УДК 327 ББК 66.4(4) 60
НАЦШИВАСОИТИ АХБОРИ Рустамзода Завкцддин, унвонцуи кафедраи
ОММАИДАВЛАТХОИ сиёсатшиносии ДД^БСТ; Акмалова Мунира
ИТТИХОДИ АВРУПО ДАР Абдунабиевна, д.и.сиёсй, дотсенти кафедраи
ТАШАККУЛИ ИМИЧИ сиёсатшиносии ДД^БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)
ЧУМхурии точикистон
РОЛЬ СРЕДСТВ МАССОВОЙ Рустамзода Завкиддин, соискатель кафедры
ИНФОРМАЦИИ СТРАН политологии ТГУПБП; Акмалова Мунира
ЕВРОПЕЙСКОГО СОЮЗА В Абдунабиевна, д.полит. н., доцент кафедры
ФОРМИРОВАНИИ ИМИДЖА политологии ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд) РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
THE ROLE OF EUROPEAN Rustamzoda Zavkiddin, applicant of the department UNION'S MASS MEDIA IN of political studies under the TSULBP; Akmalova FORMATION OF THE IMAGE OF Munira Abdunabiyevna, Dr. of Politology, Associate THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN Professor under the TSULBP (Tajikistan, Khujand)
E-MAIL: [email protected]
Калидвожа^о: сиёсати хорици, Чумуурии Тоцикистон, Иттиуоди Аврупо, ВАО, истицлолияти энергетики, дипломатияи иттилооти, ицтидори сармоягузори
Дар мацола нацши васоити ахбори оммаи кишваруои Иттиуоди Аврупо дар ташаккул ва рушди имици Чумуурии Тоцикистон мавриди тауциц царор дода шудааст. Муаллиф таъмини амнияти иттилооти ва муаррифии кишварро тавассути ВАО-и хорици яке аз уадафуои мууимми сиёсати давлати донистааст. Дар мацола инъикоси циуатуои мухталифи сиёсати дохили ва хориции Тоцикистон дар ВАО-и кишваруои Иттиуоди Аврупо мавриди омузиш царор дода шудааст. Муаллиф зикр намудааст, ки ВАО-и кишваруои Иттиуои Аврупо чун "Euronews", "The European Times", "EP Today", "Diplomat Magazine", "Diplomatic World", "The Brussels Times" ва "Knowledge Center Review" дар шаклгирии симои мусбати Тоцикистон, муаррифии авлавиятуои сиёсати хорици ва ицтидори сармоягузории кишвар нацши мууим доранд. Инчунин ба инъикос ёфтани ташаббусуои сатуи байналхалции Тоцикистон дар ВАО-и кишваруои Иттиуоди Аврупо таваццуу карда шудааст. Ба андешаи муаллиф инъикоси маводуои мухталиф перомуни Тоцикистон дар ВАО-и кишваруои Иттиуоди Аврупо дар амалишавии дипломатияи иттилоотии кишвар ва цалби сармояи хорици заминаи мууим гузошта метавонад. Аз цониби муаллиф як цатор тавсияуо барои беутар намудани уамкориуои Тоцикистон бо Иттиуоди Аврупо ироа шудаанд.
Ключевые слова: внешняя политика, Республика Таджикистан, Европейский союз, СМИ, энергетическая независимость, информационная дипломатия, инвестиционный потенциал
Рассматривается роль средств массовой информации стран Европейского союза в
формировании и развитии имиджа Республики Таджикистан. Высказано мнение, что обеспечение информационной безопасности и представление страны через зарубежные СМИ является одной из важных целей государственной политики. Рассматривается отражение различных аспектов внутренней и внешней политики Таджикистана в СМИ стран Европейского союза. Отмечено, что средства массовой информации стран ЕС, такие как «Euronews», «The European Times», «EP Today», «Diplomat Magazine», «Diplomatic World», «The Brussels Times» и «Knowledge Center Review», играют важную роль в формировании позитивного имиджа Таджикистана, в представлении внешнеполитических приоритетов и инвестиционного потенциала страны. Также уделяется внимание освещению международных инициатив Таджикистана в средствах массовой информации стран Европейского союза. Определено, что освещение различных материалов о Таджикистане в средствах массовой информации стран Европейского союза может послужить основой для реализации информационной дипломатии и привлечения иностранных инвестиций. Дан ряд рекомендаций по улучшению сотрудничества Таджикистана с Европейским союзом.
Key words: foreign policy, Republic of Tajikistan, European Union, Mass Media, energy
independence, information diplomacy, investment potential
The article dwells on the role of Mass Media of European Union countries in the formation and development of the image of Tajikistan Republic. The authors believe that ensuring informational security and representing the country through foreign mass media are considered to be one of the important goals of state policy. The authors of the article consider a reflection of different aspects in reference to both home and foreign policies of Tajikistan in mass media of European Union countries. It is emphasized that European Union media such as "Euronews", "The European Times", "EP Today", "Diplomat Magazine", "Diplomatic World", "The Brussels Times" and "Knowledge Center Review" play an important role in the formation of the positive image of Tajikistan representing foreign policy priorities and investment potential of the country. Into the bargain, particular attention is paid to elucidation of international initiatives of Tajikistan in the media of the countries of the European Union. It is determined that a coverage of various materials about Tajikistan in the media of the countries of the European Union can serve as the basis for implementation of information diplomacy and attract foreign investments. The authors give a number of recommendations to improve cooperation between Tajikistan and the European Union.
Дар Консепсияи сиёсати хоричии Ч,умх,урии Точикистон гуфта мешавад, ки «Дар вусъати фазои иттилоотии чах,онй дар баробари тамоюлх,ои мусбати созанда, ки огохдро аз натичах,ои навтарини фаъолияти башарият таъмин мекунанд, хдмчунин равандх,ои манфии хатарзо барои амнияти иттилоотии кишварх,о, аз чумла Чумхурии Точикистон нухуфтаанд. Бинобар ин, дипломатияи иттилоотии Чумхурии Точикис-тон мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии кишварро хддафи асосии худ ^арор дода, дар доираи пайгирй ва татби^и ин хддаф вазифах,ои зеринро ба ичро мерасонад:
❖ таъмини дарки во^ей ва да^и^и сиёсати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон аз чониби доирах,ои васеи чомеаи чах,онй;
❖ муаррифй ва таргиби дастовардхо ва дурнамои рушди ичтимоию щтисодии кишвар, пешрафту комёбих,ои фархангй ва илмии он;
❖ ташвщи фазои мусоиди кишвар барои сармоягузорй, х,амкорих,ои самарабахши иктисодй ва рушди сайёхй;
❖ мусоидат ба эчоди воситахои самараноки таъсири иттилоотй ба афкори чамъиятй дар хорича чихдти шинохти мусбати Точикистон;
❖ мусоидат ба тавсеаи имкониятх,ои воситахои ахбори оммаи кишвар дар фазои иттилоотии байналмилалй;
❖ ба рох мондани хамкории фаъоли байналмилалй дар сохаи иттилоот;
❖ му^овимати саривакгй ва самаранок ба киберчиноятхо ва тахдидхои иттилоотй ба исти^лолияти давлатй ва манфиатхои миллии Ч,умхурии Точикистон, му^аддасоти таърихй ва арзишхои ахло^иву маънавии хал^и точик»[1].
Барои татбики чунин дадафдо тамоми намояндагидои Чумдурии Точикистон дар хоричи кишвар муваззаф буда, барои таъмини дифзи манфиатдои миллии кишвар талош меварзанд.
Дар сиёсати хоричии Точикистони содибистиклол дамкоридои мутакобилан судманд бо созмондои бонуфузи байналмилалй, ба монанди ИДМ, СДШ, СММ, САДА, СДИ, Иттидоди Аврупо чойгоди хоса доранд. Добили кайд аст, ки мадз дамкоридои судманд бо созмондои бонуфузи байналмилалй буд, ки имруздо Точикистонро давлати содибихтиёр, ягона, демократа, дунявй ва ташаббускор дар асрсаи байналхалкй мешиносанд ва эдтиром мекунанд. Созмондои байналмилалии дар боло зикргардида баъди ба род мондани робитадои судманд бо Точикистон, кишварро на тандо пас аз чанги шадрвандй дастгирй намуданд, балки дар рафъи окибатдои чанг кумакдои зиёди молиявию техникй пешнидод карданд [2, с.215].
Имруздо дар кишвардои аъзои Иттидоди Аврупо Чумдурии Точикистон дамчун кишвари ташаббускор дар содаи об шинохта шудааст. Васоити ахбори оммаи Аврупо, ба монанди медиа-холдинг ва шабакадои телевизионии «Euronews», «Big Media Group», нашрияи «The European Times», мачаллаи Парлумони Аврупо «EP Today», медиа-холдинги бонуфуз «New Europe», мачаллаи дипломатии Шодигарии Нидер-ландия «Diplomat Magazine» ва мачалладои умумиаврупоии «Diplomatic World» ва «The Brussels Times», маркази тадкикотии «Knowledge Center» ва нашрияи он «Knowledge Center Review» барои дарчи бештар намоиш додани иктидори иктисодй, энергетики, сармоягузорй ва сайёдии кишвар, сиёсати дохиливу хоричй ва пайдо намудани андешадои мусбии шадрвандони Аврупо накши калидиро мебозанд [3, с.102].
Дар ин чода мавриди кайд аст, ки мачаллаи «The Uropean Times» (Брюссел, 2012), нашрияеро бахшида ба Точикистон чоп намуд [4]. Дар ин нашрия маълумоти умумй дар бораи кишвар, иктидордои иктисодй, сармоягузорй, сайёдй ва мусодибадои намояндагони гуногуни родбарикунандаи кишвар чойгир шудаанд. Нашрияи мазкур дар дачми 500 нусха ба тамоми кишвардои Аврупо таксим карда шуд. Муаррифии нашрияи мазкур дангоми пазироии дипломата бахшида ба 21 - солагии Истиклолияти Чумдурии Точикистон аз чониби Президенти корхона «Big Media Group» Тю Кейперс доир гардид [5].
Барои боз дам бедтару хубтар мавриди баррасй карор додани мавзуи мазкур зеркисмдои он низ тартиб дода шудаанд .
1. СИЁСАТИ ХОРИЧ.И
Сиёсати хоричии Чумдурии Точикистон асосан дар чорабинидои сиёсии сатди баланд, ки дар он бевосита ВАО-и давлатдои аъзо ва шабакадои бузурги телевизио-нии Аврупо ширкат меварзанд, мавриди омузиш ва баррасй карор дода мешавад.
Бояд кайд намуд, ки сафардои расмии чониби Точикистон, ки дар солдои 2011 ва 2013 ба вукуъ пайваст, аз чидати сиёсй, иктисодй ва гуманитарй сафардои хеле судманд буданд ва ба рушди минбаъдаи муносибатдо дар чодадои гуногун такони чиддй бахшиданд. Сафари расмии Президенти кишвар мудтарам Эмомалй Радмон, ки санадои 5-6 июни соли 2011 ба амал омад, дар муносибатдои Точикистону Иттидоди Аврупо садифаи нави дамкоридои судмандро боз намуд. Дар доираи сафар Президенти кишвар Эмомалй Радмон бо Раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва родбарони кумитадои Парлумон вохурй намуданд. Санадои 9-12 апрели соли 2013 сафари навбатии Президенти Чумдурии Точикистон Эмомалй Радмон ба институтдои Иттидоди Аврупо ба амал омад. Дар давоми сафар вохурии Сарвари давлат бо родарони воломакоми Иттидод доир гардид. 11-апрели соли 2013 дар доираи сафари корй форум тадти унвони «Имкониятдои нави инноватсионии Точикистон дар содаи энергетика» тадти родбарии намояндаи Парлумони Аврупо Страун Стивенсон баргузор гардид. Президенти Чумдурии Точикистон Президенти кишвар Эмомалй Радмон дар суханронии худ оиди имкониятдои мусоиди инноватсионии Точикистон дар содаи иктисодиёт, шароит ба хуби сиёсиву дукукй барои сармоягузорон ва содибкорони хоричй кайд намуданд. Х,амчунин дар форум таваччуди бештар барои чалби сармояи хоричй дар содаи энергетика, нафту газ, канданидои фоиданок, саноати сабук ва истедсоли мадсулоти кишоварзй дар густариши муносибатдои тарафайн мудим арзёбй гардиданд.
Дар доираи сафари кории Президенти Чумдурии Точикистон Эмомалй Радмон, ки санаи 1 декабри соли 2015 ба амал омад, водуридои сатди баланд бо Комиссари олии Иттидоди Аврупо оид ба сиёсати байналмилалй ва сиёсати амниятй хонум Федерика Могерини, Президенти Шурои Аврупо Доналд Туск, Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер ва ноиби Президенти Бонки инвеститсионии Аврупо Ян Вапавуори баргузор гардиданд. Дар вохурй тарафдо масъаладои густариши муносибатдои Точикистону Иттидоди Аврупоро мавриди баррасй карор дода, чидати ба зинадои нав баровардани он мубодилаи афкор намуданд.
Ин вохуридои судманди сатди олй аз он хабар медиданд, ки робитадои дарду чониб дар сатди хеле хуб карор дорад ва умед аст, ки дар оянда садифадои нав б оз шуда, ба тадкими минбаъдаи дамкоридо мусоидат менамоянд.
Инчунин, васоити ахбори оммаи Аврупо дар роди фадмонидани авлавиятдои сиёсати хоричии Чудурии Точикистон накши мудим доранд.
30- марти соли 2012 мусодибаи рузноманигорони медиа-холдинги бузурги Аврупо «Euronews» бо Президенти кишвар Эмомалй Радмон баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат Эмомалй Радмон дар бораи чашни Навруз, дамкории минтакавй ва амният, рушди содадои ичтимоию иктисодй дар мамлакат ва таъмини бехатарй дар сардад бо Чумдурии Исломии Афгонистон андешадои худро баён намуданд. Дар дамон вакт бахшида ба Наврузи байналмилалй ва чашнгирии он дар Точикистон намоишдои телевизионй омода шуда, тарики шабакадои Аврупой пахш гардиданд.
18-октябри соли 2014 издороти якчояи Вазири кордои хоричии Чумдурии Точикистон Сирочиддин Аслов бо Президенти ширкати бонуфузи машваратй «Big
Media Group» Тю Кейперс ва рузноманигорони нашрияи бонуфуз «The European Times» доир гардид[6]. Дар давоми мусодиба вазири кордои хоричии Чумдурии Точикистон дар бораи самтдои мудими сиёсати хоричй, дастоварддои назаррас ва оид ба густариши дамкоридои судманд бо Иттидоди Аврупо, чалби сармоягузорони аврупой ба рушди содадои афзалиятноки кишвар, шароитдои мусоиди инвеститсионй ва дигар масъаладои минтакавй ва байналмилалй маълумоти муфассал дод. Мавриди зикр аст, ки нашрияи «The European Times» зиёда аз 1 млн хонанда дорад ва барои муаррифии кишвар садни хеле васеъ ва муфид аст.
Худи дамон руз мусодибаи вазири кордои хоричй бо сармударрири нашрияи «New Europe» Костас Тсасигасом доир гардид. Дар давоми мусодиба вазири кордои хоричй ба саволдои сармударрири нашрия оид ба масъаладои дамкории Точикистон бо Иттидоди Аврупо, мавкеи Русия ва Хитой дар сиёсати хоричии Точикистон, дамкории кишвар бо созмондои байналмилаливу минтакавй, ба монанди Созмони Дамкории Шанхай, стратегияи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва масъалаи амнияти Афгонистон чавоб дод. Инчунин масъаладои дамкории минтакавй дар содаи саноат ва энергетика кисми дигари мавзуи судбат буд.
Инчунин, бобати ин масъала маколаи вазири кордои хоричии Чумдурии Точикистон дар нашрияи «The European Times» тадти унвони «Амнияти минтакавй баъди соли 2014: нигоде аз Точикистон», ки дар он масъаладои рушди дамкоридои давлатдо оид ба таъмини амният дар Афгонистон баррасй шуда, пешнидоддои нави Точикистон ироа шудаанд, нашр гардид.
Дамчунин натичадои дамоиши сатди баланди сарварони давлатдои аъзои Созмони Дамкории Шанхай дар шадри Душанбе, ки соли 2014 баргузор гардид, дар нашрияи «Diplomat Magazine» аз чоп баромад [7].
Раванди омодагй ва баргузории Конфронси байналмилалй оид ба натичадои Дадсолаи байналмилалии амал «Об барои даёт» дар солдои 2005-2015 дар нашриядои «The European Times» ва «New Europe» чоп шуданд [8].
Дамин тавр, мардуми китъаи Аврупо тавассути пажудиши гуногуни шабакадои телевизионй ва нашриядои машдури машваратии аврупой оид ба вазъи имрузаи Точикистон ва шароитдои мусоиди иктисодиву ичтимой, фардангй, сайёдй ва сармоягузорй аз наздик шинос шудаанд, ки ин ба раванди амалишавии дадафдои аслии дипломатияи иттилоотии Точикистон мувофик буда, барои чалби бештари сармоягузорони хоричй мусоидат менамояд.
2. ИНЪИКОСИ ИКТИДОРИ ИКТИСОДЙ, ЭНЕРГЕТИКИ ВА САРМОЯГУЗОРИИ КИШВАР ДАР ВАО-и ИТТИДОДИ АВРУПО
Иктидори энергетикй, иктисодй, сармоягузорй ва дигар содадои афзалияноки кишвар барои чалби бештари сармояи хоичй дар чорабинидои сатди баланди намояндагии Чумдурии Точикистон дар Брюссел намоиш дода шуда, тарки ВАО-и Аврупо падн гардиданд.
6 ноябри соли 2012 дар Брюссел бо ташаббуси Сафорати Точикистон дар Шодигарии Белгия ва бо дастгирии ширкати «Saturn group» и «Cliniques de l'Europe» форуми сармоягузории Точикистону Белгия бо иштироки сармоягузорони бузурги кишвари икомат баргузор шуд. Дар кори форум намояндагони расмии Точикистон, ки барои машваратдои дуюми Кумитаи дамкоридои Иттидоди Аврупо ва Точикистон ба Брюссел омада буданд, иштирок намуданд.
Максади асосии форуми мазкур аз нишон додани иктидори иктисодй ва шароити
мусоиди сармоягузори дар Чумдурии Точикистон барои содибкорони хурду бузурги Белгия чидати чалби сармояи ин кишвар ба содадои афзалиятноки кишвар иборат буд [9].
Инчунин, форум барои баркарор кардани робитадо ва бастани шартномадо барои дамкории минбаъда байни содибкорони ватанй ва Белгиягй заминаи мусоидро фародам овард. Дар баробари ин, муаррифии захирадои азими энергетикии кишвар дар давлатдои Аврупо вазифаи дигари намояндагидои Точикистон дар каламрави Аврупо ба дисоб меравад. Дар ин замина санаи 24 январи соли 2014 баргузор шудани Конфронси сатди баланд дар мавзуи «Об ва энергетика - воситадои таъмини сулд» аз чониби намояндагони Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, родбари гуруди байни-парлумонй оид ба тагйири иклим ва дадафдои рушд Кристина Гутерес, родбари гуруди Парлумони Аврупо оид ба масъаладои об ва Намояндагии доимии Точикистон дар Иттидоди Аврупо барои тадкими минбаъдаи дамкоридо дар содаи обу энергетика ва чалби бештари сармоягузорон ба ин содадои фоидаовар такони чиддй бахшид.
Дар идомаи таргибу ташвики масоили обу энергетикии кишвар санаи 9 феврали соли 2014 дар мачаллаи Парлумони Аврупо «EP Today» маколаи Султон Радимов дар мавзуи «Точикистон: об воситаи дамкорй бояд бошад» ба забони англисй чоп шуд, ки он ба масъаладои иктидори энергетикии Точикистон, обу энергетика ва мудиммияти ондо барои рушди мнбаъдаи Точикистон ва дар умум минтакаи Осиёи Марказй, сиёсати обу энергетика дар сиёсати минтаквию чадонй бахшида шудааст[10].
Бояд кайд кард, ки истифодаи максадноки ВАО-и Иттидоди Аврупо барои таргибу ташвики, пеш аз дама, сиёсати дохиливу хоричии Точикистон, ташаббусдои кишвари мо дар арсаи байналхалкй, иншондидандадои назарраси содадои ичтимоию иктисодй дар солдои истиклолият, иктидордои иктисодй, сармоягузорй, энергетикй ва сайёдй заминаи мусоидро фародам овард ва боиси бештар шудани сармоягузорй аз давлатдои Иттидоди Аврупо ба Точикистон гардид.
Хулоса, Чумдурии Точикистон ва Иттидоди Аврупо шарикони мудим ба дисоб мераванд ва дар ду чониб аз ин шарикй манфиатдоранд.
Мудиммияти маколаи мазкур аз он иборат аст, ки Чумдурии Точикистон бояд:
- асосдои сиёсати иктисодиву ичтимоии худро бо дастгирии Иттидоди Аврупо мустадкам намояд;
- ёрии амалй дар тайёр намудани кадрдои баландихтисоси содавй аз чониби Иттидоди Аврупоро максаднок истифода барад;
- истифодаи маблагдои окилонаи Бонкдои аврупоиро, аз чумла, малагдои Бонки аврупоии тачдид ва рушдро дуруст ба род монда, ба рушди содадои афзалиятноки кишвар эътибори чиддй зодир намояд;
- аз захирадои бойи обу энергетикй ва сармоягузорй истифода бурда, барои чалби дарчи бештари сармояи аврупой кушиш ба харч дидад;
- дамкоридоро дар ин самт идома дода, муносибатдои судманди дучонибаро таквият бахшад.
Барои Иттидоди Аврупо мудим аст, ки Точикистон:
- муносибатдои дучонибаро дар бахшдои гуногун бо Иттидоди Аврупо густариш дода, барои мутсадкам намудани содадои иктисодиву ичтимоии давлат кушиш намояд;
- дар роди давлати мутараккй, дукукбунёд, демократа, ободу осуда бунёд наму-
дан аз тамоми имкониятдои мавчудаи дамкоридои дучониба истифода намояд;
- чидати амалишавии стратегияи нави Иттидоди Аврупо барои кишвардои Осиёи Марказй дамкоридоро таквият бахшад;
- аз имкониятдо ва воситадои гуногуни дамкорй истифода бурда, амнияти сардад бо Афгонистон таъмин намояд;
- чорадои пешгирии чинояткорй дар байни ноболигон, гардиши гайриконунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди падидадои номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм, радикализми динй ва дифзи мудити зист, ки ба амнияти Иттидоди Аврупо низ хатарнок аст, бо истифода аз усулдои нав родандозй намояд.
Нуктадои дар боло зикргардида аз дар ду чониб фаъолияти бештари амалиро талаб менамояд ва чонибдо дар рушди минбаъдаи муносибатдои судманд ба дар гуна хатардои дохилй ва берунй дучор шуданашон аз эътибор дур нест. Аз ин лидоз, чонибдо бояд дамкории мутакобиларо боз дам густариш дода, масъаладои гуногуни тарафайнро бо роди музокирот ва гузаронидани машваратдои сиёсии дучониба даллу фасл намоянд.
Пайнавишт:
1. Сомонаи расмии ВКХ ЦТ, http://mfa.tj/tj/pravovaya-osnova-vp/kontcepciya-vneshney-politiki-respubliki-tadzhikistan.html (санаи муроциат: 16.03.2020)
2. Шарифзода А., Гафуров А. Архитектор мира. - Брюссель, 2012. -215 с.
3. Солиев Р.А. Таджикистан - Европейский союз: Взаимовыгодное партнерство. -Душанбе - Брюссель. 2016. - 102 с.
4. Сомонаи расмии «The European Times», http://emagazine.european-times.com/tajikistan (санаи муроциат: 16.03.2020)
5. Сомонаи расмии Сафорати ЦТ дар Брюссел, http://www.tajikembassy.be/content/celebration-21st-anniversary-independence-republic-tajikistan-brussels (санаи муроциат: 16.03.2020)
6. Сомонаи расмии ширкати бонуфузи машваратии ««The European Times», http://www.european-times.com/countries/interview-minister-foreign-affairs-republic-tajikistan-european-times-magazine/ (санаи муроциат: 22.03.2020)
7. Сомонаи расмии нашрияи «Diplomatic Magazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2014/11/03/results-sco-summit-dushanbe-2014/
8. Сауифауои расмии нашрияи «Diplomatic Magazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2015/03/01/water-life-2005-2015/, http://diplomatmagazine.nl/2015/05/25/the-international/decade-for-action-water-for-life,http://www.diplomatmagazine.nl/2015/05/03/water-for-life-tajikistan-june-9-to-11-2015/ (санаи муроциат: 16.01.2020)
9. Сомонаи расмии Сафорати ЦТ дар Шоуигарии Белгия, http://tajikembassy.be/content/invest-forum-tajikistan-%E2%80%93-belgium-brussels. (санаи муроциат: 16.02.2020)
10. Сомонаи расмии Нашрияи Парлумони Аврупо «EP Today», http://eptoday.com/tajikistan-turn-water-cooperation/(санаи муроциат: 22.03.2020)
Reference Literature:
1. Official Site of the Ministry of Internal Affairs of TR http://mfa.tj/tj/pravovaya-osnova-vp/kontcepciya-vneshney-politiki-respubliki-tadzhikistan.html (date of request: 16.03.20)
2. A.Sharifzoda А., Gafurov A. Architect of the World, - Brussels, 2012, - 215 pp.
3. Soliev R.A. Tajikistan - European Union: mutually beneficial partnership. - Dushanbe -Brussels. 2016.- 102 pp.
4. Official Site of «The European Times», http://emagazine.european-times.com/tajikistan (date of request: 16.03.20)
5. Official Site of Tajikistan Republic Embassy in Brussels http://www.tajikembassy.be/content/celebration-21st-anniversary-independence-republic-tajikistan-brussels (date of request: 16.03.20)
6. Official Site of a Reputable Consulting Company «The European Times», http://www.european-times.com/countries/interview-minister-foreign-affairs-republic-tajikistan-european-times-magazine/(date of request: 22.03.2020)
7. Official Site of the Printing-House of «Diplomatic Magazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2014/11/03/results-sco-summit-dushanbe-2014/
8. Official Site of the Printing-House of «Diplomatic Magazine», http://www.diplomatmagazine.nl/2015/03/01/water-life-2005-2015/, http://diplomatmagazine.nl/2015/05/25/the-international/decade-for-action-water-for-life,http://www.diplomatmagazine.nl/2015/05/03/water-for-life-tajikistan-june-9-to-11-2015/ (date of request: 16.01.2020)
9. Official Site of Tajikistan Republic Embassy in the Kingdom of Belgium, http://tajikembassy.be/content/invest-forum-tajikistan-%E2%80%93-belgium-brussels. (date of request: 16.02.20)
10. Official Website of the European Parliament «EP Today», http://eptoday.com/tajikistan-turn-water-cooperation/ (date of request: 22.03.20)