Саидова Г. А. - аспирант Таджикского национального университета, e-mail: [email protected]
Information about the authors: Mirboboev Validzhon Dadokhonovich - candidate of pedagogical sciences, Tajik State Pedagogical University after Sadriddin Aini Saidova G. A. - graduate-student of the Tajik National University
ОИЛА - ОИНАИ КАМОЛОТИ МАЪНАВИЯТ
Султонов С. А., Шодиева М. А., Иброуимов Ф.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй
Накши оилаи солиму устувор дар парвариши инсони комилу ботамкин ва тарбият ёфтани фарзандон дар рухияи хисси баланди ватандустиву хештаншиносй ва хисси эхтиром ба арзишхои волои миллию фархангй ва худшиносии миллй басо мухим ва ахамияти багоят бузургро дар хар халку миллат дорад. Мухити солиму бардавом ва умедбахш аз оилаи солим сарчашма мегирад. Аз ин ру, оилаи устувор яке аз рукни асосй ва пояи истиклоли чамъияту давлат махсуб меёбад. Зеро дар моддаи 33-юми Конститутсияи Точикистон омадааст ки: «Оила асоси чомеа буда, тахти химояи давлат карор дорад» [9, с. 180].
Волидоне, ки сутуни оиларо ташкил медиханд, набояд як нуктаро фаромуш намоянд, ки пояи оила хар чи кадар солиму мустахкам бошад, чомеа низ ба хамон андоза солиму мустахкам мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки бидуни ислохи хонавода ва фарзандон хеч гох чомеа пеш намеравад ва танхо рохи начоту бунёди чомеаи солиму умедбахш ва мухити пок ислохи фарзандон ва хонавода аст. Дар ояти 6-уми сураи «Тахрим» омадааст ки: «Эй касоне, ки имон овардед, хештан ва ахли хонаи худро аз оташе, ки оташафрузи он мардум ва сангхо хастанд нигох доред» [6]. Яъне мурод ин аст, ки дар зиндагй худ ва ахли хонаводаи хешро аз ваъзияти чохилию нодонй канор гиред, то начот ёбед. Волидон бо ахлоку рафтори дуруст бояд намунаи ибрат барои фарзандон бошанд. Дар хамаи зинахои таълиму тарбия ва такмили ахлоку маънавиёт ин вазифа бар души падару модар мебошад. Зеро эшон дар саргахи ташаккули андешаву эхсос ва рушди чахонбинии фарзандон карор доранд, бинобар ин фарзандон дунёро бо чашму дили онхо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро муайян мекунанд. Дигар рохи ба камоли инсонй расонидани фарзанд ин ба тахсил фаро гирифтани он аст.
Дусайн Воизи Кошифй дар китоби «Ахлоки Мухсинй»-и худ чунин нигоштааст: «Бехтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод тахсили адаб аст» [11, с. 133]. Пас маълум мешавад, ки бехтарину хуштарин мерос ба фарзандон ин тахсили адабу ахлоки хамида мебошад. Ба гуфтаи Кошифй илова намуда талкин менамоем, ки дар шароити имруза дар баробари ба тахсили адаб фаро гирифтани фарзанд, онро хатман ба тахсили касбу хунар низ бояд равона сохт.
Боиси таассуф аст, ки имруз масъалаи тарбияти фарзанд дар чомеаи муосири мо баъзан ташвишовар аст. Ва оилахое низ ёфт мешаванд, ки шаъну шарафашон то андозае кохида, баъзе падару модарон ба рафтору кирдори фарзанд назорати чиддй ва доимй намебаранд. Бо исрор бояд гуфт, ки волидон ба хотири суди имруза, набояд ояндаи фарзандонро сузонанд. Фаромуш набояд кард, ки Точикистон имрузу фардо ба чавонони бофарханг, кордон ва дорои тафаккури пешрафтаи илмию иктисодй ниёз дорад. Барои химояи чомеаи солим ва такмил додани ахлоку маънавиёти фарзандон, дар рухияи ватанпарастию донишандузй тарбият намудани онхо Дукумати Ч,умхурй конун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба тасвиб расонид. Вокеан хам, конуни мазкур далолат бар он мекунад, ки масъулияти асосии таълиму тарбияи фарзандон бар души волидайн аст. Дар ин хусус Шавкй гуфтааст: «Ятим касе нест, ки падару модараш фавтида бошад ва уро бепанох ва
дармонда бар чой гузошта бошад. Балки ятими вокей касе аст, ки модаре бетаваччух ва падаре саpгаpмy машFyл ба кори худ дорад» [1, с. 25]. Ба таври дигар гуем волидайн дар назди фарзандон бояд карзи волидайниашонро адо намоянд то ин ки фардо фарзандон дар чавоб ба хидматхои волидайн карзи фарзандиашонро фаpзy вочиб донанд. Дар ин маврид шоир мегyяд:
Падар дар кyдакй аз шавки дил дасти писар гирад, Ба yммеде, ки дар пирй писар дасти падар гирад.
Яъне, падар ва yмyман волидайн, агар аз фарзанд дар аёми пирии худ yмеди мехpy мyхаббат дошта бошанд, пас бояд он мехpy мyхаббатpо ханyз дар кyдакй дар замири фарзанд парвариш намоянд.
Падаpy модарон фаpзандонy кyдакони худро хypматy эхтиром намyда, бо онхо бо одо6у рафтори нек муомила намоянд ва шароити мувофикро барои онхо фарохам оваранд. Дар ин раванд падару модар низ байни худ эхтирому самимият дошта бошанд ва ахлоки хамидаю рафтори онхо намунаи олии муносибат барои фарзандон бошад. Зеро аз чониби падару модар дар зехни фарзандон эхтиром ба шахсияти худ, эхтиром ба инсон ва эхтиром ба оламу атроф парвариш меёбад. Пушида нест, ки масъалаи мазкур дар чомеаи мо аз тарафи наврасону чавонон ва иддае аз кухансолон мушохида ва мулохиза карда мешавад, ки байни худ мехру мухаббати инсону инсонгарй надоранд. Бархе аз падару модарон бо фарзандони худ бо суханхои дурушту кабех муносибат мекунанд. Ва дар натича худи фарзандон байни худу атроф ва чамъият новобаста аз синнусол чунин муносибат карданро раво медонанд ва окибат дар чамъият заминахои пайдо шудан ва рух додани падидахои номатлуб асос гузошта мешавад. Ба ин маънй паЙFамбаpи Ислом Мухаммад (с) ба волидайн мефармояд: «Фарзандони худро эхтиром кунед ва бо онхо бо одобу рафтори нек бархурд намоед, ба фарзанди худ дар анчоми кори нек ёрй расонед» [4, с. 12]. Матлаб ин аст, ки волидон на факат бо фарзандони хеш дар саргахи тарбияти онон бо суханхои малех муносибат кунанд, балки дар анчом додани кори нек мусоидат намоянд. Дар ин масаъла Унсуралмаолии Кайковус низ мефармояд: «Ва падару модарро хам тавон аст ва хам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубй омyxтан» [10, с. 15]. Дар ин таъкид хам дуруст тарбия кардан ва хам дуруст таълим додани фарзанд карзи аввалиндарачаи падару модар махсуб меёбад. Зеро дар ин замина мутафаккири бузурги асрхои миёнаи точик А6ухомид Мухаммади Fазолй чунин гуфтааст: «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар. Дили y чун об софу чун чавхар нафис асту накшпазир... ва чун замин пок аст, хар тухме дар он бикорй 6ируяд. Агар тухми хайру некй аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадй афканй ва Уро ба холаш гузорй, то хар чй хохад, кунад ва бо хар кй хохад нишинад, харгиз аз вай умеди некй накунй» [3, с. 125]. Имруз волидайнро зарур аст, ки фарзандони хешро мутобик ба талаботи замони муосир ва омухтани техникаву технологияи наву навтарин ва азхуд кардани забонхои хоричй тарбият намоянд. Зеро ин такозои замон аст.Бояд хотиррасон намуд, ки дар шинохти хакки падару модар ва расидан ба кадру захмати онхо карзи аввалиндарачаи фарзанд дониста мешавад. Дар ин бора Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насихат кардааст: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки чахон обод монад, падару модарро сабаби хастии фарзанд кард» [10, с. 7]. Дар ин таъкид хурмат кардани волидон вазифаи хар як фарзанд дониста мешавад. Фарзандон бо чахди волидон ба воя мерасанд, сохиби маълумот, касбу хунар ва оила мегарданд. Аз ин лихоз, шахс танхо дар сурате метавонад ба пирузиву комёбихо ноил гардад, ки ризоияти падару модарро гирад ва ба дилсузиву Fамxоpии онхо расад. Фарзандон бояд як нуктаро ба назар гиранд, ки волидон бо умеду орзухои зиёд ва ранчу машаккат фарзандро тарбият намуда ба воя мерасонанд. Дар гох, ки фарзанд бемор гардад, бахри у хамчун хезуми тар месузанд. Аз ин хотир, фарзанд ба кадри ранчу захмати волидон бирасад ва шукронаи ононро ба чо орад ва дар макоми хизмати эшон такаббур наварзад, балки фурутан бошад. Зеро дар ояти 14-уми сураи «Лукмон» омадааст ки: «Одамиро дар бораи ба волидайнаш хукм фармудем... ва супориш кардем,
ки Моро ва падару модари худро шукргузорй кун» [6]. Аз ин ру, хар як фарзанди банангу номус ва бохираду дорои акли солим дар ин бора худ казоват кунад! Аз ин иллат паЙFамбаpи Ислом мефармояд: «Падару модари худро хурмат кунед, то фарзандонатон шуморо эхтиром кунанд» [8, с. 33]. Пас, аз ин калом маълум мегардад, ки хар коре бахри осоиштагию рохат, махсусан дар холати пиронсолагии падару модар анчом дода, ризояти ононро ба даст орй, хатман аз фарзандони худ чунин рузи некро хохй дид.
Чун дар даврони кудакй вобастагии фарзанд ба модар бештар аз падар аст, аз ин хотир накши модар дар таълиму тарбияи фарзандон таъсири бештар дорад. Дар ин хусус Президенти кишвар Эмомалй Рахмон бисёр ба маврид гуфтааст: «Накши модар дар тарбия, нигохубину парасторй ва камолоти маънавию чисмонии фарзанди худ бузург мебошад» [12, с. 108]. Аз ин лихоз, модарон бояд хангоми тарбияти фарзандон боварии комилу эхсоси баланд дошта бошанд. Бинобар ин, модаронро лозим аст, ки аз дониши амику фарханги миллй ва аз арзишу маърифати динй бархурдор бошанд. Зеро фарзанд дар хар коре аз модар пайравй мечуяд ва уро намунаи зиндагии худ медонад. Ба ин иллат паЙFамбаpи Ислом Мухаммад (с) ба модарон мефармояд: «Занони покдоманро издивоч кунед.» [1, с. 10]. Дар ин равиш Ибни Сино низ дар рисолаи худ «Тадбири манзил» ба ин маънй гуфтааст: «Аз чумла хукуки фарзанд дар зиммаи падараш ин аст, ки ба вай номи неку бимонад. Сипас, дояи хубе барои у интихоб кунад, ки ахмаку бехирад ва бемор набошад, зеро чунон ки гуфта шудааст, шир сироят мекунад» [2, с. 24]. Аз ин ру, Ибни Сино 17 намуди сифатхои бехтарини занонро дар рисолаи мазкур зикр намудааст, ки бехтарин зан-модар касест, ки дорои хислатхои зерин бошад: «хирадманду диндор, бошарму валуд, итоаткору босабр ва дар макоми хидмат ба хамсараш такаббур наварзад, балки фурутан бошад» [2, с. 16] ва Fайpа. Дар ин бора Эмомалй Рахмон бамаврид гуфтааст: «Модар, вокеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз у меомузад» [12, с. 132]. Агар фарзанд нохалаф ба воя расад, падару модар ба худ нафрин мехонанд ва аз дасти ин гуна фарзанд оху нолаашон ба фалак дакка мехурад. Волидон, ки фарзандони маърифатноку фархангдор ва бонангу номусро ба воя мерасонанд, то зиндаанд аз онхо ифтихор мекунанд. Ин гуна фарзандон баъд аз сари волидон хам сабабгори зинда мондани номи неки онхо мегарданд. Зеро паЙFамбаpи Ислом Мухаммад (с) дар яке аз хадисхои худ мефармояд: «Чахор чиз саодати мард аст: хамсари шоиста, фарзандони хайрхох, рафикони хуб ва рузй дар Ватан» [12, с. 116].
Вокеан хам таълиму тарбияи намунавии фарзандон дар пайвастагии мутакобилаи се ниходи ичтимой: оила, мактаб ва чомеа руху равони вокей пайдо мекунад. Вале ба ин се ниход мухити атроф ва фазои иттилоотй, ки дар натичаи раванди чахонишавй вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёди мусбат ё манфй мерасонад. Дар ингуна холатхо хар як фарди бонангу номус вазифадор аст, ки вуруди чанбахои номатлуби фарханги бегонаро пешгирй карда, нагузорад, ки дар чомеаи мо дар миёни наврасону чавонон ин падидахои номатлуб пахн гарданд ва афкори онхоро захролуд карда, окибат худ ва фарзандони уро дар ваъзияти ногувор гузоранд. Махсусан оила, агар рисолаташро бо камоли дарки масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, окилу донишманд, ватандусту ватанпарвар натичаи матлуб ба даст меояд ва агар чомеаи солим низ таъсир расонад, макоми таълиму тарбия дар чамъият боз хам устувортар мегардад. Дар натича, мухит солим шуда, аз падидахои номатлуб начот меёбад. Падару модар бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзандони солех ва бомаърифат давоми умри волидайн мебошанд ва аз ин хотир хангоми таълиму тарбияи фарзандон сармояи худро даpеF надоранд. Мехохем дар ин чо як нуктаи мухимро ёдрас намоем. Кори таълиму тарбия на факат вазифаи чонии волидайну омузгорон, балки кори тамоми чомеа аст. Аз ин лихоз, хар фарди банангу номус, ватандусту ватанпараст, дар атрофи ин масъалаи умедбахшу хаётан мухим, бетафовут набошад. Зеро дар моддаи 4-уми Крнуни мазкур омадааст, ки: «Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи мукаддаси падару модар, чомеа ва давлат мебошад» [5, с. 23].
Хулоса, фарзандони фарзонаи миллатамонро зарур аст, ки бевосита дар анчом додани корхои нек ва дуруст дар рухияи хиссй баланди ватанпарастй, тарбия кардани чавонон сахмгузор бошанд ва чавононро ба омузиши илму хунар, азбарнамоии техникаву технологияи муосир, ширкати фаъолона дар корхои чамъиятй ва ободониву созандагии Ватан хидоят намояд. Танхо дар хамин сурат метавонем насли солиму худогохро тарбият намуда, дилпурона ба суи ояндаи фархундаю дурахшон радами устувор гузорем.
Адабиёт:
1. Абдулкодир Шайх Иброхим. Тарбияти фарзандон. - Душанбе, Адиб, 2008.
2. Абуалй ибни Сино. Осори мунтахаб. Ч,. II. Тадбири манзил. - Душанбе, 1980.
3. Абухомид Мухаммади Еазолй. Кимёи Саодат. Ч. II. - Душанбе: ЭР- граф, 2008.
4. Имом Зайнуддин Ахмад Зубайдй. Мухтасари сахехи Бухорй. - Душанбе: Ирфон,
2011.
5. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму
тарбияи фарзанд». - Душанбе: Нашриёт, 2010.
6. ^уръони мачид. Тарчума бо хатти кириллй. - Душанбе: Эр-граф, 2007.
7. Миралиев А., Давлатов М. Педагогика ва психология. - Душанбе: Ирфон, 2007.
8. Мусоев А. Гар подшохи оламй, охир гадои модарй. - Душанбе: Матбуот, 2011.
9. Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. -
Душанбе: Шарки озод, 2009.
10. Унсурулмаолии Кайковус. ^обуснома. - Душанбе: Маориф, 1979.
11. Дусайн Воизи Кошифй. Футувватномаи Султонй. Ахлоки Мухсинй. Рисолаи Дотамия. - Душанбе: Адиб, 1991.
12. Эмомалй Рахмон. Зиндагй аз модар сарчашма мегирад. - Душанбе: Шучоиён, 2011.
СЕМЬЯ - ЗЕРКАЛО ЗРЕЛОСТИ ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНОГО МИРА
Аннотация. В этой статье речь идет о правильном воспитании ребенка. Авторы статьи утверждают, что надо воспитать ребенка в духе национальной культуры, принимая во внимание наилучшие гуманистические и общечеловеческие традиции. Авторы, цитируя много фактов и аргументов из работ наших мыслителей - классиков, а также поддерживая политику нашего правительства по воспитанию ребенка, главным образом Закона «Об ответственности родителей в воспитании ребенка», предлагают, чтобы все слои общества принимали участие в воспитании современного зрелого человека.
Ключевые слова: воспитание, человек, ребенок, этика, традиция.
FAMILY AS A MIRROR OF MATURITY OF INTELLECTUAL WORLD
Abstract. This article deals with correct education of the child. Authors of the article affirm that it is necessary to educate the child in the spirit of national culture in view of the best human traditions. Authors, citing many facts and arguments from creations of our classic thinkers and also supporting policy of government about education of the child, mainly the law on responsibility of parents in education of the child demand that all sectors of society have to participate in common education of contemporary mature human.
Key words: education, human, child, ethic, tradition.
Сведения об авторах: Султонов Сокибой Аслонбойевич - кандидат философских наук, заведующий кафедрой французского языка и методики его преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, е-mail: [email protected]
Шодиева Мусаввар Азамовна - старший преподаватель кафедры французского языка и методики его преподавания Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, е-mail: [email protected]
Иброхимов Фуркатджон - выпускник отделения французского языка Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни
Information about the authors: Sultonov Sokiboy Aslonboyevich - candidate of philosophic sciences, the head of French chair and its teaching method, Tajik State Pedagogical University after Sadriddin Ayni
Sodieva Musavvar Azamovna - senior lecturer of the French chair and its teaching method, Tajik State Pedagogical University after Sadriddin Ayni
Ibrohimov Furkatjon - graduater of French department, Tajik State Pedagogical University after Sadriddin Ayni
РОБИТАИ ХАЛЛОЦИЯТ ВА РАВИШДОИ ТАДРИС
Махзунзаде Б. Ф.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй
Халлокият як тавоноии хамагонй аст, ки хам ношй аз авомили мухталифи фардй ва шахсиятй аст ва хам авомил ичтимоии он матрах аст.
Халлокият болотарин мархилаи тавонии тафаккури башарй аст, ки тавонистааст инсонро ба мархилаи пешрафт ва тараккй бирасонад ва уро дар халли тамоми масоили зиндагй ёрй дихад. Мухаккикон ва равоншиносон муътакиданд, ки халлокият бидуни таваччух ба абъоди ичтимой ва мухитии он баррасий намешавад. Ба назари Стронберг (1989) фароянди халлокият дар зехни шахс бо мутагайирхои ичтимой робита дорад. Ба хамин далел халокият харгиз натичаи амали фард ба танхой нест [5].
Яке аз абъоди мухити ичтимоии халокият мадраса мебошад. Торренс баён мекунад, ки масъалаи тавсеаи халлокият дар низоми омузиши расмй бештар аз ин чихат кобили таваччух аст, ки ибтикор ва халлокият дар аглаби кудакон то синни 10-солагй мушохида мешавад. Ба кавли Торренс иллати он умуман ба номуносиб будани равишхои тадрис марбут мешавад [6].
Халлокият вобаста ба мухити ичтимой аст ва дар бистархои муносиби ичтимой падид меояд. Хонавода, мадраса, созмонхо ва одоб ва фарханги хар чомеа ин бистархоро ташкил медиханд, бистархое, ки метавонанд бар халлокият таъсири мусбат ва манфй дошта бошанд. Халлокият дар бистари манфии ичтимой дар мухити нобудкунанда карор мегирад, чарок и мухити манфй сабаб мешавад фард дар кабули мавзуе муковимат кунад. Аммо дар бистари мусбати ичтимой, ки озодй ва истиклол барои дастёбй ба посуххои сахех вучуд дорад, афрод эхсосе аз муфид ва муассир будан хоханд дошт. Сохибназарон муътакиданд, халлоркият тавзеъи табий дорад ва махорати умумй аст, яъне хамаи афрод ба таври яксон аз халлокият бархурдоранд ва агар ин вижагй дар бархе афрод мушохида нашавад, далел бар адами вучуди он нест, балки ба хотири ин аст, ки халлокият фурсати муносибе барои буруз дар онхо пайдо накардааст
[3].
Чднбахои халлокият дар донишчуёнро метавон тахти шароити мухталиф, аз чумла тачриба ва хидояти волидайн ё муаллимон эчод кард. Дар парвариши заминаи тафаккури илмй ва халлок бояд ин омодагиро дар донишчуён ба вучуд овард, ки битавонанд масоилро баррасй кунанд, диданихоро мушохида бикунанд, худашон масоилро шиносой ва мушаххас кунанд ва барои халли онхо дар садади ёфтани рохи халли муносиб бошанд.
Дар ин миён муаллимон накши калидиро бар ухда доранд, муаллимон метавонанд бо истифода аз анвоъи равишхо халлок имкони зухури халлокият дар кудакон ва навчавононро фарохам созанд. Мадраса ба унвони яке аз ачзои мухими низоми