Научная статья на тему 'АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА'

АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
218
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДИН / МАСЕҲИЯТ / ИСЛОМ / НЕСТОРИАНҲО / ДАЙР / КАЛИСО / МАСҷИД / АРАБҲО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Аюбов Абдусалом Рауфович

Мақола ба таърихи ворид ва паҳншавии дини масеҳӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки масеҳият яке аз мазҳабҳои цадима буда, дар музофотҳои шарқии империяи Рим пайдо шудааст. Минбаъд вобаста ба шароити таърихӣ ба ҷойҳои дигар, аз ҷумла Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар бораи паҳншавии мазҳаби номбурда ёдгориҳои бостоншиносӣ, аз қабили биноҳои калисо, дайрҳо, навиштаҷоти динӣ бо забонҳои сугдӣ, суриёнӣ ва туркӣ маълумот медиҳанд. Тазаккур меравад, ки хизмати несторианҳо - пайравони дини масеҳӣ, ки аз империяи Рим ба Эрон омада, минбаъд ба тарафи Осиёи Миёна, Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд ҳаракат кардаанд, дар паҳнкунии таълимоти масеҳӣ калон аст. То омадани арабҳо масеҳиён дар Осиёи Миёна нуфузи калон дошта, калисо ва митрополияи худро дошта, минбаъд аз тарафи ощо танг карда шуданд. Дайруо ба масҷидҳо табдил дода шуданд. бар ин, сарчашмаҳои хаттии асримиёнагй дар бораи мавҷудияти калисоҳои масеҳй дар дигар шаҳру деҳоти марказии Осиёи Миёна хабар медиҳанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF DISTRIBUTION OF CHRISTIANITY IN CENTRAL ASIA

The article is devoted to the history of penetration and spread of the Christian religion in Central Asia. Christianity - one of the ancient religions originated in the eastern provinces of the Roman Empire. Further, due to historical circumstances it spread to other places, including Central Asia. Archaeological monuments, buildings of churches, monasteries, religious writings in Sughdian, Syriac and Turkic languages testify to the spread of the relevant religion. The merit of the Nestorians - followers of the Christian religion, who came from the Roman Empire to Iran, and then moved to Central Asia, East Turkestan, Semirechye, is very great in the spread of Christianity. Before the arrival of the Arabs, Christians in Central Asia had great influence, their own church and metropolis. Then they were driven out by the Arabs. Monasteries turned into mosques.

Текст научной работы на тему «АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕҲИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА»

ТДУ 27-76

DOI:10.51844-2077-4990-2022-3-19-24

Аюбов Абдусалом Рауфович, д.и.т., мудири кафедраи таърихи умуми ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Аюбов Абдусалом Рауфович, д.и.н., заведующий кафедрой всеобщей истории и религиоведения ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Ayubov Abdusalom Raufovich, Dr. of History, head of the department of general history and religious studies under the SEI «Khujand State University named after acad. B. Gafurov» (Khujand, Tajikistan),E-mail: abdusalom-1@mail.ru Вожа^ои калиди: дин, масеуият, ислом, несториануо, дайр, калисо, масцид, арабуо Мацола ба таърихи ворид ва пауншавии дини масеуи дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Кайд карда мешавад, ки масеуият яке аз мазуабуои цадима буда, дар музофотуои шарции империяи Рим пайдо шудааст. Минбаъд вобаста ба шароити таърихи ба цойуои дигар, аз цумла Осиёи Миёна паун шудааст. Дар бораи пауншавии мазуаби номбурда ёдгориуои бостоншиноси, аз цабили биноуои калисо, дайруо, навиштацоти дини бо забонуои сугдй, суриёни ва турки маълумот медиуанд. Тазаккур меравад, ки хизмати несториануо - пайравони дини масеуи, ки аз империяи Рим ба Эрон омада, минбаъд ба тарафи Осиёи Миёна, Туркистони Шарци, Х,афтруд уаракат кардаанд, дар паункунии таълимоти масеуи калон аст. То омадани арабуо масеуиён дар Осиёи Миёна нуфузи калон дошта, калисо ва митрополияи худро дошта, минбаъд аз тарафи онуо танг карда шуданд. Дайруо ба масцидуо табдил дода шуданд.

Ключевые слова: религия, христианство, ислам, несториане, монастырь, церковь, мечеть, арабы

Статья посвящена истории проникновения и распространения христианской религии в Средней Азии. Отмечается, что христианство как одна из древних религий возникла в восточных провинциях Римской империи, затем стала постепенно распространяться по другим территориям, в том числе и по Средней Азии, о чем свидетельствуют археологические памятники, здания церквей, монастырей, религиозные письменности на согдийском, сирийском и тюркском языках. Заслуга несториан - последователей христианской религии, которые прибыли из Римской империи в Иран, и, далее продвигались в Среднюю Азию, Восточный Туркестан, Семиречье, очень велика в распространении христианства. Отмечается, что до прихода арабов христиане в Средней Азии имели огромное влияние, свою церковь и митрополию, но позже были вытеснены арабами, а монастыри превратились в мечети.

Key words: religion, сhristianity, islam, nestorians, monastery, church, mosque, аrabs The article is devoted to the history of penetration and spread of the Christian religion in Central Asia. Christianity - one of the ancient religions originated in the eastern provinces of the Roman Empire. Further, due to historical circumstances it spread to other places, including Central Asia. Archaeological monuments, buildings of churches, monasteries, religious writings in Sughdian, Syriac and Turkic languages testify to the spread of the relevant religion. The merit of the Nestorians - followers of the Christian religion, who came from the Roman Empire to Iran, and then moved to Central Asia, East Turkestan, Semirechye, is very great in the spread of Christianity. Before the arrival of the Arabs, Christians in Central Asia had great influence, their own church and metropolis. Then they were driven out by the Arabs. Monasteries turned into mosques.

Дар чах,онбинй ва хдёти маънавии халкдои Осиёи Миёна дар даврахои аввали асрх,ои миёна дар баробари дигар динх,о мазхаби масехй низ мавкеи муайянеро ишгол кардааст. Кашф гардидани як ;атор ёдгории нодири масехй, аз ;абили калисои Хароба Кошу;и асрхои VII-VIII [19, с.15], дайри "Хонаи байзавй" дар Марви Туркманистон [7,с.161], калисо дар худуди Термизи ;адим мансуб ба асрхои X-XII [1, с.36], калисо дар махаллаи О; Бешим [13, с.231] ва калисо-дайри Тошработ [18,с.16] аз таърихи тулонии ин дин дар Осиёи Миёна шаходат медихад. Илова

АЗ ТАЪРИХИ ГУСТАРИШИ МАСЕУИЯТ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

ИЗ ИСТОРИИ РАСПРОСТРАНЕНИЯ ХРИСТИАНСТВА В СРЕДНЕЙ

АЗИИ

FROM THE HISTORY OF DISTRIBUTION OF CHRISTIANITY IN CENTRAL ASIA

бар ин, сарчашмахои хаттии асримиёнагй дар бораи мавчудияти калисохои масехй дар дигар шахру дехоти марказии Осиёи Миёна хабар медиханд.

МувоФики мaълyмоти Ибни Хдвкал, дар чануби Самарканд, дар минтакаи Ургути хозира, дар мавзеи Шавдор, дар асри Х дехаи масехии Вазкирд мавчуд буд, ки дар он калисо, дайр ва хонакох чойгир буданд. Ахолй аз Ирок буд [22, с.485]. Ибни Хдвкал ва ал-Истахрй оид ба дехаи масехиёни Винкард дар марзхои гарбии Чоч навиштаанд. Хдмчунин маълум аст, ки Исмоили Сомонй дар чараёни як маърака дар Тараз калисохои масехй дар Тараз ва шахри Миркиро ба масчиди мусалмонон табдил додааст.Мувофики маълумоти Наршахй дар Бухоро, дар назди дарвозаи Аттарон дар чои калисои масехй масчиди кабилаи араби Бону Хднзала сохта шудааст [17,с.57].Марко Поло дар бораи калисои Таъмидкунандаи мукаддас дар Самарканд, ки дар чоряки дуюми асри XIII бунёд гардидааст, ёдрас намудааст. Хдфриёти бостоншиносй имкон медиханд, ки доираи маъхазхо оид ба мавзуи масехият дар Осиёи Миёна васеъ гардад. Дар охири солхои 80-ум - ибтидои солхои 90-ум дар худуди Сугди чанубй (вилояти Кашкадарёи Узбекистон), дар масофаи 1,5 км аз пойтахти Нахшаб (Насаф) як мачмааи нодири динй кашф гардида буд. Дар худуди Осиёи Миёна баъзе иншооти зеризаминй каблан маълум буданд. Яке аз онхо, мачмааи гори ^рхонаро дар солхои 30-уми асри ХХ М.Е. Массон кашф кардааст. Ёдгорй дар масофаи 6 км чануби пойтахти вилояти асримиёнагии Илок - Тункат, дар водии кухии Норбексой чойгир буда, онро мардуми махаллй Kaрхон, яъне «устохона» меномиданд [16, с.101]. Дар водии Норбексой гайр аз Kaрхонa чунин ёдгорихои бостоншиносй, монанди бокимондахои калъаи ибтидоии асримиёнагии Холбойтеппа ва иншооти касрии Муминтеппа, шахраки калони парокандаи асримиёнагй ва гайра ёфт шудаанд.

Kaрхонaро М.Е.Массон кисман тадкик карда, накшаи горхои сунъиро тартиб додааст. Магорахо дар теппаи табиие, ки дар болои он шахраки хурди дехотй чойгир буд, канда шуда буданд. Faфсии кабатхои фархангии он ба б метр расида, дар тули чанд аср чамъ шудааст. Кадимтарин сафоли дар ин чо ёфтшуда ба давраи охири сохти гуломдорй тааллук дорад [1б, с.103]. Замони пайдоиши мачмааи горхои ^рхона хануз мушаххас нашудааст, дар ин чо хафриётхои археологй гузаронида нашудаанд. Дар асоси кабатхои фархангие, ки теппаро фаро мегиранд, кабатхои кадимтарин ба асрхои миёнаи барвакт ва эхтимол, дар як вакт дар зери ин шахрак иншооти горхо сохта шудаанд. Ба андешаи М.Е. Массон горхо ба замонхои гуногун мансуб буда, онхо муддати тулонй сохта шудаанд. Дар бораи вазифаи ин ёдгорй мухаккик навиштааст, ки "...дар яке аз бинохои ^рхона чамъомади мазхабии хомушкунии чарог гузаронида мешуд". Дар солхои 30-ум толори калони ^рхона хамчун масчиди чомеъ истифода мешуд. Дар девори чанубу гарбй чарогаки мехроб чойгир карда шудааст.

^шфи мачмаахои горхои масехй дар Осиёи Марказй ва аз руи накша шакли салиб будани тамоми горхои Kaрхонхо аз он шаходат медихад, ки ин мачмааи горхо ба масехдёни кадим, дакиктараш ба несторианхо тааллук доштаанд [2,с.189]. Илова бар ин, кабатхои кадимаи фархангии Kaрхонa ба ибтидои асрхои миёна тааллук доранд ва баъзе ёдгорихои Норбексой низ ба хамин давра мансубанд. Аз руи вакт ин ба пайдоиши дини масехй дар Осиёи Миёна рост меояд. Хднгоми тадкики ^рхона ашёи марбут ба дини масехй хануз пайдо нашудааст. Эхтимол, дар тули зиёда аз хазор сол, хангоми истифодаи дуюмдарачаи он, хамаи аломатхои марбут ба масехият тадричан аз байн рафтанд. Чунин холатхоро мухаккикон хангоми кофтукови калисохо ва дайрхои масехй аллакай кайд кардаанд.

Боз як иншооти зеризаминиро дар солхои 40-уми асри XX хангоми кофтукови калъаи шахраки ^чартеппа дар наздикии шахри Каршии Узбекистон С.К Kaбaнов кашф кардааст. Дар чукурии б метр аз болои теппа кисмхои ду хучраи бо девор аз хам чудошуда кушода шудаанд [12,с.14]. Сарфи назар аз хуб нигох доштани кисми болой, бинохои Kaчaртеппa такрибан то шифт бо рег пур шуданд. Эхтимол дорад, ки он ба масехиён низ тааллук дошта бошад. Дар канори гарбии шахраки Афросиёби Самарканд мачмааи калон кашф гардидааст. Ин ёдгории нодир аз зиёда аз дах толор, хучра ва рохравхо иборат аст. Аксари толорхо дар як катор, дар шакли пушта чойгир шудаанд, ки мобайни онро долони танг убур мекунад. Толорхо дар пахлуи хам чойгир буда, шифтхои равокдор доштанд. Кариб хамаи хучрахо, толорхо ва долонхо аз хоки бо порчахои хишти хом ва похса омехташуда ба таври сунъй пур карда шуданд. Шояд ин мачмаа мисли ^рхона як мачмааи бузурги динии горхои несторианхои кадимии Самарканд буд.

Замони пайдоиши мачмааи горхо хануз мушаххас нашудааст ва катъи фаъолияти он, эхтимол, ба давраи исломигардонии Самарканд рост меояд. Вакте ки несторианхои кадим

мачбур шуданд, ки ин чойхоро тарк кунанд, иншоот мисли ^оштеппаи Нахшаб бо хок пушида шудаанд. Эхтимол, меъмории горхо на танхо дар минтакахои гарбии пахншавии таълимоти масехй, балки дар Шар; низ муаррифй шудааст.

Оид б а масехият дар Осиёи Миёна В.В. Бартолд навишта буд: «...мо дар бораи пахншавии масехият дар Мовароуннахр дар замони Сосониён ягон маълумот, ки асоси тадкикоти таърихй шуда тавонад, надорем; танхо тахмине мавчуд аст, ки мутобики он масехиён дар аллакай асри VI Самарканд епископи худро доштанд» [4,с.272]. Аммо дар асри V дар Самарканд чамоахои масехиён ва митрополияи онхо ташкил ёфта буданд [14,с.131]. Эхтимол, масехият ба Сугд аз Марв дар асрхои V-VI омада буд. Соли 420 дар Марв митрополия кушода шуд. Вай ончунон нуфуз дошт, ки шохи сосонй Яздигурди Ш-и аз тарафи арабхо дар наздикии Марв кушташуда дар хавлии митрополия гуронида шудааст. Дар асри VI дар Самарканд калисои епископй, дар асри VIII бошад, митрополия ташкил карда шуд. Муаллифони арабзабони асрхои VШ-IX дар асархои худ оид ба масехиёни Бухоро, Самарканд ва Хдфтруд ёдрас намудаанд. Оид ба мавчудияти чамоахои масехй дар ин вилоятхо хамчунин бозёфтхои бостоншиносй -навиштачоти масехй бо забонхои туркй, сугдй ва суриёнй шаходат медиханд. Мазхаби масехиро пеш аз хама точирони шахрй, ашрофони бо тичорати байналмилалй машгулшаванда ва хокимони махаллй кабул карда буданд. Дар Сугд масехиёнро мехмондустона кабул карданд. Дар ин чо мубаллиги масехй Фома ва шогирдони вайро, ки ба воситаи Сугд ба Диндустон гузашта мерафтанд, дар ёд доштанд. Масехият дар Сугди Самарканд, Бухоро ваа Чоч солхои 412-470 ворид шудааст [6, с.12].

Фарханги сугдиён ба одамон имкон медод, пайрави хамон мазхабе бошанд, ки омурзиш кунанд. Масалан, дар Ургут дайри масехиён, дайри зардуштии Чдртеппа ва хам дайри буддой мавчуд буданд. Ин маънои онро дорад, ки митрополияи дар Самарканд кушодашуда озодона фаъолият дошт ва касе ба он халал намерасонд. Дар миёнаи асри Х дасри масехии Ургут ба дарачае ривоч дошт, ки чугрофидони араб Ибни Х,авкал онро чунин тавсиф кардааст: «.дар Шавдор калисои масехй мавчуд аст, ки дар он чамъ меоянд. Ман дар он чо масехиёнеро дидам, ки баромадашон аз Ирок аст. Онхо ба ин чо аз сабаби мавкеи кулаи чугрофй, иклими хуш ва камодамй омада буданд. Дар он чойхое хаст, ки истодан мумкин буд; кисми одамон ин чо ба муддати тулонй омадаанд. Ин махал дар Сугд Вазкирд ном дорад. Дар Шавдор дарахо бо рудхои зебои ба дехахо чоршаванда, чойхои сайди мохй, фаровонй дар хамаи тарафхои хаёт ва халоват бурдан аз онхо мавчуданд» [22,с.373].Марко Поло навиштааст, ки баъди истилои мугулхо дар Самарканд масехият оммавй гаштааст: «Санмаркан - шахри калон, номдор; дар он масехиён ва сарастсинхо, хизматгузорони чияни хони бузург зиндагй мекунанд.ба наздикй бародари хунии хони бузург Чагатой ба масехият ру овард ва ин мамлакатро сохибй кард» [15,с.31].Дар рохи бузурги абрешим корвони мол пайваста байни Чин, ^индустон, Осиёи Марказй, Шарки Наздик ва Аврупо харакат мекарданд. Дар Осиёи Миёна сугдиён савдогари асосй буда, дар тамоми минтака кароргоххои онхо вокеъ буданд [24, с.98]. Ба шарофати сугдиён масехият то Фаргона, Х,афтруд, Туркистони Шаркй, Мугулистон, Кашмир ва Тибет рафта расид [2, с.62]. То замони мо ёдгорихои хаттии сугдй-масехй - тарчумаи Ахди Ч,адид, иншохои агиографй омада расидаанд. Минбаъд таълимоти несторианй ба Туркистони Шаркй пахн мешавад. Бо кувваи миссионерхо таълимоти несторианй дар байни туркхо ва мугулхои Осиёи Марказй ва Дашти Кабир, Кавказ, аз чумла осетинхо, хоразмиён, сугдиён, хазархо, половхо, карохитоихо, караитхо, меркитхо, найманхо, уйгкрхо, карлукхо ва киргизхо пахн мегардад.

Шаходати синтези зардуштия ва масехият ба даст омадани навиштачоти суриёнй, ашёхои алохидаи дафнй мебошанд. Бо забони сугдй хуччатхои зиёд аз Турфон, дар шахраки Панчакент порчаи Инчили бо забони суриёнй навишташуда ба даст омаданд. Соли 796 баъди таъсиси Багдод халифа Ал-Мансур мелкитхои Ктесифонро ба Чоч фиристода буд. Микдори зиёди устадонхои масехй дар шахраки Афросиёб ёфт шудаанд. Дар зарфи аз дайри Ургут ёфтшуда расми таъмиди ду мард, яке дар холати нишаста ва дигаре бо салиб дар даст рост истода тасвир ёфтааст. Дар ин чо хамчунин оташдони зардуштй мавчуд буд [11, с.89]. Ин маънои онро дорад, ки чуноне дар боло кайд шуда буд, мардум ба динхои гуношгун эътикод доштанд. Х,атто ибодатхонахои зеризаминй месохтанд. Дар Уструшана ва Бухоро ашёхо бо унсурхои мазхаби масехй пайдо карда шудаанд. Ин дар бораи пахншавии масехият дар ин кисмати Сугд низ маълумот медихад [8,с.65].

Намояндагони масехият баробари ташвики мазхаби худ хамчунин дар дарбори хокимон ба сифати табибон, олимон ва намояндагони касбхои дигар хизмат мекарданд [6, с.12]. Дар Осиёи Миёна намояндагони хамаи динхо аз руи макоми динии худ аз хамдигар фарк намекарданд.

21

Аммо истилои арабхо ба ин хотима гузошт. Арабхо калисои масехиро дар назди дарвозаи Атторони Бухоро вайрон карда, дар ин чо масчид сохтанд. Самарканд чанд муддат маркази муборизаи байни мазхабхои ислом ва масехй гардида буд [4,с.292].

^айд кардан бамаврид аст, ки сарчашмахо пайдоиши дини масехй дар Осиёи Миёнаро ба асри I мансуб медонанд. Мухаккикони гарб дар бораи сафари миссионерии Фома ба Хиндустон тавассути Осиёи Марказй маълумот додаанд. Аллакай дар миёнахои асри I масехиён ба каламрави Киргизистон ворид шуда, дар асри IV Чдмъияти тавонои Осиёи Миёнаро таъсис доданд. В.В. Бартолд тахмин мекунад, ки дини масехй аз асри III пеш аз милод дар Осиёи Миёна пахн шудааст [3,с.118]. Дар муносибати маънавй ва фархангии сугдиён ва туркхо дар давраи барвакти асримиёнагй накши чараёни несториании масехият, ки дар ин давра ба Осиёи Миёна ворид мешуд, хеле калон аст. Чдраёни несторианй соли 431 дар анчумани калисои Эфес дар Византия бидъат эълон карда шуд. Несторианхо пайравони патриархи Константинопол Несторий буданд. Мохияти таълимоти несторианхо дар чавхари илохии Исои Масех буд. Онхо чунин мехисобиданд, ки модари у Мария на Худо, балки одамро таваллуд кардааст, ки ба чисми вай Худо чойгир шудааст [10,с.88]. Сабаби бидъат эълон шудани чараёни несторианй дар хамин аст. Несторианхо ва як кисми масехиёни тарафдори ин чараён марзи империяи Римро тарк карда, бо номи «Калисои Шарк» ба чониби шарк - Эрон, Осиёи Миёна ва дигар давлатхо равон шуданд. Онхо дар чойхои нав ахолии махаллиро бо таълимоти худ шинос мекарданд. Бо сабаби содда будани таълимот таъсири несторианхо хеле боло мерафт. Минбаъд дар як тарафи шохи Эрон муъбади зардуштй ва дар тарафи дигар кохини масехй менишастанд. Доирахои хукмрон, муъбадони зардуштй тавонистанд, шохро бовар кунонанд, ки масехиён анъанахои фарханги миллиро вайрон карда истодаанд. Дар натича масехиён марзи Эронро тарк карданд. Аммо онхо ба Византия бозпас омада наметавонистанд ва аз ин сабаб ба шарк харакат намуданд. Дар бораи несторианхои Осиёи Миёна олимони асримиёнагй аз кабили Ат-Табарй, Ибни Хдвкал, Абурайхон Берунй ва дигарон маълумот додаанд. Берунй несторианхоро аз мутамаддинтарин чараёнхои динй медонист [5,с.213].

Дар ибтидои асри III масехиён дар бисёре аз манотики империяи Форс, аз чумла дар махалли зисти кабилахои туркй - Мод, Порт, Гелон ва Бохтар зиндагй мекарданд. Сарчашмахо маълумот медиханд, ки масехиён дар каламрави бузург, аз чумла Уйгуристон, Чин, Казокистон ва минбаъд Мугулистон ва Мачористон як маркази маъмурие бунёд кардаанд.

Соли 334 Марв маркази асосии нохиявии чамоахои масехй буд. Дар Самарканд бошад, Нестор як епископи пуркудрате ба вучуд овард, ки нуфузи худро ба Дашти Кипчок (аз Мугулистон то Мачористон), Хоконии Уйгур ва минбаъд то Чин пахн кардааст. Мувофики маълумотхои Марк Диккенс хуччатхое мавчуданд, ки ба соли 250 тааллук доранд [23,с.56]. Онхо дар бораи фаъолияти мубаллигони Акай, ки дар солхои 120-140 дини масехиро дар байни кабилахои чануби шаркии бахри Хазар пахн кардааст, шаходат медиханд.

Ба пахншавии дини масехй несторианхоро таъкиб намудани оташпарастон дар Форс дар охири асри IV мусоидат кардааст. Соли 448 дар наздикии шахри хозираи Киркук такрибан 153 000 несторианхо кушта шуданд. Несторианхо аз таъкибот гурехта, таълимоти худро ба дигар минтакахои Шарк мебурданд. Дар соли 498 худи шох Каводи I аз Форс ба Осиёи Миёна фирор кард. Уро рухониёни несторианй хамрохй мекарданд, ки Инчилро ба мардуми махаллй меоварданд. Миссионерхо дар баробари дин дастовардхои илми тиб, фалсафаи Юнони кадимро низ овардаанд [23,с.57]. Хамин тарик, дар охири асри V мубаллигони аз Форс омада Инчилро дар байни хуннхо ва туркхо васеъ пахн карданд. Хирот ва Марв то соли 424 ба марказхои миссия табдил ёфтанд. Дар давоми асрхои минбаъдаи пеш аз зухури ислом бисёр туркхо ва хуннхо, инчунин дигар мардуме, ки дар болооби Амударё сукунат доштанд, таълимоти несторианиро кабул карданд. Дар империяи Хдйтолиён, ки дар асрхои V-VI тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд, дини масехй дини давлатй эълон карда шуд [9,с.163]. Дар Осиёи Миёна таълимоти несторианй хамчун яке аз динхои асосии минтака бо буддоия, оташпарастй ва мазхабхои кабилавй хамзистй дошт. Шахрхое буданд, ки дар онхо несторианхо зиндагй мекарданд. Масалан, дар кисмати шаркии Бишкек шахри Тарсакент буд, ки номи он хамчун «шахри масехиён» тарчума шудааст. Бо хамин ном бокимондахои шахри Наймон дар Алатауи Казокистон пайдо шуданд. Шахри Марв то асри VII чун пойгохи мухими миссионерй бокй монда, минбаъд рохбариро ба Бухоро ва Самарканд супоридааст. Дар он чанд дехахои масехй бунёд карда шудаанд. Ин чамоатхо то миёнахои асри XIII бокй мондаанд.Бо талоши мубаллигони несторианхо ва точирони кабилахои туркхои мукимй ва бодиянишини Осиёи Миёна пахншавии дини масехй идома меёфт. Митрополити Марв Илёс соли 644 дар бораи

шумораи зиёди масехиён дар сорили Амударё маълумот додааст [21, с.67]. Мутобики ахбори Махмуди ^ошгарй, дар чанубу шар^ии Дашти Кипчо^, подшохии Узгон ва Хо^онии Уйгур чамъияти масехиён амал мекард. Мугулхо уйгурхоро хамчун масехй медонистанд, бинобар ин, Кубулайхон ба ду уйгури несторианй фармон дод, ки ба Байтулмукаддас барои ибодати Исои Масех раванд. Сарчашмахои масехй менависанд, ки дар асрхои VII-VIII бо истилои Осиёи Миёна аз чониби арабхо калисохои масехй ба масчидхо табдил дода шуданд. Бо вучуди ин дар марзи хилофат уламо, табибон ва амалдорони воломак;оми несторианхо бокй монданд. Бо вучуди мамнуъиятхои ^атъй, несторианхои ба кори миссионерии фаъол машгул буданд ва тавонистанд бисёре аз зардуштиёнро ба эътщоди худ табдил диханд.

Хдмин тарик, пеш аз истилои араб дини масехй дар байни мардуми Осиёи Миёна чунон пахн шуда буд, ки хатто баъд аз муваффакиятхои чангии арабхо чун дини оммавй бокй монд. Дар ибтидои пайдоиши хилофат мусулмонон нисбат ба дигар динхо нисбат ба несторианхо сабуктар муносибат мекарданд. Бо ба сари хокимият омадани арабхо несторианхо аз зулми зардуштиён нафаси сабук кашиданд. Fайр аз андоз аз сари ахолй арабхо дар таъкиби масехиён махсусан иштирок накарда, баъзан ба онхо фишор меоварданд. Ба масехиён инчунин сохтани бинохои нави калисо ва истифодаи кушоди салиб дар сохторхо манъ карда шуд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Альбаум, Л.И. Христианский храм в Старом Термезе/Л.И.Альбаум//Из истории древних культов Средней Азии. Христианство. - Ташкент, 1995. - С.34-41.

2. Атаханов, Т.М. О работе Шаартузского археологического отряда в 1968—1970 гг./ Т.М.Атаханов,С.Г.Хмельницкий. - М.: Наука, 1973. - С.187-204.

3. Бартольд, В.В. Работы по истории и филологии тюркских и монгольских народов/ В.В.Бартольд. - М.: Восточная литература, 2002. - 754 с.

4. Бартольд В.В. О христианстве в Туркестане в домонгольский период // Соч. Том II. Часть 2. /В.В.Бартольд.-М.: Наука, 1964. - С.265-302.

5. Бируни, Абу Рейхан. Памятники минувших поколений // Избранные произведения. Т.1. -Ташкент: Изд-во АН УзССР, 1957. - 516 с.

6. Буряков, Ю.Ф. Христианство в Средней Азии в древности и средневековье // Культура народов Центральной Азии. Религия и демократия/ Ю.Ф.Буряков.-Самарканд: МИЦАИ, 1999. - С.11-17.

7. Дресвянская, Г.Я. "Овальный" дом христианской общины в Старом Мерве//Г.Я. Дресвянская, / ТЮТАКЭ XV. - Ашхабад: Ылым, 1974. - С.155-181.

8. Иваницкий, И.Д. Христианская символика в Согде // И.Д. Иваницкий/ Из истории древних культов Средней Азии. Христианство. Составитель Л.И. Жукова. - Ташкент: Гл. ред. энцик., 1994. - С. 64-70.

9. Исоматов, М. Вклад согдийцев в распространение буддизма и христианства в Центральной Азии (IV-VIII вв.)//М.Исоматов/Буддизм и христианство в культурном наследии Центральной Азии -Бишкек: Изд-во ОФЦИР, 2003. - С.162-166.

10.История религии. Т.2. - М.: Высшая школа, 2004. - 676 с.

11.Исхаков, М.М.Раскопки Коштепе //М.М.Исхаков, Ш.С. Ташходжаев, Т.К.Ходжайов / История материальной культуры Узбекистана. - 1977. - Вып. 13. - С. 88-97.

12.Кабанов С.К. Нахшаб на рубеже древности и средневековья (III-VII вв.). - Ташкент: Фан, 1977. - С.14-15.

13.Кызласов, Л.Р. Исследования на Ак-Бешиме в 1953-1954 гг. //Л.Р.Кызласов/ Труды Кыргызской археолого-энографической экспедиции. II. - М.: Наука, 1959. - С.231-233.

14.Лившиц, В.А. Согдийские тексты, документы и эпиграфика //В.А.Лившиц/ Источниковедение Кыргызстана (с древности до конца XIX в.) / Отв. ред. В.М. Плоских; НАН Кыргызской Республики. - 2-е изд. - Бишкек: Илим, 2004. - 372 с.

15. Марко Поло. Книга о разнообразии мира. - М.: Мысль, 1997. - 160 с.

16.Массон, М.Е. Ахангеран. Археолого-топографический очерк/М.Е.Массон.-Ташкент: Фан, 1953. - С.101-103.

17.Наршахи Абу Бакр Мухаммад ибн Джа'фар. Та'рих-и Бухара. История Бухары. Перевод, комментарии и примечания Ш. С. Камолиддина. Археолого-топографический комментарий Е. Г. Некрасовой. - Ташкент: SMIA-SIA, 2011. - 600 с.

18.Пантусов, Н.Н. Таш-Рабат // Изв. ИАК 4. - СПб., 1902. - С.15-23.

19.Пугаченкова, Г. А. Хароба Кошук // ИАН ТуркмССР. - №3. - Ашхабад, 1954. - С.15-19.

20.Раимкулов, А.А. Своеобразный культовый комплекс Южного Согда // ИМКУ. - №2. -Самарканд, 1997. - С.110-116.

21.Рахманалиев, Р. Империя тюрков. Великая цивилизация. М.: Рипол Классик, 2009. - 704 с.

22.Abu-l-Kasim Ibn Haukal an-Nasibi. Opus geograpnicum. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 2. - Lugduni-Batavorum, 1967. - 528 p.

23.Dickens M. Nestorian Christianity in Central Asia. - Edmonton, 2001. - 188 р.

24.England J. The Hidden History of Christianity in Asia. Delhi&Hong Kong: Cambridge Press, Delhi, 2002. - 210 р.

REFERENCES:

1. Albaum, L.I. Christian temple in Old Termez // From the history of ancient cults of Central Asia. Christianity. - Tashkent, 1995. - Р.34-41.

2. Atakhanov T.M., Khmelnitsky S.G. On the work of Shaartuz archaeological team in 1968-1970. -M.: Science, 1973. - Р.187-204.

3. Bartold V.V. Works on the history and philology of the Turkic and Mongolian peoples. - M.: Eastern literature, 2002. - 754 p.

4. Bartold V.V. About Christianity in Turkestan in the pre-Mongolian period // Works. Volume II. Part 2. - M.: Science, 1964. - Р.265-302.

5. Biruni Abu Reyhan. Monuments of past generations // Selected works. T.1. - Tashkent: Publishing House of the Academy of Sciences of the Uzbek SSR, 1957. - 516 p.

6. Buryakov Yu.F. Christianity in Central Asia in antiquity and the Middle Ages // Culture of the peoples of Central Asia. Religion and Democracy. - Samarkand: ICAI, 1999. - P.11-17.

7. Dresvyanskaya G.Ya. "Oval" House of the Christian Community in Old Merv // Proceedings of the South Turkmenistan complex archaeological expedition. XV. - Ashgabat: Ylym, 1974. - P.155-181.

8. Ivanitsky I.D. Christian symbols in Sogd // From the history of ancient cults of Central Asia. Christianity. Compiled by L.I. Zhukov. - Tashkent: Enzik., 1994. - Р. 64-70.

9. Isomatov M. The contribution of the Sogdians to the spread of Buddhism and Christianity in Central Asia (IV-VIII centuries) // Buddhism and Christianity in the cultural heritage of Central Asia - Bishkek: OFTSIR Publishing House, 2003. - P. 162-166.

10. History of religion. T.2. - M.: Higher School, 2004. - 676 p.

11. Iskhakov M.M., Tashkhodzhaev Sh.S., Khodzhayov T.K. Excavations of Koshtepe // History of material culture of Uzbekistan. - 1977. - Issue. 13. - P. 88-97.

12. Kabanov S.K. Nakhshab at the turn of antiquity and the Middle Ages (III-VII centuries). -Tashkent: Science, 1977. - P.14-15.

13. Kyzlasov L.R. Research at Ak-Beshim in 1953-1954. // Proceedings of the Kyrgyz ethnographic expedition. II. - M.: Science, 1959. - Р.231-233.

14. Livshits V.A. Sogdian texts, documents and epigraphy // Source study of Kyrgyzstan (from antiquity to the end of the 19th century) / Ed. ed. V.M. flat; NAS of the Kyrgyz Republic. - 2nd ed. - Bishkek: Science, 2004. - 372 p.

15. Marco Polo. A book about the diversity of the world. - M.: Thought, 1997. - 160 p.

16. Masson, M.E. Ahangeran. Archaeological and topographical sketch.-Tashkent: Science,1953.-Р.101-103.

17. Narshahi Abu Bakr Muhammad ibn Ja'far. Ta'rih-i Bukhara. History of Bukhara. Translation, comments and notes by Sh. S. Kamoliddin. Archaeological and topographic commentary by E. G. Nekrasova. - Tashkent: SMIA-SIA, 2011. - 600 p.

18. Pantusov N.N. Tash-Rabat // Izv. IAK 4. - St. Petersburg, 1902. - Р.15-23.

19. Pugachenkova G.A. Haroba Koshuk // IAN TurkmSSR. - Number 3. - Ashgabat, 1954. - P.15-19.

20. Raimkulov, A.A. Peculiar cult complex of Southern Sogd // IMCU. - No. 2. - Samarkand, 1997. -P.110-116.

21. Rakhmanaliev R. Empire of the Turks. Great civilization. M.: Ripol Classic, 2009. - 704 p.

22. Abu-l-Kasim Ibn Haukal an-Nasibi. Opus geograpnicum. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 2. - Lugduni-Batavorum, 1967. - 528 p.

23. Dickens M. Nestorian Christianity in Central Asia. - Edmonton, 2001. - 188 р.

24.England J. The Hidden History of Christianity in Asia. Delhi&Hong Kong: Cambridge Press, Delhi, 2002. - 210 р.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.