Научная статья на тему 'ДАСТОВАРДҲОИ ШОЁНИ ДАВРАИ НАВИНИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН'

ДАСТОВАРДҲОИ ШОЁНИ ДАВРАИ НАВИНИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
6
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Ключевые слова
Истиқлолият / рушд / саноат / нақлият / Тоҷикистон / ҳукумат / дастовард / таърих / ҳадафҳо.

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Алланазаров Шараф.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо мушкилоти зиёде дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра дучор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба парлумони кишвар таъкид менамоянд, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст. Дар мақола муаллиф оид ба дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон андашаронӣ намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ДАСТОВАРДҲОИ ШОЁНИ ДАВРАИ НАВИНИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН»

ДАСТОВАРД^ОИ ШОЁНИ ДАВРАИ НАВИНИ ТАЪРИХИ ТОЧ,ИКИСТОН

АЛЛАНАЗАРОВ ШАРАФ.

Донишгох,и давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айнй

Аннотатсия: Цущурии Тоцикистон аз замони ба даст оварданиистщлолияти давлати бо мушкилотизиёде дар тамоми соуауоищтисодиикишвар, аз цумла соуауои энергетика, саноат, нацлиёт, кишоварзи ва гайра дучор гардид.

Асосгузори сущу ваудати милли - Пешвои миллат, Президенти Цущурии Тоцикистонмуутарам Эмомали Раумон дар Паёмиуамасолаихуд ба парлумоникишвар таъкид менамоянд, ки Дукумати мамлакат уадафуои стратегии милли, яъне таъмин намуданиистщлолияти энергетики, баромадан аз бунбастикоммуникатсиони ва табдил доданимамлакат ба кишвари транзита, уифзи амнияти озуцавори ва дастрасии ауоли ба шзои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шугли пурмаусулро тадрицан амали карда истодааст.

Дар мацола муаллиф оид ба дастоварщои мууими даврони Истщлолияти Цущурии Тоцикистон андашарони намудааст.

Калидвожа^о: Истицлолият, рушд, саноат, нацлият, Тоцикистон, уукумат, дастовард, таърих, уадафуо.

ЗНАЧИМЫЕ ДОСТИЖЕНИЯ НОВЕЙШЕЙ ИСТОРИИ ТАДЖИКИСТАНА

Аннотация: С момента обретения государственной независимости Республика Таджикистан столкнулась с множеством проблем во всех отраслях экономики страны, включая энергетику, промышленность, транспорт, сельское хозяйство и т.д.

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон в своем ежегодном послании парламенту страны подчеркивает, что правительство страны имеет национальные стратегические цели, а именно обеспечение энергетики постепенно осуществляется независимость, выход из коммуникационного тупика и превращение страны в транзитную страну, защита продовольственной безопасности и доступа населения к качественным продуктам питания, быстрая индустриализация страны и расширение производительной занятости.

В статье автор рассмотрел важные достижения независимости Республики Таджикистан.

Ключевые слова: Независимость, развитие, промышленность, транспорт, Таджикистан, правительство, достижения, история, цели.

SIGNIFICANT ACHIEVEMENTS IN THE MODERN HISTORY OF TAJIKISTAN

Annotation: Since gaining state independence, the Republic of Tajikistan has faced many problems in all sectors of the country's economy, including energy, industry, transport, agriculture, etc.

The Founder of Peace and National Unity - Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, H.E. Emomali Rahmon, in his annual message to the country's parliament, emphasizes that the government of the country has national strategic goals, namely, ensuring energy independence, getting out of the communication impasse and turning the country into a transit country , protecting food security and public access to quality food, rapid industrialization of the country and expansion of productive employment.

In the article, the author examined the important achievements of the independence of the Republic of Tajikistan.

Key words: Independence, development, industry, transport, Tajikistan, government, achievements, history, goals.

Нухуми сентябр барои мардуми куханбунёд, фархангсолор ва шарафманди точик яке аз санахои сарнавиштсози таърихй ва лахзахои хушбахтиву сарбаландй мебошад. Зеро истиклоли давлатй бузургтарин ва мукаддастарин неъмат, нишонаи олии хувияти миллй, ифтихор ва номуси ватандорй, рамзи хастии миллати бостонй ва сохибихтиёру сохибдавлати точик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Точикистон мебошад.

Чумхурии Точикистон аз замони ба даст овардани истиклолияти давлатй бо мушкилоти зиёде дар тамоми сохахои иктисодии кишвар, аз чумла сохахои энергетика, саноат, наклиёт, кишоварзй ва гайра дучор гардид. Бинобар ин, Хукумати Чумхурии Точикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар чор хадафи стратегии таъмини рушди босуботи иктисодиёти Точикистон, аз чумла таъмини истиклолияти энергетикй, рахой аз бунбасти коммуникатсионй, хифзи амнияти озукаворй ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуд.

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми хамасолаи худ ба парлумони кишвар таъкид менамоянд, ки Хукумати мамлакат хадафхои стратегии миллй, яъне таъмин намудани истиклолияти энергетикй, баромадан аз бунбасти коммуникатсионй ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитй, хифзи амнияти озукаворй ва дастрасии ахолй ба гизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шугли пурмахсулро тадричан амалй карда истодааст. Дар натича, аз дахсолаи дуюми даврони истиклолият рушди босуботи ичтимоиву иктисодии кишвар огоз гардида, Хукумати мамлакат барои расидан ба хадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатху сифати зиндагии ахолй корхои зиёдро ба анчом расонидааст.1

Таъмини истиклоли энергетикии мамлакат яке аз хадафхои асосии Хукумати Чумхурии Точикистон ба шумор меравад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин хадаф хеле хам назаррас буда, огоз аз сохтмони неругохи баркии хурд то иншооти бузурги аср — НБО-и "Рогун"-ро дар бар мегирад. Натичаи саъю кушиши Пешвои миллат, захмати фидокоронаи мардуми Точикистон ва ташкили хамкории натичабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Точикистон имруз бебаркиро ба гушаи фаромушии таърих гузоштаанд. Ба хотири 24 соат таъмин намудани ахолии кишвар дар хамаи фасли сол бо кувваи барк корхои зиёд ба анчом расонида шудаанд.

Ин чо бамаврид аст, кайд намоем, ки баромадан аз халкаи ягонаи энергетикии кишвархои Осиёи Миёна ва ташкил намудани системаи ягонаи энергетикии кишвар икдоми бузург ва манфиатовар барои сокинони чумхурй ва рушди сохаи иктисодиёт гардид.

Боиси хурсандист, ки агрегати дуюми неругохи барки обии "Рогун"аз тарафи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки НБО-и "Рогун"орзую омоли деринаи мардуми тамаддунофари точик буд ва ду сол боз мо шохиди чомаи амал пушидани ин орзу гардида истодаем. "Рогун" корзори нангу номус ва орзую омоли миллат аст. Бояд тазаккур дод, ки дар холати пурра ба кор даромаданаш НБО-и "Рогун"дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат неруи барк тавлид намояд, ки ин дар китъаи Осиё беназир аст.2 Бешубха, метавон гуфт, ки бо ба кор огоз намудани НБО-и "Рогун" мо метавонем пурра ба истиклолияти энергетикй даст ёбем ва

1 Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон http://president.tj/

2 Суханронй дар вохурй бо бунёдгарони неругохи барки обии «Рогун» http://president.tj/node/31229

аз чумла сатхи камбизоатиро дар кишвар камтар намоем, дакиктар карда бигуем, бо пурра ба кор андохтани ин неругох мо метавонем, сатхи камбизоатии ахолиро ба сифр баробар созем. Ахаммияти дигари сохтмони ин неругох дар он аст, ки мо метавонем бо барки истехсолнамудаамон ба бозори кишвархои хоричй бароем ва аз он, ки аксарият сахмдор хастанд, фоидаи бузурги молй ба даст оварем. Ин боиси ноил гардидан ба хадафхои бузург ва хостахои ичтимой мегардад.

Неруи асоси энергетикаи Точикистонро неругоххои барки обй истехсол мекунанд. Х,ачми умумии муайяншудаи иктидори неругоххои баркии обй - 4070 МВт аст. Ч,умхурии Точикистон дорои захирахои гании гидроэнергетикй мебошад. Х,ачми умумии захирахои гидроэнергетикй - 527 млрд. кВт.соатро ташкил медихад. Аз руйи хачми умумии захирахои гидроэнергетикй Точикистон дар чахон чойи хаштумро ишгол мекунад. Дар шароити имруза энергетикаи кишвар - аз неругоххои баркии обй бо иктидори 4,4 миллион киловатт, 60 хазор километр хатти барк, садхо подстансияи баркй ва нуктахои трансформаторй мебошад. Аз ин микдор танхо 6 дарсади захирахо мавриди истифода мебошад.3

Барои мардуми точик боиси ифтихору сарфарозист, ки чомеаи чахонй сахму ташаббусхои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмонро дар масъалахои чахонии об кадрдонй карда, рохбари давлати моро аз байни рохбарони 193 кишвари узви СММ ба Панели сатхи баланд рочеъ ба оби 15-нафара, ки хама рохбарони кишвархои ташаббускор дар масъалахои об мебошанд, шомил намуд. Таъмини истиклолияти энергетикй боиси зиёд гаштани захирахои обй ва сахмгузории давлати мо дар пешгирии гармшавии иклим дар сайёра мегардад.

Бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараккиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонд, мо расидан ба истиклолияти энергетикй ва истифодаи самарабахши неруи баркро хамчун яке аз хадафхои стратегии давлат муайян кардаем. Бо максади ноил шудан ба ин хадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захирахои бузурги энергетикй дар мамлакат холо 18 лоихаи сармоягузории давлатй ба маблаги 16,6 миллиард сомонй амалй гардида истодааст. Имруз дар кишвари мо 98 дарсади неруи барк аз манбаъхои баркароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истехсол гардида, Точикистон аз руйи дарсади истехсоли "энергияи сабз" шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Точикистон аз руйи кам будани хачми партови газхои гулхонавй низ яке аз чойхои баландтаринро ишгол мекунад. Аз ин лихоз, тавлид ва истифодаи "энергияи сабз" аз чумлаи авлавиятхои ракобатнокии иктисоди кишвари мо ба хисоб меравад.4

Ба холати имруза Чумхурии Точикистон 55,4 % захирахои оби минтакаро таъмин мекунад, дар холе ки ^иргизистон-25,3%, Узбекистан- 7,6%, Афгонистон- 5,4%, ^азокистон-3,9% ва Туркманистон-2,4%-ро таъмин менамоянд. Бо хамин максад холо дар Точикистон лоихахои бузурги бунёди неругоххои барки обй амалй гардида истодаанд ва дар хафт соли оянда аз хисоби бунёди неругохи "Рогун" ва тачдиди неругоххои барки обии "Норак", "Сарбанд" ва "^айрокум" иктидори энергетикии мамлакат иловатан 4 хазор мегаватт афзоиш дода мешавад. Бо вучуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъхои баркароршавандаи энергия, аз чумла неруи офтоб ва шамол манфиатнок буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиха бо иктидори умумии 260 мегаватт огоз гардидааст, ки дар панч соли оянда татбик карда мешаванд.5

Барои таъмини пурраи истиклолияти энергетикии кишвар харчи тезтар ва сари вакт пардохт намудани маблаги хакки барк ахаммияти бузург дорад. Дар сурати сари

3 Kholov A.I. Energy potential of Tajikistan. - Dushanbe: 2014. - From 69.

4 Tokhirov M. G. Kupan G. D. Water resources of the Republic of Tajikistan. // Dushanbe, 1999.-P.77

5 Kholov A.I. Energy potential of Tajikistan. - Dushanbe, 2014. - P. 77.

вакт пардохт нашудани хакки барк икктидорхои хизматрасонии энергетикй кохиш ёфта, мушкилоти со^а зиёд мегардад. Мавчудияти иктидорхои фаровони энергетикии мамлакат имконият медихад, ки дар доираи "Солхои рушди саноат" тавассути таъсиси корхонахои нав, баркарорсозии иктидорхои мавчуда, афзоиш додани хачми истихроч ва коркарди маъдан ба фаъолият огоз кардани боз якчанд корхонахои бузурги сохаи маъдан доир ба коркарди нихоии ашёи хом, таъсиси 870 корхонаи саноатй, 5 мачмааи коркарди нихоии нахи пахта дар панч соли минбаъда, таъсиси беш аз 500000 чойхои нави корй имконпазир гардад ва дастуру супоришхои Сарвари давлат, Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон мавриди ичро карор гирад.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионй дар катори хадафхои стратегие мебошад, ки хамчун вазифаи умумимиллй ва омили мухими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин хадаф сохтмону тачдиди роххои автомобилгард, охан, пулхо, нак;бхо, фурудгоххо ва дигар инфрасохтори наклиётиро мутоби; бо стандартхои байналмилалй дар бар мегирад, ки амалишавии он тадричан бояд чумхуриро аз бунбасти коммуникатсионй берун оварда, онро ба минтакаи транзитй табдил дихад.6

Дар солхои аввали истиклолият дар чумхурй бо сабабхои ноустувории сиёсй ва иктисодй 80 фоизи инфрасохтори системаи наклиётй корношоям гардида буд. Бо максади баланд бардоштани сатхи хизматрасонй ва танзиму назорат бо карори Хукумати кишвар 27 июли соли 1998 дар назди Вазорати наклиёт Инспексияи наклиётй (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар сохаи наклиёт) таъсис дода шуд. Дар самти амалигардонии сиёсати созандагии Хукумати кишвар ва Сарвари давлат аз соли 2000 cap карда стратегияи махсуси рушдии комплекси наклиёт то соли 2025 кабул гардид, ки натичахои ин стратегия имруз баръало дида мешаванд.7

Дар натичаи чахду талошхои шабонарузии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон мо мардуми сарбаланди кишвар ба ин хадафи стратегй ноил шудем. Ба кишвари транзитй дар минтака табдил додани Чумхурии Точикистон ва таквияти иктидорхои транзитгузаронии он чун яке аз мархилахои мухими хадафхои рушди кишвар аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки амалй шудани баъзе накшахо дар доираи ин хадафи стратегй барои рушди кишвар ва хамкорихои он бо кишвархои минтака имкониятхои зиёд фарохам оварданд. Дар бобати тачдиди фурудгоххо корхои зиёде ба анчом расиданд. Холо Точикистон дорои чор фурудгохи байналмилалй (Душанбе, ^ургонтеппа, Кулоб, Хучанд) мебошад.

Масъалаи дигар - бехтар намудани фаъолияти наклиёт, баланд бардоштани сатхи хизматрасонй, мустахкам намудани робитахои наклиётии кишвар ва тадричан ба хатхои транзитии миёни давлатхо табдил додани шабакаи роххои охану автобомилгарди чумхурй мебошад. Ба ин хотир дар сохторхои марбута (наклиёти автомобилй, хавой, рохи охан) дигаргунихо сурат гирифтанд, назди онхо вазифахои нав гузошта шудаанд.

Татбики лоихахои сармоягузории давлатй дар сохаи наклиёт ба рушди шабакаи роххо таквият бахшида, чихати амалй шудани ин хадафи стратегии кишвар мусоидат менамояд. Вобаста ба рушду равнаки сохтмон ва тачдиди роххои автомобилгард ва иншооти он, маблагчудокунии бучавй барои нигохдории роххо, чихати таъмини харакати пайваста ва бехатари воситахои наклиёт низ дар ин давра тамоюли пайвастаи рушдро касб намудааст.

6 Назруллаев С. Дорожное строительство и развитие транспорта в Таджикистане в 1917-1941 гг. Душанбе, 1979.

7 Юсуфи Ш. История путей сообщения и транспорта Таджикистана во второй половине XIX века - начале XX века: автореф. дис. ... канд. ист. наук. Душанбе. 1992

Дар натичаи амалй намудани мархилаи аввали хадафи стратегии рушди кишвар, яъне рахой додани кишвар аз бунбасти коммуникатсионй ва дар мамлакат бунёд гардидани шабакоти вохид ва таъминкунандаи равобити наклиёти дохилй ва баромадан ба кишвархои хаммарз, нишондихандахои асосии хизматрасонихои наклиётй тадричан рушд ёфта, тамоюли пайвастаи рушдро касб намудаанд.

Дар шароити чойгиршавии чугрофии Чумхурии Точикистон, ки 93% -и масохати онро куххо ташкил медихад, истифода ва рушди наклиёти автомобилй нисбат ба дигар намудхои наклиёт афзалият дорад.

Бо максади химояи бозори наклиёти ватанй, соддагардонии амалиётхои гумрукй, инчунин барои баланд бардоштани иктидори транзитии воситахои наклиёт огоз аз соли 2007 ба бунёди терминалхои наздисархадии байналмилалии автомобилй ва сохтмонхои марказхои логистикй диккати махсус дода шуда, дар ин давра терминали замонавии байналмилалии боркашонй, ки аз онхо терминалхои фосилавй ва терминалхои наздисархадй дар гузаргозххои Сархади давлатй бо кишвархои хамсоя бунёд гардидаанд.

Маком ва хиссаи наклиёти рохи охан, дар интиколи байналмилалй бору мусофирон зиёд мебошад ва боиси кайд аст, ки соха дар натичаи дастгирихои пайвастаи Хукумати Чумхурии Точикистон тамоюли рушди пайвастаро касб намудааст.

Шуруъ аз соли 2018, пас аз тафохумхои бо чониби кишвари ба мо хамсоя ва дуст Чумхурии Узбекистан дар фазои хамкорихои дучонибаи судманд бадастомада, тамоюли кохишёбии нишондихандахои хамлу накли бору мусофирон тавассути рохи охан боздошта шуда, натичахои тамоюли рушдро касб намудаанд.

Таъмини амнияти озукаворй аз чумлаи хадафхои афзалиятноки стратегии давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон махсуб меёбад. Дар ин бобат бахри расидан ба хадафе, ки ба бехтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон тадбирхои зиёде андешида мешаванд.

Кишвари мо дар давраи сохибистиклолияти давлатй махз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар катори давлатхои озод ва дар мархилаи рушд карордошта макоми арзандаи худро пайдо намуд.

Ба ин максад масъалахои истифодаи окилонаи замин, рушди сохахои тухмипарварй ва зотпарварй, дастгирии давлатии соха (маблаггузорй ва додани имтиёзхои андозию гумрукй ба субъектхои хочагидорй), баланд бардоштани холати мелиоративй ва хосилнокии он, аз чумлаи вазифахои аввалиндарача ба хисобида шудаанд. Дар ин самт корхои зиёде дар самтхои сохтмони корхонахои истехсолии коркарди ашёи хоми кишоварзй, чори намудани технологияхои пешкадам, парвариши навъхои нави растанй, мубориза бар зидди хашароти зараррасон, рушди богу токпарварй, чорводорй, воридоти техникаи кишоварзй ва дигархо, ки дар амалисозии онхо накши Пешвои миллат хеле калон мебошад. Пешвои миллат борхо таъкид менамоянд, ки: "Мо амнияти озукавории кишварро танхо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истехсоли махсулоти кишоварзии худиро харчи бештар афзоиш дода, аз маводи гизоии воридотй камтар вобаста бошем". Сардори давлат аз нигохи дурандешиву огахии амик оид ба вазъи чахони муосир, бахусус аз бархостхои пай дар пайи бухронхои иктисодй бармеояд. Метавон гуфт, ки дар раванди созандагй дар кишвар тагйироти чиддй ба вукуъ омада, кадамхои устувор дар таъмини амнияти озукаворй гузошта шуданд.8

Таъмини амнияти озукавории кишвар, пеш аз хама хадафи конеъгардонии нахуст талаботи инсонй, яъне конеъгардонии талаботи зинаи аввали инсониро дорад. Талаботи зинаи аввали инсонй - ин талаботи физиологи (таъмин бо хурокаву пушока,)

8 Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон http://president.tj/

ва талабот ба амниятро (химоя аз зарар, тахдиду харос ва f.) дар бар мегирад. Махз пас аз конеъгардии ин талаботи инсон ба конеъгардонии талаботи олии худ имконияту чуръат пайдо мекунад. Талаботи зинаи олии инсон, ин талабот ба худшиносиву худэътирофкунй, амалигардонии кобилияту истеъдод ва чахоншиносй мебошад.

Пас мебинем, ки амнияти озукорй натанхо конеъшавии зинаи аввали инсониро таъмин мекунад, балки чун зербино барои амалй гаштани талаботи зинаи олии инсон хидмат намуда, рох мекушояд. Бинобар он, сиёсати таъмини озукавории кишвар чавхари асосии сиёсату хадафи олии давлат - хифзу начоти миллатро ифода мекунад. Амнияти озукорй бошад, нахустзинаи истиклолияти иктисодиро ташкил медихад.

Аз ин лихоз, амнияти озукаворй - ин таъмини чомеа, мардуми кишвар бо маводи хурокворй ва хаёти солиму фаъоли аъзои чомеа мебошад. Яъне, зери ин мафхум мавчудияти кофии маводи озукаворй, дастрасии он ба хонаводахо (новобаста аз он, ки аз бозор мехаранд ва ё аз дигар манбаъ), имконияти харидории истеъмолгарон, сатхи зарурии истеъмолии он нухуфтааст.

Амнияти озукаворй дар он маврид пойдор мегардад, ки агар хуроквории мувофик аз чихати микдору сифат, аз нигохи ичтимой - фархангй макбул ва бо хачми зарурй мавчуд буда, дастраси умум гардад.

Бояд таъкид кард, ки махз истеъмол ва хачми онро нишондихандаи нихоии амнияти озукаворй мешуморанд. Вазъу мавчудият, дастрасиву истеъмоли маводи озукаворй бояд дар хама зинахои чомеа - зинаи хонавода ва фардхои алохида, зинаи чамоати (шахраку дехот, нохия, вилоят) ва зинаи миллй кофй бошад.

Таъмини махсулоти озукаворй барои Чумхурии Точикистон масъалаи мухим ба шумор меравад. Чумхурии Точикистон, ки асосан мамлакати аграрист, сохаи кишоварзй дар иктисоди миллй яке аз сохахои мухим арзёбй мегардад. Ин соха дар таъмин намудани яке аз хадафхои асосии кишвар - хифзи амнияти озукаворй ва дастрасии ахолй ба Fизои хушсифат, вусъат додани шуFли пурмахсул накши калидй мебозад, ки ин дар "Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030" муайян гардидааст.

Вокеан, бо ибтикори Пешвои миллат "дар сохаи кишоварзй чихати истифодаи самараноки обу замин ва хифзи амнияти озукавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати сохибихтиёрамон ислохоти куллй гузаронида шуда, истифодаи замин ба сохиби аслии он - дехкон вогузор гардид, ки яке аз дастовардхои мухимтарини даврони сохибистиклолй ба хисоб меравад.

Хар дафъае, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мухтарам Эмомалй Рахмон бо кишоварзон вохурихо баргузор менамоянд, албатта, дар бобати бехтар сохтани вазъи корхои кишоварзй, парвариш ва нигохубини боFу токзор, чамъоварй, содирот ва захираи хосили пухтарасида Fамхоронаву дилсузона сухан меронанд.

Дар шароити нихоят мушкил ва мураккаби сиёсию иктисодй солхои 1995 ва 1997 бо максади халли мушкилоти таъмини озукаворй Пешвои миллат дар хусусй ба мардум таксим намудани 75 хазор га заминхои кишоварзй фармонхои инкилобй кабул намуданд, ки на хар як рохбари давлати дунё ба он чуръат мекунад. Ин пеш аз хама боварии бузург ба мардуми шарифи кишвар буд, ки ин заминхо, ин сарвати бебахои миллиро самарнок ва тибки таъинот барои халли мушкилоти рузмарраи худ истифода хоханд бурд.

Бо гузашти 32 сол истиклолияти давлатии Точикистон мардум аз ин тухфаи саховатмандонаи Пешвои миллат, ки "заминхои президента" ном гирифт, ба некй ва кадршиносии хос ёд мекунанд. Дар ин давра дар сохтори иктисодиёти миллй ва хусусан кишоварзй дигаргунихои куллй ба миён омаданд. Сохахои боFу токпарварй ва сабзавоткорию картошкапарварй ба сохахои асосй табдил ёфта, барои таъмини амнияти озукавории ахолии кишвар имкониятхои васеро фарохам оварданд.

Диверсификатсияи истехсолот тавассути ташкили кишти такрорй, истехсоли махсулоти ракобатпазир ва сердаромади содиротй, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди богу токзорхои серхосил суръати баландро сохиб гардид.

Дигаргунихои куллие, ки дар раванди ислохоти соха ба миён омаданд барои харчи бештар бо махсулоти истехсоли ватанй таъмин намудани ахолии мамлакат имкониятхои васеро фарохам овард. Холо таъмини ахолй бо биринч, сабзавот, картошка, мевагихо ва як катор дигар махсулоти истехсоли ватанй дар сатхи талаботи биологй карор дорад. Амалигардонии ислохоти соха барои пешрафти дигар сохахои иктисодиёти миллат низ заминаи хуб гузошт. Имруз кишоварзони мамлакат бар он акидаанд, ки махз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат накш ва сахми сохаи кишоварзй дар рушди саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси чойхои нави корй беш аз пеш муассир гашта истодааст.

Дар натича дар замони истиклолият маданияти истифодабарии замин куллан бехтар гардида, аз як китъаи замини обй гирифтани 2-3 хосил ба хукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истехсоли махсулоти кишоварзй мусоидат карда истодааст.

Дар даврони сохибистиклолй, аз чониби Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон бахри дастгирй ва хавасмандгардонии давлатии соха ва хосса, кишоварзони мамлакат ба максади рушди сохаи парандапарварй, мохипарварй, воридоти чорвои зотй ва хуроки чорво, воридоти техникаи таъиноти кишоварзй як катор имтиёзхои фискалй пешбинй карда шуданд. Хусусан бо дастури Пешвои миллат аз андозу пардохтхо озод кардани воридоти технологияву тачхизот ва мавод барои рушди сохаи паррандапарварй, мохипарвари ва истехсоли хуроки чорвою паранда имкониятхои васеро фарохам овард.

Огози асри XXI барои давлати тозаистиклоли Точикистон давраи пешниходи ташаббусхои начибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва чомеаи чахонй аст, ба хисоб меравад. Давлату Хукумати Точикистон тавассути кушишхои пайгиронаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон бахри расидан ба ормонхои миллй устуворона мавкеи хешро дар арсаи байналмилалй бештар таквият дода, дар баробари он сатхи ичтимоию иктисодй ва хаёти фархангию маънавии кишвар ба сатхи сифатан нав бо истифода аз захирахои табии худ инкишоф медихад.

Барои тахкими амнияти озукаворй ва таъмини гизои хушсифат дар мамлакат тавассути татбики Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020, Барномаи таъмини амнияти озукаворй барои солхои 2016-2030, Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи мачмуавии рушди сохаи чорводорй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2022, инчунин як катор стратегияю барномахои сохаи кишоварзй ва тандурустй амалй мегарданд.

Махз барои ноилшавй ба кафолати Пешвои миллат оид ба фаровонии дастархони мардум мо бо такмил ва чорисозии технологияи навтарини илмй-техникй, тарбияи олимон, мутахассисон ва дигар гуруххои кормандон, баландшавии савияи касбу махорати онхо заминаи чахонишавии кишоварзии Ватанамонро бояд неруву самари навин бахшем.

Хамзамон, баланд бардоштани самараи ислохоти сохаи кишоварзй ва таъмини амнияти озукаворй водор месозанд, ки хаматарафа ба масъалахои баланд бардоштани фарханги заминдорй, рушди тухмипарварй, зотпарварй, азхуд кардани заминхои нав, истифодаи техника ва технологияи муосири кишоварзй эътибори хоса зохир намоем.

Вазъи вокеии таъмини амнияти озукаворй собит месозад, ки ворид намудани натичахои фаъолияти инноватсионй метавонад барои мутобиккунии соха ба шароити

тагйирёбии иклим ва таъмини афзоиши истехсоли хамаи номгуи махсулоти соха заминаи устувор гузорад.

Дар шароити тахаввулоти босуръату пешгуинашавандаи иктисоди чахонй, ракобатхои шадид барои дастрасй ба захирахо ва пайомадхои тагйирёбии иклим истифодаи тамоми воситахои муосири фаъолгардонии иктисодиёт, аз чумла татбики лоихахо дар сохаи саноати кишвар, хусусан лоихахои хусусияти инноватсиониву навоваридошта, мухиму саривактй мебошанд.

Добили зикр аст, ки саноати ватанй неруи азими пешбаранда ва иктидори калидии тараккиёти иктисодй дар кишвар ба шумор меравад. Чумхурии Точикистон саноатикунонии босуръатро хамчун хадафи чоруми стратегии кишвар кабул намуд, ки он барои таъмини устувории иктисодиёт, ташкили чойхои нави корй, баланд бардоштани иктидори содиротии мамлакат ва ракобатнокии он заминаи амик мегузорад. Бо назардошти ахамияти сохаи саноат дар халли масъалахои иктисодиву ичтимой, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон солхои 2022 - 2026-ро Солхои рушди саноат эълон доштанд.9

Дар ин росто, аз чониби Хукумати мамлакат табдирхои муассир андешида мешаванд. Аз чумла, Стратегияи рушди саноат дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномахои гуногуни сохавй кабул шуда, мавриди амал карор доранд. Барномаву стратегияхо ба таъсиси корхона ва коргоххои нав, ташкили чойхои нави корй, афзун намудани хачму сифати махсулоти ватанй, таъмини ракобатнокии он равона шуда, барои гузариши иктисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истехсолкунандаи махсулоти нихой замина гузоштанд.

Махсусан, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солхои 2020-2025 ба гузариши босуръати иктисодисодиёти чумхурй ба самти инноватсионии рушд, ракобатпазир гардидани он, бехзистии сокинон ва рушди босуръати сохахои иктисодиёт равона гашта, дар ичрои он сармоягузорони дохилй ва хоричй сахми асосй мегузоранд. Комёбихои назарраси се хадафи стратегии амалкунанда барои татбики сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар заминахои зарурй гузоштанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки хадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву ракобатпазир ва дар асоси он ба сатху сифати нав баровардани иктисоди миллй ва бехзистии шахрвандон мебошад. Ин хадаф дар кохиш додани вобастагии кишвар аз воридоти махсулоти ниёзи аввал, таъмини сохахои гуногун бо тачхизоти муосир, таквияти иктидорхои содиротй ва таъмини гуногунсамтии истехсоли ватанй накши халкунанда дорад. Зеро хамасола махсулоти тайёри металлургияи сиёх ва ранга, нурихои минералй ва техникаи кишоварзй, маводи сузишвориву молиданй, автобусхо ва автомобилхо, техникаи маишй, масолехи гуногуни сохтмонй, хурокворй ва гайра дар хачми зиёд ба мамлакат ворид мешаванд. Бинобар ин, ба андешаи коршиносон, фаъолият дар ин самтхо бояд таквият бахшида шавад. Илова бар ин, андешидани тадбирхо дар самти бехтар намудани фазои сармоягузорй ва сохибкорй, инчунин, омода намудани мутахассисони сохавй, таъмини хамгироии илм ва истехсолот ва таквияти иктидори технологии сохахои иктисоди миллй аз чониби коршиносону мутахассисони соха мухим арзёбй мегарданд.

Тагйироти чиддй дар вазъи сиёсиву иктисодии чахони муосир, ки бинобар пахншавии бемории сироятии COVID-19, низоъхову тахримхои иктисодй байни кишвархо ва дар ин росто, тагйирёбии нарххо дар бозори чахонй ракобатро байни кишвархои ру ба тараккй барои чалби сармоя боз хам шиддатноктар гардонданд. Ин аст, ки дар Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солхои 2020 - 2025 ба

9 Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон http://president.tj/

масъалахои тахкими конунгузорй дар самти химояи манфиатхои сармоягузорон ва таъмини адолати судй таваччухи хосса зохир гаштааст.

Дар доираи татбики саноатикунонии босуръати кишвар то соли 2030 дар назар аст, ки хиссаи саноат дар ММД-и кишвар ба сатхи 30 фоиз ва вазъи киёсии сохахои коркард дар сохтори саноат аз нишондихандаи нихоии сатхи байналмилалй (70 фоиз) ба сатхи 75,5 фоиз расонда мешавад.

Ноил гардидан ба хадафхо ва вазифахои сиёсати саноатикунонии босуръат ба Чумхурии Точикистон имкон медихад, ки кишварамон мавкеи худро дар арзёбихои байналмилалй аз руи сатхи саноатикунонй таFЙир дода, ба гурухи кишвархои дорои саноати рушдкунанда ворид гардад.

Хамин тавр, гуфтан чоиз аст, ки Чумхурии Точикистон дар фазои сулху оромй бо дастгирй ва талошхои хастанопазири Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон кушиши зиёд ба харч дода истодааст, ки дар ояндаи наздик нишондихандахои муайянкунандаи амният ва бехатарии иктисодии кишвари азизамонро бехтар намуда, дар мачмуъ ба хар фарди чомеа шароити зисту зиндагонии мувофик ва сазоворро фарохам созад.

АДАБИЁТ:

1. Назруллаев С. Дорожное строительство и развитие транспорта в Таджикистане в 1917-1941 гг. Душанбе, 1979.

2. Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон http://president.tj/

3. Суханронй дар вохурй бо бунёдгарони неругохи барки обии «РоFун» http ://president.tj/node/31229

4. Юсуфи Ш. История путей сообщения и транспорта Таджикистана во второй половине XIX века - начале XX века: автореф. дис. ... канд. ист. наук. Душанбе. 1992

5. Kholov A.I. Energy potential of Tajikistan. - Dushanbe: 2014. - From 69.

6. Tokhirov M. G. Kupan G. D. Water resources of the Republic of Tajikistan. // Dushanbe, 1999.-P.77

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.