тоцикистон.- Душанбе, 2004.

6. Кряжков, В.А., Лазарев Л.В. Конституционная юстиция в Российской Федерации /В.А. Кряжков, Л.В. Лазарев. - М., 1998. - 346 с.

7. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарцонуни) Цумцурии Тоцикистон. -Душанбе: Шарци озод, 2009. - 520 с.

8. Чиркин, В.Е. Сравнительное конституционное право/ В.Е. Чиркин. -М., 1997. - 376 с.

Reference Literature:

1. Avakyan, S.A. Constitution of Russia: Nature, Evolution Modernity: 2nd ed. -M.: RYUID, "Sasha", 2000. 582p.

2. Bobojon, M. The Man who Advocates Justice. -Khujand: Anise. 2002. -367pp.

3. Imomov, A. The Role of the Constitution in the Formation of the National State of Tajiks. -Dushanbe: Offset Empire, 2011. -358 pp.

4. Imomov, A. On the Problems of Interpretation of the Constitution and Laws of Tajikistan // Central Asia. 1998. №1.

5. The Constitution of the Republic of Tajikistan. Dushanbe: Nashir. 2004.

6. Kryazhkov, V.A., Lazarev, L. V. Constitutional Justice in Russian Federation. -M., 1998. -346 p.

7. Scientific and public comments of the Constitution of the Republic of Tajikistan. -Dushanbe: Sharki ozod («Freedom of the Orient»).- 2009. -520 p.

8. Chirkin, V.E. Comparative Constitutional Law. -M., 1997. -376 p.

Конституционализм Таджикистана: правовые вопросы его реализации и

развития

Ключевые слова: социально-политическая сущность Конституции, реализация

Конституции, конституционное государство, конституционное управление, конституционное общество, конституционное регулирование.

Настоящая тема является одной из наиболее актуальных тем науки конституционного права, в ней дан анализ концептуально-теоретических основ института конституционализма в Республике Таджикистан, а также социально-правовые предпосылки для дальнейшего его совершенствования. В статье отмечается, что только в случае организации инфраструктуры конституционализма будет возможность прогнозировать дальнейшее его развитие. Сама концепция конституционализма (конституционное государство, конституции-онное управление, верховенство права) исходит из идеи естественного права и является буржуазно-демократической антитезой феодальной абсолютной власти. Именно с этого этапа и начинается институционализация конституционализма как концепцпия ограниченного управления в рамках Конституции.

- 35 -

Мухторов К.Т. Конститутсионализми Точукистон: масоили хукуции татбик ва рушди он

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

В качестве инфраструктуры института конституционализма могут выступать правовые, социально-экономические и культурные предпосылки, такие как совершенствование системы законодательства согласно положениям Конституции; установление механизмов реализации положений международноправовых актов, признанных Таджикистаном; создание постатейного комментария Конституции Конституционным Судом; обеспечение равных возможностей гражданам для участия в управлении государством и обществом и т.п.

Constitutionalism of Tajikistan: Law Issues of its Implementation and Development

Key words: institute of constitutionalism, social-political essence of constitution, implementation of the Constitution, constitutional state, constitutional governance, constitutional society, constitutional regulation

The present theme is one of the most actual in the science of constitutional law, the author gives the analysis of the constitutional-theoretical foundations of constitutionalism in the Republic of Tajikistan; social-legal prerequisits of its further perfection being presented as well.It is noted that only if infrastructure is organized a further development of constitutionalism may be prognosticated. The very conception of constitutionalism (constitutional state, constitutional governance, rule of law) proceeds from the idea of natural right and is a bourgeoise-democratic antithesis to feudal absolute power. It is just that stage from which institutionalization begins as a conception of limited governance in the frames of the Constitution.

The following items may act as the infrastructure of the institute of constitutionalism: legal, social-economic and cultural prerequisites, such as perfection of the legislation system in accordance with the provisions of the Constitution; establishment of the mechanisms of realization of the provisions referring to the international-legal instruments recognized by Tajikistan; creation of a commentary to the Constitution by the Constitutional Court interpreting each article; insurance of equal availabilities for citizens in order the latters could take part in governing state and society, etc.

Роцеъ ба муаллиф:

Мухторов Киромиддин Тоциевич, номзади илмуои ууцуцшиносй, дотсент, мудири кафедраи ууцуци конститутсионии Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail: mkt-1977-20@mail.ru

Сведение об авторе:

Мухторов Киромиддин Точиевич, кандидат юридических наук, доцент, заведующий кафедрой конституционного права Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: mkt-1977-20@mail.ru

Information about the author:

Mukhtorov Kiromiddin Tochievich, candidate of Juridical Sciences, Associate Professor, chief of the Department of Constitutional Law under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand), e-mail: mkt-1977-20@mail.ru

- 36 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.