Научная статья на тему 'БИЁ, БО ҲАМСОЛОНАТ ДАРС БИХОН'

БИЁ, БО ҲАМСОЛОНАТ ДАРС БИХОН Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
1
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
мактаб / маориф / илм / оила / му ҳоҷират / фарзанд / тарбия / таълим / масъулият / мушкилот / муассисаи таълимӣ / ҳамкорӣ / ҷомеа / назорат / робита / ҳифзи ҳуқуқ / наврас / таҳсилот.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ҷўраев Ҳ.А.

Муаллиф дар ин ма қола оид ба му ҳоҷират ва масъалаҳои марбут ба он ибрози андеша намуда, дар зимн дар хусуси тарбияи дурусти фарзандон ва дур ӣ ҷустани онҳо аз мактаб мулоҳизаҳои қобили таваҷҷуҳ баён доштааст. Нигаронӣ аз он дорад, ки ин гурўҳи фарзандон аз назорати мутассили мактаб ва оила дур мондан, ба андешаи дарёфти маблағи муайян афтодан, аз пайи корҳои ношоям роҳ паймудан, ҳамнишин ӣ бо ҳамсолони густоху каҷрафтор ба хулқу атворашон таъсири манфӣ бар ҷой хоҳад гузашт.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «БИЁ, БО ҲАМСОЛОНАТ ДАРС БИХОН»

DOI 10.24412/2709-1201-2024-173-178

БИЁ, БО ХДМСОЛОНАТ ДАРС БИХОН ПРИХОДИТЕ, УЧИТЕСЬ СО СВЕРСТНИКАМИ COME AND STUDY WITH YOUR PEERS

ЧУРАЕВ Х,.А.

номзади илми педагогика (Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй)

Муаллиф дар ин мацола оид ба му%оцират ва масъалщои марбут ба он ибрози андеша намуда, дар зимн дар хусуси тарбияи дурусти фарзандон ва дури цустани ощо аз мактаб муло^изщои цобили таваццу баён доштааст. Нигарони аз он дорад, ки ин гуру%и фарзандон аз назорати мутассили мактаб ва оила дур мондан, ба андешаи дарёфти маблаги муайян афтодан, аз пайи корцои ношоямро% паймудан, цамнишины бо %амсолони густоху кацрафтор ба хулцу атворашон таъсири манфи бар цой хо%ад гузашт.

Калидвожах,о: мактаб, маориф, илм, оила, му%оцират, фарзанд, тарбия, таълим, масъулият, мушкилот, муассисаи таълими, %амкори, цомеа, назорат, робита, %ифзи %уцуц, наврас, та^силот.

В данной статье автор высказал свое мнение о миграции и вопросах, связанных с ней, а в контексте правильного воспитания детей и их удаленности от школы высказал интересные мнения. Он обеспокоен тем, что эта группа детей останется в стороне от постоянного контроля школы и семьи, впадет в идею найти определенную сумму денег, пойдет на плохую работу, общение с шумными сверстниками будет иметь отрицательный эффект.на их поведении.

Ключевые слова: школа, образование, наука, семья, миграция, ребенок, воспитание, образование, ответственность, проблема, образовательное учреждение, сотрудничество, общество, контроль, общение, правоохранительные органы, подросток, образование.

In this article, the author expressed his opinion on migration and issues related to it, and in the context of proper upbringing of children and their distance from school, he expressed interesting opinions. He is concerned that this group of children will remain alooffrom the constant control of school and family, fall into the idea of finding a certain amount of money, go to a bad job, and communicate with noisy peers will have a negative effect. on their behavior.

Keywords: school, education, science, family, migration, child, upbringing, education, responsibility, problem, educational institution, cooperation, society, control, communication, law enforcement, teenager, education.

Ба андешаи Сарвари давлат «му%оциратраванди ногузир ва табиирушди цомеаи цщоны» шинохта шуда, умдатарин «сабаби ин раванщо цщонишавии ицтисодиёт дар мицёси олам мебошад». Дар ин росто Хукумати Точикистон ва Сарвари давлат низ оид ба мухочирати мехнатй дастуру санадхои муфид интишор дода, мувофикатномахои дутарафа байни давлатхои манфиатдор баста шудаанд. Аз рахнамудхои Президент дар ин маврид бармеояд, ки «<%исси ватандусти ва ватанпарвари шахс дар дури аз Ватан» бештар мегарданд.

Ба мухочирати мехнатй ру овардани сокинони чумхурй аз руи зарурат ва вокеияти рузгор буда, барои дарёфти эхтиёчоти зиндагй ва бехбудй бахшидан ба кору сомони худ шахрвандон озими сафар ба ин ё он кишвар мешаванд. Ин хуб аст. Зиндагй ва каму костихои он моро ба он вомедорад, ки ба хама гуна ранчу захмати гарон тоб оварда, бо бозёфтхои ночиз мухити созгору хаёти пурнишотро ба хонаводаи хеш мухайё сохта

бошем. Аммо мурод аз зикри ин нукта чизи дигар аст. Иддае аз хамватанони мо ба мухочирати мехнатй рафта нияти бозгашт ба кошонаи худ намекунанд ва хамзамон волидону ахли байти хешро ба гушаи фаромушй месупоранд ва ё кисмате аз пасандозхои худро ба хонаводаашон намефиристанд. Вокеан ин амал натича ва окибатхои мубхаму печидаеро низ ба дунбол дорад.

Парвариш ва тарбияти мустакими фарзандон мукаддастарин вазифаи падару модарон мебошад. Аз ин дидгох агар ба ахволи фарзандони волидонашон солиёни зиёд дар мухочирати мехнатй карордошта мулохиза фармоем, дармеёбем, ки нобасомониву нохамворихо дар хулку атвори ин тоифа фарзандон рох ёфта, онхоро дар кучаи пурпечутоби мушкилихои рузгор андохтааст. Дар ин замина чандин омилхоеро метавон номбар кард, ки боиси ба вучуд омадани рафтори номутаносиб дар ниходи фарзандон мегардад [4, с. 123]:

- тарбияти фарзандонро ба ашхоси гайр вогузор намудан;

- ба вазъи маишй ва ичтимоии фарзандон эътибор надодан;

- ба мухити носолим шомил гардидани наврасон;

- ба фарогирии дониш таваччух нафармудан ва гурез аз мактаб;

- дар сари кучаву бозор ба муздурй машгул шудан;

- бо максади ба даст овардани даромади ройгон рохи дуздиву горатгариро пешаи худ сохтан ва амсоли инхо.

Тадкикотхои озмоишй ифодагари он аст, ки аз назорати мутассили мактаб ва оила дур мондан, ба андешаи дарёфти маблаги муайян афтодан, аз паи корхои ношоям рох паймудан, хамнишинй бо хамсолони бадгуву качрафтор, бенавой ва камбизоатии аз хад беш наврасонеро, ки бо сабабхои гуногун волидонашон дар хичрат карор дошта, боре хам ёд аз ахли хонаводаи худ намекунанд, боис ба он гардидааст, ки наврасон рафтори мусбати худро аз даст диханд. Ин хама бефаркиву беэътиборй, ки сабабгори он пеш аз хама падарони худхоху фарзандбезор мебошанд, калби ормонпарасти наврасонро шикаста, онхоро дар чахоррахаи яъсу нотавонй мегузорад.

Вокеият он аст, ки мушкилоти ин гуна наврасон беш аз хад буда, дар халли он кас ба душворй мувочех мегардад. Зеро ин гиреххоро наметавон ба осонй кушод. Гунахгор дар ин маврид хамон шахсест, ки ишрати лахзаинаи худро аз арзишхои маънавии инсонй боло мегузорад. Фурсате сар ба зонуи тафаккур наменихад, ки имрузу фардои авлодаш ба чй мазмун чараён мегирад. Бояд дар назди вичдони худ азоб кашад ва рохеро интихоб кунад, ки макбули худ ва атрофиён бошад, на мавриди накухиш ва мазаммати дигарон карор бигирад.

Кайфият ва холати рухии наврасоне, ки муддатхо аз тарбият дар канор мондаанд, нихоят риккатовар ва нигаронкунанда мебошад. Рухияи равонии онхоро бо суханони пучу урён дармон карда намешавад. Масалан, писареро пеши дида оред, ки чахордахсола аст, вале муштоки дидори падар ва боре хам мехри падаронаро эхсос накарда аст ва бо дидагони умедвор ба омадани у интизор аст. Кай ва кадом замон у бо падари хеш вомухурад ва он хама захмхои мархамхохи калбу рухашро даво мебахшад

Ин калонсолонанд, ки кори тарбиятро сахл пиндошта, ба он ахамият надодаанд. Яъне, ин ба он маъност, ки мустакилияти бештаре ба фарзандон такдим дошта, аз окибатхои нохуши он заррае хам фикр накардаанд. Тачзия ва тахлилхои вокей баёнгари он аст, ки озодй ва мухторият додан ба чавонони имрузй на хама вакт ба фоидаи кор мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки бархе аз мактаби инсоншиносй нагузаштаанд, аз нозуктарин меъёрхои ахлокй огахй надоранд ва худ ба тарбияти фарогир ниёзманд хастанд [8, с. 12]. Ин як тарафи масъала аст. Аз дигар тараф чавони навкисаву харис бо пулёбиаш магрур гардида, хатто падару модар ва ахли хонаводаашро ба худ вобаста кардааст. Ба андешаи у, ки ахли хонавода бояд ба гуфтори у гуш андозанд ва дар амалй сохтани хостахояшон монеа эчод накунад. Дар ин холат тасмим ва интихоби у ногузир

ба сари дигарон тахмил мегардад. Ин кабил ашхоси магруру шухратхохба тарбияти фарзандони худ низ бо чиддият муносибат намекунанд.

Назарпурсии пажухишгарон собит сохтааст, ки модарон бо масъулиятмандй ва вазифашиносии хар чи тамомтар дар тарбияти наврасон чахду талоши муассирро ба кор мебаранд. Вале дар ин чода канорагирии падарон дар бобати тарбият бештар эхсос мегардад. Х,амсарони худро масъули тарбияти фарзандон медонанд ва бо бахоначуии бемавкеи худ аз тарбияти авлодашон дур буданро авлотар мехисобанд. Пайравони ин андешаи нописандида дар замони кунунй кам нестанд. Дар ин маврид ба ёд овардани суханони мураббии шинохта В.А.Сухомлинский равост, ки фармудааст: «Агар мо барои тарбияти фарзанд вацт наёбем, пас барои инсон шудан %ам вацт надорем>»9, с. 65].

Вазифаи парваришу тарбияти фарзандонро ба души шахси бегона гузоштан ва бо умед ба он нигаристан аз нотавонй ва очизии волидайн дарак медихад. Парвариши фарзандонро ба дигар кас хавола намуда, рохи мухочиратро интихоб намудани иддае аз хамзамонони мо нишонаи дарк накардани масъулият дар баробари фарзандон ва ояндаи онхо буда, натичае бор меорад, ки як умр онро ислох кардан гайриимкон мегардад. Х,ануз хам дер нашудааст ва онхо метавонанд, ки рахму шафкатро дар калбашон чой дода, фикри ояндаи фарзандон кунанд ва дасти мухаббату садокати худро ба сари фарзандон гузаронад. Х,имоят аз нангу номуси хонаводаи худ карданро дар ниходашон парвариш ва бедор намоянд. Ин ухдадории вичдонй ва инсонии хар яки онхо мебошад.

Вагарна фардо фарзандон хатои онхоро нахоханд бахшид. Фарзандон лутфу иноят ва рохнамоии волидонро хамеша хохон хастанд ва дар бароварда сохтани хостахояшон руи ниёз ба суи онхо меоранд. Наврасон шунидани сухани малех ва рухнавозро аз волидони худ интизор мебошанд. Дар баробари ин падару модарон низ шавкманди онанд, ки фарзандони халиму фурутан ва хушёру фаросатманд ба воя расонанд, ки харгиз ба аъмол ва кирдорхои номуносиб икдом нанамоянд [10, с. 123]. Аммо ба тасаввури кас намегунчад, ки наврасони аз тарбияти волидон дурафтодаро, ки тахти сарнарастй мегирад ва бахрашон рохи дурусту ростро нишон медихад. Ин рахгумзадагон ниёзманди дастгириву гамхории хамешагии хамагон мебошанд.

Аз мактаб дур мондани наврасоне, ки бо сабабхои гуногун машгул ва саргарми коре хастанд, аз чумлаи дардноктарин иллатхои дармонталаби аксарияти муассисахои таълимй гардидааст. Ч,алби пурраи онхо ба мактаб кори сахлу осон хам нест. Дар айни хол дарсгурезй ва ё умуман ба мактаб фаро гирифта нашудани наврасон, ки онхоро ба хеч вачх наметавон ба гурухи хонандагони душвортарбия шомил намуд, ба рохбарият ва тарбиядихандагони мактабхо низ душворихои зиёдеро пеш овардааст. Чунин ба назар мерасад, ки кушиш ва талошхои пайгиронаи маъмурияти мактабхо дар ин чода натичаи дилхох надода истодааст. Чунин шахсони аз мактаб берун монда бо пеш овардани бахонахои фаровон майлу рагбати дарсхонй надоштанашонро бо тарикахои мухталиф изхор менамоянд. Дар ин мархила фахм ва дарк карда тавонистани олами ботинии ин тоифа наврасон ва омилхои ба вучудоии ин пешомадхои нохостаро чустан лозим ва зарур меояд.

Барои мисол наврасеро пеши дида меорем, ки аз паи дарёфти ризки рузй афтода, дар бозори фуруши сабзавот ба аробакашй машгул аст. То модари муштипару фарзандони аз навозишу мархамати падарона махрум мондаашро бо маблаги бо чи кадар азобхои чисмониву равонй пайдокардааш саробонй кунад. Рохи дигаре барои у вучуд надорад. Ухам мехохад, ки дар паси мизи мактабй нишинад ва ба мисли хамдарсонаш аз дарсгуихои маърифатбахши омузгорон гизои маънавй бигирад ва сохиби маълумот ва пешаи муносиб бошад. Ин хама мушкилхое хастанд, ки пешоруи ин кабил наврасон карор дошта, интизори дарёфти роххои халли хеш мебошанд. Дар танхойонхо кодир нестанд, ки ба ин саволхои печидаву мубхами худ чавоби сазоворе

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

дарёбанд. Шебу фарозхои рузгор онхоро дар айёми гулфишони наврасй ба халкаи пурпечутоб афкадааст ва чашми умед ба рохи халосй ёфтан аз ин вартаи мулхикро доранд.

Муносибтарин рохихалли ин мушкилот мустахкам намудани хамкории мактаб бо оила ва ахли чомеа мебошад. Замоне ин иртибот кавитару пойдортар мегардад, ки мухити созанда ва вокейба вучуд оварда шавад. Эчоди ин робита дар холати ба хукми тавокуф даровардан ва хусни тафохум бастан миёни мактаб ва чомеа равнак ва чараён мегирад. Назорати хаматарафаи ин тоифа наврасон ба ихтиёри ин се кувваи мухташам меафтад ва бо пайдо кардани равишхои муносиб имконият даст медихад, ки барои рафъи нуксонхову нохамворихо мувофиктарин амале ба анчом расонида шавад.

Ташкил ва баргузор намудани сухбатхои инфиродй бо наврасони аз мактаб гурезон аз шоистатарин равиш бахисоб меравад, ки дар ин замина метавон аз сухан хамчун василаи умдатарини таълиму тарбия суд бардошт. Махз бо суханони муассиру барангезанда аклу хушу таваччухи наврасонро ба парваришу омузиш гарм сохта, эътимоду эътикоди боарзишро дар хулку атвори онхо чой додан имконпазир мегардад. Гузаронидани сухбатхои ахлокй, ки тавассути омузгорон ва афроди рузгордидаву бомаърифат чомаи амал мепушад, мухтаво ва мундаричаи таълими маънавии ин кабил наврасонро таъин ва таъйид мекунад. Муваффакона корбаст намудани ин равиш боис ба он мешавад, ки дар рафтору кирдор ва пиндори онхо дигаргунй шомил гардида, ба худтакмилдихии наврасон заминаи мувофик фарохам меорад. Мавзуъхои ахлокй мушаххас, таъсиргузор ва мохияти тарбиятй дошта бошад, то ки ба гановати маънавии наврасон накши амик бар чой гузошта тавонад, аз дигар тараф, низоми ба рох мондани сухбатхои ахлокй, ки дар шакли фардй бештар сурат мегирад,бояд тахти назорати шахсони масъул карор дода шуда, огохона аз натоичи он дар мавриди халли мушкилот ба маърази тахлил ва баррасй кашида шавад [12, с. 108].

Х,амон тавре ки дар боло ишора рафт, ин гурухи наврасонро дар радифи хонандагони душвортарбия ва густохрафтор карор додан номумкин аст. Барои он ки ин тоифа фарзандон бо айби волидайн, ба хусус падарони хеш ва бо мучиби ба такдирашон пайвастани кисмати номакбул, ки тавлидкунандаи ин казия дар хаёташон гардидааст, онхоро ногузир аз мактабхонй махрум сохтааст. Аз он боис, ки онхо ин рохро аз руи хавас ва назарфиребй интихоб накардаанд. Ба тасаввури онхо низ гурез аз мактаб ва ба шугле побанд будан факат ичроиши амри зарурат асту халос. Х,амон замон, ки ниёзхои моддии худро ба эътидол оварда тавонанд, пасон имкони идомаи тахсилро пайдо мекунанд. Аз ин ру, ба вучуд овардани фазои солим ва мухити созгор вазифаи аввалини хар як фарди чомеаи мост, ки бояд мо онро ба хар арзише набошад, бахри ояндаи дурахшони фарзандон мухайё намоем.

Ба чахони ботинии ин кабил ашхос ошной пайдо намудан, аз чихати аклониву рухонй омухтан, ба рохи дурусту мустаким хидоят намудан ва ба хаёти мактаб ворид шудани онхо мусоидат кардан аз чумлаи масъулиятхоест, ки хеч касро бояд бетараф нагузорад. Бехтарин тадбир он аст, ки хислат ва сифатхои вежаи ин наврасон дар алохидагй омухта шавад ва дар раванди тарбият мушаххасии тафаккур ва холати рухии онон ба инобат гирифта шуда, ба кумаки моддй ва маънавии онхо камари химмат гуморидан вазифаи дастчамъонаи ахли чомеа аст.

Вобастаи ин матлаб бояд афзуд, ки дар кори тарбияти наврасон дахолати кормандони хифзи хукук низ мухим арзёбй мегардад. Зеро онхо химоятгари вокеии хукукхои шахрвандии хар як наврас махсуб меёбанд. Х,амин нуктаро бо таъкид бояд илова дошт, ки аз чониби кормандони хифзи хукук ба хеч сурат усули танбех ва тарсонидан ба кор гирифта нашавад. Корбурди ин шева эхсоси норохатй ва нигаронкунандаро дар ниходи наврасон такон медихад ва аз дигар су, хисси интикомчуиро дар вучудашон бедор мекунад, ки фарчоми он боиси изтироб мегардад.

Ба махкамаи ислохотй кашидан ва ё танбехи баданй додани наврасони мактабгурез рохихалли мушкилот буда наметавонад. Балки рохеро бояд чуст, ки дар казоват ва шинохти ин казия моро рохнамой кунад ва бозгукунандаи халлу фасли мушкилоти ба амал омада бошад. Шоистатар он аст, ки бо фахмондадихй ва доир намудани нишастхои маърифатй бо онхо муносибат намуда, дар рохи ба дурусткориву созандагйхидоят намудани наврасон кори шоёни тахсинро анчом додан судбахш хохад буд.

Ин навиштахо тааллукба он ашхосе дорад, ки аз ноилочй ба фаъолияти сангини мехнатй пардохта, аз мактабравй муваккатан бозмондаанд. Вале дар ин катор боз ба онхое вомехурем, ки даст ба корхои зишту ношоям, яъне ба дуздиву горатгарй зада, ба тадрич ин рафтори онон ба хукми одат даромадааст. Бо ин гурух аз наврасон фаъолияти тарбиятй бурдан хеле душвортар аст. Ба хар гуна аъмоли нописандида рагбат пайдо кардани онхо омилхои гуногунеро дар пай дорад, ки метавон ин падидахоро ба тарзи зайл таксимбандй намуд:

- аз назорати пурраи волидон ва атрофиён дар канор мондан;

- хамнишинй бо ашхоси содиркунандаи гунох;

- аз тарафи мактаб суст ба рох мондани корхои тарбиявй;

- ба мустакилияти густурдаи онхо мусоидат намудани волидон;

сахлангорй ва беэътибории кормандони хифзи хукук ва гайра [12, с. 105].

Муваффактарин макон барои камолёбии наврасон аз чихати тарбиятй мактаб

мебошад. Ру ба тахсилоти фарогир овардан, омухтану андухтан, дар рухияи худогохиву худшиносй парвариш ёфтан ва дуст доштану эхтиром гузоридан ба мукаддасоту арзишхои миллй махз дар ин макони маърифат такмил ва таквият дода мешавад. Ба ин хотир наврасонеро, ки дурй аз мактаб чустаанд, ба суи бахрабардорй аз камолоти маънавй ва чойгохи тарбиятдихандагону тарбиятгирандагони насли солими чомеа даъват менамоем. Итминон ба он дорем, ки чалб намудани наврасон ба мактаб аз асоситарин масъулияти ахли чомеа ба шумор рафта, дар ин чода накши босазо гузоштанро аз хар шахс такозо мекунад. Пас мебояд, ки хамагон дар ин самт кушо бошем, то наврасон ба боргохи илму дониш чалб шавванд, бо хамсолону хамсабакони худ дарс бихонанд, сабак омузанд ва тинаташонро бо нури маърифат пероста бидоранд.

Бо натичагирй аз мулохизаронихои зикрёфта, ки ба пахлухои мухталифи тарбияти наврасони аз мактаб дар канор монда бахшида шудаанд, наметавон бо ин масъалаи хануз ба пуррагй омухтанашуда нуктаи охирин гузошт. Ин мавзуъ аз мураккабтарин мавзуъхои тарбиятй дар сохаи мактабу маориф ба шумор рафта, аз мухаккикони илми тарбият бурдани тадкикотхои густурдаи илмй ва дар баробари он муайян намудани рохи халли мушкилот ва нишон додани воситахои дакики пешгирии ин амали номатлубро интизор аст, ки бозёфти озмоишхои баъдй ифодагари ин матлаб хохад буд.

АДАБИЁТ

1. Атахонов Т. Лутфуллоев М. Шарифов Ф. Очеркхои афкори педагогй ( васоити таьлим). Душанбе, 2005. 224 с.

2. Афзалов Х. Эъморгари фарханг. Душанбе: «Адиб», 2005. 245 с.

3. Афзалов Х. Рахимов Б. Таърихи педагогикаи халки точик. Душанбе,2002. 168 с.

4. Виготский Л. С. Воображение и творчество в детском возрасте. Москва: «Педагогика», 1967. 265 с.

5. ^одиров Таърихи афкори педагогии халки точик, Душанбе, 1990. - 288 с.

6. Лутфуллоев М. Мактаб дар рохи бозсозй, Душанбе, 1990. - 298 с.

7. Лутфуллоев М. Педагогикаи шафкат. Душанбе, 1994. 325 с.

8. Лутфуллоев М. Эхёи педагогикаи Ачам. Душанбе,1997. 244 с.

9. Макаренко А.С. Маърузахо оид ба тарбияи бачагон.Душанбе: «Маориф»,1980.167 с.

10. Пахлавонов А. Афкори педагогии халки точик дар асрхои 16-17. Душанбе,1994.322 с.

11. 11.Фитрат А. Оила ё худ вазоифи оиладорй. Душанбе: «Ирфон», 2007. 388 с.

12. 12.Шакурй М. Инсонгароии омузиш ва забони миллй. Душанбе: «Пайванд», 2002. 285 с.

13. 13.Шарифзода Ф., Афгонов М. какими маърифат. Душанбе: «Ирфон», 2009. 244 с.

14. 14.Табаров С. Ч,ахони андешахои Абдуррауфи Фитрат. Душанбе: «Дониш», 2008. 262 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.