Научная статья на тему 'CLASSIFICATION AND DEGREE OF POETRIES IN OUTLOOKS AMIRA HUSRAVA'

CLASSIFICATION AND DEGREE OF POETRIES IN OUTLOOKS AMIRA HUSRAVA Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
19
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НОВИЧОК (В СЛОВЕ) / ИСКАЖЕНИЕ / УПОДОБЛЕНИЕ / ПРОИСХОЖДЕНИЕ (СЛОВА) / ФОРМА СОДЕРЖАНИЯ / АЛЛЕГОРИЯ / ГИПЕРБОЛА / ЛЮБЯЩИЙ ИСКУССТВО / ВДОХНОВЛЯЮЩИЙ СИРОП / БОГОСЛОВИЕ / УМЕРЕННЫЙ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Тагаймуродов Р. Х.

В данной статье автор анализирует проблему с точки зрения Амира Хусрава о поэзии и её классификации во введении в своей книге «Гуррат-ул-камол» Как утверждает автор, взгляды Амир Хусрава о поэзии и её степени классификации имеет практическое значение. Данная классификация основывается на использование литературного мастерства поэтов, поэзии которые имеют научное значение.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

КЛАССИФИКАЦИЯ И СТЕПЕНЬ ПОЭЗИИ В ВОЗЗРЕНИЯХ АМИРА ХУСРАВА

The author analyses the problem with standpoint of Amira Husrava about poetries and its classification in introduction to his named after "Gurrat-str-kamol" in this article. As author confirms, glances Amir Husrava regarding the poetries and its degree oof classification have practical importance. This classification Given categorization is founded on use literary skill poet, which poetries has scientific importance.

Текст научной работы на тему «CLASSIFICATION AND DEGREE OF POETRIES IN OUTLOOKS AMIRA HUSRAVA»

ТАСНИФУ табацабандии шеър ва дара^а^ои он АЗ НАЗАРИ АМИР ХУСРАВ

Тагоймуродов Р.

Донишгоуи давлатии К^ургонтеппа ба номи Носири Хусрав

Амиp Хyсpав макоми шoиpoн ва шеъpи oнxopo даp иpтибoт ба табъ, oфаpидани маънй ва кopбypди санъатхои бадей се гyна табакабандй каpдааст. Бояд таъкид каpд, ки то y кам касоне аз назаpияшинoсoн даp тамйизи ин масъада тавач^Х зoxиp каpдаанд. Ин таксимбандй даp асоси таваччyxи шoиpoн нисбат ба лафзy маънй ва истифодаи анвои санъатхои дафзивy маънавй даp oфаpиниши сyхани адабй сypат гиpифтааст. Хyсpав шеъpи шoиpoни табакаи аввалpo «абчади дафз» номида, даp ин хусус чунин менигopад:

«Аввад, абчади дафз аст, ки тифдтабиатpo бо хадяи сypхy заpд хушдид гаpдoнад, чун тасхисфу тачнис ва иштикоку Fайpи он. Ва кадамгyзopoни ин pox бисёp бошанд, зеpo ки даp ин таpик фикpатpo чандон сафаpе намебоист каpд» (Хyсpав 537, в.22б).

Чи хеде ки аз номгуи санъатхои бадеии даp ин иктибос ёдшуда баpмеoяд, санъатхои мавpиди кopбypди шoиpoни табакаи абчади дафз асосан opoяxoи дафзиянд. Кopбypди ин кабил санъатxo даp шеъp гyвox баp он аст, ки таваччyxи муаддифони oнxo аз мyxтавo дида, ба шаклу сypат бештаp аст. Амиp Хyсpав аз тачpибаи эчодии худ ба осонй пай бypдааст, ки он афpoде, ки баpoи тазxибy танкеxи дафз ва салису фасеx гаштани он кушиш ба хаpч додаву даp бадогат саъйе ба такдим намеpасoнанд, эшон аз зyмpаи мубтадиёну мавзунонанд, на шoиpoн. У ин кабил шoиppo тифдтабиате ба шyмop меoваpад, ки аз xадяxoи камаpзиши pангopанг дид хуш медopад. Муаддиф xамчyнин таъкид меваpзад, ки «кадамгyзopoни ин pox» бисёpанд, зеpo oфаpидани ин гуна ашъop фикpатy андешаи зиёдеpo тадаб намекунад. Бо назаpдoшти ин масоид Амиp Хyсpав он чиpo, ки аз натоичи кopбypди саноеи дафзй даст медщад, «абчади дафз» кадамдод мекунад.

Ба табакаи дувум шoиpoне шомил мешаванд, ки асосан даp маънипаpдoзй кушидаанд ва даp шеъpxoяшoн бештаp санъатxoи маънавиpo мавpиди истифода ^pop додаанд. Хyсpав шеъpеpo, ки даp он санъатxoи маънавй бештаp кopбypд шудааст, ба истидoxи «сypати маънй» ёд каpда, даp тавсифи он чунин мегуяд:

«Дувум, сypати маънй аст, даp оинаи тасаввypи сoфизамиpoн мyваччаx pyй намояд, чун хаёлу иxoм ва истиFpoк, мубодигат ва дик^а^ои дигаp. Ва гаpoнpикoбoни ин майдон даp xаp давpе се-чаxopй кудунба (кудчаканд) бошанд, зеpo ки кумайти ин чyшpo xаp бехабаpе натавонад гаpдoнид, ки адбатта, даpFалтанд, магаp касе, ки даp ин шева бисёp галтида бошад ва неку хоста, y тавонад, ки пой poor нщад» (Хyсpав, 537 в.18б).

Чунонки пештаp ёдoваp шудем, дафзу маънй ё худ сypатy мyxтавo ду yнсypе xастанд, ки xаp як эчoдкop бояд ба таносубу меъёpи истифодаи oнxo даp асаpи адабй диккати асосй дщад, зеpo даp сypати афзудану костани яке аз ин y^ypxo хонандагон xаp яки oнxopo ба унвони ду амpи чудо аз xам эxсoс каpда, баpoи xаp кадоми ощо xyвиятy накши мустакиде коил хoxанд шуд. Даp xакикат, pyчxoнy баpтаpй доштани яке аз ин ду y^yp даp эчодиёти адибон мухтассоти самту pавиш ва гаpoиши oнxopo pyшан месозад. Аз андешаxoи Амиp Хyсpав баpмеoяд, ки мавчудияти oсopе, ки даp баъзеи ощо дафз ва даp баъзеи дигаpашoн маънй годиб аст, падидаи нав нест, балки ин чиз собикаи деpина дopад.

Омузишу таxкик даp oсop ва афкopи Хyсpав нишон медщад, ки худи y асосан ба маънипаpдoзй pаFбат дopад, зеpo кopбypди дастаи санъатxoи бадеие, ки мoxиятан ба маънй иpтибoт дopанд, даp oсopи идмиву xyнаpии у фаpoвoн ба назаp меpасад. Зиёда аз ин, таъкиди махсуси у ба санъатxoе xамчyн хаёд, щом, истиFpoк ва амсоди инxo, ки даp киёс бо дигаp санъатxo доманаи гyстypдаи гунчоиши мазмуну маънopo дopанд ва ХOмиди бopи маъноии бештаp мебошанд, дадед баp гyфтаxoи фавканд. Ногуфта намонад, ки кopбасти зиёди тахайюд ва иxoм даp сухан аз вижагиxoи xyнаpи Амиp Хyсpав буда, ба сабки хоссаи у, ки даp адабиёт бо унвони «таpзи хyсpавoнаи сухан» иштиxop дopад, низ бе иpтибoт нест.

Маълyм аст, ки максуди мyаллиф аз зи^и «сypати маънй» xамон боpикбинй, мазмyнёбй ва халки маонй аз чониби шоиpон аст. Шоиpоне, ки ба ин шева дастpасй пайдо мекунанд, пеш аз он ки ба маснуоти лафзй бияндешанд, ба халку офаpидани маонии навy тоза саъй меваpзанд. Ин таpзy шеваи эчод бо назаpдошти он ки мушкилу дyшвоp аст, дастёбй ба он на ба xама эчодкоpон мyяссаp мегаpдад. Аз ишоpаи Хyсpав пай бypдан мумкин аст, ки теъдоди каме аз шоиpони кабл аз y ба ин завку шеваи эчод ноил гаштаанд ва аксаpи онxо xиммати хyдpо масpафи оpостани лафз каpдаанд. Аз назаpи y истифода ва коpбасти санъатxои лафзй ва заpоифи сyваpии назм коpи чандон дyшвоpе нест, ба андак чаxдy талоше шахс метавонад ба он даст ёбад. Даp девощои нахустини худи Хyсpав xам ин тачpиба ба мyшоxида меpасад.

Мувофики нишондоди Амиp Хyсpав шyмоpаи шоиpоне, ки ба халки маонии тозаву бикp, яъне маоние, ки собика надошта бошад, даст ёфтаанд, даp xаp давpае аз се ё чаxоp нафаp зиёд нестанд, чунки ин коp ба сyxyлат ба даст намеояд, факат афpоде метавонад ба ин ибтикоpот кодиp шавад, ки даp баpобаpи доштани завку табъ ва кобилияту маxоpат аз улуму фунуни зиёде баpхypдоp бошад.

Ба табакаи сеюми шоиpон, ки даp таснифи Амиp Хyсpав дида мешавад, эчодкоpоне дохил мешаванд, ки доpои фаpдият ё нубуги шоиpонаанд. У шеъpи ин кабил шоиpонpо «чошнии завк» ва «шаpбати шавк» номида, иpтиботи онxоpо бо неpyxои фаpосyй таъкид мекунад. Чунончи:

«Аммо шаpбати савум чошнии завк аст ва шаpбати шавк, ки аз гаpдиши чаpх даp асpе якеpо бичашонид ва агаp маpдyм xама yмp ба кушиш дил хун кунад ва чигаp кабоб, он pакик даp обгинаи дили у наёбанд, то сокии давp соFаpи лаболаби маънй аз каpобаxои саpбамyxpи осмонй даp шишаи синаи у фypy pезад» (Хyсpав 537, в.18б).

Рочеъ ба атой будани истеъдоду xyнаpи шоиpй аз назаpи Хyсpав даp боло зимни мукосаи каломи мавзун бо илм тафсилоти бештаpе сypат гиpифта буд, ки ин чо бозгуии онpо лозим намедонем, вале баppасии баъзе никоти кобили мyлоxизаеpо заpyp меxисобем.

Ба акидаи Амиp Хyсpав шеъp илми ладунй ва илxоми гайбист. ^Œ^pï мавxибате аст, ки на ба xаp кас мyяссаp мегаpдад ва rnraëprny иктисобй xам нест. Ин xадя даp асpе шояд тащо ба як нафаp ато шавад. Шеъpи шоиpи асил самаpаи табъу завкест, ки беpyн аз xавзаи акл каpоp доpад ва ба тавpи худангехта сypат мегиpад. Табъи шоиpи мавpиди назаpи Хyсpав анбошта аз файзи яздонист ва xаp кй аз файзи яздониву фазли сyбxонй баpхypдоp набошад, xаpгиз бо pоxи (xатто даp маxзаpи бyзypгони сухан) омухтани аpyз, кофия, саноеъ ва pавобити авзону бадоеъ xам на танxо як байт, балки мисpаеpо низ xамтаpозyи ин гуна шоиpон гуфта наметавонад. «Абчади лафз» ва «сypати маънй» маxсyли табъи мавзунонеанд, ки бо pоxи омузишу фаpогиpии ашъоpи зиёд, улуми аpyзy кофия ва маониву баён ба даст омадааст. Он маъние, ки шоиpони табакаи «абчади лафз» ва «сypати маънй» баён мекунанд, аз назаpи Амиp Хyсpав мафxyмxои мантикие мебошанд, ки аз низоми далоили забон истинбот мешаванд, яъне он чи, ки аз зоxиpи алфоз ё гyфтоpи касе фаxмида мешавад, вале xадаф аз маънии шоиpони табакаи сеюм он маъниест, ки асосан оpифонy суфиён даp назаp доpанд. Маънои мавpиди назаpи оpифон xамон xакикатест, ки даp паpдаи гайб ниxон аст. Дидгоxи Амиp Хyсpав даp ин маком мубтанй баp назаpияи асолати маънй ва моxияти он даp назди оpифонy суфиён аст.

Амиp Хyсpав даp иpтибот ба макому маpтабаи шеъp ва шоиpон даp идомаи гyфтоpаш ба аносиpи дохилии шеъp, мушаххасан pочеъ ба фасоxатy балогати он, таваччyx зоxиp намуда, чойгоxи xаp яке аз онxоpо бо назаpдошти коpбypди саноеи бадей баppасй каpдааст. Ногуфта намонад, ки оpои назаpии у асосан ба шаpxy тавзеxи мазмуну мyxтавои «абчади лафз», «сypати маънй» ва «чошнии завку шаpоби шавк» нигаpонида шудааст. Муаллиф шеъppо даp иpтибот бо pиояти таносуби мантикии лафзу маънй, коpбасти анвои саноеи бадей, таpзxои ифодаи маънй ва дигаp каpоpдодxои лозимаи забонй ба доиpаи таxкик кашида, зебощои зотиву иктисобии каломи мавзyнpо баppасй каpдааст. Аз чумла:

«Шакли аввал ёбис аст. Ва он чунон бошад, ки санъати лафзй голиб ояд ва назм ба заpypат,ба заpаpи пайваст,маъюб гаpдад. Ва агаp санъати лафзй бо насp боз ояд,

биоpояд. Хдочанд назм содатаp-баpтаp ва чандон ки даp лафз баpтаp-беxтаp. Пас, саpфаи сухан он бошад, ки лафзpо даp насp саpф кунанд» (Хyсpав 537, в.18б).

Аз ин накли кавл баpмеояд, ки Амиp Хyсpав чонибдоpи pиояти бамавкеъ ва xадди эътидоли санъатxои бадей даp каломи мавзун аст. Истифодаи аз xадди эътидол беpyни оpояxои лафзиpо даp шеъp боиси маъюб гаpдидани он медонад, вале коpбасти зиёди ин гуна _саноеъpо даp каломи мансyp, ки мучиби оpоста шудани насp мегаpдад, таpафдоp аст. У xатто каломи манзуми содаву бетакаллyфpо аз шеъpе, ки даp он маснуоти лафзй аз xадди лузум yбyp каpдааст, хyбтаpy беxтаp медонад ва ин гуна шеъpxоpо «ёбис» ё худ хушк каламдод мекунад. Шакли «ёбис»-и шеъp голибан ба ашъоpи шоиpоне, ки даp xавзаи «абчади лафз» каpоp доpанд, мансуб аст.

Шакли дуюм, ки онpо Хyсpав «муътадил» меномад, ашъоpе даp назаp аст, ки даp он доиpаи истифодаи оpояxои лафзй хеле маxдyд ва санъатxои маънавии ист^рок, муболигат, иxом, хаёл ва амсоли ищо бештаpанд. Чунонки каблан ибpоз доштем, худи Хyсpав баpои истифодаи санъатxои мазбyp даp назму насp таваччyxи зиёд доpад ва коpбypди онxоpо аз вижагиxои таpзи хосси худ медонад. Аз ин хотиp, у шеъpxоеpо, ки доpои маснуоти маънавиянд, «шоиpона» меxисобад. Масалан:

«Шакли дувум муътадил аст. Ва он таpзест, ки онpо шоиpона гуянд ва он чунон бувад, ки андак pиояи лафз бошад... салис, на музайяф, чун таpовати маънй, яъне исти^ок ва муболигат ва щом ва хаёл ба лафз пайваст, муътадил гаpдад» (Хyсpав 537, в.18б).

Аз хилоли андешаxои Амиp Хyсpав маълум намешавад, ки нуктаи назаpи интикодии у ба ашъоpи кадом шоиpон pавона шудааст, вале эxсос мешавад, ки вай ашъоpи шоиpони пешгyзаштаpо бо меъёpxои завки асpи худ намесанчад. Шояд ин эpодxо ба ашъоpи баpхе аз шоиpони мyосиpи у нигаpонида шуда бошад. Дигаp ин ки мусалламан гаpоиш ба суи маънипаpдозй, яъне истифодаи оpояxои маънавй, шоиppо вазифадоp месозад, ки у баpои дастёбй ба маонй ва мазмущои тозаву бесобика азму талош кунад. Аз ин нуктаи назаp, мантикан маълум мегаpдад, ки омyзгоpy шавкдиxандаи шоиp, илова баp илxом, андеша ва талоши фи^ии уст. Офаpиниши шеъp аз ин дидгоx даp доиpавy xавзаи аклонй сypат мепазиpад, даp xоле, ки Амиp Хyсpав ба фаpдияти нубуги шоиpона сахт муътакид аст.

Баланд гузоштани шаъну маpтабаи маънии шеъp даp киёс бо лафз аз чониби Хyсpав далолат баp он доpад, ки инояти у ба суи маънист, на ба лафз. Аз ин py, шакли «муътадил» ва «шоиpона», ки тавзеxоти он гузашт, ба шеъpи шоиpоне иpтибот доpад, ки даp доиpаи «сypати маънй» ба эчод машгуланд.

Шакли сеюми шеъp, ки муаллиф онpо «pатб» номидааст, шеъpест Fайpитакаллyфй, наpмy осон ва хеле pавонy шево, пайванди миёни ачзои он ба якдигаp дypyстy yстyвоp, яъне даp ин кабил шеъpxо «салосату» «чазолат» голиб аст, на оpояxои лафзиву маънавй. Ба таpзи дигаp, ин гуна шеъppо даp адабиёт маъмулан саxли мумтанеъ меноманд, ки бидуни андешаву талошxои фи^й ба тавpи худангехта аpзи xастй мекунад ва бисёp сода ба назаp pасад xам, аммо сypyданy навиштани назиpи он Fайpимyмкин, яъне мумтанеъ аст. Тавзеxи Хyсpав даp ин хусус чунин аст:

«Шакли савум pатб аст. Ва он чунон бошад, ки салосат ва чазолат даp у голиб бошад, на pиояти лафз бо такаллуф бошад ва на мypооти маънй ба такаллуф. Даp хондан чунон pавон ояд, ки агаp нахонанд xам, бибояд ва нахондаpо xам осон намояд. Ва инpо саxли мумтанеъ хонанд, бинобаp он ки бе тааммуле зояд ва дигаpеpо гоxи хондан осон намояд, валекин гуфтанаш дyшвоp ояд» (Хyсpав 537, в.19а).

Аз накли ин кавл маълум мешавад, ки шеъpи саxли мумтанеъ зодаи табъи шоиpест, ки у аз илxомоти гайбй баpхypдоp бошад. Ин гуна шеъp, бо вучуди даp назаp зоxиpан сода намудан, доpои дyшвоpиxои вижае мебошад, ки кас ба он дyшвоpиxо пай намебаpад, яъне «Гуйй осонаш, валекин нест осон гуфтанаш». Мутаассифона, Амиp Хyсpав доиp ба ин навъи шеъp намунае наёваpдааст, то xадди шинохти у даp боpаи чигунагии шеъpи саxли мумтанеъ pyшан гаpдад.

Шакли шеъpии дигаpе, ки онpо Амиp Хyсpав «мyxpик» тасмия каpдааст, шеъpест, ки чигунагии xакикати он маълум нест. Даp ин кабил шеъp чизи чудокунанда ва pyчxондиxандаи лафзу маънй, саноеи бадей ва дигаp yнсypxои шеъp шинохта

намешавад. Тибки гуфтаи муаллиф аз унсурхои шеърии се тарзи мазбур дар он хеле кам риоят мешавад, масалан:

«Шакли чорум мухрик аст. Ва он чунон бошад, ки дар он аз чандин туруки шоирй, ки зикр карда шуд, риояте камтар, магар бе иродоти коил аз даруни сухта аз сарвакту хол ва хиркате муштаил мешавад ва дилхоро пунба мекунад ва шуъла дармезанад. Ин шароби рухонист ва дар косаи сари шоир нагунчад ва идроки лаззати он низ вичдонист. То дарун мухтарак набошад, дарнаёяд ва он чи мадрак шавад, дар тахрир нагунчад» (Хусрав 537, в.19а).

Аз дунболаи гуфтахои Амир Хусрав пай бурдан мумкин аст, ки шакли «мухрик» ба таърифе, ки хукамову орифон ба шеър кардаанд, каробат дорад, зеро онхо шеърро баёни хавотиру афкор ба сурати хаёлангез таъриф карда, ба мавзуъ, матлаб, саноеи адабй, хатто ба арузу кофия низ арч намегузоштанд. Махсусан орифон паймудани бахри пуртугёну пурмавчи маънии мавриди назарашонро, ки дар зарфияти харф намегунчанд, хамлу накли онро бо киштии шикастаи арузу кофия амри мухол арзёбй мекарданд. Хдтто назму шеър дар назари онхо на хамчун як хунар, балки як василаи ифодаи холатхои рухонй талаккй мешуд. Мувофики ривояти манокиб ва ахбори сарчашмахои адабиву таърихй гуё Мавлоно Ч,алолуддини Балхй хангоми галабаи сукру вачд ва чазаботи ишк ба назми «Маснавй» мепардохтааст. Дар он холат ба вазну кофия ва дигар унсурхои зохирии шеър эътиборе хам намедодааст, чунки андешидани кофияву чустани лафзи мувофик уро гуё ба худ машгул карда, аз завки хузури дилдор боз медоштааст.

Еолибан максади Амир Хусрав аз шакли «мухрик»-и шеър ашъори ахли тасаввуф дар назар аст, чунки онхо хангоми тахти таъсири сукру чазаба ва вачду хаячон карор доштан, чуз баёни матлаби асосй, аз тасаннуоту иборот ва орояхои фаннии удабо, ки гуё завки мастиву бехудй надоранд ва буи такаллуфу ичтиход эчод мекунанд, пархез мекарданд.

Адабиёт:

1. Хусрав 537- Амир Хусрави Дехлавй. Еуррат-ул-камол. Дастнависи китобхонаи Институти забон, адабиёт, шаркшиносй ва мероси хаттии АИ Ч,умхурии Точикистон.-Раками 537.

КЛАССИФИКАЦИЯ И СТЕПЕНЬ ПОЭЗИИ В ВОЗЗРЕНИЯХ АМИРА ХУСРАВА

Тагаймуродов Р.Х.

В данной статье автор анализирует проблему с точки зрения Амира Хусрава о поэзии и её классификации во введении в своей книге «Гуррат-ул-камол»

Как утверждает автор, взгляды Амир Хусрава о поэзии и её степени классификации имеет практическое значение. Данная классификация основывается на использование литературного мастерства поэтов, поэзии которые имеют научное значение.

Ключевые слова: новичок (в слове), искажение, уподобление, происхождение (слова), форма содержания, размышление, аллегория, сосредоточенность, гипербола, любящий искусство, вдохновляющий сироп, богословие, неотъемлемые свойства, умеренный, влажный, легко усваиваемый, зажигающий.

CLASSIFICATION AND DEGREE OF POETRIES IN OUTLOOKS AMIRA HUSRAVA

Tagaymurodov R.Kh.

The author analyses the problem with standpoint of Amira Husrava about poetries and its classification in introduction to his named after "Gurrat-str-kamol" in this article. As author confirms, glances Amir Husrava regarding the poetries and its degree oof classification have practical importance. This classification Given categorization is founded on use literary skill poet, which poetries has scientific importance.

Key words: beginner (in word), distortion, likening, origin (the word), the form of the contents, cogitation, allegory, centrality, hyperbole, loving art, inspiring syrup, theology, integral characteristic, moderate, humid, easy adopted, lighting.

Сведения об авторе: Тагаймуродов Рустам Хакимович - кандидат филологических наук, доцент кафедры таджикской литературы Курган-Тюбинского государственного университета имени Носира Хусрава, тел.: (+992) 917-57-55-22.

Information about the author: Tagaymurodov Rustam Khakimovich, Ph. D. in Philology, docent, Chair of Tajik literature, Kurgan-Tube State University named after Nosir Khusrav, phone: (+992) 917-57-55-22.

ЗАБОН ВА УСЛУБИ ОСОРИ МАНЗУМИ ГАФФОР МИРЗО

Ахмадов С. Г.

Донишгоуи давлатии Кургонтеппа ба номи Носири Хусрав

Забон воситаи мухимтарини ифодаи фикр, яроки асосии дилхох суханвар ва аз нахустин унсурхои адабиёти бадей мебошад. Фикр хар кадар ки арзанда, маънй тозаву ногуфта ва мазмун оливу дилнишин бошад хам, агар нависанда онхоро ифода карда натавонад, макбул ва писанди касе намегарданд. Ба кавли аллома Ахмади Дониш, «Алфоз каволиби маънихост ва то лафз хуш наояд, маънии хуш аз вай сар барназанад». Ба хамин хотир, яке аз шартхои аввали суханварй донистани забон ва имкониятхои бехудуди он аст ва танхо хамон адибе муваффак ва маълуму машхур мегардад, ки навиштаву гуфтааш зебову нотакрор ва фахмову хадафрас бошад. Ба хамин маънй нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфтааст: «Чунон ки дуредгар чубро, охангар оханро бояд нагз донад, адиб низ бояд материали худ - забонро хеле нагз аз худ карда бошад, вагарна у наметавонад тачрибаи худро, хиссиёти худро, фикру андешаи худро акс кунонад, лавхаву характерхо офарад». (6. 691)

Еаффор Мирзо, ки аз шоирони чуё ва пуркору бекарори точик буд ва хануз аз чавонй кушиши шоири муваффак шуданро дошт, аз ин шартхо огох буд ва дар баробари маънии наву тоза чустан барои дар шакли зебову фахмо гуфтани онхо кушиш менамуд.

Дар бораи забон ва услуби асархои алохидаи Еаффор Мирзо хам баъзе адибон ва хам олимони сохаи забону адабиёт, аз кабили устодон Мирзо Турсунзода, Абдусалом Дехотй, Мухаммадчон Шакурй, Раззок Еаффоров, Юсуфи Акбарзода... фикрхои мухталифе баён намудаанд, вале бояд гуфт, ки аксари ин афкор ба давраи аввали фаъолияти эчодии шоир тааллук дошта, бештар хусусияти манфй доранд. Аз чумла, устод Мирзо Турсунзода хангоми бахогузорй ба хусну кубхи эчодиёти чавоншоирони солхои 50-ум ва 60-ум хусусияти маъниофарй ва навпардозии Еаффор Мирзоро эътироф намуда, уро аз чихати забон ва тарзи баён танкид намудааст. Хдмин тарзи бахогузориро дар навиштахои Абдусалом Дехотй ва Мухаммадчон Шакурй низ дучор меоем. Мо дар ин чо фикру андешахои ин бузургонро инкор карданй нестем, баръакс гуфтанием, ки дар хакикат асархои дар даврони чавонй навиштаи Еаффор Мирзо, бо вучуди дорои мазмуну маънихои наву тоза будан ва аз чихати шаклу мазмун аз нодиркорихои хамон давр ба хисоб рафтанашон, аз норасой ва камбудихои забонй орй нестанд. Ин ходисаро мо хам дар достонхои «Асрор»-у «Точи давлат» ва хам дар ашъори индаврагии шоир мушохида карда метавонем. Бояд гуфт, ки ин камбудй танхо хоси фаъолияти эчодии Еаффор Мирзо набуда, кариб ки ба хама суханварон махсус хаст. Шояд набошад суханваре, ки яку якбора тамоми хунару истеъдоди эчодиро фаро гирад, хох-нохох барои хунар омухтан ва тачриба андухтан фурсат мебояд ва барои тамоми касоне, ки ба камоли санъату хунаре расидан мехоханд, пушти сар намудани ин давра хатмист. Еаффор Мирзо низ ба монанди дигар суханварон хамин давраро пушти сар намуд ва ба охистагй забону услуб ва мазмуну мундаричаи навиштахояш комилу расо гардиданд. Ин иддаоро танхо бо мукоисаи достонхои «Асрор» ва «Фарзанди хукумат», ки яке ба даврони чавонй ва дигаре ба давраи камолоти шоирии Еаффор Мирзо махсубанд, метавон исбот намуд. Дар достони аввал бо вучуди чаззобии мазмуну мухтаво заъфу норасоии забон хис карда мешавад, вале дар достони дуюм хам мазмуну мундарича ва хам забону услуб ба хамдигар созгору мувофик ва мукаммалу

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.