Научная статья на тему '“new generation textbook ” - time requirement'

“new generation textbook ” - time requirement Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
194
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УЧЕБНИК / УЧЕБНЫЕ ТЕКСТЫ / СИСТЕМА УПРАЖНЕНИЙ / ВСПОМОГАТЕЛЬНЫЙ УЧЕБНЫЙ АППАРАТ / ПОНЯТИЯ КОМПЕТЕНТНОСТИ / TEXTBOOKS / TRAINING TEXTS / SYSTEM OF EXERCISES / TEACHING AIDS / CONCEPTS OF COMPETENCE APPROACH / OPTIMIZATION OF THE EDUCATIONAL PROCESS / КИТОБИ ДАРСӣ / МАТНҳОИ ТАЪЛИМӣ / СИСТЕМАИ МАШқҳО / ДАСТГОҳИ ЁВАРИ ОМӯЗИШ / МАФҳУМҳОИ САЛОҳИЯТНОКӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Абдукодиров Абдусаттор

В статье, опираясь на материалы учебников по родному языку для I IV классов таджикских школ, а также на базе опыта, наблюдений и выводов автора показывается роль нормативных учебников в оптимизации учебного процесса. Подвергаются научно методическому анализу принципы выбора текстов, способы постановки ими учебных задач, классифицированных на основные, дополнительные, разъяснительные, а также различных по целям и задачам упражнений. Все эти вопросы рассматриваются в единой система обучения и воспитания школьников таких качеств как инициативность, находчивость, творческий подход к решению учебных задач, обеспечивающих компетентностный подход на уроках родного языка.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

"Учебник нового поколения" - требование времени

In this article, based on the materials of textbooks on the native language for grades I-IV of Tajik schools, as well as on the basis of the experience, observations and conclusions of the author, the role of normative textbooks in optimizing the educational process is shown. Scientifically methodical analysis of the principles of the choice of texts, ways of setting their teaching tasks, classified into basic, additional, explanatory, as well as different in purpose and objectives of the exercises. All these issues are considered in a unified system of teaching and educating schoolchildren such qualities as initiative, resourcefulness, creative approach to solving educating tasks that ensure a competence-based approach at the lessons of the native language.

Текст научной работы на тему «“new generation textbook ” - time requirement»

13.00.02.НАЗАРИЯ ВА УСУЛХрИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ 13.00.02.ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ 13.00.02.THEORY AND METHODS OF TRAINING AND EDUCATION

УДК 37.02+37.091.214+373.5.016

ББК 74.4+74.560 А. АБДУЦОДИРОВ

«КИТОБИ ДАРСИИ НАСЛИ НАВ» - ТАЛАБИ АЙЁМ

Ояндаи Точикистонро шахсият ва фаъолияти бисёрчабхаи насли чавон муайян месозад. Чдвонон дар кадом пояи илмию фархангй ва ахло;й ;арор бигиранд, хал;у ватанамон дар хамон поя дар тамаддуни чахонй чойгох хоханд ёфт. Аз донишхои андухтаи инсоният бахраманд будан ва онро дар рузгорамон ба кор бурдан як тарафи масъала аст, насли нав бояд чуё, эчодкор ва ботадбир бошад. Ба ибораи дигар, насли наврас хислатхои чуёй, эчодкорй, мушохидакориву ботадбириро парвариш кардан лозим аст. Дар ин самт кор аз такмили китобхои дарсй огоз меёбад. Даставвал китоби дарсй, ки асоситарин воситаи таълиму тарбият ба шумор меравад, бояд дар ташаккули хислатхои мазкур мусоидат дошта бошад.

Дар назар бояд дошт, ки донистани принсипхои таълифи китобхои нави дарсй барои он низ зарур аст, ки дар холати набудани китоб ва ё ба барномаи таълимй мутоби;ат накардани он зарурате пеш меояд, ки омузгорон дар асоси хамин принсип тиб;и мавзуъхо маводи таълимй интихоб намуда дарсхои худро гузаронанд.

Хусусияти умумии китобхои дарсй. Китоби дарсй манбаи асоситарини маълумот ва мухимтарин воситаи тарбияи хонанда мебошад. Вазифаи он таъмини раванди таълиму тарбия аз руйи барномаи муайян махсуб меёбад. Китоби дарсй хамрохи хамешагии талаба аст. Он мачмуи донишро вобаста ба зинахои таълим (синфхо) дар бар мегирад. Дар китоби дарсй бояд маълумоти зарурй ва да;и;хо дода шавад. Мутаассифона, китобхои мо ду норасоии умумй доранд: аввалан, хеле серборанд, сониян, матн ва супоришот - мушкил.

Китобхои «Забони точикй» барои синфхои I-IV дар асоси таълими хамгирои грамматика, имло, хониш ва инкишофи нут; таълиф гаштаанд. Дар онхо матн ;исман аз адабиёти классикии форс-точик гирифта шудаанд. Табиист, ки дар матни классикй калимаву иборахои мушкилписанд кам нестанд. Дар он матнхо ;олаби гуфтор (ибораорой, чумлабандй) низ классикист, ки омузондани он ба хонандаи хурдсол мушкилихо дорад. Аз назари мо, дар синфхои ибтидой кифоя аст, ки хонандаи хурдсол бо забони адабии хозираи точик харф зада тавонад, бо забону услуби баёни классикй ошно шудан дар синфхои минбаъда сурат мегирад.

Аз чониби олимони суханшинос а;идахое хам баён гашта буд, ки хонандагон аз солхои аввали тахсил дар мактаб порчахоро аз классикон, хатто аз Бедил аз ёд кунанд, ба умеди рузе (дар зинахои боло) мешавад, ки ба мазмуни он сарфахм мераванд.

Албатта, аз чониби кудакон, ;ориёна бошад хам, аз ёд кардани порчахои шеъри классикй кори хуб аст. Вале таълим ба омузиши бошуурона асос ёбад, бехтар аст. Инкишофи шуур ва тафаккури кудак мутоби;и идроки кудакона аст. Бояд ба умеди солхои оянда нашуда, дар таълим маводеро пешкаш намоем, ки дархури диди наврасон бошад. Гузашта аз ин, зав;и онхоро бедор кунад, фикрашонро ба тахрик оварда, дар инкишофи шууру тафаккур мусоидат намояд. Чунонки аз ;онуниятхои лингводидактика (назарияи таълими забон) маълум аст, мухимтарин шарти инкишофи шуур ва тафаккури хонанда дарки бошууронаи маводи таълимй ба шумор меравад. Барои он ки маводи таълимй «дастгох»-и тафаккурро ба тахрик орад, он бояд феълан ба эхсос таъсир карда, ба а;л ворид гашта кор кушояд.

Вале ин гуфтахо чунин маъно надоранд, ки мо комилан му;обили ба китобхои дарсии «Забони модарй»-и синфхои ибтидой ворид кардани матнхои классикй хастем. Албатта, байтхо ё бандхои ашъори содаи бузургони адабиёти гузаштаро истифода кардан мумкин аст, ба шарте ки ба талаботи дидактикй мутоби; бошанд. Баъзан маъниро аз шеърхо ё хикоёти мухтасари ниёгон гирифта, бо ишораи «Мазмун аз фалон адиб» матни сода танзим намудан низ мумкин аст. Шубхае нест, ки адабиёти классикии точик хидмати таълимиву тарбиявии худро хамчун маводи пурарзиш минбаъд дар синфхои болотар пурра бахо меорад.

Дар таълими фанни забони точикй дарки мухтавои масъалахои таълимй, аз чумла, матн хануз кофй нест. Тарафи дигари мухимтари масъала иборат аз он аст, ки тиб;и мазмуни матн дониши шогирдон оид ба масъалахои хаётй ба эътщод ба идеали зиндаги табдил гардад.

Маводи шав;ангези дархури синнусол ва зав;и хонандагони хурдсол барои омузгор низ чун омили ташаккули шуури омузгорй ва ташаккули дониши назариявй мухим аст, зеро мубодилаи афкору андешаи шогирдону муаллим бояд дар сатхи фахмиш ва майорату малакаи кудакон сурат бигирад.

Албатта, омузгор бо истифода аз дониш ва тачрибаи худ ба вусъати дониши шогирд мусоидат карда меистад, вале ин таъсир набояд омирона, фармонфармоёна, балки маслихатомез бошад ва ба афзудани шав;, кушодани фикри шогирдон нигаронида шавад.

Бо ма;сади он ки мохияти дарсии китоби нав равшантар ба тасаввур ояд, ба тавзехи мазмун ва ;исматхои он мепартозем.

Мазмуни тозаи таълим. Дар баробари маърифати таълим, аз чумла, хондан, аз бар кардан ва ичрои маш;у супоришхо дарс бояд ба фаъолй, майорат ва малакаи шахсй нишон додани наврасон, низоми хамкорй бо ахди синф мусоидат намуда, дар интихо ба кирдор ва одати хонандагон табдил гардад. Чунончи, дар таълими мавзуи «Мактубхо» матлаби аввал хонандагонро бо мафхуми мактуб ва зарурати мукотиба шинос кардан аст, дар мархалаи дуюм талаба бо рафи; (дугона, падар, модар ва гайра) мактуб ё табрикнома навишта, зимни он бо усули мукотиба, аз чумла, мурочиат, муносибат, истифодаи каломи малех, одоби муошират ошно мегардад ва дар ин замина шахсияти худро ташаккул медихад.

Ба низом даровардани рафтор. Китоби дарсй бояд ба ботадбири, ташаббускори ва эцодкори мусоидат намояд. Супоришот шогирдонро водор намояд, ки бо ма;сади расидан ба матлаби гузошташуда тадбирхо андешанд. Ичрои хадафхои талимй, ;абл аз хама, аз ма;садгузорй шуруъ гардида, кашидани на;шаи расидан ба ма;сад, бозёфти рохи ;улайи ичрои матлаб бо танзими амалиёти ба он нигаронидашуда аз икдоми навбатии фаъолияти талаба ба шумор меравад. Одитарин супоришоти таълимй низ аз хамин гуна раванди фаъолияти наврасон иборат аст. Чунончи, барои хонандаи синфхои 1-2 аз руйи супориши муаллим ба китобхонаи мактаб рафтан, ба китобдор дар бораи китоби лозимй мурочиат кардан, китобро дастрас кардан ва аз руйи он супориши омузгорро ба пуррагй ичро кардан аз наврасон боди;;атй, сохибтадбирй, «амалиёт»-и муназзам металабад.

Аз китобхона китоб дастрас карда, аз руйи он супоришеро ба ичро расонидан барои хонандагони синфхои миёнаву боло душворие ба амал намеорад, ин кор бидуни андешаи зиёд ба субут мерасад, аммо он барои кудакон рохи тайнашудаи фаъолият ба шумор меравад.

Кисмати асосии талаботи китобхои дарсй аз амалиёти таълимй- маърифатй иборат аст. Маводи таълимиро аз бар намуда, ба омузгор на;л карда, чун подоши мехнат бахо гирифтан як тарафи масъала аст, ки аксарон фаъолияти аълохонии шогирдон, мутаассифона, ба хдмин махдуд мемонад. Ба замми ин, китоби нав бояд ба ташкили фаъолияти муста;илонаи шогирдон, аз чумла, аз маводи таълимй чизхои асосй ва дуюмдарачаро худо карда тавонистан, тахдили матн, хулосабарорй ва гайра мусоидат намояд.

Яке аз чих,атх,ои мухими кори муста;илонаи хонандагони синфхои ибтидой аз руйи китобхои нав фаъолияти манти;й махсуб меёбад. Аслан манти; дар хама гуна супоришоти таълимй мавчуд аст. Вале он чун раванди татби;и маш;у супоришот, амсоли: 1) аз мисолхои чузъй баровардани хулосахои умумй; 2) интихоби меъёрхо (;оидахои грамматикй) барои му;оиса ва та^лили маводи таълимй; 3) фикр ё хулосаи худро исбот кардан чун омили асосй хидмат менамояд. Чунончи, хангоми ичрои супориши «матнро хонед ва калимахоро ба хиссахои нут; чудо кунед» ба талаба лозим меояд, ки калимахоро манти;ан ба ифодакунандаи мафхумхои исмй, сифатй ва феълй чудо карда, мутаносибан ба онхо саволхо гузорад. Дар маш;и навбатй бо чанде аз калимахои исмй, сифатй ва феълй чумлахо тартиб дихад, ки он далели маърифати манти;ии мавзуъ ба шумор меравад.

Худфаъолиятии наврасон дар таълим хангоми ичрои супоришоти дастчамъона, корхои дукасаву гурухй низ ба зухур меояд. Дар китоби нав супоришоте дар назар аст, ки хонанда бо хамнишасти худ ё бо гурухи талабагон ичро менамояд. Дар ин сурат, дар парвариши наврасон вазифаи тозаи таълимиву тарбиявй гузошта мешавад: дар онхо пайдо кардани махорат ва малакаи хамкорй бо дигарон, хиссагузор будан дар кори умум, одоби муносибат бо дигарон, риояи эхтироми афкори гайр, бахои шоиста додан ба натичаи захмати дигарон - дар мачмуъ ташаккули эхсоси худро чузъи чомеа шуморидан ба амал меояд.

Китоби дарсии нав тахаввулотеро аз лихози сохтор ва мохияти ;исматхои он низ дар назар дорад.

Матни таълими чузъи мухими китоб, вохиди мураккаби таълимист, ки маълумоти назарй ва амалиро дар бар мегирад. Маълумот, супоришот, саволхо, намунаи чавобхо, шархи лугатхо,

аёният ва аломатхо - дар мачмуъ матни таълимиро ташкил медиханд, ки вазифаи онхо чун мархилаи аввали омузиш манзури маълумоти назариву амалй, дар мархилаи дуюм бошад, сафарбар кардани малакаи худкорй ва ботадбирй, дар ин замина тарбияти шахсияти фаъол махсуб меёбад.

Матни таълимиро аз руйи мазмун ва вазифа ба асосй ва иловагй чудо кардан мумкин аст.

Матни асоси маводи муназзами маълумот (дониш)-ро тиб;и барномаи таълимй дар бар мегирад. Он хосияти мухобиравй (ахборй) дошта, аз бар карданаш аз тарафи хонандагон хатмист. Матни асосй манбаи маърифати хонандагон буда, тамоми фаъолияти шогирдон ва комёбии онхо ба он вобаста мебошад.

Матни иловагй, ки дар китобхои нав бо аломатхои шартй ишорат меёбад, ба ду идда талабагон: пеш;адам ва сустхон нигаронида мешавад. Баъзе аз маводхои китобхои дарсй, ки ба дониши ами; ва эчодкорй бунёд ёфтаанд, ба ухдаи шогирдони аълохон вогузор мегарданд, баръакс, маводи нисбатан сабук ё маъмулй бо ма;сади ба фаъолият чалб кардани шогирдони сустхон дар китоб чой дода мешавад. Хдмин тавр, хадаф дар ;атори хайъати синф хам пеш;адамон ва хам сустхононро мутоби;и хол ва донишу махорат ба омузиши фан чалб кардан аст.

Матни тавзеуй чун зерсохтори матни асосй ба шарху эзох ва дарки пурраи маводи таълимй нигаронида мешавад. Он аз эзохот, замима, шархи ихтисорот, лугат ва руйхати адабиёт иборат аст. Ба ин навъи матн тавзехоти методй ва мактубхои эзохй, лугатхои мухталиф (синонимй, антонимй ва гайра), тафсирхо, ;исматхои алохидаи маводхои дидиктикй, замимахо ва монанди инхо дохил мешаванд.

Супоришоти таълимй хама гуна талаботи китоби дарсиро тиб;и аз худ кардани маводи назарй ва амалй дар бар мегирад. Мохияти супоришоти таълимй аз матнхои китоб бармеояд. Асоси супоришотро мачмуи саволхо бар матн, намунаи чавобхо, талаботи маш;хои мухталиф, чавобхои тестй, супоришот оид ба кори муста;илона ва хонагй ташкил менамоянд.

Дар китоби нав усули саволгузорй хеле мухим аст. Савол бояд ба андеша кардан, хулоса баровардан ва ёфтани ;аринаи (вариант) сахехи чавоб мусоидат намояд.

Машщо далели дониши назариявии шогирдон мебошанд. Маш;хоро шогирдон дар мавриде ичро карда метавонанд, ки ба мохияти масъалахои назариявй сарфхам рафта бошанд. Маш;хо, аз тарафи дигар, бо ма;сади тахкими донишхои гирифташуда, хосил кардани махорат ва малакаи маъёрхои забонй дар амал, яъне корбасти онхо дар нут;и дахонй ва хаттии наврасон ба миён гузошта мешаванд.

Дар китоб супоришоти таълимй пеш ё пас аз матн дода мешаванд. Мухим аст, ки супоришот дар пайдархамии манти;й, зимни талаботи дидактикй аз мафхум ба номафхум, аз осон ба душвор, аз сода ба мураккаб гузориш ёбанд.

Дастгоуи ёвари омузиш аз воситахои ёрирасони матн амсоли сарлавха, на;шаи дарс, намунаи чавоби саволхо, чадвалхо, расмхо, зерматнхо ва эзохот иборат аст. Дастгохи ёвар чун рахнамо хонандаро ба омузиши ;исматхои китоб омода ва рохнамун месозад.

Ало;амандона ба матн дар бораи ду тамоюли танзими китобхои дарсй сухан рондан лозим аст. Китобхои пешин, ки зимни тамоюли аввал танзим ёфтаанд, хонандагонро асосан ба аз бар кардан ва хифзи доираи муайяни маълумот (дониш) хидоят мекарданд. Китобхои нав (тамоюли дуюм) хонандагонро ба тахсили фаъол, эчодкорона сафарбар менамоянд.

Татби;и усули дуюми таълим дар мавриде имконпазир мегардад, ки принсипи «китоб барои талаба» асоси кор ;арор бигирад, ба ибораи дигар, хар як унсури китоб аз чузъиёти матн сар карда, то суолу супоришот фахмову дастрас буда, хонанда бо китоб муста;илона кор карда тавонад.

Вале ин чунин маъно надорад, ки «китоб барои талаба» бошад, омезгор нофаъол аст. Баръакс, китоби нав муаллимро серкортар ва масъултар мегардонад, пеш аз хама, барои он ки ба вусъати фаъолияти таълимии шогирдон, ки хадаф аз он ташаккул додани хислатхои соуибташаббусй ва ботадбирист. Омезгорро зарур меояд, ки аз фаъолияти хар як шогирд огох бошад, балки огох будан кам аст, корро тавре ташкил намояд, ки шогирдонаш аз дарс ба дарс ба пешравй ноил шаванд. Аз хониби дигар, омезгор тиб;и ма;сад ва вазифахои «китоби насли нав» вазифахои худро идрок ва онхоро амалй намояд.

Вазифахои асосии китоби нав иборат аз маълумотдихй (манзури дониш), сафарбарии шогирд ба бозчуии маърифат, вусъати дониш, махорат ва малака дар таълим, дар мацмуъ дар худ ташаккул додани шахсияти цуянда, ботадбир ва навовар ба шумор меоянд.

Якояки ин мафхумхоро чун истилохи илмию таълимии пурмухтаво ;абул бояд кард. Чунончи, мафхуми маълумотдщй (ба маънои додани дониш) маънои вобаста ба синнусол ва доираи фахмиш ба хонандагони синфхои мухталиф дар хачм ва шаклу усулхои мухталиф додани донишхои илмиро дар назар дорад, ки дархури вусъати назар, ахло; ва одобу одати нек-дар мачмуъ ташаккули шахсияти хонандагон - инсони шоистаи замон бошад.

Мафхуми вусъатдщй дар замири инкишофи маънавй, пахлухои мухталифи ;обилият, амсоли идрок, эчодкорй собит;адамй, навчуй, андешамандй, чомеапазирй (коллективизм)-ро дорад, ки низ ба мафхуми ташаккули шахсият марбут аст.

Истилохи сафарбари низ нисбати «китоби дарсии насли нав» мазмуни тоза пайдо мекунад. Он дар ин маврид маънои хонандаро махдуди донишхои тайёр накарда, бо роху усулхои бозчуй сафарбар карданро дорад.

Ботадбири низ бояд дар байни истилохоти таълимй-методй мав;еи муносиб пайдо кунад. Ботадбирй ё ботадбир будан дар инсони хох хурд, хох бузург ;обилиятест, ки у тавассути а;лу тамизи худ рохи халли мушкилотро дармеёбад. Он бо мафхумхои донишмандй, андешамандй, маслихатпазирй, суботкорй, собит;адамй, устуворй, хамкорй ва гайра хамбастагй дошта, ба таълими муносибати салохиятнокй дар таълим мусоидат мекунад.

Ногуфта намонад, ки «китоби насли нав» - ро бо китобхои дарсии пешин аз ягон чихат му;обил гузоштан нашояд. Китоби нав дар асоси тачрибаи бисёрсолаи китобхои соби;адор ба миён омадааст, аз ин ру, арзишхои пештараи назарияи таълим, аз он чумла, принсипхои дидактикй (илмият, омузиши бошуурона, пайдархамй, тахкими дониш, аёният, робитаи назария бо амалия ва г.) дар мавриди таълифи «китоби насли нав» бар;арор мемонанд, балки ахамияти вежа касб менамоянд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдуллоев И. ва диг. Рохнамои омузгор. Забони модарй. Синфи 3. - Душанбе, 2010.-77 с.

2. Байзоев А. ва диг. Рохнамои омузгор. Забони модарй. Синфи 1. - Душанбе, 2010. - 101 с.

3. Барномаи намунавии таълими омузишй барои омузгорони муассисахои олй ва миёнаи касбй оид ба таълими салохдятнокй. - Душанбе, 2017.- 13 с.

4. Барномаи таълими синфхои ибтидой. Забони точикй. Математика.-Душанбе, 2007.-148 с.

5. Зиёев М. ва диг. Рохнамои омузгор. Забони модарй.Синфи 4. - Душанбе, 2010. - 128 с.

6. Муносибати салохиятнокй ба таълим. - Душанбе, 2017. - 136 с.

7. Шарифзода Ф. ва диг. Рохнамои омузгор. Забони модарй.Синфи 2.-Душанбе,2010.-66с.

8. Стандарти тахсилоти ибтидой (l - lV). - Душанбе, 2009. - 121 с.

REFERENCES:

1. Abdulloev I. and others. Teacher Guide. Tajik language. Class 3. - Dushanbe, 2010.-77 p.

2. Bayzoev A. and others. Teacher Guide. Tajik language. Class 1. - Dushanbe, 2010. - 101 p.

3. Training model training for teachers of higher and secondary professional training on competency

education. Dushanbe, 2017. - 13 p.

4. Primary Education Program. Tajik language. Mathematics. - Dushanbe, 2007. -148 p.

5. Ziyoev M. and others. Tajik language. Class 4 - Dushanbe, 2010. -128 p

6. Responsibility for education. - Dushanbe, 2017. - 136 p.

7. Sharifzoda. F. and others. Teacher's Guide. Tajik language. Class 2 - Dushanbe, 2010. - 66 p.

8. Basic education standard (I-IV). - Dushanbe, 2009 - 121 p.

«Китоби дарсии насли нав» - талаби айём Вожа^ои калиди: китоби дарсй, матщои таълимй, системаи машцхо, дастгохи ёвари омузиш, мафхумхои салохиятнокй Дар мацола бо такя ба китобхои дарсии «Забони модарй» барои синфхои l - IV, хамчунин тацриба, мушохида ва пешниходоти муаллиф сухан аз асосхои илмию дидактикй ва хусусиятхои сохторию маъноии ««китобхои дарсии насли нав» меравад. Масъалахои нацши китоби дарсй дар таълим, комёбй ва норасоихои китобхои пештара, принсищои интихоби матн ва навъхои (он дар заминаи таснифот ба асосй, иловагй, тавзехй), системаи машцхо ва вазифахои ощо мухтавои мацоларо ташкил менамоянд. Казияхои таълими забони модарй дар алоцамандй бо вазифахои фан дар ташаккул додани хусусият ботадбирй, ташаббускорй, эцодкорй маънидод карда мешавад, ки кулли ин хусусиятхо заминахои воцеии муносибати салохиятнокй дар таълими забони модарй махсуб меёбад.

«Учебник нового поколения»- требование времени

Ключевые слова: учебник, учебные тексты, система упражненый, вспомогаетельный учебный аппарат, понятия компетентности В статье, опираясь на материалы учебников по родному языку для l - lV классов таджикских школ, а также на базе опыта, наблюдений и выводов автора показывается роль нормативных учебников в оптимизации учебного процесса. Подвергаются научно - методическому анализу принципы выбора текстов, способы постановки ими учебных задач, классифицированных на основные, дополнительные, разъяснительные, а также различных по целям и задачам упражнений. Все эти вопросы рассматриваются в единой система обучения и воспитания школьников таких качеств как инициативность, находчивость, творческий подход к решению учебных задач, обеспечивающих компетентностный подход на уроках родного языка.

"New generation textbook" - time requirement

Keywords: textbooks, training texts, system of exercises, teaching aids, concepts of competence approach, optimization of the educational process In this article, based on the materials of textbooks on the native language for grades I-IV of Tajik schools, as well as on the basis of the experience, observations and conclusions of the author, the role of normative textbooks in optimizing the educational process is shown. Scientifically - methodical analysis of the principles of the choice of texts, ways of setting their teaching tasks, classified into basic, additional, explanatory, as well as different in purpose and objectives of the exercises. All these issues are considered in a unified system of teaching and educating schoolchildren such qualities as initiative, resourcefulness, creative approach to solving educating tasks that ensure a competence-based approach at the lessons of the native language.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Абдуцодиров Абдусаттор, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E - mail: [email protected] Сведения об авторе:

Абдукодиров Абдусаттор, профессор кафедры методики преподования таджикского языка и литературы Худжанского государственного университета имени Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд) E - mail: [email protected] Information about the author:

Abdukodirov Abdusattor, Professor of the department of Tajik language and literature methods of teaching under Khujand State University named after academician Bobojohn Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E - mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.