Научная статья на тему 'ДОИР БА ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ “МАДХАЛИ МАНЗУМ”-И АБДУЛҷАББОРИ ХУҷАНДӢ'

ДОИР БА ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ “МАДХАЛИ МАНЗУМ”-И АБДУЛҷАББОРИ ХУҷАНДӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
208
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НУҷУМ / ДИДАКТИКА / КИТОБИ ТАЪЛИМӢ / МУНАҷҷИМ / СИТОРА / БУРҷ / ТАЦВИМ / АСАРИ МАНЗУМ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Хоҷаева Мубина Ҷалоловна, Кенҷаева Наргиза Саидқодировна

Дар мацола сухан дар бораи хусусиятҳои дидактикии китоби таълимии «Мадхали манзум»-и Абдулҷаббори Хуҷандӣ меравад, ки дар асрҳои ХII-ХIII зиндагӣ кардааст. Қайд мешавад, ки ин рисола дар таърихи тамаддуни форсу тоҷик нахустин асари манзум аст, ки астрономия ва астрологияро ба хонандагон ёд медиҳад. Дар мацола кӯшиш шудааст, ки хусусиятҳои дидактикии китоби мазкур дар такя ба дастовардҳои педагогикаи муосир омӯхта шавад. Муаллифи мацола ба чунин хулоса омадааст, ки риояи низоми илмӣ, сода ва фаҳмо баён кардани матлабҳо, гоҳо ба фикр кардан водор сохтани толибилмон хусусиятҳои беҳтарини дидактикии китоб мебошад ва аз он имрӯзҳо ҳам истифода бурдан мумкин аст. Аз нуцтаи назари дидактикаи муосир дар китоби дарсӣ бояд машцу масъалаҳо бошад, ки инро дар китоби «Мадхали манзум» мушоҳида намекунем. Аммо доир ба масъалаи мазкур хулосаи муаллиф чунин аст, ки масъалаҳоро худи муаллим аз шогирдон мепурсид. Давоми асрҳои миёна зарурат пеш омад, ки ба «Мадхали манзум» шарҳ навишта шавад ва ин корро Ҳабибуллоҳ ибни Муҳаммади Табиб ба ҷой овард. Шарҳи навиштаи ӯро дастур барои истифодаи «Мадхали манзум» номидан мумкин аст. Муаллиф пешниҳод менамояд, ки барои омӯзонидани астрономия ба хонандагон порчаҳоро аз асари номбурда истифода кардан мумкин аст. Омӯхтани ин асар дар баробари шинос шудан бо донишҳои астрономии ниёгон,барои дарки ашъори шоирону адибони замони Салҷуциён, таърихи китобҳои дарсии тоҷикӣ мадад мерасонад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONCERNED WITH DIDACTIC PECULIARITIES OF “MADKHALI MANZUM” BY ABDULJABBOR KHUJANDI

The article under consideration dwells on the didactic peculiarities of the manual entitled as “Madkhali Manzum” belonging to the pen of Abduljabbor Khujandi who lived in the XII-th - the XIII-th centuries. The relevant treatise is considered to be the first poem in the history of Persian-Tajik civilization teaching astronomy and astrology to readers. Proceeding from modern pedagogy achievements the author makes an endeavor to study the didactic peculiarities of the manual under study. The author of the article comes to the conclusion that the best didactic peculiarities of the former are those ones scientific, simple and clear and sometimes makes students think and it can be used today as well. Under the angle of modern didactics there should be exercises and tasks in the manual in question, which we do not see in the manual called “Madkhali Manzum”. However, the author's conclusion on the relevant issue is that the teacher himself/herself asks the students questions...The article under consideration dwells on the didactic peculiarities of the manual entitled as “Madkhali Manzum” belonging to the pen of Abduljabbor Khujandi who lived in the XII-th - the XIII-th centuries. The relevant treatise is considered to be the first poem in the history of Persian-Tajik civilization teaching astronomy and astrology to readers. Proceeding from modern pedagogy achievements the author makes an endeavor to study the didactic peculiarities of the manual under study. The author of the article comes to the conclusion that the best didactic peculiarities of the former are those ones scientific, simple and clear and sometimes makes students think and it can be used today as well. Under the angle of modern didactics there should be exercises and tasks in the manual in question, which we do not see in the manual called “Madkhali Manzum”. However, the author's conclusion on the relevant issue is that the teacher himself/herself asks the students questions. During the Middle Ages it became necessary to write a commentary on “Madkhali Manzum”, which was done by Habibullah ibn Muhammad Tabib and his commentary can be called a guide for using the relevant versified production. In a nutshell, the author of the article suggests that passages from the mentioned work can be used to teach astronomy to readers. While studying the theme explored one can assert that alongside with getting acquainted with astronomical ancestors' knowledge helps to understand the history of Tajik textbooks and the poets' and writers' poetry who lived in Saljuqids dynasty.

Текст научной работы на тему «ДОИР БА ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ “МАДХАЛИ МАНЗУМ”-И АБДУЛҷАББОРИ ХУҷАНДӢ»

ТКБ 37 ТДУ 74.03

Хоцаева Мубина Цалоловна, д.и.п.,профессори Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон; Кенцаева Наргиза Саидцодировна,

омузгори

кафедраи методикаи таълими фащои тахассусии Коллеци омузгории МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

Ходжаева Мубина Джалоловна, д.п.н., профессор Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики; Кенджаева Наргиза

Саидкодировна, преподователь кафедры методики преподовании профессиональных дисциплин

Педагогического колледжа ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Khodzhaeva Mubina Jalolovna, Dr. of Pedagogy, Professor of the Tajik State University of Law, Business and Politics, E-mail: [email protected]; Kenjaeva Nargiza Saidkodirovna, lecturer of the department of methods of teaching special subjects under the Pedagogical College of KhSU named after acad. B. Gafurov»(Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: нуцум, мадхал, астрономия, дидактика, китоби таълими, мунаццим, ситора, бурц, тацвим, асари манзум

Дар мацола сухан дар бораи хусусиятуои дидактикии китоби таълимии «Мадхали манзум»-и Абдулцаббори Хуцанди меравад, ки дар асруои Х11-Х111 зиндаги кардааст. Цайд мешавад, ки ин рисола дар таърихи тамаддуни форсу тоцик нахустин асари манзум аст, ки астрономия ва астрологияро ба хонандагон ёд медиуад. Дар мацола кушиш шудааст, ки хусусиятуои дидактикии китоби мазкур дар такя ба дастовардуои педагогикаи муосир омухта шавад. Муаллифи мацола ба чунин хулоса омадааст, ки риояи низоми илми, сода ва фаумо баён кардани матлабуо, гоуо ба фикр кардан водор сохтани толибилмон хусусиятуои беутарини дидактикии китоб мебошад ва аз он имрузуо уам истифода бурдан мумкин аст. Аз нуцтаи назари дидактикаи муосир дар китоби дарси бояд машцу масъалауо бошад, ки инро дар китоби «Мадхали манзум» мушоуида намекунем. Аммо доир ба масъалаи мазкур хулосаи муаллиф чунин аст, ки масъалауоро худи муаллим аз шогирдон мепурсид. Давоми асруои миёна зарурат пеш омад, ки ба «Мадхали манзум» шару навишта шавад ва ин корро Хабибуллоу ибни Мууаммади Табиб ба цой овард. Шаруи навиштаи уро дастур барои истифодаи «Мадхали манзум» номидан мумкин аст. Муаллиф пешниуод менамояд, ки барои омузонидани астрономия ба хонандагон порчауоро аз асари номбурда истифода кардан мумкин аст. Омухтани ин асар дар баробари шинос шудан бо донишуои астрономии ниёгон,барои дарки ашъори шоирону адибони замони Салцуциён, таърихи китобуои дарсии тоцики мадад мерасонад.

Ключевые слова: астрономия, мадхал, введение, астрономия, учебник, астроном, звезда, зодиак, календарь, поэма

В статье рассматриваются дидактические особенности учебника по астрономии «Мадхали манзум», составленного ученым и поэтом XII - XIII веков Абдулджаббаром Худжанди. Отмечается, что данный учебник является первым дидактическим учебником по астрономии и астрологии, написанным в поэтической форме. В статье сделана попытка оценить дидактические свойства данного учебника, согласно требованиям современной педагогики. Автор пришел к такому выводу, что соблюдение систематического расклада тем, четкое и конкретное выражение мысли, методы, способствующие развитию у ученика умения размышлять, говорят о дидактических особенностях «Мадхали манзум», которые действенны и в наше время. По требованиям современной дидактики учебники должны содержать упражнения и задачи, которых в рассматриваемой книге нет. Автор считает, что учитель или наставник сам мог предлагать ученикам задачи и упражнения. В средние века назрела необходимость написать комментарии к данной книге, и эту работу выполнил Хабибуллах ибн Мухаммад Табиб.

ДОИР БА

ХУСУСИЯТУОИ ДИДАКТИКИИ «МАДХАЛИ МАНЗУМ»-И АБДУЛЦАББОРИ ХУЦАНДИ

О НЕКОТОРЫХ ДИДАКТИЧЕСКИХ ОСОБЕННОСТЯХ УЧЕБНИКА АБДУЛДЖАББАРА ХУДЖАНДИ «МАДХАЛИ МАНЗУМ»

CONCERNED WITH DIDACTIC PECULIARITIES OF "MADKHALIMANZUM" BY ABDULJABBOR KHUJANDI

Отмечается, что данные комментарии можно считать методическим пособием к «Мадхали манзум». Кроме того, автор считает, что при обучении учеников школ астрономии можно использовать отрывки из данной книги, которые дают сведения о знаниях предков по астрономии, предоставляют возможность познакомиться с поэзией эпохи Сельджукидов, изучить историю издания учебников на таджикском языке.

Key words: stars, madkhal, astronomy, didactics, manual, astrologer, star, constellation, calendar, versified production

The article under consideration dwells on the didactic peculiarities of the manual entitled as "Madkhali Manzum" belonging to the pen of Abduljabbor Khujandi who lived in the Xll-th - the Xlll-th centuries. The relevant treatise is considered to be the first poem in the history of Persian-Tajik civilization teaching astronomy and astrology to readers. Proceeding from modern pedagogy achievements the author makes an endeavor to study the didactic peculiarities of the manual under study. The author of the article comes to the conclusion that the best didactic peculiarities of the former are those ones scientific, simple and clear and sometimes makes students think and it can be used today as well. Under the angle of modern didactics there should be exercises and tasks in the manual in question, which we do not see in the manual called "Madkhali Manzum". However, the authors conclusion on the relevant issue is that the teacher himself/herself asks the students questions. During the Middle Ages it became necessary to write a commentary on "Madkhali Manzum", which was done by Habibullah ibn Muhammad Tabib and his commentary can be called a guide for using the relevant versified production. In a nutshell, the author of the article suggests that passages from the mentioned work can be used to teach astronomy to readers. While studying the theme explored one can assert that alongside with getting acquainted with astronomical ancestorsл knowledge helps to understand the history of Tajik textbooks and the poetsл and writersл poetry who lived in Saljuqids dynasty.

Дар таърихи тамаддуни тонику форс бисёр асархои таълимй ва дарсй таълиф гаштаанд, ки ба насли наврас доир ба ин ё он илм маълумот додааст. Доир ба асархои таълимии асримиёнагии точик дар илми педагогикаи ватанй тахкикоти доманадор сурат нагирифтааст. Доир ба асари муначчим ва шоири охири асри XII ва ибтидои асри XIII Абдулчаббори Хучандй «Мадхали манзум», ки китоби таълимии астрономия мебошад, танхо доираи хурди олимон огахй доранд. Х,ол он ки китоби номбурда то Инкилоби Октябр дар Осиёи Миёна ва дар кишвархои форсизабон то солхои сиюми асри ХХ хамчун китоби дарсии илми нучум истифода мегашт.

Мухаккик Лукмон Бойматов доир ба китоби «Мадхали манзум» -и Абдулчаббори Хучандй чунин гуфтааст: «Китоби «Мадхали манзум» нахустин рисолаи илми нучуми эронй - исломй аст, ки ба назм мебошад» [5, с.45]. Перомуни зиндагй ва осори Абдулчаббори Хучандй С.Асадуллоев [3, с.44], А. Насриддинов, Л. Бойматов, М. Холов маколахои илмй таълиф кардаанд ва кушидаанд, ки зиндагинома ва таълифоти Абдулчаббори Хучандиро муаррифй намоянд. Бо кушишу захмати олими эронй Рахим Ризозода Малик «Мадхали манзум» хамчун замима ба китоби «Танкулушо» соли 1374 хичрии шамсй /1995 мелодй либоси табъ ба бар карда буд [ниг.: 11].

«Мадхали манзум»-и Абдулчаббори Хучандй ба гайр аз он ки асари хуб доир ба илми нучум аст, инчунин аз лихози педагогй низ шоистаи ахамият мебошад, ки дар ин макола доир ба ин масъала сухан мекунем. Номи пурраи китоби номбурда «Мадхали манзумин ва ахкоми илму-н-нучум» мебошад ва дар он дар такя ба донишхои пешрафтаи давр масъалахои астрономия ба донишомузон шарх дода шудааст. Дар таърихи тамаддуни мо ба шеър таълиф кардани асархои дарсй собикаи дурудароз дошта, доир ба лугатомузй, муаммокушой, ахлок, аруз, сарфу нахв, тибб ва гайра асархои таълимй бо назм таълиф гардиданд. «Мадхали манзум»-и Абдулчаббори Хучандй нахустин асари манзум доир ба илми нучум аст, ки хусусияти таълимй дорад ва барои навомузон нигаронида шудааст. Гарчанд ки то Абдулчаббори Хучандй ва баъди у асару рисолахои зиёди мансур ва манзум таълиф гардиданд, аммо аз лихози оммафахм будан ва ба таври осон фахмонидани асосхои астрономия он хеле маъруф ва эътирофшуда буд.

Ба назм таълиф намудани асар ва ба хусус асари манзум дар таърихи башарият собикаи тулонй дорад. Шоири Юнони ^адим Арат (тахминан 315 - 240 п.а.м) дар замони худ доир ба ситорахо, бурчхо ва вазъи хаво асаре бо номи «Зухурот» таълиф карда буд, ки он чанд маротиба ба забони илмии аврупо - лотинй тарчума гашта буд. Х,атто як маротиба онро худи Ситсерон ба забони лотинй тарчума карда буд. Асари Абдулчаббори Хучандй бошад, ба забони дигар тарчума нагаштааст, аммо нусхахои онро дар хазинаи дастхатхои Душанбе, Тошканд, Техрон, Машхад, Исломобод, Кобул, Санкт-Петербург, Маскав, ^азон, Истамбул ва

гайра пайд о кард а метавонем. Он дар ду намуд - шакли пурра ва талхисшуда дар байни мардум пахн гаштааст.

Бо кушишу захматхои фаровони М. Холов шакли мукаммали «Мадхали манзум» бо хати кириллй бо зевари табъ ороста гашта, дастраси хонандагон гашт, ки ин худ як дастоварди шоёни илми точик дар шинохти осори гузаштагон аст [ниг.: 1].

Мухаккики рус К.А. Богданов асари «Зухурот»-и Аратро тахлил карда, мушохида кардааст, ки пайдархамй ва муназзамии мавзуъхо дар он аз нуктаи назари дидактика оригиналй ва бехамто аст [2, с.19]. Ин хулосаро у дар киёс бо чахонбинии Арат баровардааст. Асари манзуми астрономии Арат дар замоне арзи хастй карда буд, ки дар дунёи Атика илми нучум рушд дошт ва олимоне чун Евдокс, Теофраст, Калипп ва дигарон доир ба нучумшиносй тахкикот мебурданд. Х,амин гуна холатро дар замони Абдулчаббори Хучандй низ метавонем, ки ба мушохида гирем. ^абл аз у ва дар асри зиндагияш олимоне чун Абумахмуди Хучандй, Абуалй ибни Сино, Фахри Розй, Абуалй ^аттони Марвазй ва дигарон асархои фаровон таълиф карда буданд, ки Абдулчаббори Хучандй аз аксари онхо огох буд. Х,адафи у аз таълифи «Мадхали манзум» ба тартиб ва низоми муайян ёд додани илми нучум ба хонандагон будааст. Табиист, ки асари мазкур дар доираи чахонбинии замон таълиф гаштааст, дар ин китоб дар баробари астрономия баъзе унсурхои астрология низ ба назар мерасад, ки ифодакунандаи дарачаи илм ва дониши асри муаллиф мебошад. Абдулчаббори Хучандй ситорашиносиро бехтарин илм баъди донишхои динй мехисобад:

Чун бидидам, ки дар басити Замин,

%ец дониш зи баъди дониши дин.

Нест аз дониши нуцуми бе%,

К-андар он ганцу х;икмат аст фире%[1, с.16].

Сабаби ба назм таълиф гаштани китоб доир ба илмхои дакик хамоно осон ва худ аз худ кардани илм барои шогирдон аст. Х,аким Майсарй «Донишнома»-ро доир ба илми тиб таълиф карда буд, ки он хам барои омузиши шогирдон осон буд. Абдулчаббори Хучандй махз масъалаи аз ёд кардани порчахои шеърй осон буданашро ба назар гирифта, карор дод, ки асарашро ба таври манзум офарад. Дар мукоиса бо шеъри шоирони хамасри у забони «Мадхали манзум» фахмо ва осон аст. Дар баробари ин масъалахои калонро вай тавонистааст, ки дар чанд байт чой дихад, ки хам аз ёд карданаш осон аст ва хам аз худ карданаш мушкилй пеш намеорад. Масалан, номи дувоздах бурчро, ки дар солшумории шамсй хар кадоме номи мохи сол хам хаст, дар чор мисраъ чой додааст:

%амалу Сарву баъд аз он Цавзо, Саратону Асад, дигар Азро. Боз Мизону Акраб омаду Цавс, Цадю Далв асту %ут чун фирдавс[1, с.19].

Ба ин тартиб ёд гирифтани тартиби бурчхо хеле осон аст ва мушкилй пеш намеорад. Дар астрономия ва умуман илмхои дакик риояи тартиб ва низоми донишхо ва зина ба зина омузонидани онхо накши калидй дорад. Мутобики талаботи дидактикаи муосир низ илмият ва системанокии донишхо мавкеи устувор дорад. Аз ин лихоз, мутобики рушди илми астрономияи замон Абдулчаббори Хучандй кушиш кардааст, ки низоми бехтарини омузиши нучумро рохандозй кунад. Бартарияти у дар он зохир мегардад, ки дар ибтидои китоб махз маълумоти илмии астрономй ва дар бобхои охир доир ба астрология сухан мекунад. Аз ин дидгох у принсипи илмиятро дар таълим риоя мекунаду баъдан ба донишхои астрологй ручуъ мекунад, ки онро сарфи назар кардан дар замони у имкон надошт. Боби якуми китоб «Хдйати фалак» ном дорад ва дар он ба таври дакик доир ба фалак, шумораи ситорагон, микдори сайёрахо, бурчхо ва суратхои фалакй маълумот додааст. Масалан, дар бораи микдори ситорахо кавокиб чунин навиштааст:

%укамо пеш аз ин ба %укми расад, Ахтаронро гирифтаанд адад. Як %азор асту бисту ну% ба шумор, %афт аз эшон кавокиби сайёр[1, с.18].

Дар ин чо микдори ситорахо 1029 адад ва хафт адади онхо бошанд, сайёрахо ном бурда шудааст. Ин микдори ситорагон мутобики дастоварди замони муаллиф оварда шудааст ва айни замон микдори ситорагон дар натичиаи истифодаи телескопхои муктадир зиёд гаштааст. Аммо аз ин чунин хулоса баровардан лозим аст, ки Абдулчаббори Хучандй микдори дар замонаш дакикшудаи ситорагонро гуфтааст. Номбар кардани микдори ситорагони осмон хам бесабаб нест, зеро ки хар касе, ки ба илми нучум шавку рагбат дошт, мехост, ки чанд адад будани

ситорагони осмонро донад. Дар ин холат принсипи дидактики чалби хонанда ба дониш, шавкманд гардонидани y ба назар гирифта шyдааст.

Хдмин гyна мyносибат доир ба микдори бурчхо дар нимкyраи шимолй ва чанубй ба назар гирифта шудааст. Бурчхо ва ё худ галаситорахо дар китоб бо истилохи «собитот» ёд мешаванд. Муаллиф чунин менависад:

З-он савобит ;аким кард ба кор, Чилу ;ашт аст сурати даввор. Бисту як сурати шимолй дон, Понзда; дар цануб гашт аён[l, c.l9].

Мутобики тасдики Иттифоки байналхалкии астрономй айни замон 88 бурч ба кайд гирифта шудааст, ки 44-тои он дар нимкурраи шимолй ва 44-то дар нимкурраи чанубй карор доранд. Баъзе аз ин бурчхо баъди рох ёфтан ба китъахои Амрико ва Австралия пайдо карда шудаанд, аммо Абдулчаббори Хучандй маълумоти дар замонаш дакикро пешниход кардааст. Бо риояи принсипи илмият Абдулчаббори Хучандй инчунин доир ба дарачахои фалак низ маълумоти дакик дода, масъалаи 360° дарача будани осмонро шарх медихад ва дакикаву сонияро хам ба назар мегирад. Тибки маълумоти y дувоздах бурч аст, ки моххоро ташкил медиханд. У ба таври дакик ва кутоху пурмазмун онро шарх додааст:

Дараци осмон бари устод, Сесаду шаст омад аз бунёд. %ар яке бурц аз он дарац се да; аст, %ар дарац аз дацица шаст ра; аст. Сония шаст, як дацица шинос, ^амчунин то ба оширот циёс [l, c.22].

Дар илми астрономияи кадим донистани хисоби абчад яке аз шартхои мухим буд. Дар мактабхои кухан баъди ёд гирифтани алифбо ба шогирдон хисоби абчадро меомузониданд. Тибки ин хисоб хар харфи алифбои арабй як ракамро ифода мекард. Дар тартиб додани зичхо ва чадвалу хисобхо ситорашиносони гузашта аз хисоби абчад фаровон истифода мебурданд. Х,олати мазкурро ба назар гирифта, Абдулчаббори Хучандй микдори рузхои солро ба таври сода мефахмонад:

«Aлиф» аст аввали ма; аз тацвим, Бо «дуюм» руз дону сеюм «цим». ^амчунин то ки ма; расад ба тамом, Охираш «коф»-у «то» бувад ё «лом» [l, c.20].

Мутобики хисоби абчад харфи алиф - I адади якро, бо - м адади дуро мефахмонад. Дар китоби номбурда барои мустахкамкунй машкхо чой дода нашудааст ва умуман дар китоби дарсй будани машк талаботи дидактикаи муосир мебошад. Аммо дар ин чо муаллиф ду рузи аввалро мегуяд ва водор мекунад, ки хонанда рузхои дигарро худаш бо истифодаи хисоби абчад муайян кунад. Дар охир "кофу то" - ва "лом" - J-ро меорад, ки аввалй 29 ва охир 30 аст. Бо ин рох хонанда худаш хисоб мекунад ва машк меварзад.

Як принсипи дидактикии асари Абдулчаббори Хучандй бо чанд ном зикр кардани номи чисмхои осмонй аст. Маълум аст, ки дар асрхои миёна забони илм дар мамлакатхои Шарк арабй буд. Муаллиф инро аз хотир намебарорад ва истилохоти илми нучумро, ки ба забони арабй аст, шарх медихад. Аммо дар баробари ин барои он ки хонанда матлабро ба тамомй фахмад ва дарк кунад, номи точикй-форсии сайёрахо, бурчхо ва ситорахоро ёд мекунад. Баъзе чисмхои осмонй ба арабй ду ном ва ё лакаб хам доранд, ки ин дар доирахои илмй фахмо буд. Барои инро фахмонидан ба хонанда Абдулчаббори Хучандй дар баробари номи истилохи арабй инчунин номи точикии ачромро хам зикр кардааст. Ин холро бештар дар зикри номхои бурчхо ба назар гирифта метавонем. Масалан, муаллиф дар баробари Асад - Шер, ^авс -Камон, Сунбула - Хуша, Мизон - Палла, Саратон - Харчанг, Ч,адй - Буз ва амсоли инхоро истифода кардааст. Бо ин рох хонанда хам бо истилохи илмии арабй ва хам бо номи точикй шинос мешавад. Ин кор хам хотираи хонандаро мустахкам мекунад ва хам хисси миллиро ба у мебахшад. Бо баробари хондани ин асар хонанда бо лугати мухтасари истилохоти илми нучум шинос мегардад, ки барои такмили дониши у муфид мебошад.

Яке аз усули дидактикии "Мадхали манзум" истифодаи мушохидахо ва дар баробари ин дар амал татбик кунонидани онхо аст. Дар асрхои миёна доир ба гирифти Офтобу Мох ва пайдо гаштани рангинкамон дар осмон ривоят ва хурофоти зиёд ба назар мерасид. Абдулчаббори Хучандй дар китобаш исбот мекунад, ки пайдо шудани рангинкамон - кавси кузах дар осмон, гирифти Офтобу Мохтоб ходисахои табиат буда, конуниятхои худро дорад. Масалан, дар

фасли "Дар далоили кавси кузах", яъне сабабхои пайдо гаштани рангинкамон чунин навиштааст:

Гар бувад Офтоб шарк бидон,

У ба магриб барояд аз даврон.

В-ар ба магриб бувад, бидон бешак,

Суи магриб бароядаш хату хак [ 1, с. 45-46].

Яъне агар Офтоб дар шарк бошад, рангинкамон дар гарб ва агар дар гарб бошад дар шарк пайдо мегардад.

Дар идомаи ин менависад, ки агар рангинкамон баъди борон пайдо шавад, хаво кушод мегардад:

Гар барояд камон пас аз борон,

Дон, ки хохад кушод абри цахон [1, с. 46].

Агар пеш аз пайдо шудани рангинкамон борон - матар пайдо гардад, пас хаво боронй мешавад:

В-ар шавад пеш аз он матар пайдо, %укми борон бикун, машав шайдо [ 1, с.46].

Ин гуна мушохидахоро дар шакли назм дар бисёр маврид зикр мекунад, ки бо омухтани онхо хонанда метавонад, ки амалан худаш ин холро мушохида кунад. Дар амал онро бубинад ва санчад.

Гирифти Офтоб - кусуф ва гирифти Мохро - хусуф меноманд. Дар боло ишора гашт, ки дар байни мардум доир ба гирифти Моху Офтоб хурофот бисёр пахн гаштааст. Ба хусус, хангоми гирифтани Мох мардум ба болои бом баромада тагора ва зарфхои оханинро ба хам зада овози онхоро мебароварданд. Абдулчаббори Хучандй чунин хурофотро эътироф намекунад ва ба хонандагонаш сабаби гирифтани Офтобу Мохро мефахмонад. Масалан, дар кисмати "Дар баёни хусуфи ^амар" сабаби гирифта шудани Мохро дар се байт мухтасар ва муъчаз мефахмонад:

Ин сухан аз китоби юнонист,

"Мох, аз Офтобнуронист".

Чун шавад сояи Замин хоил,

Мох бошад ба тираги моил.

Нури Хуршед аз у шавад маътуф,

В-ар намояд ба халк шакли хусуф [ 1, с. 47].

Бо чунин шархи кутох холати аз хоил шудани сояи Замин пайдо гаштани хусуфи Мох шарх дода шудааст.

Як талаботи дидактикаи муосир ба таври аёнй фахмонидани мавзуъ аст. Ба хусус дар илми нучум накшахо ва даврахо зарур мебошанд. Аз ин ру, барои фахмонидани нитоки кавокиб як расмро хам чой додааст[ниг.: 1, с.31]. Дар дастхатхои гуногуни "Мадхали манзум" котибон онро кашидаанд. Дар он чое ки бо сухан фахмонидан душвор аст, муаллиф аз расм истифода бурдааст.

Дар гузашта хар китобе, ки шогирдони мадрасахо меомухтанд, дар назди устод сабак дода мешуд. Инро Абдулчаббори Хучандй хам ба назар гирифтааст. Яъне хар сатри "Мадхали манзум"-ро шогирд бо хамрохи устодаш мутолиа мекард ва вазифаи устод фахмонида додани матлабхои китоб буд. Хднгоми дарс додани "Мадхали манзум" хатман устод ба шогирд масъалахоро мефахмонид. Мо дар бораи он ки дар барномахои мадрасахои асримиёнагй таълими нучум хатмй буд ва ё не маълумоти мушаххас надорем. Аммо аз таърихи мадрасахои асримиёнагй маълум мегардад, ки дар шахрхои Бухоро, Самарканд, Хучанд, Нишопур, Х,ирот, Рай ва монанди инхо мадрасахои алохидае амал мекарданд, ки дар онхо дар баробари илмхои динй илмхои дунявй ва дакик ба монанди хандаса, риёзиёт ва нучум таълим дода мешуд. Берун аз мадрасахои расмй шавкмандони илми нучум ба назди муначчимон рафта шогирд меистоданд ва ин илмро аз худ мекарданд. "Мадхали манзум" дар чунин мадрасахо ва дарсхои муначчимон маводи хуби таълимй ба шумор мерафт, ки шогирдон ва шавкмандони илми нучум аз он фоида мебардоштанд.

Астрономия вокеан илми дакик аст ва барои дарки комили он донишхои физикй, хандасавй, риёзй сахт зарур аст. Табиист, ки онро шавкмандон аз худ мекарданд, ки аллакай дар илмхои дар боло зикршуда махорату малака пайдо карда буданд.

В.П. Беспалко таъкид мекунад, ки агар дар китоби дарсй мафхумхо барои муаллим фахмо набошанд, пас у наметавонад, ки дарсро ба хонандагон фахмонида тавонад. Агар мафхумхоро муаллим ба хонандагон хуб фахмонида тавонад, пас азхудкунии дарс хеле осон мегардад[4,

с.83]. Агар ба "Мадхали манзум" назар афканем, маълум мешавад, ки муаллиф кушиш кардааст, ки мафхум ва истилохотро дар колаби назм ба усули сода ва фахмо шарху тавзех дихад. Масалан, доир ба истилохи "кирон" чунин навиштааст:

Чун ду кавкаб бувад ба бурце дар, Ба дарац беш не зи якдигар. Дон, ки мар %ардуро цирон бошад, В-инчунин %оли бекарон бошад [1, с. 25].

Бо мурури замон илми астрономия дар кишвархои Шарк низ тараккй ёфт ва "Мадхали манзум" хамчун китоби ибтидоии омузиши нучум бокй монд. Мубтадиён - огозкунандагони омузиши нучум ба он ниёз доштанд. Дар баробари ин бо гузашти асрхо забон хам тагйир меёбад ва шояд донандагони вокеии илми нучум хам камтар гардиданд. Чунин холат водор кард, ки барои фахмидани "Мадхали манзум" шарх навишта шавад. Олими факид А. Насриддинов доир ба зиндагиномаи Абдулчаббори Хучандй маълумот дода, ба мавчуд будани шархи «Мадхали манзум» таъкид кардааст: «Соли 1520 мелодй ба «Ал-Мадхал»-и Абдулчаббори Хучандй «Х,абибуллох ибни Мухаммад» ном шахс шархи манзум навиштааст» [9, с.438]. Шояд устод аз мансур будани ин шарх огахй надоштанд. Гарази мо аз ёд кардани ин шарх ба китоби Абдулчаббори Хучандй дар он аст, ки Х,абибуллох ибни Мухаммади Табиб ба «Мадхали манзум» бахои баланд додааст ва дар шархи худ бештар ба маънидод кардани лугатхо таваччух зохир кардааст. Баъдан, шорехи ин асар барои шархи кисматхои нофахмо ва ба хусус марбут ба хисоби абчад ва ё худ хисоби чумал пардохтааст[10, с.18]. Ба андешаи мо китоби Х,абибуллохи Табиб як дастур аст, ки ба китоби таълимй таълиф гаштааст ва он пеш аз хама барои муаллимон нигаронида шудааст. Дар шархи мазкур аввал матн аз «Мадхали манзум» оварда мешавад, баъд он матн аз лихози лугавй ва баъдан илмй шарху тавзех дода мешавад. Агар хар ду китобро якчо гузорем, хамдигарро пурра мекунанд.

Тахкикоти муосири педагогй ва психологй муайян кардааст, ки 78% хонандагон китоби дарсиро бо талаби муаллим мехонанд, 32% андеша доранд, ки китоб барои муаллим аст[6, с.4]. Албатта, ин натичаи омори замони муосир аст. Ба гумони мо дар асрхои миёна, дар замоне, ки «Мадхали манзум» асари дарсй буд, на танхо 78%, балки аз он хам бештар бо рохнамой ва хидояти омузгор аз бар мекарданд. Зеро он замон китоби дарсй ба таври дастнавис омода карда мешуд, мисли имруза он ба тарики чопи оммавй дастраси хамагон набуд.

Боби сеюми «Мадхали манзум» марбут ба астрология буда, «Дар ахкоми ахтарон» ном дорад. Дар ин боб асосан масъалахои марбут ба таъсири ин ё он чисми осмонй ба инсон ва табиат мавриди баррасй карор гирифтааст. Мутобики ин ахкоми нучум вактхои бехтарини ба тахт нишастани подшох, замони кабули вазорат, ба маснади козигй нишастан, хонадор гардидан ва амсоли инхо зикр гаштааст. Дар ду бахши ин боб доир ба фурсати дарс гуфтан, ба мактаб додани фарзанд хам баён гаштааст. Дар як бахш «Ихтиёри чулуси мударрис» вактхои ба ташкили дарс номуфид шарх дода шудааст:

В-арат ихтиёри дарс %аст талаб, Мо% бо Муштариву Зу^ра талаб. Аз Уторид %азар кун он рангом, То набошад ба хонаи Барром [1, с. 52]

Дар асари мавриди назари мо инчунин мутобики коидахои нучум фурсат ва ё вакти таълим додани фарзанд ёд мегардад. Ба андешаи Абдулчаббори Хучандй бехтарин фурсати таълими фарзанд хангоми дар бурчхои обй ва дар бурчхои ^авсу Сунбула карор доштани Мох аст [ ниг.:1, с. 57].

Албатта, чунин тасаввурот баргирифта аз донишхои астрологии мардумй аст, ки ба илми муосир мухолифат дорад. Гарчанд ки фурсати дарахт шинонидан, иморат кардан ва монанди инхо натичаи мушохидахои тулонии олимон аст.

"Мадхали манзум" дар даврае эчод гаштааст, ки ба хаёти чамъиятй таъсири дин зиёд буд. Муаллиф тахти таъсири чахонбинии динй карор дошт, ки дар асрхои миёна ин як холати табий ба шумор мерафт. Дар охири китоб Абдулчаббори Хучандй таъкид мекунад, ки агар тамоми навиштахояшро хонанда сарфахм равад, пас барои фахмидани таквимхо ва зичхо ягон хел мушкилй нахохад кашид:

%ар ки инро тамом бархонад, Чун ба тацвим бингарад, донад. Он чи мактуб бошад андар вай, Мушкилаш цумла %ал шавад бар вай[ 1, с. 74].

Мув о фики акидаи дини ислом илми гайбро гайр аз Худованд касе намедонад. Дар такя ба ин акида у таъкид мекунад, ки ба ахкоми нучум - астрология сахт эътимод кардан нашояд, зеро ки илми гайбро танхо Худованд медонад.

Афзалияти китоби мазкур дар он зохир мегашт, ки муаллифи он асархои арабй, точикй, юнонй, сурёнй ва гайраро, ки доир ба илми нучум буданд ва мутакаддимону хамзамононаш таълиф карда буданд, ба дарачаи баланд омухта, матлабхои онро суфта ва фахмо карда, ба низоми муайяни илмй ворид сохта, сипас бо забони содаву фахмо онро ба колаби назм даровардааст.

Академик М. Лутфуллоев талаботро ба китобхои дарсии муосир номбар карда, кайд мекунад, ки китоби дарсй бояд мувофики барнома ва стандарти давлатй таълиф гардад [7, с.110]. Табиист, ки дар асри Абдулчаббори Хучандй барнома ва стандарти таълимй мавчуд набуд ва у аз руйи мантик ва низомнокии илмй асарашро таълиф кардааст.

Талаботи дигар ба китоби дарсй равшану мушаххас баён ёфтани фалсафаи фан, илмият, коида, конунхо, мафхуму таърифот ва далелхо мебошад, ки хамаи ин дар китоби "Мадхали манзум" ба назар мерасад. Он хамчун китоб шавку завки хонандаро бедор мекунад ва онхоро ба фаъолияти мустакилонаи эчодй рахнамун месозад.

Нуксон ва ё норасоии "Мадхали манзум" аз нигохи дидактикаи муосир чой надоштани машкхо ва саволу тестхо мебошад. Аммо мо гумон дорем, ки устод бо додани савол ва пурсиш ин холигиро пур карда метавонад.

Дар замони муосир талаб карда мешавад, ки китоби дарсй дорои расмхо, муратдор ва ранга бошанд. Дар асрхои миёна котибону хаттотони мохир чандин нусхахои ранга ва хушхати "Мадхали манзум"-ро ба вучуд овардаанд, ки ба шарофати кори онхо ин асари маргуб дилнишину музайян гаштааст.

Дар замони кунунй хангоми таълифи китобхои марбут ба астрономия метавонем, ки усулхои дидактикии Абдулчаббори Хучандиро истифода барем ва аз тачрибаи у имруз хам суд бардорем. Масалан, бо шеър пайдархам овардани номи моххо, рузхои хафта ва амсоли инхо метавонанд, ки зуд аз тарафи хонандагон аз ёд гашта, то охири умр дар хотирашон монад.

Ахамияти илмии "Мадхали манзум" дар замони муосир боз дар он зохир мегардад, ки бо мутолиаи он хонандагони замони мо ба руи худ на танхо дарвозаи илми нучуми ниёгонро боз мекунанд, балки дари дарки маъниро ба шеъри классикй барои худ кушода мегардонанд. Агар хонандаи замони мо хохад, ки осори Манучехрии Домгонй, Низомии Ганчавй, Хоконии Шервонй, Анварии Абевардй, Саноии Газнавй ва дигаронро, ки дар онхо донишхо ва мафхумхои нучумй фаровон истифода гаштаанд, дарк кунад, пас ногузир аст, ки руй ба "Мадхали манзум" орад. Олими эронй, мураттиби лугати калонхачми "Фарханги истилохоти нучумй хамрох бо вожахои кайхонй дар шеъри форсй" Абулфазли Мусаффо бисёр истифода гаштани танчим ва истилохоти илми нучумро дар шеъри шоирони давраи Салчукиён тазаккур карда, бархак навиштааст: "Ва басо иттифок меафтад, ки дар як касидаи васфй ё мадхй, ё дар бахше аз як манзумаи ишкй ё ирфонй кабл аз он ки он касида ё манзума ба поёни худ наздик шавад ва гохе аз хамон огоз табдил ба навъе шеъри таълимй дар илми нучум ва баёни мавкеи зохирии ашколи фалакй мегардад ва ба назар меояд, ки гуяндаи он шоире аст муначчим ё муначчиме аст, ки ба гуфтани шеър ба касди баёни масоили фалакй ё таълим ва ироаи он масоил"[8, Мукаддима, с.14].

Дигар ахамияти "Мадхали манзум" боз дар он аст, ки порчахои марбут ба номи моххо, ходисахои кайхонй, ки ахамияти худашонро гум накардаанд, дар дарси астрономия муаллимон метавонанд, ки истифода баранд. Дар ин сурат мухтавои ин китоб метавонад, ки муфид бошад.

Дар дарсхои иловагй ва факултативй доир ба таърихи илм "Мадхали манзум"-ро истифода кардан мумкин мебошад.

Хулоса, хдрчанд ки хамчун китоби дарсии астрономия "Мадхали манзум" дар замони мо, ки илм тараккй кардааст, мувофик нест, аммо порчахои муфидашро агар муаллимон эчодкорона истифода баранд, ба фоидаи кор хохад шуд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдулчаббори, Хучандй. Мадхали манзум / Тахияи М. Холов. - Душанбе: Ганчи хирад, 2020.

- 88 с.

2. Арат. Явления. / Пер. с древнегреч., вступ. ст., коммент.: К. А. Богданов. - СПб.: Алетейя,

2000. - 252 с.

3. Асадуллоев, С. Абдулчаббори Хучандй. Энсиклопедияи миллии точик. Ч,.1. - Душанбе:

Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии точик, 2011. С.44.

4. Беспалько, В.П. Теория учебника. Дидактический аспект. - М.: Педагогика, 1988. - 160 с. С.83.

5. Бойматов, Л. «Мадхали манзум» ва муаллифи он. // Номаи анчуман - № 14 - тобистони с.1883. С. 45 - 63. С. 45.

6. Джалалов, С. С. Особенности учебной книги как дидактического средства инициации смыслообразования обучающихся.Дисс. ... канд. пед. наук / С.С. Джалалов. - Новочеркасск, 2014. - 178 с.

7. Лутфуллоев, М. Дидактикаи муосир. - Душанбе, 2001. - 339 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

8. Мусаффо Абулфазл. Фарханги истилохоти нучумй хамрох бо вожахои кайхонй дар шеъри форсй. - Табрез: Таърих ва фарханги Эрон, 1357. - 1040 с.

9. Насриддинов, А. Донишмандон ва сухансароёни Хучанд / Куллиёти осор. ч. 3. - Хучанд: Хуросон, 2013. С.5-441. С. 438.

10.Табиб, Х,абибуллох ибни Мухаммад. Тарчума ва шархи «Мадхали манзум дар илми нучум». Дастхати № 3314 Китобхонаи Шурои миллии Эрон.

11.Танкулушо. Аз муаллифе ношинохта. Ба замимаи «Мадхали манзум» аз Абдулчаббори Хучандй / Мукаддима ва тасхехи Рахимзода Малик - Техрон: Мероси мактуб, 1374. - 128 с.

REFERENCES:

1. Abduljabbor Khujandi. Madkhali manzum / Prepared by M. Kholov. - Dushanbe: Ganji Khirad, 2020. - 88 p.

2. Arat. Appearances. / Translated from Ancient Creek, commented by К. А. Bogdanov. - SPb.: Aleteya, 2000. - 252 p.

3. Asadulloev S. Abduljabbor Khujandi. The Tajik National Encyclopedia. -V.1. - Dushanbe: State Institution of the Chief Scientific Editor of the Tajik National Encyclopedia, 2011. - P. 44.

4. Bespalko V.P. Textbook Theory. Didactical Aspect. - M.: Pedagogy, 1988. - 160 p.

5. Boymatov, L. Madkhali Manzum and its Author // Conference Notes. - № 14. Summer of 1883. - P. 45 - 63.

6. Jalolov, S.S. Features of the Textbook as a Didactic Means of Initiating the Meaning of Teaching Students: candidate dissertation in pedagogy / S.S. Jalolov. - Novocherkassk, 2014. - 178 p.

7. Lutfulloev, M. Modern Didactics. - Dushanbe, 2001. - 339 p.

8. Musaffo Abulfazl. The Dictionary of Astronomical Terms and Cosmic Words in Persian Poetry. -Tabriz: History and Culture of Iran, 1357. - 1040 p.

9. Nasriddinov, A. Scholars and Speakers of Khujand / Collection of Compositions, -V.3. - Khujand: Khuroson, 2013. - P. 441 - 438.

10. Tabib, Habibullah ibn Muhammad. Translated and commented by "Madkhali manzum in astronomical science. Manuscript № 3314 Library of the National Council of Iran.

11. Tankulusho. From an Unknown Author. To the appendix "Madkhali manzum" by Abduljabbor Khujandi / Introduced and corrected by Rahimzoda Malik - Tehran: Written Heritage,1374.-128 p

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.