Научная статья на тему 'ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ЦЕМЕНТНОГО ЗАВОДА ГОРОДА ДУШАНБЕ В 40-60-Е ГОДЫ ХХ ВЕКА'

ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ЦЕМЕНТНОГО ЗАВОДА ГОРОДА ДУШАНБЕ В 40-60-Е ГОДЫ ХХ ВЕКА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
392
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОЗДАНИЕ ЗАВОДА / ПЕРВАЯ ПРОИЗВОДСТВЕННАЯ МОЩНОСТЬ ЗАВОДА / РАЗВИТИЕ ЦЕМЕНТНОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ / ТИП ЦЕМЕНТА / ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ЦЕМЕНТНОГО ЗАВОДА / НЕХВАТКА ОТЕЧЕСТВЕННЫХ СПЕЦИАЛИСТОВ / РАСШИРЕНИЕ ЗАВОДА / ВВОД В ЭКСПЛУАТАЦИЮ СЛАНЦЕВОГО ЗАВОДА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Азизхонова Рухшона Гулбозхоновна

В данной статье проанализирована деятельность цементного завода города Душанбе в 40-60-е годы ХХ века, преимущественно в соответствии с архивами. Напомним, что строительство и ввод в эксплуатацию такого предприятия в 40-х годах прошлого века было уникальным достижением для Таджикской ССР. Потому что он внес значительный вклад в развитие экономики страны и развитие строительной отрасли. В статье акцентируется внимание на деятельности этого завода в 50-60-е годы, так как периоды становления цементного завода соответствуют этим годам. Проблемы завода в годы Великой Отечественной войны и их устранение в период реконструкции, расширения завода в конце 50-х - начале 60-х годов, то есть строительство и ввод в эксплуатацию новых участков производства цемента и шифера, увеличение производства и рабочих мест также находится в центре внимания данного исследования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ACTIVITIES OF THE CEMENT PLANT IN DUSHANBE IN THE 40-60 OF THE XX CENTURY

This article describes the activities of the Dushanbe cement plant in the 40-60s of the twentieth century, mainly in accordance with the archives. Let us recall that the construction and commissioning of such an enterprise in the 40s of the last century was a unique achievement for the Tajik SSR. Because he made a significant contribution to the development of the country's economy and the development of the construction industry. The article focuses on the activities of this plant in the 50-60s, since the periods of the cement plant formation correspond to these years. Problems of the plant during the Great Patriotic War and their elimination during the period of reconstruction, expansion of the plant in the late 50s - early 60s, that is, the construction and commissioning of new sections for the production of cement and slate, an increase in production and jobs. is also the focus of this study

Текст научной работы на тему «ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ЦЕМЕНТНОГО ЗАВОДА ГОРОДА ДУШАНБЕ В 40-60-Е ГОДЫ ХХ ВЕКА»

УДК: 666.94.006.3 (575.3) (09)

ФАЪОЛИЯТИ ЗАВОДИ СЕМЕНТБАРОРИИ ША^РИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛ^ОИ 40-60-УМИ АСРИ ХХ

АЗИЗХОНОВА Р. Г., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Саноати семент яке аз сохаи асосии масолехи бинокорист, ки навъхои гуногуни семент истехсол мекунад. Семент дар хочагии халк асосан барои сохтмон, инчунин дар истехсоли бетон, охану бетон, х,амзамон дар саноати асбесту семент, нефт ва дигар сохахои саноат истифода бурда мешавад. Иттиходи Шуравй баробари мустахкам намудани хокимияти худ ва бартараф кардани чанги гражданй сохаи мазкурро яке аз сохахои афзалиятноки кишвар дониста, чихати инкишоф додани он як зумра тадбирхоро ба накша гирифта буд.

Аз чумла, дар панчсолахои пешазчангй (Чднги Бузурги Ватанй) заводхои кухнаи истехсоли семент аз нав тачхизонида ва як катор заводхои нав сохта ба истифода дода шуданд, ки дар натича соли 1940 истехсоли семент ба 5773 хазор тонна расида буд. Лозим ба ёдоварист, ки аз нимаи дуюми солхои 30-юм сохтмони заводхои семент дар микёси ИЧ,ШС бо-суръат идома ёфта, тибки маълумоти ба даст омада, аллакай то солхои 70-ум ба бунёди 60 заводи истехсоли семент расид, ки хачми истехсоли он дар мачмуъ 125 миллион тоннаро ташкил менамуд.

Дар давраи азнавбаркароркунии баъдичангй баъзе аз заводхои мавчуда таъмир ва баъзеи дигар аз сифр бунёд гардида, боиси дар як давраи кутох рушд намудани саноати семент гардиданд. То ибтидои соли 1950 сохта ба истифода додани заводхои сементи Пикалевск, Белгород, Кдраганда, Ангара, Чимкент, Уляновск, Сталинобод боиси рушди босуръати соха гардида, соли 1952 Иттиходи Шуравй аз чихати истехсоли семент аз Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Британияи Кабир пеш гузашта, дар чахон ба чойи якум баромада буд. Рушди саноати семент дар Ч,ШС Точикистон, ки узви чудонашавандаи ИЧ,ШС ба хисоб мерафт бо дарназардошти мавчуд будани захирахои табий, чинсхои карбонатй ва гилдор ба сохаи мазкур чун дигар чамохири собик Иттиходи Шуравй таваччухи махсус зохир карда мешуд.

Аз ин ру, Совети Комиссарони Халки Иттифоки Республикахои Сове-тии Сотсиалистй дар карори худ аз 1 апрели 1935 дар шахри Сталинобод сохтани заводи сементро пешбинй кард. 6 декабри 1942 дар шахри Душанбе заводи семент ба кор сар карда, соли 1945 бо иктидори пуррааш дар як сол 3 хазор тонна семент истехсол намуд. Дар заводи мазкур равандхои технологй ба таври автоматй идора карда мешуданд ва инчунин партовхои дигар сохахои саноат (дажголхои саноати металлургия, хокистари ГРЭС

ва ТЭС, фосфогипс ва гайра) низ истифода мегардиданд. Плани панчсолаи чахорум дар Ч,ШС Точикистон то ба 15 хазор тонна расонидани истехсоли сементро пешбинй намуда буд. Дар охири панчсола ин накша барзиёд (17, 2 хазор тонна) ичро гардид [4,23].

Аммо чун дигар сохахои хаёти чамъиятй дар давраи Чднги Бузурги Ватанй сохаи мазкур низ зарар дида, баъзе аз заводхо ба пуррагй харобу валангор ва ё аз фаъолият бозмонда, хачми истехсолот кохиш ёфт ва маблагхои азхудкарданашуда зиёд гардиданд. Чун дигар заводхои сементбарорй заводи сементи Сталинобод низ аз паёмадхои ногувори Чднги Бузурги Ватанй дар канор монда натавонист. Кохиш ёфтани шумораи кувваи корй, пеш аз хама мутахассисони соха, таъмин нагардидан бо ашёи хом ва баъзе аз маводи кимиёвй ва тачхизоти лозима боиси ичро нагардидани накшаи истехсоли семент гардид. Ин буд, ки соли 1945 хачми истехсоли семент дар заводи сементи Сталинобод то ба 1845 хазор тонна расид. Мувофики маълумоти бойгонй окибатхои манфии Чднги Бузурги Ватанй таъсири он дар заводи сементи Сталинобод то охири солхои панчохум идома кардааст [7,7].

Пас аз анчом ёфтани Чднги Бузурги Ватанй хануз дар солхои аввали давраи азнавбаркароркунй норасоии коргарон ва мутахассисон ва техникахои лозима то андозае бартараф гардида, фаъолияти завод густариш ёфт. Танхо дар соли 1946 хачми семент дар заводи мазкур ба дах хазор тонна расида буд, ки нисбат ба солхои каблй дастоварди назаррас ба хисоб мерафт [7,4]. Бинобар маълумоти манбаи болозикр (хисоботи солонаи заводи сементи Сталинобод барои соли 1947) дар заводи мазкур соли 1947 бо маблаги барзиёд махсулот харидорй шуда (115914), маблаги зарар ё норасой ба 90312 ва маблаги азхудкарданашуда бошад ба 6384 хазор сум баробар шуда буд [7,5]. Вале дар давраи азнавбаркароркунии баъдичангй, ки асосан барномахои махсус чихати бартараф кардани окибатхои чанг, баркарорсозии фаъолияти корхонаю заводхо ва афзун намудани хачми истехсолот, инкишоф додани иктисодиёти мамлакат ва бад-ин васила бехтар намудани вазъи ичтимоии мардум пешбинй шуда буд, бо чудо гардидани маблагхои хачман зиёд кушишхои шабонарузй ба харч дода мешуд. Аз ин раванд заводи сементи Сталинобод дар канор намонда, дар муддати кутох фаъолияти густурдаро ба рох монда, хачми истехсоли сементро ба маротиб зиёд кард. Соли 1952 дар охири семохаи сеюм накшаи солонаро сад фоиз ичро намуд [12,6]. Сарфи назар аз ин пешравихо хануз хам норасоии мутахассисон яке аз мушкилихо дар назди заводи мазкур бокй монда буд [12,6].

Аз ибтидои мохи майи соли 1953 зиёда аз 200 адад наклиёти сабукрав ва боркаш, тракторхо, экскваторхо ва дигар намуди техникаю тачхизот, кисмхои эхтиётй ва лавозимоти кимиёвй, моддахо ва маводи зертаркиби семент ба заводи мазкур дастрас шуданд, ки ин омил боиси бехтар гардидани имкониятхои корй ва рушди истехсолоти семент гардид.

Масъалаи норасоии мутахассисон ва кувваи корй низ дар ин сол кариб халли худро ёфта, бо зиёд кардани вохидхои корй шумораи кормандони завод дар аввали соли 1953 ба 277 нафар расида буд. Чун солхои каблй соли 1949 якчанд нафар мутахассисони чавон Ф. М. Рябухин, З. Беднова, И.З. Хдфизов, И. Шамсутдинов ва дигарон курсхои семохаи мухандисиро дар шахри Москва аз руйи ихтисоси истехсоли намудхои семент ва коркарди маъданхои кухй хатм намуда, ба заводи сементи Сталинобод сафарбар гардида буданд, ки аммо ин хануз хам мушкилии норасоии мутахассисони сохаро бартараф карда наметавонист.

То ибтидои соли 1953 охиста-охиста масъалаи норасоии мутахассисон бартараф гардида, чалб гардидани мутахассисони соха аз дигар чумхурихои собик Иттиходи Шуравй неруи кадрии заводро бехтар менамуд ва зимнан аз шумораи 277 нафар корманди завод аксари мутахассисонро хатмкардагони Коллечи техникии Саратов, Институти техникй-кимиёвии Ленинград, Институти технологии Чимкент, Техникуми Новосибирск, Коллечи техникии Москва ва гайрахо ташкил медоданд.

Аз ин лихоз, чихати баланд бардоштани сатхи касбият ва фаъолияти корй дар давоми солхои 1950 19 нафар, соли 1951 26 нафар, соли 1952 28 ва то соли 1953 дар мачмуъ 73 нафар кормандон ва мутахассисон ба курсхои такмили ихтисос ва курсхои азнавтайёркунй аз руйи ихтисоси ронандаи наклиёти боркаш, трактор, экскватор, челонгар, ёрдамчии мухандис, борбардор ва гайрахо фаро гирифта шуданд, ки ин раванд сол то сол сатху сифати кории кормандони заводро бехтар мекард [13,3].

10 апрели соли 1954 бо фармони Вазорати саноат ва масолехи сохтмони ИЧ,ШС тахти № 247/к. М.П. Селянина аз вазифаи директори сементзаводи Душанбе озод гардида, ба чойи у Ю. В. Терлига таъйин гардид, ки солхои директории уро давраи ташаккулёбии заводи мазкур ба калам додаанд [13,126].

Мувофики хисоботи солонаи заводи номбурда аллакай аз 1 июли соли 1955 накшаи солона 110,4% ичро гардидааст, ки 18788 хазор рублро ташкил медод, ки нисбат ба соли 1954 23,6% барзиёд истехсол гардидааст. Хдчми истехсоли семент соли 1958 ба 26616 тонна баробар гардида, накшаи солона 106,4% ичро гардид, ки нисбат ба соли 1957 9907 тонна зиёд мебошад [16,11]. Бо афзоиш ёфтани истехсоли семент фаъолияти нуктаи (сехи) истехсоли шиферхои асбестй, ки аз кисмхои заводи сементи Душанбе махсуб меёфт, густариш ёфта, нисбат ба солхои каблй хачми истехсоли шиферхои асбестй низ зиёд гардида буд. Масалан, мувофики маълумоти бойгонй накшаи истехсоли шифери асбестй дар соли 1958 107,4% ё 24756 бастаи шифер, ки нисбат ба соли 1957 3215 баста зиёд буд, баробар гардид [15,51].

Лозим ба ёдоварист, ки заводи семент дар охири семохаи дуюми соли 1958 бо Сипосномаи Раиси Шурои вазирони Ч,ШС Точикистон сарфароз гардида буд. Зеро дар соли зикргардида танхо аз хисоби захираи маблагхо

ва сарфаю сариштакории рохбарияти завод 600 тонна семент истехсол карда шудааст [15,51].

22 сентябри соли 1960 собик чонишини сардори Раёсати молия ва хочагии сементзаводи Душанбе ба вазифаи директори заводи мазкур таъйин гардид. Дар давраи директории у, мувофики хисоботи солонаи Вазорати саноат ва масолехи сохтмонии Ч,ШС Точикистон соли 1961 бо васеъ гардидани кисмхои таркибии завод (сеххо), яъне сохта, ба истифода додани печхои нави сементистехсолкунй ва шифербарорй хачми истехсоли завод ба маротиб афзуд [17,9]. 26 декабри соли 1960 рохбарияти заводи мазкур барои натичагирй аз вазъи ичроиши накшаи солона дар семохаи якум, сметаи харочотй, маблагхои масрафшуда ва азхудкарданашударо дар хайати як гурухи корй таъсис дод. Комиссияи мазкур арзиши махсулоти истехсолнамудаи нуктаи шифербарориро ба 1274267 рубл баробар арзёбй намуд, ки мувофики хулосаи комиссия ин натичаи баланд дар фаъолияти завод махсуб меёфт.

Дар рушди босуръати саноати сементи Точикистон Карори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Советй ва Совети Вазирони Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалистй «Оид ба тадбирхои минбаъд таъмин намудани тараккии саноати семент ва бехтаргардонии кори он» аз 27 апрели 1957 ахаммияти калон дошт. Мувофики ин карор заводи сементи Душанбе аз нав тачхизонида ва васеътар карда шуд. Соли 1960 дар заводи мазкур хатти сеюми технологй ба кор даромад. Мувофики директивахои съезди бистуми Дизби Коммунистии Иттифоки Советй ва плани панчсолаи шашум дар шахри Душанбе сохтмони заводи нави се-мент, ки аз 4 хати технологй иборат буд, сар шуд. Мохи сентябри 1960 навбати якуми заводи нави сементи Душанбе ба кор даромад ва истехсоли семент то 134,2 хазор тонна афзуд [17,11].

Соли 1962 дар заводи нави Душанбе хатти дуюми технологй (иктидо-раш соле 375 хазор тонна) ва дар заводи якуми сементи Душанбе хатти нави технологй (иктидори солонааш 140 хазор тонна) ба истифода дода шуд. Дар натичаи рушди босуръати саноати семент истехсоли семент дар чумхурй афзуда, агар соли 1958 аз дигар чумхурихои иттифокй 200 хазор тонна семент гирифта бошад, соли 1963 ба чумхурихои иттифокй 510 хазор тонна семент фиристодааст. Баробари пурра фаъолият намудани заводи мазкур аллакай баъди солхои хафтодум Ч,ШС Точикистон дар байни чумхурихои Осиёи Миёна аз руи хачми истехсоли семент чойи дуюмро (баъд аз Ч,ШС Узбекистан) ишгол мекард [17,12].

Хдмин тавр, наздики 80 сол аст, ки заводи мазкур фаъолият дорад ва тайи ин муддат дар рушди дигар сохахои саноат, хусусан сохтмон ва бинокорй сахми назаррас гузоштааст.Имруз низ сементи истехсол намудаи корхонаи сементбарории Душанбе, ки бехтарин навъи семент (марка 500) дониста мешавад, дар иншооти бузурги давлатй, назири неругоххои баркию обй, роху накбхо ва гайрахо истифода бурда мешавад. Бо тавсияи

коршиносони ватаниву хоричй навъи сементи истехсолкунандаи корхонаи мазкур кайхост таваччухи чумхурихои хамсояамонро чалб намудааст.

Бояд кайд намуд, ки сарватхои табий, пеш аз хама обу хоку санги ватанй ва истифодаи окилонаи он (сохта ба истифодаи додани неругоххо ва корхонахои сементбарорй) гувох аз ояндаи дурахшони кишвар буда, ба ин васила Точикистон дар шароити иктисодй ва бозаргонй ва чахонишавии иктисодиёт чойгохи махсусро дар минтака касб хохад намуд.

АДАБИЁТ

1. Абдуфаттох Шарифзода, Заробиддин Косимй. 7 соли Эмомалй Рахмон. Душанбе, 2013.-336с.

2. Абдуфаттох Шарифзода, Заробиддин Косимй. Бунёдкор. Душанбе, 2013.-336с.

3. Бойгонии чории Вазорати саноат ва технологиями нави Ч,умх,урии Точикистон. Х,исоботи солонаи Вазорат (солхои 2013-2020).

4. Гришманов И. А. Промышленность строительных материалов на рубеже новой пятилетки, Москва,1971.

5. Джураев С. Машинное орошение в Таджикистане.-Душанбе: Ирфон,1967.-75с.

6. Люсов А. Н., Цементная Союза Советских Социалистических Республик СССР. Состояние и перспективы развития. Москва, 1974.

7. Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 1.- С.- 1- 296.

8. Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 2.- С.- 1- 106.

9. Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 3.- С.- 1- 59.

10.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 4.- С.- 1- 67.

11. Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 5.- С.- 1- 35.

12.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 6.- С.- 1- 63.

13.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 7.- С.- 1- 46.

14. Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 8.- С.- 1- 40.

15.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 9.- С.- 1- 125.

16.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 10.- С.- 1- 109.

17.Саридораи бойгонии назди Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон, фонди 1544, руйхати 1, парвандаи 11.- С.- 1- 112.

ФАЪОЛИЯТИ ЗАВОДИ СЕМЕНТБАРОРИИ ША^РИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛХОИ 40-60-УМИ АСРИ ХХ

Дар маколаи мазкур фаъолияти заводи сементбарории шахри Душанбе дар солхои 40-60-уми асри ХХ асосан мувофики маводи бойгонй инъикос гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки сохта ба истифода дода шудани чунин корхона дар солхои 40-уми асри гузашта дастоварди беназир барои Ч,ШС Точикистон ба хисоб мерафт. Зеро он чи дар пешрафти иктисодиёти мамлакат ва чи дар рушди сохди сохтмону бинокорй сахми босазо гузоштааст.

Дар макола фаъолияти заводи мазкур дар солхои 50-60-ум бештар мавриди омузиш ва тахлил карор дода шудааст. Зеро махз даврахои ташаккули заводи сементбарории мавриди назар ба хамин солхо рост меояд. Мушкилоти завод дар солхои Чднги Бузурги Ватанй ва бартараф намудани ин мушкилот дар давраи азнавбаркароркунй, густариш ёфтани завод дар охири солхои 50-ум ва ибтидои солхои 60-ум, яъне сохта ба истифода додани нуктахои нави сементбарорй ва шифербарорй ва зиёд гардидани хачми истехсолот ва чойхои корй низ мехвари тахкикоти мазкурро ташкил медихад.

Калидвожах,о:таъсисёбии завод, аввалин щтидори истеусоли завод, инкишофи соуаи сементбарорй, навъи семент, фаъолияти заводи сементбарорй, норасоии мутахассисони ватанй, васеъ гардидани фаъолияти завод, ба истифода додани нуцтаи шифербарорй.

ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ЦЕМЕНТНОГО ЗАВОДА ГОРОДА ДУШАНБЕ В 40-60-Е ГОДЫ ХХ ВЕКА

В данной статье проанализирована деятельность цементного завода города Душанбе в 40-60-е годы ХХ века, преимущественно в соответствии с архивами. Напомним, что строительство и ввод в эксплуатацию такого предприятия в 40-х годах прошлого века было уникальным достижением для Таджикской ССР. Потому что он внес значительный вклад в развитие экономики страны и развитие строительной отрасли.

В статье акцентируется внимание на деятельности этого завода в 50-60-е годы, так как периоды становления цементного завода соответствуют этим годам. Проблемы завода в годы Великой Отечественной войны и их устранение в период реконструкции, расширения завода в конце 50-х - начале 60-х годов, то есть строительство и ввод в эксплуатацию новых участков производства цемента и шифера, увеличение производства и рабочих мест также находится в центре внимания данного исследования.

Ключевые слова: создание завода, первая производственная мощность завода, развитие цементной промышленности, тип цемента, деятельность цементного завода, нехватка отечественных специалистов, расширение завода, ввод в эксплуатацию сланцевого завода.

- МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN -

ACTIVITIES OF THE CEMENT PLANT IN DUSHANBE IN THE 40-60 OF THE XX CENTURY

This article describes the activities of the Dushanbe cement plant in the 40-60s of the twentieth century, mainly in accordance with the archives. Let us recall that the construction and commissioning of such an enterprise in the 40s of the last century was a unique achievement for the Tajik SSR. Because he made a significant contribution to the development of the country's economy and the development of the construction industry.

The article focuses on the activities of this plant in the 50-60s, since the periods of the cement plant formation correspond to these years. Problems of the plant during the Great Patriotic War and their elimination during the period of reconstruction, expansion of the plant in the late 50s - early 60s, that is, the construction and commissioning of new sections for the production of cement and slate, an increase in production and jobs. is also the focus of this study.

Key words: establishment of a plant, the first production capacity of the plant, development of the cement industry, type of cement, activities of a cement plant, lack of domestic specialists, expansion of the plant, commissioning of a shale plant.

Маълумот дар бораи муаллиф: Азизхонова Рухшона Гулбозхоновна-докторант PhD Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши Академияи миллии илмхои Точдкистон. Телефон (+992) 93-80406-02, 919-09-70-20.

Information about the author: Azizkhonova Rukhshona Gulbozkhonovna - postgraduate student of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmadi Donishi of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Phone (+992) 93804-06-02, 919-09-70-20.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.