Научная статья на тему 'ПУТЬ ПОЛНЫЙ УСПЕХОВ'

ПУТЬ ПОЛНЫЙ УСПЕХОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
15
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МИР / УСТАНОВЛЕНИЕ МИРА / НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО / НАЦИОНАЛЬНОЕ СОГЛАСИЕ / КОНФЛИКТ / ИСТОРИЧЕСКАЯ СЕССИЯ / ОППОЗИЦИЯ / УСТОЙЧИВОСТЬ НАЦИИ / НАВЯЗАННАЯ ВОЙНА / ФОРМУЛА МИРА / ЛИДЕР НАЦИИ / СОГЛАШЕНИЕ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Акрами Зикриё

Из истории человечества стало ясно, что практически все противоречия между странами и гражданские войны заканчивались мирно благодаря мудрому вождю. Таких лиц можно отнести к Лидеру нации, Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону, положившему конец этой братоубийственной войне 90-х годов в Таджикистане путём заключения национального договора 27 июня 1997 года в Москве. Хотя прошло уже около 20 лет, исследования причин войны и способов примирения таджиков в этой гражданской войне имеют большое научное и практическое значение.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A PATH FULL OF ACHIEVEMENTS

From the history of mankind to become clear that almost all the contradictions between countries and civil wars ended peaceful thanks to the wise leader. Such persons can be attributed to the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon, who put an end to this fratricidal war 90-th in Tajikistan through the establishment of national agreement -27th of June 1997 in Moscow. Although has passed about 20 years, research according the causes of the war and ways of reconciliation of Tajiks in this civil war is of great scientific and practical value.

Текст научной работы на тему «ПУТЬ ПОЛНЫЙ УСПЕХОВ»

Ба исти^боли 20-солагии Вахдати милли

РО^И ПУР АЗ КОМЁБЩО

Зикриё АКРАМЙ,

директори Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши

Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор

Дар маводи мазкур сухан оид ба исти^рори сулх, Вахдати миллИ ва талошу чонбозихои Асосгузори сулху вахдати миллИ - Пешвои миллат мухтарам ЭмомалИ Рахмон ва роххои ба даст овардани сулху салохи точикон меравад, ки намунаи ибрати чахониён гардидааст.

Калидвожах;о: сулуу салоу, истицрори сулу, ризоияти милли, Вахдати милли, муноциша, ицлосияи таърихи, мухолифин, бацои миллат, цанги таумили, формулаи сулу, Пешвои миллат, Созишнома.

Таърихи тамаддуни инсонй гувох аст, ки хамаи низоъхои байни давлатхо ва мунокишахои дохилии шахрвандй ба шарофати мардони бохирад бо сулху салох ва вахдат интихо ёфтаанд. Чднги тахмилии точикон, ки дар ибтидои солхои 90 - уми асри гузашта ба вукуъ пайваст ва ба хаёти сиёсй, иктисодй ва ичтимоию фархангии Точикистони сохибистиклол хисороти зиёде ворид намуд, бо талошу чонбозихои Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ва бо имзои Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй 27-уми июни соли 1997 дар шахри Москва ба анчом расид. Аз лахзаи имзо шудани ин санади таърихй кариб 20 сол гузашта бошад хам, тахкик ва пажухиши сабабхои мунокиша ва роххои ба даст даровардани сулху салохи точикон ахамияти калони илмй ва амалй дорад.

Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон 27-уми июни соли 2013 иброз намуда буданд, ки «Мо - мардуми Точикистон имкониятхои зиёди таърихиву фархангй ва заминахои мусоиди ичтимоии бунёд ва нигохдории вахдати миллй, сиёсй ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавкеи онхо барои хама шарт ва зарур аст. Хдмеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворй ва кудрату гановати вахдати миллии мо аз сатхи худшиносии миллй, омузиш ва корбасти арзишхои неки миллй, чанбахои созандаи маданияти моддй ва маънавии миллат вобастагй дорад... Мо бояд шукр кунем, ки ба чунин рузгори орому осуда ва сулху вахдати комил расидем».

Баъд аз пош хурдани давлати абаркудрати Иттиходи Шуравй дар харитаи олам як катор давлатхои мустакил сабт гардиданд, ки дар байни онхо Точикистони сохибистиклол низ карор дорад. Вале истиклоли тозабадастовардаи мардуми мо бо як катор сабабхои объектививу субъективй ба оромию осудагй наовард. Сабаби асосии чанги тахмилй дар он буд, ки сиёсати пешанамудаи давлати абаркудрати Шуравй то андозае худхохона сурат мегирифт ва умдатарин тадбирхои эхёи суннатхои ачдодиву миллиро ба инобат намегирифт.

Дар нимаи дуюми солхои хаштодуми асри ХХ дар натичаи пеша кардани сиёсати бозсозй ва ошкорбаёнй масоили мубрами сиёсати миллй, хаёти ичтимой, иктисодй ва маънавии халкхои Иттиходи Шуравй руи об баромаданд. Тараккиёти нобаробари иктисодиву ичтимоии минтакахои Точикистон, инфрасохтори заифи муносибатхои коммуникатсионй ва аз хам канда будани нохияхо ва вилоятхои Точикистон, ба назар нагирифтани арзишхои диниву мазхабй ва гояхои маънавии ниёгон сабабхои ба вукуъ пайвастани мунокиша мебошанд.

Баробари ин, бояд дигар сабабро ба тараккиёти иктисодии нохамвору нодуруст ва яксамтаи чумхуриамон вобаста донист. Ч,умхурие, ки хамчун кишвари истехсолкунандаи

маводи хом ба хисоб мерафт, дар асл ба молхои ниёзи мардум эхтиёчи калон дошта, вазъи зиндагиаш назар ба чумхурихои дигар дар сатхи хеле паст карор дошт.

Дамчунин, худношиносиву бегонапарастй ва тафаккури дастнигарона доштани иддае аз рохбарону зиёиёни мамлакат, ки танхо ба гузаштаи хеш кур-курона назар мекарданду худ бахри шинохти хеш аз ичрои ночизтарин икдоми худшиносй хештанро барканор мекашиданд.

Бар замми ин хама нуксонхо, мавкеи чугрофии мамлакатамон, ки дар сари чоррахаи тамаддуни мухталифи давлатхои хурду бузург карор гирифта, аз кадимулайём бо табиати дилфиребу боигарихои зеризаминии хеш шухрати чахонй дорад, орзухои хуфтаи деринаи тамаъчуёну судхохони берунаро бедор намуд ва эшонро бар он водор кард, ки чихати дастёбй ба ин максади нопоки хеш вориди арсаи сиёсат гарданд ва раванди ходисотро ба мачрои хохиши худ бигардонанд.

Чднги тахмилй огоз гардида, дар андак муддат тамоми каламрави кисмати чанубу маркази мамлакат - шахри Душанберо фаро гирифт. Кор ба чое расид, ки сухан аз будану набудан ва махву нобудии на танхо як кисми кишвар, балки аз сахифаи таърих хати батлон кашидани номи миллати точик ва давлату давлатдории он ба миён омад.

Дар ин вазъи хассосу мураккаб нерухои хайрхох ва ватандори асилу миллатдусти вокей муттахид гардида, бахри ворастагй аз ин гирдоби бало тадбирхои мушаххас андешиданд ва ба хулосае омаданд, ки бояд дар атрофи шахсияте гирд оянд, ки вокеан чонфидо ва дардошнои мардум бошад. Бо ин максад намояндагони мардум дар шахри бостонии Хучанд, дар ^асри Арбоб чамъ омаданд.

Дамин тавр, Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон дар вазъияти бенихоят хассос баргузор гардид ва намояндагони мардумй аз миёни иштирокчиёни ичлосия чавонмарди 40-сола Эмомалй Рахмонро якдилона ба хайси Раиси Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон интихоб намуданд. Сарварии чомеаро пазируфтан дар вазъияти басо муташаннич кори сахлу осоне набуд. Чунки ичлосияи мазкур дар давроне мегузашт, ки хукумати конунй вокеан вучуд надошт ва мамлакат дар гирдоби бухрони нобасомониву гирудору парокандагй карор дошт.

Андешае пеш меояд, ки чаро намояндагони мардумй махз ба шахсияти Эмомалй Рахмон таваккуф намуданд? Чанд омилу далелхои мантикиро барои чавоб ба ин савол метавон гуфт. Бояд ба инобат гирифт, ки Эмомалй Рахмон дар арсаи сиёсат шахси тасодуфй набуд, балки бо суханронихои пурмухтавои худ дар миёни намояндагони мардумй хамчун сиёсатмадори асилу дурандешу дардошно ва механпарасте, ки мушкилоти чомеаро амик эхсос менамояд, мавкеи муайяну устувори худро дошт.

Эмомалй Рахмон бо муносибати самимона ва дилёбии худ дар байни намояндагони мардумй эхтироми хамагонро сазовор гардида буд. Мавсуф бо хадафи дурбинона ва сиёсати пешгирифтааш хануз дар айёми чанги тахмилии соли 1992 ба Бишкек сафар карда, ба доираи сиёсатмадории бузург рох ёфта, хатто бо сарварони мамолики хамсоя як ба як мулокот намуда, вазъияти муташанничи кишварамонро дар маркази таваччухи чомеаи чахонй карор дода буд.

Эмомалй Рахмон бо киёфаи нурониву чехраи чозибадори точиконаи худ ва суханронии бомантик ва лахни шевояш макбули омма гардида буд. Махорати баланди суханварй ва афкору пешниходоти кобили кабулаш дар он даврони хассос таъсири зиёд дошт. Дануз дар лахзахои шадиди сангарнишинии мардумамон аз минбари баланди макоми конунбарори давлат - Мачлиси Олй тарзу пешниходи заруриро ба намояндагони халк иброз медошт ва ба ин васила мардуми гумрохро хушдор медод, ки хеч гох лухтаки дасти бегонагон нагарданд, рузхои нек дар пешанд.

Баробари ба сари хокимият омадани Эмомалй Рахмон ва аз тарики раъйдихии вакилони халк ба хайси Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон пазируфта шуданаш - ин шахсияти кавииродаву диловар ва фарзанди асили миллат ба тахкими пояи фалачгардидаи давлати миллй, икдомоти чоннисорона ва хирадмандонаву механпарастонае намуда, оташи хонумонсузу фочиабори чанги шахрвандиро хомуш кард.

Дар ибтидои фаъолияти худ тачрибаи гании мардумпарварона доштани Эмомалй Рахмон имкон дод, ки баробари Сарвари давлат интихоб шудан, иброз намояд: «Бахри истикрори сулх дар Точикистон ва бозгашти хамаи гурезахо ман тайёрам чони худро нисор кунам».

Ч,асорати бемисли Эмомалй Рахмон имкон дод, ки бо ибтикори бевоситаи хеш ба яке аз мавзеъхои бисёр хассоси Ч,умхурии исломии Афгонистон - Хосдех (10 - 11 декабри соли 1996) барои мулокот бо рохбари мухолифини мусаллахи точик сафар намояд. Ин гуна шучоатмандиро Эмомалй Рахмон борхо дар лахзахои хассос нишон дода, ба дили мардум рох ёфт. Барои истикрори сулхи деринтизор бо рахнамоиву кушишу талошхои пайгиронаи ин марди шарифу инсони начиб тайи се солу се мох - аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин бисту як маротиба музокироту гуфтушуниди расмй баргузор намуданд. Инчунин, Эмомалй Рахмон шахсан дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 хуччати тахиягардида бо имзои шахсии худ раъйи хешро изхор дошт. Дамзамон, тавассути истифода бурдани косенсус ва созиш, эхтироми харифи сиёсй масъалаи хамдигарфахмй ва бахшиши гунохи хамдигар ба вукуъ пайваста, окибат ба сулху вахдати вокей замина фарохам овард.

Дар рохи пешгирифтаи хеш Эмомалй Рахмон тавонист тарафхои даргирро ба хадафи умдаву асосй, ки боиси вахдату ифтихори миллист, ба хам пайванд бидихад. Ин гуна тархандозии дурбинонаи созандагй омили ба вучуд омадани мактаби сиёсии Эмомалй Рахмон гашт, ки кабат бар кабати аёну ноаёнаш худогохиву маърифатнокй ва бедориву худафрузй ва зиракии миллати точик аст.

Эмомалй Рахмон яке аз нахустин сиёсатмадоронест, ки бидуни дудилагй 48 вазифаи масъули давлатиро ба собик мухолифини хеш супурд. Такрибан 7000 ярокбадастони Иттиходи нерухои мухолифини точик реинтегратсия шуда, ба нерухои давлатй хамрох гардиданд, ки ин гуна муносибат намудани Президенти мамлакат, пеш аз хама, ба чомеадусти асил будан, сарчамъии тамоми мардумро хостан ва давлати миллии моро тахким бахшидани Эмомалй Рахмон гувох аст.

Бояд зикр кард, ки тахкими пояхои давлат дорои хусусиятхои зерин мебошад:

Аввалан, таъсису таквияти нерухои мусаллахи чумхурй ва хамзамон бо максади хифзи дастовардхои истиклол ва тахкими субот дар марзхои кишвар аз шоистатарин икдоми ин абармарди таърихофарин буда, шохиди кудрати бесобикаи сиёсатмадории уст.

Баъдан, таъсиси хокимияти мустакили судй ва парлумони доимоамалкунанда далели суботи Президенти чумхурй дар бунёди давлати вокеан демократй, дунявй ва хукукбунёд буда, аз бебозгашту абадй будани самти интихобкардаи давлатдории у гувохй медихад.

Инчунин, тахкими пояи иктисодии мамлакат ва устувор гардондани бозори дохилй тавассути ба муомилот баровардани пули миллй, ки бо чехрахои човидонаи бузургмардони таърихи кишвар зинат ёфтааст, далели азми кавии у дар баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум аст.

Баробари ин, дар шахри Душанбе чамъ омадани рохбарони давлатхои аъзои Созмони Дамкории Шанхай нишони эътирофи самимонаи рохбарони бузургтарини давлатхои дунё нисбат ба Президенти кишвари мо мебошад. Ва нихоят, кабули Барномаи иктисодии аз камбизоатй баровардани мардум, мулокоти хамасолаи Президент бо зиёиёни мамлакат, ки аз 20 - уми марти соли 2001 шуруъ гардида, то имруз идома дорад, хамеша дар мадди назари Президент Эмомалй Рахмон карор дорад.

Илова бар ин, рушди бемайлону босуботи се хадафи асосй, хамгиро ва амали онхо барои пешрафти муваффаконаи чомеа заминаи зарурй омода месозад.

Яке аз самтхои асосии стратегияи давлатй таъмини истиклолияти энергетикии Точикистон ба хисоб меравад. Дар ин чода бо ташаббус ва ибтикори Президенти чумхурй корхои зиёде ба итмом расонда шудаанд. Бунёду ба истифодадихии НБО - хои Сангтуда -1 ва Сангтуда - 2 аз дастовардхои калони чомеаи Точикистон ба шумор мераванд.

Таъмини бехатарии амнияти озукаворй ва инкишофи минбаъдаи сохаи кишоварзй низ яке аз самти асосии стратегияи давлатй ба хисоб рафта, дар ин чода корхои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Инкишофи сохаи кишоварзй, галлапарварй, чорводорй,

зироаткорй, богдорй ва дастгирии хочагихои дехконй дар солхои истиклолият, музаффарияти сиёсати давлатии Президенти кишвар Эмомалй Рахмон махсуб меёбанд.

Самти сеюми стратегияи инкишофи чомеаи Точикистон аз бунбасти коммуникатсионй рахой бахшидани мамлакат мебошад. Сохтмони накбхои «Истиклол», «Шахристон», «Дустй», «Хатлон» ва ба истифода додани рохи охани ^ургонтеппа -Кулоб, шохрохи автомобилгарди Хоруг - ^улма - ^арокурум, Душанбе - Чанок, Душанбе - Панчакент ва гайра аз дастранчхои назарраси сиёсати Рохбари давлат Эмомалй Рахмон ба хисоб мераванд. Дилбастагии амику аник ва мухаббати бардавом доштанаш нисбат ба таъриху тамаддунамон боиси баргузории чашни пуршукухи 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён, интишори силсилакитоби «Аз Ориён то Сомониён» (Точикон дар оинаи таърих), тачлили чашнхои «2500 - солагии Истаравшани бостонй», «Соли тамаддуни ориёй», «2700 - солагии шахри бостонии Кулоб», «3000 - солагии Дисори Шодмон», «700 - солагии Мир Сайид Алии Дамадонй» ва гайрахо гардид, ки шухрати тамаддуни миллати моро дар арсаи олам боз хам афзун гардонд.

Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон дар маколаи худ «Сулх - маънии таърихи мо» зарурати умдаву побарчои фарханги сулхро дар бакову хастии миллатамон чунин таъкид менамояд: «Фарханги сулх самараи мувофикати сентименталии тарафхо нест, вай дар шароити фавкулода мураккаб ба даст оварда мешавад. Дар чамъияти мо хануз низоми хамафарогири сулхи миллй, масалан ба монанди аксари кишвархои Аврупо, ки дар онхо накши асосиро низоми мураккаби иктисод, сиёсат ва фарханг ичро мекунад,бунёд наёфтааст».

Аз ин андешаи Президенти мамлакат чунин бармеояд, ки такя намудан ба ягонагиву муттахидии тамоми табакахои ахолй, нерухои сиёсй ва иттиходияхои чамъиятй мухимтарин рукни бакои миллат мебошанд. Чуноне ки мебинем, чой доштан дар ниходи халк сифати умдаву муайянкунанда мебошад, ки бузургтарин сиёсатмадорони зинданом дорои чунин сифати мукаддас буданд. Пешниходи Эмомалй Рахмон дар хусуси соли 2003 -ро «Соли оби тоза» ва солхои 2005 - 2015 - ро «Об барои хаёт» эълон доштан СММ, ки зиёда аз 180 мамолики дунё узви он мебошанд, пазируфт. Албатта, ин мояи шухрати оламгири Эмомалй Рахмон ва давлати миллии точикон гардид.

Лозим ба тазаккур аст, ки Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон на танхо дар масъалаи хамкорй дар сохаи об, балки дар масъалаи сулхофарй низ макоми Пешвои байналмилалиро дорост. Шоири халкии Догистон, ^ахрамони мехнат Расул Гамзатов соли 2003 ба корномахои човидонаи Эмомалй Рахмон чунин бахо дода буд: «Ман аз сулх дар Точикистон нихоят мамнунам. Инсони бочасорату хирадманд -Президенти Точикистон тавонист формулаи сулхи чанги бародаркушро ёбад».

Рохи тайкардаи Эмомалй Рахмон аз он рузи муборак, яъне, 19 ноябри соли 1992 то имруз пур аз комёбихои беназир ва басо шарафманду пурифтихор аст. Мухтасараш, аз ^асри Арбоб то Арбоби барчастаи сиёсии сатхи байналмилалй ва то Пешвои муаззами миллати мутамаддини точик.

A PATH FULL OF ACHIEVEMENTS Zikrijo AKRAMI,

director of A.Donish Institute of history, archeology and ethnography Academy of sciences Republic of Tajikistan,doctor of historical sciences, professor

From the history of mankind to become clear that almost all the contradictions between countries and civil wars ended peaceful thanks to the wise leader. Such persons can be attributed to the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon, who put an end to this fratricidal war 90-th in Tajikistan through the establishment of national agreement -27th of June 1997 in Moscow. Although has passed about 20 years, research according the causes of the war and ways of reconciliation of Tajiks in this civil war is of great scientific and practical value.

ПУТЬ ПОЛНЫЙ УСПЕХОВ

Зикриё АКРАМИ,

директор Института истории, археологии и этнографии им.А.Дониша АН РТ, доктор

исторических наук, профессор

Из истории мировой цивилизации становится ясным, что почти все конфликты между странами и внутригосударственные недоразумения в конечном счете ведут к примирению благодаря мудрости лидеров. Гражданская война 90-х годов XX в. в Таджикистане, которая нанесла огромный ущерб политической, экономической и культурной жизни народа, благодаря усилиям и дальновидной политике Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона завершилась подписанием документа «О национальном примирении» 27 июня 1997 года в городе Москве. Хотя с момента заключения данного соглашения прошло более 20-ти лет, установление причин этих разногласий и путей установления примирения имеют важное научное и практическое значение.

Ключевые слова: мир, установление мира, национальное единство, национальное согласие, конфликт, историческая сессия, оппозиция, устойчивость нации, навязанная война, формула мира, Лидер нации, Соглашение.

Keywords: peace, fortification peace, national unity, nationaj agreement, conflict, historic session, the opposition, stability of nation, the Imposed War, the formula ofpeace, the leader of the nation, Agreement.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.