ТДУ 371 ТКБ 74.00
ТАЪРИХВА ТАШАККУЛИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИ (ТАЪЛИМИМЕЦНАТ) ДАР ЦУМХУРИИ ТОЦИКИСТОН
ИСТОРИЯ И РАЗВИТИЕ ТЕХНОЛОГИЧЕСКОГО ОБРАЗОВАНИЯ (ТРУДОВОГО ОБУЧЕНИЯ) В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
Азизов Шерзод Юсуфович, н.и.п., сармуаллими кафедраи нацшакашй, геометрияи тасвири ва методикаи таълими МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)
Азизов Шерзод Юсуфович, к.п.н., старший преподаватель кафедры черчения, начертательной геометрии и методики преподавания ГОУ "ХГУ имени акад.Б. Гафурова (Таджикистан, Худжанд)
HISTORY Azizov Sherzod Yusufovich, candidate of AND DEVELOPMENT pedagogical science, senior lecturer of the OF TECHNOLOGICAL department of drawing, descriptive geometry and EDUCATION (LABOR TRAINING) its teaching methods under the SEI "KhSU IN TAJIKISTAN REPUBLIC named after acad. B. Gafurov (Tajikistan,
Khujand),E-mail: azizovsher@bk.ru
Вожа^ои калиди: таълими мецнат, касбу цунар, цунарманди, устод-шогирд, мактаб, технология, барномаи таълим
Мацола оид ба масъалаи таърих ва ташаккули таълими фанни "Технология (таълими мецнат)" дар Цумцурии Тоцикистонро бацс менамояд. Муаллиф нахуст дар бораи таърихи цунар ва цунармандии халци тоцик ёдовар шуда, оид ба мактаби "устод-шогирд" ва анъанацои халци маълумои арзишманд пешницод менамояд. Се давраи асосии ташаккули таълими мецнат инъикос гардидааст, ки аз давраи пайдоиш то Инцилоби Октябр, давраи таълими мецнат дар замони Иттифоци шурави ва омузиши касбу цунар дар давраи социбистицлолии Цумцурии Тоцикистонро дар бар мегирад. Тазаккур меравад, ки цар яке аз ин даврацо боз ба чандин марцилацо тацсим мешавад.Муаллиф доир ба муаммои мавцудбудаи соца дар солцои гуногун ибрози ацида намуда, таъкид мекунад, ки тагйир ёфтани барномацои таълим ва мазмуну мундарицаи фан барои омузгорони муассисацои тацсилоти миёнаи умуми мушкилицои зиёдро ба бор оварда буд. Махсусан ба кам гардидани соати дарсии фанни технология таъкид рафтааст. Новобаста ба ин ояндаи фани "Технология"-ро дурахшон арзёби кардааст. Дар охир барномацои таълим, цуццатцои вобаста ба раванди таълими технологи, китобцои дарси, ацидацои олимони соца тацлил ва барраси гардида, чанд муаммои мубрам баён гардида, хулосабанди шудааст.
Ключевые слова: трудовое образование, профессия, ремесло, учитель-ученик, школа, технология, учебная программа
В статье рассматривается история и процесс развития технологического образования (трудового обучения) в Республике Таджикистан. Упоминается история декоративно-прикладного искусства таджикского народа, а также предоставляется ценная информация о школе «устод-шогирд» и народных традициях. Описаны три основных этапа становления трудового образования, которые охватывают период от его зарождения до Октябрьской революции, период трудового воспитания в Советском Союзе и профессионального обучения в период независимости Республики Таджикистан. Каждый из этих периодов далее делится на несколько этапов, о которых рассказывается в статье. Автор излагает свои взгляды на существующие проблемы отрасли в разные годы, подчеркивая: что изменения в учебной программе и содержании предмета создали много проблем для учителей средних школ. Особо холодное отношение было выражено в отношении технологических уроков. Тем не менее, будущее технологий остается светлым. По окончании учебных программ были проанализированы и обсуждены документы, связанные с процессом технологического образования, учебники, мнения ученых в данной области, обозначен и обобщен ряд актуальных вопросов.
Key words: labor education, profession, craft, history, education, teacher-student, school, technology, curriculum
The article dwells on the history and process of technological education development (labor training) in Tajikistan Republic. The history of arts and crafts of the Tajik people is mentioned, and valuable
information is provided about ustod-shogird school and folk traditions. Three main stages of labor education formation are described, which cover the period from its inception to the October Revolution, the period of labor education in the Soviet Union and vocational training during the period of indep enden ce of Tajikistan Republic. Each of these periods is further divided into several stages, which are described in the article. The author sets out his/her views on the existing problems beset with the industry in different years, emphasizing: those changes in the curriculum and the content of the subject have created many problems for secondary school teachers. A particularly cold attitude was expressed with regard to technology lessons. However, the future of technology remains bright. Upon completion of the training programs, documents related to the process of technological education, textbooks, opinions of scientists in this field were analyzed and discussed a number of topical issues were identified and summarized.
Хунар ва хунармандй махсули хирад ва захмати дасти инсон буда, муаррифгари миллат, таъриху фарханг, табиату зебоипарастй ва шинохти кишвар мебошад [4, с.156]. Яке аз шаклхои маъмули хунаромузй мактаби "устод-шогирд" махсуб меёфт.
Ин усул яке аз анъанахои кадимаи миллии точикон буда, мухаккик П.А.Гончарова онро дар радифи дигар усулхои шогирдтайёркунй баррасй намудааст. П.А.Гончарова кайд мекунад, санъати зардузии бухорой хунари меросй буд, он аз бобо ба падар, аз падар ба писар мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин хунар ба ягон хеши наздик, масалан чиян омузонида мешуд [9, с.79].
Ба омузиши ин хунар писарбачахои 10-12 сола ва баъзан калонтарро чалб мекарданд. Ба шогирдй додани писар як руйдоди мухим ба шумор рафта, дар ин замина як ;атор маросим ичро мешуд.
Падар ё хеши наздики писарбача бо як табак хуроки махсус ва халвои тар ба назди усто рафта, ризоияти уро барои ;абул мегирифт. Баъд аз он ки усто ризоият дод, хузурдоштагон хурокро истеъмол мекарданд, ки рамзи кушоиши кор ба хисоб мерафт.
Усто на танхо омухтани хунар, балки хурондану пушонидани писарбачаро низ ба ухда мегирифт. Байни тарафайн ягон шартномаи хаттй баста намешуд, таълим бепул сурат мегирифт. Усто ба шогирд хунари худро зуд ёд намедод. Соли якуми тахсили писарбача ба корхои хона ёрй медод, аз чумла рубучин мекард, об мекашонд, ба бозор мерафт ва танхо дар ва;ти бекор монданаш у хак дошт, ки кори дузандагонро мушохида намояд. Баъди гузаштани як сол ба шогирд ичозат дода мешуд, ки сари дукони зардузй нишинад. Барои ичрои кор ба шогирд музд дода намешуд, мухлати таълим мукаррар набуд ва метавонист аз 4 то 7 сол идома ёбад. Холатхое хам мешуд, ки усто барои гум накардани шогирди болаёкат уро 8-10 сол назди худ нигох медошт.
Ва;те ки шогирд майлу хохиши мустакилона кор карданро зохир менамуд, ба сифати миёнарав о;са;ол даъват мешуд, то ки устохо барои озод гаштани шогирдон ризой диханд.
Маросими устоталбон дар хонаи шогирд гузаронида шуда, усто ба "арвохи пири миёнбандон" дуо хонда, миёни шогирдро бо руймол баста, "Ба номи Шохи мардон бастам" мегуфт. Дар ин маросим, ки шогирд номи "усто"-ро мегирифт, ба муаллим "сарупо" тухфа мешуд, яъне волидайни шогирд аз сар то по ба у либоси нав мепушониданд. Хамчунин ба о;са;ол ва ёвари у низ тухфахо дода мешуд. Дар баъзе мавридхо устодон ба шогирди камбизоат барои огози кори мустакилона асбобхои заруриро медоданд [10, с.222].
Дар даврони истиклолияти давлатй дар Точикистон таваччух ба омузиши масъалахои хувияти миллй, худшиносии миллй, анъанахои халкй ва сохторхои маорифпарварии миллй бештар гардид [1]. Масъалахои назариявй ва решахои амики этнопедагогикии таърихи илми точик дар асархои бунёдии академик М.Лутфуллоев [14], Ф.Шарифзод [19], И.Каримова [12], Б.Рахимй, А.Нуров [17], Д.Латипов [13] амик баррасй шудаанд.
"Мехнат сабаби инкишоф мебошад. Бинобар ин ба фарзандон аз хурдй мехнат карданро одат кунонидан лозим аст" [3, с.247]. Низоми тахсилоти Точикистон бо таърихи он вобастагии куллй дорад. Дар Аморати Бухоро дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ мадрасахои номдор фаъолият мекарданд, лекин дар ин мадрасахо таълими мехнат омузонида намешуд.
Пас аз истикрори Хокимияти шуравй масоили маориф, омузишу парвариш, сохтмони мактабхо, муассисахои тахсилоти хамагонй дар мадди аввал карор гирифтанд. Аз рузи аввали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диккати махсус дода мешуд. Моххои март ва апрели соли 1918 мувофики карори намояндагони ташкилотхои чамъиятии шахри Хучанд дар ин шахр ва дигар шахру нохияхои ин минтака
Шурои маорифи халк ташкил шуд, ки онхо дар таъсиси мактаби нав, таълими хатмии бачагон ва махви бесаводй накши муассир гузоштанд [15].
Бо вучуди хамагуна мушкилихои иктисодй ва сиёсй дар ин соха дар охири соли 1918 19 мактаб ва соли 1919 73 мактаби дарачаи якум ва дуюм амал мекард. Соли 1920 аввалин мактаби ибтидоии духтарона дар Хучанд таъсис дода шуд [15].
Барои ошкор намудани мархилахои ташаккул ва рушди таълими технологии мактаббачагон дар тахсилоти миллй, мархилахои асосии ташаккул ва рушди тарбияи мехнатиро аз соли 1917, соли Инкилоби Октябр тахлил кардан зарур аст [8, с.112]:
- Маруилаи I - 1917-1922, маруилаи тауияи назариявии асосуои мактаби меунат ва цустуцуи роууои таъсис ва рушди таълими меунати ва политехники. Дар ин мархила, принсипхои асосии ташкили тахсилоти ягонаи мехнатй тибки конун мукаррар карда шуда, шохахои низоми ояндаи таълими мехнат ва политехникй дар кишвархои Иттиходи Шуравй ташаккул ёфтаанд.
- Маруилаи II - 1923-1932, маруилаи цустуцуи роууои амалии минбаъд ташаккул, рушд, такмили тарбияи меунати ва таълими политехники. Ин давра барои тахияи барномахои таълимии тахсилоти ягонаи мехнатй, чорй намудани таълими мехнат хамчун фанни хатмй аз соли 1927, тахкими таълими политехникй ва робитаи мактабхо бо корхонахои саноатй ва кишоварзй назаррас аст.
- Маруилаи III - 1933-1937, маруилаи номувофици байни уадафуои таъсис додани системаи таълими меунати ва политехники дар мактабуои Иттиуоди шурави бо шароити татбици онуо дар мауал. Ин давра бо фармонхо ва дастурхои Кумитаи марказии ваколатдор оид ба бехтар намудани фаъолият дар сохаи маорифи халк тавсиф мешавад, аммо дар аксари мактабхо тадричан суст шудани таваччух ба таълими мехнатй ва политехникй мушохида мешуд. Дар соли 1937 дарси мехнат ба таври умум аз барномаи таълимии мактабхои Иттифоки шуравй хорич карда шуд.
- Маруилаи IV- 1938-1953, маруилаи тамоюли таълими меунати ва политехники ба фаъолияти беруназсинфии цамъияти. Ин солхои душвор барои кишвар буданд, махсусан солхои Ч,анги Бузурги Ватанй (1941-1945) ва аввали солхои баъдичангй (1946-1952). Вакт нишон дод, ки аз маорифи халки мамлакат дур кардани таълими мехнат хатост.
- Маруилаи V - 1954-1976, маруилаи ташаккули низоми меунат ва таълими политехники дар асоси пайвастаги бо меунати истеусоли ва аз соли 1958 мувофици тацдиди сохтори мактаб - бо таълими истеусоли. Ин давра бо тахияи накшахои нави таълими мехнатй, политехникй ва истехсолй, тайёр кардани кадрхои омузгорй, рушд ва мучаххаз кардани заминаи моддию техникии устохонахои таълимй, тахкими робита бо корхонахои саноатй, совхозхо, коллективй, хочагихо, инкишофи асосхои назариявй ва тадкикоти илмй дар сохаи мехнат, таълими политехникй ва истехсолй хос аст. "Соли тахсили 1979-80 22 хазор нафар хонанда аз руйи 44 касб тарбияи мехнатй гирифт. Соли 1980 535 бригадаи истехсолии талабагй, 487 урдугохи мехнатию истирохатй ташкил гардиданд" [15].
- Маруилаи VI - 1977-1993, маруилаи цустуцуи роууои муассири такмили меунат ва политехникии мактаббачагон ва ба кор омода кардани онуо. Ин давра бо як катор карори директивии хукумат дар сохаи таълими мехнат, таълим ва рохнамоии касбй (22.12.1977), тахкими заминаи таълимй ва моддии мактабхои тахсилоти умумй барои бехтар намудани таълими мехнат (18.08.1978), ислохоти мактабхои тахсилоти умумй ва касбй (04.10.1984); тахияи барномахои нав ва мукаммал; ташкили таълими махсус барои хонандагони синфхои 10-11; зиёд шудани вакти омузиши таълими мехнат дар мактаби миёна то 4 соат дар як хафта; тахкими заминаи таълимй ва моддии таълими мехнат; тахкими тахкикоти илмй дар сохаи мехнат ва таълими политехникй; тавсиф мешавад.
Пас аз пош хурдани Иттиходи шуравй ва сохибистиклол гардидани Ч,умхурии Точикистон дар мактабхои тахсилоти миёнаи умумй аз руи барномахои нав, ки аз чониби Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон тасдик гардида буданд, раванди тахсилот ба рох монда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар тамоми зинахои тахсилот дар мукоиса бо низоми тахсилоти пешин (Иттиходи шуравй) мазмун ва мундаричаи фанни таълими мехнат тагйироти чандон мухиме надошт.
Дар шароити онвактаи ислохоти ичтимоию иктисодии чумхурй, дар давраи гузариш ба муносибатхои бозорй, тахия ва амалисозии омилхои баландсозандаи маълумот, ки барои тайёр кардани кормандони баландихтисоси дорои лаёкати сарфахмравй ба вазъият ва ба шароитихои нави мехнат зидмутобикшаванда, сифатхои баланди кордонй ва ракобат тобовар нигаронида
шудаанд, тачдиду тахияи барномахои таълим ногузир буд. Аз ин лихоз соли 2001 барномаи таълими касбу хунар тахия карда шуд [7].
Тайёрии мехнатй дар шакли нав, яъне касбу хунар хусусияти инкишофёбандагии таълимро, ки ба камолоти касбии хонандагон тибки шавкмандй, лаёкатмандй ва майлу раибати хар кадоми онхо нигаронида шудааст, таъмин менамояд.Он навсозии мундаричаи ин корро бо назардошти тачрибаи ватанй ва хоричй таъмин мекунад. Он чорй намудани сохтори печ дар печу мукаммали тархрези барномахои таълимй, истифодаи принсипи амсилаи кисматбандии онхоро бо пуррасозии вариантй ва бо дар назардошти махсусиятхои минтакавию миллй, мухити истехсолй ва хайати мактаббаччагон пешбинй менамуд.
Барнома мувофики нишондодхои Кдрори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 5-уми октябри соли 1998 тахти №399 «Дар бораи тасдики Консепсия ва Барномаи касбинтихобкунии чавонон дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон» таълиф гардидааст. Дар карори мазкур таъкид шудааст, ки мактаб вазифадор аст хатмкунандагонро бо хаёт дар вазъияти нави сиёсй ва ичтимоию иктисодй омода созад, чавононро ба интихоби бошууронаи касбу хунар ва омузиши мутаассири касбй рохнамо гардонад.
Ба барномаи таълими касбу хунар тайёрии иктисодй, унсурхои менечмент, маркетинг, ороишгарй, хунархои халкй, чорй намудани хочагидорй, фермерй бояд шомил мегардид. Барномаи таълимии касбу хунар бо назардошти талаботи стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумие, ки бо карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 4-уми октябри соли 1997 № 266 тасдик гаштааст, тартиб дода шуда буд.
Муаллифон дар барномаи таълим фаслхои зеринро пешниход намуда буданд [7]:
- Технологияи иттилоотй.
- Технологияи коркарди чубу тахта. Унсурхои мошинашиносй.
- Технологияи коркарди металл. Унсурхои мошинашиносй.
- Технологияи коркарди матоъ. Унсурхои мошинашиносй.
- Технологияи тайёр кардани хурокхои миллй. Унсурхои мошинашиносй.
- Маданияти корхои таъмирй - сохтмонй.
- Корхои хочагии кишлок.
- Техникаи хочагии кишлок.
- Касбу хунархои миллй.
- Асосхои истехсолот
- И;тисодиёти оила.
- Асосхои сохибкорй.
- Барк дар рузгор.
- Истехсолот ва мухити атроф.
- Интихоби касб.
- Лоихахои эчодй.
- Таълими касбй
Дар барномаи таълим якчанд нуктаи фарккунанда аз барномахои пешин мавчуд буд, ки он ба назар гирифта шудани гузариш ба шароити иктисоди бозорй ва эхёи касбу хунархои миллии ачдодии халки точик махсуб меёфт. Бори аввал фасли «Технологияи иттилоотй» ба барномаи таълим ворид карда шуд, ки он диккати хонандаро ба мошинахои электронии хисоббарор равона карда, онхоро бо мухаррири матнй ва графикй ошно мекард, ки мувофики талаби замон буд.
Таълими хунархои мардумй дар муассисахои тахсилоти миёна барои аз синни мактабй бедор намудани эхсоси ифтихори миллй, ватандустй, мехнатдустй ва зебоипарастй мусоидат мекунад [4, с.156].
Баъди тахияи барномаи таълимии фанни касбу хунар аз чониби гурухи муаллифон, навиштани китобхои дарсй бо забони точикй огоз гардид. Аввалин китоби дарсии "Касбу хунар"-ро [11] барои синфи 5 муаллифон А.Азизов, С.Рахимов, С.Исломов соли 2002 тартиб доданд ва аз чониби Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон бо карори мушовара нашр гардида, ба тамоми муассисахои таълмии каламрави чумхурй дастрас карда шуд. Сипас, барои дигар синфхо низ тахияи китобхои дарсй бо забони давлатй бо маром идома кард.
Бояд зикр кард, ки шуруъ аз соли 2006 фанни касбу хунар ба соати таълими "Технология" табдили ном кард ва китобхои дарсй бо номи "Технология" нашр гардиданд.
Мувофики фармоиши вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 07.07.2010 №11/37 оид ба ворид намудани тагйироту иловато дар накшахои таълими муассисахои тахсилоти миёнаи умумии соли хониши 2010 ва солхои минбаъда чорй намудани таълими фанни «Технология» (таълими мехнат) дар синфи 10 тахия карда шуда, аз фаслхои зерин иборат буд [5]:
- Асосхои истехсолот;
- Асосхои сохибкорй;
- Касбинтихобкунй;
- Худмуайянкунии касбй
- Бизнес-накша
Нуктаи гардиш дар таърихи таълими мехнат бояд соли 2001, соли таълифи барномаи таълимии касбу хунар барои хонандагони синфхои 5-9 муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Точикистон хисоб карда мешавад Сипас, сохаи нави таълимии «Технология (таълими мехнат)» чои таълими касбу хунарро гирифт. Гузариш аз касбу хунар ба таълими технологй, ба гуфтаи муаллифони барномаи нав, барои васеъ кардани имкониятхо барои хонандагон барои дар амал татбик кардани донишхои гирифташуда, инчунин ба хадди аксар расонидани тачрибаи мусбии ватанй ва хоричй дар сохаи тахсилоти технологй мусоидат мекунад.
Саволи окилона ба миён меояд: оё мактабхо барои чорй намудани барномаи нав омода буданд, оё кадрхо, заминаи моддию техникй, устохонахои мактабй, таъминоти таълимию методй омузонида шуданд? Чдвоби оддй не. Махсусан саволхо ва мушкилоти зиёде аз кисматхои "Технологияхои иттило" барои хонандагони синфи 5-6, "Маданияти корхои таъмирй
- сохтмонй" барои хонандагони синфхои 5-6, "Хунархои миллй (Кандакорй)" барои хонандагони синфи 5 ба вучуд омадаанд. Аксар муаллимони технология кисмати "Лоихаи эчодй"-ро ба таври шадид ва дарднок баррасй мекарданд. Хамчунин дар ин солхо кам шудани соати таълимии фанни технология мушохида шуд, ки 50%-и соатхо ихтисор карда шуда, хафтае як соат дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй таълим дода мешуд. Ин дар холе, ки дар барномаи таълимии соатхо ихтисор карда нашудаанд [7]. Нашрияхо, маводи барномавй ва методии олимон ва мутахассисони Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф ба омузгорони технология (таълими мехнат) дар рушди сохаи нави таълим кумаки бебахо расониданд.
Дар барномаи тачрибавй барои соли 2012 дар баробари бахшхои анъанавй бахшхои (модулхои) навро дар бар мегирифт. Дохил кардани бахшхои нав ба рушди фарханги технологй, таррохй, тахкикотй, иктисодй ва экологии мактаббачагон нигаронида шуда буд.
Барномаи таълимии фанни технология (таълими мехнат) барои синфхои 5-9 аз тарафи Академияи тахсилоти Точикистон бо супориши Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон аз 22 апрели соли 2012 тахти раками 1757 «Оид ба тачдиди назар ва ба шароити чумхурй мутобик гардондани барномаи фанни «Технология» (таълими мехнат) барои синфхои 5-9» тахия гардид. Он дар асоси талаботи стандарти давлатии тахсилоти миёнаи умумй, ки бо карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 2 апрели соли 2009 (№206) тасдик гардидааст,тахия шуда буд [6]. Барномаи мазкурро С.Рахимов, М.Сайфиддинов, Т.Чдбборов, Б.Саидова, зери назари президенти Академияи тахсилоти Точикистон И.Х.Каримова ва мушовири байналмилалй доктор Кристиан Хайн, мутахасиси фанни «Технология» аз Донишгохи Фестфали ба номи Вилгелми шахри Мюстерни Ч,умхурии Федеролии Олмон тахия намуда буданд, ки дар он ба масъалаи баробарии гендерй ахамияти чиддй зохир гардида буд. Тибки барнома бояд, ки писарон ва духтарон бо барномаи таълимии муштарак, дар як синф таълим дода мешуд. Барнома аз чунин модулхо иборат буд [6]:
- Агротехнология;
- Рузгордорй;
- Корхои нассочй;
- Коркарди масолех;
- Механика;
- Техникаи баркй;
- Техникаи сохтмон;
- Автоматиконии техника;
- Конструксия ва махсулоти мачмуи мавод.
Тарики барномаи мазкур дар шахрхои Хучанд ва Душанбе мактабхои пилотй интихоб карда 1б[уда , мазмун ва мундаричаи раванди таълим натичагирй карда шуд. Аммо ин барнома дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй чорй карда нашуд.
С оли 2 0 1 2 Хукум ати Чумхурии Точикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» -ро ба тасвиб расонд, ки тибки он тамоми фанхои таълмии муассисахои тахсилоти миёнаи умумй бояд давра ба давра ба муносибати босалохит гузаронида мешуданд [18].
Таълими ба ташаккули салохиятнокй равонагардида, ки харду вазифахои тахсилотро вобаста ба натичаи он муайян менамояд ва салохиятхои асосии таълими хонандаро дар баробари дониш, махорат ва малака ба сифати яке аз натичахои тахсилот баррасй менамояд. Соли 2017 бо кушиши Вазорати маориф ва илми Ч,умхурии Точикистон барои фанхои таълимии математика, геометрия, забони модарй, адабиёт, технология (таълими мехнат барои писарон ва духтарон) [2] ва накшакашй рахнамохои таълим барои омузгорон ва замимахои китоби дарсй барои хонандагони хамаи синфхои муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ба нашр расида шуд. Омузгорони фанхои дар боло зикршуда курсхои кутохмуддати омузиши муносибати босалохият дар таълими фанхои тахассусиро хатм намуда, бо шаходатномахо таъмин карда шудаанд. Холо фанхои номбурда пурра дар муассисахои таълимй тарики низоми муносибати босалохият таълим дода мешаванд.
Академики Академияи тахсилоти Точикистон Fумомкодир Бобизода чунин мешуморад: "Муносибати босалохият дар таълим омузгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулхои замонавии таълиму тарбия хонандагонро хаматарфа ба зиндагй омода намоянд, зеро чомеаи имруза шогирдони ботачриба, дорои кобилияти халли проблемахои мураккаби хаётй ва чавобгу ба талаботи бозори мехнатро аз мактабу маориф интизор аст" [16, с.17].
Дар давраи 30 соли истиклолият барои муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Точикистон кабули доираи васеи санадхои меъёрии хукукй дар сохаи маориф ба вукуъ пайваст. Агар модернизатсияи таълими технологиро ба даврахо таксим кунем, такрибан чунин мархилахоро дар бар мегирад:
- Давраи аввал - 1991-1999. - давраи чустучуи роххои таъсис ва рушди таълими мехнат дар асоси арзишхои миллй. Ин давра дар пасманзари чанги шархвандй мегузарад. Дар он нигох доштани низоми маорифи халк ва кабули санадхои хукукй-меъёрй тавсиф мешавад.
- Давраи дуюм - 2000-2005. - давраи ташаккул ва инкишофи низоми таълими касбу хунар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй. Ин давра бо чустучуи роххои рушди таълими касбу хунар хамчун инкишофи завки касбомузй ва аз бар кардани хунархои миллй аз чониби хонандагон дониста мешавад.
- Давраи сеюм - 2006-2016. - давраи гузариш аз таълими касбу хунар ба сохаи нави "технология (таълими мехнат)" фаъолона мучаххаз кардани дарсхои технология бо мачмуахои таълимию методй ва якбора кам кардани соатхои таълими дарсхои технология.
- Давраи чорум - 2017-2021. - давраи навсозии мактаби ватанй ва гузариш ба муносибати босалохият, ки бо тахияи китобхои насли нав, дастурхои таълимию методй, тахкикотхои олимон чихати рушди соха ва инкишофи мундарича ва шаклу усулхои таълими технология (таълими мехнат) тавсиф мешавад.
Хамин тарик, низоми таълими технологии мактаббачагон таваччухи чиддиро дар сатхи Хукумати чумхурй, Вазорати маориф ва илми Ч,умхурии Точикистон дар сохахои зерин талаб мекунад:
- тахкими таълими технологии хонандагон тавассути зиёд кардани шумораи соатхо барои дарсхои технология (таълими мехнат) синфхои 5 то 9;
- маблаггузории заминаи таълимй ва моддии устохонахои мактабй;
- дохил намудани фанни «Технология» ба хастаи бунёдии таълим ва руйхати имтихонхо бо интихоби хатмкунандагони мактаб.
- тачдиди назар ба мазмун ва мундаричаи барномаи таълим ва китобхои дарсй вобаста ба тагйироти низоми таълим (муносибати босалохият).
Тахлили рушди таълими технологии хонандагон дар масири таърих нишон дод, ки ин хама мархилахои пайдоиш, ташаккул, таназзул ва рушди низоми таълими технологии хонадагон буда, омухтани он чихати дар оянда дуруст рохандозй намудани раванди таълим дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй иусоидат мекунад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Азизи, Ф.А.Традиционный художественный институт как феномен таджикской народной педагогики/Ф.А.Азизи,Ф.С.Рофиева//БГЖ.-2017.-№4(21).т^
ttps://cyberleninka.ru/article/n/traditsionnyy-hudozhestvennyy-institut-kak-fenomen-tadzhikskoy-narodnoy-pedagogiki (дата обращения: 10.08.2021).
2. Азизов, А. Барнома ва модули таълимии курси омузишии омузгорони фанни технология (таълими мехнат) оид ба таълими босалохият/А.Азизов,Ш.Азизов ва диг.-Душанбе, Маориф 2017.-166 с.
3. Азизов, А. А. Традиционные ремесла как фактор воспитания в народной педагогике / А. А. Азизов, Ш. Ю. Азизов // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2016. - № 4(49). - С. 245251.
4. Азизов, Ш. Ю. Организация кружков по обучению труду и их роль в возрождении народных ремесел / Ш. Ю. Азизов // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б.афурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2019. - № 2(59). - С. 155-160.
5. Барномаи таълимии фанни технология (таълими мехнат)барои синфи 10,Душанбе,2010.-58 с.
6. Барномаи таълимии фанни технология барои синфхои 5-9. / А.А. Азизов ва диг. - Душанбе, 2013. - 89 с.
7. Барномаи таълимии касбу хунар барои синфхои 5-9, Душанбе, 2001. 122с.
8. Глозман, Е. С. Становление и развитие технологического образования школьников в отечественном образовании / Е. С. Глозман // Теория и практика общественного развития. -2015. - № 1. - С. 112-114.
9. Гончарова, П.А. Санъати зардузии Бухоро/П.А.Гончарова.- Тошканд, «Адабиёт ва санъат ба номи F. Fулом 1986. - 110 с.
10.Дадобоева,М. Н. Роль народных традиций в возрождении народных промыслов /М.Н.Дадобоева//Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова.Серия гуманитарно-общественных наук.-2017.- № 2(51). - С. 222-227.
11.Исломов, С.Касбу хунар. Китоби дарсй барои хонадагони синфи 5. / С.Исломов, С.Рахимов, А. Азизов. - Душанбе: Маориф, 2002. - 136 с.
12.Каримова, И.Х. Инновационная педагогика/И.Х.Каримова.- Душанбе: Ирфон, 2013. - 544 с.
13.Латипов, Д.Н. Этнокультурное образование и национальное единство/Д.Н.Латипов.-Душанбе, 2011. - 316с.
14.Лутфуллоев М. Педагогика гуманизма. / М. Лутфуллоев - Душанбе, 2008. - 254 с.
15.Маориф дар Точикистон [Манбаи электронй]: Википедия. Донишномаи озод. - URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/Маориф_дар_Точикистон (санаи дархост: 11.08.2021).
16.Муносибати босалохият дар таълим (дастури методй) Мураттибон: F.Бобизода, Ш.Исрофилниё, Д.Имомназаров, А.Байзоев. - Душанбе, 2017 - 74с.
17.Рахимов,Б.Этнопедагогика таджиков/Б.Рахимов,А.Нуров.-Душанбе:Шарки озод,2008. - 295с.
18.Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020. (Карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 30 июни соли 2012, №334). Душанбе, 2012.
19.Шарифзода, Ф. Интегрированное обучение - явление в национальной педагогике/Ф. Шарифзода. -Душанбе:Ирфон,2010.-136 с.
REFERENCES:
1. Azizi, F.A. Traditional Art Institute as a Phenomenon of Tajik Folk Pedagogy /F.A.Azizi, F.S.Rofieva//BGZh.2017. - 4(21). URL: https://cyberleninka.ru/article/n7traditsionnyy-hudozhestvennyy-institut-kak-fenomen-tadzhikskoy-narodnoy-pedagogiki (Date of appeal: 08/10/2021).
2. Azizov, A. Program and Training Module of the Training Course for Teachers of Technology (labor training) on Literate Teaching / A. Azizov, Sh. Azizov et al. - Dushanbe: Education, 2017. -166 p.
3. Azizov, A.A. Traditional Crafts as a Factor of Education in Folk Pedagogy / A.A. Azizov, Sh.Yu. Azizov // Scientific Notes of Khujand State University named after academician B. Gafurov. Series of Humanities and Social Sciences. - 2016. - No. 4 (49). - P. 245 - 251.
4. Azizov, Sh.Yu. Organization of Labor Training Circles and their Role in Revival of Folk Crafts / Sh.Yu. Azizov // Scientific Notes of Khujand State University named after academician B. Gafurov. Series of Humanities and Social Sciences. - 2019. - No. 2 (59). - P. 155 - 160.
5. Education Program in Technology (Labor Training) for Grade 10. - Dushanbe, 2010.
6. Technology Curriculum for Grades 5-9. / A.A. Azizov and others. - Dushanbe, 2013. - 89 p.
7.Professional Training Program for Grades 5-9. - Dushanbe, 2001. - 122 p.
8. Glozman, E.S. Formation and Development of Technological Education of Schoolchildren in D o mest ic E du c atio n / E.S.Glozman // Theory and Practice of Social Development. - 2015. - No. 1. -P. 112 - 114.
9. Goncharova P.A. The Art of Bukhara Embroidery. - Publishing-House of "Literature and Art named after G. Gulyam / P.A. Goncharova. - Tashkent, 1986. - 110 p.
10.Dadoboeva, M.N. The Role of Folk Traditions in Revival of Folk Crafts / M.N.Dadoboeva // Scientific Notes of Khujand State University named after academician B. Gafurov. Series of Humanities and Social Sciences. - 2017. - No. 2 (51). - P. 222 - 227.
11.Islamov S.Kasbu Khunar. Textbook for 5 grades / S. Islamov, S. Ragimov, A. Azizov. - Dushanbe: Education, 2002. - 136 p.
12.Karimova, I.Kh. Innovative Pedagogy/I.Kh. Karimova. - Dushanbe: Cognition, 2013. - 544 p.
13.Latipov,D.N.Ethnocultural Education and National Unity/D.N.Latipov.-Dushanbe, 2011. - 316 p.
14.Lutfulloev, M. Pedagogy of Humanism/M.Lutfulloev. - Dushanbe, 2008. - 254 p.
15.Education in Tajikistan [Electronic resource]: Wikipedia. Free encyclopedia.-URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/Education_in_Tajikistan (Date of appeal: 08/11/2021).
16.Competent Approach to Teaching (methodological guide) Compiled by G. Bobizoda, Sh. Isrofilniyo, D. Imomnazarov, A. Bayzoev. - Dushanbe, 2017 - 74 p.
17.Rakhimov, B. Ethnopedagogy of Tajiks/B. Rakhimov,A.Nurov.-Dushanbe:Freedom of Orient, 2008. - 295 p.
18.National Strategy for the Development of Education of Tajikistan Republic until 2020. (Decree of Tajikistan Republic Government from June 30, 2012 No. 334). - Dushanbe, 2012.
19.Sharifzoda, F. Integrated Learning Is a Phenomenon in National Pedagogy/F.Sharifzoda -Dushanbe: Cognition, 2010. - 136 p.