Научная статья на тему 'ҶАНБАҲОИ АХЛОҚИИ НАВРАСОН ДАР АСОСИ КОНСЕПСИСИЯ НИЗОМИ НАВИ ТАҲСИЛОТ'

ҶАНБАҲОИ АХЛОҚИИ НАВРАСОН ДАР АСОСИ КОНСЕПСИСИЯ НИЗОМИ НАВИ ТАҲСИЛОТ Текст научной статьи по специальности «Гуманитарные науки»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
мактаб / маориф / љомеа / ҷанба / ахлоқ / наврасон / консепсисия / низоми нави таҳсилот / ањамият / дарс / тарбия / таълим / инкишоф / масъала / илму дониш / фарњанг.

Аннотация научной статьи по Гуманитарные науки, автор научной работы — Тағоев Салим

Дар маќолаи мазкур сухан перомуни ҷанбаҳои ахлоқии наврасон дар асоси консепсисия низоми нави таҳсилот меравад. Бояд ишора дошт, ки ташаккул ва инкишоф додани шахсияти нав, ки њамсафару њамрадифи замон бошад, дар шароити кунунї аз муњимтарин масоили тарбиятї ва маърифатї ба шумор меравад. Зеро дар ин замон, ки муносибатњои байналмилалї рў ба рушд намуда, дар пешрафти соњаи илму маориф бояд њар як нафаре аз мо мавќеи амиќи худро гузорем. Афзалияти илму донишро ба тамоми љомеа гўшзад намоем ва аз рўйи фазилат аз донишњои љадиди муосир бархурдор бошем ва дар даст ёфтан ба он љидду љањди муассирро рањандозї кунем. Мавзўи мазкур яке аз мавзуъњои калидї ва муњим мебошад. Масоили марбута дар замони муосир яке аз муаммоњои соња буда, рўз то рўз дар рушду такомул аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ҶАНБАҲОИ АХЛОҚИИ НАВРАСОН ДАР АСОСИ КОНСЕПСИСИЯ НИЗОМИ НАВИ ТАҲСИЛОТ»

DOI 10.24412/2709-1201-2024-82-87

чАНБА^ОИ ахлоции наврасон дар асоси

КОНСЕПСИСИЯ НИЗОМИ НАВИ ТА^СИЛОТ

НРАВСТВЕННЫЕ АСПЕКТЫ ПОДРОСТКОВ КОНЦЕПЦИЯ НОВОЙ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ

MORAL ASPECTS OF ADOLESCENTS CONCEPT OF A NEW EDUCATION SYSTEM

ТАгОЕВ САЛИМ

Устоди кафедраи забон ва адабиёти факултети педагогика (Донишгох,и давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй)

Дар мацолаи мазкур сухан перомуни цанбщои ахлощии наврасон дар асоси консепсисия низоми нави тщсилот меравад. Бояд ишора дошт, ки ташаккул ва инкишоф додани шахсияти нав, ки хамсафару хамрадифи замон бошад, дар шароити кунунй аз мухимтарин масоили тарбиятй ва маърифатй ба шумор меравад. Зеро дар ин замон, ки муносибатхои байналмилалй ру ба рушд намуда, дар пешрафти сохаи илму маориф бояд хар як нафаре аз мо мавцеи амици худро гузорем. Афзалияти илму донишро ба тамоми чомеа гушзад намоем ва аз руйи фазилат аз донишхои чадиди муосир бархурдор бошем ва дар даст ёфтан ба он чидду чахди муассирро рахандозй кунем. Мавзуи мазкур яке аз мавзуъхои калидй ва мухим мебошад. Масоили марбута дар замони муосир яке аз муаммохои соха буда, руз то руз дар рушду такомул аст.

Калидвожахо: мактаб, маориф, чомеа, цанба, ахлоц, наврасон, консепсисия, низоми нави тщсилот, ахамият, дарс, тарбия, таълим, инкишоф, масъала, илму дониш, фарханг._

В данной статье речь идет о моральных аспектах подростков на основе концепции новой системы образования. Следует отметить, что формирование и развитие новой личности, являющейся спутником времени, является одной из важнейших воспитательно-воспитательных задач в современных условиях. Потому что в это время, когда развиваются международные отношения, каждый из нас должен занять глубокую позицию в прогрессе сферы науки и образования. Давайте разделим важность науки и знаний для всего общества, будем наслаждаться новыми современными знаниями как добродетелью и приложим эффективные усилия для их получения. Данная тема является одной из ключевых и важных тем. Связанные с этим вопросы являются одной из проблем отрасли в наше время, и она развивается и совершенствуется с каждым днем.

Ключевые слова: школа, образование, общество, аспект, мораль, подростки, концепция, новая система образования, значение, урок, обучение, воспитание, развитие, проблема, наука и знание, культура.

This article deals with the moral aspects of adolescents based on the concept of a new education system. It should be noted that the formation and development of a new personality, which is a companion of time, is one of the most important educational tasks in modern conditions. Because at this time, when international relations are developing, each of us must take a deep position in the progress of science and education. Let us share the importance of science and knowledge for the whole society, enjoy new modern knowledge as a virtue and make effective efforts to acquire it. This topic is one of the key and important topics. Related issues are one of the problems of the industry nowadays, and it is developing and improving every day.

Keywords: school, education, society, aspect, morality, adolescents, concept, new education system, meaning, lesson, training, education, development, problem, science and knowledge, culture.

Дар тахаввул ва ташаккул бахшидан ба сифатхои ахлокии наврасон омухтан ва омузонидани афкори гановатманди суханварони пешин накши амик ва муассир дорад. Зеро ба андешаи Сарвари давлат «таъсири ахлок монанди акду фаросати инсонй хадду ххудуд надорад. Агар кас ба умеди манфиат ва хохишхои шахсй нашуда, худро тобеи конун гардонда тавонад, сарчашмаи хакикат ва сармояи ахлокро ба даст меоварад» ва аз ин чост, ки «факат шахсият кодир аст ба ташаккул ва пешрафти шахсияти дигар таъсир расонад. Факат мухити одоб метавонад фазои ахлокии чомеаро солим, мукаммал ва устувор гардонад» [15, с. 156].

Метавон афзуд, ки дар ин замина дарси адабиётро тарике бояд пешниход сохт, ки дар ниходи толибилмон хисси фахму дарк намудан ва ба кор гирифтани судмандтарин рохнамудхои чолиби омухтан маком гузорад. Даст ёфтан ба ин максад аз омузгорони ин фан захматхои фаровонро барои гузаронидани машгулиятхои амаливу назарй такозо мекунад.

Омилхое дар ин рох пешоруи омузгорон вучуд доранд, ки онхоро метавон танхо бо рохи садокату мухаббат ба касби хеш бартараф намуд. Ин кабл аз хама ба усулу шевахои дасгузарии онхо иртибот дорад. Таъсири сухан, шевоии баён, таваччухи ахли синфро ба суйи худ кашидан, хангоми тахлилу баррасии мавзуъ аз рузгори вокей мисолу далел овардан, амикии фикр ва амсоли ин кушишот василахоест, ки омузгор дар рохи мустакими парвариши шогирдон кадами устуворе бардошта бошад.

Мусалламан таълимгох ягона маркази парвариши донишу маърифат ва хулку атвори писандидаи инсон ба шумор меравад. Аз ин дидгох омузгорон хам доманаи фаъолиятро густурдатар ва пурмасъулияттар дар чодаи парваришу омузиш нихода, дар ин раванд андухтахои фикрию маънавии хешро дар тарбияти шогирдон арзонй фармоянд, то расидан ба ормону хадафхои тасмимгирифтаи хеш муваффакона ноил гарданд.

Пажухишхо нишон медиханд, ки хазм ва хифз намудани маводи таълимй дар шароити кунунй аз тарафи шогирдон посухгуи талабот нест. Аён аст, ки шогирдон дар фахму дарки каломи мавзун ва суханони хикматбор жарфтар андеша намеронанд. Дар пайи чуяндагиву бахрабардории мутассил касди шохисе руйи кор намегиранд. Ин хама нуксонхову норасоихо дар бештари макотиби манотики чумхурй ба назар бармехурад, ки бахри пешгирй намудан аз ин омилхои номатлуб чанд нуктаи мухим ва мавриди ниёзро метавон ба тарики пешниходот ба омузгорони фаннй, ба вижа ба омузгорони риштаи забон ва адабиёти точик тавсия доштан ба манфиати кор хохад буд.

Дифз ва ба хотир супурдани мавзуи мавриди омузиш аз мухимтарин вазифахоест, ки шогирд ба орияти худ гирифтааст. Дар зимн шогирд набояд побанди шугли нолозим гардад ва хешро саргарми корхои гайр сохта, аз омухтану фаро гирифтани маводи таълимй гофил монад. Аз суи дигар ба дакикй ва сихатии матн таваччухи хоса дихад, ки риоя намудани ин самт ба орй аз нуксу хатой аз ёд кардани матн ёрй мерасонад. Омузгор дар ислох намудани хатоихое, ки аз чониби хонандагон сар мезанад, худро бояд масъул хисобад.

Махсусан, дар мутолиаи осори классикон шогирдон ба вожаву истилохоте бармехуранд, ки барои онхо номафхуму ноошно мебошанд. Аз ин вачх, омузгор бояд дар кушода додани лугатхои душвору мураккаб бо истифода аз лугатномахои мухталиф ба шогирдон ёрмандии хешро дарег надорад. Дар баробари ин шогирдон низ он хама калимаву иборахои шарху тавзехёфтаро дар дафтари лугат ёддошт ва хифз намуда, дар мавриди зарурат бо камоли сухансанчй ва нуктафахмй аз он вожахо суд бардорад.

Таъкид бояд дошт, ки бештари омузгорони фаннй аз фархангу лугатномахо ба кадри имкон фоида намегиранд. Аз ин чост, ки шогирдон дар шарху эзох додани соддатарин калимаву таъбирхо очизй мекашанд. Чунин ба мушохида мерасад, ки

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

лугатомузии шогирдон сатхй чараён дошта, дар ин чода омузгорон низ бемасъулиятй нишон медиханд. На хамаи хонандагон дафтари лугат доранд. Сарсарй аз ёд кардани матн ё порчахои шеърй ва ба мухтавои он сарфахм нарафтан шаходат аз он медихад, ки махсули захмати омузгор аз назарфиребии худу шогирдон чизи дигаре беш нест. Бо ин ахволу авзоъ кай метавон аз хонандаи имрузй фарди андешапарвару доништалабро умедвор шуд. Омузгор вазифадор аст, ки дар сурати зарурат дар тафсиру тавзехи ин ё он матни таълимй ва ифшои мазмуни калимахои маънихох лугатномаи дастрасро ба кор гирифта, мавзуи ниёзи матлабро пахновартару комилтар ба арзи донишчуён расонад.

Дар идомаи ин андеша бояд афзуд, ки хар як омузгор дар масоили тарбиятй, ки дар матн дарч ёфтааст, нукоти баргузидаро ба хулку атвори шогирд таъсири судманд расониданро дар назар дошта бошад. Зеро ки сарчашмаи такомулёбии сифатхои ахлокии шогирдон аз фахму дарки мавзуъ ва дар ниходи худ парвариш додани писандидатарин фазилатхои инсонй пайванди ногусастанй пайдо мекунад.

Добили тазаккур аст, ки дар дарсхои адабиёти точик максади тарбиятии маводи таълимиро таъкид намудан ва матнро бо тамоми пахлухояш мавриди тахлилу тавзехот карор додан мухимтарин хадафи тадрис мебошад. Омузгор аснои баёни мавзуъ ба чихатхои ахлокии он таваккуф фармуда, фикру зикр ва саъю кушиши наврасро дар баробари ба худ парваридани арзишхои волои инсонй рахнамой мекунад. Ба ин васила ба кобилияти дарккунй ва инкишофёбии тафаккури хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Боиси кайд кардан аст, ки тарбияи маънавй дар наврасон ин раванди сахлу осон набуда, аз хар омузгор малакаву махорати кофиро талаб менамояд, то дар ниходи шогирдон ташаккул додани хулку одоби некро дуруст ва максаднок ба рох монад.

Дар ин чода тарики нутк ва шеваи баёни омузгор мухим аст. Албатта, нутки равон ва санъати баёне, ки омузгор дар ихтиёр дорад, бо донишхои илмиву назариявй ва мукаммал мусаллах бошад. Дар хамон сурат натичаи чолиб ба даст меояд, ки омузгор дорои маърифати баланд ва донандаи хуби фанни хеш бошад.

Вале бояд арза дошт, ки на хамаи омузгорони фаннй ин хунарро сохиб хастанд ва тарзи дарсгузариашон низ конеъкунанда нест. Дарсхояшон аксаран сатхй чараён гирифта, вакти чудошударо бехудаву бесамар сарф мекунанд. Барои рафъи ин камбудй метавон тавсия дод, ки назди шуъбахои маорифи навохии чумхурй курсхои кутохмуддати бозомузй ташкил намуда, чалби омузгорони камтачрибаву чавонро таъмин кардан ва тахти назорати чиддй гирифтан аз манфиат холй нахохад буд.

Вобаста ба ин мавзуъ бо таассуф бояд бигуем, ки мутолиаи осори бадей аз чониби шогирдон ба андозае кохиш ёфтааст. Дар киёс бо солхои пешин шогирдони замони муосир бо нигохи содиконаву муштокона ба китоб мурочиат намефармоянд ва дар чустучуву ковишхои арзишхои адабиву фархангй азму чазми кофй нишон намедиханд. Зикри ин нукта мухим аст, ки ба мучиби аз даст ба даст интикол ёфтан ва аз беназоративу бемасъулиятии китобдорони мактабхо кисмате аз китобхои бадей нобуд шудаанд ва ё чувздонхои китобхои афроди алохидаро зинат мебахшанд. Донишчу хам дар пайдо намудани ин ё он китоби дилхохаш ба мушкилй мувочех мегардад. Ин мушкилотро мо худ бо дастони худ эчод кардаем ва бо ин хидмати нохоста ба наслхои имрузинаву баъдина захмати зиёдеро эхдо намудаем. Ин як тарафи масъала хаст. Тарафи дигари масъала дарёфти решахои кохишёбии раванди китобхонии шогирдон ба шумор меравад. Дар ин чода кадами аввалин он аст, ки завки китобхонии шогирдонро бедор созем ва мехри дуст доштани китобро дар тинаташон парвариш намоем. Барои ин касдро ба руйи кор гирифтан, кабл аз хама моро лозим аст, ки дар чараёни дарс ва берун аз он ба тарики густурда аз адабиёти мавчудаи дархури ниёзи шогирдон буда истифода барем ва онхоро дар рохи чустану мавриди мутолиа карор додани хар як асари арзишнок рохбалад бошем.

Мусалламан майлу рагбат ба китобхонй дар тафаккури шогирдон худ ба худ тавлид намеёбад. Асосан вазифаи омузгор аст, ки ин масъулиятро ба души худ бигирад ва дар ин замина ба тадрич корхои фахмондадихй ва шавкмандкуниро пайгирй намояд

ва дар цалби шогирдони хеш оташаки мухаббатро нисбат ба китоб фурузон кунад. Пайдост, ки ин хадаф ба осонй ба даст намеояд. Метавон бо таъсири сухан, ифшои маънихои бикр, тахлилу мухокимаи асари пурарзиш ва ба мисол овардани хикоёти начиб аз рузгори бузургони пешин, ба хусус дар мавриди омузиш ва бузургдошти китоб ба дили насли наврас тухми мухаббатро пошид. Бехуда андешамандон таъкид надоштаанд, ки сухан омили тавонои тарбия аст. Симои маънавии шогирдро танхо бо либоси сухан метавон пероста дошт.

Ин чо ба ицтибос овардани суханони хакимонаи педагоги машхур В.А.Сухомлинскийро айни матлаб медонем: «Хайати омузгорони мо вазифаи хеле мухими худ мешуморанд, ки хар хонанда дар дунёи китобхо зиндагй бикунад ва сухан дар замири у цахрамониву улвиятро бедор бикунад. Хануз дар айёми бачагй ба дили хар инсон бояд сухане воридшавад, ки дар хотираиабадиихалц махфуз аст» [9, с. 88].

Ба чахони маънавии шогирдон ворид шудан, ба китобхонй чалб намудан, аз ёд кунонидани порахои пурмухтавои шеърй ва матнхои андарзомез, ба лутатомузиашон таваччухи махсус додан аз чумлаи вазифахоест, ки омузгори фанни забон ва адабиёт ба ухда дорад. Дар ичроиши ин масъулият омузгор бояд худ намуна бошад.

Албатта, бо цироати таъсирбахшоии матн, содаву фахмо баён доштани мавзуъ, аз фанни худ огохии комил доштан, шеваи мафтункунандаи хунари касбиро сохиб будан ва ба пургуиву жожхой напардохтан омилхое буда метавонанд, ки ба доништалаб таъсири мусбат гузорида, онхоро ба кунчковию илмомузй саргарм кунад. Возехан тарици ташаккулёбии ин максад ба андозае мураккаб аст ва дар ин рох ниёзмандихои шогирдонро ба инобат гирифтан ва имконияти фарох ба омузгорон мухайё сохтан барои мушарраф гардидан ба падидахои пазируфтанй мусоидат менамояд.

Ба назари инчониб ба хотири дар равиши китобхониву нуктафахмии шогирдон самари шоён ба даст овардан тахлил ва ташкил намудани чорабинихои мактабй, ба вижа озмуне тахти унвони «Сермутолиататарин толибилм» [13, с. 78] ва доир сохтани чаласаи саволу чавоб перомуни ин ё он офаридахои бадей судмандтар ва натичадех хохад буд. Бехтаринхоро бо ифтихорномахову тухфахои хотиравй цадр намудан аз чониби маъмурият бидуни тардид дар парвариши маърифатии шогирдон мадади кофй мерасонад.

Кохишёбй ва паст рафтани сатхи донишазхудкунии хонандагон имруз касро ба жарфтар андеша намудан водор менамояд. Сари ин масъалаи печида чорае начустан нишонаи бефархангист. Аз ин лихоз, омузгорро зарур аст, ки дар ифшо сохтани ноцисиву норасоихои ин раванд ба цадри имкон кушиш ба харч дихад. Ба рох андохтани чандин омил метавонад, ки дар ин замина шароити мусоид фарохам орад. Нахуст бояд, ки мухаббати шогирдонро ба омузиши ин ё он фан бедор кунад ва уро дар чустучуву ковишхои дунёи илм рохнамо бошад. Дуввум, бо хар як донишчу сухбатхои инфиродй баргузор созад, хусусиятхои ацлониву рухонии уро бо тамоми чузъиёташ омузад. Пасон хунару истеъдоди касбии хешро дар омухтану омузонидани фанни таълимй ба шогирдон бо шевотарин суханон эхдо намояд.

Аз пайтамбари гиромии ислом хазрати Мухаммад (дуруд бар у ва ахли байташ) хадисе ба ёдгор омада, ки фармудааст: «Муаллим ва омузгор бошед ва дарси шумо замзамаи мухаббат бошад, дар таълими хеш душвор ва сахтгир набошед ва масъалаи таълимро бар мардум нохамвор насозед, зеро муаллим ва омузгоре, ки ба андозаи мухаббат таълиммедихад, аз инсони душвор ва сахтгир баарзиштар аст» [2, c. 128].

Бошад ки хар як устоди масъулиятшинос аз ин хадиси пурхикмат сабаци рузгор бардошта ва онро дар фаъолияти харрузаи омузгорияш ба мисоли сармашц корбаст намояд.

Боиси афзудан аст, ки ояндаи сохаи мактабу маориф дурахшон аст. Рисолати омузгор дар рушду нумуи тахсилоти мукаммали насли башар содицона пайкор намудан ва дар рухияи худогохиву худшиносй тарбият кардани ахли чомеа низ аз царзи вичдонии уст. Дар зимн вазифаи устод хаст, ки аз рахнамудхои бузургони дирузу имруз

ва дастовардхои бесобикаи илми муосир дар фарогирии тахсилоти шогирдон ба таври густурдаву фарох судхо бардорад.

Вокеан хам фоида бардоштан аз афкори панду ахлокй ва насихатбори нодирамардони илму адаб, ки дар осорашон таргиб доштаанд, меъёрхоеро мемонанд, ки тавассути он суханони андарзомез такомулоти инсонро метавон андоза намуд. Аз ин вачх хар як омузгорро лозим меояд, ки дар огозу анчоми чараёни хар дарси хеш дар талкину ташвики акидахои тарбиятии андешамандон сахми амик ва боризеро бар чой гузорад. Аз чониби дигар, муаллим ухдадор аст, ки бо махорату истеъдоди касбии худ дар чихати тарбияти ахлокии наврасон аз дари лутфу дилбастагй ворид шуда, кушишу талоши хешро дар чилавгирй намудан аз рафтори зишту кирдори носутуда равона кунад.

Гароиш ба илму дониш нерумандтарин падидаест, ки дар калби чуяндагони илм ба чунбиш меояд ва онро дар ин рох вомедорад, ки бахри даст ёфтан аз сармояхои пурарзиши илму маърифат кувваи зехнии худро расотар ба кор андозанд. Дар тарбияти ин завки сазовор хиссаи омузгор бесобика аст. Ба хамон шарт, ки омузгор дар ин чода бо тамоми хастиаш захмат кашад. Барои таквияти ин андеша овардани суханони варзидатарин олими эронй дуктур Саидмухаммадбокир Дуччатиро ба маврид медонем: «Бояд гуфт, ки бе тардид шогирд волотарину бехтарин бародар ва балки арчмандтарин фарзанди муаллим аст. Зеро илму дониш асос ва омили ба хам расидани як навъ кариб ба хешовандиирухй ва маънавй аст, ки муаллим ва шогирдро бо хам марбут месозад ва чунин пайвандй аз хар гуна пайвандй ва хешовандии чисмонй ва хунй волотар ва шукухмандтармебошад» [11, с. 145].

Аз ин чост, ки омузгор ба сифати пошандаи тухми маърифат дар хаёти чомеа бояд тамоми неруи аклонии худро дар рохи таквият бахшидан ба кобилияти зехнии шогирдон бо дилбастагии пуркориву пухтакорй равона созад. Аз ин нуктаи назар омузгори вокей бояд дар сурати зарурат хамаи андухтахои фикрии худро дар шеваи адои вазифаи омузиш ва парвариши мустакими толибилмон курбонй кунад. Дар ин раванд хадафи холисонаву пазируфтаниро бо хамкасбони хеш ташвику талкин намуданро ба худ мояи ифтихор донад. Зеро сабак андухтан, аз тачрибаи хамдигар бархурдор будан ва дар зимн дар фаъолияти корй истифода бурдан нишонаи камолёбй ва зухуроти кобили кабул аст.

Дар фазилати илм сухангуёни нуктасанч фикру андешахои чолибро иброз доштаанд. Бидуни вачх акидаи «Нури акл дониш аст» имруз хам макоми азалии худро аз даст надодааст ва ё маколи машхури «Илм дар хурдй - накш бар санг» ва ба амсоли ин пандхои судбахшро ба шогирдон бо иртибот бо мисолхои возеху рушан ёдрас намудан боровартар ва боарзиштар хохад буд. Мусалламан илми дар айёми наврасй гирифта то охири умр дар хофизаи инсон накш ёфта ва кас дар мавриди эхтиёч аз он донишхои махфуздоштаи хеш корбаст мекунад. Аз ин лихоз омузгорро лозим меояд, ки хифз намудани маводи омузиширо аз суи шогирдон ба эътибори махсус гирад. Зеро хирад ва дониш зинати шахс буда, уро ба рохи росту дуруст рахсипор мекунад ва хар он фарде, ки дорои акли расост, набояд бахри ба даст овардани илму дониш ба кохиливу нотавонй мувочех шавад. Аз он вачх, ки инсони сохибилму бофарханг дар чомеа муътабару мухтарам ва дар халкаи хамнавъони худ аз саршортарин эхтиром бархурдор аст. Дамчунон ки ин маънй дар мисраъхои маъруфи Носири Хисрав чунин каламдод шудааст:

Илму хикматро талаб кун, гар тараб чуи хаме,

То ба шохи илму хикмат пуртараб ёбй рутаб.

Асоситарин шарти дигар ба болоравии тафаккури эчодии шогирдон мухити мувофик фарохам овардан аст. Пайдокарди шароит имконият медихад, ки чуяндагони илм ба фаро гирифтани дониш часуронатар кадам бардоранд. Албатта дар ин росто кушишу гайрати шогирдон зарур аст. Возехан бо форигболиву кохилй наметавон ганчи максуд ба даст овард. Балки пайваста дар чустучуи донишхои тоза ба тоза домани химмат ба камар бояд баст. Ба кавли муаллими ахлок Шайх Саъдии Шерозй «То дона

парешон накунй, хирман барнагирй». Месазад, ки ин панди воло сармашци фаъолияти хамарузаи хар як нафаре аз мо бошад. Зеро камоли шахсияти хар фарди хушманду бедор аз хираду заковати пурбори хар кас вобаста мебошад. Аз ин руст, ки мутолиаи беш аз беш дар зехни кас асари амиц бар чой гузошта, дар такмил ёфтани махорати эчодии у замимаи пурарзиши фикриро изофа менамояд.

Ташаккул додани шахсияти нав, ки хамсафару хамрадифи замон бошад, дар шароити кунунй аз мухимтарин масоили тарбиятй ва маърифатй ба хисоб меравад. Зеро дар ин замон, ки муносибатхои байналмилалй ру ба рушд намуда, дар пешрафти сохаи илму маориф бояд хар як нафаре аз мо нацши амици худро гузорем. Афзалияти илму донишро ба ахли чомеа гушзад намоем ва аз руйи фазилат аз донишхои чадиди муосир бархурдор бошем ва дар даст ёфтан ба он чидду чахди муассирро рахандозй кунем. Бошад, ки фарзанди мо низ дар бозгу намудани масоили мухталифи чахонй дастдарозй намоянд.

АДАБИЁТ

1. Атахонов Т. Лутфуллоев М. Шарифов Ф. Очеркхои афкори педагогй ( васоити таьлим). Душанбе, 2005. 224 с.

2. Афзалов Х. Эъморгари фарханг. Душанбе: «Адиб», 2005. 245 с.

3. Афзалов Х. Рахимов Б. Таърихи педагогикаи халци точик. Душанбе,2002. 168 с.

4. Виготский Л. С. Воображение и творчество в детском возрасте. Москва: «Педагогика», 1967. 265 с.

5. Крдиров Таърихи афкори педагогии халци точик, Душанбе, 1990. - 288 с.

6. Лутфуллоев М. Мактаб дар рохи бозсозй, Душанбе, 1990. - 298 с.

7. Лутфуллоев М. Педагогикаи шафцат. Душанбе, 1994. 325 с.

8. Лутфуллоев М. Эхёи педагогикаи Ачам. Душанбе,1997. 244 с.

9. Макаренко А.С. Маърузахо оид ба тарбияи бачагон. Душанбе: «Маориф», 1980. 167 с.

10. Пахлавонов А. Афкори педагогии халци точик дар асрхои 16-17. Душанбе, 1994. 322 с.

11. Фитрат А. Оила ё худ вазоифи оиладорй. Душанбе: «Ирфон», 2007. 388 с.

12. Шакурй М. Инсонгароии омузиш ва забони миллй. Душанбе: «Пайванд», 2002. 285 с.

13. Шарифзода Ф., Афтонов М. Хакими маърифат. Душанбе: «Ирфон», 2009. 244 с.

14. Табаров С. Чдхони андешахои Абдуррауфи Фитрат. Душанбе: «Дониш», 2008. 262 с.

15. Рахмон Э. Бозсозии низоми сохаи маориф - тацозои замон. Суханронй дар маросими чашни 10-солагии рузи таъсисёбии Донишгохи славянии Точикистону Русия, 25-сентябри соли 2006.- Дар китоби: Истицлолияти Точикистон ва эхёи миллат.Ч,илди 7.-Душанбе: «Ирфон», 2007. - 285 c.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.