Научная статья на тему 'БОЗТОБИ ЧЕҲРАҲОИ АДАБИИ БУХОРО ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ'

БОЗТОБИ ЧЕҲРАҲОИ АДАБИИ БУХОРО ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Бухоро / Садриддин Айнӣ / «Ёддоштҳо» / чеҳраҳои адабӣ / равшанфикрон / фарҳанг / матн / нависанда / таҳқиқ / Sadriddin Ayni / “Memoirs” / literary figures / intellectuals / culture / text / Bukhara / writer / research

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ҷамшед Шамшод

Зикр гардидааст, ки баррасӣ ва огоҳӣ аз осори адибони пешқадам афкору андешаҳои иҷтимоӣ ва адабию фарҳангиро инкишоф медиҳад. «Ёддоштҳо», ки охирин асари Садриддин Айнӣ мебошад, воқеаҳои зиёди таърихию бадеиро дар бар гирифта, бозтоби симои равшанфикрон ва зиёиён яке аз мавзуъҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Нависанда бештар дар қисми сеюми асар дар бораи шоирон ва адабиётдӯстон маълумот дода, дар қисмҳои дигар баъзеи онҳоро ёдовар мешавад. Дар “Ёддоштҳо” Садри Зиё, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Мирзо Азими Сомии Бустонӣ, Абдулвоҳиди Садри Сарир ва дигарон, ки дар ташаккули фарҳангу адаби халқи тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, тасвир шудаанд. Муаллиф дар асоси таҳқиқи муқоисавии матнҳои чопии “Ёддоштҳо” оид ба ин чеҳраҳои адабии Бухоро сухан ронда, саҳми устод Айниро дар арҷгузорӣ ба шахсиятҳои адабӣ баён намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTION OF THE LITERARY FIGURES OF BUKHARA IN SADRIDDIN AYNI'S “MEMOIRS”

In the article, a review and introduction to the works of leading writers develops social, literary and cultural worldviews. “Memoirs,” which is the last work of Sadriddin Aini, includes many historical and artistic events, and in it the reflection of the image of enlightened thinkers and intelligentsia is one of the main themes. In the third part of the work, the writer gives additional information about poets and literature lovers, and mentions some of them in other parts. “Memoirs” reflects the life and literary work of Sadri Ziyo, Ahmad Donish, Shamsiddin Shahin, Khairat, Mirzo Abdulwahid Munzim, Abdulmajid Zufunun, Yakhokhoja, Sadikhodzhi Gulshani, Mirzo Azim Somi Bustani, Abdulvahid Sadri Sarir and others; who played an important role in the development of culture and literature of the Tajik people. The author, based on a comparative study of the printed texts of the “Memoirs,” talks about these literary figures of Bukhara and mentions the contribution of S. Aini in due respect to the literary figures.

Текст научной работы на тему «БОЗТОБИ ЧЕҲРАҲОИ АДАБИИ БУХОРО ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ»

УДК 821.21

Шамшоди Цамшед, доктори фалсафа (PhD) аз руйи ихтисоси филология, дотсенти кафедраи адабиёти тоцики Донишгоуи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоуи Рудаки (Кулоб, Тоцикистон)

Шамшоди Джамшед, д-р философских наук (PhD) по специальности «Филология», доцент каф. таджикской литературы Кулябского государственного университета им. Абуабдуллаха Рудаки (Куляб, Таджикистан)

Shamshodi Jamshed, дoctor of Philosophy (PhD), in specialty in philology, associate professor of the Department of Tajik Literature at Abu Abdullahi Rudaki Kulyab State University (Kulyab, Tajikistan) e-mail: mr.shamshod93@mail.ru

Зикр гардидааст, ки барраси ва огоуи аз осори адибони пешцадам афкору андешауои ицтимой ва адабию фаруангиро инкишоф медщад. «Ёддоштуо», ки охирин асари Садриддин Айни мебошад, воцеауои зиёди таърихию бадеиро дар бар гирифта, бозтоби симои равшанфикрон ва зиёиён яке аз мавзуъуои асоси маусуб меёбад. Нависанда бештар дар цисми сеюми асар дар бораи шоирон ва адабиётдустон маълумот дода, дар цисмуои дигар баъзеи онуоро ёдовар мешавад. Дар "Ёддоштуо" Садри Зиё, Аумади Дониш, Шамсиддин Шоуин, Х,айрат, Мирзо Абдулвоуиди Мунзим, Абдулмациди Зуфунун, Яуёхоца, Содицхоцаи Гулшани, Мирзо Азими Сомии Бустони, Абдулвоуиди Садри Сарир ва дигарон, ки дар ташаккули фаруангу адаби халци тоцик нацши мууим гузоштаанд, тасвир шудаанд. Муаллиф дар асоси тауцици муцоисавии матнуои чопии "Ёддоштуо" оид ба ин чеурауои адабии Бухоро сухан ронда, сауми устод Айниро дар арцгузорй ба шахсиятуои адаби баён намудааст.

Калидвожах;о: Бухоро, Садриддин Айни, «Ёддоштуо», чеурауои адаби, равшанфикрон, фаруанг, матн, нависанда, тауциц

Отмечено, что обзор и ознакомление с произведениями ведущих писателей развивает социальное, литературное и культурное мировоззрение читателей. «Воспоминания», являющиеся последним произведением Садриддина Айни, включают описание множества исторических и художественных событий, и отражение в них образов просвещенных мыслителей и представителей интеллигенции является одной из главных тем. В третьей части произведения писатель дает дополнительные сведения о поэтах и любителях литературы, а некоторых из них упоминает и в других частях книги. В «Воспоминаниях» отражены жизнь и литературная деятельность Садри Зиё, Ахмада Дониша, Шамсиддина Шахина, Хайрата, Мирзо Абдулвахида Мунзима, Абдулмаджида Зуфунуна, Яхёходжи, Садикходжи Гулшани, Мирзо Азима Соми Бустани, Абдулвахида Садри Сарира и других просветителей, сыгравших важную роль в становлении культуры и литературы таджикского народа. На основании сравнительного изучения печатных текстов «Воспоминаний» исследуются сведения о литературных деятелях Бухары и отмечается вклад С. Айни в должное почитание литературных деятелей.

DOI 10.24412/3005-849X-2024-1-55-68 БОЗТОБИ ЧЕХРА^ОИАДАБИИ БУХОРО ДАР «ЁДДОШТХО»-И САДРИДДИН АЙНИ

ОТРАЖЕНИЕ ОБЛИКА ЛИТЕРАТУРНЫХ ДЕЯТЕЛЕЙ БУХАРЫ В «ВОСПОМИНАНИЯХ» САДРИДДИНА АЙНИ

REFLECTION OF THE LITERARY FIGURES OF BUKHARA INSADRIDDINAYNI'S

"MEMOIRS"

Ключевые слова: Бухара, Садриддин Айни, «Воспоминия», литературные деятели, интеллигенция, культура, текст, писатель, исследование

In the article, a review and introduction to the works of leading writers develops social, literary and cultural worldviews. "Memoirs," which is the last work of Sadriddin Aini, includes many historical and artistic events, and in it the reflection of the image of enlightened thinkers and intelligentsia is one of the main themes. In the third part of the work, the writer gives additional information about poets and literature lovers, and mentions some of them in other parts. "Memoirs " reflects the life and literary work of Sadri Ziyo, Ahmad Donish, Shamsiddin Shahin, Khairat, Mirzo Abdulwahid Munzim, Abdulmajid Zufunun, Yakhokhoja, Sadikhodzhi Gulshani, Mirzo Azim Somi Bustani, Abdulvahid Sadri Sarir and others; who played an important role in the development of culture and literature of the Tajik people. The author, based on a comparative study of the printed texts of the "Memoirs," talks about these literary figures of Bukhara and mentions the contribution of S. Aini in due respect to the literary figures.

Keywords: Sadriddin Ayni, "Memoirs", literary figures, intellectuals, culture, text, Bukhara, writer, research

Адабиёту фарданги давраи нави точик бо задмати фидокоронаи як идда маорифпарварон, ки сарсупурдаи фарданги миллат буданд, ба талаби давру замон родандозй шудааст. Ин давраи адабиёт аз осори безаволи устод Садриддин Айнй огоз мегардад. Устод дар муддати умри бобаракати хеш асардои зиёди бадей, публитсистй ва илмй таълиф намудааст. Ба ^авли устод Турсунзода: «Агар мадсули адабй ва хизмати чамъиятии устодро бо мадсули адабй ва хизмати як коллективи калони адибон андоза кунем, вазни хизматдои Айнй бемуболига афзалтар ходад буд» [19, 218].

Во^еан, асосгузори адабиёти нави точик устод Садриддин Айнй дар дассостарин давраи таърихии хал^и точик зиндагй ва эчод карда, аз худ мероси гаронбадои бадей, илмй ва публитсистй бо^й гузошт ва дар замони Исти^лолияти давлатии Точикистон ба унвони Кадрамони Точикистон мушарраф гардид. Осори басо гановатманди устод Айнй, аз чумла «Намунаи адабиёти точик», «Таърихи ищилоби фикрй дар Бухоро», «Ч,аллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», <^уломон», «Марги судхур», «Мирзо Абдул^одири Бедил» бо забони хал^дои гуногун тарчума шуда, мавриди истифодаи чомеаи чадонй ^арор доранд.

«Ёддоштдо» аз асардои чамъбастии устод Садриддин Айнй мадсуб ёфта, во^еадои зиёди таърихию фардангй ва сиёсию ичтимоии хал^и точикро дар як давраи нидоят мудим ва дассоси таърихи хал^и точик дар бар гирифтааст. Мутолиаи ин асар на тандо хонандаи точикро ба вачд меорад, балки марздоро убур ва дилдои хонандаи хоричиро низ тасхир кардааст. Хусайни Лисон донишманди эронй баъд аз мутолиаи «Ёддоштдо» чунин натича бардоштааст: «Ин «Ёддоштдо»-ро хондам. Хамон тавр ки кудаки дангомачуе ба чустучуи хонавода ва дамшадриёну ошноёни худ меравад, суроги амудо ва хешонашро мегирад ва ба дар чй аз ондо барояш бигуяд, гуш медидад, ман дам ба хондани ин «Ёддоштдо» чунин долу эдсос доштам... Навиштадои Айнй аз ин як ^арн, аз одоту одоб ва суннатдои он чо гуфтанидои бисёр дорад, дама чолибу ибратангез» [16, 131-133].

«Ёддоштдо» бо забондои гуногуни дунё, аз чумла русй, арманй, гурчй, литвонй, озарй, туркманй, украинй, эстонй, ^азо^й, ^иргизй, англисй, арабй, банголй, булгорй, венгерй, испанй, немисй, полякй, уйгурй, фаронсавй, хитой, чехй [3, 98-101] тарчума шудааст. Дар замони бардаёт будани нависанда ^исмдои якуму дуюми асар се маротиба ва ^исмдои сеюму чоруми он ду маротиба бо забони точикй чоп гардидаанд. Асар дар тарчумаи мутарчими рус С. Бородин бо забони русй бо номи «Бухоро» соли 1949 барои чоп омода мегардад. Устод С. Айнй аз ин фикри мутарчим огод шуда, дар мактуби аз 10 июли 1949

бa Тодир Пулодчонов нaвиштaaш ^йд кapдaaст: «Ёддоштдо»-и як мyaллиф, нaзap бa фикри мaн, бa тapчyмaи доли он мyaллиф мaдцyд нaмешaвaд, бaлки «Ёддоштдо» бa зaмми тapчyмaи дол он чиздоеро дaм, ки мyaдлиф дидaaст, шyнидaaст, фикр кapдaaст, дap бap мегиpaд... Агap номи китоб мувофщи тaклифи paфиrç Бородин «Бyxоpо» (бa мaънои мaмлaкaт ё вилоят) монад шaвaд, мyндapичaи китоби мaн бо ин ном гамй мекyнaд, чунки мaн дap «Ёддоштдо»-и xyд чиздои дap як дaвpaи мyaйяни дaётaм дидa вa шунидадоямро нaвиштaм. Аммо aгap номи китоб «Б^оро» шaвaд, тaъpиxи Бyxоpо вa гyзaштaи вaйpо пyppa нaвиштaн дapкоp мешaвaд, ки ин aз доиpaи «Ёддоштдо»-и мaн берун aст. Бинобap ин, бa фикри мaн, номдои xyдaм мондaгй бa долaшон гyзоштa шaвaнд вa фarçaт дap ^исми дувум дap чое, ки бояд as номи умумй номи мaxсyси ин ^исм «Дap шaдp - дap Бyxоpо» нaвиштa шaвaд. Хдмин aст фикри мaн [17, 99]. Бо вучуди тaъкиддои нaвисaндa aсap бо номи «Бyxоpо» солдои 1949, 1951, 1952 бо зaбони русй руйи нaшp омaдaaст. Ba тaндо соли 1960 дap тapчyмaи А.З. Розенфелд бо номи «Воспомишния» бa тaбъ paсидa, xодиши нaвисaндa ичро гapдид.

Дap бapобapи дap мaчaдлaи «Шярк;и сypx» дaстpaси xонaндa гapдидaни aсap тaдpиpи он низ дaвом меёбaд. «Maн дap зимни беморидо дaм бошaд, ^исми якуми «Ёддоштдо»-и xyдpо, ки тaxминaн 10-12 чузъи чопй мешaвaд, нaвиштa бa ^шриёт сyпypдaм. Агap умр мyсоидaт кушд - aчaд aмон дидaд, то моди янвap боз як ^исми дигapaшpо xодaм нaвишт. ^исмдои дигapaш, бa шapти зиндaгй дap солдои ояндa мaвrçyф мемонaнд. Тapчyмaи доли пyppaи мaн вa мaтеpиaлдои aсapдои мaн aслaн aнa дaмин «Ёддоштдо» мешaвaнд» [2, 97], -тaъкид кapдaaст устод Айнй дap мaктyбaш aa 8 сентябри соли 1948 бa Иосиф Бpaгинский.

Maвpиди тaдpиp ^рор гиpифтaни «Ёддоштдо», arap як тapaф, бapои бa чопи китобй тaйёp кapдaни aсap бошaд, тapaфи дигap, бо мarçсaди тaкмил додaни сужети он буд. Xapчaнд ки эчод вa тaдpиpи «Ёддоштдо» дaвpaи зиёдро фapо нaмегиpaд, он чидaти мyндapичa тaFЙиp ёфтa, фикрдои нaв иловa гардин, Faлaтдои пештap дap мaтни мaчaллaвй род ёфтa бapтapaф шyдaaнд.

Дap "Ёддоштдо" дap бapобapи инъикоси дигар мaсъaдaдо, бозтоби чедpaдои aдaбии Б^оро бapaъло мyшодидa мешaвaд. Нaвисaндa бештap дap ^исми сеюми aсap дap боpaи шоирон вa aдaбиётдyстон мaълyмот додa, дap ^исмдои дигap бaъзеи ондоро ёдовap мешaвaд.

Яке aз paвшaнфикpоне, ки дap зиндaгии Сaдpиддин Айнй ш^ши бориз доpaд, Шapифчон мaxдyми Сaдpи Зиё мебошaд. Дap aсap y чун шaxси донишмaнд, илмдуст вa aдaбпapвap тaсвиp ёфтaaст. Аввaдин тaFЙиpоте, ки дap ^исми сеюми aсap pyx додaaст, ин тaFЙиpи номи Шapифчонмaxдyм бa Лaтифчонмaxдyм мебошaд. Аз руйи тaъкиде, ки нaвисaндa дap xотимaи ^исми дуюми aсap бaён кapдa буд, бояд ^xyGr дap ^исми сеюми aсap боби «Хдвлии Шapифчонмaxдyм» меомaд: «Ёддоштдои дaвлии Шapифчонмaxдyм дap aввaди ^исми сеюми «Ёддоштдо» медapоянд» [6, 271].

Дap ^исми сеюм бa чойи Шapифчонмaxдyм омaдaни исми Лaтифчонмaxдyм xонaндapо бa шyбдa меaндозaд. Дap ин мaвpид «xонaндa xодy ноxод бa шyбдa меaфтaд вa меaндешaд, ки С. Айнй бори aввaл aCT, ки исми шaxси pеaдй - Шapифчонмaxдyмpо бa шaxси соxтa -Лaтифчонмaxдyм ивaз менaмояд» [12, 267].

Чунин сypaт гиpифтaни воrçеa метaвонaд чaнд омил доштa бошaд вa яке ондо сиёсaти дyкyмaти дaмонвaкгa буд. Сaдpи Зиё чaндин сол ^озй буду шapикони aмиpи Бyxоpо мaдсyб меёфт. Устод Айнй бо тaвсияи дaмкоpон вa вобaстa бa мудити ичтимоии Шypaвй номи Шapифчонмaxдyмpо бa Лaтифчонмaxдyм мекyнaд. Myдaммaдчон Шaкypй ин тaдpиpи устодро бa мaфкypaи доким вобaстa кapдaaст: «М. Тypсyнзодa, А. Дедотй вa С. Бородини тapчyмон сaxт истодa Айниро мaчбyp кapдaнд, ки соли 1950 дap чилди севуму

чоруми «Ёддоштхо»-яш Сaдри Зиё «Шaрифчонмaxдyм»-ро 6a «Лaтифчонмaxдyм» ивaз кyнaд» [23, 94].

Бaъд aз нaшри х^р як ^исми «Ёддоштуо» мушвдидону aдaбиётшиносон оид 6a aсaр фикри xyдро бaён мекaрдaнд. Аз чyмлa, Ю. Бобоев хaр як ^исми aсaрро тaхлил кaрдa, дaр борaи ивaз шyдaни номи Шaрифчонмaxдyм чизе нaгyфтaaст. Ba чолиб aст, ки ин мута^кид дaр мarçолaи «Ёддоштхо»-и С. Айнй» [13], ки 6a ^исмхои lBa 2 aсaр бaxшидa шyдaaст, Сaдри Зиёро Лaтифчонмaxдyм ном бyрдaaст, хол он ки номи персонaж дaр ^исми дуюми aсaр Шaрифчонмaxдyм aст.

Умyмaн, дaр ^исми сеюми «Ёддоштхо» дaр нaшри мaчaллaвй Шaрифчонмaxдyм бо номи aслии xyд дaр шyморaхои №11-12 соли 1949 Ba №2-4 соли 1950 омaдaaст. Ba дaр шyморaхои бaъдй Лaтифчонмaxдyм зикр гaрдидaaст.

Дaр боби «Хислaтхои мaxсyси Шaрифчонмaxдyм» aсосaн xислaтхои Шaрифчонмaxдyм aз ду чихaт шaрх додa шyдaaст. Сaрaввaл, xислaтхои писaндидaи y номбaр шyдaaст: «Бо мaн, Мирзоaбдyлвохид Ba Мирзобaдеъ, ки xизмaтгорони y (Сaдри Зиё - Ш.Ч,.) будем, бa хaм дaр як тaбarç ош меxyрд. Хyсyсaн aз мaн, ки либосхои сaхроии дaр зери xизмaт чиркиншyдa Ba дaридa доштaм, хеч нaфрaт нaмекaрд» [8, 50].

Хдмчунин xислaтхои бa Шaрифчонмaxдyм «номуносиб»-ро нaвисaндa шaрх д0дa, дaр xотимaи боби фaвrçyззикр фикри поён дaр нaшри китобй пaртофтa шyдaaст: <^a хaмaи инхо Шaрифчонмaxдyм яке aз бехтaрин одaмони зaмони xyд буд» [7, 33].

Дaр боби «Шaрифчонмaxдyм Ba хaмсyхбaтони y» устод Айнй дaр борaи кaсоне мaълyмот додaст, ки пaйвaстa дaр мaчлисy шaбнишинихои xонaи Шaрифчонмaxдyм иштирок мекaрдaнд. Оид бa Содиrçxочaи Гyлшaнй дaр шшри китобй чунин дигaргyнй

ворид шyдaaст:

У як одaми сaфедчехрaи чaшмy aбрyсиёхи кyлyтaриши xyшrçaдy бaст буд, ки бо зебоии уайкали y одам кам дида мешуд [l, 51].

У як одaми сaфедчехрaи чaшмy aбрyсиёхи кyлyтaриши xyшrçaдy бaст буд [8, 19].

Албaттa, устод Айнй тaмоми воrçеaхоро во^еъбинош бa тaсвир гирифтaaст. Хyсyсaн мaълyмоте, ки дaр борaи хaмсyхбaтони Шaрифчонмaxдyм бaён шyдaaнд, бояд тaaччyбовaр нaбошaд, зеро нaвисaндa бевоситa иштирокдори он воrçеaхо бyдaaст. Бо вучуди ин, шмуди зохирии Содиrçxочaи Гyлшaнй, ки пyррa дaр нaшри мaчaллaвй чун симои кaмнaзир тaсвир шyдaaст, дaр нaшри китобй як aндозa содa шyдaaст. «Нaвисaндa дaр ин чо кушиш кaрдaaст, ки лaчоми тaxaйюлоти бaдеиро кaшидa, aз aсли во^еии руйдоду фaктхои тaъриxй дур нaрaвaд, онхоро бa тaрзе, ки дaр хarçиrçaт во^еъ шyдa бyдaнд, нишон дихaд. Бинобaр ин, дaр сyxaни у обyрaнги бaдей кaмтaр буда, дaр бобхои портрети aдaбй бaёни илмй низ бa нaзaр меояд», - кзйд кaрдaaст Мyхaммaдчон Шaкyрй [24, 30].

Устод Айнй дaр «Ёддоштхо» оид бa aхвол Ba рузгори Ахмaди Дониш дaр як боби ^исми дуюм Ba чaнд боби ^исмхои сеюму чоруми aсaр мaълyмот додaaст. Аз руйи тaсвири нaвисaндa дaр шaбнишинихое, ки дaр хaвлии Шaрифчонмaxдyм бaргyзор мегaшт, иштирокдорон одaтaн бa ду гурух чудо шуда, мyнозирa мекaрдaнд. Дaр ин мaчлисхо гохо aз Ахмaди Дониш ёдовaрй кaрдa мешуд. Яке Ахмaди Донишро чун шaxси донишмaндy олим шyморaд, дигaре чохилу нодон медонист:

Як ^исми ин тaбarça Ахмaд Мaxдyмро дaр Як ^исми ин тaбarça Ахмaдмaxдyмро дaр бaдй шогирди шaйтон шyморaд, ^исми бaдй шогирди шaйтон шyморaд, ^исми дигaрaш уро дaр некй бa дaрaчaи фaриштa дигaрaш уро дaр некй бa дaрaчaи фaриштa мебaровaрд, ин, щцицатан ба ман бисёр мебaровaрд [8, 30]. цолиб менамуд [l, 55].

Албaттa, ин гута ибрози бapои Айнии чaвон, ки rçaдpaмони чунин мyнозиpaдоpо

нaдидa буд, дaйpaтовap буд.

Шyнидaни чунин сyxaндо Айниро бетapaф нaгyзоштa, «ин зидду т^из уро сaxт дap тaaччyб меaндоxт вa иштиё^шро бa шиноxтaни он мapди фaвrçyлодa тоpaфт меaфзyд» [20, 142]. Аммо дap нaшpи китобй ин мaтлaб жтисор шyдaaст. Авддадои мaоpифпapвapии Адмaди Дониш ондоеро бa тaшвиш меовapд, ки мapдyми aвомpо фиpефтa, бa доми xyд мекaшидaнд. Аз дaмин сaбaб ондо кушиш менaмyдaнд, ки дap боpaи ин нaвисaндa arçидaи нодуруст досил кyнонaнд, эътибори уро дap бaйни xaлrç пaст нaмоянд.

Адмaди Дониш бо вучуди бaдгyивy тaщиди бapxе он зaмон дap бaйни мapдyм нa тaндо олим вa мyтaфaккиp, бaдки дaмчyн лaввод вa paссоми дyнapмaнд низ шиноxтa мешуд. Дap ^исми сеюми «Ёддоштдо» устод Айнй ин дyнapи Адмaди Дониш ёдовap шyдa, дaнгоми тaдpиp дap нaшpи aдодидa бa он тaFЙиpот дapовapдaaст:

Maн як «Юсуф вa Зyлaйxо»-pо бо xaт, лaвд, чaдвaд вa paсми Адмaдмaxдyм дидaaм, ки дар уамон вацт ба цимати сесад пуд гандум фуруш шуда буд [S, 34].

Maн як Юсуф Зyлaйxоpо бо xa^ лaвд, чaдвaд вa paсми Адмaд Maxдyм дидaaм, ки щзор танга (150 сум) фуруш шуда буд. (Дар вацти ним сум будани як пуд гандум ин маблаг хеле калон уисоб меёфт) [7, 56].

Дap шшри китобй фикр мyxтaсap вa yслyбaн paвшaн ифодa ёфтa, истифодaи parçaмдо кaм шyдaaст, ки ин боиси тarçвият ёфтaни чaнбaи бaдеии мaтн гapдидaaст. Бa ифодaи мaтншинос Алaмxон Кyчapов, «Бaъзaн, мyaдлифон дap мarçолaдояшон aввaд сyxaни умумй гyфтa, бaъд бa мarçсaди aсосй меоянд. Албaттa, лaдзaдоеpо, ки бa мyндapичaи aсосй дaxл нaдоштa боиси пурбории мaвrçеи мaтн гapдидaнд, иxтисоp кapдaн дapкоp aст. Аз иxтисоpи бисёргуйй вa тaкpоpдои бемaвrçеъ мaтн тaндо бурд мекyнaд» [15, 38].

Дap дarçиrçaт, тaдpиpи мaтн бa мyaллиф имкон медидaд, ки aсappо aз дap чидaт тaкмил дидaд. Зеро ^риб дap дaмaи нaшpдои китоб, ки бори aввaл чоп мешaвaнд, кaмбyдй бa нaзap меpaсaд. Агap як ^исми ин гуногужонидо бa котибону дуруфчинон мyтaaллиrç бошaд, ^исми дигap, ки бa тaкмили сужет вa мyндapичaю шaкли aсap боис гapдидaaнд, бевоситa xyди мyaллиф aст. С. Айнй низ бaъзе мaсъaдaдоpо дap шшри дуюми ^исми сеюми aсap тaFЙиp додa, мaзмyни aсappо боз дaм paвшaн гapдонидaaст:

Адмaд-мaxдyм дap умри xyд як бор xонaдоp шyдaaст. Дар вацтуои бо у алоца пайдо кардани Х^омидбек як писар ва як духтар дошт; шояд фарзандони дигари вафот кардагй щм дошта бошад, аммо аз онуо Х^омидбек хабаре надошт [S, 37).

Адмaд-мaxдyм дap умри xyд як бор xонaдоp шyдaaст, дар вацтуое, ки Х^омидбек бо у алоца пайдо кардааст, аз уамон зани аввалинаш як писар ва як духтар дошт, (шояд фарзандони дигари вафот кардагй щм дошта бошад, аммо аз онуо Х^омидбек хабаре надошт). Занашро бошад кащо аз худ цудо кардааст, ки вай дар он вацтуо мурдагй буд [7, 56].

Дap поpчaи боло дap ташри мaчaллaвй сyxaн дaм дap боpaи фapзaндон вa дaм дap боpaи зaни Адмaди Дониш меpaвaд. Дap ин чо ноустувории фикр мyшодидa мешaвaд, зеро дap aввaд гyфтa шyдaaст, ки дap yмpaш як бор xонaдоp шyдaaст. Ин aст, ки тapкиби <аз дaмон зaни aввaлинaш» мaнтиrçи чyмлapо костaaст. Дap сypaти чунин тapз бaён шyдaни фикр xонaндa гумон мекyнaд, ки шояд зaни дигар дaм доштa бошaд (xилофи фикри пешин дap xyсyси як зaн доштaн), инчунин чyмлaе, ки дap оxиpи поpчaи нaшpи aввaл омaдaaст, бa мaтн тaъсиpи мaнфй paсонидaaст, чунки дap нaзapи xонaндa Адмaди Дониш бapин шaxс нaметaвонaд aз оилaи xyд гyзaштaвy нисбaт бa ондо беэътимод бошaд.

Дap ^исми чоруми aсap Адмaди Дониш зиёд ёдовapй шyдa, нaмyнaи aшъоpaш низ овapдa шyдaaст:

...Лауну овози вай он сон, ки ба гуши ушшоц, Гау ууши1 саъваву гау чау-чауи булбул мереxm. Аз Пеmербурx азимат чу ба Амрико кард, Нолауо аз сару пои уама гулгул мереxm... [10, 240].

Бaйтхои мaзкyр, ки идомaи ^итши пaнчбaйтa буда, дaр оxири ^итш иловaи зерин омaдaaст: «Хдмон китоб, с. 520 («Нaводир-yл-вarçоеъ» - Ш.Ч,.)» [10, 240].

Дaр умум, aз чониби устод Айнй дaр рушд Ba инкишофи ищилоби илмй Ba ичтимоии aморaти Бyxоро сaхми Ахмaди Дониш бaрин рaвшaнфикрон бaрчaстa инъикос гaрдидaaст.

Абдyлвохиди Сaдри Сaрир низ яке aз симохои aдaбии Бyxоро донистa шyдa, дaр бaробaри ичрои вaзифaхои пyрмaсъyлият бa шеъру aдaбиёт мaйли зийд дошт. Хдмин aст, ки устод Айнй aз у хaмчyн шоири бофaзлy дониш ном бyрдaaст. Тaсвири мyкaммaли симои Сaдри Сaрирро мо дaр боби "Руди нaви Шофирком" мебинем. Дaр боби мaзкyр нaвисaндa зицдагии пyрмaшaвдaти мaрдyми тyмaни Шофиркомро бaён кaрдaaст. Сокинони зaхмaткaши тyмaн бо мarçсaди обёрй кaрдaни зaминхо дaр фикри тозa кaрдaни руд мешaвaнд Ba меxохaнд, ки дaр ин кор хyкyмaти aмирй бa онхо ёрй рaсонaд. Дaр ин боб устод Айнй, aз як тaрaф, мyфтxyрию бесaлохиятии рaисy aмлокдор Ba миршaби Шофиркомро ифшо нaмояд, aз тaрaфи дигaр, симои ^озиеро тaсвир кaрдaaст, ки чун шaxси рaвшaнфикр Ba кордону бомaхорaт дaр дилу дидaи мaрдyм чой гирифтa буд. Бо иловaи ин боб дaлерию шучой Ba xaлrçпaрвaрии Сaйидмyродxочa - пaдaри С. Айнй зикр гaрдидaaст. Яъне бa воситaи aризaнaвисии у бa aмир холaти рyдкaнй тaFЙир ёфтa, онро бa дaсти шaxсе бaрои рохбaрй месyпорaнд Ba кор тaмомaн рaнги дигaр мегирaд. Ин шaxс - ^озй Абдyлвохиди Сaдри Сaрир мебошaд. Умyмaн, xонaндa дaр ин боб бaръaкси он воrçеaхое, ки xan^ мaзлyм aз дaсти ^озихои дaвр шикоят мекaрдaнд, симои ^озиеро мебинaд, ки тaмоми сaъю кyшишaш бaрои ободкорию мaнфиaти xaлrç рaвонa шyдaaст.

Зиндaгии сокинони Шофирком бaъд aз тaмом шyдaни руд дaр боби «Ахволи тyмaни Шофирком бaъд aз чорй шyдaни руди тав» идомa меёбaд. Дaр ин чо сyxaн aз aхволи дех^онони Шофирком мерaвaд, ки онхо бо чорй шудани об зaминхоро кишт кaрдa, биёбонхоро бa гулзор тaбдил медихaнд. Инчунин дaр ин боб симои ноxyби aмирy ^озй Ba aмлокдор, ки мaрдyмро тороч кaрдaaнд, инъикос ёфтaaст.

Иловaи ин боб чолиб aCT. Устод Айнй дaр ин xyсyс дaр мaктyбaш бa Мирзо Тyрсyнзодa aз 14 детабри соли 1948 ишорaе кaрдaaст. Аз мaктyби нaвисaндa мaълyм мегaрдaд, ки aз руйи rn^a «Ахволи тyмaни Шофирком бaъд aз чорй шудани руди нaв» нa дaр ^исми якуми «Ёддоштхо», бaлки дaр ^исми дуюм бояд чой додa мешуд.

Устод Айнй Ba^re ки «Ёддоштхо»-ро дaр шaкли дaстнaвис тaйёр кaрдa, онро тaвaссyти шогирдон бa Стaлинобод рaвон мекyнaд, бaъзе рaфиrçонy мyтaсaддиёни чоп оид бa тaсвири ^озй Абдулвохиди Сaдри Сaрир aндешaхои мaнфй бaён мекyнaнд, ки фикру arçидaи онхо бa устод мaъrçyл нaмеaфтaд. Дaр боби «Руди нaви Шофирком» нaвисaндa кори ^озй Абдулвохиди Сaдри Сaрирро ягонa шaxси xaйрxохи хyкyмaти aмирй мешyморaд, нa типи ^озихои зaмон. Ba дaр мaктyби чaвобии xyд оид бa рaвшaнфикрии ^озй Абдулвохид мaълyмот додa, уро дaр ^тори Ахмaди Дониш, Шaрифчонмaхмyди Мyътaсим, Исомaxдyми Исо мегyзорaд Ba бaрои исботи гyфтaхояш нaвисaндa боби «Ахволи ту^ни Шофирком бaъд aз чорй шудани руди нaв»-ро иловa мекyнaд. Устод Айнй дaр мaктyбaш бa Мирзо Тyрсyнзодa нaвиштaaст: «Бо хaмaи ин хyччaтхо, мaн бaрои бa хеч шyбхa рох нaгyзоштaн, дaр пaси боби «Руди Шофирком» («Руди тави Шофирком» - Ш.Ч,.) як боб иловa кaрдa, оrçибaти он рaйонро бaъд aз чорй шудани руди нaв Ba оrçибaти ^озй

1 Хуш - сaдои мaxсyси сaъвa

Абдулвохидро дар он боб даровардам. Вагарна аз руйи планам мазмуни ин боби иловагй дар кисми дуюм дар мавриде, ки ба Чули Кизил саёхат кардаам, медаромад. Дар ин сурат хеч эътирози мафкуравй намонд» [1, 105].

Баъди чопи алохидаи кисми аввали «Ёддоштхо» баъзе аз мунаккидон маколахо навишта, ба баёни образи козй Абдулвохид, ки уро устод Айнй хамчун «олимтарин, донишмандтарин, окилтарин ва боинсофтарини уламои замони худ» зикр кардааст, эродхо гирифтаанд. Масалан, дар маколаи идоравии «Коммуниста Точикистон» аз дуюми ноябри соли 1949, №216 чунин омадааст: «Муаллиф дар тавсифи козй Абдулвохид ба обективизми нодаркор рох додаст. Айнй уро ба сифати шахси боадолат, софдил, фурухтанашаванда, инсопарвар ва маъруф тасвир мекунад. Вай фармони амирро гирифта, суиистифодакунии амалдоронро бартараф мекунад ва ба ахолй ба сохтани канал ёрй медихад. Хрчати бахс нест, ки дар байни амалдорони амири Бухоро одамони софдил ва боадолат вомехурданд, вале дар таърих хануз чунин мисоле дида нашудааст, ки ин гуна одамон дар вазифаи худ дервакт монанд ва ба манфиати оммаи мехнаткаш кор бурда, ба мукобилияти амири Бухоро ва наздикони вай дучор нашаванд. Мумкин аст, муаллиф дар чилдхои навбатии ёддоштхои худ ин фикрро пурра кунад, ки хеч як амалдори софдили аморати Бухоро кори худро муддати дароз давом дода наметавонист, вале дар чилди якум, мааттаассуф, Айнй хикояи худро дар бораи такдири Абдулвохид то ба нуктаи мантией нарасондааст» [11, 15].

Адабиётшинос Ю. Бобоев дар ин бора чунин андеша рондааст: «Ба фикри мо, сахифахои (101-108) (нашри 1949 -Ш.Ч), бахшида ба козй Абдулвохид, ки вай худ шоир буда, Садри Сарир тахаллуси уст, хонандаро ба як фикри галат меандозад. Маълум, ки козй - козй аст. Ва характеристикаи козиёнро худи падари муаллиф, дар сахифаи 181 чилди якум, ба хук монандкунон додааст. Вале козй Абдулвохидро назар ба дигар козиён фарк кунондан, «боадолат», «донишманд»-и козиён шумурдан ба идеализатсия кардани образи ин козй бурда мерасонад. Ин, чавононро ба фикре меоварад, ки гуё дар байни амир ва акобирон, козихо ва амлокдорон нагзу бадаш будааст. Хрл он козихои давраи амир хама баробар хунхор, фиребгар ва каллоб буданд...» [13, 122].

Устод Айнй дар яке аз мактубхояш ба Мирзо Турсунзода аз 11 декабри соли 1948 дар хусуси чунин эътирозхо навишта буд: «Ман аз танкид намегурезам ва наметарсам хам, рухам хам аз танкид, агарчй нохак бошад хам, намешиканад. Бинобар он, ягон шубхаи мафкуравй бошад, дархол ислох мекунам (чунончи дар «Ёддоштхо» кардам)» [1, 107]. Аз ин ру, бо далелхои мантикй акидаи эътирозкунандагонро рад мекунад: «Эътирозхои асосии рафикон дар бораи козй Абдулвохиди Садри Сарир ва руди нави Шофиркомро баровардани у баъд аз зулму толону торочи козй ва амлокдори дигар будааст. Охир, модом, ки ман зулму торочи козй ва амлокдори дигарро, ки пеш аз вай дар кандани хамон руд карда буданд, накл кардаам, кори Садри Сарир ягона шуда мемонд, на типи козихои замони амир. Козй Абдулвохиди Садри Сарир аз хамфикри Ахмади Калла буд, ки ман инро дар мачмуаи «Бедил» («Мирзо Абдулкодири Бедил» дар назар дошта шудааст - Ш. Ч) кайд кардам. Факат фарк дар ин чо буд, ки Ахмади Дониш фаъол буда, Сарир пассив буд. Аммо козй будан ба Сарир айб намешавад. Зеро Ахмади Калла хам аввал дар Хузор, дуюм дар Нахрпай (Зиёуддин), сеюм дар Вобканд козй шудааст (ба тазкираи Садри Зиё нигох карда шавад)» [1, 105].

Симои Садри Сарир дар «Ёддоштхо» чун шоири бофазлу донишманд, содик ба халку ватан ва аз дилу чон ичро намудани масъулияти хеш тасвир шудааст. Ва дар муддати на чандон тулонии козигии хеш тавонистааст, ки сахми арзандае дар ободонии тумани Шофирком гузошта бошад.

Адaбиётшиноси мaъpyф М. Шукуров иловaи боби «Адволи тyмaни Шофирком бaъд aз чорй шyдaни руди тав»-ро xеле бaмaвpид шyмоpидa, онро чaвоби муносиб бa мarçолaдои дap боло зикpшyдa, ки симои ^озй Абдулводид Сaдpи Сapиppо aз чидaти FOявй xaтои нaвисaндa шyмоpидaaнд, медисобaд: «^ap ин боб бa дaмaи эроддои мyaллифи мarçолaи мaзкyp («Асapи бapчaстa» - Ш.Ч,.) дaм чaвоб aCT. Baде чй сaбaб бошaд, ки ин боби нaв aз тapчyмaи русии «Ёддоштдо» берун мондaaст вa дол он ки мarçолaи мaзкyp дap aсоси мaтни тapчyмaи русии aсap нaвиштa шyдaaст. Агар мyaллифи мarçолa мaтни точикй xaбapдоp мешуд, бa нaвисaндa не, бaлки бa тapчимони y эрод мегирифт» [25, 106-1G7].

Тaвpе ^йд гapдид, «Ёддоштдо»-и устод Айнй aз тapaфи С. Бородин бо номи «Б^оро» бa русй тapчyмa шyдaaст. Дap нaшpи русй Faдaтдои зиёде чой доpaд, ки яке ондо иxтисоpи боби «Адволи тyмaни Шофирком бaъд чорй шyдaни руди нaв» мебошaд.

Симои дигари aдaбй Шaмсиддин Шодин мебошaд, ки дap «Ёддоштдо» дaмчyн шоири бофaзл вa содибrçaдaм тaсвиp ёфтaaст. Дap aсap дap се мaвpид Шодин мyxтaсap сyxaн paфтaaст. Аз чyмлa, дap боби "Шapифчонмaxдyм вa дaмсyдбaтдои y" Шaмсиддин Шодин aз шоирони мaшдypи зaмони xyд донистa шyдa, бaён шyдaaст, ки шеърдои y дaмешa дap он мaчлисдо xондa мешyдaнд вa дap шеъре, ки y гуяд, дap рузи дуюми гyфтa шyдaнaш бa он чо меомaд. С. Айнй бо aфсyс ёдовap шyдaaст, ки уро aз нaздик дидa вa дaмкaлом нaшyдaaст: "Рузе дap Регистони Бyxоpо яке aз xешовaндони Шapифдонмaxдyм, ки дaвaскоpи шеъргуй буд, бa мaн Шодинро дур нишон дод. Шодин бa нaзapи мaн як одaми миёнaдaди лоFapбaдaн, миёнapиш вa чaшмy aбpyсиёд нaмyд. Афсус, ки уро aз нaздик дидa вa сyxaнонaшpо зaбони xyдaш шунида нaтaвонистaм, бaъд ду соли дaмон воrçеa y дap рикоби aмиp - дap К^ршй вaфот нaмyд" [8, 29].

Дap боби "Донишмaнди нобино" aз нут^и Myсоxочо ном нобино шогириди Myдaммaд Тодиpxочaи Зapиp бyдaни Шaмсиддин Шодин вa дap боби "Гирифтор шyдaнaм бa доми aмиp Абдyлaдaд вa зуд xaлос шyдaнaм aз вaй" оид бa эдтиёт кapдaни y шyдpaт вa бa гypеxтaнaш aз aфтодaн бa доми aмиp сyxaн pондa, тaъсиpи онро бa зиндaгии Xaйpaт бaён нaмyдaaст. Аз тaсвиpи устод Айнй paвшaн мегapдaд, ки Шaмсиддин Шодин aз чедapaдои дypaxшони aдaбиёти точик aст, ки сaxтии рузгор вa тaъсиpи мaнфии œxra aмиpй pиштaи рузгори уро бapмaдaл aз дaёт кaндa кapд. Бо вучуди ин, швтардозй вa фошгуидои y бa дигap эчодкорон тaъсиpгyзоp гapдид.

Абдyлмaчиди Зуфунун бa тaъкиди С. Айнй яке paвшaнфикpоне мебошaд, ки дaм илми нучумро xyд кapдa буд вa дaм дap шеъру aдaбиёт мaдоpaти xyб дошт. Иловa бap ин илми тиб низ огодй дошт:

Дар нaзapиёт вa aмaлиёти тибби rçaдим уазоцати калон дошт [4, №11-12, с.46].

Аз нaзapиёт вa aмaдиёти тибби rçaдим пурра воциф буд [5, с.7].

Дap нaшpи китобй кaдимaи уазоцат, ки мaънои зиpaкию доноиро дap содaи тиб мефaдмонaд, бa муродифи содaтapи xyд ивaз шyдaaст. Ba гapдидaни пешоянди дар бa аз чyмлapо aз чидaти услуб боз дaм мувофщтар кapдaaст.

Ядёxочa руйи xислaтy paфтоpи xyд бa Абдyлмaчиди Зуфунун монaндй доpaд. Baй xyдpо бa девонaгй aндоxтa, гасонеро, ки бa xyдaш писaнд нaмеaфтaд, дaшномy дarçоpaт медидaд. Ha8ap бa бaёни нaвисaндa Ядёxочa aз чaмоaи xочaгони миpaконии Бyxоpо бyдa, гyзaштaгонaш мaнсaби кaдони илмиро содиб бyдaaнд. Аз ин сaбaб, aз руи aнъaнa aвлоди ин гyнa гасонро дypмaт кapдaн лозим бyдaaст. Дap поpчaи зер ин мaзмyн бaён шyдa, дap нaшpи китобй тaдpиp ёфтaaт:

Бинобap ин aз девотагидои y чaшм мепyшидaнд вa уро бозхост нaмекapдaнд.

У бошад, ин уурмати авлодии худро ба

Бинобap ин девонaгидои y чaшм мепyшидaнд вa уро цавобгар нaмекapдaнд. У бошад аз ин уурмати авлодии худ истифода

танциди уламо, амир ва дарбориёни у кор мефармуд [4, №11-12, с.47].

карда уламо, амир ва дарбориёни уро сахт танцид ва масхара мекард [5, с.9]. Ба таъкиди адабиётшинос Мудммадюсуф Имомов «С. Айнй дар «Ёддоштдо» образи як гуруд маорифпарварону равшанфикронро офаридааст, ки аз сохти мавчудаи чамъият норизо буда, бар зидди чадолату беадолатидои зиндагй мубориза мебурданд» [8, с.269]. Абдулмачиди Зуфунун, Ядёхоча ва Мирзо Азими Сомии Бустонй аз дамин гурух мадсуб меёбанд.

Мирзо Азими Сомии Бустонй яке аз равшанфикрони замони худ буд ва дар дарбори амир Музаффар кор кардааст. У «Дахмаи шодон» ном асар дошта, онро ба руди мухолифаткорй ва танциди дарбор навиштааст. Вакте ки Абдуладад ба сари докимият меояд, рузгори мардум боз дам вазнинтар мешавад. Сомй дар ин долат ба танцид зиёдтар машгул мешавад. Ин долатро дар чумлаи зер метавон мушодида кард. Устод Айнй калимадоро бо муродифдои содаву оммафадм иваз карда, модияти масъаладоро боз дам равшантар ифода шудааст:

Забони танкидии Сомй низ дарозтар

гардида окибат аз дарбор ронда шуда бе маош дар гушаи нокомй афтод [4, .№11-12, с.52].

Забони танкидии Сомй низ тезу тундтар гардида, окибат аз дарбор ронда шуд ва бе маош дар гушаи нокомй афтод [5, с.24].

Аз ин бар меояд, ки С. Айнй дангоми тадрир ба падлудои гоявию бадеии асар адаммияти чиддй додааст. Хдр як тагйироте, ки дар тадрири асар ба мушодида мерасад, пеш аз дама, барои равшану возед гардидани мазмуни асар нигаронида шудааст. Яъне дар як калимаю чумла дар мутобикат бо матн тагйир ёфтаанд.

Мирзо Абдулводиди Мунзим низ яке аз образдои дурахшони «Ёддоштдо» аст, ки дар кисми чорум ба таври муфассал зикр гардидааст ва тагйирот дар образи у ба мазмуну мудтавои асар таъсири мусбат расонидааст. Мунзим дар «Ёддоштдо» чун шахси кунчков ва задматталаб зикр гардида, устод Айнй аз у ба некй ёд кардааст. Тавре дар кисми дуюм ва сеюми асар дида мешавад, Мирзо Абдулводиди Мунзим худро дар ичрои баъзе кордо аз шарикдарсон ва дамзистонаш бедтар медисобад. Хислатдои гуногуни Мунзим дар иловадои матни китобй равшан ба назар мерасад: «У даъво дошт, ки оши палавро аз ман бедтар мепазад, аммо ман дам дар мусобика аз вай намемондам ва азбаски ба воситаи ошпазй карданам ба одамони гуногун тачрибаам дар ин кор аз вай бештар буд, ман худро аз вай дунармандтар мешумурдам ва шарикон дам ин даъвои маро тасдик мекарданд» [10, 18].

Аз руйи мушодидаи нависанда, Мунзим аз давраи мадрасахонй дисси кунчковии ачибе дошт ва ин хислат дар у дар давраи камолоти син дам бокй монда буд: «У (Абдулводиди Мунзим - Ш. Ч,. ) ба дар кори наве, ки дар он барои мардум ва барои зиндагй некие умед мекард, бо як шавку чушу хуруш икдом менамуд, лекин фоида ва натичаи он амали навро одатан пешакй мулодизаву баркаш намекард ва бинобар ин дам дар бисёр мавриддо аз ин навчуидо худаш зарар медид», - шард медиданд Радий Фиш ва Радим Хршим [20, 39].

Яке аз содадилидои Мунзим дар боби «Водопроводсозии Мирзо Абдулводид» тасвир ёфтааст. Мунзим меходад, ки аз дисоби худ ба шадри Бухоро об кашонад. Барои ичрои ин амал тамоми дороияшро харч карда, тарди онро мекашад. У барои овардани об кубурдои сафолин мехарад, ки ин натича намедидад, зеро кубури сафолин ба шиддати об тоб оварда наметавонист. С. Айнй дар тадрири нашри китобии кисми чорум дамин долатдои Мунзимро боз дам пурра кардааст. Мунзим мегуяд:

Ман хостам бо харчи худ як хати водопровод кашида ба шадр оби тоза дарорам [9, 51].

%оло ки ин корро уукумат карда наметавонад, ман хостам бо харчи худ як хати водопровод кашида ба шадр оби тоза дарорам [10, 30].

Дар образи Мирзо Абдулвохиди Мунзим нависанда бештар таъкид мекунад, ки у мехост хамеша кори наве кунад, то дигаронро дар хайрат гузорад, аммо чй хеле ки аз фикри халвои собунипазиаш бармеояд, бисёри вакт аз он зарар медид.

Дар умум, Мирзо Абдулвохиди Мунзим чун шахси солимаклу дурандеш ва ба халк нафърасон тасвир шуда, яке аз равшанфикрони замони худ ба шумор меравад. Хднгоми тахрир устод Айнй хамин чихати хислати уро такмил додааст.

Дигар симои барчастаи адабй Мухаммадсидики Хдйрат мебошад ва хангоми тахрири асар образи у боз хам мукаммал гардидааст. Зикри Хдйрат дар кисмхои сеюм ва чоруми асар баён шуда, нависанда аз Хдйрат дар кисми сеюми «Ёддоштхо» дар се боб -«Шиносиям бо Хдйрат», «Тарчумаи холи Хдйрат» ва «Мероси адабии Хдйрат» ёдоварй кардааст. Дар охири боби «Мероси адабии Хдйрат» дар нашри алохидаи кисми сеюм иловатан дар кавсайн хонандаро таъкид мекунад: (Чузъиёти гузориши ахволи Хдйрат дар ояндаи «Ёддоштхо» ба хар муносибат ёдоварй карда хохад шуд) [8, 291].

Ин аст, ки Хдйрат дар якчанд боби кисми чоруми асар низ зикр гардида, намунаи ашъораш оварда мешавад. Дар ин кисми асар дар нашри мачаллавй бобе хаст бо номи «Машгулоти илмй ва адабии ман дар мадрасаи Хрчй Зохид», ки дар нашри китобй «Ахволи умумиам ва машгулоти илмй ва адабиам дар мадрасаи Хрчй Зохид» ном гирифтааст. Ин боб, ки дар матни мачаллавй якуним сахифаро дар бар гирифта, дар нашри китобй шаш сахифаро ташкил мекунад. Маълумоти иловашуда, мазмуни матнро боз хам равшан мегардонад. Яъне асар хамеша дар як шакл нест, зеро «чараёни эчод хеле мураккаб ва печдарпеч аст, нависанда дар рафти кор ва гохо баъди анчом ва чопи асар дар он нокисии мазмуниву гоявй ва услубию бадей хис карда, онро борхо тагйиру такмил медихад» [14, 6].

Устод С. Айнй зимни таълифи боби мазкур барои нашри мачаллавй асосан оид ба дарстайёркунй дар мадраса диккат мекунад. Боб бо ёдовар шудан аз рузхои тахсил ва чамъ шудани дустон ба анчом мерасад. Дар тахрири дуюми асар вокехо басо тафсил меёбад. Аз чумла, нависанда ёдовар мешавад, ки Хдйрат низ дар базмгардихо иштирок меварзид: «Баъзе шабхои таътил дар хамон чо гун шуда, базм хам мерафтем, ки дар он базмгардихо гохо Хдйрат хам иштирок мекард» [10, 53]. Бо ин илова нависанда пешрафт ва бехбуди саломатй ва фаъолии Хдйратро таъкид кардааст.

Фаъолиятмандии Хдйратро С. Айнй дар боби «Интизорй ва сангсор карда шудани аробакаш» низ зикр карда, дар тахрири нашри китобй ба он иловаи мухим даровардааст. Чамъ шудани муллоёни хангоматалабро дар мадрасаи Кукалтош нависанда ба «санодиди курайш» (бузургони кабилаи курайш) [10, 132], ки аз тарафи Хдйрат унвон дода шуда буд, зикр мекунад. Дар повараки нашри мачаллавй мафхуми «санодиди курайш» мухтасар эзох дода шудааст, дар нашри китобй ин шарх тафсил меёбад:

Дар аввалхои исломият бузургони курайш ном кабилаи араб дар хонаи Каъба нишаста, такдири одамхоро хал мекарданд, дар бораи куштан, бадарга кардан ё зинда гуронидани одамон чудогона карор медоданд. Инхо дар таърихи араб «санодиди курайш» номида шудаанд [9, 55].

Дар аввалхои исломият бузургони курайш ном кабилаи араб дар хонаи Каъба нишаста, такдири одамхоро хал мекарданд, дар бораи куштан, бадарга кардан ё зинда гуронидани одамони чудогона карор медоданд. Инхо дар таърихи араб «санодиди курайш» номида шудаанд. Хайрат болонишинони миёнсарои мадрасаи Кукалтошро ба уамин бузургони цабилаи цурайш монанд карда, ба онуо уам «санодиди цурайш» унвон дода буд [10, 132].

Поpчaдои шеърй дap «Ёддоштдо» дap жaнpдои гуногун омaдaaнд. Дap ташри мaчaдлaвй дap боби «Faйбaтxонa» ду рубой - яке aз эчодиёти Мирзо Абдулводиди Мунзим вa дигаре - aз Xaйpaт зикр шyдaaст. Рубоии Мунзим чунин aст: Эмин хамаро х,ац аз а^е2 гардонад, В-аз буи бади у, ки нафаc гардонад. Гар ...х набувад аcаc чаро ин мицдор-Дарвозаи халкро нацаc гардонад [9, 31].

Поpчaдои нaзмии дap кисми чоруми «Ёддоштдо» иловaгapдидa зиёдтap бa эчодиёти Myдaммaдсиддики Xaйpaт мyтaaллик мебошaд. Бa тaъкиди устод Айнй Xaйpaт кобилияти xyби шеъpнaвисй дошт вa шеърдояш мaзмyни бaдaндpо дap бap мегиpaд. Maсaдaн, иловaдое, ки боби «Адволи умумтам вa мaшFyлоти илмй вa aдaбиaм дap мaдpaсaи Хрчй-Зодид» доxил гapдидaaнд, дap он ду китъaи Xaйpaт овapдa мешaвaд. Нaвисaндa дap боpaи у сyxaн pондa кaйд мекyнaд: «Чунончи, у шaбе бо мо бaзм paфтa, дap бозгaшти он бaзм бaзмковй, бaзмёбй вa бaзмтaмошокyнии моро дap китъaе тaсвиp кapдa буд, ки бaйтдои aввaдини он китш бaйтдои зеpинaнд:

Шаби душинаи таътил ба чанд аз шурако Бедарак базмталаб гашта ба хар куча давон: Пеш-пеши хама фонуc ба Цодир-Махдум, Аз кафо камбагали Айнии мжкин лангон3...» [10, 53-54].

Бояд гуфт, ки мaтни «Ёддоштдо»-и ин китш мaтни «Ашъори мyнтaxaб»-и Xaйpaт бaъзе фapкиятдо доpaд. Аз чyмлa, мисpaи «Аз кaфо кaмбaFaди Айнии мискин лaнгон» дap «Ашъори мyнтaxaб» «Аз aкиб кaмбaFaди зор мyдappис лaнгон» [21, 169] вa чиxеле ки aдaбиётшинос Р. Xодизодa дap кисмaти тaвзедоти «Ашъори мyнтaxaб»-и Xaйpaт ^йд кapдaaст: «С. Айниро бa тapики ш^й «мyдappис» гyфтaн эдтимол aз он сaбaб бошaд, ки он тас дap он вaктдо... бa дapсxонии бисёр шapиконaш ёрй медод вa ондо дap рузу соaтдои мyaйян, монaнди он ки пеши мyдappис меpaфтa бошaнд, нaзди С. Айнй омaдa дapс меxондaнд» [22, 242]. Бa кaвли мyнaккид С. Тaбapов бa лaкaби мyдappис содиб шyдaни устод Айнй aз соли шaшyми мaдpaсaxонй (солдои 1896-1897) OFOЗ меёбaд [18, 407].

Поpчaи шеърии иловaшyдaи дуюм «K^rba дap мapсия» ном доштa, бa мapги Сaлодиддин ном чaвон, ки дap шонздaдсолaгй вaфот мекyнaд, гyфтa шyдaaст: «Myдaммaд Сиддики Xaйpaт монaнди тapчyмони дили дaмaи дустон дap вaфоти у (Сaлодиддин дap нaзap aст -Ш. Ч,.) мapсияе нaвишт, ки чор бaйти он мapсия дaм бa сифaти ёдгории X^pa^ дaм бapои ёдовapии он чaвони пуркобилият дap ин чо кaйд кapдa мешaвaд:

K^rba дap мapсия Салохиддин ба хангоми шбо4 ба доги хаcрат рафт, Сабо бар тфхаи гулшан кашид аз лола таърихаш. Барояд аз замин бо чехраи тар то гулу райхон, Навитд абр бар хоки чаман аз жола таърихаш... [10, 58].

Поpчaдои шеърии дap мaтни китобй иловaгapдидa xyсyсиятдои тaзкиpaвии «Ёддоштдо»-ро aфзyдa, дap aйни дол дap мyaйян кapдaни тapчyмaи доли мyфaссaли С. Айнй сaдми муносиб мегиpaд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2 Асaс - миpшaб

3 Дap он вaктдо дap пои мaн pиштa бapомaдa дaнyз тaмомaн сидaт нaёфтa буд, бинобap ин дap род paфтaн мелaнгидaм.

4Хднгоми сибо - дaнгоми бaчaгй.

Умуман, Мухаммад Сиддики Хдйрат дар «Ёддоштхо» на танхо шоир аст, хамзамон чун шахси росткавлу дурандеш ва фозил тасвир шудааст ва бояд гуфт, ки тахрироти минбаъда симои дурахшони ин адиби хунарманду нуктасанчро хубтару возехтар мекушояд. Ва гуфта метавонем, ки такмил ёфтани порчахои шеърй аз масъулияти нигорандагии адиб дарак дода, дар айни хол мавкеи каломи манзумро дар хаёти фархангии мардуми Бухорои асри XIX ва ибтидои асри XIX бозгу мекунад.

Хулоса, ёдоварии чехрахои дурахшони адабй дар "Ёддоштхо"-и Садриддин Айнй аз он гувохй медиханд, ки сахми намояндагони илму адаби Бухоро дар таърихи адабиу фарханг назррас мебошад. Яке аз онхо худи устод махсуб меёбад, ки тавассути офариниши асархои баландмазмун тавонистааст, дар инъикоси вокеахои таърихию фархангии як давраи муайяни сахми арзишманд гузорад. Махсусан, «Ёддоштхо», ки аз зумраи шохкорихои арзишманди устод С. Айнй мебошад, чун комуси хаёти халки точик дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи ХХ дар тарбияи адабию эстетикии кишрхои гуногуни чомеа накши мухим дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аз мактубуои С. Айнй ба адибони тоцик (Ба чоп тайёркунанда: К. Айнй) //Шарци сурх.

- 1956. - №4. - С. 100-113. - №7. - С. 54-59.

2. Аз мукотиботи устод Айнй (Ба чоп тайёркунандагон: Салоуат ва Холида Айнй) // Садои Шарц. - 1968. - №4. - С. 95-99.

3. Азизцуллов, Ц. Феуристи асаруои С.Айнй ва адабиёти оид ба у / Ц. Азизцуллов, З. Муллоцонова. - Душанбе: Нашриёти Акдемияи фануои РСС Тоцикистон, 1963. - 326 с.

4. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. I / С. Айнй // Шарци сурх. - 1948. - №8. - С. 6-15. - №9. - С. 24-31. - №11. - С. 12-18, №12. -С. 17-22; 1949. - №1. -С. 31-40. - №2. - С.20-26. - №3. -С. 21-28. №4. - С. 16-29.

5. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. I / С. Айнй. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоцикистон, 1949. - 255 с.

6. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. II / С. Айнй. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоцикистон,

1949. - 271 с.

7. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. III/ С. Айнй //Шарци сурх. - 1949. - №11-12. - С. 45-57; 1950.

- №2. - С. 28-35, - №3. - С. 26-46, - №4. - С. 49-54. - №5. - С.52-87. - №6. - С. 57-73. -№7. - С. 55-66. - №8. - С. 25-35. - №9. - С. 34-51.

8. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. III / С. Айнй. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоцикистон,

1950. - 331 с.

9. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. IV/ С. Айнй //Шарци сурх. - 1953. - №1. - С. 39-70. - №2. - С. 30-59. - №4. - С. 78-87. - №5. - С. 40-57; 1954. - №6. -С. 3-22. - №7. - С. 7-37. - №8. -С. 12-57. - №9. - С. 57-88.

10. Айнй, С. Ёддоштуо. - Ц. IV/ С. Айнй. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоцикистон, 1954. - 428 с.

11.Асари барцаста. (Мацолаи редаксионии «Комуннисти Тоцикистон» аз дуюми декабри соли 1949, №216) // Шарци сурх. - 1949. - №10. - С. 12-15.

12.Асозода, Х. Таърихи адабиёти тоцик (Давраи нав) /Х. Асозода.- Душанбе: Маориф ва фаруанг, 2014. - 672 с.

13.Бобоев, Ю. «Ёддоштуо»-и С. Айнй (Ц. 1-2) /Ю. Бобоев //Шарци сурх. - 1950. - №6. - С. 115-123.

14.Кучаров, А. Нацди матни осори С. Айнй. (Дарси махсус барои факултауои филологии мактабуои олй) / А. Кучаров. - Душанбе, 2000. - 153 с.

15.Кучаров, А. Таурири адабй ва фаъолияти мууарририи С. Айнй / А. Кучаров. - Душанбе: Матбааи ДМТ, 2013. - 139 с.

16.Лисон, X Форсии дари дар он суи марзуо / Хусайни Лисон // Садои Шарц. - 1978. - №4.

- С. 129-135.

17. Се мактуб // Садои Шарц. - 1977. - №6. - С. 97-100.

18. Табаров, С. Зиндагиномаи Садриддин Айнй (1875-1899) / С. Табаров. - Душанбе, 2008. - 480 с.

19.Турсунзода, М. Куллиёт. - Ц. 3 / М. Турсунзода. - Душанбе: Ирфон, 1979. - 432 с.

20. Фиш, Р. Бо амри вицдон. Шаруи уоли Садриддин Саидмуродзода Айнй дар асоси ууццатуо, хотирауо, мактубуо ва навиштауои худи у / Р. Фиш, Р. Хошим. - Душанбе: Ирфон, 1978. - 288 с.

21.Хайрат. Ашъори мунтахаб / Хайрат. - Душанбе: Нашриёти давлатии Тоцикистон, 1964. - 255 с.

22.Ходизода, Р. Тавзеуот // Хайрат. Ашъори мунтахаб. - Душанбе: Нашрдавтоц, 1964. -С. 234-251.

23.Шакурй, М.Б. Садри Бухоро. Чопи дувум. Бо тасуеу, такмил ва иловауо /М.Б. Шакурй.

- Душанбе: Деваштиц, 2005. - 330 с.

24.Шукуров, М. Диди эстетикии халц ва насри реалистй /М. Шукуров. - Душанбе: Ирфон, 1973. - 160 с.

25. Шукуров, М. Хусусиятуои гоявию бадеии «Ёддоштуо»-и устод С. Айнй /М. Шукуров. -Душанбе: Дониш, 1966. - 260 с.

REFERENCES:

1. From the Letters of S. Ayni to Tajik Writers (Prepares for publication: K. Ayni) // Red East. -1956. - No. 4. - PP. 100-113. - No. 7. - PP. 54-59.

2. From the Correspondence of S. Ayni (Preparers for publication: Salahat and Khalida Ayni) // Voice of the East. - 1968. - No. 4. - PP. 95-99.

3. Azizkullov, J. List of Novels of S. Ayni and Literature on Him / J. Azizkullov, Z. Mullojonova. -Dushanbe: Publishing House of the Academy of Sciences of the SSR of Tajikistan, 1963. - 326pp.

4. Ayni, S. "Memories". - P. I / S. Ayni // Red East. - 1948. - No. 8. - PP. 6-15. - No. 9. - PP. 2431. - No. 11. - PP. 12-18, No. 12. - PP. 17-22; 1949. - No. 1. - PP. 31-40. - No. 2. - PP. 2026. - No. 3. - PP. 21-28. No. 4. - PP. 16-29.

5. Ayni, S. "Memories ". - P. I / S. Ayni. - Stalinobod: Tajik State Publishing House, 1949. - 255pp.

6. Ayni, S. "Memories". - P. II / S. Ayni. - Stalinobod: Tajik State Publishing House, 1949. - 271 pp.

7. Ayni, S. "Memories". - P. III / S. Ayni // Red East. - 1949. - No. 11-12. - PP. 45-57; 1950. -No. 2. - PP. 28-35, - No. 3. - PP. 26-46, - No. 4. - PP. 49-54. - No. 5. - PP.52-87. - No. 6. -PP. 57-73. - No. 7. - PP. 55-66. - No. 8. - PP. 25-35. - No. 9. - PP. 34-51.

8. Ayni, S. "Memories". - P. III / S. Ayni. - Stalinobod: Tajik State Publishing House, 1950. - 331 pp.

9. Ayni, S. "Memories". - P. IV / S. Ayni // Red East. - 1953. - No. 1. - PP. 39-70. - No. 2. - PP. 30-59. - No. 4. - PP. 78-87. - No. 5. - PP. 40-57; 1954. - No. 6. - PP. 3-22. - No. 7. - PP. 737. - No. 8. - PP. 12-57. - No. 9. - PP. 57-88.

10. Ayni, S. "Memories". - P. IV / S. Ayni. - Stalinobod: Tajik State Publishing House, 1954. - 428p.

11. Outstanding work (novel). (Editorial article of "Communist of Tajikistan" dated December 2, 1949, No. 216) // Red East. - 1949. - No. 10. - p. 12-15.

12.Asozoda, H. History of Tajik Literature (New era/period) / H. Asozoda.- Dushanbe: Education and Culture, 2014. - 672 pp.

13.Babaev, Yu. "Memories". of S. Aini (P. 1-2) / Yu. Babaev //Red East. - 1950. - No. 6. -PP. 115-123.

14.Kucharov, A. Analysis of the Text of S. Ayni. (Special lesson for philological faculties of higher schools) / A. Kucharov. - Dushanbe, 2000. - 153 pp.

15.Kucharov, A. Literary Editing and Editorial Activity of S. Ayni / A. Kucharov. - Dushanbe: TNU Press, 2013. - 139 pp.

16.Lison, H. Farsi Dari on the Other Side of the Borders / Husayni Lison // Voice of the East. -1978. - No. 4. - PP. 129-135.

17. Three Letters // Voice of the East. - 1977. - No. 6. - PP. 97-100.

18. Tabarov, S. Biography of Sadriddin Ayni (1875-1899) /S. Tabarov. - Dushanbe, 2008. - 480pp.

19.Tursunzoda, M. Kulliyot. - PP. 3 /M. Tursunzoda. - Dushanbe: Irfan, 1979. - 432pp.

20. Fish, R. By the Command of Honour. Biography of Sadriddin Saidmuradzoda Ayni based on his Own Documents, Memories, Letters and Writings / R. Fish, R. Hashim. - Dushanbe: Irfan, 1978. - 288 pp.

21.Hairat. Selected poems / Hayrat. - Dushanbe: State Publishing House of Tajikistan, 1964. -255pp.

22.Hadizoda, R. Explanation // Hayrat. Selected poems. - Dushanbe: Nashrdavtoj, 1964. - PP. 234-251.

23.Shakuri, M.B. Sadri Bukhara. Second edition. With corrections, improvements and additions /M.B. Shakuri. - Dushanbe: Devashtij, 2005. - 330pp.

24.Shukurov, M. People's Aesthetic Vision and Realistic Prose / M. Shukurov. - Dushanbe: Irfan, 1973. - 160 pp.

25.Shukurov, M. Ideal and Literary Features of "Memories" of S. Ayni / M. Shukurov. -Dushanbe: Donish, 1966. - 260pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.