Научная статья на тему 'RUBAI AND SOME OF ITS PECULIARITIES IN THE LITERATURE OF BADAKHSHAN'

RUBAI AND SOME OF ITS PECULIARITIES IN THE LITERATURE OF BADAKHSHAN Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
29
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РУБАИ / ЛИТЕРАТУРНЫЕ ЖАНРЫ / ПОЭТИЧЕСКАЯ СТРОКА / ПСЕВДОНИМИЯ / ФИЛОСОФИЯ / МУДРОСТЬ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Давлатбеков Лоло

В данной статье рассматриваются особенности форм и содержания рубаи поэтов Бадахшана. Автором отмечено, что, с одной стороны, в рубаи поэтов данного региона продолжаются важные традиции таджикско-персидской классичесой литературы, а с другой стороны, в связи с объективными и субъективными причинами рубаи поэтов Бадахшана имеют свои особенности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РУБАИ И НЕКОТОРЫЕ ЕГО ОСОБЕННОСТИ В ЛИТЕРАТУРЕ БАДАХШАНА

This article discusses the features of structure and content of rubai of Badakhshani poets. The author stated that on one hand, rubai of the poets from this region continues the important tradition of Tajik and Persian classic literature. On the other hand, due to some objective and subjective grounds the rubai of Badakhshan poets have its own characteristics.

Текст научной работы на тему «RUBAI AND SOME OF ITS PECULIARITIES IN THE LITERATURE OF BADAKHSHAN»

АДАБИËTШИHОСИ (ЛИTEРАTУРОBEДEHИE)

FУБGИ ВА БАЪЗE ВИЖАГИ^И GH ДАР АДАБИЁТИ БАДАХШGH

Давлатбеков Л.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

ру6ой аз маъмyлтаpин анвои адабй даp адабиёти фopсии точикй маxсyб шyда, даp oсopи шoиpoни xавзаи адабии Бадахшон ба монанди мухаммас ва газал он кадаp маъмул набошад xам, вале мавчудияти oнpo набояд инкop каpд. Даp девони шoиpoни нимаи дуюми асpи XIX Myбopаки Вахонй 166 ва даp ашъopи шoиpи асpи XX Адими Шугнонй 138 pyбoиpo дастpас намудем. Рубой даp oсopи шoиpoни Бадахшон вижагии хешpo дopoст ва oнpo аз лщози услуб ва таpзи баён метавон ба чанд навъ чудо намуд:

1. Рубощои шoиpoни маxаллй, ки байни маpдyм ба тавpи шифoxй интишop ёфта маъмул гаpдидаанд, аз ч^ати ифода ва таpзи баён то андозае сода буда, табиати pyбoии маpдyмиpo касб намуданд. Академик Р. Амонов poчеъ ба мавкеи oбpазxoи Фаpxoдy Юсуф даp pyбoиxoи маpдyми Бадахшон сухан poнда, як кисми pyбoиxopo ба калами шoиpoни босаводи маxаллй мансуб донистааст. Масалан, y кайд намудааст: «Обpази Фаpxoд ва Юсуф даp pyбoиxoи Бадахшони Kyxï низ дyчop мешавад. Аз pyи кop, муаллифи ин гуна pyбoиxo шoиpoни босаводи маxаллианд:

Эй ёpи азиз, ту дилбаpи ё чаллод, Ту сеxpгаpй, чoдyгаpй ё сайёд. Лайлй шудию маpo ту каpдй Мачнун, Шиpин шудию маpo ту каpдй Фаpxoд» [2, с. 91].

Агаpчи даp ин навъи pyбoиxo oбpазxoи машxypи адабиёт талмеxан истифода шуда бошанд xам, аз pyбoиxoи адабиёти хаттй бо таpзи ифода ва мазмуну сoхтopи дохилии худ тафовут дopанд, зеpo pyбoии шoиpoни касбй аксаpан мазомини xикматангез дopанд.

2. Рyбoиxoи шoиpoни сoxибдевoн, ки бо мазмун ва хyсyсиятxoи забони, инчунин васоити шoиpoнаи худ наздик ба pyбoиxoи шoиpoни омиёна xастанд. Даp xакикат, таъсиpи адабиёти лафзй ба ин шакли шеъpй кам нест, ки намунаи зеpини pyбoиxoи Ч,аъфаp гyвoxи ин даъвист:

Аз лoлаpyхе гули суман мемонад, Аз булбули хушнаво чаман мемонад. Беx аз xама чиз нишони xаp xаpфгаpй, Mo хок шавем, зи мо сухан мемонад [3, с. 56].

Мусаллам аст, ки сoхтopи шаклии pyбoии боло заъфе надopад, зеpo тамоми талаботи шаклии ин анвои адабй - аз кабили вазн, интихоби кофия, кopбypди pадиф, poбитаи байни мисpаъxo ва байтxo тибки талаботи ин жанp ба дoиpаи фазои маъной вopид гаpдидаанд. Mисpаъxoи аввали ин pyбoиxo огози фикpи ^янда буда, бо маънову мантики гyфтop хонандаву шyнавандаpo ба шунидани мисpаъxoи сонй омода месозанд. Mисpаъxoи сеюми баъзе pyбoиxo як навъ хусусияти эзoxталабй дошта, эxсoсy андешаи баёншуда даp мисpаи чopyм чамъбаст мешавад. Вале на даp xамаи pyбoиxo ин хyсyсиятpo баpъалo эxсoс намуд. Масалан, даp pyбoии зеpи Ч,аъфаpи Шугнонй хонандаву шунаванда аз мисpаи сеюм суолу xайpат, тааччубу эxсoси гyяндаpo, ки хоси талаботи ин жанp аст, эxсoс намекунад ё ин хусусият даp он заъиф аст Чунин ба назаp меpасад, ки мисpаи савум функсияи эзoxталабии хешpo то андозае аз даст додааст: Даp хубию дилбаpй бути ман нигаpй, Як нoдиpаи латифи гyлбаpги таpй. Шиpинсyханy шакаpлабy пистадаxoн, Хyшманзаpy хyшхиpoм даp чилвагаpй [9, с. 197].

Хусусияти дигаpи ин pyбoиxo мабно баp он аст, ки даp oнxo xанyз чамъбасти xикматангези масоили мавpиди тасвиp мyшoxида намешавад ва бо мазмуну мyндаpичаи хеш ва содагии маъно то андозае ба pyбoиxoи маpдyмй каpoбат дopанд.

3. Ба ин гypyx pyбoиxoи шoиpoни сoxибдевoн шомиланд, ки даp сатxи адабиёти xиpфай эчод гаpдидаанд. Даp ин навъи pyбoиxo баёни эxсoс ва андешаи муаллиф аз pyбoиxoи маpдyмй ва шoиpoни омиёнаи маxаллй тафовут дошта, чавxаpи маънopo

мазомини чиддии хикматангез ва андешахои пухтаи фалсафй, ки аз маъpифати баланди гуяндаи он гувохй медиханд, ташкил мекyнад. инчунин, yнсypхои махсyси сохтоpи дохилии ин гуна pyбоихо аз кабили вазн, кофияву pадиф, такpоpи калимахо низ гунаи дигаp доpанд. Даp ин самт аз шоиpони нимаи дуюми асpи XIX Мyбоpаки Вахонй ва аз сyханваpони нимаи аввал Шохзамониддини Адим пешдастй мекунанд. Добили зикp аст, ки pyбоиёти Мyбоpаки Вахонй бо услуби хос, мавчудияти калимаю таpкиботи кавии лузуми маъно, тобишхои шоиpона доштани баъзе ибоpахо, чамъбасти лутфомези мисpахои сеюму чоpyм, ки майл ба шеъpи суфия доштани шоиppо нишон медиханд, аз ашъоpи даp ин жанp сypyдаи шоиpони дигаp имтиёз доpад. Рубоии зеpин гуфтахои болоpо таквият дода метавонад:

То pавнаки pyзгоp табдил гиpифт,

Фаpзина пиёда хонаи фил гиpифт.

Баp оинаи сафост хокистаpи гам,

В-аз охи дилам pyи само нил гиpифт [5, с. 695] .

Гап даp саpи он аст, ки тафовути ин pyбой аз pyбоихои боло пеш аз хама бо гунаи дигаp доштани таpкиботи лугавй огоз мешавад. Одатан, даp pавобити мантикии мисpаъхо ва сохтоpи дохилии pyбоиёти шоиpони классикй такpоpи калимахо макоми хос доpад, зеpо ин вижагй мутавозияти мисpаъхоpо нигох медоpад ва мухаккикон ин хyсyсиятpо кайд намудаанд [1, с. 12].

Даp pyбоии боло андешахои фалсафии дигаp шудани аpзишхои зиндагй ба тавассути калимахои чудогонае, ки нисбат ба хамдигаp хусусияти хамнишинй касб каpдаанд, мазмyнеpо pавшан намудааст. Шоиp даp ду мисpаи аввал ба тавассути истифодаи истилохоти бозии шатpанч ба монанди «фаpзин» ва «пиёда гиpифтани хонаи фил», даp байти дуюм бо коpбypди ибоpахои «оинаи сафо» ва «хокистаpи гам» ба маъpази фазои маънои pyбой мазмуни фалсафй воpид намудааст. Мо чехpаи pамзии ин гуна ибоpахоpо даp «Маснавии маънавй»-и Мавлавй ба касpат мушохида менамоем. Муаллифи ин шохасаp калимаи «ойина»-pо даp «Найнома» ба хамин маънй оваpдааст: Ойина-т донй чаpо гаммоз нест, З-он ки зангоp аз pyхаш мумтоз нест [4, с. 6].

Arap даp pyбоии боло ибоpаи «оинаи сафо» чун pамзи дили соф истифода шуда бошад, даp pyбоии зеpи Мyбоpаки Вахонй он даp шакли «оинаи дил» омада, кахpамони лиpикй баpои аз pохи хатаpнок pахонидан ва нишон додани pахи дуст аз pанги гyбоp сафо бахшидани онpо талаб менамояд.

Саpчашмаи зиндагист лаъли лаби ëp, Зулматкадаи зиёст андаp шаби TOp. Хохй, ки тypо хатаp намояд pахи дуст, Оинаи дил сафо кун аз pанги гyбоp [5, с. 696].

Баъзан даp pyбоихои чудогона лутфи сухан ба воситаи такpоpи калима, ки аз махсусияти мисpаъхои сеюму чоpyми ин жанp аст, падид омадааст. Он халка, ки даp шиканчи зулфи бути мост, Дак донад, агаp саломат аз вай касpост. Мо пеш аз маpг кабpи худ кофтаем, То маpг хабаp шавад, кафан даp баpи мост [10, с. 211].

Зохиpан хаp ду байти pyбоии боло ба саpи худ мyхтоp буда, аз лихози маънову мантик бо ду мисpаи минбаъда pабте надоpанд ва хаp ду байти pyбой маънову матлаби алохидаpо доpоанд. Адабиётшинос Aбдyшyкypи Aбдyсаттоp даp мавpиди истиклоли жанpи pyбой аpзиши мисpаи сеюм ва чоpyмpо махсус таъкид намудааст. У кайд намудааст: «Вале чунон ки каблан низ гуфта шуд, мохияти асосии он, хикматнокй ва магзи асосии андешахои фалсафии даp pyбой ифодашаванда, аз мисpаи сеюм ва чоpyм маълум мегаpдад ва аз ин хотиp pоли мисpаи сеюм ва чоpyм чун байте, ки «лутфи pyбой даp онхо зохиp мегаpдад» доpои ахамияти халкунанда мебошад. Arap даp мисpаи сеюм, ки аксаpан даp pyбоихо баp андешахои фалсафй ва хикматнок асос ёфта аз кофия озод аст, шоиp аз захмати кофиясозй pахой ёфта, диккати хyдpо факат ба pехтагй ва пухтагии маънй саpф намояд ва аз хисоби он мисpаи чоpyм «сypъат ва нуктаи музоаф пайдо намояд», даp мисpаи чоpyм хулосаи нихой ва магзи асосии андешаи гуянда баpоваpда мешавад» [1, с. 13.].

Arap аз ин нуктаи назаp pyбоии оваpдаи Мyбоpаки Вахониpо ба маъpази андешаву киёс воpид намоем, мусаллам аст, ки мисpаи сеюми он аз андешаи фалсафй ва хикматангез оpй буда, шоиp аз ичpои амале, ки бештаp даp асаpхои хамосй pyйи ^p

меояд, баёнот додааст. Mисpаи чopyм низ бо xамин pавиш матлабpo ифода намудааст. Бо вучуди ин, мисpаи сеюм аз назаpи инчониб фазилате агаp надошта бошад xам, баpoи амиктаp бypyз намудани матлаби муаллиф даp мисpаи минбаъда кумак намудааст. Mисpаи чopyм, ки хусусияти чамъбасткyнандагиpo дopад, ба тавассути истифодаи калимаи «маpг» даp мисpаи савум ва такpopи он даp мисpаи чopyм ва xамнишинивy таносуб бо калимаи wyp» як андоза даp колаби сухани заpифoнавy лутфомези халкй чамъбаст гаpдидааст.

4. Даp тачpибаи эчодии шoиpoни бyзypг истифодаи тахаллус даp pyбoй чандон маъмул нест ё ки тамоман вучуд надopад. Бинoбаp ин, як хусусияти pyбoии ашъopи шoиpoни ин xавзаи адабй мустафод намудани тахаллус даp ин жанp аст. Истифодаи тахаллуси шoиp даp жанpxoи дигаp ба xyкми суннати адабй вopид гаpдидааст, вале даp жанpи pyбoй истифодаи он нисбатан нoдиpтаp аст. Кopбасти он одатан даp pyкнxoи якуму дуюми мисpаи аввал вокеъ мегаpдад ва аксаpан як навъ тобиши хитoбиpo ифода намуда, бо мавчудияти худ аз каxpамoни лиpикй чудо меистад.

Аз pyбoии зеpини Шoxзамoниддини Адим аён аст, ки истифодаи тахаллус баpoи нишон додани заминаи вокеии амал кумак каpдааст, зеpo шoиp чандин маpoтиба маxбyс гаpдида, баpoи дoдхoxй саъю кyшишxo намудааст: Баpхез, Адим, аз мучиби даъвот, ^p шому саxаp талаб намо poxи xаёт. Навмед машав, начоти худ дyp магиp, Гаp сyбxи киёмат аст, ё шоми баpoт [7, с. 242].

Даp баъзе pyбoиёти шoиpoни омиёна баъди тахаллуси шoиp номи одамони дигаp низ oваpда мешавад, ки бо ^яндаи pyбoй як навъ poбитае доштаанд. Истифодаи ин гуна нoмxo аз заминаи вокей доштани pyбoиxo шаxoдат медиxад. Масалан, ^yдpати Шугнонй pyбoие дopад, ки кайфияти зиндагии ypo вoзеx намуда, муносибати ypo бо яке аз каxpамoнoни pyбoиpo нишон додааст:

^yдpат, ки ба ^озибек ачаб xайpoн аст, Ин косаи ту пиёлаи шайтон аст. Бо ишваву ноз pафтy oваpд лашак, Ин лашаки ту даp xама чо аpзoн аст [8, с. 97].

Дypyст аст, ки даp ин навъи pyбoиxo аз калимаxoи хоси маxаллй низ истифода мешаванд. Аксаpан даp pyбoиёте, ки тахаллуси шoиp даp pyкни аввали мисpаи шеъp ^pop гиpад, абёти он мypаддаф мешаванд:

Coбиp, ки ба бандаш саги симбаp дopад, У завки шикop xамеша даp саp дopад. Бо маpдyми нодида маxoл аст сухан, ^p кас, ки бидидааст, бoваp дopад [10, с. 140].

Даp ин навъи pyбoиxo такpopи калима аз хусусияти мyxим маxсyб мешавад, зеpo истифодаи тахаллуси шoиp баъзан такозо намудааст, ки он мавpиди таъкид каpop гиpад. Дамин гуна xoлатpo даp pyбoии зеpини Ч,аъфаp низ мyшoxида менамоем: Ч,аъфаp, ба Худо, ту бандагй даp саp гиp, Рав домани поки сoxиби минбаp гиp. Аввал ба Худо якин бувад бандагиат, Дуввум ту ваpoи сокии Кавсаp гиp [9, с. 199].

Тавpе ки аён аст, даp pyбoиxoи фавк такpopи калима ба касpат мyшoxида мешавад. Даp pyбoии Ч,аъфаp калимаxoи «Худо», «ту», «бандаги»; даp pyбoии ^yдpат калимаи «лашак» ва даp pyбoии Coбиpи Андаpoбй калимаи «дида» ду маpoтиба такpop шудаанд. Такpopи вoжаxo даp он pyбoиxoе, ки тахаллуси шoиp мавpиди истифода каpop гиpфтааст, гoxo айнан ва гoxo бо баъзе тагйиpoти чузъй ба амал омадаанд. Пайдост, ки такpop даp ин гуна шеъpxo ночоиз набуда, неpyи баланди ифодакунадаи таъкидpo дopoанд.

5. Рубой даp баъзе мавopид воситаи баёни афкopи динй-мазxабии шoиpoни минтакаи мавpиди назаp каpop гиpифтааст ва мyxтавoи аксаpи oнxopo пеш аз xама ишopат ба нубуввати Пайгамбаpи Ислом ва институти имомат аст:

Чун шамсу камаp бидон ду нypе, ки чалист, Анвopи суюнчалй Набй асту валист. Он сайиди анбиё Набиалxаpамайн, Он сайиди авсиё мабаpxан, ки Алист [7, с. 238].

6. Хусусияти дигари хеле нодири ашъори шоирони сохибдевон дар истифодаи афкори мазхабии исмоилй дар ин навъи адабй мебошад. Пайдост, ки зухури ин навъи афкор пеш аз хама дар мадхи нахустин имоми ахли ташаъю ва аимаи атхор, истифодаи он аходисе, ки дар шоъни у гуфта шудааст, ба назар мерасад: Алй дар хар ду олам шох бошад, Алй аз сирри Дак огох бошад. Алиро хар мунофик кай шиносад, Алй Султон Мухаммадшох бошад [6, с. 108]. Истифодаи аходиси набавй, ки хоса мансуби ба тарикаи шиаи исмоилия хаст, дар рубоиёти форсии точикй нисбатан нодир аст. Мустафоди хадисаи набавй дар мадхи Алй (а) хануз аз огози адабиёти форсии точикй ба суннати адабй шомил гардида ба ва мо дар «Шохнома»-и безаволи Фирдавсй хадиси Расули Худоро, ки «Ман шахристони илмам ва Алй дари он аст» дар шакли зайл мебинем: Чахорум Алй буд чуфти батул, Ки уро ба хубй ситояд Расул: «Ки ман шахри илмам, Алиям дар аст» Дуруст ин сухан кавли пайгамбар аст [8, с. 34]. Дар рубоии зерин, ки мансуб ба Адими Шугнонист, хадиси Паёмбари Ислом дар шакли пурра омадааст, вале факат тафовут ин чост, ки агар чузве ба забони точикй бошад, кисмати дигари ин хадис ба забони арабй омадааст: Инсоф бидех, ки шофеи рузи хисоб, Дар шаъни Абутроб кард у чй хитоб? Гуфто, ки «Ано Мадинатулилм валй, Он шахри улумро Алй бошад боб [7, с. 237]. Агар матлабро ба таври хулоса баён намоем, чунин натичахо ба даст меоянд:

1. Дар рубоиёти хавзаи адабии Бадахшон суннатхои адабии форсии точикй кавй буда, дар баъзе мавридхо ба навиоварихо низ табдил гардидаанд.

2. Агар дар кисмате аз рубоихои шоирони хавзаи номбурда услуби омиёнаи шоирони махаллй мушохида шавад, бархе аз рубоиёт хасоиси хирфай дошта, нуктаи кулминатсионии онхо чамъбасти хикматангезиро касб намудаанд.

3. Истифодаи тахаллус дар рубоии Бадахшон аз заминаи вокей доштани мазмунашон маншаъ мегирад.

4. Рубоиёти суханварони хавзаи адабии Бадахшон нишондихандаи нуктаи назари акидатию тафаккури ин мардум мебошад, ки он дар шакли мазомини динию мазхабй буруз намудааст.

Адабиёт:

1. Абдушукури Абдусаттор. Асрори шеъри маргуб / А. Абдусаттор - Душанбе: Адиб, 2004. -110 с.

2. Амонов Р. Лирикаи халкии точик/ Р. Амонов. - Душанбе: Дониш, 1968. - 409 с.

3. Гулчини ашъори шоирони Вилояти Автономии Бадахшони Кухй, чопи мошинй, моли сокини кишлоки Шиврожи чамоати Сучони нохияи Шугнон, Рустамбеков Ч,ойбон.

4. Матни комили «Маснавии маънавй»-и Мавлоно Ч,алолиддин Мухдммади Балхии Румй машхур ба Мавлавй. - Техрон, чопи дувум, 1374 х. ш. -1275 с.

5. Мубораки Вахонй. Девони охир. Дастхати худи шоир, дар хона-музеи шоир дар дехаи Ямги нохияи Ишкошим махфуз аст.

6. Мулло Лочин. Муночот ва дигар гуфторхо / мураттиб ва муаллифи пешгуфтор доктор Хушназари Помирзод / Мулло Лочин. - ^арочй раъ - Покистон, 1383. - 139 с.

7. Сайидзамониддини Адими Шугнонй. Ашки хасрат./Адими Шугнонй. -Роулпандии Покистон, 1380. - 358с.

8. Фирдавсй А. Шохнома. Ч,илди якум. - Душанбе: Адиб, 1987.

9. Фотокопияи девони Ч,аъфар дар фонди Институти илмхои гуманитарии АИ Чумхурии Точикистон нигох дошта мешавад

10. Шоирони халкии Бадахшон / чамъкунанда ва тартибдиханда Тилло Пулодй. - Душанбе: Шарки озод, 1999. - 159 с.

11. Хдбибов А. Ганчи Бадахшон / А. Хдбибов. - Душанбе: Ирфон, 1972. - 319 с.

РУБАИ И НЕКОТОРЫЕ ЕГО ОСОБЕННОСТИ В ЛИТЕРАТУРЕ БАДАХШАНА

В данной статье рассматриваются особенности форм и содержания рубаи поэтов Бадахшана. Автором отмечено, что, с одной стороны, в рубаи поэтов данного региона продолжаются важные традиции таджикско-персидской классичесой литературы, а с другой стороны, в связи с объективными и субъективными причинами рубаи поэтов Бадахшана имеют свои особенности.

Ключевые слова: рубаи, литературные жанры, поэтическая строка, псевдонимия, философия, мудрость.

RUBAI AND SOME OF ITS PECULIARITIES IN THE LITERATURE OF BADAKHSHAN

This article discusses the features of structure and content of rubai of Badakhshani poets. The author stated that on one hand, rubai of the poets from this region continues the important tradition of Tajik and Persian classic literature. On the other hand, due to some objective and subjective grounds the rubai of Badakhshan poets have its own characteristics.

Keywords: rubai, literature genres, Taleh (a type of artistic expression means), a poetic line, Aliases, words, philosophy, wisdom.

Сведения об авторе: Давлатбеков Лоло, кандидат филологических наук, доцент, докторант Таджикского национального университета, e-mail: rusik-2871@mail.ru

About author: Davlatbekov Lolo, PhD in Philology, Associate Professor, doctoral candidate of Tajik State University

МАСЪАЛА^ОИ ТААДДУДИ МАЪНО ДАР ШЕЪРИ ИРФОНИИ

ПОРСИИ ТОНИКИ

Суфиев Ш. З.

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Дар накди адабии шеъри ирфонии форсй ду дидгохи фикрй вучуд дорад. Гурухе шеъри ирфониро аз назари адабй ва зебоишиносй баррасй мекунанд ва бунмояхои ирфонии онро «тамсили тахмилй» меноманд. Онон шеъри ирфониро аз нигохи хунари шоирй баррасй мекунанд. Аммо гурухи дигар ба шеъри ирфонй аз назари маъношиносй менигаранд. Аз нигохи ин гурух тафаккури ирфонй дорои коидахо ва низоми хос аст, ки орифони хунарманд аз он огохона истифода мекунанд. Аз чумла Д. Риттер, Т. Изутсу, С. Д. Наср, А. Корбэн, Б. Фурузонфар, Е.И. Динонй, А. Додбех, У. Читтик ва гайра шеъри ирфониро аз ин манзар мавриди баррасй карор дода, чанбахои маъноии онро ба баррасй гирифаанд. Чунин дидгох дар таърихи фарханги мо пешинаи кухан дошта, идомаи суннати шархнигорй мебошад. Барои ин гурухи пажухишгарон чй гуфтани шоир ба чй гуна гуфтанаш мураччах аст.

Мухаккики амрикой Леонард Люисон шеъри ирфонии форсиро дар мисоли «Гулшани роз» хамчун як низоми фикрии хос, ки дорои забони намодини дакик аст, мавриди баррасй карор додааст. У макулахои асосии фалсафию ирфонии ин маснавиро, ки пояхои баёни намодини шеърй аз он шакл мегирад, бо такя бар шархи Лохичй ва дигар манобеи муътамади таърихй ва фалсафию адабй ба риштаи тахкик кашида, дар бозшинохти бехтари мухтавои забони шеъри ирфонй даст ёфтааст. Люисон таъкид мекунад, ки шеъри ирфонй «бархоста аз инфиоълоти сирфан шахсй нест, балки мустанад аст бар назарияхои шинохташудаи равоншиносии рушди инсонй, ки тарикати суфиён мубтанй бар онхост» [8, с. 247]. Аз ин ру чунин корбурди истиорй аз забон яке аз вежагихои асосии шеъри ирфонист.

Вокиан забони истиорй дар ирфон дорои нишонахои вежа аст ва набояд онро орояи шеърй тасаввур кард. Аммо бояд таъкид кард, ки орояхои хунарии ашъори ирфонй, ки «калб онхоро тасаввур мекунад», бозшинохтахои амику дакики ирфониянд, ки ориф онхоро танхо бо забони карордодии махсус метавонад баён намояд [8, с. 247].

Дар назарияи забоншиносии Шабистарй дугонагии лафзу маъно мушохада мешавад. Вай маъноро чун Абуалй ибни Сино ба унвони «ниятхои куллй» дар ашё ба шумор меоварад, ки Худованд онхоро он чо ниходааст. Ин маънохо унсуре дар ашёанд,

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.