УДК 8 точ2 М.АХ.МАДОВ
ББК 83,3 тон
РАВАНДИ БАРНОМАСОЗИ ВА МУНДАРИ^АИ БАРНОМА^ОИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИЦЛОЛИЯТ
Мураттаб сохтани барномахои таълими забону адабиёти точик дар замони шуравй дар солхои 30-юми асри гузашта асос ёфта, минбаъд ташаккул ва давра ба давра мукаммал гардидааст. Дар замони Истиклолияти Точикистон барномасозй раванди хос касб кард, ки ин хануз дар охирхои замони шуравй, яъне аввали солхои 90-ум ибтидо гирифта буд.
Соли 1990 Институти тадкикоти илмии илмхои педагогии Точикистон барномаи такмилёфтаро бо унвони «Программаи забон ва адабиёти точик барои мактабхои миёна (синфхои V - XI)» пешниход намуд. Барномаи мазкур аз кисматхои «Забони точикй» ва «Адабиёти точик» иборат буда, нисбат ба барномахои пешина аз хар чихат мукаммал буд. Х,ар ду кисмати барнома «Мактуби эзох,й» дошт. Дар кисмати «Забони точикй» «Меъёри бахо ба дониш, малака ва махорати хонандагони синфхои V - XI аз забони точикй» илова гардидааст. Дар «Мактуби эзох,й»-и кисмати «Адабиёти точик» доир ба чанд масъалаи бунёдии равиши тадриси адабиёт маълумоти зарурй фарохам омадааст.
Барнома барои хар кадом синф мавзуъхои фанни "Адабиёти точик"-ро бо таксимоти соатхо ба таври мушаххас пешниход намудааст. Пас аз зикри мавзуъхои асосии таълимй матнхо барои аз ёд кардан ва хониши беруназсинф, навъхои корхои хаттй ва шифохй аз адабиёт, талаботи асосй ба донишу махорати хонандагон тахти унвонхои «Хонандагон бояд донанд» ва «Хонандагон бояд тавонанд» дар алохидагй барои хар кадом синф оварда шудаанд. Дар хотима барномаи хар кадом синф таксимоти соатхои умумй нишон дода шудаанд. Масалан, дар охири мавзуъхои барномаи таълими "Адабиёти точик" барои синфи IX таксимоти умумии соатхо ба тарики зайл омадааст: барои омухтани асархо - 84 соат; барои такрор - 4 соат; барои инкишофи нутки мураттаб - 9 соат; барои хониши берун аз синф - 8 соат. Ч,амъ - 105 соат (4, 82).
Дар анчоми мавзуъхои алохида, чое ки зарур аст, робитаи байни фанхо ;айд шудааст. Вобаста ба мундарича ва мухтавои мавзуъхо омузиши масоили мушаххаси назарияи адабиёт низ пешниход гардидааст.
Дар барнома кушиши бештар чудо намудани соатхо барои омузиши мухимтарин осори адибони классик ва муосир ба назар мерасад. Ворид намудани осори адабиёти шифохии халкй низ дар барнома бо назардошти хусусиятхои синнусолй ва чахонбинии шогирдон сурат гирифтааст, яъне агар дар синфи V омузиши афсона, тарона, чистон, зарбулмасалу макол ва ахволу ашъори шоири халкй Сайидалй Вализода (4, 49-50) омада бошад дар синфи VI таълими анвои назми шифохии халкй - суруд, рубой, латифахо ва ахволу осори шоирони халкй Юсуф Вафо ва Х,икмат Ризо (4, 58-60) ба барномаи таълим ворид шудаанд.
Дар кисмати тавсияхои методии барномаи таълим масъалахои хифзу маънидоди осори манзуму мансур, усули гузаронидани корхои амалй ва такрор дар синфхои V - XI баррасй гардидааст, ки дорои арзиши махсус аст. Бояд тазаккур дод, ки дар кисмати такрори барнома доир ба истифодаи соатхои барои такрори мавзуъхо пешниходгардида сухан меравад. Дар хамин кисмат накшаи микдори иншохо низ барои хар кадом синф нишон дода шудааст. Таълими масъалахои назарияи адабиёт вобаста ба курси хониши адабй ва таърихи адабиёт барои хар кадом синф дар баробари омузиши мавзуъхои марбут ба онхо пешниход гардидааст.
Дар баробари ин мухассанот дар ин барномаи таълим баъзе норавшанихо ба чашм мерасанд. Чунончи, дар барномаи таълим пешниход гардидааст, ки аз хисоби соатхои барои корхои амалй пешниходшуда бояд корхои хаттй гузаронида шавад, аммо ачобати кор дар он аст, ки соатхои барои корхои амалй чудогардида кифоят намекунанд. Он гох маслихат дода мешавад, ки хангоми зарурат аз хисоби соати мавзуъхо барои иншо ва дигар корхои хаттй истифода шавад. Дуруст аст, ки ин корхо ба салохияти омузгор вогузор гардидааст, бо ин хама дар чунин хол масъалаи норасоии соатхои тадрис ногузир ба миён меояд.
Бояд таъкид намуд, ки навиштани корхои хаттй, бахусус, навиштани накли хаттй ва иншо аз фанни "Адабиёти точик" хануз нисфи кор аст. Кори дигари ногузир тахлили корхои хаттй аст. Ин масъала дар барнома низ таъкид гардидааст. Вале дар хусуси аз хисоби кадом вакт тахлили корхои хаттй бояд амалй гардад дар барнома чизе гуфта нашудааст.
Маъмулан, омузгорон барои гузаронидани тахлили корхои хаттй аз лахзахои такрор ва пурсиши супориши хонагии дарси навбатй истифода мекунанд. Яъне барои тахлили корхои хаттй
(аз он чумла, накли хаттй ва иншо хам) хамагй 10 - 12 дакика вакт доранд. Чунин вак;ти махдуд ба омузгор имкон намедихад, ки тахлили пурраи кори хаттиро ба рох монад. Х,ол он ки махз хангоми тахлил ва мухокимаи муфассал шогирдон ба галатхои худ комилан сарфахм мерафтагй мешаванд, роххои ислохи онхоро меомузанд. Дар акси хол мехнати пурмашаккати омузгор, ки дар сари кори хаттии шогирдон соатхо нишаста, нури чашм сарф менамояд, натичаи дилхох намедихад.
Нахустин барномаи таълими "Адабиёти точик" замони истиклол соли 1993 аз тарафи адабиётшинос, донишманди маъруфи таълими адабиёт Туйчй Миров зери унвони "Адабиёти точик. Барномаи таълим барои мактабхои асосй ва миёна (синфхои 5-11)" мураттаб гардид. Дар мактуби эзохии барномаи мазкур мавзуъхои "Максад ва вазифахои фанни адабиёт", "Мазмун ва таркиби барномаи курси хониши адабй", "Вазифаю максади хифзу маънидоди порчахои назмию насрй ва лугати онхо", "Мазмун ва таркиби курси таърихи адабиёт", "Усулхои гузаронидани корхои амалй дар синфхои 5-11" ва "Такрор" оварда шудаанд. Дар шархи баъзе ин мавзуъхо мураттиб хеле батафсил мухокимаронй хам кардааст.
Пас аз чунин маълумоти мукаддамотй кисмати асосии барнома огоз гардидааст, ки аз пешниход кардани мавзуъхо ва масъалахои фарогири онхо бо нишон додани соатхои таълим барои хар кадом синфхои 5-11 иборат хастанд. Барнома аз имкони пешниходсохтаи накшаи таълими Вазорати маориф истифода карда, барои синфхои 5 - 9 ва тамоили гуманитарии синфхои 10 ва 11-ум 136-соатй нишон додааст (барои тамоили риёзй ва биологй дар ин синфхо 102-соатй дода шудааст). Яъне дар хар кадом синф имкон хаст, ки хафтае 4 соат дарси адабиёт таълим дода шавад.
Бояд гуфт, ки дар таърихи тадриси мактабхои имруза бори нахуст дар накшаи таълими Вазорати маориф ва илм ба соатхои адабиёт чунин таваччух зохир гардидааст. Аз суйи дигар, мураттиб Туйчй Миров бо назардошти тачрибаи таълим дар мактаб ва андешаи як катор донишманди соха ба чунин хулоса расидааст, ки аз хисоби ихтисори шумораи адибон барои таълими асархои адибони тирози аввал соатхои бештар дода шавад. Ин нукта дар барнома чунин иброз гардидааст: "... шумораи адибон назар ба барномаи пешин се-чор маротиба кам карда шудааст. Вале соатхои ба таълими асархо чудокардашуда се-чор маротиба зиёд аст. Масалан, аз устод Айнй асари "Темурмалик" пурра ба шогирдони синфи 5 таълим дода мешавад, ки барнома ба таълими он 11 соат чудо кардааст. Х,амин усули кор дар синфхои дигар низ ба назар гирифта шудааст" (5, 8).
Хусусияти дигари барномаи мазкур, тавре ки ишора шуд, аз он иборат аст, ки он барои синфхои 10 ва 11 бо назардошти тамоилхои таълим мураттаб гардидааст. Доир ба ин чихати барнома мураттиб чунин нигоштааст: "Бояд хотиррасон кард, ки дар се тамоил (гуманитарй, риёзй, биологй) адабиёт таълим дода мешавад... Агар дар тамоили гуманитарй хафтае чор соат адабиёт мукаррар гардида бошад, дар тамоилхои дигар 3-соатй мебошад. Барномаи кунунй асосан ба тамоили гуманитарй тахия шуда. Вале дар кавсайн соати тамоилхои риёзй ва биологй низ дода шудаанд" (5, 15).
Х,амин тавр, аз имкони мавчуда, бахусус зиёд будани соатхои барои таълими адабиёт додашуда истифода карда, мураттиб низ барои кисматхои мехварии таълими адабиёт соатхои бештар чудо кардааст. Аз он чумла, барои таълими эчодиёти шифохии халк низ чунин муносибат ба назар мерасад: дар курси хониши адабй бо назардошти он, ки дар ин давраи таълим яке аз вазифахои бунёдии адабиёт бештар инкишоф додани нутки шифохиву хаттии хонандагон аст, барои таълими мавзуи "Эчодиёти шифохй" дар синфхои 5, 6 ва 7-ум 20- соатй дода шудааст. Дар синфи 8-ум, ки таълими таърихи адабиёт огоз мегардад, низ барои "Адабиёти шифохй" 6 соат чудо гардидааст.
Дар поёни барномаи синфи 7-ум, ки курси хониши адабй бо он анчом мепазирад, кисмати "Адабиёти чахон" ворид гардидааст ва барои таълими Борис Полевой 4 соат ва Робиндронат Такур 6 соат нишон дода шудааст.
Дар барномаи курси хониши адабй ба масъалаи хифзу маънидоди порчахои манзуру мансур ва лугати онхо эътибори махсус дода шудааст ва ба хотири вокеан ба рох монда шудани ин чихати зарурии таълим дар поёни хар кадом мавзуъ аз 2 то 4-соатй чудо карда шудааст. Вале барои ба рох мондани дигар корхои амалй, хусусан, гузаронидани корхои хаттии чориву санчишй соат дода нашудааст. Ч,амъи соатхои додашуда, масалан, барои синфи 7-ум чунин аст: "барои омузиши асархо - 107 соат; барои хифзу маънидоди порчахои назмию насрй ва лугати онхо - 22 соат; барои такрор - 7 соат. Х,амагй - 136 соат" (5, 37).
Дар курси таърихи адабиёт бошад, бо максади гузаронидани корхои амалй барои хар кадом синф 18-20-соатй дода шудааст. Ин барои дуруст ба рох мондани корхои амалй ва хаттии хонандагон дар ин синфхо имкони васеъ фарохам меорад.
Ба хотири таълими густардаи осори адибони варзида ва сермахсул дар курси мазкур низ соатхои чудошуда имкони пурраи таълимро мухайё месозанд. Аз он чумла, барои таълими Фирдавсй -18 соат, Саъдй-16 соат, Ч,омй-18 соат, Айнй-18 соат чудо гардидааст.
Барои синфи 9-ум бори нахуст дар барномасозии фанни адабиёт таълими мавзуъхои "Накши тасаввуф дар осори бадей" (4 соат) ва "Ч,алолиддини Румй (Балхй)" (10 соат) пешниход гардидааст.
Дар охир "Барномаи адабиёти халкхои чахон" барои синфхои 10 ва 11 дар хачми 68-соатй замима гардидааст.Чунин муносибат ба таълими адабиёт имкони густарда медихад, то ки хонандагон хам дар курси хониши адабй ва хам дар курси таърихи адабиёт нуктахои мехварии ин фанро фарогир шавад ва омузгорон низ кор бо матни асархои бадеиро ба таври матлуб амалй созанд. Вале, чои таассуф аст, ки солхои минбаъда ихтисори ин соатхои таълим ба миён омад. Барои таъмини соатхои хар кадом фанни наве, ки минбаъд Вазорати маориф ва илм ба накшаи таълим ворид сохт, пеш аз хама, аз соатхои фанни "Адабиёти точик" бурида мешуд.
Х,амин тавр, мураттиб Туйчй Миров чанд сол барномаи мазкурро дар равиши тадриси адабиёт озмуда, натичахо ба даст овард, дар сифатан бехтар намудани он захмат кашид ва нихоят «Барномаи адабиёти точик барои синфхои V - XI» - ро мураттаб намуд, ки соли 2002 ба истифодаи омузгорон пешниход гардид. Ин барнома бо назари нав ва бо назардошти дигаргунихои сиёсию ичтимой ва илмию фархангй мураттаб гардид. Дар кисмати тавзехот доир ба мазмун ва таркиби курсхои хониши адабй ва таърихи адабиёт маълумоти зарурй дода шудааст.Дар барнома мавкеи мавзуъхои адабиёти классикй, муосир ва дигархо тачдиди назар гардидааст. Дар ин бора муаллиф меорад, ки адабиёти оламшумули зиёда аз хазорсолаи форсу точик сохиби асархои пурарзиштарин аст, ки онхо дар тарбияи маънавй ва зебоишиносии шогирдон ахамияти бузург доранд. Аз ин лихоз, такрибан 70 фисади соатхо ба омузиши осори адибони классик бахшида шудааст, дар холе ки дар барномахои гузашта, аз он чумла, дар барномаи соли 1990 дар кисмати соатхои курси хониши адабй барои маводи адабиёти классикй хамагй 25 фисади соатхо дода шуда буд.
Аз тачрибаи омузгорони забону адабиёти точик дар солхои пешин чунин хулоса бармеояд, ки дар омузиши Фирдавсй, Саъдй, Х,офиз, Камол, Низомй ва Ч,омй барин адибони классикй ва тахлили осори онхо хамеша соатхои дарсй намерасанд. Ин холат боис мегардад, ки омузгор ба усули ичмолии таълим руй орад, ба масъалахои адабй хеле сатхй дахл намояд, кисми асосии машгулият ба тарики супориши хонагй ба ухдаи худи шогирдон вогузор гардад. Омузгоре, ки дар ихтиёраш хамагй 45 дакикаи дарсро дорад ва кисмати зиёди он барои лахзахои ташкили дарсу пурсиш ва мустахкамкуниву дигархо сарф мешавад, барои омузиши густарда ва шарху тафсири матнхои пешниходшаванда дар чунин соатхои махдуд имкони амалй пайдо карда наметавонад.
Фахмост, ки бо чунин равиш шогирдон танхо аз зохири асар огох мегарданд ва аз магзи маъно бебахра мемонанд. Агар бар замми инхо, асноду ракамхои урён ва холй аз эхсоси маънавй, ки дар усули тадриси бархе аз омузгорон то ба хол чой дорад, илова гардад, пас натичаи матлуб ба даст нахохад омад. Махз перомуни чунин равиши нописанд дар раванди тадрис фармудаанд: шогирдон мисоли зарфи холй нестанд, ки омузгор онро бояд пур намояд, балки шогирдон мисоли шамъи андеша хастанд, ки омузгор бояд онро аз оташи маънавй фурузон намояд.
Дар кисмати курси хониши адабии барномаи мазкур аксари матнхои маводи таълим бо назардошти мувофикати синнусолии шогирдон, парвариши ахлокию зебоишиносй ва завки бадеии онхо дигар карда шудааст. Перомуни ихтисори мавзуъхо дар тавзехоти барнома чунин оварда шудааст: «Хднгоми тахияи барнома махз омузиши асархои яклухти сюжетнок ба асос гирифта шуд. Масалан, барномаи пешинаи синфи V 33 мавзуи хурду калонро дарбар мегирифт. Ба омузиши онхо 105 соат чудо шуда буд, ки ба хар мавзуъ 2-3 - соатй рост меомад. Х,оло бошад, микдори мавзуъхо кам гардид. Акнун имкон пайдо шуд, ки танхо ба омузиши «Гулистон»-и Саъдй 8 соат бахшида шавад. Микдори соати мавзуъхои бокимонда низ зиёд шуданд» (6, 5).
Дар барнома, тавре ки ишора гардид, микдори мавзуъхои синфи V аз 33 ба 21 кам гардидааст, яъне 12 мавзуъ ихтисор карда шудааст. Чунин имкон, агар аз як тараф, дар натичаи ихтисори мавзуъхое, аз кабили, омузиши осори Ч,амбул Ч,абаев («Дар васфи Ленин»), Валентин Катаев («Писархонди полк»), Fафур Fулом («Ту ятим нестй») даст дода бошад, аз тарафи дигар, муносибати вижаи мураттиб ба масъалаи барномасозй ин имконро фарохам овардааст. Дар танзими барномахои таълими пешина, аз он чумла, дар барномаи таълими соли 1990 омузиши осори адибони намоён такрибан дар хама синфхо такроран оварда шуда буд. Чунончи, осори Абуабдуллохи Рудакй, Абулкосим Фирдавсй, Саъдии Шерозй, Абдурахмони Ч,омй ва Садриддин Айнй дар синфхои V - VIII аз се то чор маротиба, яъне кариб дар хар кадом синф такроран таълим дода мешуданд. Омузгорон дар раванди тадриси адабиёт дар синфхои мазкур нуктахои асосии шархи хол ва осори он адибонро мукарраран баён месохтанд. Чунин вазъият аглаби
шогирдонро ба хулосахои нодуруст мерасонад. Аксари шогирдон ба он натича мерасанд, ки омузиши фанни адабиёт асосан аз такрори хамон як маълумоти муайян иборат аст, ки муаллим солхои пешин ба самъи онхо расонида буд. Дар сурате ки шогирдон дар хар як дарс аз омузгор суханони тозаро интизоранд, чунин холати номатлуб ба кунд гардидани шавку рагбати онхо боис мегардад.
Дар раванди барномасозии таълимй бори аввал аз тарафи Туйчй Мирзод низоми такрор ба такрор овардани таълими осори адибони алохида дигар карда шуд. Барномаи соли 2002 тавре сохта шудааст, ки дар таълими курси хониши адабй (дар синфхои V - VII) омузиши осори ягон адиб такроран оварда нашудааст. Ин амал дар навбати худ боиси пайдо шудани соатхои иловагй гардид. Имкони мухайё гардид, ки аксари осори дар барнома мавкеъёфтаи адибони бузург дар синф хамачониба ва пурра мавриди омузиш ва тахлил карор бигиранд. Ч,ихати дигари макбул дар барнома он аст, ки ба мавзуи тасаввуф дар адабиёти гузашта эътибори лозима дода шудааст ва мавзуи «Накши тасаввуф дар осори бадей» дар хачми 6 соат барои омузиш дар синфи X пешниход гардида, таълими осори шоирони мутасаввиф, мислй Саноии Газнавй, Аттори Нишопурй ва Ч,алолуддини Балхй, мавкеъ пайдо намудааст (6, 56-57).
Бояд гуфт, ки чунин муносибат ба омузиш то дарачае ба эътибор гирифтани тачрибаи беш аз хазорсолаи таълими адабиётро ифода месозад. Макбулияти раванди мазкурро боз дар он мебинем, ки омузгорони макотиби маълумоти умумй дар чамъомадхо ва сухбатхои мушаххас каноатмандии хешро аз низоми мазкури барномасозй борхо иброз доштаанд.
Мусаллам аст, ки масъалаи инкишофи нутки мураттаб аз масоили бунёдии омузиши адабиёт дар мактаб ба хисоб меравад. Инкишофи нутки шифохии шогирдон аз масоили мубрами руз шуморида мешавад. Маълум аст, ки бархе аз шогирдони мактабхои хозира то ба хол дар баён кардани андеша ва афкори худ душворй мекашанд. Дар ин замон, ки васоити рузафзуни ахбор чомеаро хеле зиёд машгул медорад, хонандагони мактабхо низ барои мутолиаи осори бадей камтар машгул мегарданд. Инкишофи нутки шогирдон бошад, бе хониши муттасили осори бадей комил намегардад. Хониши асари бадей, пеш аз хама, воситаи тавонотарини омузандаи забони адабист. Асари бадей «бемузду миннат устоде»-ст, ки тамоми конуну кавоиди забонро дар амалияи бевосита инъикос менамояд. Шогирдон хар чизеро, ки аз дарсхои забону адабиёт омухтанд, мавкеи истифодаи онро дар осори бадей дармеёбанд. Аз мушохидахо бармеояд, ки хар хонандае, ки бештар асари бадей мутолиа намудааст, забони фасеху бурро дорад, дар хама хол бе душворй харф зада метавонад, аз услуби гуфтор ва воситахои гуногуни баёни андеша бархурдор аст. Х,амасола хонда баромадани микдори муайяни асархои бадей барои шогирдон бояд талаботи хатмии барномавй бошад, вагарна натичаи дилхох ба даст нахохад омад. Масъалаи мазкур на танхо омузгорону мутахассисони сохаро ба ташвиш овардааст, инчунин тамоми чомеаи чахонй ва дар хамин радиф сарварони сиёсии мамолики гуногунро низ нигарон сохтааст. Аз он чумла, президенти Русия В. В. Путин дар маърузахояш ба масъалаи мазкур дахл намуда, таъкид сохтааст, ки хар кадом хонандаи мактабхои миёна дар муддати тахсили ёздахсолааш бояд на кам аз 100 асари бадей мутолиа намояд.
Дар айёми мо, ки воситахои пуртаъсири ахбори умум, бахусус, телевизиону сабти видео ва компутеру интернет шогирдонро хамеша машгул медоранд, бадей рахнамой намудани хонандагон ба хондани осори кори басо мехнатталаб аст. Пас барои амалан ба рох мондани хониши пурмахсули осори бадей омузгор асосан ба ду омил такя месозад. Аввалан, барои шогирдон тавассути усулхои пуртаъсир исбот кардан лозим аст, ки дар рохи инкишофёбии нутки мураттаб ва сохиб шудан ба нутки равону фасех мавкеи осори бадей ба маротиб баланд аст. Ягон чизи дигар дар хеч холат чои онро иваз карда наметавонад. Агар шогирдон бовар кунанд, ки дар забономузй аз хониши осори бадей бехтар воситае нест ва мутолиаи асархои бадей лаззати нотакрор дорад, ба хониш ру меоранд. Сониян, танхо бо чунин ташвик карданхо на хамаи шогирдон майли мутолиаи осори бадей мекунанд. Пас мебояд, ки омузгор барои мутолиаи мустакилона супоришхои мушаххас дихад ва аз болои он супоришхояш назорат барад. Бехтарин ва мувофиктарин воситаи ба рох мондани мутолиаи осори бадей дуруст ташкил намудани хониши берун аз синф ба хисоб меравад. Пас барномасозонро мебояд ба ин чихати масъала эътибори хоса зохир намоянд. Ба хониши асархои бадей дар барномахои каблй низ эътибори лозима дода шудааст. Бахусус, дар барномаи соли 1990 чунин эътибори чиддй ба назар мерасад. Дар ин барнома руйхати осори барои хониши беруназсинфй тавсияшаванда мувофики хар кадом синф пешниход гардидааст. Чунончи, барои хониши беруназсинфии хонандагони синфи 6-ум 12 номгуй асархои адабиёти муосир ва классикии точик, адабиёти хоричй ва китоби "Афсонахои халки точик" тавсия гардидааст (4, 65). Зиёда аз ин барнома барои барпо намудани дарсхои хониши беруназсинфй соатхои алохида мукаррар намудааст. Таксимоти чунин соатхо ба тарики
зерин сурат гирифтааст: дар синфи V 9 соат; дар синфи VI 9 соат; дар синфи VII 7 соат ва барои синфхои VIII - XI 8-соатй.
Дар барномаи соли 2002 ин кисмати зарурии таълим нишон дода нашудааст, яъне на фехристи асархои хониши берун аз синф барои синфхо дар алохидагй пешниход гардидааст ва на барои дарсхои хониши берун аз синф соатхо чудо шудааст. Мураттиб дар барномаи каблй (1993) доир ба ин масъала чунин ибрози акида кардааст: "Мушохидахои шахсй, тафтиши журналхои синфй, саволу чавоб бо муаллимон нишон дод, ки ин тарзи кор чандон судбахш набуд. Бештари омузгорон соатхои барои инкишофи нутки мураттаб, хониши берун аз синфро намегузаронданд ва баъзеи онхо соатхои нагузаштаро дар журнали синф кайд мекарданд" (5, 10-11).
Ба назари мо бо чунин далел масъалаи хониши мустакилона ва беруназсинфии хонандагонро ба холи худ гузоштан асло дуруст нест. Х,ол он ки хар кори омузгори адабиёт аз тарафи шахсони масъул назорат бурда мешавад ва барои хониши беруназсинфии хонандагон рохбарияти мактабхо низ бояд хавасманд бошанд. Дар китоби «Методикаи таълими адабиёти точик» хам ба масъалаи хониши беруназсинфй ва бахусус, зарурати гузаронидани дарсхои хониши берун аз синф эътибори хоса дода шудааст. Дар китоби мазкур чунин омадааст; «Машгулиятхои хониши берун аз синф аз руи плани календарй-тематикии муаллим бо методи сухбат гузаронида мешаванд. Рузи муайяншуда асари бадеии дар хона мутолиакардаи хонандагон ба мухокимаи ахли синф гузошта мешавад» (2, 231).
Ба вучуди инхо бояд гуфт, ки барномаи мазкур дар раванди тархрезии барномахои адабиёти точик кадами устувор ва нигохи тоза ба омузиши адабиёт буд. Барномаи дигари таълими адабиёт, ки алхол дар истифодаи омузгорон аст, соли 2007-ум аз тарафи мушовараи Вазорати маориф пешниход гардидааст ва тахлилу баррасии мухтавои он мавзуи бахси алохида хохад буд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Ахмадов, М. Таълими адабиёти точик, к. 1 / М. Ахмадов. - Хучанд: Ношир, 2012. - 292 с.
2. Миров, Т. Методикаи таълими адабиёти точик / Т. Миров, Хочаев, Ш. Исломов. -Душанбе: Маориф, 1991. - 254 с.
3. Миров, Т. Дастури методии «Адабиёти точик» барои синфи 9 / Т. Миров. - Душанбе: Маориф,1986. - 150 с.
4. Программаи забон ва адабиёти точик барои мактабхои миёна (синфхои V - ХГ). - Душанбе, 1990. - 96 с.
5. Адабиёти точик. Барномаи таълим барои мактабхои асосй ва миёна (синфхои 5-11). -Душанбе, 1993. - 59 с.
6. Барномаи адабиёти точик барои синфхои V - Х! - Душанбе, 2002. - 67 с.
7. Барномаи усули таълими адабиёт дар китоби «Барномаи таълимии «Таърихи адабиёти точик» ва фанхои дигар». - Хучанд, 2009. - 132 с.
REFERENCES:
1. Ahmadov, M. Tajik Literature Teaching. - P.1./M.Ahmadov. - Khujnad: Publisher, 2012. - 292 p.
2. Mirov, T. Methods of Tajik Literature Teaching / T. Mirov, Q. Khojaev, Sh. Islomov. - Dushanbe: Enlightenment, 1991. - 254 p.
3. Mirov, T. Textbook of «Tajik Literature» for the 9-th Form / T. Mirov. - Dushanbe: Enlightenment, 1986. - 150 p.
4. Syllabus for Tajik Language and Literature for Comprehensive Schools (V-XI forms). - Dushanbe, 1990. - 96 p.
5. Tajik Literature. Educational Syllabus for both Comprehensive and Secondary Schools (5-11 forms). - Dushanbe, 1993. - 59 p.
6. Syllabus for the Tajik Literature for the V - XI Forms. - Dushanbe, 2002. - 67 p.
7. Syllabus for Methods of Literature Teaching in the Book of «Educational Syllabi of «History of Tajik Literature and other Subjects». - Khujand, 2009. - 132 p.
Раванди барномасозй ва мундарицаи барнома^ои таълими адабиёт дар замони истицлолият Вожа^ои калидй: барномауои таълими адабиёт, талаботи барномасозй, норасоии соатхои
таълим, ихтисори мавзуъуо, Туйчй Миров, хониши беруназсинфй Дар мацола уолати барномауои таълими адабиёт дар аввали солуои 90-уми асри мозй ва даусолаи аввали замони истицлолият мавриди мууокима царор гирифтааст. Сухан перомуни то кадом андоза риоя гардидани талаботи асосй дар мураттаб сохтани чунин барномауо меравад. Муаллиф низоми мураттаб гардидани барномауои адабиётро, ки солуои 1990, 1993 ва 2002 дастраси омузгорон шуданд ва дар истифода буданд, мавриди омузиш ва баус царор додааст.
Дар мацола муаллиф он андешаро пайгирй месозад, ки барои таълими пурсамари фанни адабиёт соатуои таълим бояд кофй бошанд. Бинобар ин уам, бар рагми баъзе андешауои донишмандони
соха, низоми ихтисори цисмате аз намояндагони адабиётро, ки аз тарафи мураттиби барномахои солхои 1993 ва 2002 Туйчй Миров амалй гардонида шудааст, тарафдорй мекунад. Чунки тащо дар холати вуцуд доштани соатхои зарурй таълим ва тахлили асархои бадей ба таври лозима самарабахш хохад буд.
Муаллиф таъкид бар он дорад, ки дар барномаи адабиёт барои хониши беруназсинфии хонандагон низ бояд соатхо цудо карда шаванд. Мураттибони барномахои баъдй ва омузгорони адабиёти мактабхо аз пешниходхо, маслихат ва андешахои арзишманди иброзгардида бардоштхо карда метавонанд.
Процесс составления программ и содержание программ обучения по литературе в период независимости Ключевые слова: программы обучения по литературе, требования к составлению программ,
дефицит учебных часов, сокращение тем, Туйчи Миров, внеклассное чтение В статье объектом осмысления становится состояние программ обучения по литературе в начале 90-х годов прошлого века и первого десятилетия периода независимости республики. Речь идет о том, до какой степени соблюдаются основные требования, предъявляемые к составлению таких программ. Автор рассматривает и анализирует систему составления программ по литературе, которые были предоставлены учителям в 1990, 1993 и 2002 годах и использовались в учебном процессе.
Автор статьи придерживается мнения, что эффективное преподавание литературы требует достаточного количества учебных часов. Вопреки некоторым рассуждениям исследователей данной сферы поддерживает систему сокращения определенной части представителей литературы, которую осуществил Туйчи Миров - составитель программ 1993 и 2002 годов. Это обусловлено тем, что наличие необходимого количества часов является важным фактором эффективного обучения и позволяет проводить всесторонний анализ художественных произведений.
Автор статьи также подчеркивает, что в программе по литературе необходимо выделить часы также и для внеклассного чтения учеников. Составители последующих программ и преподаватели литературы в школе могут воспользоваться высказанными в статье суждениями, предложениями и советами.
The Process of Composition and Context of Educational Syllabus on Literature in the Period of Independence Key words: educational syllabi of literature, requirements to syllabus composition, lack of educational
hours, reduction of themes, Tuychi Mirov, extracurricular reading The author of the article makes an endeavor to comprehend the state of educational syllabi on literature referring to the beginning of the 90-ies of the century passed and for the latest ten years of the period of independence of the republic. The matter concerns the issue to what extent the principal requirements to such composition of syllabi are observed. The author considers and analyzes the system of syllabi composition on literature which were presented to teachers in 1990, 1993 and 2002 and being resorted to in educational process. The author keeps to the opinion that effective teaching of literature demands an adequate number of academic hours. In this respect, contrary to some reasonings of the researchers of the sphere in question he supports the system of reduction of certain parts dealing with the representatives of literature carried out by Tuyechi Murov being a compiler of the syllabi referring to 1993 and 2002. This is due to the fact that the availability of necessary quality of hours refers to the most important factors targeted at effective teaching and affords to conduct a versatile analysis of belles-lettres productions.
Thus, the author of the article stresses that in the syllabus on literature it is necessary to allot hours for pupils' extracurricular reading as well. The compilers of the subsequent syllabi and teachers of literature at school can be resorted to judgments, suggestions and advices delivered in the article. Маълумот дар бораи муаллиф:
Ахмадов Мирзо^абиб, номзади илмхои филология, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики Донишгохи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумхурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru. Сведение об авторе:
Ахмадов Мирзохабиб, кандидат филологических наук, доцент кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru. Information about the author:
Ahmadov Mirzohabib, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of methods of Tajik language and literature teaching under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru.