ФИРДАВСЙ ВА "ШОХДОМА"-И У ДАР ТАЗДЩОТИ САИД НАФИСЙ
МИЗРОБ ГАФФОРОВ
Номзади илмх,ои филологй, Точикистон, Панчакент, Донишкадаи омузгории Точикистон
Мацола ба тауцицу баррасии Фирдавсй ва "Шоунома"-и у дар пажууишуои адабиётшиноси муосири Эрон Саид Нафиси бахшида шудааст. Муаллиф дар цараёни тауцици хеш муцаррар намудааст, ки устод Саид Нафиси дар шумори иштироккунандагони цашни 1000 солагии мавлуди Абулцосим Фирдавси царор дорад, дар заминаи вежагщои "Шоунома ", аз цумла "Фирдавси - шоири цауон ", "Фирдавси ва рууиёти эрониён ", "Вазни "Шоунома "-и Фирдавси, " "Фавоиди "Шоунома " чанд мацола навиштааст. Дар баробари ин, дар тасуеу ва нашри яке аввалин нашруои "Шоунома " сауми назаррас дорад. Аз барраси ва тауцици мавзуъ муаллифи мацола ба хулосае расидааст, ки тауцицоти анцомдодаи Саид Нафиси дар фирдавшиноси ва шинохти арзишуои адабиву мавзуии "Шоунома "-и у хеле мууим ва цобили таваццуу мебошанд.
Вожагони калиди: Фирдавси, "Шоунома", Саид Нависи, адабиётшиноси, матншиноси, вазни "Шоунома", мавзуъ вамундарица, бадеият, поэтика, чашни 1000 солагии Фирдавси.
ФИРДАУСИ И ЕГО «ШАХНАМЕ». В ИССЛЕДОВАНИЯХ САИДА НАФИСИ
Статья посвящена исследованию и анализу темы Фирдоуси и его «Шахнаме» в исследованиях современного иранского литературоведа Саида Нафиси. В ходе своих исследований автор установил, что Саид Нафиси входит в число участников празднования 1000-летия со дня рождения Абулкасима Фирдавси, основываясь на деталях «Шахнаме», в том числе «Фирдавси - поэт мира», «Фирдавси и дух иранцев», «Вес Шахнаме» Фирдавси, «Фавоид Шахнаме» написал несколько статей. В то же время он внес значительный вклад в корректирование и публикацию одного из первых изданий «Шахнаме». В результате рассмотрения и исследования темы автор статьи пришел к выводу, что исследования, проведенные Саидом Нафиси в области Фирдоусиведения и восприятия литературно-тематической ценности его «Шахнаме», очень важны и достойны внимания.
Ключевые слова: Фирдавси, «Шахнома», Саид Нависи, литературоведение, текстоведение, вес «Шохнамы», тема и содержание, искусство, поэтика, празднование 1000-летия Фирдавси.
FIRDAUSI AND HIS "SHAHNAME". IN THE RESEARCH OF SAID NAFISI
The article is devoted to the study and analysis of Firdausi and his "Shahname" in the studies of modern Iranian literary scholar Said Nafisi. During his research, the author found that Ustad Said Nafisi is among the participants in the celebration of the 1000th anniversary of the birth of Abul Qasim Firdausi, based on the details of the "Shahname ", including "Firdausi - the poet of the world", "Firdausi and the spirit of the Iranians", "The weight of Firdausi's Shahname", "Favoid Shahname" wrote several articles. At the same time, he made a significant contribution to the editing and publication of one of the first editions of the "Shahname". As a result of the consideration and research of the topic, the author of the article came to the conclusion that the research conducted by Said Nafisi in the field of Firdausi studies and the recognition of the literary and thematic value of his "Shahnameh" are very important and worthy of attention.
Keywords: Firdausi, "Shahnomah", Said Nafisi, literary criticism, textual criticism, the weight of "Shohnama", theme and content, art, poetics, celebration of the 1000th anniversary of Firdausi.
Устод Саид Нафисй ба унвони адабиётшинос, достоннавис, тасхехгари мутуни адабй дар хавзахои адабиву фархангй шухрати махсус дорад. Х,арчанд дар Эрон зиндагй ва эчод намудааст, вале хамчун адабиётшинос ва достоннавис дар кишвархои дигари форсизабон, аз чумла Точикистон шухрат дорад ва чандин асархои вай дар кишвари мо ба чоп расидаанд. Хоса, китоби "Мухити адабй ва ахволу осори устод Рудакй" чанд маротиба дар Точикистон интишор ёфтааст. Барои хидматхои шоистааш дар рудкшиносй дар Точикистон пас аз марг ба у Ч,оизаи ба номи Абуабдуллохи Рудакиро такдим намудаад.
Дар баробари ин ки мутуни зиёдеро аз осори маъруфи намояндагони адабиёти форсй тасхех ва тахкик кардааст, дар шинохти "Шохнома" ва муаллифи он Фирдавсй низ корномахое ба сомон расидааст, ки шоистаи тахсин мебошанд. Дар навбати аввал хидмати Саид Нафисй хамчун матншинос дар тасхехи "Шохнома" низ кам нест. Х,арчанд аз "Шохнома"-и Фирдавсй тасхеххои зиёде то кунун махфузанд, ки бо номхои Маскав, Жул Мул, Ч,алол Холикии Мутлак маъруфанд, вале яке аз аввалин нашрхои "Шохнома" бо номи чопи Брухим машхур аст, ки соли 1311 кори он огоз ёфтааст. Сабаби чопи Брухим унвон гирифтани он дар хамин нашриёт ба нашр расидани он мебошад, ки ба муносибати хазорсолагии таваллуди Фирдавсй (дар соли 1934 сурат гирифт) дар дах чилд ба чоп расид.Дамин тавр, ин матни "Шохнома"-и Фирдавсй соли 1315 тарики нашриёти мазкур дар Техрон ба чоп расид, ки дар кори тасхехи он гурухи донишмандони Эрон аз чумла Саид Нафисй ширкат намуданд. Барои анчоми тасхехи мазкур кабл аз хама нашри маъруфи "Шохнома"-и Фирдавсй ки аз суи Вуллерс Иоган Август дар Олмон анчом ёфтааст ва мукоиса ба нусхаи мутарчим ва матншиноси англис Турнер Макан, ки дар карни XIX сурат гирифтааст, инчунин нусхаи Жул Мули фаронсавй сурат гирифтааст. Ч,илди аввали нашри мазкур бо кушиши Мучтабо Минавй, чилдхои ду то панч аз суи Аббос Икбол Оштиёнй, чилди шашум аз чониби Сулаймон Х,абим ва чахор чилди бокимонда аз чониби Саид Нафисй тасхех ва тахия шудаанд. ИН чо равшан мешавад, ки кисмати бештари ин тасхех ба захматхои устод Саид Нафисй такя мекунад ва ба ин хотир дар муаррифиномахои нашри Брухим онро бо номи Саид Нафисй зикр мекунанд. Х,арчанд нашри мазкур бо сабаби чашни 1000 солагии Фирдавсй тахия ва нашр гардид ва бо иллвати ин ки асос дар он нашрхои каблии мазкур карор гирифтанд, на нусхахои хаттй, вале муаррификунандаи хидматхи шоёни устод Саид Нафисй дар матншиносии "Шохнома" ба шумор меравад. Аз назари дигар, арзиш ва ахамияти ин нашри "Шохнома" дар он хам ба зухур мерасад, ки баъдан нашри маъруфи Маскав, ки дар собик Иттиходи Шуравй бо рахнамоии ховаршиноси маъруф Е.Э. Бертелс сурат гирифт, аз ин нашр истифода намудаанд.
Ширкат дар кори тасхехи "Шохнома"-и Фирдавсй ба устод Сайид Нафисй имконият фарохам овард, ки тахкикоте дар фирдавсишиносй ва шохномапажухй низ ба анчом расонад. Дар навбати аввал у хамчун яке аз иштирокдорони хамоиши байналалмилалй ба ифтихори хазорумин соли таваллуди Х,аким Фирдавсй чанд маколаи арзишманде дар бораи Фирдавсй ва "Шохнома"-и у ба калам овард, ки аз чумлаи онхо "Фирдавсй - шоири чахон", "Фирдавсй ва рухиёти эрониён", "Вазни "Шохнома"-и Фирдавсй, ""Фавоиди "Шохнома" аз хайси лугат ва сарфу нахв" мебошанд, ки хамон солхо дар мачаллаи "Мехр" ба чоп расида, мавриди истикболи ахли тахкик карор гирифт. Дар маколаи аввал, ки "Фирдавсй шоири чахон унвон дорад, ва бааъдан дар чандин мачмуа ва мачаллахои дигар низ руи чоп омад, таъкид дошт, ки "дар миёни сарояндагоне, ки аз дудаи одамй падид омадаанд, ду се тане бештар нестнл, ки сазовори унвони шоири чахон бошанд. Аз ин миён шуарои Эрон ин маком хоси Фирдавсй ва Хаём аст. Хаём низ чои Фирдавсиро танвонад гирифт, зеро ки шоири хоси хар уммате аст, аммо Фирдавсй шоири хама кс ва хама чост. Х,ам дар разм чой дорад ва хам дар базм. Х,ам муаллими ахлок аст ва хам мусаввири разоилу пастихои одамй. Х,ам мутаффаккири сохибандеша ва андарзгуй хирадманд аст ва хам достонсарои фарахангези андухзудой. Х,ам
сухан барои пирон дорад ва хам барои чавонон. Х,ам бо мард дамсоз аст ва хам бо зан. Х,ам бо доно хамдостон мешавад ва хам бо нодон. Х,ам ёри тавонгарон аст ва хам дамсози тихидастон. Х,ам надими некбахтон аст вв хамзонуи тирабахтон".
Ин хама суханхое, ки Саид Нафисй дар ин суханронии хеш фармуда, дар ситоиши чойгох ва макоми баланди Х,акими доно ва тавоно Фирдавсии Тусист. Дар мавриди чойгохи китоби мондагор ва хамосаи бузурги у "Шохнома" бошад чунин фармуда:"Шохнома"-и у (Х,аким Фирдавсй- М.Е.) дарёи бекаронест, ки хар ки дар он фуру равад, тихидаст барнамегардад".
Пажухишхои устод Саид Нафисй дар фирдавсишиносй ва "Шохномапажухй" бо хамин ба анчом намерасанд. Х,атто дар иртибот ба ин ки дар романи "Нимарохи бихишт" байтеро ба Фирдавсй нисбат додааст, то чое мввриди интикоди "шохномашиносон низ карор гирифт. У аз забонии ровии достон дар ин асари хеш чунин меоварад: "Дар пушти ин се уток, хаёти кучаки мухаккаре аст, ки арсагох ва чавлонгохи Х,авосултон аст. Шояд ин акидаи Фирдавсй, ки
Зан бало бошад ба хар кошонае, Бе бало харгиз мабодо хонае.
Дар хеч маврид ба андозаи ин маврид, бахусус, дуруст нест"
Аммо ин нукта харгиз маънии ноогохии Саид Нафисиро аз "Шохнома"-и Фирдавсиро надорад, чун у яке аз тасхехгарони ин хамосаи безаволи миллист. Баъдан дакик шуда, ки ин байт моли яке аз шоирони давраи машрутаи Эрон Шарафуддини Хусайнй будааст. Албатта, абёте дар робитаа ба ин мавзуъ дар "Шохнома"-и Фирдавсй зиёданд ва ба эхтимоли зиёд дар чои яке аз онхо ин байт рафтаву дигар тасхех нашудааст.
Дигар аз хидматхои бузурги устод Саид Нафисй дар тахкиу тасхехи "Шохнома"-и фирдавсй он аст, ки соли 1313 вакте китоби арзишманди ховаршиноси маъруф Нёлдеке дар тарчумаи Бузург Алавй бо номи "Х,амосаи миллии Эрон" ба чоп расид, ба он китоб пешгуфторе муфассал навишт, ки як тахкикоти кобили таваччух мебошад ва хатто бархе аз галатхои мавчуд дар ин китоб ва баъзе мутуни "Шохнома"-ро хам ислох намуд.
Дар мачмуъ, аз ин баррасихо маълум мешавад, ки устод Саид Нафисй хам дар тасхеху нашри мутуни "Шохнома" ва хам тахкку баррасии сахми Фирдавсй дар адабиёти миллий ва чахонй, инчунин вежагихои хунариву забонии "Шохнома" накши муассир дорад. Бо он ки нашри "Шохнома"-и мавриди тасхехи у ва дигар донишмандон чопи чашнй буда, дар асоси мутуни чопй тахия шудааст, вале аз чумлаи аввалин нашрхои хамосаи миллй мебошад, ки мусаххехони баъдй аз он ба таври густарда истифода кардаанд.
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Нафисй, С. Фирдавсй шоири чахон./ Ч,ашнвораи Тус. Ба кушиши Зиёуддинни Саччодй. 1354.
2. Комиссаров Д. С., С. Нафиси — выдающийся ученый и писатель современного Ирана, «Народы Азии и Африки», 1962, № 2;
3. Начмонов Ф, Саид Нафисй — нависандаи бомахорати Эрон, «Мактаби Советй», № 10, 1978;
4. Фирдавсй, Шохнома. Дар дах чилд. Техрон: Брухим 1315.