Научная статья на тему 'ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ: МАРҲИЛАҲОИ РУШД ВА МЕТОДОЛОГИЯИ ОМЎЗИШИ ОН'

ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ: МАРҲИЛАҲОИ РУШД ВА МЕТОДОЛОГИЯИ ОМЎЗИШИ ОН Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
121
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
дипломатияи рақамӣ / усулҳои омӯзиши дипломатияи рақамӣ / рушди дипломатияи рақамӣ / твипломатия / таҳлили ҳаштег / таҳлили шабакавӣ / таҳлили афкор ва ақидаҳо / қувваи нарм / қувваи тез / таъминоти иттилоотӣ / маълумотҳои калон.

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Неъмонов Ҷ. М., Муртазо А. А.

Дар мақолаи мазкур натиҷаҳои рушди чунин хориқа ба монанди дипломатияи рақамӣ баррасӣ шуда, раванди баҳс дар бораи равишҳои илмии омӯзиши ин падида тавзеҳ шудааст. Дипломатияи рақамӣ ҳамчун механизми ҳукуматӣ барои таъсиррасонӣ ба иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ аз солҳои 2009-2010 дар рушди худ бо тағйир додани заминаи консептуалӣ (аз “қувваи нарм” ба “қувваи тез”), равишҳо (аз паҳн кардани симои мусбати давлат то паҳн кардани хабарҳои манфӣ дар бораи кишварҳои мавриди ҳадаф), усулҳои таъсиррасонӣ ба шунавандагони интернетӣ (аз муколамаи бевосита то ба вуљуд овардани ҷомеаҳои аз ҷиҳати ғоявӣ мухолиф ва шиддатнок намудани мубоҳисаҳо), ду марҳаларо аз сар гузаронидааст. Солҳои 2018-2020 вақте ки зеҳни сунъӣ ва коркарди маълумотҳои калон ба татбиқи сиёсати зиддиятҳои иттилоотӣ мусоидат намуда, як қисми дипломатияи рақамӣ гардиданд, он ба марҳилаи сеюми рушди худ ворид шуд. Муаллиф назарияҳои реализм ва конструктивизмро, ки метавонанд барои омӯзиши дипломатияи рақамӣ истифода шаванд, таҳлил намуда, нишон медиҳад, ки чӣ тавр таҳлили ҳаштег (hashtag tracking), таҳлили шабакавӣ (network analysis), таҳлили афкор ва ақидаҳо (opinion mining) метавонанд барои омӯзиши дипломатияи рақамии кишварҳои алоҳида роҳандозӣ карда шавад

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ: МАРҲИЛАҲОИ РУШД ВА МЕТОДОЛОГИЯИ ОМЎЗИШИ ОН»

ПОЛИТОЛОГИЯ

УДК 327

ДИПЛОМАТИЯМ РАКДМЙ: МАР^ИЛА^ОИ РУШД ВА МЕТОДОЛОГИЯИ

ОМУЗИШИ ОН

НЕЪМОНОВ Ч.М., МУРТАЗО А.А.

Дар мацолаи мазкур натицауои рушди чунин хорща ба монанди дипломатияи рацами барраси шуда, раванди баус дар бораи равишуои илмии омузиши ин падида тавзеу шудааст. Дипломатияи рацами уамчун механизми уукумати барои таъсиррасони ба иштирокчиёни шабакауои ицтимои аз солуои 2009-2010 дар рушди худ бо тагйир додани заминаи консептуали (аз "цувваи нарм" ба "цувваи тез"), равишуо (аз паун кардани симоимусбати давлат то паун кардани хабаруои манфи дар бораи кишваруои мавриди уадаф), усулуои таъсиррасони ба шунавандагони интернети (аз муколамаи бевосита то ба вулуд овардани цомеауои аз циуати гоявй мухолиф ва шиддатнок намудани мубоуисауо), ду маруаларо аз сар гузаронидааст.

Солуои 2018-2020 вацте ки зеуни сунъи ва коркарди маълумотуои калон ба татбици сиёсати зиддиятуои иттилооти мусоидат намуда, як цисми дипломатияи рацами гардиданд, он ба маруилаи сеюми рушди худ ворид шуд. Муаллиф назарияуои реализм ва конструктивизмро, ки метавонанд барои омузиши дипломатияи рацами истифода шаванд, таулил намуда, нишон медиуад, ки чи тавр таулили уаштег (hashtag tracking), таулили шабакави (network analysis), таулили афкор ва ацидауо (opinion mining) метавонанд барои омузиши дипломатияи рацамии кишваруои алоуида роуандози карда шавад.

Вожщои калидй: дипломатияи рацами, усулуои омузиши дипломатияи рацами, рушди дипломатияи рацами, твипломатия, таулили уаштег, таулили шабакави, таулили афкор ва ацидауо, цувваи нарм, цувваи тез, таъминоти иттилооти, маълумотуои калон.

ЦИФРОВАЯ ДИПЛОМАТИЯ: ЭТАПЫ РАЗВИТИЯ И МЕТОДОЛОГИЯ

ИЗУЧЕНИЯ

НЕЪМОНОВ ДЖ.М., МУРТАЗО А.А.

1 кандидат политических наук, дотсент кафедры гуманитарных наук ТГУК, Республика Таджикистан,Душанбе

2старший преподаватель кафедры мировой экономики и международных отношений,

Республика Таджикистан, Душанбе

В данной статье рассматриваются результаты развития феномена цифровая дипломатия, и освещается процесс дискуссии о научных подходах к исследованию данного явления. Цифровая дипломатия как правительственный механизм воздействия на акторов социальных сетей начиная с 2009-2010 гг. прошла два этапа в своем развитии, трансформируя концептуальный фундамент (от «мягкой силы» к «острой силе»), подходы (от распространения позитивного имиджа государства к распространению негативных

постов о целевых странах), методы воздействия на интернет-аудиторию (от прямого диалога к созданию идеологически противоположных пабликов и обострению дискуссий).

В 2018-2020 гг. цифровая дипломатия вступила в третий этап развития, когда искусственный интеллект и обработка больших данных стали ее частью, содействуя проведению политики информационного противостояния. Автор анализирует теории реализма и конструктивизма, которые можно применить для изучения цифровой дипломатии, и показывает, как анализ хэштега (hashtag tracking), сетевой анализ (network analysis) а также анализ мнений и взглядов (opinion mining) могут применяться при исследовании цифровой дипломатии отдельных стран.

Ключевые слова: цифровая дипломатия, методы изучения цифровой дипломатии, развитие цифровой дипломатии, твипломатия, анализ хэштега, сетевой анализ, анализ мнений и взглядов, мягкая сила, острая сила, информационное обеспечение, большие данные

DIGITAL DIPLOMACY: STAGES OF DEVELOPMENT AND STUDY

METHODOLOGY

NEMONOV J.M., MURTAZO A.A.

This article discusses the results of the development of the phenomenon of digital diplomacy, and highlights the process of discussion about scientific approaches to the study of this phenomenon. Digital diplomacy as a government mechanism for influencing social media actors since 2009-2010. went through two stages in its development, transforming the conceptual foundation (from "soft power" to "sharp power"), approaches (from spreading a positive image of the state to spreading negative posts about target countries), methods of influencing the Internet audience (from direct dialogue to creating ideologically opposed publics and intensifying discussions).

In 2018-2020 digital diplomacy has entered the third stage of development, when artificial intelligence and big data processing have become part of it, contributing to the policy of information confrontation. The author analyzes the theories of realism and constructivism that can be applied to the study of digital diplomacy, and shows how hashtag tracking (hashtag tracking), network analysis (network analysis), as well as analysis of opinions and views (opinion mining) can be applied to the study of digital diplomacy of individual countries.

Key words: digital diplomacy, methods of studying digital diplomacy, development of digital diplomacy, twiplomacy, hashtag tracking, network analysis opinion mining, soft power, sharp power, information provision, big data

Дипломатияи ракамй хдмчун механизми таъсиррасонии давлатй ба корбарони шабаках,ои ичтимой дар низоми муносибатх,ои байналмилалй такрибан солх,ои 2009-2010 пайдо шуд. Ин буд, ки них,одх,ои давлатии кишварх,ои чун Амрико, Россия, Фаронса, Олмон, Чин ва Эрон дар платформах,ои Facebook, Twitter, YouTube ва гайра сах,ифаи расмии худро кушоданд ва ширкатх,ои расонаии байналмилалй, аз кабили Voice of America, Russia Today ва PressTV ба пахши аввалин шабаках,ои ракамии худ дар шабаках,ои ичтимой огоз намуданд.

Рушди дипломатияи ракамиро мебояд ба ду марх,ила таксим кард. Марх,илаи аввал солх,ои 2009-2012 дар бар мегирад, ки дар он дипломатияи ракамй симои мусбати давлатро

таргиб мекард, вале вазифаи асосии консепсяи «кувваи нарм» аз чалби шунавандагони максаднок тавассути эътикод, муколама ва гайра иборат буд ва хамчун императиви хорикаи (феномен) навпайдошуда истифода мешуд. Он вакт дар бораи стратегияи дипломатияи ракамй ё маъракахои иттилоотии ракамй тасаввуроте вучуд надошт, дар назди созмондихандагони он вазифахои тактикй гузошта шуда буданд ва чунин мафхумхои муосир ба мисли «маълумоти калон» ё усулхои тахлили шунавандагон вучуд надоштанд. Бисёре аз коршиносон рушди дипломатияи ракамиро дар он давра бо чунин падидахо ба монанди инкилоби Twitter, Твипломатия (Twiplomacy) ва гайра алокаманд мекунанд.[2]

Мархилаи дуюм солхои 2013-2017-ро дар бар мегирад, ки дар он усулхои нави тахлили рафтори корбарони шабакахои ичтимой пайдо шуда, дипломатияи ракамиро ба як воситаи нихоят муассир барои баргузории маъракахои сиёсй, интихобот ё эътирозхо табдил доданд. Мафхуми "кувваи тез", истифодаи маълумоти калон ва истифодаи алгоритмхои барномасозй барои ба даст овардани маълумот дар бораи тамоюли сиёсии корбарон ба аксари иштирокчиён имкони расонидани таъсирро ба корбарон эчод намуд. Еояхо дар бораи пешбурди симои мусбй, "кувваи нарм" ва муколама ба кадри кофй муассир набуда, тадричан бо маъракахои таблиготй ва иттилоотй, ки дигар кишвархо ва хукуматхоро танкид мекарданд, иваз карда шуданд. Сиёсати хоричй, кабули карорхо, дипломатияи оммавй, лоихахои иттилоотй ва гайра, тадричан ба маълумот дар бораи тавозуни кувва дар шабакахои ичтимой, рухияи корбарон ва тарчехи сиёсии онхо такя мекардагй шуданд. Сарони давлатхо ба бахсхои мухталиф дар бораи масоили сиёсати хоричй дар шабакахои ичтимой ворид карда шуданд, ки таваччухи миллиардхо корбаронро ба худ чалб мекард. Мархилаи дуюми рушди дипломатияи ракамиро бо маъракаи интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА ва иттихоми Россия дар татбики дипломатияи ракамии максаднок алокаманд месозанд, ки ба натичаи интихобот таъсир расонидааст. Х,амаи ин дипломатияи ракамиро дар микёси чахонй ба таври назаррас тагйир дод.[4]

Ин гардишхои нав дар рушди дипломатияи ракамй мавзуи тахкикоти зерин мебошанд. Бо вучуди ин, тахлили оддии заминаи эмпирикии он ба назари мо барои дарки илмии равандхои баамаломада дар сохаи ракамкунонии муносибатхои байналхалкй нокифоя менамояд.

Доираи таъсири дипломатияи ракамй ба чомеаи хоричй аз таъсиррасонй ба интихобот, иваз шудани тартиботи сиёсй то ба рох мондани муколама, хамкорй ва пахн кардани гояхо ва арзишхо тагйир меёбанд. Мутобикати стратегияхои "кувваи тез" (sharp power) ва "кувваи нарм" (soft power) дар дипломатияи ракамии муосир мухим аст ва он омезиши мачмуи воситахои таблиготии катъй ва воситахои нармро барои ташаккули муколама дар назар дорад.

Интикод аз хаёти сиёсй дар кишвари хоричй як рохи маъмулии чалби шунавандагон ва тавсеаи доираи он аст ва аксаран аз чониби пешсафони фаъолияти иттилоотй - ИМА, Русия, Фаронса, Олмон, Эрон ва Чин истифода карда мешавад. Чунин усулхо, аз кабили бадном кардани рахбарони алохида ё нерухои сиёсй, пахн кардани иттилооте гайримаъмулй, ки аз чониби ВАО дар кишвархои мавриди хадаф инъикос намешаванд ва гайра хеле пеш аз давраи ракамикунонии муносибатхои байналмилалй маълум буданд. Бо вучуди ин, суръати таъсир, шиддатнокии эхсосот дар ченаки ракамй шахрвандонро дар муддати кутох чалб мекунад, ки метавонад вокеияти сиёсиро дар чомеаи максаднок зуд тагйир дихад.

Шиддат гирифтани акидахои кутбй оид ба масъалахои сиёсй ба тамоми куввахои сиёсй таъсир расонида, як воситаи мухими дипломатияи ракамии муосир мебошад. Х,амин тарик, дар чараёни маъракаи интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА аввалин лоихахои ракамй пайдо шуданд, ки ба масъалахои дар байни гуруххои гуногуни ичтимой ва сиёсии чомеаи Амрико фахмиш ва арзёбии кутбидошта нигаронида шуда буданд. Маъракахои иттилоотии овозадори чунин як чомеа ба мисли Secured Borders дар платформаи Facebook метавонад намунаи равшани он бошанд. Як кисми ин паёмхо ба зарурати хифзи сархадоти ИМА аз мухочирони гайриконунй бахшида шуда, кисми дигари он тамоми мушкиливу машаккатхо ва махрумсозии онхоеро, ки дар ИМА истикомати гайриконунй доштанд ё ихроч шуда буданд, нишон медод. Сахифа ду пахлуи масъаларо нишон медод, ки боиси ташдиди бахси он ва эътирозхои кучагй гардид[6].

Таргиби хаштег, ки чузъиёти масъаларо ошкор мекунад, як усули дигарест, ки ба арсенали муосири дипломатия ворид шудааст. Х,аштегхо дар сафарбар кардани чавонон дар давраи "Бахори Араб" ва эътирозхои Маскав дар соли 2011 накши мухим бозидаанд. Онхо дар дипломатияи ракамии кишвархои гуногун накши мухим доранд. Масалан, твитхои шабакаи RT, хаштегхои ташкилоти WikiLeaks, ки мушкилоти хаёти сиёсии ИМА-ро инъикос мекарданд. Аз чумла, хаштеги #podestaemails, ки мухтавои мукотибаи тими Х,иллари Клинтонро таргиб мекард, маълумоти манфиро дар бораи номзади хизби Демократхо ба хадде пахн кард, ки маъмурияти Твиттер, ки тобистони соли 2017 дар бораи катъ кардани сахифаи он тасмим гирифт[1].

Х,амкорй бо намояндагони акидахои гуногуни сиёсй дар кишвари хоричй як чузъи дипломатияи ракамй ба шумор меравад. Самаранокии паём дар дипломатияи ракамй на бо махдуд кардани аудиторияи максаднок, масалан, тавассути чалби таваччухи танхо чомеаи тарафдори либералй, балки, баръакс, тавассути васеъкунии доираи сиёсии хонандагон, шунавандагон ва тамошобинон ба даст оварда мешавад. Тегмонии дурусти корбарон ва филтркунии онхо ба принсипхои асосии дипломатияи ракамии муосир табдил ёфтааст. То соли 2018 платформахои ичтимой барои чустучуи пешвоёни афкори чомеа, робитахои ичтимой ва афзалиятхои сиёсии онхо имкониятхои номахдуд фарохам меоварданд ва таблиготи воридшуда имкон медод, ки ба гуруххои бузурги ахолй фишори иттилоотй расонида шавад.

Дар натича, дипломатияи муосири ракамй кобилияти зуд сафарбар кардани шахрвандонро дар робита бо арзишхои муайян ба даст овард. Илова бар ин имруз он на дар бораи баъзе акидахои норавшан оиди симои мусбати давлат, балки дар атрофи мушкилоти хеле мушаххас, ки бо хаштегхои махсус ишорат карда мешаванд, татбик карда мешавад. Сафарбаркунии гуруххои муайяни ичтимой дар дипломатияи муосир тавассути эчоди чомеахои алохида ва пешбарии хаштегхо амалй карда мешавад.

Чанд соле пеш, истифодаи ботхо - рохи пахнкунии мошинии иттилоот - зери интикоди бисёре аз коршиносон карор гирифта буд. Пас аз баррасии имконоти истифодаи зехни сунъй хамчун воситаи муошират бо корбарон ва вокуниш ба шарххои эхтимолии манфии зери паёмхо дар шабакахои ичтимой, истифодаи ботхо дигар чизи гайриоддй нест[3].

Дипломатияи ракамй истифодаи усулхои мушаххаси тахлилро талаб мекунад. Аз хама маъмултарин ва серталаби он инхоянд: тахлили хаштег(hashtag tracking), тахлили шабакавй(network analysis), тахлили афкор ва акидахо(ортюп mining). Тахлили хаштэг посух додан ба саволхо дар бораи он, ки мубохиса дар мавзуи мушаххас чй гуна инкишоф

меёбад, кадом паёмхо таваччухи бештарро ба худ чалб мекунанд ва кадоме аз иштирокчиёни бахс дар байни пайгирон маъруфияти бештар пайдо мекунад ва гаёраро дар назар дорад. Тахлили шабакавй ба муайян кардани блогнависони калидй ва шабакахои пахши байналмилалй, ки дискурси иттилоотиро эчод мекунанд, равона карда шудааст. Нихоят, тахлили афкори корбарон кор бо матнхо ва омузиши калимахо, истилохот ва эпитетхои забонзадаро дар бар мегирад, ки донишро дар бораи мундаричаи паёмхо ва шарххо ташаккул медихад.

Ин усулхо хангоми истифодаи ду категорияи нармафзори компютерй истифода мешаванд. Дар холати аввал сухан дар бораи алгоритмхо ё барномахое меравад, ки вактхои охир аз чониби тахиягарон дар Интернет васеъ муаррифй карда шудаанд (масалан, Netlyrics, SocioViz, NVivo ва гайра). Аммо мухаккикон бояд дарк намоянд, ки он дар асоси "маълумоти хурд" тахлили мухафаф(редуцированный) хохад буд. Барномахо кобилияти чамъоварии танхо шумораи махдуди хабархо ё твитхоро аз 3000 то 8000 доранд. Бо вучуди ин, тавассути ин гуна барномахо метавон хама намуди тахлилхоро анчом дода, визуализатсияи маълумоти ракамиро, ки барои дарки чараёни равандхои сиёсй хеле мухим аст, ташаккул медихад.

Воситахои муосири барномасозй имконияти коркарди "маълумотхои калон", яъне чамъоварии паёмхои хама корбарон ва мачмуи вокунишхо, инчунин тахлили мукаммали мундаричаи шарххо оид ба масъалаи мушаххас фарохам меорад. Масалан, хангоми омузиши чанги иттилоотй дар Сурия, дар платформаи Twitter тахлили маълумотхои калон аз руи хаштеги «Сурия» бо забонхои англисй ва арабй гузаронида шуд. Бо истифода аз алгоритми махсуси барномавй зиёда аз 34 миллион твитхо ва постхо чамъоварй карда шуда, твитхои маъмултарин давоми хар мох ва бонуфузтарин сахифахо дар платформаи Twitter тасниф карда шуданд. Истифодаи алгоритмхо ва маълумотхои калон ба натичахои тахкикот ва дарки руйдодхои чорй дар кишвари дигар ба таври назаррас таъсир мерасонад. Тахлили шумораи зиёди паёмхо имкон дод, ки макоми сахифахои хукуматй ва хусусй миёни рахбарони афкори чомеа дар худи Сурия ва хам дар сатхи чахонй муайян карда шаванд. Маълум шуд, ки ба таври катъй ба афкори шахрвандони Сурия давоми солхои 2008-2018 на шабакахо ва блогерхои байналмилалии гарбй ё Россия, балки як иштирокчии дигар ба мисли Арабистони Саудй таъсир расонидааст. Шабакахои байналмилалии пахши он ва инчунин шумораи бузурги блогерони хусусии ин кишвар рохбарони ташаккули дискурси иттилоотй - сиёсй дар Сурия гаштаанд[5].

Агар дар бораи асосхои назариявии чамъбасти маълумоти тачрибавй оид ба дипломатияи ракамй сухан ронем, пас онро метавон дар доираи мафхумхои маъруфи «кувваи нарм» ё «кувваи тез» баррасй намоем. Он инчунин доираи гуногуни мафхумхоро дар бораи технологияхои иртиботй, интикол ва дарки иттилоот дар бар мегирад, ки бешубха мавзуи тахкикотро байнисохавй мегардонад.

Бо вучуди ин, масъалаи истифодаи назарияхои муносибатхои байналмилалй -реализм ва конструктивизм, ки барои омузиши дипломатияи ракамй бештар мувофиканд, лоики таваччух мебошад. Реализм ба мухаккикон имкон медихад, ки хадафхои амнияти миллй ва сиёсати хоричиро, ки одатан дар назди дипломатияи ракамии давлатй гузошта мешаванд, самти онро тагйир медиханд ва мохияти маъракахои иттилоотиро нишон медиханд, дарк намоянд. Сарфи назар аз хусусияти демократии зохирии шабакахои ичтимой, давлат айни замон иштирокчии асосй, созандаи ахбор ва рузномаи шунавандагони интернетй ба хисоб меравад. Танхо худуди 1000 сахифахои хусусии президентхои феълй,

нахуствазирон, сарони порлумонхо ва гайра, ки дар платформаи Твиттер хузуранд ва такрибан 700 сахифахои шабехи он дар платформаи Фейсбук ба 1 миллиард хонандагони худ иттилоот пахн мекунанд. Бар замми ин садхо хазор сахифахои сохторхои хукуматй ва блогерони марбута, шабакахои пахшхои байналмилалии иштирокчиёни дипломатияи ракамй ба татбики маъракахои иттилоотй барои ноил шудан ба хадафхои амнияти миллй ва сиёсати хоричй нигаронида шудаанд.

Вале конструктивизм дар назди мухаккикон барои омузиши дипломатияи ракамй умки комилан навро мекушояд, ки дар навбати худ метавонад ба рушди худи назарияи конструктивиста таъсир расонад. Тахлили табъи корбарон, вокуниш ва оханги шарххо заминаро барои фахмиши хувият, арзишхо ва тагйирёбии афзалиятхои гуруххо дар чомеа оид ба масъалахои мушаххаси сиёсии ягон кишвар ташаккул медиханд. Бар замми ин, истифодаи усулхои конструктивизм имкон медихад, ки дар бораи таъсири паёмхои алохида ё маъракахои иттилоотии хокимияти сиёсй ба самтхои арзишманди шанавандагони максаднок хулоса барорем.

Ин усулхо айни замон аз хама дастрастарин барои тахкикотчиён ба хисоб мераванд. Бешубха, дар ояндаи наздик зехни сунъй самаранокии ин усулхои тахлили маълумот ва истифодаи онро дар омузиши ракамикунонии муносибатхои байналмилалй ба таври назаррас афзоиш медихад. Бо вучуди ин, дипломатияи ба истилох маълумотхо аллакай дар амалия истифода мешавад, ки ба мутахассисон имкон медихад стратегияхои дипломатияи ракамиро тахия намоянд, паёмхои муассир эчод кунанд ва манбаъхои маълумоти бардуругро фавран муайян кунанд.

Хулоса, шуруъ аз солхои 2018-2020 дипломатияи ракамй ба мархилаи нави рушди худ ворид шуд. Коркарди маълумотхои калон ва истифодаи зехни сунъй барои фавран омода кардани паёмхои муассир ва вокунишхо, ташаккул додани посуххои боварибахш ба шарххои корбарон, чустучуи манбаъхои маълумоти бардуруг, муайян кардани блогерхои калидиву муассир ва гайра тамоюлхои солхои 2020 мебошанд.

Дипломатияи ракамиро хамчун мавзуи тахкикоти илмй метавон тавассути назарияхои реализм ва конструктивизм баррасй кард. Назарияи реализм мантики пешбурди дипломатияи ракамиро аз чониби давлат аз нуктаи назари афзалиятхои миллии худ шарх медихад, дар холе ки конструктивизм рафтор ва арзишхои шунавандагони максаднок ва иштирокчиёни ин навъи дипломатияро шарх медихад.

Масъалаи дастрасй ба маълумотхои бузург барои омузиши ин хорика калидй аст, зеро онхо тасвири пурраи тавозуни сиёсии кудратро дар шабакахои ичтимой таъмин месозанд. Ва чунин усулхо, аз кабили тахлили хаштег(hashtagtracking), тахлили

шабакавй(network analysis), тахлили афкор ва акидахо^рт^ mining) василахои асосии омузиши дипломатияи ракамй мебошанд.

A^ABHET

1. Edgett [Acting General Counsel, Twitter] Responses to Questions for the Record, Hearing Before the United States Senate Committee on The Judiciary Subcommittee on Crime and Terrorism.0ctober31,2017[MaH6an3.neKTpoHn].UR.L:https://www.iudiciary.senate.gov/imo/medi a/doc/Edgett%20Responses.pdf(caHaHHCTH^oaaoapH 10.01.2020).

2. Manor I. Digitalization of Public Diplomacy. L.: Palgrave Macmillan, 2019. 356 p.

3. N. Dealing with a Resurgent Russia: Engagement and Deterrence in US International Broadcasting, 2013-2019 // Vestnik of St. Petersburg University. "International Relations" Series. 2019. Vol. 4.

4. Tsvetkova N. Russian Digital Diplomacy: A Rising Cyber Soft Power? // Russia's Public Diplomacy: Evolution and Practice / Ed. by A. Velikaya and G. Simons. London, New York: Palgrave Macmillan, 2019. P. 103-117.

5. Tsvetkova, N., Kheifets, V., Sytnik, A. and Tsvetkov, I. (2019),"Venezuela in U.S. Public diplomacy, 1950s-2000s: The Cold War, Democratization, and the Digitalization of Politics", Cogent Social Sciences, vol. 5, no. 1.

6. Undermining Democratic Institutions and Splintering NATO: Russian Disinformation Aims. Hearings at the Committee on Foreign Affairs, House of Representatives, March 9, 2017. P .22[мaнa6aнэпектpонн].URL:https://docs.house.gov/meetings/FA/FA00/20170309/105674/H HRG-115-FA00- Transcript-201703Q9.pdfTcaHaHHCTHcbo.aa6apH 10.01.2020).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.