ТДУ 681.11
DOI:10.51844-2077-4990-2022-1-38-43
АЗ ТАЪРИХИ ИХТИРОИСОАТВА ХИСОБИ ВАЦТДАР ОСИЁИМАРКАЗИ ВА ШАРЩ НАЗДИК (АСРХОИIX-XII)
ИЗ ИСТОРИИ ИЗОБРЕТЕНИЯ ЧАСОВ И ОПРЕДЕЛЕНИЕ ВРЕМЕНИ В СРЕДНЕЙ АЗИИ И НА БЛИЖНЕМ ВОСТОКЕ (IX-XII
ВВ.) FROM THE HISTORY OF THE INVENTION OF CLOCK AND TIME IN CENTRAL ASIA AND THE MIDDLE EAST (IX-XII CENTURIES)
Абдуллозода Мазбут Хуршедович,
сармуаллими факултаи телекоммуникатсия ва технологиями иттилоотии МДТ "ДДХ ба номи акад.Б. Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)
Абдуллазаде Мазбут Хуршедович, старший преподаватель факультета телекоммуникации и информационных технологий ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова"(Таджикистан, Худжанд)
Abdullazade Mazbut Khurshdovich, Senior Lecturer of the Faculty of Telecommunications and Information Technologies under the SEI "KhSU named after acad.B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand),E-mail: [email protected]
Вожщои калиди: вацт, соатцои офтоби, гномонцо, соатцои оташи, соатцои зангдор, соатцои оби, соатцои реги
Дар мацола оид ба таърихи ихтирои соат ва цисоби вацт дар Осиёи маркази ва Шарци наздик масъалаи цаётан муцими ба инсоният таалуц дошта, то асрцои миёна диццати даццо олимони давру замонро ба худ цалб намуда омадаст, оварда шудааст. Цайд шудааст, ки бо ташаккул ва инкишофи илми механика («илми циял») соли 1335 дар Милан аввалин соатцои механики сохта шудаанд.Тазаккур меравад, ки соатцои цозираи механики соли 1657 аз цониби Х.Гюгенс сохта шуда, ба сифати танзимаи соат, раццосак истифода шуда буд. Хотирнишон мегардад, ки аслан ду эцтиёцоти щётан муцими инсон: цои худро дар макале муайян кардан ва донистани вацт сабаби пайдо гаштани цадимтарин соцаи илмцои дациц- нуцум гардид. Хулоса мешавад, ки насл ба насл, тули дацсолаю садсолацо одамон мушоцидаю тацрибацои худро захира намуда, бацри бо гузашти вацт муайян кардани цонунияти имконияти цисоб кардани фосилацои гуногун кушиш ба харц медоданд.
Ключевые слова: время, солнечные часы, гномы, огненные часы, будильники, водяные часы, песочные часы
В статье рассматривается история изобретения часов и исчисления времени в Средней Азии и на Ближнем Востоке. Отмечается, что с становлением и развитием науки механики («науки о воображении») в 1335 году в Милане были созданы первые механические часы. Подчёркивается, что современные механические часы были созданы в 1657 году Х. Гюйгенсом, а маятники использовались в качестве наладчика часов. По сути, две насущные потребности человека: определение своего места во времени и знание своего времени привели к возникновению древнейшей отрасли точных наук - астрономии. Представляется, как из поколения в поколение, на протяжении десятилетий и столетий, люди хранили свои наблюдения и опыт, пытались установить закономерность возможности исчисления различных расстояний во времени.
Keywords: Time, sundials, gnomes, fire clocks, alarm clocks, water clocks, hourglasses
This article discusses the history of the invention of the clock and the calculation of time in Central Asia and the Middle East. With the rise and development of the science of mechanics (the "science of the imagination"), the first mechanical clock was built in Milan in 1335. The modern mechanical clock was built in 1657 by H. Huygens and used pendulums as a clock adjuster. In fact, two essential human needs: determining one's place in time and knowing one's time led to the emergence of the oldest branch of the exact sciences - astronomy. From generation to generation, for decades and centuries, people kept their observations and experience and tried to establish a regularity in the possibility of calculating various distances in time.
«Соат» вожаи арабй буда, маънои лугавияш ва;т, муддат, лахза мебошад. Чун истилохи илми физика соат ин ми;ёси замон, як чузъ аз бисту чор чузъи як шабонарузест, ки аз шаст да;и;а ё 3 600 сония иборат аст. Соат дар тамаддунхои бостонй, аз чумла Миср, Эрон, Хинд, Чин ва f. ба унвони замони байни тулуъ ва гуруби офтоб ё аз V24 як шабонаруз таъриф шудааст.
Таърихи пайдоиши соатхо ва ихтирои онхо дар инкишофи физика ва умуман илмхои табиатшиносй накши хосае дорад. То хануз дар бораи таърихи пайдоиши соат ягон асари махсус навишта нашудааст. Ва ин на танхо ба Осиёи Марказй ва Эрони асрхои миёна, балки ба кишв архои Fарб низ д ахл дорад. Ба шарофати осори муаррихони таърихи илм - Э.Виделман, Г.Зутер, К.Брокелман, Э.Кеппери, Д.Кинг, Б.А.Розенфелд, М.М.Рожанская, Г.П.Матвиевская, К.Ф. Абдуллозода, А. Комилов, Г.Е. Куртик, X. Бобоев ва дигарон, астрономия, механика ва физикаи Шарки мусулмонии асримиёнагй назар ба таърихи техника хеле зиёд омухта шудаанд. Дар асари фундаменталии Ч,.Бернал «Илм дар таърихи чамъият», на дар монографияи Ч,.Сартон «Мукаддима ба таърихи илм», на дар асари коллективии А. Зворикин, Н.И. Осмов, В.И. Чернишев, С.В. Шухардин «Таърихи техника» дар бораи таърихи пайдоиши соат дар Осиёи Миёна ва Шарки наздик амалан маълумоте ба мушохида намерасад [5,с.8].Ба ин хотир дар ин навишта кушиш ба харч рафт, то дар ин мавзуъ андешаронй намоем.
Зарурати муайян намудани вакт аз кадимулайём маълум буд. Он замон инсони ибтидой дар хаёти хамарузаи хеш бо ходисахои гуногуни табиат, ба мисли ивазшавии рузу шаб, фаслхои сол, шаклхои зохирии Мох ва гайра дучор мешуд.
Тачхизоти аввалине, ки тавассути он одамон вактро чен мекарданд, соатхои офтобй буданд. Дар хазораи 3 то милод ба сифати чунин соати оддитарин гномон (микёс, алам) - милаи амудии дар сатхи хамвор гузошташуда мавриди истифода буд. Хдмзамон гномон нахустин офаридаи инсон аст, ки баробари хисоби вакт, барои муайян кардани баландии Офтоб нисбат ба уфук, самти меридиан, эътидоли бахорй ё тирамохй ва инкилоби тобистонию зимистонии Офтоб истифода мешуд. Намуди дигари соатхое, ки бештар дар Осиёи Марказй ва Шарки Наздик мавриди истифода карор гирифта буд, ин соатхои офтобй, соатхои оташй, соатхои зангдор, соатхои обй, соатхои регй маълумотхо оварда мешавад [1, с.214].
Бодиянишинони кадим ба вазъияти ситорахо нигох карда, чорворо ба чарогоххои нав меронданд. Корхои кишоварзй низ пешакй донистани давомати фаслхои солро талаб мекард. Масалан, дар Мисри Кадим пеш аз огози корхои хочагии кишлок дарёи Нил ба тугён меомад. Кохинон тавонистанд, ки огози ин тугёнро бо намуди осмони ситоразор мукоиса намоянд. Онхо мукаррар намуданд, ки дарёи Нил одатан баъди 2-3 рузи тулуи ситораи Шабоханг (Сириус, ки такрибан 70 шабонаруз нонамоён буд), ба тугён меояд. Зухуроти ситораи мазкур мисриёнро аз огози кишту кор, яъне аввали бахор хабар медод.
Дар гузаштаи кадим накши соатро Офтоб ичро мекард. Махз Офтоб бори аввал ба инсон имконият дод, ки гузашти вактро мушохида ва хисоб намояд. Чй кадаре, ки Офтоб нисбат ба уфук боло барояд, хамон кадар ба нисфирузй наздик ва чй кадаре, ки ба уфук наздик ояд, хамон кадар ба шом наздик аст. Дар ибтидо одамон танхо чор «соат»: субх, нисфирузй, шом ва шабро медонистанду халос. Аз кадим одамон пай бурданд, ки сояи дарозтарини ашё пагох ва бегохй ба назар расида, наздикии нисфирузй бошад сояи чизхо (одам, дарахт, иморат ва гайра) кутохтар мешаванд, хамзамон маълум гашт, ки сояхо дар давоми руз на танхо андоза, балки самти худро дигар мекунанд.
Тачхизоти аввалине, ки тавассути он одамон вактро чен мекарданд, соатхои офтобй буданд. Дар хазораи 3 то милод ба сифати чунин соати оддитарин гномон (микёс, алам) - милаи амудии дар сатхи хамвор гузошташуда мавриди истифода буд. Хдмзамон гномон нахустин офаридаи инсон аст, ки баробари хисоби вакт, барои муайян кардани баландии Офтоб нисбат ба уфук, самти меридиан, эътидоли бахорй ё тирамохй ва инкилоби тобистонию зимистонии Офтоб истифода мешуд.
Чинихо чандин асрхо пеш аз милод соатхои офтобиро истифода мебурданд. Вале ихтирои ин навъи соатро ба Калдонй Берозий, ки шаш аср то милод хаёт ба сар бурдааст, нисбат медиханд. Намуди соати сохтаи у санги ба шакли нимкура тарошидашудаи дар миёначояш тегае васл шуда буд, ки сояи он ба дохили нимкура меафтод. Рохи тайнамудаи соя дар давоми руз сабт шуда, ба дувоздах кисми баробар таксим карда шуда буд.
Дар Бобулистон ва Мисри кадим ба сифати гномони соатхои офтобй сутунхои ёдбуди баланд мавриди истифода буданд. Бино ба маълумоти хафриётхои бостоншиносй соатхои офтобй аз Бобулистон ба Юнон оварда шуда буданд. Ин навъи соатхоро соатхои офтобии стасионарй (гайрисайёр) меноманд. Соатхои офтобии сайёр бошанд, андозаашон нисбатан хурд буда, онхоро аз як чо ба чои дигар бурда, пайваста ба арзу тули чугрофии махал васл менамоянд. Бино ба сарчашмахои таърихй, маълумотхои сахех доир ба соатхои офтобй ба
замони хукмронии Тутмоси III - нимаи аввали асри XV то милод рост меояд. Ин асбоб нисбатан хурдест, ки кисми уфукии он - хаткашаки чадвали хронометрии дарозии такрибан 30 см дошта ва кифти амудй, ки сояи он ба чадвали мазкур меафтад. Минбаъда такмили шакл ва тарзи истифодаи соатхои офтобй бо хаёт ва фаъолияти файласуфони Юнони кадим Анаксимандр, Анаксимен ва астрономхо Аристархи Самосй (асри IV - III то милод) ва Евдокс (такр. с. 408-355 то милод) вобаста аст.
То ихтирои кутбнамо гномонхо барои муайян кардани суи олам низ мавриди истифода буданд. Пагохй сояи гномон суи гарб, нисфирузй ба шимол ва бегохй суи шарк нигарон буд. Аз чумлаи ёдгорсутун минбаъда, ки ба сифати гномон мавриди истифода буданд, бузургтарин дар олам гунбази Калисои чомеъ дар Флоренсияро (асри XV), ки бо кушиши Павел Тасканелли сохта шуда буд, метавон ёдрас шуд. Дар расадхонаи Самарканд (асри XV) гномони баландиаш 50 м бино шуда буд.
Барои муайян кардани вакт дар сатхи асбоби гномонй «хатхои соатй»-и «рост» («муставй» -1/24 кисми шабонаруз) ва «кач» («муаввач»- 1/12 кисми равшан ва тарики шабонаруз) гузаронида мешуданд. Дар бораи ин соатхо Абурайхонй Берунй дар «Китоб-ут-тахфим» чунин овардааст: «Соатхо дугунаанд: яке рост аст ва уро «муставй» хонанд. Ва хар яке аз ин соати муставй тирруст аз бисту чахор тир аз чумлаи шаборуз... Ва аммо гунаи дигар аст аз соатхо, уро «муаввач» хонанд, яъне кач. Ва ин он аст, ки хар яке аз рузу шаб бад-у хамеша дувоздах соат бувад» [3, с.54]. Соати «рост» барои хисоби вакт хангоми мушохидахои нучумй истифода мешуд ва соати «ках» барои хисоби вакт дар хаёти хамарузаи одамон, аз чумла вактхои намоз мавриди истифода буд.
Чунон ки зикраш гузашт, соатхои офтобй такрибан 3000 сол пеш маълум буданд ва сохтану васл намудани онхо то асри XVI ва хатто XVII идома дошт. Минбаъд, бино ба сарчашмахои таърихй, дар кишвархои Бобулистон, Миср ва Юнони Кадим, Xитой ва Хиндустон натанхо намудхои гуногуни соатхои офтобй, балки соатхои оташй, регй ва обй ба таври васеъ истифода мешуданд (Расми 1).
Л.-1*
Расми 1. Соатхои офтобй, оташи, реги ва оби
Доир ба яке аз навъхои нодири соатхои офтобй, ки дар кишвархои Шарк дарёфт шудаанд, бояд ёдрас шуд, ки солхои 80-уми асри гузашта бостоншиносони фаронсавй бокимондахои шахреро дар Бохтар (хозира Ойхонум дар шимолии Афгонистон) гузарониданд. Мукаррар карда шуд, ки Искандари макдунй соли 329 то милод ба ин чо омадааст. Дар яке аз хонахои каср соати офтобии конструксияи -гайриоддие дарёфт карда шуд. Шакли он лавхаи чоркунчаи аз охаксанг сохташудаи андозааш 35х45х15см буд. Дар кисми тегаи калони сурохии силиндршакли кутраш ба 22 см баробар кофта шудааст. Дар сатхи дохилии сурохй, наздикии канорахои болой ва поёнй, 13 рах гузаронида шудаанд, ки рахи миёнаи онхо ба мехвари силиндр мувозй мебошад. Агар лавхаро дар хамвории экватор гузошта сангохакеро ба сифати гномон ба тири сурохй васл намоем, онгох ин дастгох ба соати офтобй табдил мегардад. Кунчи бурриши асоси лавха гувохи он аст, ки ин соат сараввал барои арзи махалли чанубтар (тахмин меравад, ки барои шахри Хайдаробод), ки такрибан 4 сол мукаддам кушунхои харбии Искандар забт карда буданд, васл шудааст.
Намуди дигари соатхое, ки бештар дар Xитои кадим мавриди истифода карор гирифта буд, ин «соатхои оташй» мебошанд. Шакли яке аз чунин соатхо, ки онро бештар конканхо истифода мекарданд, ин зарфи сафолии дохилаш равгани микдораш ба 10 соати сузиши чарог басанда
мебошад (бо назардошти он, ки рузи кории конканхо 10 соат аст). Яъне ба зарфи сафолй ба мивдори маълум ва лозима равган рехта мешуд. Соатхои оташии гуногуншаклу мухталифнавъ бештар дар Хитои ;адим дар ривоч буданд. Аз чумлаи онхо метавон хар гуна соатхои «нукчагй» ва газчаро гиро ном бурд. Аз омехтаи аррамайда ва ;атрон хитоихо химчахои шаклан рост ва морпеч месохтанд. Добили ;айд аст, ки хитоихо баъзе аз намуди соати газчарогро то асри ХХ махфуз доштаанд. То алхол ёдрас мешаванд, ки та;рибан 3000 сол пеш Фо-хи- «падари Хитой» ва императори аввалини он нахустин соати оташиро сохтааст, ки бо воситаи он ва;ти шабонаруз муайян карда мешуд [5, с. 68].
Дар Хитой хамчунин ба ном соатхои зангдор ихтироъ карда шуда буд. Ин соатро низ аз хамираи майдарезаи навъи дарахтони махсуси бо моддахои хушбуй омехташуда тайёр мекарданд. Аз хамири мазкур ;аламчахои шаклан рост ва морпеч месохтанд.
Яке аз нугхои даргирондаи он мил-мил месухт; ;аламчахои сохташудаи хурд-барои як шаб ва ё калон-барои якчанд шаб истифода мешуданд. Баъдтар ба чойхои муайяни танаи ин ;аламчаи шаклан рост ё морпеч са;;очахои металлй овехта шуданд, ки онхо дар мухлатхои муайяни сухтани ;аламча ба зарфи чинй афтода, садои баланде мебароварданд. Ин ;аламчахо метавонистанд муддати тулонй сузон бошанд ва барои онхо хатто хизматрасонхо лозим набуданд. Дар асрхои миёна, шабона барои хисоби ва;т шамъхои махсуси ба ва;т дарачабандишуда мавриди истифода буданд. Ингуна соатхоро хатто асри ХШ Людовики-1Х истифода бурдааст. Асрхои баъдй низ дар Фаронса ба сифати соатхои махсус - чароги равгании зарфаш шаффофи та;симотдошта истифода мешуданд.
Баъдтар соатхои обй ихтироъ шуданд, ки онхо дар Мисри ;адим, Бобулистон, Хитой ва Юнон асрхои тулонй мавриди истифода буданд. Дар Юнони ;адим онхоро «клепсидр» («обдуздак») меномиданд. Аввалин соатхои обй зарфи сурохие дошта буд, ки дар муддати ва;ти маълум аз он об рехта мешуд. Бо соатхои обии минбаъда такмилёфта хисоби ва;т аз руи суръати рехтани об аз як зарф ба зарфи дигар муайян карда мешуд. Ин зарфхо барои хисоби фосилаи ва;т нишонагузорй карда мешуданд (расми 2).
Расми 2. Аввалин соатхои оби
Таърих гувохи соати обии маъруфест, ки онро соли 799 халифаи Аббосй Рашид ба император Карли Бузург тухфа карда буд. Ин во;еаро Эгингард чунин ба ;алам додааст: «Абдуллох - сафири мулки Форс ва ду рохиби Байтулму;аддас Георг ва Феликс аз номи халиф ба Карл якчанд тухфа, аз чумла, соати обии зархалкории багоят мохирона сохташударо пешкаш намуданд. Механизми обии махсус соатро нишон медод ва хамзамон садои афтиши адади муайяни са;;очахо ба тагораи мис шунида мешуд. Дар нисфирузй аз 12 дарича дувоздах чавонмардон берун мебароянду даричахо баста мешаванд ва боз чандин ачоиботи дигар.... Император хамаи онхоро ба ;асри худ дар Аахун бурд...» (ниг. Расми 3) [2, с.11].
Расми 3. Соати обии зар^алкорй дар цасри Император
Навъи дигари соат ин соатхои регй буданд, ки пайдоиши онхо низ ба замонхои кадим тааллук дошта, пахнгаштатарин соатхо дар дунёи кадим ба хисоб меравад. Бартарии соатхои регй назар ба соатхои офтобй ва обй дар он аст, ки онхоро дар вакти дилхох новобаста аз шабонаруз ё боду хаво истифода бурдан мумкин аст. Сохти соатхои регй олоти нисбатан оддй буда, онхо аз ду ё якчанд зарфхои шишагини кифшаклаи ба хам гузошташуда иборат аст. Зарфи болой то сатхи муайян бо рег пур карда мешуд. Мухлати резиши рег ба зарфи поёнй ин ченаки вакт аст. Дар амалия одатан соати регии аз ду зарфи шишагини кифшакл иборат буда истифода мебаранд (расми 4).
Расми 4. Соати регй
Дар асрхои миёна ин навъи соатхо бештар мавриди истифодаи бахрнавардон карор гирифта буд. хамин тавр, дар дунёи кадим асосан соатхои мазкур мавриди истифода буданд. Пушида нест, ки пайваста ба харорат, тозагии хаво, сифати обу рег ва гайра хисоби вакт бо воситаи соатхои мазкур на он кадар сахех буда, хатой дар як шабонарез аз як то ба якчанд дакика мерасид. Бо вучуди он, онхо талаботи хаёти хамарузаи одамонро конеъ мегардонд.
Абурайхони Берунй дар «Осор-ул-бокия»-и хеш зимни навъи соатхо ва хисоби вакт сухан ронда, соатхои региро нисбат ба дигар намуди соатхо афзалтару дакиктар хисобидааст [4 с.39].
Хдмин тавр, ихтирои соат яке аз кашфиёти хуюи бани башар бахисоб рафта, таърихи
ДУРУДароз дорад ва вобаста ба талаботи инсон ва фаъолияти у такмил ёфта, навъхои гуногуни
ба миён омаданд. Омузиши таърихи ихтирои соат собит месозад, ки хисоби ва^т бо соатхои
гуногун анчо м ёфта дар хар минтакди вобаста ба талаботи он навъхои соат ихтироъ шуданд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдуллозода, Х.Физика дар осори олимони Осиёи марказй ва Шарк;и Наздик(асрхои IX-ХУ1)/Х.Абдуллозода,М.Абдуллозода.-Хучанд:Нури маърифат,2009.-460 с.
2. Баратов, М.Б.Абу Али ибн Сина/М.Б.Баратов, .Г.Булгаков, У.И.Каримов.-Ташкент: Фан, 1980.- 248 с.
3. Берунй, А. Китоб-ут-тафхим/А.Берунй.- Душанбе, Дониш, 1973.-269 с.
4. Берунй А. Избр. Произв. Т. 7, Математические и астрономические трактаты. Пер. и коммент. П.Г.Булгакова и Б.А.Розенфельда/А.Берунй.-Ташкент, Фан, 1987.-359 с.
5. Каримиён, Н. История измерения времени и изобретения часов Средней Азии и Иране (1Х-ХШ вв.)/Н.Каримиён.- Душанбе, «Деваштич», 2007.-132с.
6. Мухандиси миконик дар тамаддуни исломй. Ч,омеъ байналулум ва ал- амал ан-нофеъ фи саноат ал-хиял. Таснифи Абулизз бинни Исмоил Чдзирй. Тарчима ва тахшияи Мухаммад Ч,авод Нотщ, Хдмид Ризо Нафисй, Сайид Рифъатчох. Маркази нашрияи Донишгохй, Техрон,1380.- 492 с.
7. ал-Хоразмй, Абуабдуллох Мухаммад Котиб. Мафотех-ал-улум. Тархумаи Хусейн Хддив Хам, 1348.- 342 с.
8. Hill, Donald R. (1), The Book of Knowledge of Ingenious Mechanical Devices, by Ibn al-Razzaz al- Jazari, translated and annotated by Donald R.Hill, Reidel, Dordrecht, Holland, 1974.
9. Hill Donald R. (3),'Medieval Arabic Mechanical Technology', Proceedings of the First International Symposium for the History of Arabic Science, Aleppo, Institute for the History of Arabic Science, Vol.2 (1978) 222-237.
10.Price, Derek de Solla (l), 'The Book of Knowledge of Ingenious Mechanical Devices by Ibn al-Razzaz al-Jazari', a Review of Donald Hill's translation, Technology and Culture, 16 (1975) 81-83.
11.Sarton, G. Introduction to the history of science, vol. 1 -2, Baltimore, 1927-1948, 2nd ed. 1950.
REFERENCES
1. Khurshed Abdullozoda, Mazbut Abdullozoda. Physics in the works of scientists of Central Asia and the Middle East (IX-XVI centuries). Khujand: Nuri Marifat, 2009. 460 pages.
2. Baratov M.B., Bulgakov P.G., Karimov U.I. Abu Ali ibn Sina. Tashkent: Fan, 1980. - 248 pages.
3. Beruni. Book-ut-tafhim. Dushanbe, Donish, 1973.
4. Beruni. Fav. Prod. T. 7, Mathematical and astronomical treatises. Per. and comment. P.G. Bulgakov and B.A. Rosenfeld. Tashkent, Fan, 1987.
5. Karimiyon N. The history of time measurement and the invention of clocks in Central Asia and Iran (IX-XIII centuries). Dushanbe, "Devashtich", 2007, 132 pages.
6. Mechanical Engineer in Islamic Civilization. International and al-amal an-nafe fi industry al-hiyal. Classification of Abu Ali bin Ismail Al-Jazeera. Translated and edited by Muhammad Javad Notiq, Hamid Reza Nafisi, Sayyid Rifatjoh. University Press Center, Tehran, 1380 (Persian).
7. Al-Khwarizmi, Abu Abdullah Muhammad, Secretary. Mafoteh-al-ulum. Translated by Hussein Hadiv Ham, 1348, (Persian).
8. Hill, Donald R. (1), The Book of Knowledge of Ingenious Mechanical Devices, by Ibn al-Razzaz al- Jazari, translated and annotated by Donald R.Hill, Reidel, Dordrecht, Holland, 1974.
9. Hill Donald R. (3),'Medieval Arabic Mechanical Technology', Proceedings of the First International Symposium for the History of Arabic Science, Aleppo, Institute for the History of Arabic Science, Vol.2 (1978) 222-237.
10. Price, Derek de Solla (l), 'The Book of Knowledge of Ingenious Mechanical Devices by Ibn al-Razzaz al-Jazari', a Review of Donald Hill's translation, Technology and Culture, 16 (1975) 81-83.
11. Sarton G. Introduction to the history of science, vol. 1 -2, Baltimore, 1927-1948, 2nd ed. 1950.